ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонунҳои ҶТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1792 )
Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– анъана - маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
– маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
– ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим
(ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Қисми дуюм хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ
1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.
2. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 6. Ваколати Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим
(ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд: (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим; (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1792 )
2. Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ 21.07.10. №636)
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ
1. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
2. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси корхонаҳо муассисаҳо ва дигар, , ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
3. Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.
4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 8. Зодрӯз
Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.
Моддаи 9. Хатнасур
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муаяйн менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ
1. Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. (ҚҶТ 18.06.08. №390)
2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
5. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
6. Маросими бақайдгири давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461); (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Қисми 3 хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 12. Маросими ҳаҷ
1. Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.
2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросим
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
3. Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 141. Ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 142. Маҳдудият оид ба гузаронидани ҷашну маросим
Дар ҳолатҳои истиноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти тибиӣ ва техногонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 25.06.2021с., №1792 )
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
8 июни соли 2007, №272
Пинҳон кардан