Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мансабҳои озоди зерин озмун эълон менамояд:
1. Муовини сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ – 1 ҷой;
2. Муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои ишғоли мансаби муовини сардори шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда шудааст:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи касбии ҳуқуқшиносӣ ё на кам аз 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;
- малакаи кор бо компютер.
Муовини сардори шуъба инчунин, бояд самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатиро донад ва одоби намунавӣ дошта бошад.
Ба довталабоне, ки унвони номзади илми ҳуқуқ доранд, бартарӣ дода мешавад.
Маоши мансабӣ-1226 сомонӣ, 30% иловапулӣ барои унвони илмӣ.
3. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ – 1 ҷой;
4. Сармутахассиси бахши таҳлили таъсири танзимнамоӣ – 1 ҷой.
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси шуъба талаботи тахассусии зерин муқаррар карда шудааст:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи касбии ҳуқуқшиносӣ ё на кам аз 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор;
- малакаи кор бо компютер.
Сармутахассиси шуъба инчунин, бояд самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатиро донад ва одоби намунавӣ дошта бошад.
Маоши мансабӣ-976 сомонӣ, 30% иловапулӣ барои унвони илмӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари Марказ;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 4х6;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро иҷро намудаанд);
- маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефон барои тамос: 227-45-00; 227-63-64; 988-94-33-95. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 марти соли 2020.