ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
720
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
13.11.1998

КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806; с. 2011, №12, мод. 839; с.2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 116, аз 30.07.2007 № 323, аз 6.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775, аз 22.07.2013 № 978, аз 18.03.2015 № 1181, аз 14.05.2016 № 1315, аз 24.12.2022 № 1933)

Кодекси мазкур муносибатҳои вобаста ба истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти авиатсияро ба тартиб дароварда, асосҳои амали намудани сиёсати давлатиро дар ин соҳа муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Истиқлолияти фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти пурра ва истисноиро нисбати фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Вазифаҳои Кодекси мазкур танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳарбӣ ва дигарро дар бар гирифта, чораҳои зеринро пешбинӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933):

таъмини амният ва истифодаи окилонаи фазои ҳавоӣ;

таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;

такмили фаъолият дар соҳаи авиатсия (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

ҳамкории мутақобилаи судбахш бо давлатҳои хориҷӣ оиди истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 5. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Моддаи 6. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181)

Моддаи 7. Муносибатҳое, ки қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад

Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ, муносибатҳое, ки бо фаъолият дар соҳаи авиатсия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаанд, инчунин муносибатҳоеро, ки аз парвози ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд, агар қонунҳои кишваре, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошанд ва муносибатҳоеро танзим менамояд, ки вобаста ба парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 8. Молу мулки авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Молу мулки авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳавопаймоҳо, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳое, ки барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо пешбинӣ шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта метавонад.

Молу мулки авиатсияи давлатӣ ва объектҳои низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ танҳо дар шакли моликияти давлатӣ буда метавонанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти шахсиашон ҳавопаймоҳои гражданӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 9. Сертификация ва аттестацияи ҳатми дар авиатсияи гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Шахсони ҳуқуқӣ - корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони алоҳида, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсиониро иҷро ва таъмин мекунанд; шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсиониро анҷом медиҳанд; аэродромҳо, фурудгоҳҳо; муассисаҳои таълимӣ, ки мувофиқи феҳристи вазифаҳои кормандони авиатсия мутахассисонро дар сатҳи дахлдор тайёр мекунанд; ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳои авиатсионӣ, парраҳои ҳавоӣ, таҷҳизоти дохилӣ ва заминии ҳавопаймоҳо ва объектҳои дигар, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо мустақиман бо таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ё бехатарии авиатсионӣ вобаста мебошад, ба таври ҳатмӣ мавриди сертификация қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Кормандони авиатсия ба таври ҳатмӣ аз аттестация мегузаранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдоре сурат мегирад, ки ташкил ва гузаронидани сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст. Талаботи гузаронидани сертификация ва аттестацияи ҳатмӣ ва тартиби гузаронидани онҳо, ки бо Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, бояд аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҳатман риоя карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Гузаронидани сертификацияи ҳатмӣ пулакӣ мебошад.

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323)

Фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323).

Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323)

Амали сертификат аз тарафи мақоме, ки сертификатро додааст, мумкин аст боздошта шавад, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба амали он маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Сертификат аз тарафи мақоме, ки ин ҳуҷҷатро додааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бекор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323).

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ФАЗОИ ХАВОӢ

Моддаи 12. Истифодаи фазои ҳавоӣ

Истифодаи фазои ҳавоӣ фаъолияте мебошад, ки дар ҷараёни он дар фазои ҳавоӣ ҳаракати объектҳои гуногуни моддӣ (тайёраҳо, ракетаҳо ва объектҳои дигар) сурат мегирад, инчунин фаъолиятҳои дигар (сохтмони иншооти баландошёна, фаъолияте, ки дар ҷараёни он шуодиҳии электромагнитӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд, ба ҳаво партофтани моддаҳое, ки диданро душвор мегардонанд, гузаронидани корҳои таркониш ва монанди инҳо) иҷро карда мешавад, ки ба бехатарии ҳаракати ҳавоӣ таҳдид карда метавонад.

Истифодабарандагони фазои ҳавоӣ - шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо ба тартиби муқарраршуда ҳуқуқи иҷрои фаъолият оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ дода шудааст.

Моддаи 13. Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ

Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ аз тарафи давлат муқаррар карда шудани қоидаҳои умумии чунин фаъолият, инчунин масъулият барои риояи онҳо мебошад.

Танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти зерин сурат мегирад:

1) мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа - танзими пурраи давлатии истифодаи фазои ҳавоӣ;

2) мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ - танзими давлатии фаъолият оид ба истифодаи он қисми фазои ҳавоӣ, ки ба тартиби муқарраршуда барои роҳҳои ҳавоӣ (дохилӣ ва байналмилалии), хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои авиатсионӣ, аэродрому фурудгоҳҳои гражданӣ муайян карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 14. Афзалиятҳои давлатӣ дар истифодаи фазои ҳавоӣ

Ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳуқуқи баробари истифодаи онро доранд. Дар сурати ба вуҷуд омадани зарурати истифодаи ҳамзамони фазои ҳавоӣ аз тарафи ду ва зиёда истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, ҳуқуқи истифодаи он ба истифодабарандагон мутобиқи афзалиятҳои давлатӣ бо тартиби зерин дода мешавад:

1) зада гардонидани ҳуҷуми ҳавоӣ, пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба вайронкунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

2) расонидани кӯмак ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техникӣ;

3) ба замин шинондан, ҷустуҷӯ намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани таҷҳизоти кайҳонӣ ва ҳайатҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

4) пешгирӣ намудан ва роҳ надодани вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо, аз ҷумла ба манфиати иқтидори мудофиавӣ ва амнияти давлат ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

6) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки мутобиқи шартномаҳои махсус анҷом дода мешавад;

7) иҷрои парвози ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми санҷишҳои ногаҳонии омодагии ҷангӣ, ҳамчунин ҳангоми ба ҷои дигар кӯчонидани қисмҳо ва воҳидҳои авиатсияи давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

8) иҷрои парвози ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

9) иҷрои ҳамлу нақли мунтазами ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

10) иҷрои ҳамлу нақли ғайримунтазами ҳавоӣ, иҷрои корҳои авиатсионӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933);

11) гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ, варзишӣ, намоишӣ ва чорабиниҳои дигар;

12) иҷрои парвози ҳавопаймоҳо ё фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ, ки ба мақсади қонеъ кунонии талаботи шаҳрвандон анҷом дода мешавад.

Моддаи 15. Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ

Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ таъмини ҳаракати бехатарӣ, сарфакорона, мунтазами ҳавоӣ ва фаъолияти дигарро доир ба истифодаи фазои ҳавоӣ пешбинӣ менамояд. Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ аз инҳо иборат аст:

1) муқаррар намудани сохтори фазои ҳавоӣ;

2) банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодабарии фазои ҳаво мутобиқи афзалиятҳои давлатие, ки бо моддаи 14 ҳамин Кодекс муқаррар карда шудаанд;

3) таъмини тартиби иҷозатдиҳандаи истифодабарии фазои ҳавоӣ;

4) ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ки инҳоро дарбар мегирад: хизматрасонии (идоракунии) ҳаракати ҳавоӣ:

ташкили самтҳои ҳаракати ҳавоӣ;

ташкили фазои ҳавоӣ ба мақсади таъмини хизматрасонии (идоракунии) ҳаракати ҳавоӣ ва ташкили самтҳои ҳаракати ҳавоӣ;

5) назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ аз ҷониби мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин аз тарафи мақомоти истифодабарандаи фазои ҳавоӣ - мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) дар минтақаҳо ва ноҳияҳои барои онҳо муқарраршуда ба тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 16. Сохтори фазои ҳавоӣ

Сохтори фазои ҳавои минтақаҳо, ноҳияҳо ва хатҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (роҳҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва монанди инҳо), минтақаҳои аэродромҳо ва нуқтаҳои ҳавоӣ, минтақаҳои махсус ва хатҳои сайри парвози ҳавопаймоҳо, минтақаҳои мамнӯъ, минтақаҳои хатарнок (минтақаҳои озмоишгоҳҳо, корҳои таркониш ва монанди инҳо), минтақаҳои маҳдуди парвози ҳавопаймоҳо ва дигар унсурҳои сохтори фазои ҳавоиро, ки барои анҷом додани фаъолият дар фазои ҳавои муқаррар карда шудаанд, дарбар мегирад. Сохтори фазои ҳавои ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 17. Иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ

Истифодабарқи фазои ҳавоӣ дар асоси иҷозати мақоми системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бо огоҳонидани ҳатмии мақоми системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар ин бора сурат мегирад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар бандҳои 1- 4 қисми дуюми моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 18. Манъ ё маҳдуд кардани истифодабарии фазои ҳавоӣ

Истифодабарии фазои ҳавоӣ ё минтақаҳои алоҳидаи он метавонад ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шавад.

Моддаи 19. Назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорат ба риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа оид ба ошкор намудани ҳавопаймоҳои вайронкор, ҳамчунин мақомоти истифодакунандаи фазои ҳавоӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) дар минтақаҳо ва ноҳияҳои барои онҳо муқарраршуда сурат мегирад.

Мақомоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда, инчунин истифодабарандагони фазои ҳавоӣ вазифадоранд, ки барои пешгирӣ ва (ё) роҳ надодан ба вайронкориҳои қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

БОБИ III. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 20. Навъҳои авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Авиатсия ба ду навъ тақсим мешавад: давлатӣ ва гражданӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 21. Авиатсияи давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Авиатсияе, ки барои анҷом додани хизмати ҳарбӣ, сарҳадӣ, милиция, гумрук ва дигар хизмати давлатӣ, инчунин барои иҷрои вазифаҳои сафарбарию мудофиавӣ истифода бурда мешавад, ба авиатсияи давлатӣ мансуб аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Истифодаи авиатсияи давлатӣ ба мақсадҳои тиҷоратӣ ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 22. Авиатсияи гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Авиатсияе, ки ба мақсадҳои таъмини талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёт истифода бурда мешавад, ба авиатсияи гражданӣ мансуб аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Авиатсияи граждание, ки барои ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилот ва корҳои авиатсионии пулакӣ истифода бурда мешавад, ба авиатсияи граждании тиҷоратӣ мансуб аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Авиатсияи граждание, ки бепул истифода бурда мешавад, ба авиатсияи таъиноти умумӣ мансуб аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 23. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсияи давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсияи давлатӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 24. Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳудуди муқаррарнамудаи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 25. Мақоми махсуси ваколатдор, ки ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ мебарад

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Назорати давлатиро ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, амалӣ мегардонад.

Низомномаи мақоми махсуси ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 116).

Моддаи 26. Мақомоти назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Барои назорати давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Идораи авиатсияи граждании (Департаменти авиатсияи граждании) Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти бозрасӣ таъсис медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Сохтор ва вазифаҳои хадамоти бозрасӣ бо пешниҳоди Идораи авиатсияи граждании (Департаменти авиатсияи граждании) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 27. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти бозрасҳои авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти бозрасҳои авиатсияро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 28. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи бозрасҳои авиатсия ва хадамоти бозрасӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Талаботи бозрасҳои авиатсия ва хадамоти бозрасӣ, ки дар асоси гузаронидани тафтишот ба миён гузошта шудаанд, аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бояд ҳатман иҷро карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ V. КОРМАНДОНИ АВИАТСИЯ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 29. Мафҳуми кормандони авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Шахсоне, ки дорои омодагии махсус ва сертификат (шаҳодатнома) буда, фаъолиятро оид ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ё бехатарии авиатсионӣ, ҳамчунин фаъолиятро оид ба ташкил, иҷро, таъмин ва хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо, корҳои авиатсионӣ, ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ, ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ анҷом медиҳанд, ба кормандони авиатсия мансуб мебошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Феҳристи мансабҳои кормандони авиатсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Кормандони авиатсия аз кормандони авиатсияи давлатӣ ва авиатсияи гражданӣ иборатанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 30. Ба иҷрои фаъолият роҳ додани шахсоне, ки ба кормандони авиатсия мансубанд

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Шахсоне, ки ба кормандони авиатсияи давлатӣ мансубанд, ба иҷрои фаъолият дар сурати доштани шаҳодатнома роҳ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Шахсоне, ки ба ҷумлаи кормандони авиатсияи гражданӣ мансубанд, ба иҷрои фаъолият дар сурати доштани сертификат (шаҳодатнома) роҳ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Талабот нисбати кормандони авиатсияи гражданӣ бо Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Назорати давлатӣ ба фаъолияти кормандони авиатсия аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 31. Дорои эътибор донистани сертификати (шаҳодатномаи) давлати хориҷӣ, ки ба корманди авиатсия дода шудааст

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Сертификати (шаҳодатномаи) давлати хориҷӣ, ки ба корманди авиатсия дода шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарте дорои эътибор дониста мешавад, ки ин сертификат (шаҳодатнома) ба меъёрҳои байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ VI. ҲАЙАТИ ҲАВОПАЙМО

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Моддаи 32. Ҳайати ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳайати ҳавопаймо аз Ҳайати парвозкунанда (командири ҳавопаймо ва дигар шахсони ҳайати парвозкунанда) ва Ҳайати кабина (операторони борт ва роҳбаладони борт) иборат аст. Агар ҳайати парвозкунанда аз ҳайати ҳадди ақали муқарраршуда камтар бошад, ба парвози ҳавопаймо иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳайати ҳавопаймои навъи муайян мутобиқи талаботи истифодабарии ҳавопаймои навъи мазкур дар парвоз муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ба ҳайати парвозкунандаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда метавонанд, агар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 33. Сарнишини ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Сарнишини ҳавопаймо шахсе мебошад, ки сертификати (шаҳодатномаи) амалкунандаи пилот (лётчик), инчунин тайёрӣ ва таҷрибаи зарурири барои идоракунии мустақилонаи навъи муайяни ҳавопаймо дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Сарнишини ҳавопаймо ба кори Ҳайати ҳавопаймо роҳбарӣ мекунад, барои тартибу интизом дар ҳавопаймо ҷавобгар аст, инчунин оид ба таъмини бехатарии одамони дар ҳавопаймобуда, муҳофизати ҳавопаймо ва молу мулки дар он буда тадбирҳои зарурӣ меандешад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 34. Ҳуқуқи сарнишини ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Сарнишини ҳавопаймо ҳуқуқ, дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) дар бораи оғози парвоз, парвоз ва фуруд омадани ҳавопаймо, инчунин оид ба қатъи парвоз ва баргаштан ба аэродром ё доир ба фуруд омадани маҷбури дар сурати таҳдиди ошкоро ба бехатарии парвози ҳавопаймо бо мақсади наҷоти ҳаёти одамон, пешгирии зарар ба муҳити зист қарори ниҳоӣ қабул кунад. Чунин қарорҳо бо дигар кардани нақшаи парвоз, дастурҳои мақоми дахлдори системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ ва супориш барои парвоз бо огоҳонидани ҳатмии мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва аз рӯи имкон мутобиқи қоидаҳои муқарраршудаи парвоз қабул карда шуда метавонанд;

2) бо мақсади таъмини бехатарии парвози ҳавопаймо ба ҳар шахси дар ҳавопаймобуда амр диҳад ва иҷрои онро талаб намояд. Командири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад нисбат ба шахсоне, ки бо кирдори худ барои бехатарии парвози ҳавопаймо таҳдиди бевосита ба вуҷуд меоранд ва аз иҷрои амрҳои командири ҳавопаймо саркашӣ мекунанд, хамаи тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла чораҳои маҷбурсозиро андешад. Баъди расидани ҳавопаймо ба аэродроми наздиктарин, командири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки чунин шахсонро аз ҳавопаймо фарорад ва дар сурати содир намудани кирдоре, ки аломатҳои ҷиноят дорад, онҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад;

3) дар бораи рехтани сӯзишворӣ дар ҷараёни парвоз, партофтани бағоҷ, бор ва муросилот, агар ин амал барои таъмини бехатарии парвози ҳавопаймо ва фуруд омадани он зарур бошад, қарор қабул кунад. Дар сурати мавҷуд набудани хадамоти дахлдори бехатарии авиатсионӣ, сарнишини ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки пеш аз парвоз шахсон ва объектҳои дар моддаи 80 ҳамин Кодекс зикршударо тафтиш намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933);

4) оид ба таъмини анҷоми бехатари парвози ҳавопаймо тадбирҳои дигар андешад.

Дар сурати нишастани маҷбурии ҳавопаймо сарнишини ҳавопаймо ба амали шахсоне, ки дар ҳавопаймо қарор доранд, то ба намояндагони хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймо супоридани салоҳиятҳои худ роҳбарӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 35. Амали Ҳайати ҳавопаймо дар ҳолати фалокат

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Агар ҳавопаймо ба фалокат дучор шуда истода бошад ё гирифтори фалокат гардида бошад, сарнишини ҳавопаймо ва дигар аъзоёни Ҳайати ҳавопаймо ӯҳдадоранд, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамони дар ҳавопаймобуда, инчунин дар бобати таъмини ҳифзи ҳавопаймо ва молу мулки дар он буда тамоми тадбирҳоро андешанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 36. Расонидани кӯмак ба ҳавопаймоҳо ва одамоне, ки дар хатар мебошанд

Сарнишини ҳавопаймое, ки бонги фалокатро аз дигар ҳавопаймои ба фалокат дучоршудаистода ё ба фалокат гирифторшуда қабул кардааст, минтақаи офати экологӣ ё одамони дар хатар қарордоштаро ошкор намудааст, ӯҳдадор аст, ки ба онҳо кӯмак расонад, агар ин амал ба ҳавопаймо, мусофирон ва Ҳайати ба ӯ супоридашуда хатарнок набошад, дар нақша маҳалли (минтақаи) фалокатро қайд намояд ва дар ин бобат ба мақоми хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

БОБИ VII. ҲАВОПАЙМОҲО

Моддаи 37. Ҳавопаймоҳо

Ҳавопаймо - дастгоҳи парвозкунанда мебошад, ки дар атмосфера аз ҳисоби амали дутарафаи ҳавое, ки он аз ҳавои сатҳи замин ва ҳавои сатҳи об фарқ мекунад, нигоҳ дошта мешавад.

Ҳавопаймои босарнишин - ҳавопаймое, ки ҳангоми парвоз аз ҷониби сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315).

Ҳавопаймои бесарнишин - дасттоҳ, ҳавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда парвоз мекунад ва ба таври фосилавӣ идора карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315).

Системаи авиатсионии бесарнишин - ҳавопаймо ва ҷузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315).

Моддаи 38. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии ҳавопаймоҳо

Ҳавопаймоҳое, ки барои иҷрои парвоз таъин шудаанд, бояд бо тартиби зерин аз қайди давлатӣ гузаранд:

ҳавопаймоҳои давлатӣ - бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа;

ҳавопаймоҳои гражданӣ - дар Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани шаҳодатномаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо ё дар Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании давлати хориҷӣ, бо шарти бастани созишнома доир ба нигаҳдории қобилияти парвози онҳо байни давлати истифодабаранда ва давлати бақайдгиранда, аз қайди давлатӣ гузаронида мешаванд. Маълумот дар бораи ҳавопаймоҳои гражданӣ дар сурати доштани сертификат дар бораи қобилияти парвоз (гувоҳномаҳо дар бораи қобили парвоз будан) ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

Тартиб додани Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Регистри давлатии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, вогузор аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳавопаймое, ки ба тартиби муқарраршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ ва ҳисоби давлатӣ гирифта шудааст, дорои мансубияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Маълумот дар бораи ҳавопаймои гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд:

аз ҳисоб баровардани ҳавопаймои гражданӣ ё аз истифода хориҷ кардани он;

фурӯши ҳавопаймои гражданӣ ё мувофиқи дигар асосҳои қонунӣ ба давлати хориҷӣ, инчунин ба шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи моликият ба он, ба шарти баровардани ҳавопаймои гражданӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

вайрон карда шудани талаботи бақайдгирии ҳавопаймои гражданӣ.

Ҳангоми аз Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани маълумот дар бораи ҳавопаймои гражданӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ин ҳавопаймо эътибори худро гум мекунад ва бояд ба мақоме, ки шаҳодатномаи мазкурро додааст, баргардонида шавад.

Қоидаҳои бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии давлатии ҳавопаймоҳо аз тарафи мақоми дахлдори махсуси ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

Қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315).

Хизматрасонӣ дар бобати бақайдгирии давлатии ҳавопаймои гражданӣ пулакӣ мебошад. Андозаи боҷ ва тартиби ситонидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқи молумулки ба ҳавопаймо, маҳдуд гардонидани ҳуқуқи мазкур, пайдо шудани онҳо, гузариш ва қатъ гардидани онҳо, ҳамчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатӣ ва асосҳо барои рад намудани бақайдгирии давлатии ҳавопаймо ва аҳдҳои бо он вобаста мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181).

Дар сурати ба гарав гузоштани ҳавопаймои гражданӣ маълумот дар бораи гарав бояд ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонад бо мақоми ваколатдори давлати дигар шартнома дар бораи додани баъзе ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои давлати бақайдгиранда вобаста ба ҳавопаймое, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба имзо расонад ва дар ин бора Шӯрои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 39. Талаботи қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири фаъолият дар соҳаи авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Талаботи қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист аз таъсири фаъолият дар соҳаи авиатсия (минбаъд - талабот доир ба қобилияти парвоз ва ҳифзи муҳити зист) бо қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва иҷрои онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки дар қабул, истифодабарӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои гражданӣ иштирок мекунанд, ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 40. Иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои давлатӣ ва гражданӣ

Иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа сурат мегирад.

Истифодабарии ҳавопаймоҳои гражданӣ дар сурати мавҷудияти сертификати дар бораи қобилияти парвоз (гувоҳномаҳо дар бораи қобили парвоз будан), ки дар асоси сертификати навъ (шаҳодатнома дар бораи қобили истифода будан) дода шудаанд ва мутобиқати ин ҳавопаймоҳоро бо талабот доир ба қобилияти парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад.

Тартиби додани иҷозати истифодабарии ҳавопаймоҳои гражданӣ аз ҷумла ба шарти кироя, тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 41. Сертификацияи ҳавопаймоҳои гражданӣ

Сертификацияи ҳавопаймоҳои гражданӣ мутобиқи Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талабот ва қоидаҳои гузаштани сертификацияро муқаррар мекунанд, анҷом дода мешавад. Агар дар ҷараёни гузаронидани сертификация муқаррар гардад, ки ҳавопаймоҳои ба сертификация пешниҳодшуда бо талабот доир ба қобилияти парвоз ва ҳифзи муҳити зист мутобиқат доштан ва мувофиқати сохтмони онҳо хамчун сохтмони намунавӣ ба типашон эътироф шудааст, сертификация бо додани сертификат анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Сертификати навъ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре дода мешавад, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст.

Риояи қоидаҳои истифодабарии парвоз ва хизматрасонии техникии ҳавопаймои гражданӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии ҳавопаймои граждании навъи муайян пешбинӣ гардидаанд ва нигаҳдории қобилияти парвози ҳавопайморо таъмин мекунанд, ба зиммаи истифодабаранда вогузор аст.

Ҳангоми аз тарафи истифодабаранда вайрон карда шудани қоидаҳои дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда, инчунин дар сурати ошкор гардидани ҳолати хилофи меъёрҳои бехатари будани ҳавопаймои гражданӣ, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ дорад, ки дар истифодаи ҳавопаймои додашуда маҳдудият ҷорӣ намояд ё истифодаи онро боздорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Назорати давлатӣ ба қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданӣ дар давраи истифодаи онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст, инчунин аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Истифодабарандагон вазифадоранд ба мақоми махсуси ваколатдор, ки ба зиммаи он бо тартиби муқарраршуда ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии ҳавопаймоҳои гражданӣ вогузор гардидааст, маълумот дар бораи ҳолати техникии техникаи авиатсия ва хусусиятҳои истифодабарии он пешниҳод намоянд. Таркиби маълумот ва тартиби пешниҳоди онҳо бо Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳавопаймоҳои граждание, ки дар давлати хориҷӣ истеҳсол шуда, барои истифодабарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд, мутобиқи Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификация гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 42. Аломатҳое, ки ба ҳавопаймо гузошта мешавад

ҳангоми ба Феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани маълумотҳо дар бораи ҳавопаймоҳои гражданӣ ба он ҳавопаймоҳо аломатҳои тафриқаи давлатӣ ва бақайдгирӣ дода шуда, онҳо ба ҳавопаймо нақш карда мешаванд.

