ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАНЗИМИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 26/09/2025 - 15:22
     Сиёсати ҳуқуқии муҳоҷиратии Россия яке аз масъалаҳои мураккабтарин, мушкил ва баҳснок дар тули даҳсолаҳои охирин мебошад. Мисли кишварҳои Европа, ки ба он ҷо ҷиҳати дарёфти музди корӣ шаҳрвандони кишварҳои Африка, Назди Балтика ва қисмати ғарбии Осиё муҳоҷират карданд. Дар фарҳанги муосир калимаи «муҳоҷир» дар бисёр мавридҳо бо маънои манфӣ ифода мешуд ва дар воситаҳои ахбори омма дар қатори синонимҳои калимаҳои «мусофир», «шахси аз кишвар, табақаи худ ва ҷомеаи тамаддунӣ дуршуда», «шахси буду бошаш пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ», «кучманчиҳои ғариб», «гастарбайтер чун коргари кироӣ» (аз забони немисӣ маънояш коргари меҳмон, муваққатӣ), «шаҳрванди хориҷӣ» чун бегона пахш мегардид. Чунин тасвири руякии гурӯҳҳои алоҳидаи муҳоҷирон ба мафҳуми умумӣ пахш гардида, дарки мувофиқи онро каҷ менамояд. Дар воқеъ ҷараёни анбӯҳи муҳоҷиратӣ дар ҳудуди Россия бағоят гуногунранг буда, бо гуруҳҳои мухталифи дорои хислатҳои ҳархелаи иҷтимоию фарҳангӣ дида мешавад; мавҷудияти бисёри аз онҳо барои фаъолияти муътадили низоми демографӣ, фарҳангӣ-иқтисодӣ ва дигари ҷомеа зарур аст.
     Аз нуқтаи назари илмӣ, мувофиқи мақсад аст барои нишон додани субъекти муҳоҷирати меҳнатӣ бар ивази калимаи «корманди хориҷӣ», ки дар Қонуни Федералии Россия «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» истифода мешавад, ба мафҳуми «корманд-муҳоҷир» чӣ тавре, ки ин мафҳум дар Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) №97 соли 1849 «Дар бораи меҳнаткашон-муҳоҷирон» пешбинӣ шудааст.
     Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқии ҳамаи меҳнаткашон-муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳо (Бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  45/158 аз 18 декабри соли 1990 қабул шудааст), дар моддаи 14 пешбинӣ менамояд, ки меҳнаткаш-муҳоҷир ва аъзои оилаи у набояд зери дахолати ихтиёрӣ ё ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва оилавиаш гирифтор гарданд, ҳар як меҳнаткаш-муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ барои ҳимоя аз чунин дахолат ё чунин таҷовуз ҳуқуқ доранд. Қисми 1 моддаи 18 Конвенсия пешбинӣ менамояд, ки меҳнаткашон-муҳоҷирон ­ва аъзоёни оилаҳои онҳо ҷиҳати баробарӣ бо шаҳрвандони кишвари дахлдор дар судҳо ҳуқуқ доранд. Чунончӣ, дар таҷрибаи судӣ Конвенсияи Европа дар бораи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон асоси ҳуқуқӣ барои бекор кардани қарорҳо дар бораи иҷозат надодани воридшвии шаҳрванд дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқ ба муттаҳидшавии оила, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсӣ, оилавии шаҳрванди Федератсияи Россия, ки ҳамсар, фарзанд ё волидайни у шаҳрванди хориҷӣ аст, мебошад. Мувофиқи қ. 4 м. 15 Конститутсияи Федератсияи Россия: “Принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Россия қисми таркибии низоми ҳуқуқии онро ташкил медиҳанд. Агар бо шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия қоидаҳои дигар муқаррар шуданд, ки аз меъёрҳои бо қонун пешбинишуда фарқ мекунанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ амал мекунанд.».
     Меҳнаткашон-муҳоҷирон, ки ҷиҳати доро шудани музди кор Россия сафар мекунанд, умед доранд чунин сатҳи даромад дошта бошанд, ки барои таъмини оилаи у кофӣ бошад, ки масалан, дар Тоҷикистон ва ё дар Россия зиндагонӣ мекунад, дар мавриди кучидани оила. Аммо воқеан, меҳнаткашони муҳоҷир наметавонанд донанд, ки ҳангоми сафари онҳо ба Россия ба кадом вазъияте дучор мешавад. Хусусан, метавонанд онҳо ба ғайр аз он, ки эҳтимолан ҷойи кори мувофиқ ба маҳорату қобилият меёбанд, инчунин шароити ҳадди аққал барои кор ва истиқомат, аз ҳама муҳим он аст, ки ҳуҷҷатҳо барои буду бош ба таври муносиб барасмият дароварда шаванд.
