Санаи 6 октябри соли 2015 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва инкишоф» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар кормандон аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, олимон, мутахассисон, намояндагони ВАО ва дигар намояндагони ташкилоту идораҳо иштирок намуда, роҷеъ ба мавзўъҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ маърузаҳо карданд.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, муҳтарам Раҳимзода М.З. бо сухани ифтитоҳии худ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшид. Дар идомаи суханронии хеш профессор Раҳимзода М.З. ҳозиринро барои ташриф овардан ва иштирок дар ин мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ба чунин масъалаи муҳими рўз ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби иштироккунандагон маърўзаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, прокурори калони раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Гулчеҳра дар мавзўи «Ҳифзи қонунии сарватҳои табиӣ» баромад намуда, қайд кард, ки дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 13) муқаррар шудааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Инчунин қайд намуд, ки кафолати мазкур тавассути як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои ҳифзи сарватҳои табииро ба танзим медароранд, амалӣ мегардад. Сипас директори муассисаи давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда Саидзода М.И. дар мавзўи «Тафсири санадҳои меъёри ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷангал ва шикори ҶТ» баромад намуда қайд кард, ки имрўз байни қонунҳои қабулгардидаи соҳаи занбурпарварӣ ва шикор мухолифатҳои зиёд ҷой доранд, ки сабаби такроршавии ваколатҳо байни идораҳои давлатӣ гардида, ба пешбарии фаъолиятҳо дар соҳа монеъгиҳо эҷод менамоянд. Баъдан сармутахассиси шуъбаи кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Қурбонова М.Н. дар мавзўи «Мафҳум ва меъёрҳои ҳуқуқи истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ», Хошаев Д. мутахассиси Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ дар мавзўи «Захираҳои оби Тоҷикистон: ҳолати кунунӣ, проблема ва пешомад», инчунин Қаландаров Д. сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқии Вазорати кишоварзии ҶТ дар мавзўи «Нақши инсон дар инкишоф ва пешрафти ҳифзи муҳити зист» ва Қориев А. дотсенти Донишгоҳи Аграрӣ дар мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои табии ҶТ» баромад намуданд.
Дар Мизи мудаввар баҳсҳои ҷолиб, саволу ҷавоб дар бораи нишондиҳандаҳои сарватҳои табии баргузор гардид.
Дар фарҷоми кори мизи мудаввар Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Раҳимзода М.З. қайд кард, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар барои дар оянда такмил додани қонунгузории сарватҳои табии ва бартараф намудани мушкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.кори чорабинии мазкурро ҷамъбаст карда, ба ҳамаи иштирокчиён барои ширкати фаъол ва маърўзаҳои пурмазмунашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Аз баргузории мизи мудаввари мазкур иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро ки баргузор намудани чунин мизҳои мудаввар ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ басо муҳим буда, натиҷаҳои он баҳри рушду густариши ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад намуд.