ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ ПАДИДАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 31/10/2023 - 16:28

РУШДИ ПАДИДАИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва бартараф намудани мушкилот дар соҳаи мазкур зарурати татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Таҳлили таъсири танзимкунӣ раванди ошкор намудан ва арзёбии мунтазами оқибатҳои эҳтимолӣ (масалан, таҳлили фоида ва хароҷот) бо истифода аз усули пайдарпайи таҳлилӣ мебошад, ки ин оқибатҳо метавонанд дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин ё он тадбири танзимкунӣ зоҳир шаванд.

Моҳияти таҳлили таъсири танзимкунӣ аз муқаррар намудани мақсадҳое, ки мақомоти давлатӣ ба онҳо ноил шудан мехоҳанд, дарёфти ҳамаи роҳҳои дахолати сиёсие, ки тавассути он ба ин мақсад ноил шудан мумкин аст ва муқоиса намудани алтернативаи эҳтимолӣ иборат мебошад. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд.

Раванди таҳлили таъсири танзимкунӣ гузаронидани таҳлили муфассалро бо мақсади ҳосил намудани боварӣ вобаста ба таъсири дилхоҳ доштан ё надоштани муқаррароти нав пешбинӣ менамояд. Таҳлили таъсири танзимкунӣ барои ошкор сохтани оқибатҳои эҳтимолии ғайричашмдошт ва ё хароҷоти пинҳонии ба талаботи меъёрӣ вобаста, инчунин муайян намудани хароҷоти эҳтимолии риояи муқаррароти мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ё доираи соҳибкорон ва оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоиии он кумак мерасонад.

Мақсади таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии хуқуқӣ муайян намудан ва баҳо додан ба оқибатҳои имконпазири мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси таҳлили мушкилиҳо, мақсади танзим ва роҳҳои ҳалли он, ҳамчунин дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор намудани муқаррароти воридкунандаи уҳдадориҳо, монеаҳо ва маҳдудиятҳои барзиёд, ҷорӣ намудани муқаррароти мусоидаткунандае, ки боиси ба миён омадани хароҷоти беасоси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мегарданд, иборат мебошад.

Дар баъзе ҳолатҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хароҷот ва хавфҳои муайян алоқаманданд. Дар баробари таъсири барои расидан ба ҳадафҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ равонагашта, онҳо ба рушди устувор низ таъсири манфӣ мерасонанд. Бинобар ин, вазифаи асосии танзимкунии самаранок ин ба ҳадди ниҳоӣ расонидани фоида ва ба ҳадди камтарин фаровардани хароҷот ва хатарҳои марбут ба танзимкунӣ аст.

Мақсади асосии ҷорӣ намудани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Тоҷикистон ин тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, таҳлили гендерӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ, ки бо танзими давлатӣ, аз ҷумла тағйироти қонунгузории мавҷуда, алоқаманд мебошад, иборат аст.

Ҳадафи ниҳоии ҷорӣ намудани таҳлили таъсири танзимкунӣ аз беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, беҳтар намудани раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сифати танзим дар маҷмўъ, бо истифода аз низоми муосири арзёбии пешакӣ, ки дар доираи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар асоси принсипҳои танзими самарабахш таҳия мешаванд, иборат мебошанд.

Ҳамзамон, ҷорӣ намудани институти таҳлили таъсири танзимкунанро метавон ҳамчун марҳилаи самараноки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, механизми иловагӣ барои баланд бардоштани сифати танзими ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.

Таҳлили таъсири танзимкунӣ механизмест, ки бо роҳи ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва давлат амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ равона гардидааст. Зарурати амалӣ намудани ин падида, бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо роҳи танзимкунии самарабахш ва оқилона ба роҳ мондани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷорӣ намудани падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзикунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқ шудааст, қабул гардид.

Мақсади Консепсияи мазкур ин таҳияи сиёсати таҳлили таъсири танзимкунӣ ва низоми идоракунии он мебошад, ки онро метавон ба воситаи қарорҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, буҷетӣ ва сиёсӣ ҷорӣ намуд. Консепсия қисматҳои низоми пешниҳодшудаи таҳлили таъсири танзимкуниро, ки аз модели ғайримутамарказ асос меёбад, инъикос менамояд.

Ҳамзамон, дар заминаи Консепсияи болозикр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 боби алоҳида ба масъалаҳои таҳлили таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад, пешбинӣ гардид.

Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёри андоз, андозаи пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ муқаррар менамоянд, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин, лоиҳаҳое, ки барои беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисмҳои алоҳидаи он равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода намешаванд.

Инчунин, дар заминаи Консепсияи болозикр ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №673 тасдиқ шудааст, қабул гардид. Дастурамали мазкур тартиби гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, танзим менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилоти дар соҳаи дахлдори муносибатҳои ҷамъиятӣ ошкоргардида, доираи амали лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, муҳтавои масъалаи мазкур, роҳҳои имконпазири ҳалли он ва ба вуҷуд наомадани хароҷоти беасос вобаста ба амалӣ намудани он, дастрас намудани таклифҳо оид ба дигар роҳҳои имконпазири ҳалли масъалаҳои зикргардида таҳиякунанда бо шахсони манфиатдор машварати оммавӣ мегузаронад.

Бо дарназардошти он, ки низом ба шаффофият ва ҳисоботдиҳандагии мақомоти давлатӣ, инчунин ба машваратҳо бо ҷонибҳои манфиатдор равона карда мешавад, асоси он Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ) мебошад.

Портали интернетӣ ҷузъи калидии низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ ба ҳисоб меравад. Портали интернетӣ махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад. Дар он ҳамаи нақшаҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаҳои ҳисоботҳо оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва матнҳои ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда нашр карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар навбати аввал, таҳлили таъсири танзимкунӣ асоснокии илмии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд, ки бо иштироки шахсони манфиатдор ва коршиносон таҳия карда мешавад ва иштироки ҷамъият дар муқокима ва баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқи барои ба назар гирифтани тамоми мураккабии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва барои таъмини дурустии татбиқи конунҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон истифодаи таҳлили таъсири танзимкунӣ тартиби таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо истифода аз технологияҳои муосир соддаву дастрас менамояд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)