Рӯзи 29-уми Марти соли 2010 соати 14.20 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Каримов А. дар мавзӯи «Проблемаи ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунад.
Ҷиҳатҳои актуалии мавзӯи таҳқиқот. Аҳамияти ҳуқуқ ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла муносибатҳои рақобатӣ дар шароити муосир бениҳояд баланд рафтааст. Механизмҳои нави танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар байни онҳо мавқеи муҳимро рақобати таъминкунандаи самаранокии фаъолияти соҳибкории субектҳои хоҷагидор ва рушди иқтисодии ҷамият ишғол мекунад. Чихеле ки маълум аст асоси иқтисоди бозоргониро махсусан фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобат ташкил медиҳад. Рақобат мисли соҳибкорӣ хусусияти гуногунҷабҳа дорад ва барои ҳамин ба танзими ҳуқуқии аниқ, мустаҳкамкунӣ ва ҳимоя эҳтиёҷ дорад ва чигунае ки бе муносибатҳои рақобатӣ соҳибкорӣ рушд карда наметавонад, ҳамон хел наметавонад дигар механизҳои бозор аз он ҷумла талабот ва пешниҳодро таъмин намояд.
Чихеле ки аз гуфтаҳои боло бармеояд рақобат атрибути низоми иқтисоди бозорӣ, қисми ҷудонопазири соҳибкорӣ мебошад. Гирифтани даромад аз истифодаи амвол, фуруши маҳсулот, иҷрои кор (хизматрасонӣ), мақсади асосии фаъолияти соҳибкорианд ва ин мақсадҳо дар натиҷаи рақобат амалӣ мешаванд. Зарурияти дар саҳти баланд нигоҳ доштани дараҷаи рақобат амалан дар ҳамаи бозорҳои мол ва таъсири мусбии он ба рушди иқтисодӣ ҷои шубҳа надорад, гарчанде рақобат яке аз механизми танзимии ҷараёни иқтисодӣ, тақсимоти неатҳои моддӣ, қонеъ гардондани манфиати истимолкунанда мебошад. Бар замми ин рақобат қобилияти худтанзим намоиро дар сатҳи зарурӣ надорад, барои ҳамин таъмини ба талаботи имрӯза мувофиқ гардонидани бозор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузориии махсуси тазим кунандаи мунасибатҳоро дар соҳаи рақобат тақозо менамояд.
Барои таъмини шароити мусоиди рақобат зимни гузариш ба бозор, дар навбати аввал зарур аст усул ва хусусияти танзими давлатии иқтисодиро иваз намуд. Бо дар назардошти ин дар Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи иқтисодӣ оғоз гашт, ки ин аз нав дида баромадани асосҳи ҳуқуқии танзими муносибҳои рақобатро дар ҷумҳурӣ тақозо намуд.
Кори мазкур аз сохтори зерин иборат аст:
Аз муқадима:
Боби I – «Рақобат ҳамҷун мафҳуми иқтисоди ва ҳуқуқӣ»
# 1 – моҳияти иқтисодии ҳуқукии рақобат.
# 2 – Ҳуқуқи субектони фаъолияти соҳибкори ва рақобат.
Бобби II – Дастгирии давлатии фаъолияти рақобат
# 1 – Роҳҳои ҳуқуқии дасгирии фаъолияти ракобати
# 2 – Шартҳои иқтисоди ҳуқуқии ташкили васоити рақобат
Бобби III – Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории рақобат.
# 1 – Хусусияти ҷавобгари барои вайрон кардани фаъолияти рақобати
# 2 – Ҳимояи ҳуқуқҳои субектони фаъолияти рақобати.