Раҳимов М.З. Техникаи қонунгузорӣ. / М.З. Раҳимов, А.Р. Нематов. Душанбе: «Шуҷоиён», 2011. -200с.
Китоби мазкур ба масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои мафҳум, аҳамият, восита, усул ва қоидаҳои техникаи қонунгузорӣ, инчунин мафҳум, низом ва намудҳои санадҳои қонунгузорӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар китоб масъалаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷараёни қабули қонунҳо, техникаи мураттабсозии қонунгузорӣ дар ҶТ ва дигар масъалаҳои вобаста ба техникаи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, инчунин ҳуқуқшиносони амалия тавсия карда мешавад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Нашри дуввум. / С.Э. Баҳриддинов, н.и.ҳ., У.Х. Бобоев, н.и.ҳ., А.Д., Ғафуров, н.и.ҳ. ва ғ. Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор М.З. Раҳимов. Душанбе: «Империал-Групп», 2011. - 132с.
Тафсири мазкур ҳамчун дастури тавсиявӣ барои кормандони мақомоти ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносону ҳомиёни ҳуқуқ, инчунин ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ барои омма пешбинӣ гардидааст.
Раҳимов М. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» / М.З. Рахимов, А.К. Каримов. Душанбе: «Шуҷоиён», 2011.-184с.
Китоби мазкур аз тафсири моддаҳои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар боари рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» (аз 28 июли соли 2006) иборат мебошад.
Дар он масъалаҳои фаъолияти инҳисорӣ, рақобат, шаклҳои рақобати бевиҷдонона, вазифа ва функсияҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ, назорати давлатии рақобат, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ, тартиби қабули арзу шикоят ва иҷрои қарору амрияи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мавриди тафсири илмӣ-амалӣ қарор дода шудааст.
Китоби мазкур барои мутахасисони соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, соҳибкорон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, донишҷўён, аспирантон ва доираи васеъи хонандагон тавсия карда мешавад.
Раҳимов М.З. Тафсири Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» / М.З. Раҳимов, Н.А. Табаров. Душанбе: «Шуҷоиён», 2011.-531с.
Тафсир дар асоси таҳлили меъёрҳои Кодекс дар алоқамандии системавии онҳо бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти муқаррароти назарияи ҳуқуқи мурофиавӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ омода карда шудааст.
Тафсири мазкур китоби рўимизии на танҳо судяҳо ва судҳои иқтисодӣ, балки ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи судӣ низ мебошад. Вай метавонад барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, кормандони илмӣ, соҳибкорон, омўзгорон, донишҷўён вва аспирантони мактабҳои олӣ ва факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳамаи ҳуқуқшиносоне, ки ба масъалаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ мароқ доранд, муфид бошад.
Санадҳои меъёрие, ки амалӣ намудани адолати судиро оид ба парвандаҳои судии иқтисодӣ ба танзим медароранд, ба ҳолати то 1 августи соли 2011 оварда шудаанд.
Меликов У.А. Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар таъсис ва интишори воситаи ахбори омма (ВАО) / У.А. Меликов, н.и.ҳ.; зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Эр-граф», 2011.-192с.
Китоби мазкур ҳамчун дастури тавсиявӣ барои донишҷўён, аспирантон, устодони мактабҳои олӣ, таҷрибаомўзони соҳаи ВАО, таҳриргарони эҷодкор ва паҳнкунандаи ВАО, таҷрибаомўзони ҳуқуқшинос ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.
Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият: (Маводи конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-29 августи соли 2011) / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. Душанбе: «Эр-граф», 2011.-352с.
Китоб ба масъалаҳои инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият бахшида шудааст. Дар он марҳилаҳои инкишофи қонунгузории ҶТ мавриди таҳлил қарор гирифта шудааст. Ҳамзамон дар мақолаҳои алоҳида оид ба инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва дурнамои рушди минбаъдаи он ибрози ақида карда мешавад.
Китоби барои донишҷўён, аспирантон, устодони мактабҳои олӣ, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омўзиши инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд, тавсия карда мешавад.
Масоили назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маводи конфронси илмӣ–амалӣ бахшида ба 62–юмин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар) / Муҳаррири масъул: Раҳимов М.З., д.и.ҳ., проф. Душанбе: «Виза-принт», 2011. 192с.
Нашрияи мазкур ба масъалаҳои ҳуқуки инсон ва мавқеи он дар санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, нақш ва мавқеи он дар қонунгузорӣ, инчунин дигар масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои инсон мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Маҷмўа барои донишҷўён, аспирантон, устодон ва дигар шахсоне, ки ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доранд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин барои доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешавад.
Маҷмуаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) / М.С. Кабиров, У.А. Қурбонов, М.З. Раҳимов. Душанбе: «Шарқи озод», 2011.-260с.
Маҷмуаи мазкур барои истифодаи хизматӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои мухталиф пешбинӣ шудааст.