Ба ҳавопаймоҳои давлатӣ аломатҳои тафриқаи рақамӣ гузошта мешаванд.

Ба ҳавопаймоҳои таъиноти хизмати тиббӣ-санитарӣ ғайр аз ин тасвири салиби сурх ё ҳилоли аҳмар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ба ҳавопаймоҳои гражданӣ ғайр аз аломатҳои тафриқаи давлатӣ ва бақайдгирӣ бояд тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рамзҳои ба тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташуда нақш карда шаванд.

Тартиби ба ҳавопаймоҳои давлатӣ нақш кардани аломатҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар карда мешавад.

Аломатҳои давлатӣ ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои гражданӣ, инчунин тартиби нақш кардани онҳо ва рамзҳо аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ VIII. АЭРОДРОМҲО, ФУРУДГОҲҲО ВА ИНШООТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Моддаи 43. Аэродром ва фурудгоҳҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Аэродром - қитъаи замин ё сатҳи об бо биноҳо, иншоот ва таҷҳизотест, ки барои парвоз кардан, фуруд омадан, идора кардан ва таваққуфи ҳавопаймоҳо таъин шудааст.

Аэродром ду навъ мешавад: аэродроми авиатсияи давлатӣ ва аэродроми авиатсияи гражданӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Фурудгоҳ - маҷмӯи иншоотест, ки аз аэродром, аэровокзал, дигар иншооте, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ иборат аст ва барои ин мақсадҳо таҷҳизот, кормандони авиатсия ва дигар кормандони заруриро дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Фурудгоҳи байналмилалӣ - фурудгоҳест, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, ки ҳамлу нақли байналмилали ҳавоиро анҷом медиҳанд ва дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ ва дигар навъҳои назорат сурат мегиранд, кушода аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Қарор дар бораи кушодани аэродром барои иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо ё фурудгоҳи байналмилалӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Тартиби кушодан ё бастани аэродром ё фурудгоҳ тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 44. Бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Аэродромҳои авиатсияи давлатӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта, маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи давлатии аэродромҳои авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд. Тартибдиҳии феҳристи мазкур ба зиммаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа вогузор мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, маълумот дар бораи онҳо фақат дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои (шаҳодатномаҳои) қобили истифода будани онҳо мутобиқан ба Феҳристи давлатии аэродромҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Тартибдихии феҳристҳои зикршуда ба зиммаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ вогузор мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Маълумот дар бораи аэродром ё фурудгоҳҳои гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз феҳристҳои дахлдори давлатӣ хориҷ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

вайрон карда шудани талаботи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи гражданӣ ва талаботи таъмини истифодабарии бехатари онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

дар асоси аризаи шахсе, ки аэродром ё фурудгоҳи гражданиро ба қайд гирифтааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Дар сурати аз феҳристҳои дахлдори давлатӣ хориҷ карда шудани маълумот доир ба аэродром ё фурудгоҳ истифодабарии аэродром ё фурудгоҳ боздошта мешавад, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳ эътибори худро гум мекунад ва бояд ба мақоме, ки бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳро анҷом медиҳад, баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи гражданӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқи молумулки ба аэродром ё аэропорт, маҳдуд кардани ин ҳуқуқ ба вуҷуд омадан, гузариш ва қатъи онҳо, ҳамчунин муқаррар намудани тартиби бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба аэродром ё аэропорт ё асос барои рад кардани онҳо ва аҳдҳои ба онҳо вобаста мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 45. Объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

Комплекси биноҳо, иншоот, хатҳои алоқа, инчунин воситаҳо ва системаи заминии хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, навигация ба замин шинондан ва робита, ки барои ташкили ҳаракати ҳавоӣ таъин шудаанд, объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мебошанд.

Номгӯи объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 46. Ҷудо кардани қитъаи замин ё сатҳи об

Ҷудо кардани китъаи замин барои аэродром, аэропорт ё барои объекти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин сурат мегирад.

Ҷудо кардани сатҳи об барои аэродром мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон оид ба об сурат мегирад.

Ҷудо кардани қитъаи замин ё сатҳи об барои аэродром, фурудгоҳ ё объекти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бо назардошти хусусиятҳои экологии маҳал сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 47. Аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва аэродромҳои истифодабарии муштарак

Аэродроми ҷойгиршавии муштарак - аэродромест, ки дар - он ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ якҷоя ҷойгир мешаванд.

Феҳристи аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Аэродроми истифодабарии муштарак - аэродроми авиатсияи давлатист, ки дар он оғози парвоз, фуруд омадан, идоракунӣ ва таваққуфи ҳавопаймоҳои граждание, ки парвозро аз рӯи ҷадвал анҷом медиҳанд, сурат мегирад ва онҳо ҳуқуқ надоранд дар ин аэродром қароргоҳ дошта бошанд. Қарорро дар бораи истифодабарии муштараки аэродроми авиатсияи давлатӣ мақоми махсуси ваколатдоре, ки аэродроми мазкур дар ихтиёри он мебошад, қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Истифодабарии аэродромҳои ҷойгиршавии муштарак ва истифодабарии муштарак дар асоси шартномаҳо сурат мегирад.

Аэродромҳои ҷойгиршавии муштараки ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ ва аэродромҳои истифодабарии муштарак бояд ба талаботе, ки нисбати аэродромҳои гражданӣ пешниҳод карда мешаванд, ҷавоб дода тавонанд.

Моддаи 48. Сохтмон ва азнавсозии аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Сохтмон ва азнавсозии аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ бояд бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 49. Сохтмон дар ҳудуди назди аэродром

Лоиҳакашӣ, сохтмон ва васеъкунии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ва деҳот, ҳамчунин сохтмон ва азнавсозии иншооти саноатӣ, кишоварзӣ ва иншооти дигар дар ҳудуди назди аэродромҳо бояд бо риояи талаботи бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, бо дарназардошти оқибатҳои имконпазири манфии таҷҳизоти аэродром ва парвози ҳавопаймоҳо ба саломатии шаҳрвандон ва фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва бо мувофиқаи соҳиби аэродром анҷом дода шавад.

Моддаи 50. Ҷойгиркунии объектҳои гуногун дар минтақаи аэродром

Дар минтақаи аэродром ҷойгир кардани биноҳо, иншоот, хатҳои алоқа, хатҳои интиқоли барқ, объектҳои радиотехникӣ ва объектҳои дигаре, ки метавонанд ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таҳдид кунанд ё ба кори таҷҳизоти радиотехникие, ки дар аэродром гузошта мешаванд халал расонанд, бояд бо соҳиби аэродром мувофиқа карда шавад ва мутобиқи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.

Ҷойгиркунии хатҳои алоқа ва хатҳои интиқоли барқ, иншооти таъиноти гуногун дар минтақаи амали системаҳои фурудои, дар наздикии объектҳои радиолокация ва радионавигацияи барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо таъиншуда ва ҷойгиркунии объектҳои шуодиҳанда бояд бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ, мақомоти системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 51. Сертификацияи аэродромҳо ва фурудгоҳҳо, инчунин объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳое, ки ба мақсадҳои авиатсияи гражданӣ истифода мешаванд, бояд ҳатман сертификация карда шаванд. Тартиби сертификацияи аэродромҳо ва фурудгоҳҳо, таҷҳизоти онҳо ва номгӯи ин таҷҳизот тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Талабот нисбат ба аэродромҳо ва фурудгоҳҳо тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандон ва шахсонии ҳуқуқие, ки дар лоиҳакашӣ, сохтмон, қабулкунӣ, истифодабарӣ ва таъмири ин аэродромҳо ва аэропортҳо иштирок мекунанд, ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Таҷҳизоти радиотехникӣ, равшанидиҳӣ ва обу ҳавосанҷие, ки дар аэродромҳои гражданӣ, аэродромҳои муштараки ҳавопаймоҳои гражданӣ ва ҳавопаймоҳои давлатӣ ва аэродромҳои истифодабарии муштарак, инчунин объектҳои системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ гузошта шудаанд, бояд ба талаботи қобили истифода будан ҷавобгӯй бошанд, ки он бо сертификати дахлдори қобили истифода будан тасдиқ карда мешавад.

Назорати давлатӣ ба мутобиқати аэродром ва фурудгоҳҳо ба талаботи нисбат ба онҳо пешниҳодшаванда аз тарафи мақоми махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи он ташкил ва гузаронидани сертификацияи ҳатмии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои гражданӣ ба тартиби муқарраршуда вогузор гардидааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 52. Хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродромҳо ва фурудгоҳҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар аэродромҳо ва фурудгоҳҳо, бояд бо шароити якхела таъмин карда шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо метавонанд бинобар шароити техникӣ ё обу ҳаво, ки ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таҳдид мекунанд ё мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва гуселонидан баста бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Аэродромҳо ва фурудгоҳҳо дар замони ҷанг ва (ё) ҳангоми ҷори намудани вазъияти ҳарбӣ, ҳолати фавқулодда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 53. Аломатгузории биноҳо ва иншоот

Соҳибони биноҳо ва иншоот, хатҳои алоқа, хатҳои интиқоли барқ, таҷҳизоти радиотехникӣ ва объектҳои дигар ба мақсади таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо вазифадоранд, ки мутобиқи Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар объектҳои мазкур аз ҳисоби худ аломатҳо ва олотҳои фарқкунанда шинонанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Дар минтақаи аэродромҳо шинондани аломатҳо ва олотҳо, ки ба аломатҳо ва олотҳои фарқкунандаи барои аэродромҳо қабулшуда монанд мебошанд, манъ аст.

БОБИ IХ. КОРХОНАҲОИ АВИАТСИОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 54. Корхонаи авиатсионӣ ва истифодабаранда

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Дар Кодекси мазкур таҳти мафҳуми корхонаи авиатсионӣ шахси ҳуқуқие дар назар дошта мешавад, ки сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти худ, мақсади асосии фаъолияташ ҳамлу нақли пулакии мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилот ва (ё) иҷрои корҳои авиатсионӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Таъсиси корхонаи авиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати сармояи хориҷӣ ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар ҳиссаи ширкати сармояи хориҷӣ аз чилу нӯҳ фоизи сармояи оинномавии корхонаи авиатсионӣ зиёд набуда, роҳбари он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва миқдори шаҳрвандони хориҷӣ дар мақоми роҳбарикунандаи корхонаи ҳавонаварди аз сеяки ҳайати мақоми роҳбарикунанда зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Истифодабаранда - шаҳрванд ё шахси ҳуқуқие мебошад, ки ҳавопайморо бо ҳуқуқи моликият, бо шароити кироя ё бо дигар асоси қонунӣ дар ихтиёр дорад, ҳавопаймои мазкурро барои парвоз истифода мебарад ва сертификати (шаҳодатнома) истифодабаранда дорад.

Ба мақсадҳои авиатсияи давлатӣ истифода шудани ҳавопаймо аз тарафи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи ӯҳдадор намесозад, ки шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи сертификата (шаҳодатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаҳодатнома) дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 55. Фаьолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933)

Корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани ичозатномаҳои мутобиқи моддаи 10 ҳамин Кодекс гирифташуда ҳуқуқ доранд дар соҳаи авиатсия фаъолияти тиҷоратиро иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 56. Фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз тарафи корхонаҳои авиатсияи граждании хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933)

Корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фаъолияти тиҷоратиро иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва (ё) иҷрои корҳои авиатсионӣ корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ бояд ичозатномаҳои дахлдор гиранд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Додани чунин ичозатномаҳо мутобиқи моддаи 10 ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323).

Дар мавриди корхонаи авиатсионии хориҷӣ, сертификати (шаҳодатномаи) истифодабаранда ё санади баробар бо сертификат (шаҳодатнома) дорои эътибор дониста мешавад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ дода шуда он бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, намояндагиҳои худро таъсис диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ ҳуқуқ надоранд, ки (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933):

дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилотро барои ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ҳудуди давлати хориҷӣ қабул намоянд ё онҳоро аз ҳудуди давлати хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон биёранд, ба шарте ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозати якдафъаинае, ки аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933);

дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилотро барои ҳамлу нақли дар доираи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозатҳои мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, қабул намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 57. Тарифҳо ва боҷҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва қоидаҳои фурӯши санадҳои ҳамлу нақл

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933)

Қоидаҳои ташаккул ва истифодаи тарифҳо, ситонидани боҷҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамчунин қоидаҳои фурӯши чиптаҳо, додани борномаҳо ва дигар санадҳои ҳамлу нақли аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Барои интиқолоти ҳавоие, ки мутобиқи шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ) анҷом дода мешавад, метавонанд нархҳои шартномавӣ муқаррар карда шаванд. Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ метавонад барои интиқолоте, ки аз рӯи хатҳои муайяни авиатсионӣ анҷом дода мешавад, бо мақсади ҳифзи интиқолоти мунтазами ҳавоие, ки аз рӯи ҳамин хатҳои авиатсионӣ анҷом дода мешавад, нархҳои ҳадди ақал муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Музди интиқолоти ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот аз тарафи интиқолотдиҳандагон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 58. Назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933)

Назорат ба фаъолияти корхонаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла корхонаҳои авиатсионии хориҷӣ, намояндагиҳои байналмилалии истифодабарӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Хориҷ карда шуд ((Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323).

БОБИ Х. ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО

Моддаи 59. Ба парвози ҳавопаймо иҷозат додан

Ба парвози ҳавопаймое иҷозат дода мешавад, ки аломатҳои давлатӣ ва бақайдгирӣ ё баҳисобгирию фарқкунанда дошта аз тайёрии зарурӣ гузаштааст ва дар борт санадҳои дахлдорро дорад.

Тартиби ба парвози ҳавопаймоҳои давлатӣ иҷозат доданро мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар менамояд.

Тартиби ба парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ иҷозат додан тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 60. Санадҳое, ки дар борти ҳавопаймо мавҷуданд

Ҳавопаймои давлатӣ бояд дар борт санадҳоеро дошта бошад, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа муқаррар карда мешавад.

Ҳар як ҳавопаймои гражданӣ бояд дар борт санадҳои зеринро дошта бошад:

1) санадҳои ҳавопаймо:

шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

сертификати (шаҳодатномаи) истифодабаранда (нусха);

сертификати қобилияти парвоз (шаҳодатнома дар бораи қобили парвоз будан);

китобҳои борт ва санитарӣ;

иҷозат барои дастгоҳи радио, дар сурате ки агар ҳавопаймо бо олоти радиои муҷаҳҳаз бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323);

дастуруламал оид ба истифодабарии парвоз;

2) асноди дахлдор барои ҳар як узви Ҳайат (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

3) асноде, ки аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 61. Ба парвоз омода кардани ҳавопаймо ва Ҳайати он

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Пеш аз парвоз ҳавопаймо ва Ҳайати он бояд омода карда шаванд. Қоидаҳои ба парвоз омода кардани ҳавопаймо ва Ҳайати он ва назорат ба омодагии онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 62. Таъмини парвози ҳавопаймоҳо

Хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ҳамчунин таъминоти метеорологӣ, радиоӣ, барқӣ, равшанӣ, инженерию авиатсионӣ дар аэродром, ҷустуҷӯӣ, садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар навъҳои таъминоти парвози ҳавопаймоҳо бо шартҳои якхела ва пулакӣ сурат мегирад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигаре пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 63. Нақшаи парвози ҳавопаймо

Парвози ҳавопаймо мутобиқи нақшаи парвозе, ки аз тарафи истифодабарандаи фазои ҳавоӣ ба мақоми дахлдори системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ пешниҳод карда мешавад, дар сурати доштани иҷозат барои истифодаи фазои ҳавоӣ амалӣ мегардад, ба истиснои парвози ҳавопаймо, ки ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи ҳавоӣ, пешгирӣ ва қатъи вайронкунии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани кӯмак ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хислати табиӣ ва техногенӣ, ҷустуҷӯ ва ба ҷои дигар расонидани таҷҳизоти кайҳонӣ ва Ҳайатҳои онҳо, пешгирӣ ва (ё) қатъи вайронкунии қоидаҳои истифодаи фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин парвози ҳавопаймо, ки дар минтақаҳои махсуси бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Парвози ҳавопаймо берун аз нақшаи парвоз дар асоси иҷозатномаи мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз), ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 36 ҳамин Кодекс пешбинигардида, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 64. Алоқарадиои бо ҳавопаймо

Ҳавопаймое, ки воситаҳои алоқарадиоӣ дорад ва мақоми дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) вазифадоранд, ки байни худ алоқарадиоӣ дошта бошанд.

Ҳангоми парвоз бо роҳҳои байналмилалии ҳавоӣ дар доираи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои аэродромҳои барои иҷрои парвози байналмилалии кушода, алоқарадиоӣ метавонад бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат гирад. Тартиби анҷом додани алоқарадиоӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 65. Парвози ҳавопаймо аз болои маҳалҳои аҳолинишин

Парвози ҳавопаймо аз болои маҳалҳои аҳолинишин бояд дар баландие иҷро карда шавад, ки дар ҳолати вайрон шудани ҳавопаймо барои берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ё дар майдончаҳои парвозу фурудоии махсус ба ҳамин мақсадҳо пешбинигардида дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин фуруд омадан имкон диҳад. Парвози берун аз ин қоида бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 66. Парвози намоишии ҳавопаймо

Парвози намоишии ҳавопаймо мутобиқи талаботи бехатарии парвози ҳавопаймо, ки аз тарафи мақоми дахлдори махсуси ваколатдор муқаррар шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ташкил ва гузаронидани парвози намоишии ҳавопаймоҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 67. Парвози ҳавопаймои суръати фавқуссадо дошта

Парвози ҳавопаймои суръати фавқуссадо дошта дар баландие иҷозат дода мешавад, ки таъсири хатарноки зарбаи садоро ба муҳити зист истисно намояд. Қоидаҳои иҷрои парвози ҳавопаймо бо суръати фавқуссадо тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 68. Аксбардорӣ, ба наворбаргирӣ ва дигар усулҳои таҳқиқи фосилавии замин аз борти ҳавопаймо

Аксбардорӣ, ба наворбаргирӣ ва дигар усулҳои таҳқиқи фосилавии замин аз борти ҳавопаймо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Моддаи 69. Иҷораи каналҳои алоқа

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба расонидани хизматҳои алоқа ҳуқуқ доранд, барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ва фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ каналҳои зарурии алоқаро дар асоси шартнома ба мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор аз рӯи дархостҳои онҳо ба иҷора медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқа, мақомоти алоқа ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба расонидани хизматҳои алоқа ҳуқуқ доранд, барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ва фаъолияти дигар оид ба истифодаи фазои ҳаво дар навбати аввал додани каналҳои алоқаро таъмин мекунанд ва дар бобати иваз кардани каналҳои алоқа ва дар сурати вайроншавӣ барқарор намудани онҳо тадбирҳои бетаъхир меандешанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 70. Истифодаи воситаҳои алоқаи таъиноти умумӣ

Тартиби истифодаи воситаҳои алоқаи таъиноти умумӣ барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқа бо мувофиқаи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 71. Анҷом додани таъминоти радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи радиои бо онҳо

Барои таъмини радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқаи радиоӣ бо онҳо аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа бо тартиби муқарраршуда басомадҳои радиоие, ки бояд аз халалҳо ҳифз шуда бошанд, ҷудокарда мешаванд.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии дорои таҷҳизот ва олоте, ки ба воситаҳои таъминоти радиотехникии парвози ҳавопаймоҳо ва алоқарадиои бо онҳо халал мерасонанд, вазифадоранд бо талаби мақоми ваколатдори соҳаи алоқа ё воҳидҳои он бо қувва ва аз ҳисоби худ халалҳоро рафъ намоянд ва то рафъ намудани онҳо кори чунин таҷҳизот ва олотро қатъ гардонанд.

БОБИ ХI. ПАРВОЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАВОПАЙМОҲО

Моддаи 72. Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо

Парвози байналмилалии ҳавопаймо - парвози ҳавопаймо дар фазои ҳавоии зиёдатар аз як давлат мебошад.

Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принципҳо ва меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё иҷозатҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, иҷро карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775).

Аломатҳои фарқкунандаи ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ аз тарафи истифодабарандагон то оғози иҷрои парвози байналмилалӣ ба мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа ва мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ хабар дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Барои иҷрои парвози ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳавопаймоҳое, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ, гумрукӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешаванд, истифодабарандагон вазифадоранд, ки ба мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ маълумотро дар бораи суғурта ё таъмини дигари масъулият барои расонидани зарар ба шахсони сеюм ва ҳавопаймоҳо пешниҳод намоянд. Шароити чунин таъминот аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 73. Парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвозҳои байналмилалӣ

Парвоз ва фурудгоҳи ҳавопаймоҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми иҷрои парвоз дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва аэродромҳое, ки барои парвози байналмилалӣ кушодаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 74. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани санадҳои ҳавопаймо, ки дар борти ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷуданд

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Санадҳои ҳавопаймо, ки дар борти ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ мавҷуданд, агар онҳо бо меъёрҳои байналмилалии авиатсионие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, мутобиқ бошанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳавопаймоҳои граждании давлатҳои хориҷӣ ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадан мумкин аст мавриди муоина ва тафтиши санадҳои ҳавопаймо, ки аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор сурат мегирад, қарор гиранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Дар ҳолатҳое, ки агар дар борти ҳавопаймои граждании давлати хориҷӣ санадҳои барои парвози байналмилалии муқарраршуда мавҷуд набошанд ва барои ғайрифаъол донистани ҳавопаймои мазкур асосҳо вуҷуд дошта бошанд, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ метавонад парвоз карда рафтани чунин ҳавопайморо боздорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 75. Истифодаи қоидаҳои шиноснома, гумрук ва қоидаҳои дигар ҳангоми иҷрои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо

Ба ҳавопаймоҳо, Ҳайатҳои онҳо ва мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд ва ба таври транзит бо нишастан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, инчунин ба молу мулк, бағоҷ, борҳо ва муросилоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешаванд, амали қоидаҳои шиноснома, гумрук ва қоидаҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 75(1). Пешниҳоди маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони ҳавопаймо ва дигар маълумот дар бораи ҳамлу нақли мусофирон

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Ҳамлу нақлдиҳандагон дар бораи мусофироне, ки воридшавиашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлати таъинот ё транзит рад карда мешавад, фиристонидани маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони ҳавопаймоҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз он беруншаванда, инчунин тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар маълумотро дар бораи ҳамлу нақли мусофирон ба системаҳои иттилоотии мақоми махсуси соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалии мусофирон, инчунин ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки давлатҳои сафар, таъинот ё транзит мебошанд, таъмин менамоянд.

Тартиби иттилоотонӣ дар бораи мусофирони вурудашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон радшаванда ба ҳамлу нақлдиҳандагоне, ки ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалии мусофиронро амалӣ менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ ХII. БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 76. Бехатарии авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Бехатарии авиатсия - ҳолати ҳифзи авиатсия аз даҳолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсия мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Бехатарии авиатсия аз тарафи хадамоти бехатарии авиатсионии аэродромҳо ё фурудгоҳҳо, ҷузъу томҳои ҳарбикунонидашудаи муҳофизати аэродромҳо ё фурудгоҳҳо, хадамоти бехатарии авиатсионии истифодабарандагон (корхонаҳои авиатсионӣ), инчунин мақомоти махсуси ваколатдоре, ки ба онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқ дода шудааст, таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Хадамоти бехатарии авиатсионии аэродромҳо ё фурудгоҳҳо ва хадамоти бехатарии авиатсионии истифодабарандагон (корхонаҳои авиатсионӣ) хадамоте мебошанд, ки вазифаҳои махсуси оинномавӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсия - амали (беамалии) зиддиҳуқуқие мебошанд, ки ба фаъолияти бехатарии соҳаи авиатсия таҳдид намуда, боиси ҳодисаҳои нохуш бо одамон, зарари моддӣ, рабудан ё дуздидани ҳавопаймо шудаанд ё таҳдиди рӯй додани чунин оқибатҳоро ба вуҷуд овардаанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 77. Таъмини бехатарии авиатсия

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Шахсоне, ки қабул, гуселонидан ё хизматрасонии ҳавопайморо анҷом медиҳанд, вазифадоранд, ки оид ба таъмини бехатарии авиатсия тадбирҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Бехатарии авиатсия бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933):

1) пешгирии дохил шудани шахсони бегона ва воситаҳои нақлиёт ба минтақаи таҳти назорати фурудгоҳ ё аэродром (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) муҳофизати ҳавопаймоҳо дар истгоҳҳо бо мақсади роҳ надодан ба дохилшавии шахсони бегона ба хавопаймоҳо;

3) роҳ надодан ба ҳамлу нақли ғайриқонунии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, радиоактивӣ, заҳролудкунанда, зуд оташгиранда ва дигар ашьёву моддаҳои хавфнок ва ҷорӣ намудани чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми иҷозатдиҳии интиқоли онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 22.07.2013 № 978);

4) муоинаи пеш аз парвоз;

5) маҳдуд намудани имконияти дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315);

6) татбиқи чораҳои муқобилият дар мавриди дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолият дар соҳаи авиатсия ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла тадбирҳое, ки бо ширкати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки талаботи бехатарии авиатсияро вайрон кардаанд, инчунин бағоҷ, борҳо ва муросилотеро, ки ашьё ва моддаҳои барои ҳамлу нақли ҳавои манъшуда доранд, барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридан боздошт намоянд ва дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофирон, аъзои Ҳайати ҳавопаймо ё дигар шаҳрвандон хатар таҳдид мекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо бинанд. Ба кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта гаштан ва истифодаи силоҳи хизматӣ иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 22.07.2013 № 978, аз 24.12.2022 № 1933).

Талаботи бехатарии авиатсия ва тартиби иҷрои онҳо тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 78. Муоинаи пеш аз парвоз

Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон ва аъзои Ҳайати ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳавопаймо, захираҳои борти он, аъзои Ҳайат, мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд, инчунин борҳо ва муросилот бояд аз муоинаи ҳатмӣ гузаронида шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Муоинаи пеш аз парвози мусофирон, бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд, дар майдони ҳавоӣ ё дар ҳавопаймо аз тарафи шахсони ваколатдори хадамоти бехатарии авиатсионӣ анҷом дода мешавад. Ба иштирок дар муоинаи пеш аз парвоз метавонанд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт ҷалб карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз имконияти азназаргузарониро ҳангоми анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҷиноятӣ-мурофиавӣ ва фаъолияти дигар аз ҷониби шахсони ваколатдор (бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно намекунад.

Ҳангоми иҷрои парвози байналмилали ҳавопаймоҳо муоинаи пеш аз парвоз баъди анҷом ёфтани назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ, муҳоҷирӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва назорати дигар сурат мегирад.

Дар ҳолати аз муоинаи пеш аз парвоз саркашӣ кардани мусофири ҳавопаймо шартнома дар бораи ҳамлу нақли ҳавои бекоршуда дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Қоидаҳои гузаронидани муоинаи пеш аз парвоз тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ ХIII. ҶУСТУҶӮ ВА НАҶОТДИҲӢ

Моддаи 79. Ҳавопаймое, ки ба фалокат дучор шуда истодааст ё ба фалокат гирифтор шудааст

Хавопаймо вақте ба фалокат дучор шудаистода дониста мешавад, ки агар ба чунин ҳавопаймо ё шахсони дар борти он қарордошта хатаре таҳдид мекунад, ки он дар натиҷаи амалҳои аъзои Ҳайат бартараф шуда наметавонад ё ҳавопаймое, ки алоқа бо он канда шудааст ва дар куҷо будани он маълум нест (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳавопаймое бафалокат гирифторшуда дониста мешавад, ки он ҳангоми идоракунӣ, оғози парвоз, парвоз, фурудои ё дар натиҷаи афтидан осеби ҷиддӣ дидааст ё пурра хароб шудааст, ҳамчунин ҳавопаймое, ки берун аз аэродром маҷбуран ба замин фаромадааст.

Ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда бояд фавран ҷустуҷӯ карда ва наҷот дода шаванд.

Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии ҳавопаймои бесарнишини ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшударо соҳибмулки он ташкил ва амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1315).

Моддаи 80. Бонги фалокат

Барои сари вақт расонидани кӯмак ба ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайатҳои онҳо бонгҳои ягонаи байналмилалии фалокат, фаврӣ будан ва огоҳи аз хатар (минбаъд - бонги фалокат) истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Номгӯи воситаҳои техникие, ки бояд ҳатман дар ҳавопаймоҳо барои додани бонги фалокат шинонда шаванд, тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 81. Ҷустуҷӯ ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайатҳои онҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҷустуҷӯ ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайатҳои онҳоро мақомоти дахлдори махсуси ваколатдор бо ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда вазифаҳои ташкил ва таъмини хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ вогузор гардидаанд, ташкил мекунанд ва анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Корхонаҳои авиатсионӣ ба таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ва гузаронидани онҳо ҷалб карда шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Номгӯи чунин корхонаҳои авиатсионӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа бо мувофиқаи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Корхонаҳои авиатсионие, ки ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда мешаванд, вазифадоранд, ки нерӯҳо ва воситаҳои ҷустуҷӯи ва садамавию наҷотдиҳиро дар ҳолати омодагии доими нигоҳ доранд. Хароҷоти корхонаҳои авиатсионӣ барои таъминоти нерӯҳо ва воситаҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ва иштирок дар таъмини онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Парвози ҳавопаймоҳое, ки бо воситаҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ таъмин нашудаанд, манъ аст.

Тартиби ҷалб намудани корхонаҳои авиатсионӣ ба гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, ҷуброни хароҷот барои иҷрои ин корҳо, таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳии парвоз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 82. Таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ

Ҷустуҷӯ ва наҷот додани мусофирон ва Ҳайатҳои ҳавопаймоҳое, ки ба фалокат дучор шуда истодаанд ё ба фалокат гирифтор шудаанд, бепул мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Аз ҷои фалокат ба ҷои дигар бурдани ҳавопаймое, ки ба фалокат гирифтор шудааст, бо қувваи истифодабаранда ё дигар қувваҳо аз ҳисоби маблағҳои истифодабаранда анҷом дода мешавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин корхонаҳои авиатсионӣ вазифадоранд, ки дар ташкили ҷустуҷӯи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда иштирок намоянд ва то омадани нерӯҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ оид ба наҷотдиҳии одамон, расонидани кӯмаки тиббӣ ба онҳо, кӯмаки дигар, муҳофизати ҳавопаймои мазкур ва санадхою молу мулки дар борти он мавҷуда тадбирҳои бетаъхир андешанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ доранд, ки барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ шахсони ҳуқуқиро ба шарти ҷуброни хароҷоти онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷалб намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ба мусофирон ва Ҳайатҳои ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшудаи давлатҳои хориҷӣ бо шароити баробар ба мусофирон ва Ҳайатҳои ҳавопаймоҳои ба фалокат гирифторшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 83. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва минтақаи аэродром

Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва минтақаи аэродром бо қувваи соҳиби аэродром ё фурудгоҳ анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 84. Ҷустуҷӯ ва наҷот додани ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайатҳои онҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775аз 24.12.2022 № 1933)

Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайати он дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо тартибе, ки дар ҳамон давлат муқаррар шудааст ва бо риояи принципҳо ва меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 85. Хабарҳо дар бораи ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда

Хабарҳо дар бораи ҳавопаймоҳои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда ба хабарҳое мансубанд, ки категорияи афзалияти мутлақ доранд. Шахсони ҳуқуқие, ки воситаҳои алоқа доранд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки воситаи алоқаро барои тариқи фаврӣ додани хабар дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда пешниҳод намоянд ё чунин хабарро худашон диҳанд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки ба пешниҳоди хизматрасонии алоқа ҳуқуқ доранд, бояд фаврӣ додани чунин хабарро таъмин намоянд.

Барои додани хабари аввал дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад. Музди мухобироти байнишаҳрии телефонӣ дар бораи расонидани кӯмак ба ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайати он мутобиқи тарифҳо барои хизматрасонии умумии алоқа пардохта мешавад; музди хабарҳое, ки бо телеграф дода мешаванд, - мутобиқи тарифи барои фиристодани хабари фаврӣ муқарраршуда пардохта мешавад. Барои мухобироти байнишаҳрии телефонӣ бо мақсади додани хабар дар бораи ҳавопаймои ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшуда музд ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 86. Хабардоркунӣ дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда

Командири ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда ё дигар узви Ҳайати ин ҳавопаймо, инчунин дигар шаҳрванде, ки дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар дорад, вазифадоранд, ки фавран дар ин бобат ба мақоми наздиктарини худидораи маҳаллӣ, ташкилот ё қисми ҳарбӣ хабар диҳанд. Мақоми мазкур, ташкилот ё қисми ҳарбӣ дар навбати худ вазифадоранд, ки дар барои ҳодисаи рӯйдода корхонаи дахлдори авиатсионӣ ё мақоми махсуси ваколатдори соҳаи мудофиа, мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданиро хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Шахсони мансабдори корхонаи авиатсионӣ, ки дар бораи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда хабар доранд, вазифадоранд, ки дар ин бора мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданиро хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 87. Қатъ намудани ҷустуҷӯи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайати он

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Дар ҳолате ки агар тамоми тадбирҳои дар бораи ҷустуҷӯи ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, мусофирон ва Ҳайати он андешидашуда натиҷае набахшанд, қарор дар бораи қатъ намудани ҷустуҷӯи ин ҳавопайморо мақоми махсуси ваколатдоре, ки бақайдгирии давлатӣ ё баҳисобгирии давлатии ҳавопаймои мазкурро анҷом додааст, қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Қарор дар бораи қатъ намудани ҷустуҷӯи ҳавопаймои давлатии ба фалокат гирифторшудаи давлати хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор дар соҳаи мудофиа, дар бораи ҳавопаймои граждании ба фалокат гирифторшудаи давлати хориҷӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳавопаймои ба фалокат гирифторшудае, ки ҷустуҷӯи он расман қатъ гаштааст, бедарак ғоибшуда дониста мешавад.