     Дар бисёр мавридҳо, мутаасифона, муҳоҷири меҳнаткаш ё забони русиро хуб намедонад ё хоҳишу вақт надорад қонунгузории Федератсияи Россияро хонад. Дар натиҷа тартиберо, ки қоидаҳои ворид шудан ва баромадан аз кишвар, баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ба қайд мондан ва дароз кардани чунин баҳисобгирӣ аз рӯи ҷойи буду бош, барасмиятдарории патент ва дар асоси он пешпардохти андоз аз даромади шахси воқеӣ барои давраи амали он, барасмият даровардани шартномаи меҳнатӣ ё маданӣ-ҳуқуқиро муқаррар ва танзим менамояд, намедонад. Дар асоси шартнома муҳоҷир ҳуқуқ дорад музди меҳнат ё пардохтҳоро барои хизматрасонӣ гирад, нафақа ҳисоб карда мешавад.
     Барои ин муҳоҷир чиро бояд донад ва амал кунад?! Пеш аз ҳама, баъди ворид шудан ба кишвар ё ба минтақаи дигари Россия рафтан, то 7 рӯзи корӣ (банди 2 қисми 2 моддаи 20 Қонуни Федералӣ аз 18 июли соли 2006 № 109-ҚФ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”), барои шаҳрвандони Тоҷикистон бошад ба таври имтиёзнок то 15 рӯзи тақвимӣ (тибқи қисми 3 моддаи 1 Созишномаи байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва 8 феврали соли 2013 имзо гардида, бо Қонуни Федералӣ аз 28 декабри соли 2013 №393-ҚФ тасдиқ карда шудаст), бояд ба қайди муҳоҷиратӣ мононда шавад.
     Мутобиқи моддаи 191 Кодекси граждании Федератсияи Россия, муҳлате, ки бо давраи вақт тибқи шарти қонун муайян шудаст, пас аз рӯзи дигар баъди санаи тақвимӣ ё воқеаи мушаххас, масалан, рӯзи қабулшавии қарор, сар мешавад. Мувофиқи моддаи 194 КГ ФР муҳлати муқарраршуда дар рӯзи охирон соати 24:00 ба охир мерасад ва ё он соате, ки вақти кории ташкилот тамом мешавад ё қоидаҳои муқарраршуда амалиётҳои дахлдор ба анҷом мерасанд, дар назар аст. Рӯзҳои корӣ одатан ба ғайр аз шанбе ва якшанбе, рӯзҳои ид ҳисоб карда мешаванд. Тибқи моддаи 193 КГ ФР агар рӯзи охирони муҳлат ба рӯзи истироҳат рост биёяд, он маврид рӯзи охирони муҳлат рӯзи дигар ба ҳисоб меравад.
    Ба қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ аз рӯи ҷойи будубош мононда шудан барои меҳнаткаш-муҳоҷир маъное дорад, ки аз тарафи қабулкунанда яъне соҳибмулкони манзили истиқоматӣ ё корхонаи дорои манзил, ки ба муҳоҷир кор ва ҷойи зист медиҳад, қисмати дуюми шакли хабарнома дар бораи бақайдмонӣ дар баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, дар шуъбаи маҳаллии раёсати хадамоти федералии муҳоҷиратӣ (ШРХФМ) ё дар маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ (МБМ) ё шуъбачаи почта ба муҳлати 3 рӯз.
   Муҳлати баҳисобгирии муҳоҷиратии меҳнаткаш-муҳоҷир дар шуъбаи ҳудудии хадамоти муҳоҷиратӣ дар асоси патент ва чек-ордерҳо (расидаҳо)-и пешпардохт барои ҳар моҳи амали патент (аз якчанд моҳ то як сол, сурати мавҷудияти имконияти молиявии пардохт). Дар чунин маврид, дорои патенти пардохтшуда, қисмати хабарномаи тарафи қабулкунанда дар бораи ба баҳисобгирии муҳоҷиратӣ аз руи ҷои будубоши воқеӣ монондан, ки дар муҳлаташ дароз карда шуд, будан ва инчунин бо шарти амал намудани фаъолияти меҳнатӣ танҳо дар ҳудуди субъекти федератсия, ки патент дода шуд, шаҳрванди ИДМ метавонад ба тафри кафолатнок чун қонунӣ дар Россия буда ҳисобида мешавад.
 
 
Бобокалон Ғоиб Мерган,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад