ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷузъҳои он, ҳамчунин маҳсулоти хӯрокҳои парҳезӣ, кӯдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманд низ паҳн мегардад.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳайвоноти зинда, агар онҳо бо мақсади тайёр намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои фурӯш ба аҳолӣ пешбинӣ нашуда бошанд, нисбат ба растаниҳо то ҷамъоварии ҳосили онҳо ва мева, маҳсулоти косметикӣ тамоку ва маҳсулоти он татбиқ намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоте, ки онро дар шакли табиӣ ё коркардшуда (консервшуда) инсон дар хӯрок истеъмол менамояд, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки кӯдакона, парҳезӣ, оби нӯшокии дар зарф ҷой кардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, сақич, инчунин ашёи хоми хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;
- маҳсулоти хӯроки кӯдакона - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои ғизои кӯдакони то 14-сола пешбинӣ шуда, ба талаботи физиологии организми кӯдакон ҷавобгӯ мебошанд;
- маҳсулоти хӯроки парҳезӣ - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои хӯрокҳои муолиҷавӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пешбинӣ шудаанд;
- маҳсулоти хӯроквории функсионалӣмаҳсулоти хӯроквории истеҳсоли табиӣ ё сунъие, ки дорои таъми хуш ва сифатҳои сиҳатибахшанда барои инсон буда, барои истифодаи ҳамарӯза ва мунтазам пешбинӣ шудаанд ва дар баъзе мавридҳо метавонанд ҳамчун усули имконпазири табобат барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- маҳсулоти хоми хӯрокворӣ - ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот ё маводи микробиологӣ, минералию сунъӣ тайёршаванда ва об, ки барои омода намудани маҳсулоти хӯрокворӣ истифода бурда мешаванд;
- иловаҳои хӯрокворӣ - моддаҳои табиӣ ё сунъӣ ва пайвастаҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додан ва нигоҳ доштани хусусиятҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ ва (ё) нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;
- иловаҳои фаъоли биологӣ - моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли табиӣ, ки барои истеъмоли якҷоя бо хӯрок ё ба таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ омехта намудан пешбинӣ шудаанд;
- мавод ва маснуоти бо маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - мавод ва маснуот) алоқаманд - мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардани банду баст, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологӣ, асбобу дастгоҳҳо, борҷома, зарфҳо, асбобу анҷоми ошхона;
- бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - мавҷудияти боварии асоснок ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки истеъмоли он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба саломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;
- арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣмаҷмӯи хосиятҳои маҳсулоти хӯрокворие, ки мавҷудияти онҳо талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва энергияи зарурӣ қонеъ мегардонад;
- шаҳодатномаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - ҳуҷҷате, ки дар он мутобиқат ба талабот оид ба бехатарии маҳсулот тасдиқ карда мешавад;
- сертификатсия - фаъолият оид ба тасдиқи мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ - ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурамалҳо ва ғайра), ки мутобиқи онҳо омодасозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ гардонида мешаванд;
- регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди саноатии партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;
- коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ - коркарди ҳароратӣ (ба ғайр аз яхкунонӣ ва хунуккунӣ), дуддиҳӣ, консервкунонӣ, пухтан, туршкунонӣ, намакхобонӣ, хушккунонӣ, сиркохобонӣ, ғализкунонӣ, тозасозӣ, афшурасозӣ, ҷавҳарситонӣ ё якҷоякунии ин равандҳо (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827);
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон талаботи ҳатмиро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар менамоянд;
- маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ - маҳсулот ва ашёи хоми озуқавории тағйирдодашуда ё барқасдона (сохтакорона) ба маҳсулоту ашёи хоми истеҳсолкунандаи муайян ҳаммонанд истеҳсолшуда, ки хусусият ва сифати номаълум доранд ва маълумот дар бораи онҳо ошкоро нопурра ё шубҳаовар мебошад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- ҳаммонандкунии маҳсулоти хӯрокворӣфаъолият оид ба муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти хӯроквории муайян бо маълумот дар бораи чунин маҳсулот, ки дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо нишон дода шудаанд;
- коркарди партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣкоркарди маҳсулоти хӯроквории хатарнок барои аз он ҳосил кардани маҳсулоти барои хӯрокворӣ пешбининашуда;
- мӯҳлати истеъмол - марҳилаи вақте, ки аз рӯзи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ то рӯзи қобили истеъмол будани онҳо ҳисоб карда мешавад;
- мониторинг - мушоҳидаи доимии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади ошкор намудани мувофиқатии он ба натиҷаи дилхоҳ;
- пеститсидҳо - моддаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, пайвастагиҳо ва омехтаҳое, ки бар зидди организмҳои зараррасон, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо ва паразитҳо истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- нишондиҳандаҳои органолептикӣнишондиҳандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба воситаи узвҳои ломиса (таъм, бӯй, намуди зоҳирӣ, ранг) муайян ва арзёбӣ мешаванд;
- маҳсулоти нави хӯрокворӣ - маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷузъи он, ки ба андозаи зарурӣ аз тарафи инсон ба сифати хӯрок истифода нашудаанд, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
- истеҳсолоти аввалия - ҷараёне, ки аз кишт, бордоршавӣ, парвариш, сабзиш, ҷамъоварии ҳосил, шикор ва ҳамлу нақли маҳсулоти хом, ҳайвонот ва моҳӣ барои коркарди минбаъда ё борҷомакунӣ ва тақсимот иборат аст (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- коркарди аввалия - ҷараёни технологии коркарди маҳсулоти хоми озуқаворӣ (ҷамъоварӣ, тоза кардан, хушконидан ва резакунии маҳсулоти растанӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани ҳайвоноти кишоварзии забҳшуда, яхкунонӣ, дуддиҳии гӯшту моҳӣ, консервкунӣ, ҳосил кардани равған ва полоиши он, коркард ва пастеризатсияи шир), ки дар натиҷаи он маҳсулот барои коркарди минбаъда ва ё истеъмолкунии бевосита омода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- мушоҳидакунӣ - қобилияти мушоҳида намудани ҳаракат, тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ ё моддаҳое, ки метавонанд ё эҳтимолияти ворид шудани онҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва тақсимот ҷой дорад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез - низоми ҳаммонандкунӣ, арзёбӣ, таҳлил ва назорати хатарҳое, ки барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муҳим мебошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тавсияҳои ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд.
