ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

БАЪЗЕ ИМТИЁЗҲОИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 29/04/2022 - 14:04
  Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мунтазам ҷиҳати дастгирии ин табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд. Маҳз  бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Чунончи,  Пешвои миллат, дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуд, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошанд.
  Инчунин, дар паёми соли 2021  барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии маъюбон як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуд. Аз ҷумла, аз 1 – сентябри соли 2020 нафақаи гуруҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гуруҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шуд.
  Иқдоми мазкур имкон дод, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
  Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад. Чунончи, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.
Қобили зикр аст, ки маъюбият ҷузъи таркибии ҳолати инсон буда, қариб ҳар як кас дар ягон лаҳзаи зиндагӣ сустшавии муваққатӣ ё доимии фаъолиятро эҳсос менамояд.
Маъюбият бештар гуруҳхои осебпазири аҳолиро фаро гирифта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дида мешавад.
  Тибқи маълумотҳо зиёда аз як миллиард нафар, яъне 15 фоизи аҳолӣ дар ҷаҳон, аз он ҷумла, 95 миллион нафар кӯдакон дорои ягон навъи маъюбӣ мебошанд.
Мувофиқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли 2020 теъдоди маъюбон 149860 нафарро ташкил дода, аз онҳо 15680 нафар маъюбони гурӯҳи I, 72692 нафар маъюбони гурӯҳи II, 32950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва 28538 нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати одамон нисбати маъюбон дар даҳсолаҳои охир хеле дигаргун шуда, аз шинохти маъюбон ба ҳайси мафҳуми хайргиранда, гирандаи хизматрасонии тиббӣ ва кӯмакпулиҳо то қабули онҳо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ дониста мешаванд. Шахсони маъюб назар ба дигар шаҳрвандони ягон маҳдудият надошта, эҳтимолият дар саломатии онҳо мебошад.
  Маъюбон ҳамчун қишри ҷомеа мисли дигар шаҳрвандон ҳуқуқи дастрасии баробар ба ҳамаи хизматрасониҳо, аз ҷумла тандурустӣ, хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ, таҳсилот ва барномаҳои рушди малакаҳо ҳуқуқ дошта, аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
  Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010, №675 маъюбон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок истифода намоянд. Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли маъюбон дар шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад. Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
  Маъюбони гуруҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳо имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намоянд.
  Дар баробари ин, маъюбон ба андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Чунончи, мутобиқи банди 25 қисми 1 моддаи 189 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 даромади дар шакли музди меҳнат гирифтаи маъюбон аз овони кӯдакӣ ва маъюбони гуруҳи I андозбандӣ карда намешавад. Аз  маъюбони гуруҳи II даромад дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
  Имтиёзи дигаре, ки Кодекси андоз нисбати маъюбон муқаррар намудааст, ин аз андозбандӣ озод намудани  объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо маъюбони гуруҳҳои I ва II, ба қайд гирифта шудаанд, мебошад. (моддаи 347 Кодекси андоз). Инчунин,  объектҳои ғайриманқули нафақагирони яккаю танҳо, ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо кӯдакони ноболиғ ё кӯдаки маъюб дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд, андозбандӣ карда намешаванд.
 Ҳамзамон, мутобиқи моддаи 353 Кодекси андоз қитъаҳои замини наздиҳавлигҳ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил барои ҳамаи гурӯҳи маъюбон (ба истиснои маъюбони гурӯҳҳои I ва II) дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замин ӣудо шудаанд, агар дар чунин оилаҳо шахси ҷайри қобили меҳнат бошад ва шахси маъюб эътирофшуда бе ӣои кор бошад, аз пардохти андози замин озод мебошанд.
   Инчунин, тибқи моддаи 361 Кодекси андоз маъюбони гуруҳи I ва II аз пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт озод мебошанд, яъне як автомобили сабукрави ба маъюби гурӯҳи I ё II тааллуқдошта андозбандҳ озод карда мешаванд.
   Имтиёзҳои дигари маъюбон дар дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Чунончи, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004, №19 маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда  аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошанд. Инчунин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006, №197 ҳангоми хизматрасониҳои консулӣ ба маъюбони гуруҳҳои I ва II хироҷҳои консулӣ ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонида мешавад, маъюбони гуруҳи як ва ду категорияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома, аз пардохти хироҷи сайёҳӣ, аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ, аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он озод мебошанд.
  Мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» аз 7 августи соли 2020, №1719 маъюбони гуруҳҳои I ва II мукофоти суғуртавиро ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи мукофоти суғуртавии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт менамоянд.
    Ҳамин тариқ, ҳифзи иҷтимоии маъюбон таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории махсуси давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамасола дар қонунгузорӣ имтиёзҳои нав ба нав ба ин қишри ҷомеа муқаррар карда мешаванд, ки ин ҳама аз иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
 
 
                                                                                                                                        Шеров.Ш.З.
                                                                                                             сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия,
                                                                                                                    андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)