ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 626 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ДАР БАХШИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии ҶТ 21.06.2010 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 602 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1938 ТО 1948 ҚАБУЛ ШУДААНД Маҷлиси Олии ҶТ 11.03.2010 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 596 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ БАЪЗЕ МАБЛАҒҲОИ ОНҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.02.2010 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
-A A +A

Ҷумъа, Феврал 7, 2025

Дар бораи иҷтимоӣ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 07/02/2025 - 15:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2119
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии соҳибкории иҷтимоиро муайян намуда, ба таъмини кафолати давлатии ҳифз, дастгирии давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти субъектони соҳибкории иҷтимоӣ, ки ҳангоми амалисозии он ба миён меоянд, равона шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) соҳибкории иҷтимоӣ – фаъолияти соҳибкорие, ки ба дастгирии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ равона гардида, барои таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасониҳои таъиноти иҷтимоӣ мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад;
2) корхонаи иҷтимоӣ – шахси ҳуқуқие, ки ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ворид карда шуда, фаъолиятро дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ амалӣ менамояд;
3) соҳибкори иҷтимоӣ – соҳибкори инфиродӣ, ки ба феҳристи ­субъектони соҳибкории иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ворид карда шудааст;
4) феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ – махзани ягонаи маълумот оид ба корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ, ки пешбурди онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ анҷом медиҳад;
5) гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ – шахсони дар ҳолати вазъияти зиндагӣ қарордошта, ки ҳангоми мутобиқшавии иҷтимоӣ ба мушкилот дучор меоянд ва ба кумак ниёз доранд;
6) лоиҳаи иҷтимоӣ – усули дастгирии фаъолияти мустақили соҳибкории иҷтимоӣ, ки аз ҷониби субъектони соҳибкории иҷтимоӣ амалӣ мегардад;
7) молҳои таъиноти иҷтимоӣ – ашё ва воситаҳое, ки барои фароҳам овардани имкониятҳои бо шаҳрвандони дигар баробар барои гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ зарур мебошанд, аз ҷумла маснуоти протезию ортопедӣ, инчунин асбобу анҷоми барқарорсозанда барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, китобҳо ва маводи дигари нашриявӣ бо ҳуруфи Брайл, адабиёти таълимӣ ва бадеӣ барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, аудиокитобҳо, аз ҷумла маводи видеоӣ бо истифодаи забони имову ишора ва ғайра;
8) хизматрасонии иҷтимоӣ – хизматҳое, ки дар шаклҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ расонда мешаванд, инчунин хизматрасонӣ оид ба протезмонӣ ва тармими маҳсулоти протезию ортопедӣ, асбобу анҷом барои шахсони дорои маъюбият, офияти тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсони дорои маъюбият ва мушкилоти ақлонӣ, дар хона ба роҳ мондани таълими кӯдакони дорои маъюбият, ки имконияти таҳсил карданро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ надоранд, табобати шахсони мушкилии равонидошта ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд тавассути меҳнат, хизматрасонӣ оид ба омӯзондани касбҳои нав ба онҳо ва ғайра, ки мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ мегарданд;
9) навгониҳои иҷтимоӣ – ғояҳои нав, стратегия, технологияи нав, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур таъмини кафолати давлатии ҳифз, дастгирии давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти субъектони соҳибкории иҷтимоӣ, инчунин мусоидат дар беҳтар намудани сифати ҳаёт ва расондани кумак ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ноил гардидан ба мақсадҳои муҳими ҷамъиятӣ, муҳайё намудани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани навгониҳои иҷтимоӣ мебошад.
Моддаи 4. Вазифаҳои соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Вазифаҳои соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ иборатанд аз:
1) рушди хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ;
2) таъмини иштироки субъектони соҳибкорӣ ва аҳли ҷомеа дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла бо роҳи ҷорисозии навгониҳои иҷтимоӣ ва мусоидат намудан дар хизматрасонии иҷтимоии пешбининамудаи Қонуни мазкур;
3) таъсис додани ҷойҳои кории нав барои гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва ба онҳо таъмин намудани имкониятҳои баробар бо шахсони дигар ҷиҳати иштирок дар фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ;
4) мусоидат ба касбинтихобкунӣ ва таъмин намудан бо ҷойи кор, аз ҷумла бо шуғл таъмин намудани гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ;
5) кумак намудан барои ба бозор роҳ ёфтани моли истеҳсолнамуда, кори иҷрокардашуда, хизматрасонии аз ҷониби субъектони соҳибкории иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути иштироки шахсии меҳнатии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ анҷомдодашуда.
