ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ГУЗОРИШИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 01/08/2023 - 10:20
     Маркази миллии қонунгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи Низомнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро ба роҳ монда, корҳои зеринро иҷро намуд:
     1. Бо супориши мақомоти болоӣ, инчунин бо ташаббуси Марказ дар давраи ҳисоботӣ 4 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳия ва баррасӣ қарор доштанд.
     2. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои
     3. Дар самти таҳияи пешниҳодот вобаста ба мутобиқнамоӣ ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар асоси Нақшаи кории Марказ барои соли 2023 даҳ адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати такмили онҳо 145 таклифҳои илмӣ рӯйи кор омаданд.
     4. Дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 62 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардид.
     Дар ин замина, Марказ ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 284 таклиф манзур намуд.
    Ҳамзамон, дар асоси Нақшаи кории Марказ барои соли 2023 - 10 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, дар натиҷа
    Ҳамзамон, аз ин шумора 3 адад маводи таҳлилӣ оид ба экспертизаи қонунҳо бо фарогирии 45 таклиф ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
    5. Марказ оид ба гузаронидани экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунӣ мақоми ваколатдор мебошад. Дар самти мазкур корҳои муайянро иҷро намуд.
    6. Дар давраи ҳисоботӣ 140 адад самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шуданд.
    7. Гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ мебошанд.
    Дар ҳамин замина, кормандони Марказ 60 адад мақолаҳои илмӣ-оммавиро дар мавзуъҳои гуногун таҳия ва дар маҷаллаҳои илмии ватаниву хориҷӣ, маводи конференсияҳо, инчунин дар сомонаи расмии Марказ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.
   8. Дар давраи ҳисоботӣ 2 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуд.
    Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» бо қонунгузории ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия.
     9. Самти дигари фаъолият ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ ба ҳисоб меравад. Баҳри амалинамоии фаъолият дар самти мазкур маводҳои зерин нашр гардиданд:
- маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ. - 2023. - №1 (49) бо фарогирии 30 мақолаи илмӣ;
- маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ. - 2023. - №2 (50) бо фарогирии 35 мақолаи илмӣ;
- тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ». - Душанбе: «Матбааи ДМТ», 2023. - 200 с.;
- тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин»: нашри аввал (тафсири оммавию илмӣ ва амалӣ). - Душанбе: «Меҳроҷ-граф», 2023. - 168 с.;
- тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: нашри аввал (тафсири оммавию илмӣ ва амалӣ). - Душанбе: «Меҳроҷ-граф», 2023. - 86 с.
     10. Иштироки 27 корманди Марказ дар чорабиниҳо - конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар ва форумҳо таъмин гардид.
     11. Кормандони Марказ дар 15 гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва ҷаласаҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳо иштироки фаъолона доштанд.
     12. Дар ин муддат, бо ташаббуси Марказ 11 мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ гузаронида шуданд.
    13. Оид ба инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум менамоем, ки сомонаи расмии Марказ дар шабакаи ҷаҳонии интернет бо суроғаи http://mmk.tj фаъол буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд аз он ройгон истифода бурда, қонунҳо ва дигар маводи ҳуқуқиро дастрас намоянд.
     Омори истифодабарандагони сомонаи расмии Марказ нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 172221 (яксаду ҳафтоду ду ҳазору дусаду бисту як) (соли 2022 - 92200) нафар аз сомона истифода бурда, 609215 (шашсаду нуҳ ҳазору дусаду понздаҳ) (соли 2022 - 876377) маротиба ба саҳифаҳои он ворид шудаанд.
    Ҳамзамон, сомонаи расмии маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ дар суроғаи http://qonunguzori.tj фаъол буда, шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба нашри мақола дар сомона пурра ҷойгир аст.
   Дар давраи ҳисоботӣ ба почтаи Марказ info@mmk.tj 25 адад мактуб аз вазорату идораҳо ва 25 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва 24 адад мактуб содир гардид.
    14. Ҷиҳати таъмини иҷрои вазифа оид ба фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Марказ 59 баромад тавассути воситаҳои ахбори омма ва вохӯриҳо бо сокинон дар маҳал анҷом дода шуд.
     15. Дар давраи ҳисоботӣ, бахусус 14 феврали соли 2023 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои илмии Марказ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
     Аз ҷумла, доир ба ҳисоботи иҷрои Нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии Маркази миллии қонунгузорӣ; тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадӣ ва роҳбарони илмии онҳо; ба нашр тавсия намудани тафсирҳо ва дигар маводҳои ҳуқуқӣ.
   16. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии илмии кормандон дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон сафар намуданд.
      17. Самти муҳими фаъолияти Марказро тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар зинаҳои унвонҷӯӣ ва магистратура ташкил медиҳад.
     Айни ҳол дар Марказ 25 нафар ба ҳайси унвонҷӯ ва 9 нафар ба ҳайси магистр қабул гардида, ба мавзуи таҳқиқотӣ ва роҳбарони илмӣ аз ҳисоби олимони варзидаи соҳаи ҳуқуқ таъмин мебошанд.
     Дар давраи ҳисоботӣ як нафар унвонҷӯи Марказ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Функсияи экологии Тоҷикистон дар шароити муосир: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд.
     Ҳамчунин, аз ҷониби унвонҷӯёни Марказ дар ҳамин давраи ҳисоботӣ 37 мақола ва дигар маводи илмӣ дар робита бо мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия ва нашр шуд.
     Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба магистрантони Марказ аз рӯйи барномаи таълимии тасдиқгардида, 4 номгӯйи фанҳои ихтисосӣ ва 1 номгӯйи фанни интихобӣ омӯзонида шуд.
     18. Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Марказ 4 маротиба ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ сафари корӣ анҷом дода шуда, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва соҳаҳои дигар вусъат дода шуд.
     19. Кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ самти афзалиятноки фаъолияти Марказ буда, дар давраи ҳисоботӣ ба Марказ 44 муроҷиат ворид шуд. Аз ҷумла, муроҷиати шифоҳӣ 9, хаттӣ 10, электронӣ 11 ва телефонӣ 14 адад. Аз ин шумора, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ 40 адад ва муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ 4 ададро ташкил медиҳад.
     Маркази миллии қонунгузорӣ дар самтҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ низ фаъолияти самарабахш дошта, пайваста баҳри пешбурди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ чораҳои дахлдор меандешад.
 
 
Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии
Маркази миллии қонунгузорӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад