ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 564 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

СИЁСАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 19/03/2025 - 13:07
    Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқоти худ махсус таъкид менамоянд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки: - «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад» [1].
      Сиёсати зиддикоррупсионӣ маҷмӯи тадбирҳо иборат аз қонунгузорӣ ва дигар механизмҳои давлатӣ буда, бо мақсади пешгирӣ, ошкорсозӣ ва коҳиш додани шиддати коррупсия, инчунин таъмини рушди устувори ҷомеа равона шудааст. Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар тамоми ҷаҳон ба як масъалаи муҳим ва ҳалкунанда табдил ёфтааст, зеро коррупсия метавонад ба иқтисодиёт, адолат, зиндагии шаҳрвандон ва пояҳои давлату давлатдорӣ зарар расонад.
     Сиёсати зиддикоррупсионӣ барои паст кардани сатҳи коррупсия ва таъмини назорати дурусту самараноки истифодаи сарватҳои давлатӣ равона шуда, мақсад ва ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Пешгирии шаклҳои гуногуни коррупсия, ки бояд механизмҳои тасдиқшуда барои манъи амалиёти коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ таъсис ёбанд.
2. Ошкорсозии амалҳои коррупсионӣ тавассути методҳое, ки имконият медиҳанд ҳолатҳои коррупсионӣ зуд ошкор шаванд, аз ҷумла мониторинг ва назорат.
3. Мубориза бо коррупсия вобаста ба муайян намудани ҷазо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки амалҳои коррупсионӣ содир мекунанд.
4. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, огоҳии бештари мардум дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ бо роҳи ташкили барномаҳои маърифатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа.
     Яке аз унсурҳои сиёсати зиддикоррупсионӣ, ин қабули қонунгузории зиддикоррупсионӣ буда, вобаста ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта (ришвахурӣ, суистифода аз мансаб ва ғайра) таҳия ва қабул карда мешавад. [2].
     Вобаста ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили қонунҳо рӯйи кор омад, ки дар натиҷа барои муқовимат бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуданд.
      Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, ки соли 2007 қабул шудааст, қонуни нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо коррупсия" аз 7-уми августи соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
     Мақсади асосии он пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои коррупсия, беҳбудии шароити иқтисодӣ ва таъмини адолат ва шаффофият дар ҷомеа мебошад.
      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, яке аз санадҳои муҳимест, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт ва бахши иҷтимоӣ қабул шуда, принсипҳо ва чораҳоеро муайян мекунад, ки барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ дар мақомоти давлатӣ ва бахшҳои дигар равона карда шудаанд.
     Ҳадафи асосии Қонуни мазкур пешгирии коррупсия ва барҳам додани сабабу шароитҳое, ки барои рушди коррупсия мусоидаткунанда буда, таҳкими механизми назорат ва мониторинг дар идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият дар равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дастгирии ҷомеа дар мубориза бо коррупсияро таъмин менамояд.
     Санади дигаре, ки барои пешбурди сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтааст, ин Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.
     Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 », бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 қабул гардида, ҳамчун барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
   Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
     Аз инҷост, ки бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид бо муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия, гузарондани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани курсҳои таълимии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ба нақша гирифта шудаанд.
   Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои қонуният, мутамарказонидани воситаҳои ҳуқуқии барои муқовимат бо коррупсия пешбинӣ шуда, дар ошкоро ҳисоботдиҳанда ва таҳти назорат будани шахсони дорои ваколатҳои давлатӣ бунёд ёфтааст.
      Бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, таъмини шафофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионии дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд, ки вазифаи он бевосита пешгирӣ, ошкор, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор, рушди нерӯи инсонӣ дар муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани шиддати коррупсия мебошад.
      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон таъкид намуда буданд, ки “коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷаъмиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеъа мегардад” [3].
     Метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот то андозае муваффақ ҳам шудааст.
Натиҷаҳо ва таъсири сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, дар шароити имрӯза метавонад боис ба баланд гардидани маърифати аҳолӣ ва сатҳи эътимоди онҳо ба давлат шавад.
    Сиёсати зиддикоррупсионӣ барои таъмини қонуният, рушди иқтисод ва иҷтимоии кишвар мусоидат намуда, қадами муҳим ва устувор ҷиҳати коҳиш додани коррупсия мебошад. Ин сиёсат барои таъмини адолат, ва пешгирии амалҳои ғайриқонунии мансабдорон ва дигар афрод дар тамоми бахшҳои давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.
  2. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (10 январи соли 2017) [Манобеи электронӣ]. – Низоми дастрас: http://president.tj/node/13831.
  3. Сиёсати зиддикоррупсионӣ [Матн]: воситаи таълимӣ // зери таҳрири Ф.Р. Шарифзода, С.Ҳ. Ҳусейнзода. – Душанбе: Ирфон, 2018. – С.143.
 
Гулафрӯз Бобиева
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ
оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад