ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Парчами Ковиёнӣ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 04/12/2024 - 14:07

     Ҳар сол 24 ноябр мардуми тоҷик Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомат ва бо дастоварҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷашн мегиранд. Вобаста ба ин дар вазорату идораҳо ва маҳалҳои зист ҳамоиш ва чорабиниҳои фарҳагӣ-фароғатӣ баргузор карда мешаванд. Месазад, ки мо пайваста бо Парчами худ бошем ва кӯшиш кунем, ки он ҳамеша баланду боло ва парафшон бошад. Ин намоди ҳастии миллату меҳан ва озодиву ободии Кишвар, нишони ҳастии давлату давлатдорӣ ва намоди пирӯзист.

   Ҳар як давлат Парчами худро дорад ва ин хоси давлату давлатдорист. Тоҷикистон низ пас аз ба даст овардани озодӣ парчамдору парчамбардор шуд ва ба парчамдории аҷдодони парчамдори худ идома бахшид. Имрӯз Парчами давлати мо дар фарози бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар баробари парчами дигар кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ устувор ва парафшон аст. Албатта ин боиси сарфарозии мо тоҷикон аст.

     Дар ин росто ёдовар бояд шуд, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ (соли 1991, 9 сентябр) Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид шуд (2 марти соли 1992). 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуд. Бо ин Санади асосӣ дар баробари дигар арконҳои асосии давлатӣ ба рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ расман бунёд ё ҳастӣ гузошта шуд (моддаи 3 Конститутсияи Тоҷикистон). Ҳарчанд Нишон ва Парчами давлатӣ дар иҷлосияи 16 таърихии Маҷлиси Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул шуда, пасон моҳи сентябри соли 1994 Суруди миллӣ низ ҳастии худро пайдо кард.

     Чун Парчами мо бо қарори Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуд ва ҳар сол мо онро дар асоси Қонуни Кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид” дар ин рӯз бо баргузории ҳамоиш ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ҷашн мегирем.

     Бинобар сабаби дар ин рӯз қабул шудани дигар рамзи давлатӣ-Нишон ва нишони арҷгузорӣ ба Суруди миллӣ хуб мебуд рӯзи 24 ноябрро “Рӯзи рамзҳои давлатӣ” ном гузорем ва онҳоро рӯзи 24 ноябр ҷашн гирем.

     Вобаста ба рамзҳои давлатӣ соли 2007 Қонун қабул гардид (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”), ки як боби он ба Парчами давлатӣ бахшида шудааст. Ба андешаи ман, он бояд пурратар карда шавад, зеро дар он танҳо тартиби истифодаи Парчам баён шудааст. Хубтар аст, ки дар ин Қонун мазмуну мафҳуми Парчам, сифат ва дигар паҳлуҳои хоси он фарохтар баён карда шавад.       Парчами мо, намоди ҳастии давлати озоди мо- Тоҷикистон аст.

     Парчами мо, аз се ранг-сурх, сафед ва сабз иборат аст. Ранги сурх-нишон ё намоди набарду дард дар роҳи кишвардорӣ ва расидан ба озодӣ аст. Ранги сафед-нишони рузгори ободу осоишта, осмони софу беғубор ва бахти сафед аст. Ранги сабз-озодӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ ва рушду нумӯ аст. Дар байни рангҳо, дар рӯи Парчам сурати тоҷ бо ҳафт ситора ҷой шудааст, ки он нишони будани мардуми тоҷик, нишони фарри каёнӣ ва ситораҳо намоди ситораҳои ҳафт додарон, ҳафт осмон, ҳафт рӯз аст, ҳафт гӯшаи Тоҷикистон ва ҳастии мардуми тоҷик аст. Намоди устувориву ҷовидонии ситораи мардуми тоҷик аст.То он даме, ки ситораи мо дар осмон дурахшон аст, мо ҳастем, мо хушбахтем ва мо ҷовидон хоҳем буд.

     Парчами давлатӣ бо Қонун нигаҳбонӣ мешавад ва барои носипосӣ нисбат ба он ҷазоҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.

     Мардуми тоҷик нахустмардумони парчамдору парчамбардор буданд. Ин нишон аз шаҳрдориву шаҳрийорӣ ва кишвардориву подшоҳӣ аст.

     Парчамдорӣ кори осон нест, барои парчам доштан нируманд ва мубориз бойад буд, зеро парчам нишони пирӯзӣ аст. Пирӯзӣ давлатдорӣ аст, пирӯзӣ ба ҳар кас насиб намешавад, пирӯзӣ ба он кас насиб мешавад, ки неруманду хирадманд, донишманду доно ва ҳушйору зирак, худшиносу меҳандӯст ва далеру тавоност. Хушбахтона ин хислатҳо ба мардуми тоҷик модарзодист.

     Барои соҳибпарчам шудан гузаштагони мо ранҷҳои бисёр кашиданд, аз баҳри ҷону тан гузаштанд, хешро дар роҳи доштани парчам нисор карданд. Гузашта аз ин барои доштани парчам мардумдӯст, меҳанпараст ва росту додварз бойад буд. Чун каси бедоду норостро мардум дӯст надорад, умри ҳукумати чунин ҳокимон кӯтоҳ аст. Ва Заҳҳок низ аз чунин ҳокимон буд, ки гардиши гардун бо дасти Коваи оҳангар сарнагунаш кард.

     Бино ба ҳуҷҷаттҳои таърихӣ, аз он шумор Шоҳномаи Фирдавсии Тӯсӣ Заҳҳок Шоҳ Ҷамшедро кушта зимоми давлатро ба даст гирифт ва замоне аз ду души ӯ ду аждаҳо пайдо шуд, чораи безиён мондани Заҳҳокро аз газанди онон дар хӯрондани мағи сари одамон ба ин ду аждаҳо дид ва ба ин андеша одамони бисёрро кушта, ҳаррӯз мағзи сари онҳоро хӯриши морони худ кард. Ин кори ӯ сахт боис ба норизогии мардум шуд. Пас аз кушта шудану хуроки морони Заҳҳок гардидани мағзи сари ду писараш, Коваи оҳангар пешдомани чармии худро ба нуги найза баста, дар рӯбарӯи Заҳҳок ошӯб кард ва бо ёрии мардум Заҳҳокро аз тахт фароварда, онро кушт, зимоми ҳокимиятро ба дасти Фаридун дод ва Фаридун бо корбасти кешу оини орийоӣ, далериву хирадмандӣ кишварро бо доду ростӣ идора кард ва парчамдории мо аз ҳамин вахт оғоз шуд. Ва ин пешдомани Коваи оҳангар то имрӯз бо номи “Дирафши Ковиён” ё “Дурафши Ковиён” ёд мешавад. Пайванд ба ин, тоҷикон нахустмардумони парчамдору парчамбардор мебошанд ва месазад гуфт, ки нахустмардумоне ҳастанд, ки ба ба ҳастии давлат ва ҳастии парчам дар ҷаҳон бунёд гузоштанд.

     Парчам аз нигоҳи сохт ба парч ва парчов(б) сахт пайваст аст. Парчов тахтае ҳаст, ки бо воситаи он асосан дар ҷӯборҳо роҳи обро мебанданд, обро дар самте хушк мекунанд ва ба самти дигар маҳор медиҳанд. Тахтае чун парчи ҷома ва аз нигоҳи сохт монанд ба парчам аст. Парчов кардани об. Ба парча низ вобаста аст. Инҳо як мазмунанд.

      Ва замоне шуд, ки парч ё пешдомани чармии Коваи оҳангар асос ва замина барои парчаму парчамдорӣ дар ҷаҳон шуд.

     Шоҳ Фаридун ва шоҳони пасин ин Парчамро гиромӣ дошта, ба он дурру гавҳарҳои гаронбаҳо часп медоданд ё насб мекарданд, то пушту рӯ ҳама гуҳарбор ва чун Хуршед дурахшон, чун Моҳ тобон ва чун ахтарон рахшанда шуд.

     Ҳангоми ғорати Кохи Кисро (Тайсафун) (нахуст Кохи сапед дар ҷаҳон) тозиён дар баробари дигар дороиҳо, Дирафши ковиёнро низ ба ғорат бурда, сангҳои онро гирифта, Парчамро ба оташ кашиданд. Ҳамчунин пойандоз ва ё қолини айвони Навбаҳори Кохи сапедро (Тоқи Кисро низ мехонанд), ки андозааш 60х60 газ буд, низ пор-пора карда байни худ гирифтанд. Воқеан ҳам бегонагон давлату савлат,тахту бахт ва тоҷу парчами тоҷикро рабуданд. Вале тоҷик аз нав соҳибдавлат, соҳибтоҷ ва соҳибтахту соҳиббахт ва соҳибпарчам шуд.

