ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ИНТИХОБОТ ҲАМЧУН ИНСТИТУТИ ДЕМОКРАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 11:38
     Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.   Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад [4].
     Дар давлатҳои демократӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ташкилу баргузор карда мешавад, ки онҳо на танҳо дар рушди ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин ба ташаккулу инкишофи маданияти сиёсии шаҳрвандон таъсири муайян мерасонанд. Аз ҷумла, интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар инкишофи маданияти сиёсии шаҳрвандон нақши назаррас дорад.
     Ташаккули падидаҳои интихоботи демократӣ дар мамлакати мо ба монанди рушди ҳамагуна равандҳои таърихӣ, айнан дар шароити дар як вақт кашфиёти сохторҳои нави ташкили ҳокимият ва расмикунонии падидаҳои иштироки сиёсии шаҳрвандон ва дар дараҷаи давлатӣ ба амалбарории он татбиқ шуда истодааст [10].
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар интихобот ба қатори ҳуқуқҳои сиёсӣ дохил мешавад, на уҳдадориҳои сиёсӣ. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои усулӣ иштироки озод ва ихтиёрӣ дар интихобот мебошад. Вобаста ба муҳим будани ин нукта қайд намудан зарур аст, ки он бо принсипҳои калидии демократия дар бораи озодии иштироки шаҳрванд дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тавъам мебошад. Фаҳмиши «иштироки озод ва ихтиёрӣ дар интихобот» ҷанбаҳои қавии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошта, нишонаи иродаи ҳокимият дар масъалаи додани имкон барои интихоби озод ба шаҳрванд мебошад [12].
     Тибқи м. 27 Конститутсияи ҶТ шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад [1]. Аз муқаррароти мазкур маълум мегардад, ки ҳуқуқи иштирок намудан дар интихобот ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
     Ҳамзамон, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд, яъне иштирок намудан дар интихобот дар м. 4 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардидааст, ки тибқи он шаҳрвандони ҶТ, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд [2].
     Дар ҷаҳони муосир интихобот яке аз падидаҳои муҳим ва механизми эътирофшудаи ифодаи иродаи халқ дар идора кардани давлат ба шумор рафта, маҳз тавассути интихобот муносибати байниҳамдигарии давлат ва шаҳрванд мустаҳкам мегардад. Интихобот асоси низоми ҷомеаи демократӣ буда, дар раванди ташаккули сохторҳои ҳокимият, таъмини намояндагии сиёсӣ ва нигоҳ доштани субот нақши калидӣ мебозад [3].
       Интихобот – маҳаки муҳиме барои густариши сохторҳои давлатии миллӣ ва маҳаллӣ дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ба шумор меравад [6].
      Ба андешаи М.У. Хидирзода интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ дар фарҳанги давлатдорӣ ва идоракунии кишвари мо мавқеи хосси худро соҳиб аст. Он василаи асосӣ ва муҳимми таҳкими демократия тавассути иштироки бевосита ва ё бавоситаи халқ дар раванди ташаккули ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ дар сатҳҳои гуногун баромад намуда, тавассути он қонунмандии ҳокимият таъмин карда мешавад [12].
       Интихобот унсури асосӣ ва зарурии сиёсат буда, дар инкишофи муттасили ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад. Зуҳуроти мазкур дар ҳаёти ҷомеаи муосир ҳамчун қувваи такондиҳандаи пешрафти ҷомеа баромад мекунад. Интихобот воситаест, ки тавассути он таҳкиму такмили сохторҳои давлатӣ таъмин мегардад [8].
       Б.С. Гадоев хусусиятҳои зерини интихоботро ҷудо менамояд:
1) интихобот дар баробари раъйпурсӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ, як шакли амалӣ кардани демократия дар кишвар мебошад, ки халқ иродаи сиёсии худро мустақиман изҳор мекунанд.
2) интихобот механизми татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон барои интихоб ва интихоб шудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ мебошад.
3) интихобот воситаи қонунигардонии ҳокимияти давлатӣ ва таҷдиди сиёсии он мебошад. Тавассути интихобот, халқ ба намояндагони интихобшудаи худ ҳуқуқи амалӣ намудани ҳокимияти давлатиро барои давраи муайян (одатан чаҳор ё панҷ сол) месупоранд.
4) интихобот тарз ва расмиёти ташаккули демократии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ мебошад.
     Маҳз тавассути интихобот халқ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлат амалӣ менамояд, ки ин принсипи асосии демократия мебошад. Аввалан, интихобот механизми ташаккули ҳокимиятро таъмин мекунад. Ин равандест, ки тавассути он шаҳрвандон намояндагони худро ба мақомоти қонунгузорӣ ва мансабҳои асосии давлатӣ интихоб мекунанд.   Дуюм, интихобот дар таъмини қонунияти ҳокимият нақши муҳим мебозад. Демократия талаб мекунад, ки ҳокимият дар асоси эътимоди ҷамъият амал намояд [5].
      Маъракаҳои интихоботӣ, ки воситаи муҳимтарини иштироки сиёсии шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии давлат ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, ки мӯҳтаво, унсурҳо ва тамоюлҳои асосии тағйирот дар маданияти сиёсии ҷомеа бо эътимоднокии кофӣ муайян карда шаванд. Ташкили ҳама гуна интихобот ба назар гирифтани сатҳи маданияти сиёсии интихобкунандагонро тақозо мекунад. Интихоботро метавон ҳамчун воситаидохилии такмили низоми сиёсӣ арзёбӣ намуд, ки маҳз аз захираҳои дохилии давлат ва ҷомеа қувваи навро барои пешрафти минбаъдаи он пайдо ва сафарбар мекунад [7].
       Бояд гуфт, ки муҳақиқ А.И.Имомов ҳуқуқи интихоботро дар Тоҷикистон ба се маъниву мафҳум ҷудо намудааст:
       Якум, чун ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба мансаби Президент, ба вакилии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси маҳаллӣ.
     Дуюм, чун шакли ягонаи ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва интихоби Президент.
       Сеюм, чун падидаи демократӣ ва нишондиҳандаи тартиби идораи демократии давлат, чун маҳак ё мизони ошкор кардани татбиқи низоми тартиби демократӣ [9, c. 151].
       Интихобот ва демократия, гарчанде онҳо ба ҳам вобастагӣ доранд, аммо мазмуни гуногун доранд.        Таҷрибаи таърихӣ мисолҳои зиёди истифодаи интихоботро дар ҳолатҳое медонад, ки ба таҷдид ва интиқоли қудрат пас аз овоздиҳӣ рабт надоранд. Интихоботи демократӣ, озод, кушода ва рақобатпазир натиҷаи таҳаввулоти дарозмуддати падидаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.
     Дар шароити муосири гузариш ба низоми демократияи сиёсӣ, ки барои онҳо изҳори иродаи шаҳрвандон шарти қонунии ҳокимият, пайдарҳамӣ ва муттасилии фаъолияти мақомоти интихобшудаи давлатӣ мебошад, эҳтимолияти гузариши мустақиман ба рушд ва риояи бечунучарои принсипҳои сиёсию ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани интихобот, рушди малакаҳои иштироки демократии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот ва дарки аҳамияти иҷтимоии маъракаҳои даврии интихобот вобаста аст [11, c. 11]
       Ҳамин тавр, интихобот воситаест, ки тавассути он шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ ҳуқуқи худро барои иштирок дар идоракунии давлатӣ амалӣ менамоянд. Он робитаи байни халқ ва ҳокимият, қонунияти ниҳодҳои сиёсиро таъмин менамояд. Интихобот унсури бунёдии ҷомеаи демократӣ буда, дар ташкили ҳокимият, нигоҳ доштани қонуниятҳои низоми сиёсӣ ва ифодаи иродаи шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
 
 Рӯйхати адабиёт:
  1. Конститутсияи ҶТ аз 6 ноябри соли 1994 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj. (санаи муроҷиат: 23.02.2025).
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 25.02.2025).
  3. Мустафоқулов Д.Б. Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http:// mmk.tj (санаи муроҷиат: 24.02.2025).
  4. Одиназода Ш.Х., Ғафуров Қ.А. Асосҳои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот: ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http:// mmk.tj (санаи муроҷиат: 26.02.2025).
  5. Сайдаҳмадзода Ш.Ҳ. Нақши интихобот дар ташаккули ҷомеаи демократӣ // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http:// mmk.tj (санаи муроҷиат: 26.02.2025).
  6. Достиев С. Қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Интихобот» / С. Достиев, А.Тоиров – Душанбе, 2006 – С. 3.
  7. Саидзода Ш.Ш., Комилов М.М. Нақши интихобот дар ташаккул ва инкишофи маданияти сиёсии шаҳрвандон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://elibrary.ru (санаи муроҷиат: 27.02.2025).
  8. Баракотов Б.C. Bнтихобот ва нақши он дар раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://elibrary.ru (санаи муроҷиат: 27.02.2025).
  9. Имомов А.И. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2017. – 670с.
  10. Гадоев Б.С. Арзишҳои демократии интихобот // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://elibrary.ru (санаи муроҷиат: 27.02.2025).
  11. Избирательное право и избирательный процесс в Российской Федерации. Учебник для вузов. Отв. Редактор- доктор юридических наук А. В. Иванченко. – М., 1999. – 856 с.
  12. Хидирзода М.У. Hаванди интихобот ва хусусиятҳои он дар тоҷикистон [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://elibrary.ru (санаи муроҷиат: 27.02.2025).
 
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Исмоилӣ Ифтихор Исроил,
сардори бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)