Моддаи 5. Принсипҳои соҳибкории иҷтимоӣ
Соҳибкории иҷтимоӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) адолати иҷтимоӣ;
3) афзалиятнокии манфиати ҷамъиятӣ;
4) шаффофияти фаъолияти субъектони соҳибкории иҷтимоӣ;
5) ихтиёрӣ будани соҳибкории иҷтимоӣ;
6) баробарҳуқуқии субъектони соҳибкории иҷтимоӣ;
7) кафолатнокии ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъмини фаъолияти озоди субъектони соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби давлат.
Моддаи 6. Кафолати амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ
Давлат амалисозии ҳама гуна соҳибкории иҷтимоии ба ҳалли мушкилот ва дастгирии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, фурӯш ва (ё) таҳвили молҳои таъиноти иҷтимоӣ, инчунин хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ равонагардидаро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, эътироф мекунад ва барои амалисозии он иҷозат медиҳад, ба истиснои фаъолият оид ба истеҳсол ва (ё) фурӯши молҳои зераксизӣ, гардиши силоҳ ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, инчунин фаъолият оид ба истихроҷ ва (ё) фурӯши канданиҳои фоиданок (ба истиснои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ).
Моддаи 7. Субъектони соҳибкории иҷтимоӣ
Субъектони соҳибкории иҷтимоӣ соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие буда метавонанд, ки фаъолияти соҳибкории иҷтимоиро амалӣ менамоянд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур соҳиби мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ гаштаанд.
Моддаи 8. Гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ
1. Ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ мансубанд:
1) шахсони маъюб ва шахсони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла кӯдакони маъюб ва оилаи онҳо;
2) ноболиғони ятим, кӯдакони ноболиғи аз парастории падару модар маҳрумшуда, хатмкардагони хонаи кӯдакон (то синни бисту се), инчунин кӯдакони ноболиғе, ки дар муҳити аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок қарор доранд;
3) нафақагирон ва шахсоне, ки то ба синни нафақа аз рӯйи синну сол расидани онҳо ду сол мондааст, шахсони пиронсоле, ки қобилияти худхизматрасониро қисман ё пурра аз даст додаанд, шахсоне, ки яккаю танҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла зану шавҳари танҳо;
4) шахсони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта, ки ба паноҳгоҳи муваққатӣ ё хизматрасонии фаврии иҷтимоӣ ниёз доранд;
5) шаҳрвандони камбизоат, оилаҳои нопурраи фарзандони ноболиғ­дошта, инчунин оилаҳое, ки беш аз панҷ нафар фарзанди ноболиғ доранд, шахсоне, ки аз саробони худ маҳрум шуда, сарчашмаи даромад надоранд;
6) собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ҳамсарони онҳо);
7) шахсоне, ки дар натиҷаи садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд (аз ҷумла неругоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ), қурбониёни ҳолатҳои фавқулода, амалиёти ҷангӣ;
8) шахсоне, ки аз ҳама гуна намуди зӯроварӣ зарар дидаанд, аз ҷумла шахсоне, ки қурбонии савдои одамон, истисмори меҳнатӣ ва шаҳвонӣ мебошанд;
 
 
9) модарони ноболиғи танҳо, ки кӯдаки хурдсол доранд ва занҳои ноболиғи ҳомиладори танҳо;
10) гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, инчунин оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бе кумаки моддӣ мондаанд;
11) шахсоне, ки ҷойи зисти муайян надоранд, инчунин шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд.
2. Шахсони дигари аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 2.
ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 9. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ нигаронида шудааст ба:
1) дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ;
2) ташаккул ва мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ;
3) таҳия ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
4) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ мансуб мебошанд:
1) таъмин намудани татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
2) тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
4) тасдиқ кардани усули арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ ва қабул намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
5) ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоту ташкилотҳои дигари давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ дохил мешаванд:
1) таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
2) иштирок дар таҳия ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
3) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
4) амалисозии ҳамкорӣ бо субъектони соҳибкории иҷтимоӣ;
5) таъмини ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ;
6) ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо иштирокдорони дигари соҳибкории иҷтимоӣ;
7) мусоидат намудан ҳангоми ба роҳ мондани робитаи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва донорӣ;
8) мусоидат намудан ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба соҳибкории иҷтимоӣ;
9) мусоидат барои ба даст овардани таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти касбии иловагӣ, таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони корхонаҳои иҷтимоӣ;
10) таҳлили муҳити соҳибкории иҷтимоӣ, омӯзиш, мониторинг ва пешниҳоди таклифҳо оид ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ дохил мешаванд:
1) баррасии аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ворид намудан ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ мутобиқи Қонуни мазкур;
2) пешбурди феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ;
3) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии назорати андозӣ ва дар доираи он муайян намудани мутобиқати фаъолияти корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ ба талаботи Қонуни мазкур;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ дохил мешаванд:
1) таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ дар ҳудуди воҳидҳои дахлдори маъмурию ҳудудӣ;
2) таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои маҳаллии банақшагирии стратегӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
3) дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии субъектони соҳибкории иҷтимоӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои иҷтимоӣ, демографӣ ва хусусиятҳои дигари хоси воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;
4) андешидани чораҳои дахлдор оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ;
5) мусоидат намудан ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани вазифаҳо дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ ва расондани кумакҳои ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 3.
МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ СУБЪЕКТОНИ
СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 14. Ба даст овардани мақоми субъекти соҳибкории иҷтимоӣ
Мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ аз лаҳзаи ба феҳристи дахлдори давлатии корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ ворид намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба даст оварда мешавад.
Моддаи 15. Муассисони корхонаи иҷтимоӣ
Корхонаи иҷтимоӣ метавонад аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Моддаи 16. Хусусиятҳои амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд фаъолияти соҳибкории иҷтимоиро амалӣ созанд ва мақоми корхонаи иҷтимоиро ба даст оранд.
2. Дороиҳо ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо амалӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо алоқаманд мебошад, бояд таҳти баҳисобгирии муҳосибии алоҳида (аз фаъолияти асосӣ ҷудо) қарор дода шавад.
3. Моликияти аз ҷониби иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар натиҷаи амалисозии фаъолият дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ бадаст­оварда барои дастрасии мақсадҳои оинномавӣ истифода гардида, дар байни аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ тақсим карда намешавад. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ наметавонад зиёда аз 30 дарсади даромади дар натиҷаи амалисозии фаъолият дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ ба дастомадаро барои хароҷоти умумӣ ва маъмурӣ истифода намояд.
4. Дар сурати аз ҷониби иттиҳодияи ҷамъиятӣ қатъ намудани фаъолият дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ дороиҳои озоди боқимонда, ки дар натиҷаи соҳибкории иҷтимоӣ ба даст омадаанд, барои дастрасии мақсадҳои оинномавӣ ба корхонаи иҷтимоӣ ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба феҳристи корхонаҳои иҷтимоӣ ворид карда шудаанд, супорида мешаванд.
5. Бо аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул аст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ чунин иттиҳодияи ҷамъиятиро ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ ворид менамояд.
Моддаи 17. Талабот нисбат ба корхонаи иҷтимоӣ
Дар сурати мувофиқ будани корхона ба як ё якчанд меъёри зерин, он корхонаи иҷтимоӣ ҳисобида мешавад, агар барои ҳалли мушкилоти гурӯҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, ё фурӯш ва (ё) таҳвили молҳои иҷтимоӣ, инчунин хизматрасонии иҷтимоӣ таъсис дода шуда бошад:
1) дар корхона на камтар аз 50 дарсади шумораи умумии кормандон ба гурӯҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ мансуб бошанд, фонди музди меҳнати гурӯҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ на камтар аз 50 дарсади фонди умумии музди меҳнати кормандонро ташкил кунад;
2) даромади аз фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ бадастомада аз рӯйи натиҷаи соли пешинаи тақвимӣ на камтар аз 50 дарсади ҳаҷми умумии даромади корхонаро ташкил намояд;
3) на камтар аз 50 дарсади даромади аз соли тақвимии пешина бадастомадаро ба амалисозии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ такроран сармоягузорӣ намояд.