   Мардуми тоҷик пас аз садсолаҳо Парчами худро бозпас гирифт ва баланду боло кард.Ва имрӯз Парчами мо яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон аст, ки бо ташаббуси Пешвои гиромӣ, Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон устувор карда шуд, ки ба бошандагони кишвар шодиву фараҳ ва сарфарозӣ мебахшад. Ҳамчунин бо нишони арҷгузорӣ ба Парчам як боғе бо номи “Боғи Парчами давлатии Тоҷикистон” бунёд карда шуд, ки хеле зебову диданӣ ва барои сайру гашт хеле созгор аст.

     Парчам рамзи давлатдорист, рамзи бахту иқбол, таҷассумгар ва пайвандгари дирӯзу имрӯз ва фардои мардуми тоҷик аст. Нишони пирӯзӣ, озодӣ ва кишвардорӣ аст. Шояд вожаи “ура”-ки ҳарбиён дар вақти боястӣ, бавижа дар вақти тохтан ба сӯи душман ба забон мебаранд, ҳамин ҳура–пирӯзӣ-озодии мо бошад.

      Мо тоҷикон, чун Президенти худ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами худро бояд дӯст дорем, ба он арҷ гузорем, онро гиромӣ дорем ва нигоҳбон бошем. Бо ин бузургиву ҳашамат Президени мӯҳтарам дар Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷандшаҳр баргузор шуд, Парчамро чун нишони арҷгузорӣ ба зону истода бӯсиданд ва ба чашму рӯй молиданд. Гузашта аз ин бо нишони эҳтиром гоҳу маконашро дар баландиҳои баланд гузоштанд, ки ба “Китоби рекордҳои Гиннес” навишта шуд. Ҳар гоҳ ба он назар мекунем, дилҳои мо лабрези шодӣ мешавад. Мардуми Тоҷикистонро бо рӯзи Парчами давлатӣ шодбош намуда, барояш бахти ҷовидона мехоҳам.

     Парчами мо–нишони бахту тахти мост. Он бо қонун ҳифз карда мешавад.

     Гузаштагони мо дар набардҳо бо душман ҳамеша Парчамро бо худ доштанд. Ҳатто замоне дар ҷанг яке аз фарзандони тоҷик пас аз захмӣ ва корношоям шудани як дасти худ Парчамро ба дандон газида, дар дасти дигар шамшер то дами вопасин бо душман набард кардааст. 

     Бахусус ҷавонони мо-кишвардорони оянда-Парчамдорони оянда Парчамро дӯст доранд, ба он арҷ гузоранд ва ҷиҳати баланду боло ва устувору поянда будани он пайваста дар кӯшишу кашиш бошанд.

     Парчам нишони орзуст ва касро бо умед ба пирузиҳо раҳнамун мешавад.

    Сутудан, сурудан ва некӯ нигаҳ доштани Парчам арҷ гузоштан ба Парчам аст, нишони Ватандорист, нишони худшиносист, нишони меҳр ба мардуми хеш ва фарҳангу забони хеш аст. Нишони доштани виҷдону имон аст. Хуш он мардуме, ки давлати озоду обод дорад. Парчам ва дигар намоди давлатӣ дорад. Сарвари хирадманд ва гузаштаи бостону хуб дорад, некфарҷому некном аст.

     Мо тоҷикон дорои чунин нишонаҳо ҳастем. Мо хушбахтем. Аз гузаштаву гузаштагони бузурги худ мефахрем, меболем.

     Бигузор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парафшон ва Офтобаш партавафшон, хокаш дуррахшон ва чашмаву рӯду дарёҳояш пуробу, фазояш софу беғубор ва мардумаш ҳамеша шоду хурраму хандон бошад.

  Ҷовидон бош, ай Меҳани ман-Тоҷикистон-умедгоҳи тоҷикони ҷаҳон, биҳишти рӯи замин. Пайвандагари Пешдодиёну Каёниён, Аҳмедиёну Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониёну Сомониён. Кишвари зебои Ориён-Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон.

                                                                                                                                 

Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ

Шоназаров Содиқ Ашурович

 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад