ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фарҳанг
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 23-24, мод. 352; соли 2001, № 4, мод.143; соли 2003, №12, мод. 691; соли 2008, №10, мод.819; соли 2009, № 8, мод.499; с. 2011,№6, мод. 445;)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар фаъолияти фарҳангӣ таъмин ва ҳимоя намуда, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти фарҳангиро ба танзим медарорад ва сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян мекунад. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
Моддаи I1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фарҳанг - маҷмуи арзишҳои моддию маънавие, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахе истифода мебарад;
- фаъолияти эҷодӣ - фаъолияте, ки ба офаридани арзишҳои фарҳангӣ алоқаманд аст;
- мероси фархангӣ - маҷмӯи арзишҳои фарҳангй, ки дорои аҳамияти миллию давлатӣ буда, моликияти истисноии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- мероси гайримоддии фарҳанги - анъана ва воситаҳои шифоҳии ифода, аз ҷумла забон, урфу одат, маросиму ҷашнҳо, донишу малакаҳои ба табиату сайёра ва ҳунарҳои анъанавӣ вобаста, инчунин ашёву воситаҳои иҷрои онҳо;
- муассисаи фарҳанги - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он ба соҳаи фарҳанг алоқаманд аст;
- корманди сохам фарҳанг - шахси воқеие, ки фаъолияти он ба ҳифз, рушд, интишору истифодаи арзишҳои фарҳангй ва ҷалби шаҳрвандон ба ин арзишҳо алоқаманд аст;
- фаъолияти фарҳанги - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба эҷод, истеҳсол, эҳё, ҳифз, рушд, интишор ва истифодабарии арзишҳои фарҳангӣ марбут аст;
- мақомоти ваколатдори давлатми соҳаи фарҳннг - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг амалй менамояд;
- сарватҳои фарҳанги - воситаҳои модцию маънавии дорои хусусиятҳои дунявию динӣ ва дигар арзишҳо, ки аҳамияти таърихи, илмию бадей ва фарҳангӣ доранд;
- мероси фарҳанги миллӣ - арзишҳои фархднгие, ки дорои аҳамияти таърихию фарҳангй буда, ба Федристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шудаанд;
- иттифоқи эҷодӣ - иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони эҷодии касбии як ё якчанд равияҳои фарҳангие, ки дар асоси узвияти инфиродӣ таъсис ёфтааст. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур фаъолияти фарҳангиро дар соҳаҳои зерин танзим менамояд:
- ошкор, омӯзиш, ҳифз, тармим ва истифода намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
- адабиёти бадеӣ, кинематография, санъати саҳнавӣ, рақсӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, суратгирӣ ва дигар намуду навъҳои (жанрҳои) санъат;
- касбу ҳунари бадеии халқ, намудҳои фарҳангӣ халқӣ, забонҳо, лаҳҷаҳо, фолклор, анъанаву маросимҳо, топонимҳои таърихӣ;
- эҷодиёти бадеии ҳаваскорон;
- кори осорхона ва ҷамъоварию гурӯҳбандӣ кардани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;
-табъу нашри китоб, фаъолияти китобдорӣ ва фаъолияти дигари фарҳангие, ки бо эҷоду ташвиқи китоб ва истифодаи он вобаста аст, инчунин фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
- телевизион, радио ва дигар воситаҳои намоиш, шунавонидан, дар мавриди офаридан ва густариши сарватҳои фарҳангӣ;
- тарбияи зебоиписандӣ (эстетикӣ), маълумоти бадеӣ, фаъолияти педагогӣ дар ин соҳа;
- тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг;
- мубодилаи фарҳангии байналмилалӣ;
- истеҳсоли мавод, таҷҳизот ва воситаҳои дигари марбут ба нигоҳ доштан, офаридан, интишор ва азхудкунии сарватҳои фарҳангӣ;
- фаъолияти дигаре, ки тавассути он сарватҳои фарҳангӣ эҷод, ҳифз ва азхуд карда мешаванд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ба принсипҳои зайл асос меёбад;
- дастраси умум будани сарватҳои фарҳанг;
- озодии фаъолияти эҷодӣ;
- мусоидат кардан ба инкишофи қувваҳои эҷодии шаҳрвандон;
- эътирофи гуногунақидагӣ ва муносибат ба ҷараёни эҷодӣ;
- ҳимояи фарҳанги ҳамаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баробарҳуқуқии тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҷод, истифода ва интишори сарватҳои фарҳангӣ;
- ҷанбаи умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани фарҳанг;
- ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба сарватҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ;
- истифодаи моҳиронаи сарватҳои фарҳангӣ дар тарбияи ахлоқии одамон;
- такомул ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ;
- ҷанбаи демократӣ ва давлатию ҷамъиятӣ доштани идоракунии фарҳанг, афзун намудани нуфузи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои эҷодӣ дар фаъолияти фарҳангӣ.
Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, хусусияти касбу кор ҳуқуқ доранд;
- аз комёбиҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумиинонӣ озодона истифода баранд:
- аз рӯи майлу рағбат ва қобилияти хеш дар ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва ғайрикасбӣ шуғл варзанд;
- соҳибҳуқуқи (муаллифи) моликияти зеҳнӣ бошанд, сирри ҳунари худро маҳфуз доранд, ба дастовардҳои эҷодии худ ихтиёрдорӣ намоянд;
- сарватҳои маънавӣ, зебоиписандӣ ва ғайраро озодона интихоб кунанд ва дар ҳифзи фарҳангӣ миллии хеш дар ҳимояи давлат бошанд;
- сарватҳои фарҳангӣ, захираҳои китобхонаҳо, осорхонаю бойгониҳои давлатиро озодона истифода кунанд. Маҳдудиятро барои истифодаи сарватҳои фарҳангӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
-маълумоти башардўстонаю бадеиро бе маҳдудият гиранд, шакл ва тарзи таҳсилро озодона интихоб намоянд; (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
- нисбат ба мерос ва дастовардҳои муосири фарҳангӣ ғамхор бошанд;
- молики молу мулки аҳамияти таърихиву фарҳангӣ, коллексияҳо, биноҳо, иншоот, ташкилот, муассисаҳо, корхона ва объектҳои дигари фарҳангӣ бошанд. Тартиби соҳиб шудан ва истифодаи иншоотҳои (объектҳои) фарҳангиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи сарватҳои фарҳангӣ ташкилот, муассисаҳо ва корхонаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд, дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ тибқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, вазифаи миёнаравиро адо кунанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа намоишҳоро ба омма пешниҳод кунанд ва фурӯши маҳсули фаъолияти эҷодии хешро ташкил дода, бо риояи қонунгузории он кишварҳо ба фаъолияти фарҳангӣ машғул шаванд, ташкилотҳои фарҳангӣ таъсис диҳанд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи гурӯҳҳои миллӣ ва этникӣ
Намояндагони ҳама гуна ақалиятҳои миллӣ ва этникӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, ба нигоҳдорӣ, густариш ва ҳифзи фарҳангӣ миллии хеш, ташкили корхона ва муассиса, иттиҳодия, марказ ва ҷамъиятҳои миллии фарҳангӣ ҳуқуқ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои миллии фарҳангӣ, ҷомеаҳои миллӣ, ассотсиатсияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои фарҳангии ҳамватанони берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кӯмак мерасонад, ҷиҳати бастани созишномаҳои байналмилалӣ дар ин соҳа тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя менамояд.
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи фарҳанг
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 8. Сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таркиби сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, коллексияҳои нодиру ашёҳои қадимӣ ва асарҳои санъат, аз қабили мусаввараҳо, осори наққошӣ, расмҳо, муҷассамаҳо, номҳои аҳамияти таърихӣ дошта, асарҳои ороишӣ (дизайнерӣ), китобҳои дастнавис, дастхатҳои муаллифон, катибаҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, нусхаҳои нодир, оромгоҳҳои шахсиятҳои маъруф, боғот ва манзараҳои табиии дорои аҳамияти фарҳангӣ дошта ва ғайра дохил мешаванд.
Сарватҳои фарҳанги миллӣ, ки моликияти ҷамъиятӣ, кооперативӣ, омехта, муштарак, шахсӣ ва хусусӣ ҳисоб меёбанд дар асоси қонун сабти ном шуда, дар фаъолияти фарҳангӣ истифода мешаванд.
Моддаи 81. Мероси ғайримоддии фарҳангӣ
Мероси ғайримоддии фарҳангӣ маҷмӯи шаклҳои фаъолияти фарҳангй ва тасаввуроти ба анъанаҳо асосёфта аст, ки эҳсоси хусусияти хос ва робитаи наслҳоро ташаккул медиҳад. Ба таркиби мероси ғайримоддии фарқангӣ урфу одат? шаклҳои тасаввуроту ифода, допишу малака, забон, достонҳои шифоҳӣ, мусиқӣ, рақс, бозиҳо, устуратиносӣ, маросимҳо, ҳунарҳо, шаклҳои анъанавии робита, тасаввуроти экологи, рамзу аломатҳо дохил мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини қифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад, аз он ҷумла:
- сиёсати давлатиро барои баланд бардоштани нақши мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар ҷомеа амалӣ менамояд;
- унсурҳои гуногуни мероси ғайримоддии фарҳангиро бо иштироки ҷамъиятҳо, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои дахлдори ғайриҳукуматй муайян менамояд;
- барои тарбкяи мутахассисон дар соҳаи идораи мероси гайримоддии фарҳангӣ чораҳои дахлдор меандешад;
- ба таҳқиҳоти ҳамаҷонибаи мероси гайримоддии фарҳангм мусоидат мекунад:
- ҳамкории байыалмилалиро о ид ба ҳифзи мероси гайримоддии фарҳанги ба роҳ мемонад.
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг Феҳристи мероси гайримоддии фарҳангиро, ки ба ҳифзи бетаъхир эҳтиёҷ дорад, тартиб дода, ҷиҳати амалй намудани он чораҳо меандешад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 9. Паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ
Паҳн ва оммавигардонии меросу комёбиҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муассисаҳои театрию консертӣ, киною видеонамоишдиҳӣ, тамошогоҳҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, клубҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, боғҳои фарҳангу истироҳат, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо, ҷойҳои муқаддаси таърихию табиӣ, телевизион ва радио, созмонҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони фарҳангу санъат, муассисаҳои сайёҳӣ, таълимгоҳҳои фарҳанг ва санъат, марказҳои паҳнкунандаи донишҳои илмию техникӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатии беруназмактабӣ, идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо, нашриётҳо ва ғайра амалӣ мегардонанд.
Корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дорои ваколати паҳн ва оммавигардонии меросу комёбиҳои фарҳанги миллӣ ва фарҳангу санъат ҳастанд, ҳуқуқи таҳия ва қабули барномаҳои эҷодӣ, репертуар, интихоби жанр, намуд, услуб ва равияҳои мухталифи эҷодӣ ва инчунин интихоби роҳу тарзҳои паҳн ва оммавигардонии мероси фарҳангӣ ва комёбиҳои фарҳангу санъатро доранд.
Паҳн ва оммавигардонии мероси волои фарҳангӣ, илмӣ ва адабии классикони тоҷик, намудҳои пурарзиши мероси фарҳанги классикӣ ва дастовардҳои маданияти муосири ҷаҳонӣ тавассути маблағгузории мақсаднок ва сиёсати андоз қадр ва дастгирӣ карда мешаванд.
Паҳн ва оммавигардонии асарҳое, ки ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, ҷанг, зўроварӣ, бераҳмӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои нажодиву миллӣ, адовати мазҳабӣ даъват мекунанд таҳқири шахсиятро раво медонанд, шаъну эътибори миллиро паст мезананд, фахшу бадахлоқиро тарғиб менамоянд, манъ аст.
Маҳдуд ва манъ кардани истифодаи мероси фарҳангӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва маҳсули онро қонун муайян мекунад.
Моддаи 10. Аз ҷумҳурӣ баровардан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангӣ
Аз ҷумҳурӣ берун баровардан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 11. Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад.
Моддаи 12. Муқаррарот оид ба молу мулки сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Беиҷозат мубодила, иваз, нобуд, тағйири ҷой, нусхабардорӣ, тармими молу мулки ба Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда манъ аст. Бе чунин иҷозат молу мулки бутуни дорои арзиши махсуси таърихӣ, бадеӣ ва зебоиписандиро аз ҳам ҷудо ва пароканда кардан манъ аст.
Истифодаи сарватҳои ба Феҳристи давлатии сарватҳои фарҳанги миллӣ дохилшуда берун аз таъиноти таърихӣ, бадеӣ ва динӣ манъ аст.
Молу мулки мансуби масҷидҳо, калисо ва дигар ибодатгоҳҳои мазҳабӣ, ки ҳамчун сарватҳои фарҳанг ё худ арзишҳои фарҳанги миллӣ шинохта шудаанд, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва вобаста ба таъиноташон истифода мешаванд.
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат дар истифодаи ёдгориҳои меъморӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи иншоотҳои сарватҳои фарҳанги миллӣ соҳибон ё худ истифодабарандагон масъуланд. Иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур боиси маҳрум шудан аз ҳуқуқи додашуда мегардад.
Дар сурате, ки субъект барои нигаҳдории объектҳои сарватҳои фарҳанги миллии дар ихтиёраш буда имконияти моддӣ надошта бошад, хароҷоти онро давлат ба зимма мегирад.
Моддаи 13. Фаъолияти эҷодӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии фаъолияти эҷодиро эътироф карда, давлат ба он дахолат намекунад. Давлат фаъолияти эҷодиро дастгирӣ карда ба рушди он ёрии моддию маънавӣ мерасонад, эҷодиётро аз дахолати муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, ҳизбҳо ҳимоя мекунад, барои амалӣ гаштани маҳсули эҷодкор мадад мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ, ғайрикасбӣ (ҳаваскорӣ), санъати театрӣ, тасвирӣ, мусиқӣ, кино, сирк, телевизион, радио, эҷодиёти бадеии халқ, эҷодиёти касбии анъанавӣ, фаъолияти эҷодии устодони халқӣ ва ғайра, шароитҳои зарурӣ муҳайё карда, барои гирифтани маълумоти касбӣ, такмили ихтисос, дар иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва маҳфилҳои эҷодӣ озодона муттаҳид шудан кафолат медиҳад.
Корманди касбии эҷодӣ шаҳрванди ҷумҳурӣ ё шахси хориҷие ҳисоб меёбад, ки барои ӯ фаъолияти эҷодӣ, асоси меҳнат ва сарчашмаи даромад мебошад.
Мавҷудияти яке аз омилҳои зерин шарти эътирофи корманди касбии эҷодӣ мебошад:
- гирифтани музд барои фаъолияти эҷодӣ;
- бақайдгирии фаъолият ҳангоми муқарраркунии андоз;
- гирифтани маълумоти касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ё худ дар назди мутахассис ё устоди дар соҳаи фаъолияти эҷодӣ расман эътирофшуда;
- сазовори унвонҳои фахрӣ, мукофотҳои касбӣ шудани кормандони эҷодӣ;
- аз тарафи мутахассисон ва ҷомеа ҳамчун эҷодкор эътироф гаштани он;
- узвияти шахс дар ташкилотҳои касбию эҷодӣ (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои эҷодӣ).
Моддаи 14. Идоракунии низоми фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба низоми мақомоти давлатии идоракунии фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ташкилот, корхона ва муассисаҳои фарҳанг мебошанд;
- мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо.
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг корҳои зайлро анҷом медиҳад:
- сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг муайян ва амалӣ менамояд;
- кафолати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти фарҳангии шаҳрвандон ҳимояи ҳуқуқи онҳоро дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ таъмин менамояд;
- барномаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин байнидавлатӣ ва байналмилалии инкишофи фарҳангро баррасӣ ва тасдиқ намуда, онҳоро бо воситаҳои моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;
- тартиби таъсис намудан, аз нав ташкил кардан, барҳам додан, тағйири ҷой кардан, нусхабардорӣ намудан ва таъмири иншоотҳои дорои арзиши махсуси таърихӣ ва эстетикиро муайян мекунад;
- стратегияи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии фарҳангиро муайян ва тасдиқ мекунад;
- ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳаи фарҳангро таъмин мекунад;
- тараққиёти инфраструктураи соҳаи фарҳангро таъмин менамояд;
- таъминоти молиявию иқтисодии муассисаҳои фарҳанг ва хизматрасонии фарҳангии аҳолиро муайян мекунад;
- таъсис ва фаъолияти муассисаҳои фарҳанги давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои фарҳангии хусусиро ҳавасманд гардонида, ба инкишофи заминаи моддиву техникии онҳо мусоидат мекунад;
- маблағгузории буҷетии муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳангро ба роҳ мемонад ва дар мавриди зарурат, дар маблағгузории ташкилотҳои фарҳангии ғайридавлатии соҳаи фарҳанг ҳисса мегузорад;
- ба монополияи давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарҳангӣ роҳ намедиҳад.
Моддаи 16. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг;
- эҳё, ҳифз, инкишоф, интишори сарватҳои фарҳанги миллӣ;
- дастраси умум гардондани мероси фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ;
- сабти ном ва муайян намудани тартиби истифодаи мероси фарҳанги миллии хориҷи кишвар:
- ташкили ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ, барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг;
- муқаррар намудани тартиби таъсис ва барҳам додани муассисаҳои соҳаи фарҳанг;
- ташкили таълиму тарбияи мутахассисон, такмили ихтисоси онҳо, ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фарҳанг;
- бо иттилоот ва маводи илмӣ-методӣ таъмин кардани муассисаҳо;
- ҳавасманд кардани фаъолияти шаҳрвандон, аз ҷумла ба воситаи татбиқи сиёсати давлатии андозситонӣ ва нархгузорӣ бо мақсади ҷалб намудани кӯдакон ба кори эҷодӣ, инкишофи фарҳанг, машғул шудан ба худомӯзӣ, санъати ҳаваскорӣ, ҳунармандӣ;
- ташкили шароит барои таълими ибтидоии бадеӣ, тарбияи умумии зебоишиносӣ, пеш аз ҳама ба тариқи гуманитарӣ кардани соҳаи маориф, дастгирӣ ва тараққӣ додани шабакаи муассисаҳо ва ташкилотҳо – мактабҳои санъат, студияҳо, курсҳо, нигоҳ доштани хизматрасонии асосии бепули китобхонаҳои ҳамаи идораҳову ташкилотҳо, инчунин санъати ҳаваскорӣ (эҷодиёти бадеии ҳаваскорӣ);
- мусоидат ба ривоҷи хайрия ва талабот дар соҳаи фарҳанг;
- ташкили шароит ва сарпарастӣ барои инкишофи фарҳанг, санъат, адабиёт ва намудҳои дигари фаъолияти фарҳанги миллӣ;
- муайянкунӣ, бақайдгирӣ, омӯзиш, тармим ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг, ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таъриху фарҳанг, ки моликияти шахсӣ ва коллективӣ ҳисоб меёбанд, кафолат додан ба афзалияти соҳиб шудан ба ёдгориҳои таъриху фарҳанг;
- ба роҳ мондани ҳисоботи расмии оморӣ дар соҳаи фарҳанг, таъмини эътимоднокӣ ва дастрасии он;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фарҳанг;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муассисаҳои фарҳанг, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияти онҳо;
- муайян намудани қоидаҳои баҳисобгирии муассисаҳо, гурӯҳҳо ва дастаҳои ҳунари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар кардани қоидаҳо ва тартиби сафарҳои ҳунари аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо барои ҳифз, рушд ва истифодаи мероси гайримоддии фарҳанги. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 17. Салоҳияти вазорат, ташкилот ва идораҳои дигар дар соҳаи фарҳанг
Вазоратҳо, ташкилотҳо ва идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд:
- муассисаҳои тобеи фарҳангӣ ташкил намуда, онҳоро бо маблағ заминаи моддӣ-техникӣ, мутахассисон таъмин кунанд;
- самтҳои афзалиятноки онҳоро муайян созанд;
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии сохаи фарҳангро таъмин намоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
- низомномахои умумии муассисаҳои фарҳангро, ки ба ихтиёри онҳо дода шудаанд ва ё ба онҳо итоат мекунанд тасдиқ ва амалӣ намоянд;
- барномаҳои соҳавии инкишофи фаъолияти фарҳангии муассисаҳои тобеашонро тасдиқ ва дар амал татбиқ намоянд;
- новобаста аз тобеияти идоравӣ дар ташкили фаъолияти фарҳангӣ иштирок намуда, кори муассисаҳои фарҳангро мутобиқ гардонанд;
- роҳбарии методии муассисаҳои тобеи худро таъмин намоянд;
- тартиби такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони муассисахои фарҳангии тобеӣ худро ба роҳ монанд;
- доир ба инкишофи фаъолияи фарҳангии муассисаҳои тобеашон тадбирҳои дигари амалӣ андешанд.
Моддаи 171. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи фарҳанг ваколатҳои зерин доранд:
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои рушди фарҳанг дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
- танзими фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
- ташкили озмунҳо, фестивалҳо ва намоишҳои вилоятй, шаҳри ва ноҳиявй;
- эҳё, ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- пешниҳод намудани таклиф ба мақомоти ваколатдор барои ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид намудани номи ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию фархангӣ;
- мусоидат намудан ба рушди забон, адабиёт, санъати касби, танзими анъана ва расму оинхо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 18. Низоми муассисаҳо, идораҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг
Ба муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд: радио ва телевизион, театрҳо, филармонияҳо, оркестрҳо, ансамблҳо, коллективҳои дигари эҷодӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинотеатрҳо, намоишгоҳҳои бадеӣ, клубҳо, марказҳои дизайнерӣ, тадқиқотӣ ва тармимӣ, мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои фарҳангии таърихӣ.
Муассисаҳо, корхонаҳои фарҳанг танҳо дар сурати мавҷуд будани заминаи моддию техникии бо меъёрҳои хизматрасонии фарҳангии аҳолӣ мутобиқ, таъсис дода мешаванд.
Моддаи 19. Тарбия, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони соҳаи фарҳанг
Кормандони соҳаи фарҳангу санъат сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ӯҳдадоранд, ки ба тарбияи бадеӣ, зебоиписандӣ, омӯзишу бозмӯзӣ машғул гарданд, ихтисосашонро такмил диҳанд, аттестатсия шаванд.
Муассисаҳои фарҳанг, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои конеъ гардондани талаботи худ дар таҳияи барномаҳои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос иштирок менамоянд.
Ба муассисаҳои таълимии фарҳангу санъат ҳуқуқ дода мешавад, ки бе мӯҳлатҳои муқарраршуда ба сафи донишҷӯён довталабонеро қабул кунанд, ки дар ин ё он соҳаи нодири фарҳангу санъат истеъдоду қобилияти фавқулодда доранд ё худ ғолиби озмунҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Муассисаҳои давлатии фарҳанг барои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони худ шароит фароҳам меоранд.
Муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандони фарҳангу санъат вазифадоранд, ки дархостҳои муассисаҳои давлатии фарҳангро оид ба такмили ихтисоси кормандон иҷро кунанд. Такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои ғайридавлатии фарҳанг дар асоси шартномаҳо ташкил мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ ва кооперативии фарҳангу санъат иҷозат дода мешавад.
Аз аттестатсияи навбатӣ гузаштани ҳамлаи кормандони фарҳанг, роҳбарони мақомоти давлатии соҳа, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг ҳатмӣ мебошад.
Мақомоти идории давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг, иттифоқҳои эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дар хориҷа тайёр кардан, бозомӯзӣ ва анҷоми такмили ихтисоси кормандони фарҳанг мусоидат мекунанд; ҳамчунин ба тоҷикони берун аз ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки бепул ё пулакӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи фарҳанг маълумоти махсус гиранд.
Моддаи 20. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳи ва барҳамдиҳии муассисаҳои фарҳангй
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 21. Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг
Ҳуқуқи моликият дар соҳаи фарҳанг тибки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 22. Маблағгузории соҳаи фарҳанг ва фаъолияти фарҳангӣ
Асоси кафолатҳои давлатии ҳифз ва рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории давлатӣ мебошад.
Маблағгузории ҳарсолаи рушди соҳаи фарҳанг ба қадри зарурат ва тибқи имкониятҳои мавҷуда асосан аз буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ сурат мегирад.
Маблаггузории соҳаи фарҳанг ҳангоми таҳияи буҷет дар тамоми сатҳҳо дар сатри алоҳида нишон дода мешавад. Маблагҳои эҳсонкоронаи шахсони воқеӣ за ҳуқукй, даромадҳо аз лотереяҳо, музоядаҳо, намоишҳо, фурӯши когазҳои қиматнок ва дигар манбаъҳои маблаггузорӣ, ки ба конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, метавонанд барои рушди соҳаи фарҳанг истифода бурда шаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Воридоти маблағҳо аз сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ ба ихтисори маблағгузории буҷетии рушди соҳаи фарҳанг асос шуда наметавонад.
Маблағҳо барои рушди соҳаи фарҳанг танҳо ба мақсадҳое сарф карда мешаванд, ки дар низомномаҳои муассисаҳои фарҳанг пешбинӣ шудаанд. Низомномаро мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандон мустақилона ва ё худ бо усули шартномавӣ метавонанд барои маблағгузории фаъолияти фарҳангӣ хазинаҳо таъсис диҳанд. Ташкил ва фаъолияти чунин хазинаҳо дар асоси оинномаи мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи онҳо сурат мегирад. Мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ метавонанд дар таъсиси ин захираҳо ҳаммуассис бошанд.
Моддаи 23. Захираҳои молиявии муассисаҳои фарҳанг
Муассисаҳои фарҳанг хароҷоти худро аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон), даромадҳои фаъолияти худ, даромадҳо ва воридоти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад, мепӯшонанд.
Фаъолияти муассисаҳои давлатии фарҳанг аз тарафи муассисон дар асоси шартномаҳо ва на камтар аз меъёрҳои молиявии муқарраршудаи давлатӣ оид ба ҳар як навъу намуди муассисаҳои фарҳанг маблағгузорӣ мешавад. Маблаѓҳое, ки аз сарчашмаҳои дигар ворид мешаванд, боиси кам шудани меъёр ва ҳаҷми мутлақи маблаѓгузорӣ намегарданд.
Фаъолияти муассисаҳои ғайридавлатии фарҳанг дар асоси шартномаҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои фарҳанг маблағгузорӣ мешаванд.
Ҳуқуқи муассисаҳои фарҳанг ба гирифтани хайрия (ҳадя, ёрии пулӣ) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, инчунин аз ташкилотҳои байналмилалӣ маҳдуд карда намешавад.
Маблағҳо мувофиқи оинномаи муассисаҳои фарҳанг истифода мешаванд. Маблағҳои дар давоми давраи ҳисоботӣ истифоданашуда аз муассисаҳои фарҳанг пас гирифта ва ё ба ҳисоби соли оянда гузаронида намешаванд.
Моддаи 24. Фаъолияти соҳибкории муассисаҳои давлатии фарҳанг
Муассисаҳои давлатии фарҳанг дар доираи оинномаи худ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳақ доранд.
Ба фаъолияти соҳибкории муассисаҳои давлатии фарҳанг инҳо дохил мешаванд:
- савдои молҳо ва таҷҳизот;
- хизмати миёнаравӣ;
- ҳиссагузорӣ дар фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла фарҳанг);
- харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо, коғазҳои арзишноки дигар ва ба тавассути онҳо ба даст овардани фоида - дивидендҳо, фоизҳо.
Ба фаъолияти соҳибкори машгул шудани муассисаҳои фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 25. Сиёсати инвеститсионӣ дар соҳаи фарҳанг
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардондан ва инкишоф додани заминаи моддӣ-техникии фарҳанг ба маблағгузории давлатии фарҳанг афзалият дода мешавад.
Тақсимоти маблағҳои асосӣ ба объектҳои таъиноти фарҳангӣ аз тарафи мақомоти марбутаи идораи давлатӣ дар асоси муҳокимаи кушод ва ошкори шаклҳои алтернативӣ муайян карда мешавад.
Барои сохтмони муассисаҳои нави фарҳанг дар навбати аввал қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.
(Қисми сеюми моддаи 25 хориҷ карда шуд Қонуни ҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 26. Инкишофи фарҳанг дар деҳот
Дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат ба намудҳои мухталифи фаъолияти фарҳангӣ, ташкили муассисаҳои фарҳанг ва корҳои мансуб ба беҳбудии муҳити эстетикӣ ва такмили фаъолияти фарҳангӣ таваҷҷуҳи афзалиятнок дода мешавад.
Моддаи 27. Таъмини моддию техникии муассисаҳои фарҳанг
Ба таъминоти афзалиятноки моддию техникӣ дар навбати аввал муассисаҳои фарҳанг, махсусан муассисаҳои хизматрасонии кӯдакон ва наврасон ҳуқуқ доранд.
Истифодаи заминаи моддию техникӣ ва молу мулки муассисаҳои фарҳанг берун аз таъинот манъ аст.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷотро ба маводи барои татбиқи барномаҳои минтақавии ҳифз ва инкишофи фарҳанг, сохтмон ва тармими объектҳои пурқимати фарҳангӣ, дастгирии давлатии фаъолияти муассисаҳои фарҳангро мутобиқи шартҳои таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ ба маҳсулот таъмин менамоянд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ сиёсати илмӣ-техникиро, ки ҷорӣ намудани техника ва технологияи навро дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанг таъмин менамояд, таҳия ва татбиқ мекунанд, тавассути додани қарзҳо ва дигар воситаҳо иштироки ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бунёди техника ва технологияи нав барои соҳаи фарҳанг ҳавасманд мегардонанд.
Таъминот ва инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои давлатии фарҳанг дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои пулии муассисаҳои фарҳанг ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди зарурат вазифадоранд, ки ба муассисаҳои фарҳанги тобеӣ худ дар ҳалли масъалаҳои таъмин ва тараққии заминаи моддию техникии онҳо ёрӣ расонанд.
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва кормандони эҷодкор, коллективҳои эҷодӣ барои ташкили студияҳо, устохонаҳои бадеӣ, лабораторияҳо ва ҷойҳои дигари кории мавриди зарурати фаъолияти эҷодӣ биноҳоро барои истифода ё ба иҷора медиҳанд. Ҳаққи иҷора бояд аз ҳаҷми пардохти хизмати коммуналӣ зиёд набошад. Ба ихтиёри касе гузоштан ва ё ба мақсадҳои дигар истифода намудани ин биноҳо манъ аст.
Моддаи 28. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг
Мақомоти роҳбарии ҳамаи сатҳҳо, муассисаҳои соҳаи фарҳанг мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғул бошанд, аз номи худ бо ташкилотҳои фарҳангии хориҷӣ созишномаҳо ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
Муассисаҳои фарҳанг фаъолияти иқтисодии хориҷии худро дар бобати фурӯши асарҳои санъат, маҳсули ҳунарҳои бадеии халқ, ашёҳои атика ва осори дигари фарҳанги мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд амалӣ намоянд.
Маблағҳои асъорӣ, ки аз фурӯши асарҳои санъати тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ ва намудҳои дигари санъат, аз фаъолияти иҷрокунандагӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба даст омада, дар асоси шартномаҳои тарафайн дар байни муаллифон, иҷрокунандагон ва миёнаравон тақсим карда шуда, аз он маблағҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ситонда мешавад.
Муассисаҳои фарҳанг метавонанд аз бонкҳои ватанию хориҷӣ қарз гиранд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъор хариду фурӯш намоянд.
Сарватҳои фарҳангии дар осорхонаҳо, нигористонҳои (галереяҳои) асарҳои санъати тасвирӣ, китобхонаҳо, бойгониҳо ва дигар муассисаҳои давлатии фарҳанг маҳфузро ба бадали қарз барои истифодабарӣ додан ва ё ба гарав гузоштан манъ аст.
Моддаи 29. Муносибатҳои меҳнатӣ ва тарзҳои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг
Муносибатҳои меҳнатии кормандони соҳаи фарҳанг аз рӯи қонунгузории амалкунанда дар бораи меҳнат танзим мегарданд.
Шакли асосии муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони эҷодӣ, роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои давлатии фарҳанг шартномаи меҳнатӣ мебошад.
Андоза ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони эчоди, мутахассисон ва роҳбарони соҳаи фарҳанг тибқи санадҳои меъерии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Андозаи музди хизмати муаллифӣ, тартиб ва мӯҳлати пардохти он дар шартнома бо муаллиф муайян карда мешавад.
Андозаи ҳадди ақали музди хизмати муаллифон ҳамзамон бо қурби (индексатсияи) андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад.
Моддаи 30. Ҳифзи иҷтимоии кормандони фарҳанг
Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи фарҳанг ва санъат маълумоти махсус доранд, ҳангоми мавҷудияти шароити баробар ҳуқуқи афзалиятноки аз рӯи ихтисос ба кор қабул шудан доранд.
Иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои касаба ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии коркунони эҷодӣ метавонанд хадамоти шуғл, хазинаҳои махсус барои зиёд кардани андозаи ҷубронпулӣ оид ба бекорӣ ва дароз кардани мӯҳлати пардохти он таъсис диҳанд. Маблағҳоро ба ин хазинаҳо метавонанд мақомоти давлатӣ низ ирсол намоянд.
Таъмини нафақаи кормандони муассисаҳои фарҳанг, инчунин таъмини имтиёзҳо барои категорияҳои алоҳидаи кормандон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Аъзои иттифоқҳои эҷодӣ ва ассотсиатсияҳо, инчунин кормандони дигари эҷодӣ, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ нестанд ва манбаи ягонаи даромадашон музди хизмати муаллифӣ ба шумор меравад, дар сурати супоридани суғуртапулӣ ба фонди нафақа мувофиқи собиқаи кор ҳуқуқи гирифтани нафақаро доранд.
Ба мутахассисони муассисаҳои фарҳанг, ки дар деҳот, шаҳракҳои коргарнишин ва типи шаҳрӣ ҷой гирифтаанд, имтиёзҳое дода мешаванд, ки ба коркунони маориф пешбинӣ шудаанд.
Барои хатмкардагони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси фарҳанг ва санъат ва дигар мутахассисоне, ки ба муассисаҳои фарҳангии деҳот ба кор омадаанд, тартиб ва шартҳои додани ҷубронпулии яквақта барои ташкили хоҷагии шахсӣ, ки барои хатмкардагони мактабҳои олӣ ва техникумҳои кишоварзӣ муқаррар мегарданд, ҷорӣ карда мешаванд.
Ба кормандони муассисаҳои фарҳанг истифодаи бепули манзил, об, гармидиҳӣ, хизмати тиббӣ ва табобати ройгон, ба моликияти шахсӣ ройгон табдил додани манзили давлатӣ, барои сохтмони манзили шахсӣ ва харидани асбобҳои гаронбаҳо додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат кафолат дода мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатй, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхоиаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятй метавонанд аз хисоби захираҳои дохилии худ барои кормандони соҳаи фарҳанг имтиёзҳои иловагиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, муайян намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Моддаи 31. Мубодилаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ
Сиёсат ва афзалиятҳои робитаҳои байналмилалии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо муайян мекунанд.
Самтҳои муҳими мубодилаи фарҳангии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- бунёди муштараки сарватҳои фарҳангӣ;
- тармими ёдгориҳои нодири таъриху фарҳанг;
- тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони фарҳанг;
- офаридан ва татбиқи технологияи нав, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот барои фаъолияти фарҳангӣ;
- мубодилаи усули кор, маводи таълим, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва воситаҳои таълим.
Моддаи 32. Ҳамкории фарҳангӣ бо ҳамватанони хориҷи кишвар
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва ворисони онҳо иртибот барқарор намуда, барои бунёди марказҳо, муассисаҳои рушди соҳаи фарҳанг, хазинаҳои махсус ёрӣ расонида, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ гузаронида, ба тараққиёти фарҳанг дар хориҷа мусоидат мекунад. Давлат барои бозгаштани ходимони ба хориҷа рафтаи фарҳанг шароит фароҳам меоварад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри инкишофи фаъолияти фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо мерасонад.
Моддаи 33. Сарватҳои бурунмарзии фарҳангӣ ва таърихи халқи тоҷик
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баргардондани сарватҳои фарҳангие, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурда шудаанд, сиёсати мақсаднок мегузаронад.
Сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ба хориҷа бурдаро, ки муқаддасоти фарҳангии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гаштаанд, новобаста аз ҷои ҳозираи нигаҳдорӣ, вақт ва шароити баровардан зарурати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгардонӣ доранд.
Давлат дар бобати ҳифзи сарватҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории оромгоҳҳои ҳамватанон, ки дар кишварҳои хориҷӣ мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Моддаи 34. Марказҳои фарҳангӣ дар хориҷа
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа марказҳои фарҳангӣ таъсис медиҳад ва бо ҳамкории дигар давлатҳо фаъолияти онҳоро ба роҳ мемонад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй барои ба мақсадҳои фарҳангӣ истифода бурдани моликияташон шароитҳо муҳайё месозад.
Моддаи 35. Иштирок дар ташкилотҳои байналмилалии фарҳанг
Таъсиси шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг ва филиалу намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалй карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №734)
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳуқуқи ба ташкилотҳои байналмилалии фарҳанг дохил шудан доранд.
Ташкилотҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар сафҳои худ аъзои хориҷиро муттаҳид намоянд ва ҳуқуқ доранд маблағҳои кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони алоҳидаро истифода баранд.
Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 544)
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 13 декабри соли 1997
№ 519
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 23-24, мод. 353)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе 13 декабри соли 1997
№ 520