ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2115 Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 07.12.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 27/02/2025 - 17:07
     Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, бевосита дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Яке аз аввалин табдирҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба ҳисоб меравад, ки фармони мазкур ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дар сатми баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дорад.
      Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, 27 декабри соли 1993 Конвенсияҳои байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» ва «Хуқуқҳои сиёсии занон»-ро эътироф ва тасдиқ кард.
     Минбаъд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» аз 8 августи соли 2001, №391 қабул карда шуд, ки мақсади асосии он баланд бардошти мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини шаротҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии занон ба ҳисоб меравад.
    Бо мақсади танзими муносибатҳо вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯйи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳо дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 5 марти соли 2005, №89 [1] қабул гардид.
     Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои зикргардида дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки онҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон ва дастгирии давлатии занон бахшида шудаанд. Чунончӣ, дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон [2], қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» [4] ва санадҳои зерқонунӣ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2011, № 185 «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011 - 2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 391 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидҳо ба амал мебароранд. Чунончӣ, дастгирӣ намудани занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа масъалаи муҳими дигаре мебошад, ки аз давраҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зери диққати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
     Дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2013 махсус қайд карда шудааст, ки “Боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад” [5].
     Пешвои миллат 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуданд: «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем». Воқеан ин суханон имрӯзҳо аён дар пайроҳаи амалишавӣ қарор доранд[6].
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зан дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарони болаёқат, таъмини сиҳатии генофонди миллӣ ва фаъолгардонии мақоми зан дар таҳкими асосҳои ахлоқии ҷомеа Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор сохтанд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
     Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эълон кард. Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 485 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад[7].
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат аз 24 декабри соли 2024 низ масъалаи мазкур аз назари эътибор дур намонда, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чораҳои дахлдор пешбинӣ карда шуд. 
Зимни ироаи паём Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки “мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд” [8].
     Чунин тадбирҳои андешидашуда ба он ноил гардид, ки мутобиқан ба маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти нуфузи фаъолияти занон дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 шумораи заноне, ки дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, ба 4485 нафар (23,4%) расидааст[9;127].
     Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
     Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.
     Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз ба шарофати истиқлолият чеҳраи сиёсии зан на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Чунончӣ, соли 2019 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъин намудани Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро қобили қабул донист. Созмони номбурда  бо Шаҳодатнома расман тасдиқ кард, ки ин мақом нахустин бор дар Тоҷикистон ба зиммаи муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо дар назар гирифтани хизматҳои назаррасашон дар ҷодаи илмӣ, фаъолияти идоракунии давлатӣ, талоши доимиашон ҷиҳати иҷрои босамари ҳадафҳои стратегӣ ва ниҳоят ҳамчун зан-модари бомаърифату фарҳангсолору ватанпарвари тоҷик гузошта мешавад.
     Дар арсаи байналмилалӣ чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст.
     Хулоса, дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
 
Адабиёт:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз 1 марти соли 2005, № 89// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 01.02.2025).
  2. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №682 // Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 01.02.2025).
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954// Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ–ҳуқуқии «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат 01.02.2025).
  4. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://avkd.tj. (санаи муроҷиат: 01.02.2025).
  5. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://avkd.tj (санаи муроҷиат: 01.02.2025)
  6. Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ 21- уми ноябри соли 2019, шаҳри Душанбе // [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://president.tj. (санаи муроҷиат: 01.02.2025).
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024. шаҳри Душанбе. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://president.tj. (санаи муроҷиат: 01.02.2025).
  8. Рушди судҳои иқтисодӣ дар даврони истиқлол. Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Зери таҳрири Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. – Душанбе: – 2021.
 
Исмоилова Мадина Исмоиловна,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)