Моддаи 18. Хусусиятҳои амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ
Шахсони воқеӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, метавонанд фаъолияти соҳибкории иҷтимоиро амалӣ намоянд ва ҳамзамон дар сурати мувофиқати фаъолияти онҳо ба меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати соҳибкори иҷтимоӣ ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ ворид карда шаванд.
Моддаи 19. Талабот нисбат ба соҳибкори иҷтимоӣ
Соҳибкори инфиродӣ дар сурати мувофиқ будан ба як ё якчанд меъёри зерин соҳибкори иҷтимоӣ ҳисобида мешавад:
1) ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ мансуб бошад;
2) фаъолияти он бевосита бо ҳалли мушкилоти гурӯҳи аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, ё фурӯш ва (ё) таҳвили молҳои иҷтимоӣ, инчунин хизматрасонии иҷтимоӣ вобаста бошад;
3) даромади аз фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бадастомада аз рӯйи натиҷаи соли тақвимии пешина на камтар аз 50 дарсади ҳаҷми умумии даромади соҳибкории иҷтимоиро ташкил намояд;
4) на камтар аз 50 дарсади даромади аз соли тақвимии пешина бадастомадаро ба амалисозии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ такроран сармоягузорӣ намояд.
Моддаи 20. Феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ 
1. Феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ  маълумотро оид ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бақайдгирифташуда, ки дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ фаъолият анҷом медиҳанд, дар бар мегирад.
2. Пешбурди феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ дар ҳомилҳои электронӣ (магнитӣ) ва коғазӣ анҷом дода мешавад. Дар сурати гуногун будани маълумоти дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ мавҷудбуда, маълумоти дар ҳомили коғазӣ мавҷудбуда асосӣ ҳисобида мешавад.
3. Маълумоти дар феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ мавҷудбуда озод ва дастраси умум мебошад, ба истиснои маълумоти махфӣ, маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда.
4. Феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ қисми таркибии Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мебошад, ки тартиби пешбурди онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян менамояд.
Моддаи 21. Ҳуқуқҳои корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ
1. Корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:
1) озодона фаъолиятеро, ки хилофи Қонуни мазкур нест, амалӣ карда, мустақилона намуд, шакл, соҳа ва самтҳои фаъо­лиятро муайян намоянд;
2) барои ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавӣ волонтёронро ҷалб намоянд;
3) шаклҳои мавҷудаи дастгирии давлатии корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоиро истифода баранд;
4) ҳангоми қабул намудани қарор аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои соҳибкории иҷтимоӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ иштирок намоянд;
5) ҳуқуқҳо, кафолатҳо, имтиёзҳо ва кумакҳои молиявии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода баранд;
6) асосҳои хориҷ намудан ё ворид накардан ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоиро талаб кунанд, инчунин аз болои қарор оид ба ворид накардан ё хориҷ намудан аз феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят оранд.
2. Корхонаҳои иҷтимоӣ ё соҳибкорони иҷтимоӣ ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро доро мебошанд.
Моддаи 22. Уҳдадориҳои корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ
1. Корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ уҳдадоранд:
1) ба талаботи корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ҷавобгӯй бошанд;
2) иттилоотро оид ба фаъолияти вобаста ба соҳибкории иҷтимоӣ ифшо кунанд, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда;
3) объектҳои моликияти давлатиро, ки ба корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ барои амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ дода шудаанд, босамар ва аз рӯйи таъиноти мақсаднок истифода баранд;
4) талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, экологӣ, санитарӣ ва беҳдошт риоя кунанд;
5) ҳисоботи андозиро бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
6) на камтар аз 50 дарсади даромади соли молиявии пешинаро ба азнавсармоягузории фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ дар давоми соли молиявии оянда равона созанд.
2. Корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои уҳдадориҳои дигар бошанд.
