ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонунҳои ҶТ аз 12.12.1997 № 498, аз 12.05.2001
№ 22,
№ 24, аз 3.05.2002
№ 15, аз 25.07.2005
№ 101, аз 21.11.2006
№ 209, аз 6.10.2008
№ 420, аз 26.03.2009
№ 501, аз 20.06.2024, №2055)
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидора, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209, аз 26.03.2009
№ 501).
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ) - хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазои ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати сарҳади ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёри, тамомияти арзи ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлати ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазои ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқи тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдор мебошад, арзёбӣ менамояд;
дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо карани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо - собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209);
ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмилали, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидунизури масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқарраркунии низомии Садҳади давлатӣ ва фаъолияти оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 3. Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ
Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
Тадбирҳои оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ мутобиқи статуси Сарҳади давлатӣ, ки ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси принсипҳои эътирофнамудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Ҳимояи Сарҳади давлатӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлатро дар Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ (минтақаи сарҳадӣ, қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои дигари сарҳадӣ, гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, инчунин қаламрави ноҳия ва шаҳрҳои маъмурии назди Сарҳади давлатӣ, минтақаи сарҳадӣ, соҳилҳои дарё, кӯлҳо ва дигар обанборҳо) таъмин менамояд ва аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроияи мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Муҳофизати Сарҳади давлатӣ, қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буд, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад - аз ҷониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501).
Муҳофизати Сарҳади давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғайриқонунӣ тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, таъмини риоя гардидани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва юридикӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳамин Қонун ҳамчун тадбирҳои сарҳадӣ арзёбӣ мегарданд.
Тадбирҳои сарҳадӣ ба системаи тадбирҳои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат мутобиқ мешаванд, дохил мегарданд.
Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209)
Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
БОБИ II. МУҚАРРАР НАМУДАН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА АЛОМАТГУЗОРИИ ОН
Моддаи 5. Муқаррар намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатӣ
Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Аснод дар бораи тағйир додан ва аниқ кардани хати Сарҳади давлати дар маҳал, ки ба тариқи тафтиши Сарҳади давлати дар асоси аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷори карда мешаванд.
Хати Сарҳади давлати, агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, чунин муқаррар карда мешавад:
а) дар хушки - аз рӯи нуқтаҳои махсус, хатҳои релеф ё нишонаҳои доимии аниқ дидашаванда;
б) дар дарёҳои киштигард - аз миёнаи маъбари асоси ё талвеги дарё, дар дарёҳои ғайрикиштигард ва дарёчаҳо - аз миёни онҳо ё аз миёнаи шоҳоби асосии дарё; дар кӯлҳо ва дигар обанборҳо - аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоҳи Сарҳади давлатиро бо кӯлҳо ё дигар обанборҳо мепайвандад.
Сарҳади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кӯл ё дигар обанборҳо мегузарад, чи ҳангоми тағйирёбии суроби соҳилҳои онҳо ё сати об ва чи ҳангоми ба ин ё он тараф майл кардани маҷрои дарё ва дарёча тағйир намеёбад;
в) дар обанбори гидроузелҳо ва дигар обанборҳои сунъи - мутобиқи хати Сарҳади давлати, ки то зери об мондани он мегузашт;
г) дар кӯлҳою сарбандҳо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кӯл ва дигар обанборҳо мегузаранд, - аз миёнаи ин иншооот ё мувофиқи мехвари технологии онҳо, сарфи назар аз гузаштани Сарҳади давлати аз об.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 6. Аломатгузории Сарҳади давлати
Сарҳади давлати дар маҳал бо аломатҳои аниқ дидашаван, сарҳади ифода карда мешавад.
Шакл, андозаҳо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳади бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ III. НИЗОМИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ
Моддаи 7. Нигаҳдори ва муқаррар намудани низоми Сарҳади давлати
Низоми Сарҳади давлати мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад ва қоидаҳои зеринро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501):
нигаҳдории Сарҳади давлати;
аз Сарҳади давлати гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт;
ба воситаи Сарҳади давлати интиқол додани борҳо, молҳо ва ҳайвонот;
аз Сарҳади давлати гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот;
пешбурди фаъолияти хоҷагидори, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлати ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
якҷоя бо давлатҳои хориҷи ҳаллу фасл кардани ҳодисаҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои мазкур вобастаанд.
Бо назардошти манфиатҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд муқаррар макардани баъзе қоидаҳои низоми Сарҳади давлати мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятхои қоидаҳои муқарраршаванда соддатар карда шавад.
Моддаи 8. Нигаҳдории Сарҳади давлати
Бо қоидаҳои нигаҳдории Сарҳади давлати тартиби гузоштан, ҳифз ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аломатҳои сарҳади ва муоинаи санҷиши онҳо; ҷиҳозонидан ва нигоҳ доштани пайроҳаҳои сарҳади, якҷоя бо давлатҳои ҳамҳудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарҳади давлати дар маҳал танзим карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷоя гузариши Сарҳади давлати, ки тағйирдиҳии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Бо мақсади ба таври зарури нигоҳ доштани Сарҳади давлати аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳади) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи замине, ки бевосита қад-қади Сарҳади давлати дар хушки ё қад-қади соҳилҳои қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади мегузарад, мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доими) дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 9. Аз Сарҳади давлати гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт
Аз Сарҳади давлати дар хушки гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳҳои оҳан ва мошингарди байналмилали ё ба воситаи дигар ҷойҳое, ки бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо ҳамин аснод вақти убур аз Сарҳади давлати муайян шуда метавонад, тартиби ҳаракат аз Сарҳади давлати то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлати ва баръакс муқаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва ба воситаҳои нақлиёт шинондан ё бор кардани онҳо мумкин нест.
Нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлати маънии қаламраверо дар ҳудуди вокзал, истгоҳҳои роҳи оҳан, автомобил, ҳамчунин бандари дарёи, майдони ҳавои, аэродроми барои алоқаҳои байналмилали (парвозҳои байналмилали) кушода, ҳамчунин ҷои дигари махсус ҷиҳозонидашуда, ки дар он ҷой назорати сарҳади, гумруки, дар мавриди зарурат дигар навъҳои назорат бурда ва аз Сарҳади давлати ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот гузаронда мешавад, доранд.
Қӯшунҳои сарҳади ҳуқуқ дода мешавад, ки бо мувофиқаи ҳокимияти давлатҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари аз Сарҳади давлати гузаштани хизматчиёни ҳарбии ин Қӯшунҳо ва дигар ашхосро ҳангоми иҷрои вазифаи онҳо оид ба муҳофизати Сарҳади давлати истифода баранд.
Киштиҳои дарёии ғайринизоми ва низоми Сарҳади давлатиро аз дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд.
Киштирони дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади бо убури Сарҳади давлати бе дохил шудан ба бандарҳои (рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд танзим мегардад.
Ба киштиҳои ғайринизоми ҳангоми ҳаракат аз Сарҳади давлати то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлати ва пас гаштан ба Сарҳади давлати ба киштиҳои низомии хориҷи ҳангоми шинои осоишта дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои сарҳади бе ворид шудан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ кард мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501):
(ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилали ва даромадани киштиҳои хориҷи кушода нашудаанд;
б) баромадан аз бандарҳое (аз рейдҳое), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилали кушода нашудаанд;
в) даромадан ба минтақаҳое, ки шино дар онҳо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти ҳама хабар дода шудааст;
г) таваққуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холи (бор) кардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳое, ки барои чунин корҳо муқаррар нашудаанд ё дар ҷойҳое, ки муқаррар шудаанд, аммо барои анҷоми чунин корҳо иҷозати дахлдор мавҷуд набошад, ба об сар додани воситаҳои шинокунанда, ба ҳаво сар додани таҷҳизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онҳо, шикор кардан, анҷом додани фаъолияти таҳқиқоти ва дигар фаъолият;
д) дигар амалҳое, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Киштиҳои хориҷии ғайринизоми ва низоми ҳангоми шино кардан ва қарор доштан дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади вазифадоранд, ки қоидаҳои алоқаи радиои, киштирони, бандари, гумруки, санитарию карантини ва дигар қоидаҳоеро, ки қонунгузори ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намоянд.
Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатиро аз хати махсус ҷудокардашудаи парвоз бо риояи қоидаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигатсионие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарҳади давлати берун аз хатҳои ҳавоии ҷудокардашуда, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми ёздаҳуми ҳамин модда зикр шудаанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Барои ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз аз Сарҳади давлати нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлати ва баръакс, ҳамчунин ҳангоми парвози транзити ба воситаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд;
а) нишастан дар майдонҳои ҳавои ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилали кушода нашудаанд;
б) парвоз аз майдонҳои ҳавои ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалии кушода нашудаанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми иҷрои парвозҳои махсуси байналмилали парвози ҳавопаймоҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баъди парвоз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавои ва аэродромҳои барои парвозҳои байналмилали кушодабуда нишастани онҳо танҳо бо иҷозати Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
в) парвоз карда даромадан ба минтақаҳои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онҳо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;
г) дигар амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо хоҳиши давлатҳои хориҷи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарҳади давлати аз қитъаҳои ҷудогонаи он муваққатан маҳдуд қатъ шуда метавонад ва дар ин бобат ҳокимияти давлатҳои манфиатдор огоҳонида мешаванд.
Ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаҳои бузург, фалокат ё офатҳои табии ба миён омадаанд, ҷузъу томҳои (нерӯҳои) рафъи садамаю наҷотдиҳи, рафъи садамаю барқароркуни барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз Сарҳади давлати убур мекунанд.
Ноилоҷ аз Сарҳади давлати гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт ва воситаи хушки, даромадани киштиҳои дарёии хориҷии чи ғайринизоми ва чи низоми ба қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, маҷбуран ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз карда даромадани ҳавопаймоҳо, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда: фалокат, садама, офати табии, ки ба бехатарии киштиҳо таҳдид менамояд, кашидани киштиҳои вайроншуда, расонидани одамони наҷотдода шуда, расонидани ёрии таъҷилии тибби 7ба аъзои экипаж ва мусофирон, ҳамчунин бо дигар сабабҳои ноилоҷ рӯй додаанд, вайрон кардани қоидаҳои убури Сарҳади давлати намебошанд.
Капитани кишти, командири киштии ҳарбии дарёи, командири ҳавопаймо дар ҳолати убури ноилоҷи Сарҳади давлати ё ноилоҷ вайрон намудани тартиби қарор доштан дар обҳо ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Қонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тоҷикистон, майдони ҳавои, аэродром бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мувофиқи дастурҳои онҳо ё дастурҳои капитани киштии дарёи ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ёри ё муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рӯйдода омадааст, амал намояд.
Моддаи 10. Аз Сарҳади давлати гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот
Аз Сарҳади давлати гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 11. Гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлати
Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлати ба воситаи нуқтаҳои муқарраршудаи гузариш аз Сарҳади давлати сурат мегирад ва аз эътирофи қонуни будани убури Сарҳади давлати аз ҷониби ашхос ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозати убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиётие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, аз Сарҳади давлати гузаронида, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани борҳо, молҳо ва ҳайвонот иборат аст.
Мавҷуд будани асноди ҳақиқие, ки ҳуқуқи ворид шудани ашхосро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудани онҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, аснод барои воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот ҷиҳати ба воситаи Сарҳади давлати иҷозат додани убури ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот асос мебошанд.
Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешахрванд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, инчунин ашхосе, ки нисбати онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани хориҷшави аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардидааст, аз Сарҳади давлати гузаронида намешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
Тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мумкин аст тартиби соддатари убури Сарҳади давлати аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамҳудуд дар мавриди муайян намудани санадҳое, ки ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муқаррар карда шавад. Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти вазоратҳо ва идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иҷозати гузаронидани борҳо, асъор, арзишҳо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда ҳаракткунанда тааллуқ доранд, берун аз ҷойҳое, ки мақомоти гумрук қарор додан, аз ҷониби намояндагони Қӯшунҳои сарҳади анҷом дода мешшаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд назорати сарҳадиро тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» гузаранд. Тартиби гузаштан аз назорати сарҳадӣ тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20 июни соли 2024, №2055).
Иҷозат додан ба ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот барои убури Сарҳади давлати аз назорати сарҳади (тафтиши санадҳое, ки ба воридшави ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷшави аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муоинаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои убури Сарҳади давлати) ва дар мавриди зарурат ҳамчунин назорати гумруки, санитари, карантини, ветеринари, фитосанитари ва дигар намудҳои назорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моҳияти, воситаҳо ва усулҳои назорат, тартиби истифодаи онҳо дар асоси ҳамин Қонун бо асноди меъёрии мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати адлияи Чумиурии Тоҷикистон, мақомоти гумрук ва дар мавриди таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот - ҳамчунин бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Убури Сарҳади давлати ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҳавои, аэродромҳои барои парвозҳои байналмилали пӯшида параози махсуи байналмилалиро анҷом медиҳанд, ҳамчунин ҳавоипаймоҳои хориҷи ва Тоҷикистон, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда ноилоҷ, фуруд меоянд, аз ҷониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти амният якҷоя бо маъмурияти майдонҳои ҳавои, аэродромҳо ё фармондеҳии қисмҳои авиатсионии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Қӯшунҳои сарҳади ва дигар мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.
Моддаи 12. хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209)
Моддаи 13. Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлати
Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлати бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қӯшунҳои сарҳади мувофиқа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатҳои давлатҳои ҳамҳудуд ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлати баъди сохтмон, таҷҳизонидан ва аз тарафи вазорат ва идораи манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода қабул шудани биноҳо, утоқҳо ва иншоотҳо аз рӯи лоиҳаҳое, ки бо Қӯшунҳои сарҳади, ҳамчуним мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дар назорати гузаргоҳи Сарҳади давлати ширкаткунанда мувофиқа кунонида шудаанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми таҳияи ин лоиҳаҳо бояд биною иншоотҳое, ки барои ташкили назорати сарҳади ва назорати дигар заруранд, пешбини карда шаванд. Сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти мақомоти назорати сарҳади ва дигар навъи назорат, мақомоти корҳои дохили, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар анҷом додани назорати риояи низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати иштирок менамоянд, дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон иморатҳои хизмати, иншоот, таҷҳизоти заруриро диҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22,
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 14. Анҷом додани фаъолияти хоҷаги, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлати
Фаъолияти хоҷаги, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарҳади давлати ва ба тариқи дигар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷи дахолаткунанда, ки ашхоси юридики ва воқеии Тоҷикистон ва хориҷи, аз ҷумла якҷоя, бевосита дар Сарҳади давлати ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, набояд:
ба саломатии аҳоли, бехатарии экологи ва ғайраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷии ба он ҳамҳудуд зиён расонад ё дорои таҳдиди расонидани чунин зиён бошад;
ба нигоҳ доштани Сарҳади давлати халал расонад.
Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарордоди дигар бо давлатҳои хориҷи, бо риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлати ва огоҳонидани Қӯшунҳои сарҳади аз ҷой, вақти убури Сарҳади давлати ва иҷрои корҳо, шумораи иштироккунандагон, киштиҳои шикори ва киштиҳои дигар воситаҳои нақлиёт ва ғайра, механизмҳои истифодашаванда анҷом дода мешавад.
Моддаи 14(1). Муваққатан қатъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатӣ дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунанда
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
Дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои муайян мумкин аст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ карда шавад, ё ин, ки барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кӯчатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд ё интиқол дода мешаванд, карантин муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 15. Ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлати
Тартиби ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлати, ба салоҳияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёии низоми ва ғайринизоми, дигар воситаҳои нақлиётие, ки ҳангоми убури Сарҳади давлати бо қоидаҳои ҳамин Қонун муқарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарҳади давлати дониста мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ё муваққатан истиқоматдоштаро надоранд ва аз қаламрави давлати хориҷи Сарҳади давлатиро убур кардаанд, ҳангоми дар амалҳои онҳо мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят ё қонуншикании маъмури ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда оғоз кардани парвандаи ҷинояти ё истеҳсолот оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури асос набошад ва онҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифдани панноҳгоҳи сиёси надошта бошанд, Қӯшунҳои сарҳади онҳоро ба таври расми ба мақомоти давлате, ки аз қаламрави он Сарҳади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарҳад ба мақомоти давлати хориҷи дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбини нашуда бошад, Қӯшунҳои сарҳади онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои муайяннамудаи Қӯшунҳои сарҳади берун мекунанд. Дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлати берун карда шудани шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаият мақомоти давлате, ки ба (воситаи) қаламрави он онҳо берун карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбини шуда бошад, огоҳонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарҳади давлати, ки ба ҷавобгарии маъмури кашида шудаанду нисбати онҳо қарори берун кардан қабул шудааст, низ бо ҳамин тартиб аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи дар хориҷа буданашон ҳуҷҷатҳои ба воридшави ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдиҳандаи худро гум кардаанду ба гузаргоҳи Сарҳади давлати расидаанд, дар гузаргоҳи Сарҳади давлати то вақте ки мақомоти салоҳиятдор шахсияти онҳоро муқаррар менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарӯз. Тартиб ва шароити дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати будани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ҳалли масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлати, танзими моҷароҳои сарҳади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои муайяни Сарҳади давлати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссарҳои сарҳади, ашхоси ваколатдор ва муовинони онҳо)-ро таъмин мекунад.
Намояндагони сарҳади фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналмилалии Чумкурии Тоҷикистон, Низомномаи намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меёърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ, Сарҳади давлатиро убур намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моҷароҳои сарҳадии вобаста бо амали ҳавопаймоҳои ҳарби ва киштиҳои ҳарбии дарёии Тоҷикистон ё давлати хориҷи, дигар объектҳои ҳарби ё хизматчиёни ҳарби (ба истиснои объектҳо ё хизматчиёи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳади, дар сурати дахл надоштан ба манфиатҳо пешгири намудани фаъолияти хатарноки ҳарби) аз ҷониби намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо ширкати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Масъалаҳо ва моҷароҳое, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо роҳҳои дипломати ҳаллу фасл карда мешаванд.
Моддаи 17. Минтақаи сарҳади ва хатти сарҳад
Бо мақсади таъмини шароити зарури дар Сарҳади давлати барои ҳифзи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сарҳади ва хатти сарҳад муқаррар карда мешаванд.
Минтақаи сарҳади, чун қоида, дар ҳудуди қаламрави шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳае, ки аз хати Сарҳади давлати дар масофаи то 25 километр қарор дорад, муқаррар карда мешавад. Ба таркиби минтақаи сарҳади, дар ҷое, ки он муқаррар карда мешавад, ҳамчунин обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо ва ҷазираҳои дар он обҳо ҷойгиршуда дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005
№ 101, аз 26.03.2009
№ 501).
Хатти сарҳади қисми таркибии минтақаи сарҳади мебошад ва бевосита қад-қади Сарҳади давлати дар қитъаҳои хушкии он ё қад-қади соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади дар хати арзаш то ду километр муқаррар карда мешавад.
Моддаи 18. Моҳияти низоми сарҳади ва муқаррар намудани он
Низоми сарҳади аз қоидаҳои зерин иборат аст:
дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққати, ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳади;
бурдани фаъолияти хоҷагидори, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёси, фарҳанги ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳади (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
- баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои хурдандоза (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
шикор кардан, машғул шудан бо фаъолияти таҳқиқоти, ҷустуҷӯи ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади.
Муқаррар намудани дигар қоидаҳои низоми сарҳади мумкин мест. Ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳади ва хати сарҳад аломатҳои сарҳади гузошта мешаванд.
Бо назардошти хусусияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамҳудуд дар қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлати муқаррар накардани хати сарҳад мумкин аст.
Муайянкунии ҳудуди минтақаи сарҳади ва хати сарҳад гузоштани аломатҳои огоҳкунанда бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳади анҷом дода мешавад.
Моҳияти мушаххас, ҳудуди фазои ва замонии амали бо ҳамин Қонун пешбинишудаи қоидаҳои низоми сарҳади, доираи ашхосе, ки ба онҳо ин ё он қоидаи зикршуда нисбат надорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳади ва хати сарҳад
Ба минтақаи сарҳади дохил шудани шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди, бе рухсати Вазорати корҳои хориҷи ва мақомоти корҳои дохили манъ мебошад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005
№ 101.
Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба хати сарҳад мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. Ҷойҳои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомноки ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар хати сарҳад аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳади муқаррар карда мешаванд.
Барои ба хати сарҳад дохил шудан, будубоши муваққати, истиқомат ва иҷрои корҳо дар хати сарҳад Қӯшунҳои сарҳади иҷозат медиҳанд. Дар мавриди зарурат, онҳо метавонанд барои ба хати сарҳад дохил шудан ва иҷрои корҳо маҳдудиятҳои муваққатии иловаги ҷори намоянд.
Моддаи 20. Фаъолияти хоҷаги, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёси, фарҳанги ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад
Фаъолияти хоҷаги, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, ҷангал, қаъри замин, обҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавии чамъиятию сиёси, фарҳанги ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати танзим мегарданд. Корҳо ва чорабиниҳои мушаххас бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳади гузаронида мешаванд.
Иҷозат барои гузаронидани корҳо ва чорабаниҳо, ғайр аз масъалаҳои пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун, муайян намудани ҷой, вақти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онҳоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳои мунтазам ҷойҳои доими муқаррар кардан мумкин аст.
Моддаи 21. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарҳади давлати
Бо мақсади роҳ надодан ба гузаштани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи Сарҳади давлати, нигоҳ доштан ва чарондани чорворо дар хати маҳал (хати карантин) қад-қади Сарҳади давлати дар хуши манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
Хати карантин, арзи он, тартиби ихотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар хати сарҳад ҳамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун сурат мегирад.
Моддаи 22. Баҳисогири, нигоҳдори ва истифодаи киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
Киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи худгард ва ғайрихудгарди Тоҷикистон, ки дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади истифода мешаванд, бояд ба таври хатми дар бандар, дарёбанд, истгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта шаванд. Аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ тартиби баромадани ин киштиҳо аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва баргаштани онҳо муқаррар гардида, вақти баромадан, дар об қарор доштан, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 23. Шикоркуни, анҷом додани фаъолияти тадқиқоти, ҷустуҷӯи ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади
Шикоркуни, анҷом додани фаъолияти тадқиқоти, ҷустуҷӯи ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати танзим мегарданд ва бо тартиби тибқи талаботи модаҳои 9, 20, 22 ҳамин Қонун муқарраргардида, анҷом дода мешавад.
Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳади анҷом дода мешавад.
БОБИ V. НИЗОМ ДАР ГУЗАРГОҲИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ
Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати ва муқаррар намудани он
Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати аз қоидаҳои дохил шудан ба ин гузаргоҳҳо, будубош ва баромадан аз онҳо барои ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардан ба гузаргоҳҳо, қарор доштан ва баровардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз онҳо иборат аст, ки танҳо ба манфиати фароҳамсозии шароити зарури ҷиҳати пешбурди назорати сарҳади, гумруки ва дигар намудҳои назорат муқаррар карда мешавад.
Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати аз ҷониби вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо Қӯшунҳои сарҳади ва мақомоти гумрук мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори майдони ҳавои, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобил, роҳбари дигар корхонаи нақлиёти бо назардошти шароити маҳалли амре (дастурамале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Қӯшунҳои сарҳади, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти назорати мувофиқа кунонида шуда, низоми ин гузаргоҳи Сарҳади давлатиро муқаррар менамояд.
Низом дар он гузаргоҳҳои Сарҳади давлати, ки берун аз объектҳои нақлиётии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда ҷиҳозонида шуданд, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳади мутобиқи талаботи қисми дуюми ҳамин модда бо мувофиқаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоте, ки аз ин гузаргоҳҳои Сарҳади давлати убур кардани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонотро мазорат мекунанд, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Тартиби дохил (хориҷ) шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои Сарҳади давлати
Дохил шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳҳои Сарҳади давлати ва хориҷ шудан аз онҳо, ҳамчунин даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ба ин мақсад ҷудокардашуда мувофиқи рухсатномаҳое, ки аз тарафи маъмурияти майдонҳои ҳавои, аэродромҳо, бандарҳои дарёи, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автомобилҳо ва дигар корхонаҳои нақлиёти бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳади дода мешаванд, амали мегардад.
Моддаи 26. Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати қарор доштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт
Ҷойҳо ва мӯҳлати дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати таваққуф кардани воситаҳои нақлиётие, ки ба хориҷа мераванд, аз ҷониби маъмурияти майдонҳои ҳавои, аэродромҳо, бандарҳои дарёи, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо, дигар корхонаҳои нақлиёти бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳади ва мақомоти гумрук муайян карда мешаванд.
Ба воситаҳои нақлиёт наздик шудани ашхос ва роҳ додани ашхос ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хориҷа мераванд, дар вақти тафтиши сарҳади, гумруки ва дигар намудҳои назорат маҳдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаҳои нақлиёт шинондани мусофирон ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ва фаровардани онҳо ҳангоми расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бор кардани (фаровардани) бағоҷ, почта ва борҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳади ва мақомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22,
№ 24).
Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонаҳои нақлиёти, соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки мувофиқи талаби намояндагони Қӯшунҳои сарҳади, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати кормандони мақомоти гумрук дар сурати зарурат ҷиҳати муоина вагонҳо, автомобилхо, трюмҳо ва дигар ҷойҳои воситаҳои нақлиётро, ки сурғуч (мӯҳр) карда шудаанд ва борҳои дар онҳо кашонидашавандаро кушоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22,
№ 24).
Воситаҳои нақлиёти ба хориҷа раванда барои берун рафтан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудан ба қаламриви Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тағйири чои таваққуф танҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳади ва мақомоти гумрук ба ҳаракат оғоз мекунанд.
Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати қарор доштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 15 ҳамин Қонун танзим мегардад.
Моддаи 27. Ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизоми ва низоми
Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизоми ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои воридшавии чунин киштиҳо кушодаанд, даромада метавонанд. Қоидаҳои даромадан ва қарор доштан дар ин бандарҳо, дарёбандхо иҷрои амалиёти боркашони ва муософиркаш, алоқаи киштиҳо бо соҳил, ба соҳил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба кишти даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар қоидаҳои вобаста ба даромадани киштиҳои хориҷи ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштан дар онҳоро ҳамин Қонун, асноди дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки ба тарафи бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба мақомоти бандар ё дарёбанди таъинот вақти омадани худро хабар медиҳанд.
Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки тартиби иҷозат ё огоҳкуниро барои воридшавии киштиҳои Тоҷикистон ба бандарҳои худ муайян кардаанд, ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани иҷозати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мувофиқи принсипи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.
Киштиҳои дарёии хориҷии низоми, агар тартиби дигар пешбини нашуда бошад, мувофиқи иҷозати пешакии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии низомиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 28. Қоидаҳои иловагии низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати
Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати минтақаҳо ва биноҳое, ки дар он бевосита назорати сарҳади, гумруки ва назорати дигар анҷом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин ҷойҳо маҳдудиятҳои иловагии низом, ки дар доираи қоидаҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ҷори мегарданд.
БОБИ VI. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ ДАР СОҲАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ
Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24);
қонунҳоро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлати ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат қабул менамояд;
аҳдномаҳои байналмилалиро оид ба тақсимоти ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳдномаҳоро оид ба гузаришш хати Сарҳади давлати ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соқит менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
фаъолияти мувофиқашудаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлати таъмин менамояд;
музокирот доир менамояд ва аҳдномаҳои байналмилалиро доир ба масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлати ба имзо мерасонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
тадбирҳои оид ба таъмини ҳимояи Сарҳади давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;
иҷрои ҳамин Қонунро аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Мақомоти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, дар таъмини ҳимояи Сарҳади давлати иштирок менамояд.
Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
- Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- самтҳои афзалиятноки фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муайян менамояд, консепсияи муҳофизати Сарҳади давлатӣ ва барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳо, инчунин механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;
- якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахл доранд, иштирок менамояд;
- дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;
- дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ иттилоот ба даст оварда, пас аз таҳлил онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ба вазорату идораҳои дахлдор маълумот ирсол медорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24);;
- фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷӯиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;
- ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бар зидди қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;
- ҳамкориро бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад;
- дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ, ки хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ доранд ва дар Сарҳади давлатӣ ё ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.
Ваколатҳои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, мустаҳкамии сарҳадҳо, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
- доир ба бастани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба муқаррар намудан ва мустаҳкамкунии Сарҳади давлатӣ, муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии иҷрои ин санадҳоро анҷом медиҳад;
- дар доираи салоҳияти худ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амалигардонии сиёсати сарҳадӣ ба амал мебарорад;
- дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;
- дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ иштирок мекунад, дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рӯйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл нашудаанд, ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳимояи Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавои таъмин мекунад ва масъули иҷрои ин вазифа мебошад;
ҳимояи Мусаллаҳонаи Сарҳади давлати ва ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳимояи Сарҳади давлати дар хушки, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади дар ҳолатҳо ва бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низомии Сарҳади давлатиро ҳаллу фасл мекунад;
ба Қӯшунҳои сарҳади дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкави ва дигар таъминоти ҳимояи Сарҳади давлати дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидорави кӯмак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Қӯшунҳои сарҳади дар гузаронидани чорабиниҳои доир ба ҳимояи Сарҳади давлати, муборизаи зидди фаъолияти пинхонкори ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои қонуншикании шаҳрвандоне, ки бо тартиби маъмури ё ҷинояти-мурофиави дастгир шудаанд, кӯмак мерасонад;
Қӯшунҳои сарҳадиро аз ҳолати тартиботи ҳуқуқи дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои ғайриқонунии ошкоршуда, ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки нисбати Сарҳади давлати ва Қӯшунҳои сарҳади Қӯшунҳои ғайриқонуни доранд, хабардор месозад;
иштироки Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳимояи Сарҳади давлати дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун таъмин менамояд;
бо пешниоди Қӯшунҳои сарҳади ба минтақахои алоҳидаи маҳал ё объектҳои назди Сарҳади давлати роҳ додани шаҳрвандонро ҳангоми ҷустуҷӯи вайронкунандагони Сарҳади давлати, рафъи ҳуҷуми Мусаллаҳона ё ба таври оммави ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шаҳрвандони давлати ҳамҳудуд муваққатан маҳдуд ё манъ менамояд;
ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти ҷумҳурияви, вилояти ё байналмилали дар Сарҳади давлати ва ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;
ҳангоми дар ноҳияҳои наздисарҳади рӯй додани ҳолати фавқулодда, ҷори намудани низоми вазъи фавқулодда тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд;
дар тарбияи ҳуқуқии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани қонуншиканиҳо дар Сарҳади давлати ва гузаргоҳҳои он якҷоя бо Қӯшунҳои сарҳади иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
4. Мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Сарҳади давлати назорати гумруки, санитарию карантини, ветеринари, фитосанитари ва дигар намудҳои назоратро амали менамоянд;
дар бобати ҳимояи манфиатҳои иқтисоди, экологи ва дигар манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар Сарҳади давлати чорабиниҳо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;
дар доираи салоҳияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси юридики ва воқеи хатмист;
аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон риоя шудани талаботи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;
дар мавридҳои зарури дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати мақомоти назорати (нуқтаҳо) таъсис медиҳанд ва кори онҳоро ташкил менамоянд, мутобиқи талаботи қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун воситаҳо ва усулҳои назоратро муқаррар мекунанд;
бо ҳамдигар ҳамкории мутақобила мекунанд ва ба Қӯшунҳоои сарҳади дар ҳимояи Сарҳади давлати кӯмак мерасонанд;
бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷи дар ҳимояи Сарҳади давлати ҳамкори мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
5. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар ҳамкори бо Қӯшунҳои сарҳади фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯро бо мақсади ошкору пешгири кардан ва кушодани ҷиноятҳои бо кочоқи маводи нашъаовар вобаста бударо дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар қаламрави давлатҳои ҳамсарҳад ба амал мебарорад;
- дар доираи ваколатҳои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъаовар чора мебинад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501).
.
Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои назди сарҳади
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209), аз 26.03.2009
№ 501)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои наздисарҳади (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209, аз 26.03.2009
№ 501):
барои ҳимояи Сарҳади давлати ба Қӯшунҳо ва мақомоти қонун ваколатдор карда шароит муҳайё мекунанд, бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи талаботи ҳамин Қонун асноди меъёри қабул менамоянд;
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҳимояи Сарҳади давлати қитъаҳои замин ҷудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин қитъаҳо риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист назорат мекунанд;
Қӯшунҳои сарҳадиро оид ба масъалаҳои марбут ба вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор месозанд;
барои ширкати ихтиёрии шаҳрвандон дар муҳофизати Сарҳади давлати шароит муҳайё мекунанд;
дар қаламравхои худ аз тарафи тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя шудани иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Сарҳади давлати назорат мекунанд.
БОБИ VII. ҲОЛАТҲОИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИ, ҚӮШУНҲОИ МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДИГАР ҚӮШУНҲО ВА СОХТОРҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24)
Моддаи 33. Ваколатҳои Қӯшунҳои сарҳади
Қӯшунҳои сарҳади Сарҳади давлатиро дар хушки, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати муҳофизат мекунанд, ҳамчунин гузариш аз Сарҳади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин мақсадхо онҳо вазифадоранд:
тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонуни тағйир додани убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;
ҳуҷуми Мусаллаҳонаро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои Мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлати пешгири намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳоли, моликияти давлати ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд;
вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд; аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонуни гузаштани Сарҳади давлатиро пешгири намоянд ва ба онҳо роҳ диҳанд;
иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмин намоянд;
риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хислати иҷозати ё огоҳкуни доранд, низоми сарҳади ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;
фаъолияти қӯшуни, разведкави, оперативию қӯшуни, низоми гузарондан ва ҳарбию техникиро анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро барраси кунанд ва қарорҳои аз рӯи онҳо қабулшударо иҷро намоянд;
аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқ баранд;
пешгирии қонуншиканиҳоеро, ки мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳади дохил мешавад, ба роҳ монанд;
дар фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд;
дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳади гузаронанд;
назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлати амали намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002
№ 15);
Қӯшунҳои сарҳади бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқҳои зерин доранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501):
1) дар заминҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доими) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техники бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд;
2) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати дар ҳар минтақаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он ҷой озодона рафту омад кунаанд; аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар хати сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳади, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеаҳо талаб намоянд; киштиҳои дарёии ғайринизоми ва дигар воситаҳои нақлиётро мушоиат ва дар онҳо нарядҳои сарҳадиро ҷой кунанд; бо мақсади пешгири ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлати, низоми сарҳади, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати ҳуҷҷатҳои зарурии ашхос, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро тафтиш намоянд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо тафтиш (муоина) кунанд;
3) тавассути нарядҳои сарҳади ашхосеро, ки нисбати онҳо асос барои гумони вайронкунии Сарҳади давлати, низоми сарҳади, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба қароргоҳи ҷузъу том, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳади ё ҷойҳои дигар барои муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшикани баранд; тавассути қаиқҳои сарҳади нигоҳ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштиҳои ғайринизомиеро, ки низомҳои мазкурро вайрон карданд ва бурдани онҳоро ба бандар, дарёбанд ё истгоҳи наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшикани анҷом диҳанд. Ҳангоми муоина кардан ва бурдани кишти радиостансияи он набояд кор кунад. Дар хусуси ҳар як ҳолати муоина ва дастгир намудани кишти протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштирони ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;
4) ашхосеро, ки низоми Сарҳади давлати, низоми сарҳади ё низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмури ва дар ҳолатҳои зарури барои муқаррар кардани шахсият ва муайян кардни ҳолатҳои қонуншиканито се шабонарӯз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лаҳзаи дастгир кардан ба прокурор хатти хабар диҳанд ё бо иҷозати прокурор ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз, агар сардҳадшиканон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, ҳамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи ҳамроҳи онҳо буда, ашёе, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва ҳуҷҷати онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмури датгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи ҳамроҳи у буда протокол тартиб дода мешавад;
5) бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарҳади давлати ғайриқонуни убур кардаанд ва дар мавриди онҳо мувофиқи асосҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 15 ҳамин Қонун, қарор дар бораи ба мақомоти давлати ҳамҳудуд супоридани онҳо ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани онҳо қабул шудааст ва ё қарор дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маъмури берун кардани онҳо қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалнома зарур боздоранд;
6) ашхосеро, ки ба таври маъмури боздошта шудаанд, дар биноҳои махсус барои ин мақсадҳо ҷиҳозонидашудаи Қӯшунҳои сарҳади ашхосеро, ки бо тартиби ҷинояти-мурофиви дар содир намудани ҷинояти гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онҳо ба сифати чораи эҳтиёти дар ҳабс нигоҳ доштан истифода шудааст - дар ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққати ё дар биноҳои Қӯшунҳои сарҳади, ки махсус бо мақсади нигоҳ доштани ашхоси ба таври маъмури дастгиршуда ҷиҳозонида шудаанд, дар ҳолатҳои зарури чунин ашхосро дар ҳабсхонаҳои тафтишоти, ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққати ва дигар биноҳои махсус ҷиҳозонидашудаи мақомоти корҳои дохили нигоҳ доранд;
7) ашхосро ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳади даъват намоянд ва аз онҳо дар бораи ҳолатҳои барояшон маълумбудаи убури ғайриқонунии Сарҳади давлати ё дигар вайронкунии низоми Сарҳади давлати, низоми сарҳади ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати баёнот гиранд. Дар ҳолатҳои зарури гирифтани баёнот доир ба ҳолатҳои чунин сарҳадшиканиҳо метавонад дар ҷойҳои дигар анҷом дода шавад. Дар сурати ба даъват ҳозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маҷбури овардан мумкин аст;
8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои беэътиборро мусодира намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
Дар сурати убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» дар ҳуҷҷатҳои онҳо, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузошта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 20 июни соли 2024, №2055);
9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлати интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии ғайриқонуни интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлати дар доираи қаламрави назди сарҳади ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук онҳоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22);
10) ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи дарёиро муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд, онҳоро вазифадор созанд, ки дар ҳамон ҷо қарор дошта бошанд ё ин нуқтаҳоро бо мақсади ҳифзи саломати ва ҳаёти одамон ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯю амалиёти сарҳади, амалҳои дигари кофтукови ҳамчунин ҳаракатҳо аз рӯи парвандаҳои ҷинояти ва парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмури, тарк намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
11) ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлати бо огоҳонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои манфиатдор гузаронидани корҳои гуногунро, ба истиснои корҳои дорои аҳамияти мудофиави ва корҳои вобаста бо рафъи оқибатҳои офатҳои табии ё бемориҳои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваққатан маҳдуд намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209, аз 26.03.2009
№ 501);
12) дар ҳар вақти шабонарӯз ба манзили истиқомати ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва ба биноҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба ғайр аз онҳое, ки масунияти дипломати доранд, дар оянд ва онҳоро ҳангоми таъқиби ашхосе, ки нисбати онҳо асоси кофи барои гумони вайронкунии низоми Сарҳади давлати мавҷуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиқомати бе ризоияти ашхоси дар онҳо муким сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;
13) бо мақсадҳои хизмати воситаҳои алоқаро бемамониат истифода баранд ва ҳангоми зада гардонидани ҳуҷум ба қаламрви Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеъ шудан ба убури ғайриқонунии оммавии Сарҳади давлати, гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯи, интиқоли ашхосе, ки ба қонуншикани гумонбар шудаанд - воситаҳои нақлиётиеро, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои ҷамъияти тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарури воситаҳои нақлиётии ба шаҳрвандон тааллуқдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соҳибони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун хароҷот ё зиёни расонидашударо ҷуброн кунанд. Воситаҳои алоқа ва нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломати, консули ва дигар намояндагии давлатҳои хориҷи, созмонҳои байналмилали тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус аз ин қоида истсино мебошанд;
14) аз мақомоти давлати, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъияти маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба души Қӯшунҳои сарҳади гузоштаи қонун зарур аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун тартиби дигари ба даст овардани маълумотро муқаррар намудааст;
15) барои иҷрои назорати нигоҳдории низоми Сарҳади давлати, низоми сарҳади ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлати бақайдгирии ашхос, баҳисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин мақсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо қонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;
16) ба мақомоти давлати, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти пешниҳод доир ба бартараф намудани сабабҳои ва шароити ба содир намудани қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, ки таҳқиқи ё пешбарии парвандаҳо аз рӯи онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳади дохиланд, пешкаш намоянд;
17) шаҳрвандонро ба таври ихтиёри дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъияти ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳади ва дар шаклҳои дигар ба ҳалли вазифаҳои муҳофизати Сарҳади давлати дар ҳудуди қаламрави назди сарҳади ҷалб намояд, инчунин шаҳрвандонеро, ки дар муҳофизати Сарҳади давлати саҳми арзанда гузштаанд ҳавасманд созанд;
18) силоҳ, техникаи ҷанги, воситаҳои махсус, қувваи ҷисмони ва сагҳои хизматиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода баранд;
19) дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба киштиҳои дарёии ғайринизоми, ба ғайр аз ин:
агар байрақи кишти барароварда нашуда бошад, пешниҳод намоянд, ки масъулони он байрақро нишон диҳанд;
бозпурсии капитан (соҳиб, команда)-и киштиро доир ба мақсадҳои ворид шудани кишти ба ин обҳо анҷом диҳанд;
агар кишти байрақи худро набардорад, ба ишораҳои пурсиш ҷавоб надиҳад, ба талаб доир ба тағйири самти ҳаракат итоат накунад ё принсипҳои ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиҷаи тафтиши кишти ба он метавонад иҷозат дода шавад, ки шинонкуниро (қарор доштан) дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муқарраргардида давом диҳад ё пешниҳод карда шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиқи талаботи ҳамин Қонун боздошта шавад;
ашхосеро, ки ҷиноят содир кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида шаванд, аз кишти фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешаки супоранд;
киштиеро, ки дар обҳои қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои наздисарҳади қоидаҳои шинокуни (қарор доштан) вайрон кардааст, пеш аз ба қаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин кишти, пас аз додани ишораи басари ё бонги овови истодан аз масофае, ки кишти ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъқиб кунад ва боздоранд;
20) Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
21) Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ метавонанд аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизмати ба киштиро ва ҳавопаймоҳои (чархболҳои) Қӯшунҳои сарҳади ҳуқуқи ба таври ройгон (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501):
истифода бурдани фазои оби ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандарҳо, дарёбандҳо, майдонҳои ҳавои, аэродромҳо (майдончаҳои нишсат) дар қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
гирифтани маълумоти киштирони, метеорологи, гидрографи ва дигар маълумот;
таъмин намудани парвоз ва киштирони, дода мешавад.
Ҳуқуқҳои дигарро ба Қӯшунҳои сарҳади танҳо қонун дода метавонад.
Аз тарафи Қӯшунҳои сарҳади истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда барои иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор накардааст, мумкин нест.
Қӯшунҳои сарҳади ба иҷрои дигар вазифаҳо, ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табии, садамаҳо ва фалокатҳо, ҷалб карда намешаванд.
Моддаи 34. Ваколатҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо мақсади ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501):
риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатиро аз ҷониби киштиҳои ҳавоӣ назорат мекунан (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
пеши роҳи парвози ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлати ғайриқонуни убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд, мегиранд ва барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондани онҳо чораҳо меандешанд;
ба ҳавопаймоҳое, ки Сарҳади давлатиро дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажори ё амалҳои беғаразонаи экипажи онҳо ғайриқонуни гузаштаанд, кӯмак расонида, самти ҳаракати онҳоро барқарор ва онҳоро барои фаромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун рафтан аз ҳудуди фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои мекунанд.
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501):
ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонуни ё ғайриқонунии Сарҳади давлати воситаҳои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани ҳавопаймоҳо истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
дар ҳолатҳои зарури барои муайян кардани вазъият дар фазои ҳавои ва андешидани тадбирҳо оид бапешгири ё қатъи убури ғайриқонунии Сарҳади давлати аз фазои ҳавои бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳо ва воситаҳои дигари навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;
ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунии Сарҳади давлати ё убури ғайриқонунии он дар минтақаҳои алоҳидаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро пурра манъ кунанд ё маҳдуд созанд;
аъзои экипажи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлати ғайриқонуни убур кардаанд, баъди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадани онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷойҳои дигар ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои убури ғайриқонуни ва ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешаки супоридани онҳо, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад, даъват намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
техникаи ҳарби ва силоҳро мутобиқи ҳамин Қонун ба кор баранд.
Моддаи 35. Иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлати
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24)
Ҳимояи Сарҳади давлати дар қитъаҳои ҷудогона дар хушки, соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади оид ба манъ намудани убури ғайриқонунии сарҳад дар маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои ҳарби, гарнизонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои даромадан (убури) ашхос ва воситаҳои нақлиётии бегона пушидаанд, ба зиммаи фармондеҳии объектҳои ҳарби ва гарнизонҳои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна қитъаҳо аз ҷониби фармондеҳони (сардорони) Қӯшунҳои сарҳади, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарби якҷоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22).
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қӯшунҳои сарҳади барои иштирок дар ҷустуҷӯҳо ва амалиёти сарҳади бо тартибе, ки дар қарорҳои муштараки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, қувва ва восита ҷудо менамоянд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22).
Дигар намуди ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлати танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 22).
Моддаи 36. Амали якҷоя дар ҳимояи Сарҳади давлати
Қӯшунҳои сарҳади ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501):
ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар ҳимояи Сарҳади давлати ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд;
дар доираи ваколатҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда фаъолияти мақомоти давлатиро, ки барои нигоҳ доштани низоми Сарҳади давлати намудҳои гуногуни назоратро амали менамоянд, ба ин фаъолиятҳо дахолат накарда, ҳамоҳанг месозанд;
амали якҷояи қувваҳои худ ва мақомоти давлати, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо, (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои чамъиятиеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати ширкат мекунанд ё ба манфиати Сарҳади давлати фаъолият менамоянд, бевосита дар Сарҳади давлати ташкил мекунанд. Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
дар ҳимояи Сарҳади давлати бо тартибе, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, бо мақомоти дахлдор ва Қӯшунҳои давлатҳои хориҷи амали якҷояро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Моддаи 37. Истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарби
Қӯшунҳои сарҳади ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддихавоӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи қаламрави наздисарҳади анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми Мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири кардани қӯшиши рабуда, ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёи ва дигар воситаҳои нақлиётии бемусофир, силоҳ ва техникаи ҷангиро истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001
№ 24, аз 26.03.2009
№ 501).
Силоҳ ва техникаи ҷангиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст; бар зидди ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёйива воситаҳои нақлиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии сарҳадшикани ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имконнадорад: барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарби, ашхосе, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлати вазифаи хизмати ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад; барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳади, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарби, ки дар ҳимояи сарҳади давлати иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёи, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҷанги дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.
Силоҳ ва техникаи ҷанги ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми Мусаллаҳона, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳони ё Мусаллаҳона бо хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҷанги, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёи ва дигар воситаҳом нақлиёт, муқобилияти Мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳи ба кор бурда мешавад.
Хизматчиёни ҳарби ҳақ доранд барои безарар сохтани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёри силоҳро истифода баранд.
Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҷанги ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми Мусаллаҳона аз тарафи онҳо муқобилияти Мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳе, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад; ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёи ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд; ба муқобили ашхосе, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонуни убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфи бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омил бартарафнашавандаи табии ба амал омада бошад, манъ аст.
Хизматчиёни ҳарбии навъҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳимояи Сарҳади давлати ҷалб карда мешаванд, силоҳ ва техникаи ҷангиро мутобиқи талаботи ҳамин модда ба кор бурда метавонанд.
Моддаи 38. Истифодаи воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501)
Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлати дар доираи қаламрави наздисарҳади хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсу (дастбанд ё воситаҳои дигар барои дастбанди, калтаки резини, модаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рушноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмони, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мебаранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501).
БОБИ VIII. ШИРКАТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАИКУНИИ МАҲАЛЛИ, КОРХОНАҲО,ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209)
Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии маҳалли, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлати
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209)
Мақомоти худидоракунии маҳалли, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ашхоси мансабдори онҳо (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209):
ба Қӯшунҳои сарҳади, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки намудҳои гуногуни назоратро дар Сарҳади давлати амали менамоянд, кӯмак мерасонанд, дастурҳои қонунии онҳоро иҷро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онҳо заруриро пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009
№ 501);
барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлали дар доираи қаламрави наздисарҳади шароит фароҳам меоранд.
Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлати
Шаҳрвандон дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъияти, дружинаҳои ихтиёри, ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳади ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлати дар доираи қаламрави наздисарҳади дар асоси ихтиёри иштирок менамоянд.
Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлати ҷалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ IХ. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ ВА ШАҲРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТИ ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 41. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки бевосита дар ҳимояи Сарҳади давлати ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни ҳарбии иҷрокунандаи вазифаҳои махсус, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазьи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар намудааст, дода мешавад. Онҳо намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талабҳои қонунии онҳо бояд ҳатман аз ҷониби шаҳрвандон ва ашхоси мансабдор иҷро карда шаванд. Ҳеч кас, ба ғайр аз ашхосе, ки аз тарафи қонун махсус ваколатдор шудаанд, ҳақ надорад ба фаъолияти онҳо даҳолат намояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209).
Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарби дар бобати ҳимояи Сарҳади давлати, сӯиқасд ба ҳаёт ва саломати, номус ва шараф, амволи хизматчии ҳарби ё аъзои оилаи ӯ боиси, ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст.
Моддаи 42. Ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо
Барои амалҳои ғайриқонуни нисбати шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо бо сабаби расонидани кӯмак Қӯшунҳои сарҳади дар ҳимояи Сарҳади давлати боиси ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст.
Моддаи 43. Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати иштирок менамоянд
Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати ширкат мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Моддаи 44. Муқаррар намудани кафолатҳо ва ҷубронҳои иловаги ба хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати иштирок менамоянд
Барои хизматчиёни ҳарби ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлати иштирок менамоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Чикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидора дар доираи ваколатҳояшон онҳо ба ғайр аз кафолатҳо ва ҷубронҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда муқаррар намудани дигар кафолатҳо ва ҷубронҳо мумкин аст.
БОБИ Х. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ҚОНУНШИКАНИ ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТИ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҲАМИН ҚОНУН
Моддаи 45. Ҷавобгари барои қонуншикани дар Сарҳади давлати
Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарҳади давлати, низоми сарҳади ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлати гуннаҳгоранд, ба ҷавобгарии ҷинояти ё маъмурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.
Моддаи 46. Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонрр "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ, дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд.
БОБИ ХI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ХИМОЯИ САРХАДИ ДАВЛАТИ
(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006
№ 209)
Моддаи 47. Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлати
Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлати аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонун аз 12.12.97с. № 498)
Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлати
Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлати аз фондҳои давлатии замин, моддию техники ва фондҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Меъёрҳо ва тартиби таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
1 августи соли 1997 № 481