9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назар доштани дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурӯъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи давлати Тоҷикистон ва низоми қонунгузорӣ замина гузошт.
Яъне Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ишора ба он менамоянд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, инчунин ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад».
Бояд зикр намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ва амсоли ин бе таъмини волоияти қонун, яне бидуни танзим, риоя ва иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ғайриимкон мебошад.
Вобаста ба ин мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавии (бунёдӣ) он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Яке аз унсурҳои муҳими ташаккул ва рушди низоми қонунгузории кишварро пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он таъсиси парламенти касбии доимамалкунанда ташкил медиҳад, ки таҳия, баррасӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ функсияи марказии он ба шумор меравад. Яъне дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор иборат аз ду маҷлис таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир ва ба ин васила тақвият бахшидан ва таҳким додани танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дар баробари ин яке аз василаҳо ва унсурҳои дигари ташаккули нозоми қонунгузории кишварро таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ҷиҳати аз нигоҳи илмию амалӣ асоснок намудани қонунҳо ва механизми татбиқи онҳо ташкил медиҳад. Бо ин назардошт, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои онҳо, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун вазифаҳои асосии муассисаи мазкур ба шумор рафта, дар асоси функсияҳои болозикр ҷиҳати такмили низоми ҳуқуқи кишвар таҳқиқотҳои илмию таҳлилро анҷом медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар 394 санадҳои қонунгузорӣ (1 Конститутсия, 17 қонунҳои конститутсионӣ, 21 кодексҳо, 22 қонунҳо дар бораи авф, 23 қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва 310 қонунҳои ҷорӣ) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, беш аз 350 санадҳои байналмилалиро эътироф (ратификатсия) намудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ (консепсия, стратегия ва барнома) ба роҳ монда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳадафҳои стратегии давлат ва татбиқи онҳо зиёда аз 40 – стратегия, 66 – консепсия ва 320 – барномаҳои давлатиро аз соли 1994 то ба имрӯз қабул ва роҳандозӣ намудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мазкур махсусияти бевосита ба таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузорӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо дода шуда, бо ин назардошт дурнамои ташаккул ва такмили низоми қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Агар ба масъалаҳои танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули Конститутсия назар афканем қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида бештар ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буданд (ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Айни замон бошад, ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона гардидааст.
Ҳамчун афзалияти муҳими дигар дар рушди низоми қонунгузории кишвар ин ба вуҷуд омадани истилоҳи қонуни миллӣ маҳсуб мегардад, ки ифодагари анъана, махсусиятҳои осори фарҳангӣ ва табиати миллати тоҷик мебошад. Дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва таҷассумгари осори маънавии миллати тоҷик мебошанд. Таҷрибаи ташаккули қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё, махсусан кишварҳои минтақа истифода бурда истодаанд, ки ин механизми нисбатан нави рушди қонунгузориро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ инъикос менамояд.
Дар маҷмӯъ метавон зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси муайяннамоӣ, танзим, таҳким ва ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар онҳо пеш аз ҳама инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказиро касб намуда, самти фаъолияти мақомоти давлатӣ баҳри эҳтиром, риоя ва ҳифзи чунин ҳуқуқу озодиҳо равона гардидааст.
Ба таври пурра ва мунтазам риояю амалӣ намудани ғоя ва муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф, мақсади асосӣ ва дурнамои сиёсати ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ рушди низоми қонунгузории кишварро ташкил медиҳад. Имрӯз таҷрибаи таърихии кишварҳои мутамаддини олам гӯвоҳ аз онанд, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми аҳолии он ҳифз мегардад, ки агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун таъмин гардад.
Дар ин раванд вобаста ба шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолият ва ваҳдати миллии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҳамин тавр, зикр намудан ба маврид аст, ки қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа, дар маҷмӯъ қонунгузории соҳавӣ гардиданд.