ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

АСОСҲОИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ: ҶАНБАҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 12/02/2025 - 10:04
     Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Нисбат ба дигар гурӯҳҳои ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ки ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва дар идоракунии корҳои давлатӣ низ ба ин ҳуқуқҳо шомил мебошад.
    Ҳуқуқи интихоботӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихоботи намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳурро танзим карда, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқии интихобот барои муқаррар ва таҳкими муносибатҳои зайл таъйин шудаанд:
1) муайян кардани доираи шахсе, ки ҳуқуқи интихоб кардан (ҳуқуқи интихоби фаъол) ва ҳуқуқи интихоб шудан (ҳуқуқи интихоби ғайрифаъол) ба Раиси ҷумҳур ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ доранд;
2) муқаррар кардани усулҳои интихобот;
3) тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихобот;
4) муайян кардани муносибати интихобкунандагон бо вакилон [1].
     Маҳз ба воситаи интихобот вазифа ва мансабҳои сатҳи олии давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ишғол карда мешаванд. Масалан, бавоситаи интихобот сарвари давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад, интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳи пинҳонӣ сурат мегирад. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Аъзои Маҷлиси миллӣ аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд.
     Дар айни замон танзими ҳуқуқии интихобот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба худ шаклу мазмуни хос гирифта, масъалаҳои вобаста ба интихобот дар меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ба таври мушаххас оварда шудааст. Аз ҷумла, моддаи 49 Конститутсия ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 65-66 ба интихоботи Президенти кишвар.
     Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии қонунгузории кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар боби дуюми он (Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд),махсусан дар моддаи 27 чунин муқаррар шудааст: “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
     Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд. Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад” [2].
     Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки моддаи мазкур идомаи мантиқии моддаи 6 Конститутсия мебошад, ки мушаххасан ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро пешбинӣ менамояд. Дар моддаи баррасишаванда бисёртар сухан дар бораи ҳуқуқи иштироки бевосита ва ё бавоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ меравад. Муқаррароти мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ иштироки шаҳрвандони худро дар ҳаёти сиёсии давлатӣ кафолат медиҳад.
     Дар моддаҳои зикргардида масъалаҳои пешбурд ва тартиби гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.              Инчунин, тартиби гузаронидани интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои конститутсионии зерин муқаррар карда мешавад:
1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 10 декабри соли 1999, №856;
     Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар моддаи 3 Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар гардидааст, ки тибқи он интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
2) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июли соли 1994, № 1042;
     Ҳуқуқи умумии интихобот (маънои онро ифода менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
3) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” аз 10 декабри соли 1999 № 858;
     Ҳуқуқи баробари интихобот ифодаи он аст, ки интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд.
     Инчунин, ба ғайр аз қонунҳои зикрёфта боз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт ҷой доранд, ки масъалаҳои ҷудогонаи ташкилу анҷоми интихоботро ба танзим медароранд.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсия таҳкимбахш ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба шаҳрвандони синашон аз 18 - сола боло ҳуқуқ дода шудааст, ки дар интихобот ва корҳои давлатӣ озодона иштирок кунанд. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ арзишҳо ва принсипҳои давлати демократӣ дар амал давра ба давра татбиқ гардид ва дар ин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии инихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19 июли соли 2019, №1642 ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихобот ва раъйпурсӣ таъмин менамояд [3].
     Имрӯзҳо ҳарчи бештар дар сатҳи баланд таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба назар мерасад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатиро бо меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқ намуда истодааст. Баҳри амали намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷумҳурии мо як қатор санадҳои мушаххас қабул шуда, пояҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин замина мустаҳкам карда шудааст [4].
     Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон ва иштирок дар идораи корҳои давлатӣ бо қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба таври мушаххас кафолат дода шудаанд.
     Ҳуқуқи мазкур бори аввал дар давраи инқилобҳои буржуазии асри Хll, дертар дар асри XX дар ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таҳким ёфтааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (моддаи 21) кафолат медиҳад, ки “Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хидмати давлаӣ ҳуқуқи баробар дорад. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад; ин ирода бояд давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари он, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамояд, ба амал бароварда мешавад” [5].
     Дар баробари меъёрҳои қонунгузории миллӣ оид ба интихобот, инчунин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар низ таъкид менамояд, ки ҳар як шаҳрванди интихобгардида бо дарки баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва фарогир аз манфиатҳои умумӣ дар ҷомеаи мавҷуда фаъолияти худро ба роҳ монанд. Аз ин лиҳоз, бояд тамоми қишри ҷомеъа, ҳам интихобшавандагон ва ҳам интихобкунандагон дар масъалаи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ якранг бошанд.
      Инчунин, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлатро таҳким бахшидааст. Мутобиқи моддаи 25 он «Ҳар як шаҳрванд бояд бидуни ягон навъ табъизи дар моддаи 2 санади мазкур ва бидуни маҳдудиятҳои беасос ҳуқуқ ва имкониятҳои зеринро дошта бошад:
а) дар пешбурди корҳои давлатӣ чи бевоста ва чи бавоситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд;
б) дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар бо овоздиҳиии пушида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, иштирок намояд ва интихоб шавад;
с) дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хидмати давлатӣ истифода намояд» [6].
     Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад. Он дар интихоботи даврӣ ва ғайриқалбакӣ, ки бояд бо таври умумӣ ва баробар будани ҳуқуқи интхоботӣ бо роҳи овоздиҳии пинҳонии таъминкунандаи озодии овоздиҳӣ гузаронида мешавад, ифода меёбад.
     Инчунин, дар асоси интихобот шаҳрвандон ба номзади арзандаи худ овоз дода, ояндаи давлату миллатро интихоб менамоянд. Чунки номзади арзандае, ки ба сари ҳокимият меояд аз номи халқ давлатро идора менамояд. Дар ин замина, дар Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Дар таъсис ва барҳам додани дигар мақомоту ташкилотҳои ҳокимияти давлатӣ онҳо нақши ҳалкунанда доранд [7].
     Ҳуқуқи иштирок дар идоракунии давлат ва корҳои ҷамъиятӣ принсипи бунёди муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандони он ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқи сиёсӣ аст. Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои бо роҳи ифодаи раъйи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин иштироки шахсӣ дар кори мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Беҳуда нест, ки кафолатҳо ва ҳамзамон шаклҳои амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии мазкур як қатор ҳуқуқҳои дигар: ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқи иштирок намудан дар раъйпурсӣ, ҳуқуқи дастрасии баробар ба хидмати давлатӣ, ҳуқуқи иштирок дар адолати судӣ ва ғайра мебошанд.
     Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлат ба шаҳрвандони мамлакат, ки ба синни 18 солагӣ расидаанд вобастагӣ дорад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар интихобот ва раъйпурсиҳо иштирок карда наметавонанд.
     Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи худро дар интихобот ва идоракунии корҳои давлатӣ бо якчанд роҳҳо амалӣ менамояд. Якум, шаҳрвандон бо роҳи иштироки шахсӣ дар интихобот ба сифати интихобкунанда ва ё интихобшаванда, иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ, муҳокимаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими сатҳи умумидавлатӣ, маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ дар идораи давлатӣ ширкат меварзанд. Омори иштироки шаҳрвандон дар интихоботҳо ва райъпурсиҳои дар кишвар доир гардида аз он далолат медиҳанд, ки шаҳрвандон аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ ба таври дахлдор истифода мебаранд. Дуюм, шаҳрвандон дар идораи давлатӣ тавассути вакилони худ ширкат меварзанд. Иштироки ғайримустақими шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ дар заминаи иштироки бевоситаи онҳо ба вуҷуд меояд.
     Аз он сабаб, ки шаҳрвандон вакилони худро маҳз дар ҷараёни баргузории интихоботҳо интихоб намуда, ба интихобгардидагон ваколат медиҳанд, ки аз номи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ширкат намоянд. Президент, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ намояндагони шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, аз номи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
     Конститутсияи Тоҷикистон зимнан баробарҳуқуқии шаҳрвандонро ба хидмати давлатӣ муқаррар намудааст, ки ин муносибат низ аз хусусияти демократӣ ва соҳибихтиёрии давлат гувоҳӣ медиҳад. Ин ҳолат низ иштироки васеи шаҳрвандонро дар идораи давлатӣ тақвият мебахшад. Дар аксари конститутсияҳои ҳозираи давлатҳои демократӣ ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок кардан дар идораи корҳои давлат дар шакли маҷмӯи ҳуқуқҳои дар боло нишондодашуда ташаккул ёфтааст. Айнан ҳамин тавр он дар Конститутсия низ таҳким бахшида шудааст [8].
     Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ (иштирок дар интихобот ва идоракунии корҳои давлатӣ) дар санадҳои байналмилалӣ, Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон, «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Дар ҳама давру замон, аз асрҳои гузашта то имрӯз, дар байни миллатҳои гуногун асоси озодӣ, адолат, эҳтиром ва арзиши шахсии инсон ин ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ мебошад.
     Ба ин тариқ, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо ба мустаҳкам кардани алоқаи шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шуда, мақсадашон роҳ надодан ба бетафовутии шаҳрвандон ба тақдир ва фаъолияти мамлакати худ мебошад.
     Дар маҷмуъ, ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, дар баробари дигар кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, таъмин ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар интихобот ва иштирок дар корҳои давлатӣ низ мебошад.
     Ҳамин тавр, зикр кардан ба маврид аст дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро интихоб намудааст, нақши интихобот ва иштирок дар корҳои давлатӣ ниҳоят бузург аст. Ҳамчунин, падидаи мазкур дар амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон ҷойгоҳи хоса дошта, онҳоро бо фазои сиёсии кишвар пайваст менамояд.
 
   Рӯйхати адабиёт:
1.Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. ­- Душанбе: “ЭР-граф”, 2009. - 524 с.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 6 ноябри соли 1994 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: “Ганҷ”, 2016. – 135 с.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии инихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 19 июли соли 2019, №1642 // [Захираи электронӣ] / Манбаи дасрасӣ: https://mmk.tj/content (санаи муроҷиат: 20.01.2025).
4. Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Имомов А. – Душанбе: “Оли Сомон”, 1997. – 386 с.
5. Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. Бо қатъномаи 2200 А (ХХI) Ассамблеяи Генералӣ 16 декабри соли 1966 қабул шудааст // [Захираи электронӣ] / Манбаи дасрасӣ: https://mmk.tj/system/files/ArticleAttachments/ Пакт.pdf (санаи муроҷиат: 27.01.2025).
6. Эломияи умумии ҳуқуқи башар 10 декабр 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидааст // [Захираи электронӣ] / Манбаи дасрасӣ: https://mmk.tj/content (санаи муроҷиат: 27.01.2025).
7. Муҳаммад А.Н., Хидирзода М.У., Сафарализода Х.Қ. // Сиёсатшиносӣ. – Душанбе: “Матбуот”, 2018. – 260 с.
8. Сафаров Б.А., Сафаров Д.С., Миралиев И.Қ., Саидов И.И. Ҳуқуқи инсон (дар нақшаҳо). – Душанбе: “Баҳманруд”, 2013. - 207 с.
 
Одиназода Шоҳрух Хисрав - сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович - муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад