ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 октябри соли 2022, № 869
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2022, № 338
ҷонибдорӣ карда шуд
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти савдои электронӣ танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин таъмини фаъолияти онҳо равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аҳди электронӣ - амалҳои иштирокчиёни савдои электронӣ, ки ба муқаррар намудан, тағйир додан ё қатъ кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо равона гардида, тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ анҷом дода мешаванд;
2) иштирокчии савдои электронӣ - фурӯшанда, харидор, миёнарави иттилоотӣ ва миёнаравони дигар, ки дар ташкил ва амалисозии савдои электронӣ иштирок ё ба иҷрои он мусоидат менамоянд;
3) ирсолкунандаи ҳуҷҷати электронӣ - шахсе, ки ҳуҷҷати электронӣ мефиристад ё дар махзани маълумоти қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ саҳифаи баҳисобгирӣ тартиб медиҳад;
4) қабулкунандаи ҳуҷҷати электронӣ - шахсе, ки ба ӯ ҳуҷҷати электронӣ аз тарафи ирсолкунанда ё миёнарави иттилоотӣ ирсол шудааст;
5) миёнарави иттилоотӣ - шахсе, ки бо ташаббус ё бо фармоиши шахси дигар ҳуҷҷати электрониро мефиристад, қабул мекунад, нигоҳ медорад ва ҷиҳати мусоидат барои бастани аҳдҳо дар савдои электронӣ хизмат мерасонад;
6) низоми пардохти электронӣ - низоми ташкили ҳисоббаробаркуниҳои молиявии электронӣ дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки ба тарафҳои аҳд имкон медиҳад суратҳисоби бонкӣ ва ё дигар воситаҳои электронии пардохтии худро мустақилона идора намоянд;
7) расмиёти электронӣ - тартиби анҷом додани амалиёти электронӣ вобаста ба аҳдҳо;
8) савдои электронӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ амалӣ мегардад;
9) шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ - маҷмӯи воситаҳои барномавию техникӣ ва намудҳои дигари шабакаҳои алоқаи электроние, ки барои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, паҳнкунӣ, инъикос ва истифодабарии маълумот пешбинӣ шудаанд;
10) шахсе, ки савдои электрониро амалӣ менамояд - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонии пардохтшаванда бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ машғул мебошад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба аҳдҳое, ки бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ амалӣ мешаванд, татбиқ мегардад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба аҳдҳое, ки тасдиқи ҳатмии нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб менамоянд, дар бозори суғурта ва коғазҳои қиматнок баста мешаванд ва объектҳое, ки аз муомилоти гражданӣ бароварда ё маҳдуд шудаанд, инчунин хариди давлатӣ татбиқ намегардад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдои электронӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдои электронӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои савдои электронӣ
Савдои электронӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) баробарии иштирокчиён;
2) озодии аҳд;
3) таҳвили озоди мол, кор ва хизматрасонӣ;
4) амалисозии бемамониати савдои электронӣ;
5) кафолатнокии ҳифзи судии иштирокчиёни савдои электронӣ.
Моддаи 5. Иштирокчиёни савдои электронӣ
1. Дар савдои электронӣ иштирок менамоянд:
1) фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасонӣ;
2) харидорони мол, кор ва хизматрасонӣ;
3) миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигар.
2. Ба фурӯшандагон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолиятро оид ба фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамоянд, мансубанд.
3. Ба харидорон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мансубанд.
4. Миёнарави иттилоотӣ ва миёнаравони дигар дар савдои электронӣ инҳо мебошанд:
1) таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва операторони низоми пардохтие, ки барои таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва ташкили ҳисоббаробаркуниҳо байни иштирокчиёни савдои электронӣ хизмат мерасонанд;
2) ташкилкунандагони савдо, озмун ва музоядаҳо;
3) ташкилотҳое, ки хизматрасонии дигарро барои таъмин ва дастгирии расмиёти электронӣ ҳангоми тартиб ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ амалӣ менамоянд;
4) операторон ва таҳвилгарони хизматрасонии алоқа, ки барои муомилоти ҳуҷҷатҳои электронии иштирокчиёни савдои электронӣ хизмат мерасонанд.
5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки савдои электрониро амалӣ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
6. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки савдои электрониро амалӣ менамоянд, дар фаъолияти худ бояд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро риоя намоянд.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 6. Сиёсати давлатӣ дар самти савдои электронӣ
1. Давлат бо мақсади рушди савдои электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
2. Самтҳои сиёсати давлатӣ самти дар савдои электронӣ:
1) дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии савдои электронӣ;
2) фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя, технологияҳои муосир ва таҷҳизот ҷиҳати амалисозии савдои электронӣ;
3) ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмию техникӣ, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
4) мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти савдои электронӣ.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдои электронӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдои электронӣ дохил мешаванд:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ;
2) тасдиқ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи савдои электронӣ;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ;
5) тасдиқи қоидаҳои савдои электронӣ барои намудҳои алоҳидаи мол, кор ва хизматрасонӣ;
6) таъмини ҳамкории байналмилалӣ;
7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти савдои электронӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти савдои электронӣ дохил мешаванд:
1) иштирок дар таҳия, таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ;
2) пешниҳоди таклиф оид ба фароҳам овардани шароити мусоид;
3) амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ;
4) иштирок дар такмили қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои он;
5) гузарондани тадқиқот ва мониторинг;
6) таъмини иштирокчиёни савдои электронӣ бо иттилооти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, оморӣ, истеҳсолию технологӣ ва илмию техникии барои фаъолияти онҳо зарурӣ;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ АҲД ДАР САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 9. Талаботи умумӣ ба шакл ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми барасмиятдарории аҳди электронӣ
1. Ҳангоми таҳияи аҳдҳои электронӣ бо мувофиқаи тарафҳо шаклҳои зерин истифода мешаванд:
1) стандарти пешниҳоди электронӣ ва гардиши матн ё иттилооти дигар (сабт, файл, сомона, махзани маълумот, сабт дар махзани маълумот);
2) намуди ҳуҷҷатҳои умумиэътирофшуда ё муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар савдои электронӣ истифода мешаванд (ҳуҷҷати электронӣ, огоҳнома, сабтҳои қайдшуда, пешниҳод оид ба аҳд (оферта);
3) қабули пешниҳод (аксепт), шартнома, протоколҳо ва дигар намудҳои ҳуҷҷатҳо.
2. Ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷати электронӣ шакли пешниҳод ва истифодаи он бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
1) интиқол ва қабули боэътимоди ҳуҷҷати электронӣ ва коркарди он;
2) имкони санҷиши дурустӣ ва мукаммалии ҳуҷҷат, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯи он дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
3) муайян будани ирсолкунанда (таҳиякунанда), вақти тартибдиҳӣ ё қабул, бавуҷудоӣ ва дарки ягонагии маълумот.
3. Тарафҳо метавонанд пешакӣ оид ба расмиёти санҷиши дурустӣ ва мукаммалии аҳд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ба мувофиқа расанд.
4. Аҳди электронӣ ва ҳуҷҷати электронӣ аз рӯи мазмун ва шакл бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намоянд.
5. Амалиёти электронии аҳд дар савдои электронӣ тибқи талабот ва тартиби муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешаванд.
6. Дар аҳди электронӣ рақами мушаххаси андозсупоранда ва мушаххасоти бонкӣ (харидор ва фурӯшанда) нишон дода мешаванд.
Моддаи 10. Тартиби ҳуҷҷатгузории аҳди электронӣ
1. Ҳангоми анҷом додани аҳди электронӣ дар ҳолатҳое, ки тарафҳо ё қонунгузорӣ имзои дастии ҳуҷҷатро талаб намоянд, ҳуҷҷат имзошуда маҳсуб меёбад, агар тарафҳо расмиёти муқарраршудаи имзои электрониро иҷро намуда бошанд.
2. Ба сифати имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ ҳама намуди муайянкунӣ ва инъикоси изҳори иродаи тарафҳои аҳд эътироф карда мешавад, агар:
1) Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созиши тарафҳо муқаррар намуда бошанд;
2) шахсияти имзокунандаи ҳуҷҷати электронӣ муайян бошад;
3) шахс маълумоти дар ҳуҷҷати электронӣ мавҷудбударо тасдиқ намояд;
4) хусусияти аҳд асоснок ва бо масъулияти тарафҳо таъмин бошад;
5) бо мақсади ҳуҷҷати электронӣ таҳия ё ирсол гардида бошад.
3. Дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созиши тарафҳо муқаррар намоянд, ки аҳд ё ҳуҷҷати дигар дар нусхаи асл пешниҳод ё нигоҳ дошта шавад, талабот нисбат ба ҳуҷҷати электронӣ иҷрошуда ба ҳисоб меравад, агар тарафҳои аҳд:
1) ҳифзи аҳд, мукаммалӣ ва тағйирнопазирии маълумоти дар он мавҷудбударо аз лаҳзаи таҳия ва ирсоли он дар шакли ниҳоӣ таъмин намоянд;
2) дар ҳолати зарурӣ имкони пешниҳоди ҳуҷҷатро ба қабулкунандаи дахлдор дошта бошанд.
4. Иштирокчиёни савдои электронӣ дар раванди мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ метавонанд ирсолкунанда ё қабулкунанда бошанд.
Моддаи 11. Ҳуҷҷати электронӣ ва нусхаҳои он
1. Дар ҳолатҳое, ки барасмиятдарории аҳд дар шакли хаттӣ талаб карда мешавад, ин талабот бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ иҷрошуда ба ҳисоб меравад, агар иттилооти дар он мавҷудбуда барои истифодаи минбаъда дастрас бошад.
2. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ, ки дар шакли электронӣ имзо шудааст, бо шакли хаттӣ эътибори баробари ҳуқуқӣ дорад, ба шарте, ки ҳифзи он тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо таъмин шуда бошад.
3. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили коғазӣ эътибори ҳуқуқӣ дорад, агар соҳиби имзои электронии рақамӣ ё дигар имзои электронии шабеҳ онро дастӣ имзо ё шахси ваколатдор тасдиқ карда бошад.
4. Ҳуҷҷати электроние, ки бо имзои электронии рақамӣ ё дигар имзои электронии шабеҳ имзо шудааст, ҳангоми баррасии баҳсҳои судӣ метавонад бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун далел пешниҳод карда шавад.
5. Ҳуҷҷати электронии дар савдои электронӣ истифодашаванда наметавонад бо он асос рад карда шавад, ки тавассути шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба расмият дароварда ё қабул шудааст.
Моддаи 12. Нигоҳдории ҳуҷҷати электронӣ
1. Дар ҳолате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, сабтҳо ё иттилооти муайянро талаб намояд, ин талабот тавассути нигоҳдории ҳуҷҷатҳо бо риояи шартҳои зерин иҷро карда мешавад:
1) иттилооти дар ҳуҷҷати электронӣ ҷойгирбуда барои истифодаи минбаъда дастрас бошад;
2) маълумоти ҳуҷҷати электронӣ дар он шакле нигоҳ дошта мешавад, ки таҳия, ирсол ё қабул гардида бошад;
3) иттилооте нигоҳ дошта мешавад, ки имкони муайян намудани бавуҷудоӣ ва таъиноти маълумоти ҳуҷҷати электронӣ, сана, вақти ирсол ва қабули он мавҷуд бошад.
2. Муҳлати нигоҳдории бойгонии ҳуҷҷати электронӣ ва таҷҳизоте, ки дар онҳо ҳуҷҷати электронӣ ҷойгир ё нигоҳдорӣ мешавад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
3. Ҳуҷҷати электронӣ ё махзани маълумот, ки бо аҳди электронӣ алоқаманд мебошанд ва барои нигоҳдории бойгонӣ ҷойгир карда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ваколатдори онҳо, инчунин ба тарафҳои аҳд бо дархости онҳо пешниҳод карда мешаванд.
4. Тарафҳои аҳд дар савдои электронӣ ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳо ё махзани маълумоти электронии худро барои нигоҳдории муваққатии бойгонӣ тибқи шартномаи нигоҳдорӣ ба шахсони сеюм, ки хизматрасонии дахлдори нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро мерасонанд, супоранд.
БОБИ 4. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 13. Талабот нисбат ба пешниҳоди иттилоот аз ҷониби иштирокчиёни савдои электронӣ
1. Шахсоне, ки савдои электрониро амалӣ менамоянд ва ба доираи номуайяни шахсон оферта ё даъват барои пешниҳоди оферта мефиристанд, уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи худ иттилоот пешниҳод намоянд.
2. Иттилоот дар бораи фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасонӣ, ки савдои электрониро амалӣ менамоянд, маълумоти ҳатмии зеринро дар бар мегирад:
1) номи пурраи шахси ҳуқуқӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқии он, насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ;
2) макони ҷойгиршавӣ ва маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суроғаи электронӣ, суроғаи почтавӣ, рақами телефон, инчунин номи сомона, агар мавҷуд бошад;
3) номгӯи мол, кор ё хизматрасонии пешниҳодшаванда ё фармоишшаванда ва шартҳои пешниҳоди онҳо;
4) оммафаҳм пешбинӣ намудани иттилоот оид ба шартҳои тахфиф, туҳфа ва дигар имтиёзҳо, ки ба харидорон пешниҳод мегарданд;
5) тартиби ҳисоббаробаркунӣ ва шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла тартиби бозпас гардондани маблағ;
6) мушаххасоти бонкӣ;
7) ташкили расонидани мол, кор ва хизматрасонӣ.
3. Иттилоот дар бораи харидор иборат аст, аз:
1) номи пурраи шахси ҳуқуқӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқии он, насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ ё шахси воқеӣ;
2) макони ҷойгиршавӣ ва маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, мушаххасоти бонкӣ, суроғаи электронӣ, суроғаи почтавӣ, рақами телефон, инчунин номи сомона, агар мавҷуд бошад;
3) дигар иттилооте, ки барои бақайдгирӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ зарур аст.
4. Иттилоот оид ба маълумоти шахсии харидорони мол, кор ва хизматрасонӣ дар савдои электронӣ танҳо он маълумотеро дар бар мегирад, ки бе он фурӯшанда наметавонад аҳдро ба расмият дарорад ва уҳдадориҳои худро доир ба аҳди электронии мазкур иҷро намояд.
5. Иттилоот дар бораи оператори савдои электронӣ, ба ғайр аз маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, инҳоро дар бар мегирад:
1) тартиби дастрасӣ ва пайвастшавӣ ба шабака;
2) тартиби бақайдгирии иштирокчӣ;
3) қоидаҳои пешниҳоди хизматрасонии алоқа, дастрасӣ ва пайвастшавӣ.
6. Иттилоот дар бораи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва ё оператори низоми пардохтӣ, ба ғайр аз маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, инҳоро дар бар мегирад:
1) номгӯи хизматрасонии молиявӣ ва шартҳои пешниҳоди он;
2) маблағи ҳаққи хизмате, ки харидорони мол, кор ва хизматрасонӣ пардохт менамоянд;
3) тартиби пешниҳоди иддао, аз ҷумла иттилооте, ки барои тамос бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва оператори низоми пардохтӣ зарур мебошад.
7. Иттилоот дар бораи ташкилкунандагони савдои электронӣ, озмунҳо ё музоядаҳо, ба ғайр аз маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, инҳоро дар бар мегирад:
1) қоидаҳои баргузории озмун, савдо ва музоядаҳо;
2) тартиби бақайдгирии иштирокчиён.
8. Иттилоот дар бораи ташкилотҳое, ки ба тарафҳои аҳд оид ба таъмини расмиёти электронӣ хизмат мерасонанд, ба ғайр аз маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, тартиб ва қоидаҳои истифодабарии хизматрасониҳоро дар бар мегирад.
9. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни савдои электронӣ бояд иттилоотро дар бораи иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё шаҳодатномаи сертификатсияи мол, кор ва хизматрасонӣ пешниҳод намоянд.
10. Шахсоне, ки савдои электрониро амалӣ менамоянд, дар бораи мол, кор ва хизматрасонӣ, нарх, шартҳои ба даст овардан, муҳлат ва ҳолати бозпас гардондани онҳо бояд иттилооти зарурӣ ва боэътимоде пешниҳод намоянд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад.
11. Фурӯшанда дар савдои электронӣ тибқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти дахлдорро пешниҳод менамояд.
БОБИ 5. ТАШКИЛИ МУБОДИЛАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ҲАНГОМИ БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА АНҶОМ ДОДАНИ АҲДҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 14. Амалиёт ва расмиёти электронии бастани аҳдҳо
1. Тарафҳои аҳди электронӣ тибқи созиши мутақобила, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқ доранд муқаррар намоянд:
1) тартиби мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ;
2) тартиби анҷом додани амалҳо оид ба бастани аҳд;
3) тарзи муқаррар намудан ва тартиби истифодаи имзо дар шакли электронӣ;
4) тартиби ҷойгиронӣ, ирсол, қабул ва бозхонди аксепт;
5) тартиби санҷиши дурустии иттилоот;
6) тартиби истифодаи низоми иттилоотии тарафҳо.
2. Расмиёти электронӣ бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо розигии тарафҳо оид ба барасмиятдарории мазмуни намудҳои мушаххаси ҳуҷҷатҳо амалӣ мегардад.
3. Расмиёти электронии мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ метавонад барасмиятдарории аҳдеро дар бар гирад, ки аз тарафи фурӯшанда бо тартиби оферта пешниҳод шудааст ва харидор онро бе тағйирот ё бо шартҳои иловагӣ қабул кардааст. Шакли аксепт ва расмиёти фиристодани он бо шарти риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои алоҳидаи аҳд муқаррар мешаванд.
Моддаи 15. Талаботи умумӣ ба мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ
1. Маълумот дар бораи ирсолкунанда ва шахси ваколатдори он бояд ба талаботи барои тарафҳо муқарраршуда мувофиқат намояд.
2. Ҳуҷҷати электронӣ ирсолшуда ба ҳисоб меравад, агар он таввасути низоми худкори (автоматикунонидашудаи) ба ирсолкунанда тааллуқдошта тартиб дода, ирсол шуда бошад.
3. Ҳуҷҷати электронӣ аз тарафи қабулкунанда қабулшуда ба ҳисоб меравад, агар он ба сервери почтавии қабулкунанда ё миёнарави иттилоотӣ ворид ё қабули он аз тарафи қабулкунанда бо ҳуҷҷати ҷавобӣ ё расид тасдиқ гардида бошад.
4. Баъд аз қабули ҳуҷҷати электронӣ қабулкунанда ҳуқуқ дорад оид ба тасдиқи ҳуҷҷати электронӣ, ки аз тарафи ирсолкунанда фиристода шудааст, санҷиш гузаронад. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё розигии тарафҳо қабулкунанда барои гузаронидани чунин санҷиш уҳдадор аст.
5. Ирсолкунанда ё қабулкунанда ҳуқуқ дорад дар бораи дастрас шудани ҳуҷҷати электронӣ аз ҳамдигар, миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигар, ки дар интиқоли ҳуҷҷати электронӣ иштирок намудаанд, маълумоти заруриро талаб намояд.
6. Вақти фиристодани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ба ҳисоб меравад, ки ҳуҷҷати электронӣ аз шабакаи иттилоотию коммуникатсионии зери назорати ирсолкунанда қарордошта ирсол гардидааст, агар тарафҳо тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
7. Вақти қабули ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ба ҳисоб меравад, ки ҳуҷҷати электронӣ ба шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ ё суроғаи электронии нишондодаи қабулкунанда ворид шудааст ва қабулкунанда имконияти дастрас намудани онро дорад, агар тарафҳо тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
8. Тасдиқи қабули ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ба ҳисоб меравад, ки он аз ҷониби қабулкунанда мувофиқи созиши тарафҳо тасдиқ карда шудааст.
Моддаи 16. Тартиби бастани аҳдҳо дар савдои электронӣ
1. Аҳд дар савдои электронӣ аз лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷати электронӣ аз тарафи фурӯшанда, ки мазмуни аксепти харидорро дорад ё аз тарафи харидор анҷом додани амалҳое, ки фурӯшанда пешбинӣ намудааст, басташуда эътироф мешавад.
2. Офертае, ки ба доираи номуайяни шахсон равона гардида, барои дастрасии умум ва намоиш дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷойгир ё ба қабулкунанда дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо мақсади бастани аҳд фиристода шудааст, бояд шартҳои муҳимми аҳдро тибқи талаботи Қонуни мазкур дошта бошад.
3. Дар ҳолати бозхонди аксепт ё иштибоҳи тарафҳои аҳд харидор уҳдадор аст тарафи дигарро хабардор намояд ё мувофиқи нишондоди тарафи дигар амал намояд.
4. Пешниҳоди фурӯшандаи мол, кор ва хизматрасонӣ, ки ба доираи номуайяни шахсон равона шудааст ё барои намоиши умум ва дастрасӣ дар шабакаи алоқаи электронӣ ҷойгир гардидааст, ба истифодабарандагони шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ дастрас мебошад, даъват ба оферта ҳисобида мешавад.
Моддаи 17. Шартҳои аҳди электронӣ
1. Аҳди электронӣ аз шартҳои зерин иборат аст:
1) шакли имзои аҳд ва дигар ҳуҷҷати электроние, ки бо иҷрои уҳдадориҳои тарафҳо алоқаманд аст;
2) тартиби мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ байни тарафҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо;
3) тартиби ҳаммонандкунии шахси ваколатдори имзокардаи ҳуҷҷат ва санҷиши дурустии он;
4) истинод ва ишораҳо ба шартҳои аҳд, ки ба ҳуҷҷати электронӣ дохил мегарданд ва дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ аз ҷониби тарафҳо нигоҳ дошта мешаванд;
5) тартиби пешбурди мукотибаи тарафҳо ва дигар иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки бо иҷрои уҳдадориҳо алоқаманд аст;
6) тартиби санҷиши дурустии иттилоот ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ;
7) тартиби таъмини дастрасии тарафҳо ба маълумоти шахсии онҳо, мукотиба ва дигар иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки бо иҷрои уҳдадориҳо алоқаманд мебошанд.
2. Дар аҳд мумкин аст баъзе шартҳои он бо розигии тарафҳо бо ҳуҷҷати электронии алоҳида дар шакли муайян, ки қисми таркибии аҳд ба ҳисоб меравад, ба расмият дароварда шаванд.
3. Тарафи ирсолнамудаи ҳуҷҷат уҳдадор аст ҳифзи дурустӣ, тағйирнопазирии ҳуҷҷати электронӣ ва бехатарии махзани маълумот ё шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар он ҳуҷҷат ҷойгир карда шудааст, инчунин ҳуқуқи дастрасиро ба он бе имкони тағйири мазмуни ҳуҷҷати электронӣ таъмин намояд.
4. Дар аҳд метавонад пешбинӣ гардад, ки тарафҳо баъди барасмиятдарорӣ ва имзои аҳд онро барои нигоҳдорӣ ба махзани маълумоти тарафи боэътимод ҳамчун нусхаи дорои эътибори ҳуқуқӣ супоранд ва дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс асос намоянд. Дар ин сурат ба шартҳои аҳд бояд илова гарданд:
1) уҳдадории яке аз тарафҳо оид ба шартномаи нигоҳдорӣ ва тартиби бастани он;
2) шартҳои нигоҳдорӣ ва дастрасии тарафҳо ба ҳуҷҷати барои нигоҳдорӣ супоридашуда;
3) истинод ба макони ҷойгиршавии ҳуҷҷат.