2. Агар санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон назар ба Қонуни мазкур меъёрҳои дигареро пешбинӣ намуда бошад, пас меъёрҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827)
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- масъулияти бевосита;
- арзёбии хатарҳо;
- огоҳонидани пешакӣ;
- назорати пурра;
- мушоҳидакунӣ;
- ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир;
- шаффофият;
- реҷаи миллӣ;
- савдои озод (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 6. Таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин таҳия ва қабул мешаванд:
- дар доираи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ;
- бо назардошти принсипҳои илмӣ ва маълумоти мавҷудаи илмӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- барои роҳ надодан ба табъизи беасос ва ноҳақ дар байни давлатҳои шароиташон якхела ва ба ҳам монанд, аз ҷумла табъиз дар байни ҳудуди худӣ ва қаламрави давлатҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827);
- дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон, ки мутобиқи методологияи соҳавии ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад;
- ба тарзе, ки онҳо маҳдудияти ниҳонии савдои берунаро инъикос нанамоянд.
2. Арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба маълумоти илмӣ бо назардошти равандҳо ва усулҳои истеҳсолӣ, усулҳои санҷиш, интихоби намуна, озмоиш ва шароити мутобиқи муҳити зист асоснок карда мешавад.
3. Ҳангоми нокифоягии далелҳои илмӣ ҷиҳати арзёбии холисонаи таҳдид дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси маълумоти мавҷуда, аз ҷумла маълумоти ташкилотҳои соҳавии байналмилалӣ ва иттилоот оид ба чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар дигар давлатҳо чораҳои муваққатӣ андешад.
4. Чораҳои андешидашуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз ҳисоби чораҳои дар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асоснокшуда ба даст меоянд, таъмин намоянд, агар онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуда бошанд ё тахмин равад, ки сатҳи мазкури ҳифз сатҳи мувофиқ мебошад.
5. Ҳангоми қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бо назардошти чораҳои муваққатии дар ҳолатҳои фавқулодда қабулшуда, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ пайдоиши маълумоти нави илмиро назорат менамоянд.
Моддаи 7. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ
1. Агар стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё чораи соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунад ё агар чунин чора ба савдо таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ:
- оид ба мақсади истифодаи чора дар марҳилаи ибтидоии омодагии он огоҳинома нашр менамояд;
- тарафҳои манфиатдорро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи маҳсулоти хӯрокворие, ки нисбат ба онҳо ин чора амалӣ мегардад, хабардор менамояд ва барои қабули чораи мазкур пешниҳоди асоснокшударо пешниҳод менамояд;
- бо хоҳиши мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқиро, ки дар он чораи пешниҳодшуда бо ишораи фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ворид шудааст, пешниҳод менамояд;
- барои пешниҳоди ақидаҳо мӯҳлати кӯтоҳтарин муқаррар намуда, бо хоҳиши тарафҳои манфиатдор машваратҳо мегузаронад.
2. Огоҳинома дар бораи маҳсулот, ки ба онҳо чора истифода мегардад ва асос барои қабули чораи пешниҳодшуда дар давоми на камтар аз 75 рӯзи то саршавии амалиёти қабули он пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 8. Баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Агар мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ муқаррар намояд, ки чораҳои дар дигар давлат татбиқшаванда ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ба як андоза ё дар сатҳи нисбатан баландтар аз талабот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯроквории дар давлати дигар татбиқшаванда чораҳои баробарарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳисобида мешаванд.
2. Дар бораи эътирофи баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қарор қабул карда мешавад.