БОБИ ХIV. ТАҲҚИҚИ ҲОДИСА Ё ВОҚЕАИ АВИАТСИОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 88. Мақсад ва тартиби таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Ҳодиса ё воқеаи авиатсионие, ки бо ҳавопаймои давлатӣ ё граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳавопаймои давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯй додааст, бояд ҳатман таҳқиқ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ муқаррар намудани сабабҳои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ва дидани чораҳо барои пешгирии онҳо дар оянда мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Муқаррар намудани гуноҳ ва масъулияти ягон шахс мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ намебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Таҳқиқот, дараҷабандӣ ва баҳисобгирии ҳодиса ё воқеавии авиатсионӣ аз тарафи мақомоти махсуси ваколатдоре, ки ба зиммаи онҳо чунин ваколатҳо мутобиқан дар соҳаҳои авиатсияи давлатӣ ва гражданӣ вогузор гардидаанд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Гузаронидани таҳқиқот, дараҷабандӣ ва баҳисобгирии ҳодисаҳо ё воқеаҳои авиатсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 89. Ваколатҳои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ аз тарафи комиссия таҳқиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ҳуқуқ дорад, ки (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933):

1) барои муайян кардани ҳолатҳои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ба борти ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда бемамониат дохил шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

2) ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, қисмҳои таркибии он, молу мулки дар борти ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда мавҷуда ё молу мулки ба ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ аз берун ҷалбшуда, сарфи назар аз мансубияти ин молу мулк, ҳамчунин воситаҳо ва объектҳои таъмини парвози ҳавопаймоҳоро муоина намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933);

3) ба шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият гузаронидани таҳқиқот ва корҳои вобаста ба таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсиониро супорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

4) барои халли масъалаҳое, ки дониши соҳаҳои дахлдори илм ва техникаро тақозо мекунанд, кормандони ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият ҷалб намояд;

5) шоҳидони ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ, шахсоне, ки ба ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ муносибат доранд ё дошта метавонанд, бозпурсӣ кунад, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти заруриро гирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

6) ҳамаи масьалаҳои истифодабарӣ ва таъмири ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, тайёрии шахсон аз ҷумлаи кормандони авиатсия, ташкили ҳаракати ҳавоӣ, иҷро ва таъмини парвози ҳавопаймоҳоро омӯзад; аз мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, ҳамчунин аз шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар бораи масъалаҳои марбут ба ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ санадҳо ва маводро дархост намояд ва гирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933):

7) таҳқиқи ҳолати рӯҳию физиологии аъзои Ҳайати ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, инчунин шахсони дахлдорро аз ҷумлаи кормандони авиатсия гузаронад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Аъзои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ, ҳамчунин шахсоне, ки барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ҷалб карда мешаванд, дар сурати пешниҳод кардани гувоҳномаи сафари хизмати барои бенавбат гирифтани чипта ба нақлиёти истифодаи умум ҳангоми рафтан ба ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ё рафтуомад бо мақсади таҳқиқ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 90. Нигаҳдории далелҳои моддӣ

Аъзои Ҳайати ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, шаҳрвандони дигар, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот то омадани комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ бояд дар бобати таъмини нигаҳдории ҳавопаймои ба фалокат гирифторшуда, қисмҳои таркиби ва шикастапораҳои он, воситаҳои назорати объективии борт ва заминӣ, ашьёи дар борти ин ҳавопаймо мавҷуда ё ашьёе, ки ба ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ аз берун ҷалб шудаанд, ҳамчунин санадҳое, ки ба истифодабарӣ ва таъмири ин ҳавопаймо ва таъмини парвози он мансубанд, тамоми тадбирҳои имконпазирро андешанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Шахсоне, ки дар қасдан пинҳон кардани ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ, маълумот дар бораи онҳо, инчунин дар таҳрифи маълумот, вайрон ё нобуд кардани воситаҳои назорати объективии борт ва заминии марбут ба ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ва далели моддӣ гунаҳгоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 91. Таъмини корҳо дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти онҳо, фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ вазифадоранд, ки ба комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ҳамаҷониба кӯмак расонанд, аз ҷумла ба ихтиёри комиссия қувва ва воситаҳои заруриро ҷудо намоянд, дар бобати таъмини муҳофизати ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ, фароҳам овардани шароити бехатар барои кор дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ тадбирҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои аъзои комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ва мутахассисоне, ки барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ҷалб карда мешаванд, ҳамаи шароити заруриро ҷиҳати гузаронидани корҳо дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ фароҳам меоранд, аз ҷумла бо либос, пойафзол, воситаҳои зарурии ҳифзи инфиродӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, асбобҳои зарурӣ, маводи масрафӣ, ҷои истиқомат ва хӯрок таъмин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Корҳое, ки дар ҷои ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ ба мақсади таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ гузаронида мешаванд, бо корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавкулодда баробар мебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 92. Маблағгузории корҳои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Хароҷоти таъмини кори комиссияи таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва барои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи бо ҳавопаймои гражданӣ рӯйдода, ғайр аз ин бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ бо ҷуброни минбаъдаи ин маблағҳо аз ҳисоби гунаҳгорон ба тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Тартиби маблағгузории корҳои таҳқиқи ҳодиса ё воқеаи авиатсионӣ аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи молия муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ ХV. ҲАМЛУ НАҚЛИ ҲАВОӢЌ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Моддаи 93. Ҳамлунақлдиҳанда

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлунақлдиҳанда он истифодабарандае мебошад, ки ичозатнома барои анҷом додани интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот дар асоси шартномаҳои ҳамлу нақли ҳавои дорад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 323, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 94. Ҳамлу нақли ҳавоӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ - интиқоли ҳавоиест, ки дар вақти иҷрои он нуқтаи фиристодан, нуқтаи таъинот ва ҳамаи нуқтаҳои нишаст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ - ҳамлу нақли ҳавоиест, ки нуқтаи фиристодан ва нуқтаи таъинот (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

мутобиқан дар ҳудудҳои ду давлат (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

дар ҳудуди як давлат, агар нуқтаи (нуқтаҳои) нишаст дар ҳудуди давлати дигар пешбинӣ шуда бошад, воқеъ гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 95. Иҷрои қоидаҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлунақлдиҳандагон ҳангоми иҷрои ҳамлу нақли ҳавоӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои умумии ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ ва борҳо ва талаботро оиди хизматрасонии мусофирон, борфиристодагон, боргирандагон, ки тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳамлунақлдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки қоидаҳои интиқолоти худро муқаррар намоянд. Ин қоидаҳо набояд ба қоидаҳои умумии ҳамлу нақли ҳавои мухолифат дошта бошанд ва набояд сатҳи хизматрасониро ба мусофирон, борфиристонандагон ва боргирандагон паст намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Қоидаҳои ҳамлу нақли ҳавоии муросилот бояд бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқаи муросилот мувофиқа карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 96. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор. Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир интиқолдиҳанда вазифадор аст мусофири ҳавопайморо ба нуқтаи таъиншуда бо пешниҳоди ҷои дар ҳавопаймое, ки мувофиқи хатти ҳаракати дар чипта зикршуда ҳаракат мекунад, расонад ва ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии бағоҷи мусофир, инчунин ин бағоҷро ба нуқтаи таъиншуда расонад ва ба мусофир ё шахси ба гирифтани бағоҷ ваколатдор онро супорад. Мӯҳлати расонидани мусофир ва бағоҷ тавассути қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраргардида муайян карда мешавад. Мусофири ҳавопаймо вазифадор мешавад, ки музди ҳамлу нақлиро супорад ва дар сурати мавҷуд будани бағоҷе, ки аз меъёри аз тарафи ҳамлу нақлидиҳанда муқарраршудаи интиқоли бепули бағоҷ зиёд аст, музди ҳамлу нақли ин бағоҷро низ пардозад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё мувофиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор мешавад, ки бор ё муросилоти ба вай супоридаи борфиристандаро ба нуқтаи таъиншуда расонад ва онҳоро ба шахси барои гирифтани бор ё муросилот ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда вазифадор мешавад, ки музди ҳамлу нақли ҳавоии бор ё муросилотро пардозад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 97. Шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ)

Мувофиқи шартномаи кирояи ҳавопаймо (чартери ҳавоӣ) як тараф (кироядиҳанда) вазифадор мешавад, ки ба тарафи дигар (кироягиранда) барои иҷрои як ё якчанд парвоз як ё якчанд ҳавопаймо ё як қисми ҳавопайморо барои ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо ё муросилот ба ивази музд пешниҳод намояд. Иҷрои ҳамлу нақли ҳавоии кироя бо хамин Кодекс танзим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 98. Санадҳои ҳамлу нақл

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот мутобиқан бо чипта, бағоҷнома, борномаи бор ё муросилот тасдиқ карда мешаванд. Шаклҳои чипта, бағоҷнома ва борнома аз тарафи мақоми махсуси ваколатдор дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Шаклҳои борномаи муросилот аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори соҳаи алоқаи муросилот якҷоя бо мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 99. Хизматрасонӣ ва имтиёзоте, ки ба мусофирони ҳавопаймоҳо пешниҳод карда мешаванд

Ҳамлунақлдиҳанда вазифадор аст, ки хизматрасонии мусофирони ҳавопаймоҳоро ташкил намояд, онҳоро бо маълумоти аниқ ва саривақти дар бораи ҳаракати ҳавопаймоҳо ва хизматрасонии пешниҳодшаванда таъмин кунад. Зимнан пардохти хизматрасонӣ ва пардохти ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар асоси тарифҳо барои ҳамлу нақли дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Мусофири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки:

1) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлидиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ бо шартҳои имтиёзнок рафтуомад кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) дар ҳудуди меъёри муқарраршуда бағоҷи худро бепул ҳамлу нақл диҳад. Меъёрҳои ҳамлу нақли бепули бағоҷ, аз ҷумла ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, вобаста ба навъи ҳавопаймо муқаррар карда мешаванд ва наметавонанд камтар аз бист килограмм барои як мусофир бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

3) ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ - мутобиқи тарифи имтиёзнок хамроҳи худ як тифли на калонтар аз панҷсоларо ва дар мавриди интиқоли ҳавоии дохили кишвар як кӯдаки на калонтар аз панҷсоларо бе ҷои алоҳида бепул барад. Дигар кӯдакони на калонтар аз панҷсола ва дар мавриди интиқоли ҳавоии дохили кишвар, инчунин кӯдакони аз панҷ то дувоздаҳсола мутобиқи тарифи имтиёзнок бо пешниҳоди ҷои алоҳида бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 116, аз 26.12.2011 № 775);

4) аз хизматрасонии утоқи истироҳат, утоқи модар ва кӯдак, инчунин ҷои дар меҳмонҳона ҳангоми ба вуҷуд омадани танаффус дар ҳамлу нақли ҳавоӣ бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда ё ҳангоми маҷбуран ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо ва (ё) ҳангоми парвоз дер мондан бепул истифода барад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Мусофирони дигарро, ки ҳуқуқи бепул ё мутобиқи тарифи имтиёзнок бо ҳавопаймо сафар карданро доранд, танҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тартиби ба мусофирони ҳавопаймоҳо пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва имтиёзот тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Корхонаҳои авиатсионӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби худ барои категорияи алоҳидаи шаҳрвандон имтиёзҳо муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 100. Бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

ҳамлу нақлидиҳанда дар ҳолатҳои зерин метавонад, ки шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии борро ба тарзи якҷониба бекор намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) аз тарафи мусофир, соҳиби бор, борфиристонанда вайрон карда шудани талаботи шиносномавӣ, гумрукӣ, санитарӣ ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳамлу нақли ҳавоӣ ва ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ инчунин қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ парвоз, таъинот ё транзит муайян карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) саркашӣ кардани мусофир, соҳиби бор, борфиристанда аз иҷрои талаботе, ки ба ӯ тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

3) агар вазъи саломатии мусофири ҳавопаймо шароити махсуси ҳамлу нақли ҳавоиро такозо намояд ё ба бехатарии худи мусофир ё дигар шахсон таҳдид намояд, ки ин ҳолат бо санадҳои тиббӣ тасдиқ гардад, инчунин барои дигар шахсон бетартибӣ ва нороҳатии рафънашаванда ба вуҷуд орад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

4) саркашӣ кардани мусофири ҳавопаймо аз пардохти музди ҳамлу нақли бағоҷи худ, ки вазни он аз меъёрҳои муқарраршудаи ҳамлу нақли бепули бағоҷ зиёд аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

5) саркашӣ кардани мусофири ҳавопаймо аз пардохти музди ҳамлу нақли кӯдаке, ки ҳамроҳи ӯ меравад, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 қисми дуюми моддаи 99 ҳамин Кодекс пешбинигардида;

6) аз тарафи мусофири ҳавопаймо вайрон карда шудани қоидаҳои рафтор дар борти ҳавопаймо, ки ин ба бехатарии парвози ҳавопаймо ё ба ҳаёт ва саломатии дигар шахсон таҳдид мекунад, инчунин аз тарафи мусофири ҳавопаймо иҷро накардани дастурҳои сарнишини ҳавопаймо, ки мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс пешниҳод шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

7) дар ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, инчунин дар бағоҷ, бор мавҷуд будани ашё ё моддаҳои барои ҳамлу нақли ҳавои манъшуда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775) (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933);

8) агар воридшавии мусофир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар манъ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Дар сурати бо ташаббуси ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор ба мусофир, соҳиби бор ва борфиристанда маблағе, ки барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохта шудааст баргардонида мешавад, ба истиснои ҳолати дар банди 6 қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардида. Дар ҳолате, ки дар банди 6 қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, маблағи барои интиқоли ҳавои пардохташуда ба мусофири ҳавопаймо баргардонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 101. Бо ташаббуси мусофири ҳавопаймо қатъ гардидани амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Мусофири ҳавопаймо ҳуқуқ дорад, ки аз парвоз даст кашад ва дар ин бобат ҳамлу нақлдиҳандаро на дертар аз бистучор соат пеш аз парвози ҳавопаймо огоҳ намояд, ба шарте, ки бо қоидаҳои дар бораи интиқоли ҳавои муқаррарнамудаи ҳамлу нақлдиҳанда мӯҳлати имтиёзнок ва баргашта гирифтани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавои пардохташуда муайян нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Дар сурати аз парвоз даст кашидани мусофири ҳавопаймо дертар аз мӯҳлати муқарраршуда мусофир ҳуқуқ дорад, ки маблағи барои ҳамлу нақли ҳавои пардохташударо бо нигоҳ доштани хироҷ ки андозаи он наметавонад аз даҳ фоизи маблағи барои ҳамлу нақли ҳавои пардохташуда зиёдтар бошад, баргашта гирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Ҳамлу нақлдиҳанда ӯҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад ва ҳолати мазкурро дар шартнома дарҷ намояд.

Дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, инчунин дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда, ки Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ба мусофир маблағи пардохт барои ҳамлу нақли ҳавоӣ, аз ҷумла маблағи пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 102. Мӯҳлати расонидани бор

ҳамлунақлдиҳанда вазифадор аст, ки бори барои ҳамлу нақли ҳавои қабулшударо дар мӯҳлати муқарраршуда ба нуқтаи таъиншуда расонад. Мӯҳлати расонидани бор тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ муайян карда мешавад, агар дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор таври дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 103. Тағйир додани шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Борфиристанда ҳуқуқ дорад, ки ба тартиби дар Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи интиқолоти ҳавои бори барои ҳамлу нақл супордашударо то фиристодани он баргашта гирад, дар борнома боргирандаро то ба шахси ваколатдор супорида шудани бор тағйир диҳад, дар сурати борро қабул накардани боргиранда ё ғайриимкон будани супоридани он ба боргиранда борро ихтиёрдори намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Дар сурати тағйир ёфтани шароити ҳамлу нақли ҳавоӣ, ки дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинӣ шудаанд, ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки дар ин бобат борфиристанда ё боргирандаро хабардор кунад ё дастури онҳоро дар мавриди ин бор дархост намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 104. Гирифтани бор дар нуқтаи таъиншуда

ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст боргирандаро доир ба расидани бор дар мӯҳлатҳое, ки дар Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қоидаҳои аз тарафи интиқолдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақл хабардор намояд, агар дар шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор таври дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Боргиранда вазифадор аст, ки борро қабул намояд ва кашонад. Боргиранда ҳуқуқ дорад аз қабули бори осебдида ё вайроншуда даст кашад, агар муқаррар гардад, ки сифати бор то ба дараҷаи ғайриимкон будани истифодаи пурра ва (ё) ҷузъии он мутобиқи таъиноти аввали тағйир ёфтааст.

Моддаи 105. Нагирифтани бор

Агар боргиранда бори расидаро дар мӯҳлате, ки дар Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинӣ шудааст, нагирад ё аз қабули он даст кашад, интиқолдиҳанда вазифадор аст, ки дар ин бора борфиристандаро хабардор намояд, борро дар ихтиёри худ аз ҳисоби борфиристанда ва бо таваккали ӯ нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Боре, ки дар мӯҳлати дар Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои аз тарафи ҳамлу нақлдиҳанда муқарраршудаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор пешбинигардида гирифта нашудааст, дархостнашуда дониста мешавад ва бо тартиби муайяннамудаи Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 24.12.2022 № 1933).

Нигоҳдории боре, ки бояд аз назорати гумрукӣ гузаронида шавад ва ихтиёрдории он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 106. ҳамлу нақли ҳавоии борҳои хатарнок

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлу нақли ҳавоии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, ашё ва моддаҳои заҳролудкунанда, зуд оташгиранда, радиоактивӣ ва дигар ашёву моддаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775, аз 22.07.2013 № 978, аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ ХVI. КОРҲОИ АВИАТСИОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Моддаи 107. Корҳои авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Корҳои авиатсионӣ - корҳое мебошанд, ки бо истифодаи парвози ҳавопаймоҳо дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат, расонидани кӯмаки тиббӣ ва мақсадҳои дигар анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Қоидаҳои умумии иҷрои корҳои авиатсионӣ ва қоидаҳои иҷрои навъҳои муайяни корҳои авиатсионӣ тавассути Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки шароити иҷрои корҳои авиатсионӣ ва маҳдудиятҳоро дар иҷрои онҳо вобаста ба мушаххасоти экологии ҳудуди дахлдор ё низоми махсуси дар ин ҳудуд қарор доштани воситаҳои нақлиёт ва одамон муқаррар намоянд. Ба мувофиқа расонидани шароит ва маҳдудиятҳои мазкур ба зиммаи фармоишгири корҳои авиатсионӣ вогузор мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 108. Шартнома дар бораи иҷрои корҳои авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Мувофиқи шартнома дар бораи иҷрои корҳои авиатсионӣ пудратчӣ (истифодабаранда) вазифадор мешавад, ки барои фармоишгар корҳои авиатсиониро бо тартиб, дар мӯҳлат, бо ҳаҷм ва дар шароити дар ин шартнома пешбинигардида иҷро намояд. Фармоишгар вазифадор аст, ки ҳаҷми корҳои авиатсиониро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, пешниҳод намояд ва музди корҳои авиатсиониро пардозад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Дар шартномаи иҷрои корҳои авиатсионӣ бояд инчунин инҳо пешбинӣ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933):

тартиби истифода ва дар ҳолати истифодабари нигоҳ доштани аэродромҳо, майдонҳои нишаст ва таҷҳизоти онҳо;

ба вуҷуд овардани шароити зарурии зиндагию маишӣ барои истирохати аъзои Ҳайатҳои ҳавопаймоҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

дигар шароити таъмини иҷрои корҳои авиатсионӣ бо дарназардошти мушаххасоти онҳо (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Тарифҳои иҷрои корҳои авиатсионӣ дар асоси шартнома муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ ХVII. МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛУНАҚЛДИҲАНДА, ИСТИФОДАБАРАНДА ВА БОРФИРИСТАНДА

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Моддаи 109. Асосҳои умумии масъулият

Ҳамлунақлдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо ва соҳиби бор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии муросилот масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Истифодабаранда вазифадор аст, ки зарари ҳангоми истифодабарии ҳавопаймо расонидашударо, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қувваи бартарафнашаванда ё ғарази ҷабрдида ба вуҷуд омадааст, ҷуброн намояд.

Ҳамлунақлдиҳанда, мусофир, борфиристанда ва боргиранда барои вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, асъорӣ, санитарӣ, карантинӣ ва қоидаҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 110. Масъулияти ҳамлунақлдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Масъулияти ҳамлунақлдиҳанда барои зараре, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ҳаёт ё саломатии мусофири ҳавопаймо расонида шудааст, агар дар қонун ё шартномаи интиқоли ҳавоии мусофир андозаи баландтари масъулият пешбинӣ нашуда бошад, мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Мувофиқи ии модда ҳамлу нақли ҳавоии мусофир давраи аз лаҳзаи муоинаи пеш аз парвози мусофири ҳавопаймо барои саворшавӣ ба ҳавопаймо то лаҳзае, ки мусофири ҳавопаймо зери назорати шахсони масъули ҳамлунақлдиҳанда аэродромро тарк менамояд, дарбар мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 111. Масъулияти ҳамлунақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, ҳамчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлунақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ва бор баъди қабули онҳо ба ҳамлу нақли ҳавоӣ то ба боргиранда додан ё то мутобиқи қоидаҳои муқарраршуда супоридан ба дигар шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ дар ҳолате ки агар исбот накунад, ки аз тарафи ӯ тамоми тадбирҳои зарурӣ дар бобати пешгирӣ намудани зарар андешида шуданд ё андешидани чунин тадбирҳо аз имкон берун буд, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳамлунақлдиҳанда барои ҳифзи ашьёву анҷоми ҳамроҳи мусофирбуда, агар исбот накунад, ки гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ин ашёҳое бо сабабҳое ба вуҷуд омадааст, ки онҳоро ҳамлунақлҳанда бартараф карда наметавонист ва бартараф кардани онҳо аз ӯ вобаста набуд ё гумшавӣ, камомад ё осеб додани (вайрон шудани) ашьёву анҷом бо ғарази мусофир рӯй додааст, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор, агар исбот накунад, ки ин ҳол дар натиҷаи амали (беамалии) қасдан содирнамудаи ҳамлу нақлдиҳанда ба вуҷуд омадааст ё берун аз вақти ҳамлу нақли ҳавоӣ рӯй додааст, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 112. Андозаи масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, ҳамлу нақлдиҳанда ба андозаҳои зерин масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ва боре, ки бо арзиши таъиншуда барои ҳамлу нақли қабул карда шудааст, - ба андозаи арзиши таъиншуда. Барои ҳамлу нақли ҳавоии бағоҷ ё бор бо арзиши таъиншуда аз борфиристанда ё боргиранда музди иловагие, ки андозаи он бо шартномаи интиқоли ҳавоии бор муқаррар гардидааст, ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ва боре, ки бе арзиши таъиншуда барои ҳамлу нақли қабул карда шудааст, - ба андозаи арзиши онҳо, аммо на зиёда аз андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар килограмм вазни бағоҷ ё бор (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

3) барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) ашьёву анҷоме, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, - ба андозаи арзиши онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани муқарраркунии он - ба андозаи на зиёда аз андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Арзиши бағоҷ бор, инчунин ашьёву анҷоме, ки ҳамроҳи мусофир мебошанд, бо дарназардошти нархе, ки дар ҳисобномаи фурӯшанда ё дар шартнома пешбинӣ шудааст ва дар сурати мавҷуд набудани он бо дарназардошти нархи миёнаи моли ҳаммонанд, ки дар ҷои супоридани бор мавҷуд аст, дар рӯзи ба таври ихтиёри қонеъ намудани чунин талабот ё дар рӯзи баровардани қарори суд, агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, муайян карда мешавад.

Барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, бор, инчунин ашьёву анҷоме, ки ҳангоми ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалии ҳамроҳи мусофир мебошанд, интиқолдиҳанда мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 113. Масъулияти ҳамлу нақлдиҳанда барои бо таъхир расонидани мусофир, бағоҷ ё бор

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Барои бо таъхир ба нуқтаи таъиншуда расонидани мусофир, бағоҷ ё бор ҳамлу нақлдиҳанда ба андозаи панҷоҳ фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Точпкистон барои ҳар соати ба таъхир афтодан, аммо на зиёда аз панҷоҳ фоизи музди интиқол ҷарима месупорад, ба шарте, ки агар интиқолдиҳанда исбот накунад, ки ба таъхир афтодан бо сабаби қувваи бартарафнашаванда, рафъи вайронии ҳавопаймо, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофир таҳдид мекунад ё дигар ҳолатҳои аз ҳамлу нақлдиҳанда вобастанабуда рӯй додааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 114. Масъулияти борфиристанда

Борфиристанда барои зараре, ки аз тарафи интиқолдиҳанда ё шахсе, ки ҳамлунақлдиҳанда дар назди ӯ масъулият дорад, бо сабаби нодурустӣ ё нопуррагии маълумоти пешниҳодкардаи борфиристанда расонида шудааст, масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 115. Масъулияти ҳамлунақлидиҳанда барои гумшавӣ, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлунақлидиҳанда дар назди ташкилотҳои муросилот барои гумшавӣ, осеб дидан (вайрон шудан) ё бо таъхир расонидани муросилот бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 116. Созишномаҳо дар бораи зиёд намудани ҳудуди масъулияти Ҳамлу нақлдиҳанда

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳамлу нақлдиҳанда ҳуқуқ дорад, ки бо мусофирон, борфиристонандагон ё боргирандагон дар бораи зиёд намудани ҳудуди масъулияти худ нисбат ба ҳудуде, ки дар ҳамин Кодекс ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст муқаррар карда шудааст, созишнома бандад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 117. Тартиби пешниҳоди талабот дар ҳолати вайрон карда шудани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи интиқоли ҳавоии бор ё шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии муросилот

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Бо талаби мусофир, борфиристанда ё боргиранда ва ҳангоми пешниҳоди санади интиқол аз тарафи яке аз онҳо Ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки санади тиҷоратӣ тартиб диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Бо санади тиҷоратӣ ҳолатҳое, ки метавонанд барои масъулияти молу мулкии Ҳамлу нақлдиҳанда, мусофир, борфиристанда ё боргиранда асос шаванд, тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Санади тиҷоратӣ ҳангоми додани бағоҷ ё бор барои тасдиқи ҳолатҳои зерин тартиб дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) мутобиқат надоштани ном, вазн ё миқдори воҳидҳои воқеии бор бо маълумоте, ки дар санади интиқол зикр шудаанд;

2) осеб дидани (вайрон шудани) бор;

3) камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ;

4) ошкор гардидани бағоҷ ё бори бе санади Ҳамлу нақл ё санади Ҳамлу нақли бе бағоҷ ё бор (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Барои тасдиқи ҳолатҳои зикршуда оид ба муросилот Ҳамлу нақлдиҳанда ва ташкилоти алоқаи муросилот санади тиҷоратӣ тартиб медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

То пешниҳоди даъво ба Ҳамлу нақлдиҳанда дар ҳолати вайрон карда шудани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ба интиқолдиҳанда иддао пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Дар сурати вайрон карда шудани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ба Ҳамлу нақлдиҳанда бо салоҳдиди аризадиҳанда дар фурудгоҳи нуқтаи парвоз ё фурудгоҳи нуқтаи таъиншуда ариза ё иддао пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Вуҷуд надоштани акти тиҷорати мусофир, борфиристанда ё боргирандаро аз ҳуқуқи пешниҳоди иддао ё даъво маҳрум намесозад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 118. Шахсоне, ки дар сурати вайрон карда шудани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии муросилот ҳуқуқи пешниҳоди талаботро доранд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ҳуқуқи ба Ҳамлу нақлдиҳанда пешниҳод кардани аризаро, дар сурати вайрон карда шудани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии мусофир, инҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) дар сурати гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он - мусофир ё шахси ваколатдори вай ҳангоми пешниҳоди борномаи бағоҷ ё санади тиҷоратӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

2) дар сурати бо ташаббуси Ҳамлу нақлдиҳанда қатъ гардидани шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии мусофир - мусофир (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳуқуқи пешниҳоди эътироз ва даъворо ба Ҳамлу нақлдиҳанда инҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) дар сурати гум шудани бор - боргиранда ҳангоми пешниҳоди борномае, ки Ҳамлу нақлдиҳанда ба борфиристанда додааст, бо қайди аэропорти нуқтаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор ва ҳангоми ғайриимкон будани пешниҳоди чунин борнома - санад дар бораи пардохти арзиши бор ва тасдиқномаи Ҳамлу нақлдиҳанда дар бораи фиристода шудани бор бо қайди фурудгоҳи нуқтаи таъиншуда дар бораи расидани (нарасидани) бор (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор - боргиранда ҳангоми пешниҳоди борнома ё санади тиҷоратӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

3) дар сурати ба таъхир афтодани расонидани бор - боргиранда ҳангоми пешниҳоди борнома;

4) дар сурати гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) муросилот, инчунин ба таъхир афтодани расонидани он - ташкилоти алоқаи муросилоти нуқтаи таъиншудаи муросилот;

5) суғуртакунанда - ҳангоми пешниҳоди асноди дахлдори Ҳамлу нақлӣ, инчунин санадҳое, ки далелҳои баста шудани шартномаи суғурта ва пардохти ҷуброни суғуртаро тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 119. Мӯҳлати пешниҳоди иддао ба Ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Ба Ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ иддаоро дар давоми шаш мох пешниҳод кардан мумкин аст. Мӯҳлати мазкур ба таври зерин ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ё муросилот, инчунин дар сурати ба таъхир афтодани Ҳамлу нақли онҳо - аз рӯзи супуридани бор ва дар мавриди муросилот - аз санаи тартиб додани санади тиҷоратӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775);

2) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати гум шудани бор - баъди даҳ рӯзи ба охир расидани мӯҳлати расонидан;

3) дар бораи ҷуброни зарар дар сурати гум шудани муросилот - баъди ба охир расидани мӯҳлати расонидан;

4) дар бораи ҷуброни зарар дар ҳама ҳолатҳои дигар - аз рӯзи ба вуҷуд омадани воқеае, ки боиси пешниҳоди эътироз гардидааст.

ҳамлу нақлдиҳанда ҳуқуқ дорад эътирозро баъди ба охир расидани мӯҳлати муқарраршуда, агар эътироф намояд, ки ба таъхир афтодани пешниҳоди иддао бо сабаби узрнок ба вуҷуд омадааст, қабул кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 120. Мӯҳлати пешниҳоди иддао ба Ҳамлу нақлдиҳанда ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Дар сурати осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ ё бор ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ, шахсе, ки ба гирифтани он ҳуқуқ дорад, дар сурати ошкор намудани зарар бояд ба Ҳамлу нақлдиҳанда на дертар аз ҳафт рӯзи баъди гирифтани бағоҷ ва на дертар аз чордаҳ рӯзи баъди гирифтани бор ба таври хаттӣ хабарнома пешниҳод намояд. Дар сурати ба таъхир афтодани расонидани бағоҷ ё бор иддао бояд дар давоми бисту як рӯз аз рӯзи ба ихтиёри шахсӣ ба гирифтани бағоҷ ё бор ҳуқуқдошта дода шудани бағоҷ ё бор пешниҳод карда шавад. Хабарномаи мазкур барои тартиб додани санади тиҷоратӣ асос мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Дар сурати гум шудани бағоҷ, бор ё муросилот иддао ба Ҳамлу нақлдиҳанда метавонад дар давоми ҳаждаҳ моҳ аз рӯзи ба майдони ҳавоии нуқтаи таъиншуда расидани ҳавопаймо, аз рӯзе, ки ҳавопаймо бояд расад ё аз рӯзи қатъи Ҳамлу нақли ҳавоӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 121. Оғози мурури мӯҳлати даъво

ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки дар давоми си рӯз аз санаи ворид шудани иддао онро баррасӣ кунад ва ба таври хаттӣ ба фиристанда ё боргирандаро дар бораи қонеъ гардонидан ё рад намудани иддао хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Мурури мӯҳлати даъво баъди як рӯзи аз тарафи борфиристанда ё боргиранда гирифта шудани ҷавоб дар бораи рад намудани иддао ё қисман қонеъ гардонида шудани он ва дар сурати нагирифтани чунин ҷавоб - баъди чилу панҷ рӯзи аз тарафи Ҳамлу нақлдиҳанда гирифта шудани иддао, агар дар шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии бор ё шартномаи Ҳамлу нақли ҳавоии муросилот муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, оғоз меёбад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 122. Масъулият барои зараре, ки ҳангоми бо ҳамдигар бархӯрдани ҳавопаймоҳо расидааст

Ҳангоми бо ҳамдигар бархӯрдани ҳавопаймоҳо, ҳамчунин ҳангоми аз тарафи як ҳавопаймо расонида шудани осеб ба ҳавопаймои дигар, гарчи онҳо бо ҳамдигар барнахӯрдаанд, масъулияти молу мулкии соҳибони ҳавопаймоҳо ба тарзи зерин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775):

1) зараре, ки ба яке аз соҳибон бо гуноҳи соҳиби дигар расонида шудааст, аз тарафи гунаҳгор ҷуброн карда мешавад;

2) дар сурати мавҷуд будани гуноҳи ҳарду (якчанд) соҳибон андозаи ҷуброни зарар баробар бо дараҷаи гуноҳи ҳар кадоми онҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани муқаррарсозии дараҷаи гуноҳ масъулият дар байни соҳибон баробар тақсим карда мешавад.

Дар сурати мавҷуд набудани гуноҳи соҳибони ҳавопаймоҳо дар расидани зарар ягонтои онҳо ҳуқуқ надорад ҷуброни зарарро аз дигараш талаб намояд.

Ҳеҷ яке аз соҳибони ҳавопаймоҳои бо ҳамдигар бархӯрда гунаҳгор тасаввур карда намешавад, агар бо тартиби муқарраршуда таври дигаре исбот карда нашавад.

Масъулияти амволи барои зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо расонанда шудааст, ҳамчунин барои зараре, ки ба амволи шахсони сеюми дар ҳавопаймобуда расонида шудааст, ба зиммаи соҳиби ҳавопаймо вогузор мегардад. Дар айни замон ӯ мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҳуқуқи ба гунаҳгор пешниҳод намудани талаботи баръакс (баргашта)-ро дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 123. Андозаҳои масъулият барои зараре, ки ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломати ё молу мулки мусофири ҳавопаймо ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст, соҳиби ҳавопаймо ба андозаи пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ё молу мулки шахсони сеюм ҳангоми Ҳамлу нақли ҳавоӣ расонида шудааст, соҳиби ҳавопаймо ба андозан пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 124. Суғуртаи ҳатмии масъулияти молики ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм

Суғурта кардани масъулияти соҳиби ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ё молу мулки ашхоси сеюм ҳангоми истифодабарии ҳавопаймо расонида шудааст, ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиатсионӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта барои ҳар килограмми вазниҳадди аксари парвозии ҳавопаймо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425, аз 24.12.2022 №1933).

Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиатсионии байналмилалӣ дар фазои ҳавои давлатҳои хориҷӣ андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта мутобиқи қонунҳои давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

Моддаи 125. Суғуртаи ҳатмии ҳаёт ва саломатии аъзои Ҳайати ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Суғурта кардани ҳаёт ва саломатии аъзои Ҳайати ҳавопаймо ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро карда шудани вазифаҳои хизмати ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблағи суғурта барои ҳар узви Ҳайати ҳавопаймо ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 126. Суғуртаи ҳатмии масъулияти интиқолдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо

ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки масъулиятро барои зарари ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо расонидашуда, ҳамчунин барои зараре, ки ба бағоҷ ва ашёҳое ҳамроҳи мусофирбуда расонида шудааст, суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблағи суғурта барои ҳар як мусофири ҳавопаймо, ки дар шартномаи суғуртаи ҳаёт ва саломатии мусофир пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рӯзи фурӯши чипта муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи бағоҷ пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар килограмм вазни бағоҷ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи ашёҳое ҳамроҳи мусофирбуда пешбинӣ шудааст, ба андозаи на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Ҳангоми иҷрои парвози байналмилали ҳавопаймо суғурта кардани масъулияти Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди мусофирони ҳавопаймо, аз ҷумла масъулият барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бағоҷ, ҳамчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд ҳатмӣ мебошад. Андозаи маблағи суғурта набояд аз андозаи дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё қонунҳои давлати дахлдори хориҷӣ пешбинишуда камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 127. Суғуртаи ҳатмии масъулияти Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди соҳиби бор ё борфиристанда

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

ҳамлунақлдиҳанда вазифадор аст масъулиятро дар назди соҳиби бор ё борфиристанда барои гумшавӣ, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ба маблағи суғуртае, ки андозаи он бояд на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи додани борнома барои ҳар килограмм вазни бор бошад, суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 128. Суғуртаи ҳатмии масъулияти истифодабаранда ҳангоми корҳои авиатсионӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933)

Истифодабаранда вазифадор аст масъулияти худро барои зараре, ки бинобар иҷрои корҳои авиатсионӣ аз тарафи ӯ расонида шуданаш мумкин аст, суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1933).

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 129. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181)

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181).

Моддаи 130. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1181).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Э. Раҳмонов

аз 13 ноябри соли 1998 № 720

ш. Душанбе