Моддаи 23. Тартиби муайян намудани мутобиқати фаъо­лияти субъектони соҳибкории иҷтимоӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар доираи назорати андозии анҷомдодашаванда мутобиқати фаъолияти субъекти соҳибкории иҷтимоиро ба талаботи Қонуни мазкур муайян менамояд.
2. Ҳангоми муайян намудани мутобиқати фаъолияти ­субъекти соҳибкории иҷтимоӣ ба талаботи Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ надорад ҳуҷҷат ва иттилооти иловагиро талаб намояд.
Моддаи 24. Аз даст додани мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ ва оқибатҳои он
1. Мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:
1) пешниҳоди ариза аз ҷониби корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ оид ба бекор кардани мақом;
2) қатъ гардидани фаъолияти корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори инфиродӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) азнавташкилдиҳии корхонаи иҷтимоӣ, ба истиснои муттаҳидсозӣ ё ҳамроҳшавии ду ва зиёда субъектони дорои мақоми корхонаи иҷтимоӣ;
4) тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба номутобиқатии фаъолияти корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ ба талаботи Қонуни мазкур.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 4) қисми 1 моддаи мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои бартарафсозии қонуншиканиҳои ошкоргардидаи Қонуни мазкур муҳлати семоҳаро муқаррар менамояд. Агар пас аз гузаштани муҳлати мазкур қонуншиканиҳо бартараф нагардида бошанд, мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур бекор карда мешавад.
3. Аз даст додани мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ боиси хориҷ кардани он аз феҳристи дахлдор мегардад. Дар ин сурат, агар муассиси корхонаи иҷтимоӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бошад, чунин корхона ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ уҳдадор аст ба иттиҳодияи ҷамъиятии мазкур дороиҳо (молу мулк)-и боқимондаро пас аз қонеъ гардондани талаботи қарздеҳон баргардонад.
4. Дар сурати аз даст додани мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ ариза оид ба барқарор намудани мақом ё дубора пешниҳод намудани он пас аз гузаштани 12 моҳ аз рӯзи бекор намудани чунин мақом баррасӣ мегардад.
5. Корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ метавонад аз болои қарор оид ба бекор кардани мақом ё рад шудани баррасии аризаи дар қисми 4 моддаи мазкур қайдгардида ба суд шикоят намояд.
Моддаи 25. Арзёбии самарабахшии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ
Вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ дар ҳамкорӣ бо субъектони соҳибкории иҷтимоӣ метавонанд арзёбии самарабахшии фаъолияти субъектони мазкурро мутобиқи усули тасдиқгардидаи арзёбии таъсирбахшии соҳибкории иҷтимоӣ анҷом диҳанд.
 
БОБИ 4.
ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 26. Шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ
1. Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ё дигар имтиёзҳои давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) ҷойгиркунонии фармоиши иҷтимоии давлатӣ мутобиқи шартномаҳои бевосита оид ба иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) иштирок намудан дар расмиёти хариди давлатӣ бо ҳуқуқи афзалиятноки хариди мустақим оид ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) пешниҳоди дастгирии молиявӣ ба корхонаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби фондҳои мақсадноки давлатӣ;
5) дастгирии моддӣ, аз ҷумла бо роҳи ба иҷора додани молу мулки давлатӣ ва коммуналӣ бо шартҳои имтиёзнок мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) ташкили таълим ва таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти касбии иловагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони корхонаҳои иҷтимоӣ;
7) пешниҳоди грантҳои давлатӣ барои корхонаҳои иҷтимоӣ ё соҳибкорони иҷтимоӣ бо мақсади амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ;
8) пешниҳоди машварати ройгон, расондани кумаки методӣ ва дастгирии иттилоотӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ ва иштирок дар хариди мол, кор ва хизматрасонӣ.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд дар доираи ваколатҳои худ чораҳои иловагии дастгирии соҳибкории иҷтимоиро муқаррар намоянд.
3. Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ аз рӯзи ба феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ ворид намудани субъекти соҳибкорӣ амалӣ гардонда шуда, аз рӯзи хориҷ карда шудан аз феҳристи мазкур қатъ мегардад.
 
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
 
Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
2 январи соли 2025, №2119