ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 320; соли 2002, № 4, қисми 1, мод. 248; соли 2005, №12, мод. 657; соли 2008, №12, қисми 2, мод.1004; соли 2010, №1, мод.15, соли 2018 №7-8, мод.525.)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
-муҳоҷират - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ, инчунин мавсимии шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба тағйири маҳалли истиқомат, кор, кучидани шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷирати дохилӣ - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ инчунин мавсимии шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷири хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доими омадаанд;
-муҳоҷирати хориҷӣ – ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳоҷирати оилавии хориҷиён – ҳиҷрати гуруҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳочирати коллективонаи хориҷиён - муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кучида омадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ;
-муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани муҳлати будубош тарк накардаанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
-муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба ҳудуди он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ - сафари ҳарруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлати ҳамсарҳад ва сафари харруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, бо шарти истиқомати доимӣ дар ҳудуди давлати тарк намудаашон;
-коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
-коргари наздисарҳадӣ - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар руз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
-давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
-давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад;
- муҳоҷирон – шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-муҳоҷирони иҷборӣ - шахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зуроварӣ ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ, эътиқоди динӣ, забонӣ, мавқеи сиёси, мансубият ба гуруҳи муайяни иҷтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар ҳудуди кишвари хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470).
-маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон - маҳалли аҳолинишини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва фирориён мувофиқанд;
-репатриатсия - ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарбӣ, шахси зуран кучонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон;
-репатриантҳо - шахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;
-эмигратсия – ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ;
-реэмигрантҳо - ба Ватан баргаштани шахси дар эмигратсия буда;
-эмигрантҳо - шахси воқеие, ки эмигратсия мекунад;
-муҳоҷири экологӣ - шахси, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- муҳоҷирати экологӣ - ҷараёни маҷбурии кўчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
-субъектҳои хоҷагидорӣ – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 2. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират
Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;
- норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз руи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот, вазъи ҳуқуқии иҷтимоӣ ва молу мулк; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
- иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокунӣ дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологӣ ва табиӣ кучонида шудаанд;
- манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
- ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
(ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 4. Субъектҳои муҳоҷират
1.Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ кучидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ муваққатан фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иҷро мекунанд, инчунин шахсе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристӣ ва хизматӣ мебошанд) вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
3.Шахсоне, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷборан кучидаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони дохилиро мегиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
4.Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, башарият, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро содир кардаанд, муҳоҷири хориҷӣ ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 5. Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологӣ
Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Идораи равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии муаяйннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) анҷом медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Низомномаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зайлро дорад:
1). дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2). ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, иҷозати дахлдор медиҳад;
3). равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгуӣ намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоъ медиҳад; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
4). ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ пешниҳод манзур менамояд;
5). дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кучонидан, қабул ва ҷобаҷокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6). бақайдгирӣ, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анҷом медиҳад;
7). дархости хаттии шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад;
8) бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
9) барои амалӣ гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад ва ҷиҳати ташкили фаъолият ба субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намуда, санҷиши фаъолияти онҳоро амалӣ мекунад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
10) муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонуниро пешгирӣ менамояд, дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои истиқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод таҳия мекунад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
1. Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристодашаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
2. Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
-дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнатӣ ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
-иштироки давлати ҷои кор дар созишномаҳои байналмилалӣ, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
-мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
-қабули тадбирҳои амалии мусбӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор.
Моддаи 81. Тартиби фиристодан ва ҷалб намудани қувваи корӣ
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашаванда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 82. Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарурӣ раводиди намояндагии дипломатӣ ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
2. Тартиби ҷалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати ҷои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, сафар менамоянд.
4. Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиққунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (беморӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани ҷои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Коргарони муҳоҷири ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бояд тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба маҳалли истиқомати муваққатӣ дар асоси пешниҳоди хаттии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
6. Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
7. Бо гузашти муҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати ҷои корро тарк намоянд.
Моддаи 83. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
1. Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад: (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-муҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рузҳои истироҳат ва рузҳои ид;
-андозаи мукофотпулӣ, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
-ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи у;
-тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари муҳоҷир;
-тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
2. Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
3. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то сафар намудан ба давлати ҷои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад.
Моддаи 84. Додани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби додани иҷозат барои корро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ
Квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 91. Ҳисоботи оморӣ ва ахборот дар бораи муҳоҷират
1.Тартиби пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва оид ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботӣ ва дигар маълумотеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ нашри ҳисоботи оморӣ ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, имконияти бо кор таъминкунӣ, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Модда 92. Таҳвили маблағҳои пулӣ
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати тарк намудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд.
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони хориҷӣ
Шахсе, ки муҳоҷири хориҷӣ эътироф шудааст ва иҷозат барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои уҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 11. Шахсе, ки муҳочири хориҷӣ намебошанд
1. Вазъи ҳуқуқии муҳоҷири хориҷӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд дода намешаванд, агар онҳо: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд;
- дар ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бошанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромузӣ машғул бошанд;
- тибқи шартномаҳои байналмилалӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом медода бошанд;
- сайёҳ (турист), дар сафари хизматӣ, муҳоҷирони меҳнатии муваққатӣ (аз ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
- намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
- дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касбӣ машғул бошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кумаки хайрия ва башардустона омада бошанд;
- аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёӣ, нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ бошанд.
2. Вазъи ҳуқуқии шахсе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, бо қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархости шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд, агар онҳо иҷозати дахлдори бо гувоҳномаи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашударо дошта бошанд.
2. Ариза оид ба додани иҷозат барои истиқомати доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони дар хориҷа истиқоматкунанда бошанд, ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3. Қарорро оид ба дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи ба онҳо додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ қабул менамояд. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
4. Мўҳлати баррасии мавод дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як моҳ зиёд бошад.
5. Қарор дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардан ва ба онҳо додани гувоҳномаи истиқомат асос шуда метавонад.
6. Қарор дар бораи рад намудани истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се рўз аз рўзи қабули қарор ба аризадиҳандагон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсе, ки барои муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1.Ҳангоми бақайдгирии дархост дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ ва муҳоҷир эътироф кардани шахсе, ки дархост додаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, онҳо ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирони хориҷӣ, муҳоҷирон, аз ҷумла ба ҷои мустақилона интихобнамудаашон, ки ҳатман бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудааст, роҳхат мегиранд. (ҚҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.То ҳаллу фасли масъалаи ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ё муҳоҷир эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад.
3. Дар мавриди эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ба вай дар давоми сӣ руз аз рузи қабули қарор огоҳномаи хаттӣ дода мешавад.
4. Агар шахси мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вай огоҳномаи хаттӣ бо нишондоди сабабҳои эътироф нашудан ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ва тартиби шикоят аз болои қарори қабулшуда фиристода мешавад.
5. Қарор дар бобати эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир аз тарафи ин шахс дар мақомоти ваколатдори болоӣ ё бо тартиби судӣ дар муҳлати як моҳ пас аз гирифтани огоҳнома метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
6. Қарор оиди эътироф нагаштани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ташкили баромада рафтани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 14. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсе, ки барои репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1.То ҳал шудани масъалаи ҳамчун репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст истифода мебарад.
2.Шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон истиқомат кардани шахсе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, муҳоҷирони иҷборӣ эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд, тартиби пардохти хароҷоти хизмати коммуналӣ, ёрии тиббии расонидашаванда, фароҳам овардани дигар имтиёз ва ҷубронпулиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3.Шахси дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:
- баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он ҷо ҳозир шавад ва агар ҷои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
- бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муоинаи тиббӣ гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро ба ҷо оварад;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 15. Тартиби репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ, реэмигрант эътироф кардани шахс
1.Қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рузи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Ба шахсе, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф шудааст шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
3. Дар сурати репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс у дар муҳлати сӣ рузи баъди қабули қарор ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он ҳолат ба у бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани қарори қабулгардида ба таври хаттӣ огоҳнома ирсол карда мешавад.
4. Оид ба қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як моҳи баъди гирифтани огоҳномаи хаттӣ ба мақомоти ваколатдори болоӣ тибқи тартиби судӣ шикоят арз намояд.
5. Қарори дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳамчунин ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ҷиҳати ташкили аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани шахсе, ки ҷавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад.
Моддаи 16. Муҳоҷирати оилавии хоричиён
1.Шахсе, ки оилаи муҳоҷири хориҷиро ташкил медиҳанд – шавҳар (зан), падару модари онҳо ва фарзандони таҳти таъминоти шавҳар (зан) қарордошта, аз ҷумла писархондҳо (духтархондҳо), инчунин бародарону хоҳарони ноболиғи бе падару модар ё худ бе васӣ ва дигар хешу табори корношоями таҳти таъминоти шавҳар (зан) буда, ки барои таъмини онҳо дар маҳалли пештараи истиқомат уҳдадор буданд, мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиҷрат намудани кудакони то синни ҳаждахсола бо розигии падару модари ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онҳо ҳал карда мешавад. Дар айни замон барои кудакони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола розиномаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
Моддаи 17. Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кучонидани шахсе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аҷдодиашон баргаштанро изҳор кардаанд, сурат мегирад.
Моддаи 18. Тартиби ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
Моддаи 19. Асосҳои ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ рад кардани ҳиҷрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳиҷрати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) агар у зидди сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир карда бошад;
2) агар у хусумати байнидавлатӣ, байналмиллӣ ва диниро барангезад;
3) агар у дидаву дониста муқобили соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар у барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум ё худ барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғӣ суди дошта бошад;
5) агар у ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиҷрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар у қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қаблӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби у ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад;
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;
9) агар амалҳои ў ба саломатии аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намоянд;
10) агар амалҳои ў ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавф дошта бошанд;
11) агар ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, хариду фурўши одамон, силоҳу аслиҳа ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ иҷозат барои истиқомат ва ба шахсони бешаҳрванд бошад, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 21. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1. Додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси зерин рад шуданаш мумкин аст: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориҷӣ;
2) ба шахсе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд;
3) ба шахсе, ки зидди инсоният ҷиноят содир кардаанд;
4) ба шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад;
5) шахсе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомотҳои корҳои дохилӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
2. Оид ба радди додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мақомоти ваколатдори болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 22. Шахсе, ки репатриант мебошад
1. Вазъи ҳуқуқии репатриант ба гуруҳи шахси миллати таҳҷой, ки қурбони ҷазоҳои оммавии сиёсӣ мебошанд, ҳамчунин ба хешу авлоди онҳо дода мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2. Шахси зайл хешу авлоди репатриантҳо дониста мешаванд:
- фарзандон (аз ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
- бародарон ва хоҳарони репатриант;
- набера ва аберагони репатриант;
-оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд.
3. Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рузи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 23. Имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳое, ки ба репатриантҳо дода мешаванд
Давлат барои репатриатсияи шахси воқеӣ ба ватани аҷдодӣ, ҷобаҷокунӣ, мутобиқшавии онҳо шароити имтиёзнок муҳайё мекунад ва таъминоти зайлро анҷом медиҳад:
1) худашон ва молу мулки онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доимӣ мерасонад; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз муҳлати истиқомат вобаста ба бекорӣ ба гирифтани кумакпулӣ кумак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кумакпулиҳои яквақта, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагиҳоро тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблағгузории ҳиҷрати эмигрантҳо
1. Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати эмигрантҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Маблағгузории хароҷоти ҳиҷрати шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағи худи эмигрантҳо сурат мегирад ва инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо низ анҷом додан мумкин аст агар он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истиқомати доими ба дигар давлатҳо баромада мераванд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби хеш молу мулки худ ва молу мулки аъзоёни оилаашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд.
4. Аз ҷониби шаҳрвандон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ашъёҳое, ки аҳамияти фарҳангӣ ва таърихӣ барои давлат доранд, баровардани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байнидавлатӣ танзим мегардад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 25. Асосҳои рад кардани ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиҷратро рад кардан мумкин аст, агар у:
1) аз маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад – то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои мўҳлати ҷазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатмӣ бошад - то анҷоми муҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад - то аз ҷониби мақомоте, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иҷрои уҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи у гузоштааст саркашӣ кунад - то иҷрои уҳдадориҳо;
7) нисбат ба у ба суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Моддаи 26. Масъулият барои ғайриқонунӣ даромадан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайри қонунӣ баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъулият барои ғайриқонунӣ дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Президенти Э. РАҲМОНОВ
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,
№881
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муҳоҷират»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод.321)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират» мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,
№ 882
Пинҳон кардан