ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА – МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 19/09/2022 - 14:13
    Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
    Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати пайвастаи Роҳбарият ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Вале бо вуҷуди ин вобаста ба дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд.
    Аз ҷумла, дар ин самт метавон пош хӯрдани оилаҳои ҷавонро зикр намуд, ки сол то сол шумораи он зиёд шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин раванди номатлуб соли 2010 – 5818 ҳолат, соли 2011 – 6797 ҳолат, соли 2012 – 7608 ҳолат, соли 2013 – 8919 ҳолат ва соли 2020 – тахминан 10 000 ҳолатро ташкил дод. Сабаби ин пеш аз ҳама, агар аз як тараф омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона бошад, аз тарафи дигар ба мавҷудияти аломатҳои зӯроварӣ дар оила низ  вобастагӣ дорад.
    Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад, чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд. Зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, оқибатҳои ҷиддие барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-эмотсионалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, на танҳо ба оила, балки ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад. Бо ҳамин сабаб ҳам муҳофизати шаҳрвандон аз зӯроварии хонаводагӣ аз тарафи давлат ҳалли як қатор масъалаҳои-ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тиббӣ ва ғайраро тақозо менамояд.
Масъалаи зӯроварӣ дар оила аз зумраи масоили мубрамест, ки ҳанӯз аз замонҳои пеш арзи вуҷуд дошт ва дар замони муосир низ бо шаклҳои гуногун дар ҳамаи давлатҳо зуҳур дорад. Зӯроварӣ ҳамчун таъсиррасонии ҷисмонию равонӣ аз ҷониби як шахс ба шахси дигар фаҳмида мешавад, ки ҳуқуқи аз ҷониби қонун ҳифзшавандаи шаҳрвандон ба дахлнопазирии шахсиро поймол месозад.
    Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади минбаъд баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии занону кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013, №954 қабул гардид. Дар асоси сархати якуми моддаи 1 Қонуни мазкур таҳти мафҳуми зӯроварӣ дар оила «кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад», фаҳмида мешавад.
     Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур зӯроварӣ дар оила дар чор намуд зоҳир мегардад:
   - зӯроварии ҷисмонӣ. Ин навъи зӯроварӣ метавонад дар намуди лату кӯб, сӯзонидани узвҳои бадан, бо ашё задан, кӯштор, то ба дарҷаи худкӯшӣ расонидан, маҷбур кардан ба исқоти ҳамл, ҷароҳатдор кардан ва ғайра сурат гирад.
   - зӯроварии рӯҳӣ. Навъи дуюми зӯроварӣ буда, дар шакли таҳқир кардан, таҳдид намудан, дӯғу пӯписа намудан, маҷбуркунӣ, масхаракунӣ, писхандзанӣ, тарсонидан, гунаҳгор кардан, додзанӣ, пастзанӣ, фишордиҳӣ, нигоҳи кинадор, таъқиби доимӣ, назорати доимӣ, аз муошират бо наздикон маҳрум сохтан, бадрашкӣ ва ғайра зоҳир гардад.
   - зӯроварии иқтисодӣ. Чунин шакли зӯроварӣ дар оила дар шакли қасдона аз манзил дур намудан, бе таъминот гузоштан, назорати қатъӣ бурдан аз болои хароҷоти молию пулӣ, манъи кор кардан, манъи таҳсил ва такмили ихтисос намудан, қасдона нобуд кардани моликият, зарар расонидан ба моликияти шахсӣ ва ғайра ба амал меояд.
  - зӯроварии шаҳвонӣ. Ин навъи зӯроварӣ бо зӯроварии ҷисмонӣ ҳамроҳ содир шуда ба ҷабрдида оқибати номусоиди равониро ба вуҷуд меорад. Дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад: таҷовузи дохили издивоҷ; таҷовуз ба номус; манъи истифодаи воситаҳои пешгирии ҳамл; азияти ҷинсӣ, ҳама намуди рафтори норавои шаҳвонӣ; маҷбур кардан ба фоҳишагӣ ва ғайра.
    Дар шароити феълӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, давлат эътироф, риоя ва ҳифзи онро кафолат додааст. Ҳамзамон, давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар фардро, новобаста ба миллат, ҷинс, забон, эътиқодоти динӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва дороии он, кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқ мебошанд. Баробарии гендерӣ маънои онро дорад, ки занон ва мардон бояд дастрасӣ ва имкониятҳои баробар барои рушд ва шароитҳои баробар барои ба таври пурра амалӣ намудани ҳуқуқҳои худро дошта бошанд.
    Агар ба нишондодҳои омории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар 75% мавридҳо занон ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мебошанд. Зӯроварӣ дар оила дар нисбати занонро аксаран зӯроварии гендерӣ меноманд, чунки он бо сабаби нақши тобеӣ доштани занон дар ҷомеа рух медиҳад. Дар бисёре аз кишварҳо, ҳуқуқҳои нобаробари байни занон ва мардон бо сабабҳои қолабҳои стереотипӣ дар муносибат ба нақшҳои гендерӣ рух медиҳанд, ки худ сабаби аслиест барои зӯроварӣ нисбати занон, ва пеш аз ҳама - зӯроварӣ дар оила.
    Дар аксар мавридњо сабабгори бавуљудоии зӯроварӣ дар оила мутаассифона мардњо буда, ҷабрдидагони хушунати оилавӣ бошад бештар занон (ҳамсар, духтар, хоҳар, апа ва келин) ҳастанд. Бисёре аз занҳо чунин таъсиррасониро ҳамчун ҷузъи муносибатҳои оилавиашон меҳисобанд. Зӯроварии доимӣ нисбати зан дар оила, аксаран ҳисси беҷуръатӣ, нотавонӣ, тарс ва таҳқирпазириро ба вуҷуд меорад.
    Тавре ки дар боло зикр намудем, сабаби аввалиндараҷаи бавуҷудоии зӯроварӣ нисбати занон ин ҳамон қолабҳои стереотипӣ мебошанд. Масалан, сотсиологҳо ба ин андешаанд, ки барои бартараф намудани нобаробарии иҷтимоию ҳуқуқии занҳо бояд чунин қолабҳо ба монанди «зан махлуқи комил нест ва моҳиятан мутеъ мебошад», «моҳияти ботинии зан гӯё ягон арзиш надорад», «гӯё вазифаи бунёдии зан ин хизмат ба мард бошад» ва ѓ., шикаста шаванд.
    Хушбахтона сиёсати давлати мо барои он равона шудааст, ки мақому манзалати зани тоҷик дар ҷомеа ҷои  худро нигоҳ дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо санадҳои меъёрие, ки дар давраи Истиқлол қабул шудаанд, мисоли равшан мебошанд:
  – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5;
  – Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391;
  – Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 аз 1 марти соли 2012, №92;
  – Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801;
  – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 30 апрели соли 2021, №167;
  – Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандааз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 аз 27 апрели соли 2022, №204;
  – Барномаи давлатї оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз 3 майи соли 2014, №294.
  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890.
    Ин санадҳо барои таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, тақвияти мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат равона шудааст. Худи пайдоиши чунин санадҳо далели онанд, ки аксар ҳуқуқҳои занҳо поймол мешаванд ва давлат барои бартараф намудани ин камбудӣ тадбирҳо меандешад. Омилҳои вайроншавии ҳуқуқи зан боқӣ мондани қолабҳои анъанавию динӣ; надонистани ҳуқуқҳои худ; паст будани сатҳи маърифати мардҳо ва занон; шароити демографӣ; ва шароити иҷтимоӣ мебошад.
Мушкилоти зӯроварӣ дар оила бо дарназардошти миқёси ин зуҳурот, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди мо мушкилоти муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Албатта, дар кишвар дар сатҳи идоракунӣ ва қонунгузорӣ дар роҳи решакан сохтани зӯроварӣ дар оила тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда истодааст.
 
 
                                                               Тоҷидинов Маҳмароиб Абдулвоҳидович,
                                                               сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ,
                                                               истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)