ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №4, мод.139;
Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; с. 2016, №11, мод. 891; ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро (минбаъд - лизинг) танзим намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои лизинг равона гардидааст. (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
(ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти лизингӣ ва лизинги молу мулке, ки ба ашёи ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ пешбинӣ гардидааст, паҳн мегардад. (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизинг – маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизинги молиявӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани муҳлати он ҳуқуқи моликият ба мавзуи лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- лизинги амалиётӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани муҳлати он мавзуи лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- лизинги баргардонидашаванда – намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- фаъолияти лизингӣ – намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ – хизматрасониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи мавзуи лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- (хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 4. Мавзуи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Мавзуи лизинг метавонад ҳама гуна ашёи ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи амволи, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Мавзуи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин амволе бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъ карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла, тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 5. Субъектҳои лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизингдеҳ - шахси воқеӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкро ба моликият мехарад ва онро ба сифати мавзуи лизинг ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба муҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба мавзуи лизинг ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд; (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- лизинггир - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки объекти лизингро тибқи шартҳои муайян ба соҳибии муваққатӣ ва истифода қабул менамояд; (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
- фурӯшанда – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки мавзуи лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар муҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии лизинг ба сифати лизинггир баромад намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 51 . Намудҳои лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Намудҳои лизинг инҳоянд: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизинги молиявӣ; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизинги амалиётӣ; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- лизинги баргардонидашаванда. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 6. Иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375, ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ – намуди лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он мавзуи лизинг мебошад, бо пардохт ва ба муҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ ба лизинггир мегузарад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375, ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
(Хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Муҳлати иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ набояд аз муҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, зиёд бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375, ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
БОБИ П. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӣ
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шавад. (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Барои иҷрои уҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг субъектҳои лизинг шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурӯшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шартномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Шартномаи лизинг бояд: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
-
мавзуи шартнома (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580);
-
тартиби таҳвил ва қабули амвол; (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300)
-
ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;
-
истифодаи амвол, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он;
- муҳлати лизинг; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- масъулияти тарафҳо;
- тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;
- шартҳои пеш аз муҳлат бекор кардани шартнома;
- амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;
- форс - мажор;
- суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;
- ва шартҳои дигарро муайян намояд.
Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари лизинг муайян карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва молу мулки харидоришаванда аз xониби лизингдеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурӯшанда ва мавзуи лизинг масъулиятро ба зимма мегирад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580)
Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирро барои дароз намудани муҳлати лизинг бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои лизингдеҳ
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад:
а) пардохтҳои лизинги муҳлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба мавзуи лизинг ва иҷрои уҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани уҳдадориҳо оиди баргардонидани мавзуи лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои муҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
д) ба мавзуи лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доштан гувоҳӣ диҳад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
е) мавзуи лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизингдеҳ уҳдадор аст: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
а) мавзуи лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабарӣ ба лизинггир диҳад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
б) баъди харидорӣ намудани мавзуи лизинг фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) ҳангоми бегона намудан ё ба гарав гузоштани мавзуи лизинг лизинггирро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони сеюм нисбат ба он огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу уҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои лизинггир
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизинггир ҳуқуқ дорад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
а) мавзуи лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари) мавзуи лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, муҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) аз гирифтани мавзуи лизинг даст кашад ё ивази мавзуи лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар мавзуи лизинг таҳвил нашуда бошад, аз муҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии мавзуи лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз xониби лизинггир анҷом дода шуда бошад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи мавзуи лизингро, ки барои мавзуи лизинг бидуни зарар xудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳое, ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
е) мавзуи лизингро, ки тибқи шартномаи лизинг гирифтааст, барои иҷораи молиявӣ (лизинг)-и фаръӣ ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Лизинггир уҳдадор аст: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг ҷавобгӯй будани мавзуи лизинг онро қабул намояд ва мавзуи лизингро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома лизинг истифода барад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории мавзуи лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба мавзуи лизинг) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба мавзуи лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳ иттилоотро оид ба ҳолати техникии мавзуи лизинг ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ба лизингдеҳ мавзуи лизингро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар ҳолате, ки дар шартномаи лизинг муқаррар гардидааст, баргардонад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизинггир метавонад ҳуқуқу ўҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фурӯшанда
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.
Лизинггир ҳукук дорад талабҳоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи мавзуи шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва уҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз уҳдадориҳои пардохти молу мулки харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам дар назди лизинггир масъулият дошта бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 11. Тағйирдиҳӣ ва бекор кардани шартномаи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби судӣ пеш аз муҳлат бекор карда шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби иҷорадеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз муҳлат бекор карда шавад, мавзуи иҷораи молиявӣ бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
а) агар лизинггир ҳолати мавзуи лизингро ба таври назаррас бад гардонад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
б) агар лизинггир мавзуи лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии мавзуи лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) агар лизинггир баъди ба охир расидани муҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси ҳам пардохти номбурдаро, ворид накунад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
г) агар лизинггир таъмири асосии мавзуи лизингро дар муҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар муҳлати муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол уҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Дар ҳолатҳои зерин бо талаби лизинггир шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз xониби суд пеш аз муҳлат бекор карда шавад, мавзуи иҷораи мол бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
а) агар лизингдеҳ мавзуи лизингро надиҳад ё барои истифодаи мавзуи лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
б) агар мавзуи лизинги додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
в) агар лизингдеҳ муҳлати таҳвили мавзуи лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
г) агар лизингдеҳ таъмири асосии мавзуи лизингро дар муҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар муҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг уҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Соҳиби номии (титулии) мавзуи лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки мавзуи лизинг ба онҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 13. Ба соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ додани мавзуи шартномаи лизинг, хизматрасонӣ ва баргардонидани он
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки мавзуи лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи лизинг ва таъинотии ҳамин молу мулк ба лизинггир пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Мавзуи лизинг дар якҷоягӣ бо ҳамаи асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва ғайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии мавзуи лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории мавзуи лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Хизматрасонии кафолатноки мавзуи лизинг мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни лизингдеҳ ва фурӯшандаи мавзуи лизинг пешбинӣ гардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст мавзуи лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Агар лизинггир мавзуи лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои муҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани мавзуи лизинг ноустуворона пешбинӣ намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба мавзуи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Мавзуи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбинӣ гардад, ки мавзуи лизинг баъди ба охир расидани муҳлати шартномаи лизинг ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Агар шарти харид намудани мавзуи лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии мавзуи лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории мавзуи лизинг пешбинӣ карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии мавзуи лизинг дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба мавзуи лизинг аз ҳуқуқи гирифтани мавзуи лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба амволи ӯ, мавзуи лизинг аз молу мулки лизинггир ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд, баргардонида шавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар мавзуи лизинг анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз мавзуи лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба мавзуи лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсозихо ҳуқуқ надорад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 15. Гузашт намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи лизинг ба шахси сеюм ва гаравмонии
мавзуи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди мавзуи лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пулӣ мавзуи лизингро ба сифати гарав истифода барад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзуи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580).
(Хориҷ карда шуд) (ҚҶТ аз 13.11.24 с., №2111)
Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (мавзуи шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он
(ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (мавзуи шартномаи лизинг) аз рӯи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Мавзуи шартномаи лизинг аз рӯи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани мавзуи лизинг, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгирӣ ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро беэътибор гардонад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 17. Суғуртаи мавзуи лизинг ва таваккалҳо
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Мавзуи лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани муҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375)
Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шартномаи лизинг анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои иҷрои уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки лизинг ба вуҷуд меоянд, суғурта намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани шартномаи лизинг ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Ҷавобгарӣ барои ҳифзи мавзуи лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш аз муҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки аз лаҳзаи қабули аслии мавзуи лизинг ба дӯши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани уҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши мавзуи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Таваккали мутобиқат накардани мавзуи лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки мавзуи лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 19. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзуи лизинг
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580)
Рӯёнидан аз ҳисоби мавзуи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзуи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми рӯёнидан аз ҳисоби мавзуи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурӯши мавзуи лизинг уҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки муҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рӯёнидан аз ҳисоби он ва фурӯши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580).
Моддаи 20. Баҳисобгирии мавзуи лизинг ва татбиқи механизми истеҳлоки босуръати мавзуи лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Мавзуи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзуи лизингро истифода намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро ҳамон тарафи шартномаи лизинг анҷом медиҳад, ки мавзуи лизинг дар балансаш мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзуи лизинг аз лизинггир
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзуи лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375)
Таҳти пардохтҳои лизинг маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми муҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили мавзуи лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди мавзуи лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба мавзуи лизинг пешбинӣ карда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд. Агар лизинггир ва иҷорадеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои иҷораи молиявиро бо маҳсулоте (дар шакли молие), ки бо воситаи мавзуи иҷораи молиявӣ истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи мавзуи лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба муҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Уҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани мавзуи лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои лизинг
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани уҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани мавзуи лизинг ба муҳлати бештар аз шаш моҳ, вале на бештар аз муҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе иҷозатномаи Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи мавзуи лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз муҳлати ҳақиқии гирифтани мавзуи лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580, аз 13.11.24 с., №2111)
Барои анҷом додани лизинги байналмилалӣ: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзуи лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба муҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя ҳисобида намешаванд; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзуи лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
Пардохтҳои гумрукӣ ба тарики зайл ворид карда мешаванд:
- дар лаҳзаи ворид (содир) намудани мавзуи лизинг ба маблағи ҳамон қисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо ҳуҷҷатҳои бонкӣ тасдиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)
- минбаъд пардохтхои гумрукӣ баробари пардохтхои лизинг ё дар давоми 20 рӯз а лаҳзаи анҷом ёфтани пардохтҳои лизинг ворид карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)
Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии муҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии андозӣ ҳисобида намешавад.
БОБИ Ш. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 22 апрели соли 2003
№ 9
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» қабул карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклиф пешниҳод намояд;
- Қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» мутобиқ гардонад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе 29 январи соли 2003 С. ХАЙРУЛЛОЕВ
№ 766
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №4, мод.181)
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» баррасӣ намуда, Қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 7 апрели соли 2003
№366
Пинҳон кардан