ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 249)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, принсипҳои асосӣ, тартиб, салоҳият, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин соҳа муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии марбут ба гузаронидани соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд-ташкилотҳо), қаламрав ва аҳолӣ ба низоми ҳолати ҷанг, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ташкил, ҳайат ва идоракунӣ дар замони ҷанг (сафарбарии умумӣ ва ё қисме аз онҳо - сафарбарии ҷузъӣ);
- омодагӣ ба сафарбарӣ - маҷмӯи чорабиниҳои дар замони осоишта гузаронидашаванда ва ба идоракунии устувори давлат дар замони ҷанг, гузариши муташаккилонаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба таъмин намудани талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, аҳолӣ, ҳифзи мусаллаҳона ва мудофиаи мамлакат, таъмини фаъолияти воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;
- мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ – мақоми давлатии амалисозандаи ташаккулёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;
- иқтидорҳои сафарбарӣ – майдонҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти технологӣ, ҳуҷҷатҳои муҳандисӣ–техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ таъингардида;
- захираи сафарбарӣ – захираи эҳтиётии сарватҳои моддӣ ва масолеҳи барои эҳтиёҷоти сафарбарии давлат пешбинишуда оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии таъиноти ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ, таъмири техника ва молу мулки ҳарбӣ дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба корҳои барқароркунии роҳҳои оҳан ва автомобилгард, аэродромҳо, хатҳои алоқа ва иншооти он, қубурҳои нафту газ, системаи таъминоти обу барқ дар замони ҷанг барои таъмини кори мунтазами соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, расонидани ёрии тиббӣ;
- супориши сафарбарӣ – супориш ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои чорабиниҳои ба ҳалли вазифаҳо доир ба таъмини фаъолияти устувори давлат дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг равонашуда;
- фармоиши сафарбарӣ – фармоиши давлатӣ ба ташкилотҳо оид ба истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ)-ҳои номгӯи муайян, миқдор ва сифати онҳо, таъсиси воҳидҳои махсус дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг;
- нақшаи сафарбарӣ – нақшаи чорабиниҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашудаи ба татбиқи чораҳо оид ба вусъатдиҳии сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, гузариши соҳаҳои иқтисодиёт, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми фаъолият дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг бо роҳи иҷрои супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ, инчунин дигар чорабиниҳои омодагӣ ба сафарбарӣ равонашуда;
- сохтори сафарбарӣ – сохтори аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таъсисдодашуда барои ташкили чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- брон кардан – муваққатан озод намудани шахсони мансабдор, кормандони соҳибихтисос ва мутахассисони дар эҳтиёт қарордоштаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Принсипҳои асосии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ инҳоянд:
- қонуният;
- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳатмӣ будани гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ;
- нигаҳдорӣ, дахлнопазирии иқтидорҳо ва захираи сафарбарӣ;
-роҳбарии мутамарказ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ;
- омодагии пешакӣ ва таъмини чорабиниҳои нақшавӣ;
- маҷмӯӣ (комплексӣ) будан ва ҳаммувофиқатии чорабиниҳои соҳавӣ ва ҳудудӣ;
- назорати доимии ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо.
Моддаи 4. Мундариҷаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Ба мундариҷаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;
- таъмини илмию методии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;
- омода намудани қаламрав, соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани шароити кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба гузариши соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва воҳидҳои марзиву маъмурӣ ба кор дар шароити замони ҷанг;
- таҳияи нақшаҳои сафарбарии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, воҳидҳои марзиву маъмурӣ, аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус;
- таҳияи қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбарӣ;
- омода намудани аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус барои сафарбарӣ;
- гузаронидани сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус;
- баҳодиҳии ҳолати тайёрии сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил, инкишоф ва нигаҳдории иқтидорҳо ва объектҳои сафарбарӣ барои истеҳсоли маҳсулоте, ки барои қонеъ гардонидани талаботи давлат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, эҳтиёҷоти аҳолӣ дар замони ҷанг зарур аст;
- таъсис ва омода намудани воҳидҳои махсусе, ки ҳангоми эълони сафарбарӣ барои супоридан ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои истифодабарӣ ба манфиати онҳо, инчунин ба манфиати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;
- омода кардани техникае, ки ҳангоми эълони сафарбарӣ барои таҳвил ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ё барои истифодабарӣ ба манфиати онҳо таъин шудааст;
- ташкил, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва азнавкунии захираҳои эҳтиётии сарватҳои моддии захираҳои сафарбарӣ ва давлатӣ, захираҳои эҳтиётии камнашавандаи маҳсулоти озуқаворӣ ва нафтӣ;
- ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳое, ки сарвати миллӣ мебошанд;
- омодагӣ ва ташкили таъминоти меъёрии аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, хизматрасонии тиббӣ, воситаҳои алоқа ва нақлиёт дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг;
- ташкил намудани нуқтаҳои эҳтиётии идоракунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва омода намудани онҳо ба кор дар шароити замони ҷанг;
- омодагии воситаҳои ахбори омма ба кор дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг;
- ташкили бақайдгирии ҳарбӣ дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;
- тайёр кардани шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ барои пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг;
- барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг брон кардани шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо кор мекунанд;
- гузаронидани машғулият ва машқҳо барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ;
- такмили ихтисоси кормандони сохторҳои сафарбарӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ;
- иҷрои дигар чорабиниҳои ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ алоқаманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- мақоми ваколатдорро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муайян менамояд;
- мақсад ва вазифаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ баррасӣ менамояд;
- оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ фармонҳо мебарорад;
- ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
- низоми кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг муқаррар менамояд;
- нақшаи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- тартиби қоидаҳои баҳодиҳии тайёрии сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбариро тасдиқ менамояд;
- назорати гузаронидани чорабиниҳо оид ба вусъат додани сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, ҳамчунин ҳангоми эълони сафарбарӣ иҷрои қарорҳоро дар бораи гузариши соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҳолати ҷанг ташкил менамояд;
- шартномаҳои байналмилалиро дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ба имзо мерасонад;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳияти барои ҳимояи давлат заруриро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
1. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда тасдиқ менамояд;
- барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон розигӣ медиҳад.
2. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ва ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро баррасӣ менамояд;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.
3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қонунҳо оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ тасдиқ ва бекор мекунад;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, иҷрои онро таъмин мекунад;
- фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муайян мекунад;
- вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба таъмини мудофиаи ҳудудӣ, таҷҳизонидани фаврии ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба мудофиаи гражданӣ муқаррар мекунад;
- тартиби бастани шартнома (қарордод)-ҳоро дар бораи аз тарафи ташкилотҳо иҷро гардидани фармоишҳои сафарбарӣ ва таъмини фармоишҳои мазкурро бо захираҳои моддию техникӣ муайян менамояд;
- тартиб ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро ба ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, муайян мекунад;
- тартиби бекор кардан ва додани фармоишҳои сафарбариро ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳо муайян менамояд;
- гузаронидани машғулият (машқ)-ҳои ҳарбӣ ва фармондеҳӣ-ситодӣ барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои чорабиниҳои сафарбариро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ташкил мекунад;
- тартиби ташаккул, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, хизматрасонӣ ва истифодабарии сарватҳои моддии захираи сафарбариро дар захираи моддии давлатӣ муқаррар менамояд;
- тартиби ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳоеро, ки сарвати миллӣ мебошанд, муқаррар менамояд;
- тартиби ҳисоботдиҳии омориро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ муқаррар мекунад;
- ҳолати тайёрии сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда, дар ин хусус ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;
- омодагии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити кори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг ташкил мекунад;
- омодагии таъминоти меъёрии аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, хизматрасонии тиббӣ ва таъмини он бо воситаҳои алоқа ва нақлиётро дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг ташкил мекунад;
- гузаронидани машғулият ва машқҳоро барои вусъат додани сафарбарӣ ва иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ таъмин менамояд;
- ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг муайян менамояд;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
1. Мақоми ваколатдор дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ (минбаъд-мақоми ваколатдор) ташаккулёбии сиёсати давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва назорати иҷрои онро аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамояд. Низомномаи мақоми ваколатдор аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор дар доираи ваколатҳои худ:
- фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ҳамоҳанг месозад;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақшаи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунад, нақшаҳои сафарбарии мақомоти давлатӣ ва воҳидҳои марзиву маъмуриро мувофиқа менамояд;
- қоидаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;
- қоидаҳои баҳодиҳии тайёрии сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;
- тартиби огоҳонидан дар бораи сафарбариро таҳия менамояд;
- номгӯй ва ҳаҷми зарурии сарватҳои моддиро дар захираи сафарбарӣ аз рӯи вазифаҳои сафарбарӣ таҳия карда, супориши сафарбариро барои иҷро ба мақомоти дахлдор ирсол менамояд;
- ташкил, нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди суғуртавии ҳуҷҷатҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти стратегӣ, объектҳои дорои хатари зиёд, системаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ ва объектҳоеро, ки сарвати миллӣ мебошанд, амалӣ менамояд;
- тадқиқоти илмӣ ва таъминоти методиро дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони сохторҳои сафарбариро ташкил менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор кардан ва додани фармоишҳои сафарбарӣ ҳангоми муфлисшавӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, тибқи гузориши мақомоти давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ҳуқуқи ба таъхир андохтани даъвати шаҳрвандон ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ дорад (бозмедорад);
- дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ иштирок менамояд.
Моддаи 9. Ваколатҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ:
- сохторҳои сафарбариро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор таъсис медиҳанд;
- нақшаҳои сафарбариро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор таҳия ва амалӣ менамоянд;
- омодагӣ ба сафарбарии ташкилотҳоро ба нақша мегиранд, ташкил ва роҳбарӣ менамоянд, шароитҳои зарурии иҷрои супориш ва фармоишҳои сафарбариро муайян мекунанд;
- барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар соҳаи дахлдор масъул буда, ба кормандони сохторҳои сафарбарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда шароитҳои зарурӣ фароҳам меоранд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми маблағгузории чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- ташкил, инкишоф ва нигаҳдории иқтидорҳои сафарбарӣ, ҷамъоварии захираҳои давлатӣ ва сафарбариро анҷом медиҳанд;
- бо ташкилотҳо вобаста ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ шартномаҳо мебанданд;
- ба мақоми ваколатдор оид ба бекор кардани фармоишҳои сафарбарӣ ва иқтидорҳои сафарбарӣ ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва тағйирёбии самти фаъолияти ташкилотҳое, ки фармоишҳои сафарбарӣ доранд, таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ барои иҷрои нақшаҳои сафарбарӣ чорабиниҳо мегузаронанд;
- дар ҳолати эълон намудани сафарбарӣ дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо оид ба гузариши ташкилотҳо ба низоми ҳолати ҷангро ташкил ва таъмин менамоянд;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар доираи ваколатҳои худ иштирок мекунанд;
- ба мақоми ваколатдор оид ба ташаккулёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеъ гузаронидани машғулият (машқ)-ҳои фармондеҳӣ-ситодиро оид ба чорабиниҳои сафарбарӣ ташкил мекунанд;
- бақайдгирии ҳарбии шахсони ӯҳдадории ҳарбидошта ва даъватшавандаро дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи худ, барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг брон кардани шаҳрвандонеро, ки дар эҳтиёт қарор дошта, дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо кор мекунанд, ташкил намуда, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан таъмин менамоянд;
- тибқи супоришҳои сафарбарии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои махсус таъсис медиҳанд, ки дар замони ҷанг ба манфиатҳои иқтисодиёт ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба сафарбариро дар сохторҳо ва ташкилотҳои тобеи худ ҳамоҳанг месозанд ва назорат мебаранд, инчунин таъмини методии ин чорабиниҳоро амалӣ менамоянд.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ:
- омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбариро ташкил ва таъмин менамоянд;
- омодагӣ ба сафарбарии ташкилотҳоеро, ки фаъолияташон дар ҳудуди мансуб ба тобеияти онҳо сурат мегирад, роҳбарӣ менамоянд;
- сохторҳои сафарбариро таъсис медиҳанд;
- нақшаҳои сафарбарии маҳаллиро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор тасдиқ мекунанд ва иҷрои онҳоро таъмин менамоянд;
- ба мақоми ваколатдор оид ба такмилдиҳии омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- ба фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ мусоидат карда, пешниҳоди маълумотро ба онҳо доир ба бақайдгирии ташкилотҳо таъмин менамоянд;
- сари вақт огоҳкунӣ ва ҳозиршавии шаҳрвандонеро, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ аз рӯи сафарбарӣ даъват карда шаванд, таҳвили техника ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ, пешниҳоди биноҳо, иншоот, воситаҳои коммуникатсионӣ, қитъаҳои замин, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддиро тибқи нақшаҳои сафарбарӣ ташкил мекунанд;
- барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг бақайдгирии ҳарбӣ ва брон кардани шаҳрвандонеро, ки дар эҳтиёт қарор дошта, дар ташкилотҳои фаъолияташон дар ҳудуди мансуб ба тобеияти онҳо кор мекунанд, ташкил ва таъмин менамоянд, пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.
БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТҲО, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ
Моддаи 11. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳо дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
1. Ташкилотҳо дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ӯҳдадоранд:
- оид ба таъмини тайёрии сафарбарии худ чорабиниҳо ташкил намоянд ва гузаронанд;
- сохторҳои сафарбарӣ таъсис диҳанд ё кормандонеро, ки вазифаҳои сохторҳои сафарбариро иҷро мекунанд, таъин намоянд;
- дар асоси подош нигаҳдорӣ, дахлнопазирии иқтидорҳои сафарбарӣ ва сарватҳои моддии захираи сафарбариро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, таъмин намоянд;
- дар доираи ваколатҳои худ тибқи нақшаи сафарбарии маҳаллӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба сафарбариро таҳия карда, иҷрои онҳоро таъмин намоянд;
- оид ба омодагии истеҳсолот барои иҷрои фармоишҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг чорабиниҳо гузаронанд;
- бо мақсади таъмини омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ фармоишҳои сафарбариро мувофиқи шартнома (қарордод)-ҳо иҷро намоянд;
- ҳангоми эълони сафарбарӣ барои гузариши истеҳсолот ба кор дар шароити замони ҷанг чорабиниҳо гузаронанд;
- ба комиссариатҳои ҳарбӣ оид ба кори сафарбарӣ дар замони осоишта ва ҳангоми эълони сафарбарӣ мусоидат намоянд;
- сари вақт огоҳ кардан ва ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ ҳозир шудани шаҳрвандонеро, ки бо онҳо муносибатҳои меҳнатӣ дошта, ҳангоми сафарбарӣ бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, таъмин намоянд;
- таҳвили техникаро ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ё қисмҳои ҳарбӣ тибқи нақшаҳои сафарбарӣ таъмин намоянд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳо, иншоот, воситаҳои коммуникатсионӣ, қитъаҳои замин, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои моддиро тибқи нақшаҳои сафарбарӣ бо ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда аз тарафи давлат бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- ҷузъу томҳои бақайдгирии ҳарбиро таъсис диҳанд, корҳоро барои бақайдгирии ҳарбӣ ва брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ки дар ин ташкилотҳо кор мекунанд, барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг иҷро намоянд, пешниҳоди ҳисоботро оид ба брон кардан таъмин намоянд;
- фаъолияти воҳидҳои махсусро, ки хароҷоти нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд, барои иҷрои вазифаҳои омодагӣ ба сафарбарӣ ташкил ва таъмин намоянд.
2. Ташкилотҳо (ҳангоми мавҷуд будани имкониятҳо), бо мақсади таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат ҳуқуқ надоранд, ки аз бастани шартнома (қарордод)-ҳо оид ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ саркашӣ кунанд. Товони зарари ба ташкилотҳо расонидашуда вобаста ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
3. Ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки иттилооти барои таҳия ва иҷрои чорабиниҳои сафарбарӣ заруриро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
1. Шаҳрвандони дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва дар замони ҷанг даъватшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ бархӯрдор мебошанд.
2. Шаҳрвандон дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ ӯҳдадоранд:
- мувофиқи даъват барои муайян кардани таъиноти худ дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд;
- талаботеро, ки дар дастурҳои сафарбарии гирифтаи онҳо, даъватнома ва фармонҳои комиссарони ҳарбӣ дарҷ шудаанд, иҷро намоянд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг бо мақсади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат биноҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулки дар моликияти онҳо қарордоштаро, бо ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда аз тарафи давлат, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
3. Шаҳрвандон дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг ба иҷрои корҳо бо мақсади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат ҷалб гардида, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои махсус дохил карда мешаванд.
БОБИ 4. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ОМОДАГӢ БА САФАРБАРӢ ВА САФАРБАРӢ, ТАРТИБИ
МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОНҲО
Моддаи 13. Ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
1. Ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, соҳаҳои иқтисодиёт, қаламарав, аҳолӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда оид ба ташкил ва тартиби омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дошта, ба кормандони сохторҳои сафарбарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда шароитҳои зарурӣ фароҳам меоранд.
Моддаи 14. Сохторҳои сафарбарӣ
1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ ё оид ба кори сафарбарӣ вазифаҳо доранд, барои ташкили чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, назорати иҷрои онҳо дар ҳудуди шумораи кормандони худ сохторҳои сафарбарӣ таъсис медиҳанд.
2. Ҳайат ва штатҳои сохторҳои сафарбарӣ бо назардошти хусусият ва ҳаҷми супориш (фармоиш)-ҳои сафарбарӣ ё вазифаҳо оид ба кори сафарбарӣ муайян карда мешаванд. Вобаста ба ҳаҷми супориш (фармоиш)-ҳо ё вазифаҳои зикргардида ба ивази таъсиси сохторҳои сафарбарӣ метавонанд кормандони сафарбарӣ таъин карда шаванд.
3. Роҳбарони сохторҳои сафарбарӣ ё кормандони сафарбарӣ бевосита ба роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо тобеъ мебошанд.
4. Низомномаи намунавии сохторҳои сафарбарӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Низомномаҳои сохторҳои сафарбарӣ, ки дар ҳайати мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо таъсис дода мешаванд, аз тарафи роҳбарони онҳо тасдиқ карда мешаванд.
5. Маблағгузории сохторҳои сафарбарӣ ва кормандони сафарбарӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои таъминоти онҳо ҷудошуда ё аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳое, ки сохтори сафарбарӣ ё кормандони сафарбарӣ ба ҳайати онҳо дохиланд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Захираи сафарбарӣ
1. Захираи сафарбарӣ қисми таркибии захираи моддии давлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар давраи сафарбарӣ, ҳолати ҷанг ва замони ҷанг барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва таъмини фаъолияти устувори соҳаҳои иқтисодиёт, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус, инчунин ташкилотҳои дорои фармоишҳои сафарбарӣ истифода бурда мешавад.
2. Тартиби ташкил, нигаҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ
1. Бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои нақлиёт дар замони ҷанг, ҳангоми эълони ҳолати ҷанг ё сафарбарӣ дар замони осоишта-ҳангоми гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус ба ҳолати дараҷаи муайяни тайёрии ҷангӣ-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ муқаррар менамояд, ки он мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳо, анборҳои маводи нафтӣ, анборҳои таҳвилии сӯзишворӣ, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, ташкилотҳои таъмирӣ ва дигар ташкилотҳое, ки кори воситаҳои нақлиётро таъмин мекунанд, инчунин шаҳрвандонеро, ки соҳиби воситаҳои нақлиёт мебошанд, фаро мегирад.
2. Товони зарари ҳангоми амалишавии ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
3. Тартиби иҷрои ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ бо Низомнома оид ба ӯҳдадории ҳарбию нақлиётӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
Моддаи 17. Низоми ташкил ва гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Низоми ташкил ва гузаронидани омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, инчунин ҳифзи иттилоот оид ба корҳои гузаронидашаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Маблағгузории омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва сохторҳои сафарбарӣ
1. Маблағгузории омодагӣ ба сафарбарӣ, сафарбарӣ ва сохторҳои сафарбарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ташкилотҳо амалӣ карда мешавад.
2. Маблағгузории корҳо барои омодагӣ ба сафарбарии аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода мешавад.
3. Маблағгузории корҳо барои омодагӣ ба сафарбарӣ, ки бо ташаббуси ташкилотҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор бо мақсади баланд бардоштани устувории фаъолияти онҳо ва тайёрии сафарбарӣ гузаронида мешавад, аз ҳисоби ташкилотҳо анҷом дода мешавад.
4. Тартиби маблағгузории чорабиниҳо барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Ҳавасмандгардонии омодагӣ ба сафарбарӣ
1. Бо мақсади ҳавасмандгардонии ташкилотҳое, ки дорои иқтидорҳо ва объектҳои таъиноти сафарбарӣ, захираи сафарбарӣ ва дигар молу мулки таъиноти сафарбарӣ мебошанд, барои нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо, инчунин ба ташкилотҳое, ки корҳои вобаста ба омодагӣ ба сафарбариро маблағгузорӣ менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо дода мешавад.
2. Имтиёзҳои дигар ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳое, ки корҳои вобаста ба омодагӣ ба сафарбариро иҷро мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
БОБИ 5. ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ТИБҚИ САФАРБАРӢ ВА БРОН КАРДАНИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ ҶАНГ
Моддаи 20. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ
1. Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд ва барои ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда мешаванд.
2. Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд ва ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват нашудаанд, метавонанд барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус фиристода шаванд.
3. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатиашон ғайри қобили хизмати ҳарбӣ ҳисобида шудаанд, инчунин шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин доғи судӣ доранд, ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда намешаванд.
4. Хизматчиёни ҳарбӣ, ба истиснои занон-хизматчиёни ҳарбие, ки фарзандони то синни шонздаҳсола доранд, ҳангоми эълони сафарбарӣ хизмати ҳарбиро идома медиҳанд.
Моддаи 21. Ташкили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ
1. Бо мақсади сари вақт гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ ба ташкил ва ҳайати замони ҷанг ва таъсиси воҳидҳои махсус, шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт қарор доранд, барои адои хизмати ҳарбӣ дар замони ҷанг дар мансабҳои ҳарбӣ ё барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбӣ, ки бо штатҳои замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, қаблан ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста мешаванд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда мешаванд).
2. Шаҳрвандоне, ки ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста шудаанд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар замони ҷанг ҳангоми татбиқи чорабиниҳо барои ташкил ва ба ҳайати замони ҷанг гузаронидани қисмҳои ҳарбие, ки шаҳрвандони мазкур ба онҳо мансуб дониста шудаанд, инчунин дар ҳолати таъсиси воҳидҳои махсус ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват карда мешаванд.
3. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ё равон кардани онҳо барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбӣ, ки бо штатҳои замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ амалӣ карда мешавад.
4. Тартиби ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ даъват кардани шаҳрвандоне, ки ба қисмҳои ҳарбӣ мансуб дониста шудаанд (ба ҳайати воҳидҳои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар мансабҳои ҳарбии бо штатҳои замони ҷанг пешбинишуда, инчунин равон кардани шаҳрвандон барои кор дар мансабҳои ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Мӯҳлатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандон тибқи сафарбарӣ
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи нақшаҳои сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Ӯҳдадориҳои шаҳрвандони тибқи сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда
1. Ҳангоми эълони сафарбарӣ шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд, ки дар мӯҳлатҳои дар дастурҳои сафарбарӣ, даъватномаҳо ё фармонҳои комиссарони ҳарбӣ зикргардида ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ ҳозир шаванд.
2. Ба шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд, аз лаҳзаи эълони сафарбарӣ бе иҷозати комиссарони ҳарбӣ аз маҳалли зист баромадан манъ аст.
Моддаи 24. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ
1. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ба шаҳрвандоне пешниҳод карда мешавад, ки:
- брон карда шудаанд;
- бинобар вазъи саломатӣ муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд - ба мӯҳлати то шаш моҳ;
- ба нигоҳубини доимии падар, модар, зан, шавҳар, бародар, хоҳар, бобо, бибӣ ва фарзандхонде, ки бо сабаби вазъи саломатӣ тибқи хулосаи комиссияи тиббию машваратӣ ба нигоҳубин (кӯмак, назорат) – и доимии шахсони дигар мӯҳтоҷанд ё маъюби гурӯҳи I мебошанд, инчунин ба нигоҳубини аъзои оилаи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида ҳангоми набудани дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаҳрвандони мазкур вазифадоранд, машғуланд;
- саробонии панҷ ва (ё) зиёда фарзандони ноболиғро (барои шаҳрвандони ҷинси зан-як фарзанди ноболиғро) ба ӯҳда доранд;
- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
2. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ, ба ғайр аз шаҳрвандони дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ба шаҳрвандон ва ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандоне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқро доранд, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 25. Ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг
1. Брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо мақсади таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо дар давраи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг гузаронида мешавад.
2. Ташкил ва тартиби брон кардани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта барои давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Шаҳрвандоне, ки брон карда мешаванд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ тибқи сафарбарӣ ва дар замони ҷанг озод карда мешаванд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ дар доираи шартномаҳои басташуда, ки ба таъмини амнияти давлат, таҳия ва татбиқи чорабиниҳои манфиатноки мутақобила барои омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, нигаҳдории робитаҳои байниҳамдигарии муфиди ҳарбӣ ва иқтисодӣ алоқаманданд, иштирок менамояд.
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 318) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
16 апрели соли 2012,
№ 799
Пинҳон кардан