ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Шнб, 10/04/2021 - 10:26
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ-парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
     Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворух дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва тарҳи муосир бунёд гардидааст.
     Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворух дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 50 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 190 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзкорӣ карда шуда, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ороишӣ майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.
    Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 800 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он 12 курсӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Дар майдони Парчами давлатӣ ду фаввора низ бунёд гардидааст.
     Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон 12 адад чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.
    Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст. Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон хеле мувофиқ мебошад.
    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва парафшон гардидани ин рамзи миллиро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ,  30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасон тӯҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуда, барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад