You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1720 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАҲОДИҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1719 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИ 77-УМИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БАРОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ОИД БА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

-A A +A
Ношир: Ёров Абдулваҳоб... Санаи интишор: Дшб, 26/04/2021 - 16:33
 
   26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи  “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
   Дар кори иҷлос ҳамчунин, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир, Раиси Шӯрои иқтисодӣ-иҷтимоии СММ Мунир Акрам, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишахбону, президентҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Индонезия, Кирибати, Қирғизистон, Ҷазираҳои Маршал, Муғулистон, сарвазирҳои Таиланд, Тувалу, Бангладеш, Бутан, Камбоҷа, Фиҷи, Покистон, Шри-Ланка, Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ карданд.
   Иҷлоси 77-ум ба масъалаҳои таҳлили таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемия дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, натиҷагирии тадбирҳои то ҳол дар ин самт андешидашуда, муҳайёсозии тасмимҳои сиёсӣ барои бозсозии беҳтар бар асоси ҳамкориҳои минтақавӣ дар чор бахши ҳаётии бо ҳам пайваста, густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ, сармоягузорӣ барои барқарорсозии устувор, таҳкими иттисол ва занҷираи таъминот ва эҳёи равобит бо табиат, бахшида шуда буд.
   Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниро бо дарназардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи КОВИД-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
   Таъкид гардид, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи КОВИД-19 эмин монда бошад. Рушди иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, гардиши тиҷорати хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии тамоми кишварҳои дунё аз таъсири манфии пандемия зарар дида истодаанд. Ҳамзамон бо ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад.  
   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки шиддат гирифтани пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон моро низ водор сохт, ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ, коҳиш додани зарари иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастгирии соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа чораҳои мушаххас, аз ҷумла бознигарии буҷети давлатӣ барои соли 2020, омода кардани беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ, ташкили 16 ҳазор кат дар 92 муассисаи тандурустӣ барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД-19, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тибро дар кишвар амалӣ созем.
   Дастгирии бахши хусусӣ бо ҷорӣ кардани сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар давраи пандемия, ташкил кардани зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ дар ин давра, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, дар ҳаҷми 15 фоиз зиёд кардани нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ,  бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ ва стипендияҳо, 10 фоиз маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 50 фоиз нафақаи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд ва бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ афзоиш додани масоҳати даҳҳо ҳазор гектар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз тадбирҳои дигари мушаххас ва арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.
   Сарвари давлат таъкид карданд, ки бо дарназардошти самти иҷтимоӣ доштани буҷети давлатӣ, соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.
Илова бар ин, ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои пандемияи КОВИД-19 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барнома ва лоиҳаҳои дахлдор ҳамкории судмандро бо шарикони рушд, бахусус, бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ густариш бахшид.
   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирии Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори сипос карданд.
   Зимни суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар давоми соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвари мо дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид. Нархи хӯрокворӣ низ дар кишвари мо, ба мисли тамоюли болоравии нархи маводи хӯрокӣ дар саросари ҷаҳон, 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфанд.
   Таъкид гардид, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи Ҳукумат, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи КОВИД-19 қарор дорад. Ҳарчанд, ки ибтидо аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст.
    Аз ин лиҳоз, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз давраи КОВИД-19, ҳавасмандгардонии тиҷорати хурд ва миёна, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, татбиқи чораҳои зидди эпидемиологӣ, алалхусус, барномаи эмкунӣ аз тамоми кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунад.
   Сарвари давлат зарур шумурданд, ки дар чунин вазъият кишварҳои минтақаи мо дар баробари тавсеаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сармоягузорӣ ҷиҳати барқарорсозии устувори иқтисодиёт, нигоҳ доштани гардиши молу маҳсулот, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои ниёзи аввалиндараҷа, бахусус маводи ғизоӣ ва доруворӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
   Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пандемия ва давраи пас аз он бо дарназардошти таъсиру пайомадҳои тӯлонии КОВИД-19 дар ҷаҳон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором даъват намуданд, ки ҳамкории минтақавиро дар самтҳои зикргардида, инчунин, барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” тақвият бахшанд, зеро дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳимму зарур мебошад.