5. Тарафе, ки ҳуҷҷати электронӣ ва шартномаро барои нигоҳдорӣ қабул намудааст, уҳдадор аст, ки ҳифзи дурустӣ, тағйирнопазирӣ ва бехатарии махзани маълумотро, ки дар он ҳуҷҷат ҷойгир карда шудааст, инчунин ҳуқуқи дастрасӣ ба онро бе имкони тағйири мазмун дар давоми муҳлати амал ва нигоҳдорӣ таъмин намояд.
6. Аҳдкунанда ҳуқуқ дорад аз тарафи дигар шартҳои пешакӣ мувофиқашудаи аҳдро тавассути мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ ба тарзи анъанавӣ ё электронӣ талаб намояд ва тарафи дигар барои пешниҳоди он уҳдадор аст.
Моддаи 18. Барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ тавассути низоми худкор (автоматикунонидашуда)
1. Пешниҳоди мол, кор ё хизматрасонӣ ба доираи номуайяни шахсон, ки тавассути низоми савдои худкори (автоматиконидашудаи) дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷойгирбудаи фурӯшанда амалӣ мегардад, офертаи фурӯшанда ба ҳисоб рафта, бо уҳдадории харидор ҳангоми қабули аксепт алоқаманд аст.
2. Аҳде, ки тавассути низоми худкори (автоматиконидашудаи) фурӯшанда ва харидор ё мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ баста шудааст, наметавонад танҳо дар асоси он, ки бе иштироки мустақими тарафҳо анҷом дода шудааст, беэътибор дониста шавад.
3. Ҳангоми анҷом додани аҳди электронӣ фурӯшанда ва харидор метавонанд тибқи барномаи мувофиқашуда ҳисоббаробаркунӣ, қабули мол, кор ва хизматрасониро ба роҳ монанд. Уҳдадориҳо оид ба амалиёти савдо, ки ба таври худкор (автоматиконидашуда) иҷро мегарданд, мумкин аст аз ҷониби тарафҳои аҳд назорат карда шаванд.
4. Ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми анҷом додани аҳди электронӣ метавонанд бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ё пардохти маблағ тариқи нақдӣ бо риояи талаботи тартиби ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ, инчунин бо дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ карда шаванд.
5. Аҳд басташуда ҳисобида намешавад, агар:
1) харидор яке аз талаботи пешниҳодшударо иҷро накарда бошад;
2) харидор талаботи фурӯшандаро ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷати электронӣ ё сабтҳо дар шакли ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи фурӯшанда оид ба аҳди анҷомдодашаванда дақиқ иҷро накарда бошад;
3) низоми худкори (автоматиконидашудаи) пардохти электронии фурӯшанда ба харидор санҷиши пардохт, дурустии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои электронӣ, сабти онҳо ва ислоҳи хатоҳоро имкон надиҳад;
4) низоми худкори (автоматиконидашудаи) фурӯшанда ба харидор имкон надиҳад, ки дар муҳлати муқарраркардаи харидор аксептро бозпас гирад ва аз анҷом додани аҳди электронӣ даст кашад.
БОБИ 6. ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ДАР САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 19. Талабот ба иштирокчиёни савдои электронӣ оид ба таъмини бехатарии он
1. Шарти таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ аз тарафи ҳар як иштирокчии он риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созиши тарафҳо мебошад.
2. Фурӯшанда, харидор, миёнарави иттилоотӣ ва миёнаравони дигар уҳдадоранд талаботи зеринро иҷро намоянд:
1) сатҳи зарурии бехатарии шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ, махзани маълумот, воситаҳо, ҷойи нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷати электрониро таъмин намоянд;
2) барои паст намудани хавфҳо, пешгирии таҳдид ва бархӯрди манфиатҳо, инчунин қаллобӣ дар раванди савдои электронӣ бо истифодаи воситаҳои пешгирӣ ва огоҳонии ҳуқуқвайронкунӣ, мониторинги ҳуқуқӣ ва дигар усулҳои таъминоти фаъолият чораҳо андешанд;
3) аз истеъмолкунандагон танҳо он маълумоти шахсиеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳо оид ба аҳди электронӣ заруранд, талаб намоянд;
4) ҳифзи ҳуҷҷати электронии дорои маълумоти шахсии истеъмолкунандагонро, ки ба онҳо зимни барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ маълум гардидааст, таъмин намоянд;
5) ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти шахсиро оид ба аҳди электронӣ пас аз анҷом ёфтани муҳлати нигоҳдории муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд созанд.
3. Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва хизматӣ метавонад бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони сеюм пешниҳод карда шавад.
4. Истифодаи маълумоти шахсӣ, ғайр аз мақсадҳои аҳди электронӣ, дар савдои электронӣ ва додани онҳо ба шахсони сеюм, агар тибқи созиши тарафҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи маълумоти шахсӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, манъ аст.
5. Зараре, ки ҳангоми амалисозии фаъолият дар савдои электронӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ё бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 20. Масъулияти тарафҳои аҳди электронӣ барои таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ
1. Тарафҳои аҳди электронӣ барои таъмини бехатарӣ ва сатҳи зарурии ҳимояи махзани маълумоти худ ва ҳуҷҷатҳои дар он ҷойгирбуда шахсан масъул мебошанд.
2. Тарафи аҳди электронӣ, ки оферта ё пешниҳоди офертаро барои намоиш дар шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ гузошта, ба суроғаи доираи номуайяни шахсон равона кардааст, барои дурустии маълумоти интишоршуда масъул мебошад.
3. Тарафи аҳди электронӣ, ки аз хизматрасонии таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва ё операторони низоми электронии пардохтӣ истифода мебарад, барои амали худ оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ, интиқол ва идоракунии суратҳисоби бонкӣ, суратҳисоби корти пардохтӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ дар доираи шартнома бо таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва қоидаҳои муқарраршудаи низоми пардохтӣ масъул мебошад.
4. Тарафи аҳди электронӣ, ки аз хизматрасонии миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигар истифода мебарад, барои амалҳои худ оид ба амалисозии расмиёти электронӣ масъул мебошад.
Моддаи 21. Масъулияти миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигар барои таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ
1. Миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигаре, ки оид ба таъмин ва пешбурди расмиёти электронӣ хизмат мерасонанд, барои иҷрои уҳдадориҳои тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созиши тарафҳо пешбинишуда, масъулият доранд.
2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва ё оператори низоми пардохтӣ, ташкилкунандагони савдо, озмун ва музояда, миёнаравони дигар барои иҷрои талаботи бехатарӣ, таъмини ҳифз ва дурустии ҳуҷҷатҳо, гум шудан, таҳриф кардан ё тағйир додани иттилооти ҳуҷҷатшуда, мушоҳидаи пинҳонӣ, сохтакории ҳуҷҷати электронӣ ва дахолати ғайриқонунии шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва ё оператори низоми пардохтӣ барои ҳифзи маблағҳои пулӣ, таъмини бехатарии суратҳисобҳои бонкӣ, суратҳисобҳои корти пардохтӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтии истифодабарандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
4. Миёнаравони иттилоотӣ ва миёнаравони дигаре, ки оид ба таъмин ва пешбурди расмиёти электронӣ хизмат мерасонанд, бо мақсадҳои андозбандӣ бо дархости мақомоти андоз маълумот оид ба иштирокчиёни савдои электронӣ, аз ҷумла шахсони бидуни қайди давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷомдиҳанда ва дигар маълумоти дахлдорро пешниҳод менамоянд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 24 декабри соли 2022, № 1921
Пинҳон кардан