20 июли соли 2020 дар толори АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидализода Фозил ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, телевизион ва радио иштирок намуданд.
Дар оғоз Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар нимсолаи якуми соли 2020 гузориши мухтасар пешниҳод карданд.
Зикр гардид, ки дар самти таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии Марказ мебошад, баррасии лоиҳаҳои Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав идома ёфт.
Лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи «Консепсияи Методологияи гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардиданд.
Ҳамчунин, Марказ дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав иштирок дорад.
Гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра Марказ 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо 226 таклиф пешниҳод намуд.
Дар робита ба ин самти фаъолият оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин” мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти он омода гардид, ки 18 таклифро дарбар мегирад. Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, 13 таклиф рӯи кор омад.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми ваколатдори гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаи 13 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкориро дар робита ба таҳлили таъсири танзимкунӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард.
Ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони Марказ 20 мақолаҳои илмӣ - амалӣ таҳия гардиданд.
Дар ин давра таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, аз ҷумла, таҳлили муқоисавӣ -ҳуқуқии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом дода шуданд. Натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» нашр карда мешаванд.
Бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар Сомонаи расмии Марказ саҳифаи махсуси «Махзани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушода шудааст, ки дар он инвентаризатсия ва мураттабсозии қонунгузории кишвар дар шакли электронӣ амалӣ мегарданд. Дар саҳифаи мазкур матни 385 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда шудааст. Дар давраи мазкур 38 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз инвентаризатсия гузаронида шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 бо ташаббуси Марказ ду Конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъҳои «Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо» ва «Иқтисоди деҳот: масъалаҳо, дастовардҳо ва самтгирии стратегӣ», инчунин 5 семинар ва 5 мизҳои мудаввар гузаронида шуданд, ки дар кори конференсияҳо ва мизҳои мудаввар намояндагони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Илова бар ин, кормандони Марказ дар кори 15 чорабиниҳои илмӣ иштирок ва баромадҳо намуданд.
Бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Сомонаи расмии Марказ дар суроғаи http://www.mmk.tj ҳамчун воситаи асосии пешбурди корҳои ташвиқотиву тарғиботии Марказ ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад, ки дар ин давра шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зиёда аз 6 000 000 маротиба ҷиҳати дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он истифода намудаанд.
Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ин самт баромадҳо тариқи радио, телевизион ва сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо ба роҳ монда шуданд.
Бо ҳамин мақсад роҳбарият ва кормандони Марказ 4 маротиба сафари хизматӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ анҷом дода, бо сокинон вохӯрданд.
Тариқи ВАО, аз ҷумла, телевизион ва радио 10 баромад анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, 5 тафсири илмию амалии қонунҳои ҷумҳурӣ, 4 Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 2 Истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.
Бахусус, Тафсири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи баҳои замин” ва “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, инчунин Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар самти тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ низ як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади нашр намудани мақолаҳои илмии олимони соҳаи ҳуқуқ, маводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» шумораҳои №1 (37), 2020 ва №2 (38), 2020 нашр гардид. Маҷаллаи мазкур ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) шомил мебошад.
Таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ самти дигари фаъолият аст. Бо ҳамин мақсад, дар сомонаи Марказ рубрикаи «Китобхона» фаъол аст. Дар баробари ин, кормандони Марказ тариқи Интернет аз китобхонаҳои илмии электронӣ истифода менамоянд. Инчунин, дар Марказ китобхона фаъолият менамояд, ки он дорои беш аз 2000 (ду ҳазор) номгӯи китоб, теъдоди зиёди маҷалла, рӯзнома ва дигар маводи ҳуқуқӣ мебошад.
Кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ самти афзалиятноки фаъолияти Марказ маҳсуб меёбад. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба Марказ 45 муроҷиати шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ворид гардидааст. Муроҷиатҳо сари вақт дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардида, ба муаллифон ҷавобҳои дахлдор ирсол гардид. Ҳамчунин, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Марказ ба роҳ монда шудааст.
Марказ инчунин, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои корӣ дорад, ки баҳри тақвияту густариши чунин ҳамкориҳо ва робитаҳои мутақобилан судманд ҳамеша омодаву ҳавасманд мебошад.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ва баҳои замин, вазъи ҳуқуқии ветеранҳо, уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, вазъи ҳуқуқии маъюбон, масоили оила, тағйиру иловаҳои охирин ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вазъи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳолати баррасии лоиҳаи қонунҳо аз ҷониби Марказ ва хулосаҳои ҳуқуқӣ, инчунин оид ба самтҳои дигари фаъолияти Марказ саволҳои худро манзур намуданд, ки ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии ММҚ