Бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи корӣ барои солҳои 2011 -2012 бахшиди ба 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 октябри соли равон мизи мудаввар дар мавзўи « Нақши таърихии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории тоҷикон ва рушди қонунгузорӣ» баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Директори Марказ Раҳимов Маҳмад Забирович оғоз гардид, ки мавсуф аз лаҳзаҳои баргузорӣ ва нақши Иҷлосияи XVI –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида кард.
Раҳимов М.З қайд намуд, ки баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар аввали солҳои навадум бамиёномада барои инкишофи муносибатҳои нави ҷамаиятӣ ва танзими самараноконаи ҳуқуқии он имконият намедод. Бесарусомониҳо дар дохили кишвар боиси амал накардани меъёрҳои қонунгузорӣ ва дар натиҷа фалаҷ гардидани фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин фарогирии бўҳрони иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа гардид. Дар ҳамин шароит барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, нигоҳдорӣ ва рушди истиқлолият, инчунин муайян намудани самти минбаъдаи инкишофи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI–уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 даъват карда шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки иҷлосияи мазкур дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозида, минбаъд тантанаи қонунро таъмин ва дар роҳи бо тарзи конститутсионӣ ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа мусоидат намуд. Яъне Иҷлосия ба давраи нави фаъолияти қонунгузории кишварамон ибтидо гузошта, пас аз он марҳилаи наве дар таърихи давлатдории тоҷикон, ки қисми таркибии онро қонунгузории сифатан нави замони муосир ташкил медиҳад оғоз гардид.
Дар идомаи суханронӣ Раҳимов М.З зикр намуд, ки агар қонунҳои дар рафти Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ қабулкардашуда асосан барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар равона карда шуда бошанд ва баръакс аввалин қонунҳое, ки баъди он қабул карда шуданд барои танзими муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шуданд. Дар тўли 20 соли баъди Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ ба тадриҷ зиёда аз 340 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён аз ҷумла қайд намуданд, ки маҳз баргузории ҳамин иҷлосия барои ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар замина гузошта, дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барономаҳо густариш ёфта то имрўз амалӣ мегарданд. Дар мизи мудаввар маърўзаҳо бахшида ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ нақши он дар рушди қонунгузории авф, таъмини истиқлолияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ матраҳ гардида, мавриди баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифт.
Баргузории чунин мизи мудаввар аз он далолат медиҳад, ки нақшу аҳамият ва арзиши иҷлосияе, ки кишварро аз фаношавӣ раҳо бахшид бо мурури вақт бештар мегардад. Ҳамзамон ҷанбаҳои хоси иҷлосияи мазкур, ки баёнгари барқроршавии сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои мухталиф дар кишвар мебошад, омўзанда буда ҳар як ҳамватанро водор менамояд, ки манфиатҳои миллиро аз ҳар гуна манфиатҳои дигар болотар гузоранд.