Моддаи 9. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ
1. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин амалӣ мешаванд:
- фавран ва бе таъхири иловагӣ ва табъизи маҳсулоти воридшаванда нисбат ба маҳсулоти ҳаммонанди ватанӣ;
- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилоот, ки барои гузаронидани расмиёт заруранд;
- ҳангоми иттиллоотонии арзкунанда оид ба мӯҳлати ба охир расидани расмиёт, камбудиҳои дар ариза мавҷудбуда марҳила ва натиҷаи истеҳсолот;
- ба он тарзе ки ҳифзи махфӣ будани иттилоот таъмин карда шавад;
- бо роҳи интихоби намуна танҳо бо он микдоре, ки барои амалӣ намудани расмиёти санҷиш ва сертификатсиякунонӣ зарур мебошад.
2. Агар баъди гузаронидани назорат ва санҷиши давлатӣ дар хусусиятҳои маҳсулот тағйирот ба амал ояд, расмиёти назорат ва санҷиши маҳсулоти дигаргуншуда танҳо аз рӯи зарурат ҷиҳати муайян кардани ҷавобгӯи талаботи дахлдор будани ин маҳсулот сарфи назар аз тағйирот гузаронида мешавад.
Моддаи 10. Маҳсулоти хӯроквории бехатар
1. Дар муомилот метавонанд танҳо маҳсулоти хӯроквории бехатар ҷой дошта бошанд.
2. Маҳсулоти хурокворӣ бехатар ҳисобида мешавад, агар истеъмоли он ҳангоми истифодаи дуруст ва мувофиқ ба саломатии инсон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар нарасонад. Дар мавриди муайян намудани бехатарии махсулоти хурокворӣ чунин ҳолатҳо ба инобат гирифта мешаванд:
- риояи талаботи бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраршуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот ва тақсимот, талабот ба коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯш, инчунин талабот ба омодасозӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқи таъиноти онҳо;
- мавҷудияти иттилоот барои истеъмолкунандагон, аз ҷумла иттилоот дар тамғакоғаз ва мутобиқати он бо хусусияти истеҳсолкунанда ё дигар иттилооти дастраси истеъмолкунандагон вобаста ба пешгирии таъсири зарарнок ба саломатии инсон аз навъи мушаххаси маҳсулот.
3. Ҳангоми муайян намудани зарари маҳсулоти хӯрокворӣ ба саломатии инсон инҳо ба эътибор гирифта мешаванд:
- оқибатҳои имкопазирӣ мустақим ё ғайримустақим, кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати нохуш барои саломатии инсон, инчунин имконпазирии чунин оқибатҳо барои наслҳои оянда;
- имконпазирии таъсири кумулятивии (ғуншавии) заҳролудшавӣ;
- эҳсосоти махсуси саломатии гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон, агар маҳсулот ба чунин гурӯҳи истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад.
4. Қобили истеъмол набудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои инсон дар асоси истифодаи пешбинишуда, ифлосшавии эҳтимолии он аз муҳити атроф ё бо дигар тарз (пӯсидан, вайроншавӣ ё таҷзия ва ғайра) муайян карда мешавад.
5. Агар маҳсулоти хӯроквории зарарнок як қисми миқдор, силсила ё бори маҳсулоти хӯроквории ҳамон категория ва тавсифот бошад, тамоми маҳсулот дар чунин миқдор, силсила ё бор хатарнок ҳисобида мешавад, агар далели дигар набошад.
Моддаи 11. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Маҳсулоти хӯрокворие хатарнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофиқ бошанд.
2. Маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ҳисобида мешаванд, агар:
- дар таркибашон микроорганизмҳо, бактерияпаразитҳо, заҳрҳои бактериологӣ ва моддаҳои фаъоли кимиёвии бофтаҳои аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркиби худ заҳрҳои табиӣ ё дигар моддаҳои заҳрноки табиии аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркибашон намакҳои металлҳои вазнин, боқимондаи пеститсидҳо, дорувориҳои байторӣ, гормондор, микотоксинҳо ва дигар моддаҳоеро дошта бошанд, ки аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор баланд бошанд;
- дар таркибашон иловаҳое дошта бошанд, ки дар навъҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ набояд истифода шаванд ё агар таркиби иловаҳои иҷозатдодашуда дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор баланд бошад;
- дар таркибашон моддаҳои радиоактивии аз сатҳи меъёрӣ зиёдтар ё агар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи иҷозатдодашуда зиёдтар шуоъ зада бошанд;
- борҷома, маводу маснуоте, ки дар якҷоягӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба талаботи муқарраршуда мутобиқ набошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- аз ҳайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешакӣ ва баъдинаи байтории забҳ гузаронида нашудаанд;
- аз ҳайвоноти бемор ё мурда пайдо шаванд;
- тавсифоти органолептикии онҳо бинобар равандҳои ҷисмонӣ, кимиёӣ, микробиологӣ ва ғайра тағйир ёфта бошанд;
- дар таркибашон моддаҳоеро дошта бошанд, ки арзёбии токсикологиро нагузаштаанд ва хатарнокии онҳо барои истеъмоли инсон санҷида нашуда бошад;
- дар таркибашон омехтаҳои механикӣ дошта бошанд;
- ба борҷомаи онҳо чунин нуқсоне расида бошад, ки он ба ифлосшавии микробӣ, кимиёвӣ ё дигаргуншавӣ мусоидат кунад;
- бо тартиби муқарраршуда истеҳсол, коркард, борҷомакунӣ, борчинӣ ва тақсим карда нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- бо тартиби муқарраршуда тамғагузорӣ ва нишонагузорӣ нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- мӯҳлат ва (ё) санае, ки то он лаҳза маҳсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки нисбат ба онҳо муқаррар намудани мӯҳлати истеъмол ҳатмӣ мебошад) нишон дода нашуда бошад ё мӯҳлати истеъмоли онҳо гузашта бошад;
- ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ мутобиқат накунанд;
- қалбакӣ бошанд.
3. Муомилот ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории хатарнок манъ аст.
Моддаи 12. Ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол, муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, мутобиқи Қонуни мазкур чунин ҳуқуқҳо доранд:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ ё ташкилотҳо дар бораи натиҷаи назорати давлатӣ ё арзёбии экспертии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ иттилооти зарурӣ, дастрас ва саҳеҳ гиранд;
- таъмини махфӣ будани ҳама гуна иттилоот ва паҳн накардани иттилооти махфиро талаб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- аз болои натиҷаи ташхиси озмоишӣ шикоят намоянд, агар ин натиҷа аз натиҷае, ки истеҳсолкунанда бо истифодаи ҳамин гуна ё усулҳои ҳаммонанди таҳлилӣ гирифта фарқ кунад ва дар озмоишгоҳи арбитражии ваколатдор ва акредитатсияшуда таҳқиқоти арбитражӣ гузаронанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳама гуна қарорҳои нозирони дахлдор, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ вобастагӣ доранд, шикоят намоянд;
- барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, истеҳсол ва (ё) ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок ва нораво барои истеъмол ва ё нодуруст тамғазадашуда манъ мебошад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд:
- талаботи Қонуни мазкурро риоя намоянд;
- ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани махсулоти хурокворӣ низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва ё дигар низоми таъмини бехатариро ҷорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- дар маҳсулоти хӯрокворӣ истифодаи ҷузъҳои иҷозатдодашуда, бехатар ва дар доираи иҷозат мавҷудбударо таъмин кунанд;
- мавҷудияти иттилооти кофӣ ва боварибахшро оид ба арзиши ғизонокӣ, таркиб, шароити нигоҳдории мувофиқ, чораҳои пешгирӣ ва омодасозии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намоянд;
- шароити мувофиқи нигоҳдорӣ ва (ё) банамоишгузории маҳсулоти хӯроквориро таъмин созанд;
- фурӯши маҳсулоти хӯроквории нодуруст тамғазадашудаи хатарнок ва қобили истеъмол набударо пешгирӣ намоянд;
- маҳсулоти хӯроквории истеҳсол ё ба муомилот воридкардаи худро дар ҳолати ошкор шудани далеле, ки чунин маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ва қобили истеъмол нестанд ё нодуруст тамғагузорӣ шудаанд, ихтиёран мусодира намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- нуқсонҳои маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшуда ё дар муомилот бударо, ки ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намебошанд, ислоҳ намоянд;
- дастрасии бемамониати нозиронеро, ки дар иншооти зертобеъ назорати давлатиро амалӣ мегардонанд, барои гузаронидани чорабиниҳои нозиротӣ таъмин кунанд;
- дар давоми се сол ҳисоби харид ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёридиҳандаро, ки дар истеҳсолот ё муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, анҷом диҳанд. Дар ҳолати истеҳсоли силсилавии маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ё маводи ёридиҳанда барои коркард, чунин ҳисоб аз рӯи рақами миқдор амалӣ мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд ва таҳвилгарони хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории истеҳсолкунанда, таҳвилшаванда ва фурӯхташаванда масъул мебошанд.
Моддаи 14. Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба воситаҳои зерин таъмин карда мешавад:
- истифодаи чораҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ, агрокимиёвӣ, байторӣ, технологӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию зиддиэпидемиявӣ ва фитосанитарӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- анҷом додани назорати истеҳсолӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- татбиқи чораҳои гражданию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намекунанд.
Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва санҷиши бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
2. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати бехатарии озуқаворӣ) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти хӯроквории нави дахлдор тадбирҳои пешгирии маҳсулоти хӯроквории хатарнок таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
3. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба воситаи маркази ягонаи иттилоотӣ ба шахсони манфиатдор иттилоот, ҳуҷҷат ва маълумоти ба инҳо вобастаро пешниҳод менамоянд:
- чораҳои пешниҳодшуда ва қабулшуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- чораҳои назорат, санҷиш ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- расмиёти арзёбии таҳдид ва усулҳои муайян намудани сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият ва иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, мавҷудият ва мазмуни созишномаю шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мансубанд:
- таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;
- бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва қабули санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;
- амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:
- мусоидат ба таъсиси таҷрибаи зарурии пешбурди истеҳсолот дар тамоми марҳилаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тамоми силсилаи истеҳсол, коркард, фурӯш, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва методикаи таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои хатарнок ё методикаи ҳаммонанде, ки сатҳи баланди бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд;
- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсис ва вусъат додани системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- назорати бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда, гузаронидани тафтиши дақиқи заҳролудшавӣ аз хӯрокворӣ;
- ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ барои муайян намудани моҳияти бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда;
- таҳия ва тасдиқи талаботи санитарию гигиенӣ дар объектҳое, ки бо истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо, иловаҳои хӯрокворӣ, воситаҳо ва маводи ёрирасон машғул мебошанд;
- тасдиқи меъёрҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ ва талаботе, ки бехатарии зарурии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд;
- амалигардонии назорати давлатӣ барои иҷрои меъёрҳои санитарӣ дар қисмати риояи талаботи қонунгузории санитарӣ, ки ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натиҷаҳои он;
- амалигардонии назорати давлатии ҷорӣ намудани методикаи таҳлили таваккалҳо дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низоми ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон барои коркарду истеҳсол дар объектҳои таҳти назоратбуда (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- гузаронидани назорати давлатӣ ва (ё) санҷиши давлатии объектҳои истеҳсол, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилаҳои пешқадам тибқи принсипҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯи дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси натиҷаи ташхиси санитарию эпидемиологӣ;
- таъин ва гузаронидани таҳқиқҳои озмоишӣ барои арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назоратбуда;
- тасдиқи номгӯи референс - озмоишгоҳҳо барои гузаронидани таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назоратбуда;
- назорати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитии таҳти назоратбуда;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- муқаррар намудани давраҳои назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси таҳлили таваккалҳо;
- муайян ва тасдиқ намудани номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;
- иштирок дар кори Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳое, ки ба ваколатҳои он дохил мешаванд, аз ҷумла таҳия ва аз нав баррасӣ намудани талаботи санитарию гигиенӣ;
- амалигардонии мувофиқат, шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳое, ки ба объектҳои маҳсулоти хурокворӣ истифода мешаванд, лоиҳаи объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти ҳӯрокворӣ дар масъалаи риояи тадбирҳои санитарии дахлдор;
- тасдиқи номгӯй, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаи риояи чораҳои санитарии дахлдор, озмоишгоҳҳое, ки барои ҳаммонандкунӣ, санҷиш ва арзёбии самаранокии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд;
- пешбурди феҳристи хулосаҳои ташхиси санитарию эпидемиологӣ.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ваколатҳои зерин дорад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882):
- дар объектҳои парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз набототу ҳайвонот пайдогардида ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ назорати давлатии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ гузаронида, хулосаҳои марбутаи байторию фитосанитарӣ медиҳад, ки шаҳодати бехатарии онҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- назорати иҷрои чораҳои байторию фитосанитариро дар қисмати риояи талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз бемориҳои ба воситаи ҳайвонот гузаранда (зоонозҳо) танзим менамоянд, ҷорӣ ва амалӣ менамояд;
- ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаҳои низоми таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ё системаҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ машварат медиҳад ва омӯзиш мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- назорати давлатии ҷорӣ намудани низоми таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низомҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки онҳоро истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мебаранд ва таҳти назораташ қарор доранд, амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- бо дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси назорати давлатӣ ё натиҷаи арзёбии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назораташ қарор доранд, ба маҳсулоти хӯрокворӣ санадҳо, шаҳодатномаҳо ва хулосаҳои санҷиши озмоишгоҳии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- дар доираи ваколатҳои худ назорати байторӣ ва фитосанитарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитиро мегузаронад;
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи регламентҳои техникӣ, мувофиқасозии стандартҳо ва шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ашёи хоми ҳайвоноту растанӣ ҳосилшаванда, тасдиқи усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва номгӯи онҳоро дар объектҳои таҳти назораташ қарор дошта амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- номгӯи референс-озмоишгоҳҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои гузарондани тадқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назораташ қарордоштаро аккредитатсия намудааст, тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо, ки таҳти назораташ мебошанд, дар асоси таҳлили таваккал муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- талаботи байторию санитарӣ ва фитосанитариро барои объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назораташ қарор доранд, муқаррар ва тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- андозаҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯроквориро, ки таҳти назораташ қарор доранд, тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882);
- феҳристи хулосаҳои ташхиси байториро пеш мебарад;
- системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва ривоҷ медиҳад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқоворӣ назорат ва санҷиши давлатиро барои маҳсулоти хӯроквории зерин амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882):
- маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда (бо иловаи истеҳсоли аввалия ва маҳсулоти коркарди аввалия дар объектҳое, ки танҳо коркарди аввалия иҷро мегардад);
- тамоми маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо тайёршуда, ки дар бозорҳо ба фурӯш бароварда мешаванд;
- маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда, ки аз нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ назорати давлатии риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро дар корхонаҳое, ки маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшавандаро барои коркарди аввалия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, инчунин ташкилотҳои хӯроки умумӣ, савдо ва нигоҳдории яклухти маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати метрологӣ ва санҷиши таҷҳизоти корхонаҳое, ки дар онҳо коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ карда мешаванд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, озмоишгоҳҳое, ки ба саноати хӯрокворӣ вобаста мебошанд;
- ваколатдоркунонии озмоишгоҳҳо ва сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати давлатӣ барои риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯш ва воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ;
- муқаррар намудани тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд.
Моддаи 20. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсоз) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушаххас, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин аз ҳисоби намояндагони маъруфи ҷамъиятӣ, илмӣ ва экспертҳо, ки фаъолияти касбии онҳо бо таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шӯрои ҳамоҳангсоз дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 21. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити истеҳсол, омодасозӣ ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ аз рӯи меъёру қоидаҳои дахлдори санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз рӯи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 22. Арзёбӣ ва тасдиқи мутобиқат
1. Намудҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод, маснуот ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи истеҳсолкунандагон тасдиқ карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсияи ихтиёрии маҳсулотро гузаронанд.
4. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё иҷрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар соҳаи савдои чакана ё хӯроки умумӣ талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии муқарраршударо вайрон кунад, мақоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ӯҳдадор аст то бартараф кардани вайронкории ҷойдошта истеҳсол, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва иҷрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкорӣ имконпазир набошад, мақоме, ки сертификатро додааст, амали онро қатъ мегардонад.
Моддаи 23. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобиқи ваколатҳои дар моддаҳои 17, 18 ва 19
Қонуни мазкур зикргардида амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, бо роҳи гузаронидани назорати нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (бе огоҳонидани пешакӣ) мутобиқи сатҳи таваккал ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи ҳама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Қонуни мазкур дахл дорад, инҳоро инъикос менамояд:
- таваккалҳои вобаста ба объект, инчунин технологияи истеҳсол ва (ё) коркард;
- натиҷаҳои назорати давлатии қаблӣ;
- боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор барои таъмини риояи талаботи дахлдори санитарӣ, байторӣ ва регламентҳои техникӣ истифода бурда мешаванд;
- мавҷуд будани эҳтимолияти иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъекти хоҷагидор.
4. Дар нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳалҳои барасмиятдарории гумрукӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, назорат ва санҷиши давлатии онҳо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827, аз 08.06.2022
№ 1882).
Моддаи 24. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ
1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин бо мақсади таҳияи чораҳо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли маҳсулоти хӯроквории хатарнок аз тарафи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории барои фурӯш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисмати нишондодҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвӣ ҷавобгӯ бошад, ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таркиби кимиёвии иҷозатдодашуда (аз ҷумла радиоактивҳо), моддаҳои биологӣ ва пайвастагиҳои онҳо ва дигар организмҳои биологӣ, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобиқат намоянд.
2. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд ба ҳолати функсионалии организми кӯдак бо назардошти синни ӯ мутобиқ бошад. Маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд барои саломатии кӯдакон бехатар бошанд.
3. Маҳсулоти хӯроки парҳезӣ бояд дорои хусусиятҳое бошад, ки имкон диҳад онҳо ҳамчун хӯроквории табобатӣ ва пешгирӣ аз беморӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва талабот нисбат ба ташкили хӯроквории парҳезӣ истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.
4. Ҳангоми ташкил намудани хӯрок барои кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ташкили истироҳати кӯдакон ва солимгардонии онҳо муассисаю ташкилотҳои масъул уҳдадоранд, ки меъёрҳои таъминот бо хӯрок ва талаботи санитарию эпидемиологиро риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 26. Талабот ба истеҳсоли маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯрокворие, ки барои истеҳсоли хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрҳои ҳатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси парҳезӣ мувофиқи меъёрҳои санитарӣ ва регламентҳои техникӣ қабулшуда мутобиқ бошанд.
2. Иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) метавонанд ба маҳсулоти хӯроквории алоҳида бо назардошти сатҳи дохилкунӣ, ки дар меъёрҳои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати маҳсулоти хӯроквории мустақил истеҳсол мешавад, дохил карда шаванд.
Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ
1. Ҳангоми коркарди маҳсулоти нави хӯрокворӣ, ҷараёни технологии нави истеҳсол, борҷомакунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тамғагузорӣ ва фурӯш, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти онҳо иттилоот диҳанд, барномаҳои назорати истеҳсолиро барои бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва методикаи санҷиши онҳо таҳия кунанд, инчунин мӯҳлати истеъмоли ин навъи маҳсулоти хӯроквориро муқаррар намоянд амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
2. Мӯҳлати истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои он маҳсулоти хӯрокворие, муқаррар мешавад, ки бо гузашти мӯҳлати муайян аз лаҳзаи истеҳсол сифати онҳо коҳиш ёфта, хусусиятҳое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он қобилияти истеъмолии худро барои истифода аз рӯи таъинот гум мекунанд.
3. Нишондодҳои бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ, мӯҳлати истеъмоли онҳо, талабот ба борҷомакунӣ ва тамғагузорӣ иттилоот дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, шартҳои истеҳсол ва муомилоти онҳо, барномаҳои назорати истеҳсолӣ оид ба таъмини бехатарӣ, методикаи санҷишҳо, усулҳои коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок бояд ба ҳуҷҷатҳои техникӣ дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
4. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хӯрокворӣ вобаста ба намуди истеҳсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ гузарад.
5. Талаботи ҳуҷҷатҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти намудҳои мушаххаси маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо
1. Маҳсулоти хӯроквории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда бояд бехатар, аз ҷиҳати гигиенӣ тоза, қобили истеъмол ва дуруст тамғагузорӣ шуда бошанд ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ ҳангоми риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва байторӣ истеҳсол шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
2. Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ашёи хоми хӯрокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ бошанд.
3. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хоми хӯрокворӣ ба истифодаи иловаҳои хӯрокворӣ, нумӯяи (стимулятори) афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла дорувориҳои гормоналӣ, воситаҳои доругӣ, пеститсидҳо, агрохимикатҳое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ва байторию санитарӣ (ё ташхиси озмоишгоҳи агрохимиявӣ) гузаронида шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
4. Ба маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшуда барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ тайёршаванда танҳо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, ки мутобиқати маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшавандаро ба талаботи меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
5. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеъмол дар хӯрок, метавонанд иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ истифода карда шаванд. Иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.
6. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода намудани иловаҳои хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок манъ аст. Номгӯйи иловаҳои хӯроквориро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
7. Мавод ва маснуоти дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифодашуда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобиқ бошанд.
8. Истеҳолкунанда бояд истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро дар мӯҳлати зарурӣ барои бартараф кардани сабабҳое, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти хӯроквориро ба миён овардаанд, ҳатман боздорад. Дар ҳолате, ки агар бартараф намудани чунин сабабҳо имконнопазир бошад, ӯ ӯҳдадор аст истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро қатъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин маҳсулоти хӯроквориро таъмин намояд, тибқи тартиби муқарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро ташкил намояд.
9. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ӯҳдадоранд меъёрҳо ва муқарраротро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки парҳезӣ ва кӯдакона, иловаҳои хӯрокворӣ ва фаъоли биологӣ барои таъмини мутобиқати онҳо бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар давоми на камтар аз 5 сол ё ҳангоми пайдо шудани маълумоти нави илмӣ аз нав баррасӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми коғазпечкунӣ, борҷомакунӣ ва тамғагузории онҳо
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882)
1. Маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддаҳои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе коғазпеч ва борҷомакунӣ шуда бошанд, ки бехатарии онро ҳангоми нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯш таъмин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки коғазпечкунӣ ва борҷомакунии маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро барои коғазпечкунӣ ва борҷомакунии маҳсулоти хӯрокворӣ, тамғагузории онҳо, инчунин маводи истифодабариро барои борҷомакунӣ ва тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
3. Дар тамғакоғазу тамғаи бор ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хӯроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки номгӯи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:
- номи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- ном, суроғаи пурра ва рақами телефони истеҳсолкунанда, барои маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бошад, суроғаи пурра ва рақами телефони воридкунанда;
- шумораи вазни холиси маҳсулоти хӯрокворӣ дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда (вазн, ҳаҷм ё адад);
- таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онҳо, аз ҷумла иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳое, ки дар истеҳсоли онҳо истифода шудаанд;
- арзишҳои калория ва ғизонокӣ бо нишон додани шумораи сафедаҳо, карбогидрадҳо ва равғанҳо дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда барои 100 грамми маҳсулоти хӯрокворӣ;
- мӯҳлат ва санае, ки то он маҳсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истеҳсол ва мӯҳлати қобили истеъмол будани он;
- шароити нигоҳдорӣ ва истифода, агар маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб намояд;
- эҳтиёткорӣ ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ (кӯдакон, занҳои ҳомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин маҳсулот ҳангоми истеъмол ба саломатии онҳо зарар расонида тавонад.
4. Барои баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба регламентҳои техникии дахлдор мутобиқ мебошанд, мумкин аст ғайр аз муқаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи ҳатмии махсус барои тамғакоғазкунӣ муқаррар карда шавад.
5. Матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ба таври ҳатмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби тасдиқи матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад.
6. Тамғакоғазҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои онҳо рамзҳо истифода мешаванд, бояд рамзҳоеро дошта бошанд, ки онҳоро ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техникӣ тасдиқ кардаанд.
7. Навиштаҷот дар тамғакоғази маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, қаллобиро пешгирӣ мекунад ё як маҳсулоти хӯроквориро аз дигар, ба монанди "пурра табиӣ", "органикӣ" "аслӣ", "бе организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда" ва ғайра фарқ мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки барои иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур нашр шудаанд, санҷида мешаванд.
Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо
1. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароите анҷом дода шавад, ки нигоҳдошти бехатарии онҳоро таъмин намояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро нисбат ба шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати махсулот бо навиштаҷоти махсус тасдиқ намоянд.
3. Нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ танҳо дар биноҳо ва иншооти махсус ҷиҳозонидашуда, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ ва байторӣ мутобиқ мебошанд, иҷозат дода мешавад.
4. Барои ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд воситаҳои нақлиёте истифода шаванд, ки барои ин мақсадҳо махсус ҷиҳозонида шуда, дорои шиносномаи санитарии дар асоси ташхиси гигиенӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ додашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
5. Агар ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятҳои хатарнок гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мекунанд, ӯҳдадоранд дар ин бора соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хӯроквориро хабардор намоянд.
6. Маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо ба вайронкорӣ роҳ дода шудааст, фурӯхта намешаванд ва намунаҳои ин маҳсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва қабули қарор оид ба истифодаи чунин партовҳо ё нобуд кардани онҳо ба мақоми дахлдори давлатӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми фурӯхтани онҳо
1. Дар савдои чакана фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории коғазпеч ва борҷоманашуда иҷозат дода намешавад, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории намудҳои муайян, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
2. Назорати давлатии фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байторӣ дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи байторӣ ва аз тарафи фурӯшанда гирифта шудани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо талаботи меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
3. Дар ҳолате ки, агар ҳангоми фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятҳои хатарноки маҳсулоти хӯрокворӣ шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маҳсулоти хӯроквориро мефурӯшанд, ӯҳдадоранд чунин маҳсулоти хӯроквориро аз фурӯш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо тартиби муқарраршуда ташкил намоянд.
Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
2. Воридоти маҳсулоти хӯрокворие, ки хатарнок, бесифат, қалбакӣ ва қобили истеъмол набошанд, нодуруст тамғагузорӣ шуда бошанд, ба талаботи регламентҳои техникӣ, санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ набошанд, манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827, аз 08.06.2022
№ 1882).
3. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
4. Шахсоне, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сарҳадӣ намудҳо ва ҳаҷми тамоми маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшударо, ки барои истеъмоли шахсӣ ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, таҳдиди хатари зиёди сирояти бемории ҳайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмҳои зараровар ҷой дошта бошанд, манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
5. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ бе ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
6. Дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
7. Дар ҳолате, ки агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ба таври асоснок шубҳа намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваққатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин маҳсулоти хӯроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
8. Агар маҳсулоти хӯроквории воридшаванда хатарнок ҳисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии бехатарии озуқавориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин маҳсулоти хӯроквориро манъ мекунанд ва дар борхати маҳсулот қайд мекунанд, ки ин маҳсулоти хӯрокворӣ барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурӯхта нашаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827, аз 08.06.2022
№ 1882).
9. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок, бесифат ва қалбакӣ ӯҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Дар ҳолати ошкор намудани организмҳои карантинии зараровар дар маҳсулоти хӯрокворӣ, соҳиби чунин маҳсулот ӯҳдадор аст онҳоро таъҷилан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Агар маҳсулоти хӯроквории хатарнок дар мӯҳлати муқарраршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд ташкил ва гузаронидани санҷиши бехатарии истеҳсоли онҳо, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникиро нисбат ба шартҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквориро амалӣ намоянд.
2. Назорати истеҳсолии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи барномаи назорати истеҳсолот амалӣ карда мешавад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ таҳия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаи чунин назорат ва методикаи санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд
1. Кормандоне, ки бо кори ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти хӯроки умумӣ вобаста мебошанд, ҳангоми иҷрои корҳое, ки алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот пайдо мешавад, ҳангоми ба кор даромадан муоинаи ҳатмии қаблӣ ва даврагии тиббӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз курсҳои омӯзиши гигиенӣ мегузаранд.
2. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эҳтимолияти ба чунин бемориҳо гирифтор буданашон ҷой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони бемориҳои гузаранда алоқа доранд, шахсоне, ки паҳнкунандаи бемориҳои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот метавонанд барои паҳншавии чунин бемориҳо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи қаблӣ ва даврагии тиббӣ ва курси омӯзиши гигиенӣ нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардад, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 35. Аз муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро мустақилона ё дар асоси қарордоди мақомоти давлатии назорат ва санҷиш аз муомилот барорад.
2. Агар истеҳсолкунанда ё таҳвилкунанда шубҳа кунад ва ё муқаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳама гуна марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ вайрон карда шуда, дигар таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор намегиранд, ӯ бояд дар ин бора мақомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огоҳ намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин маҳсулот ташаббускор бошад. Агар маҳсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст бо усулҳои самаранок ва возеҳу равшан сабабҳои баровардани маҳсулот аз муомилот ва ҳангоми зарурат, агар таъмини сатҳи баланди ҳифзи саломатӣ бо дигар чораҳо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки маҳсулотро баргардонанд.
3. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунанда ё таҳвилгари маҳсулоти хӯроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онҳо чора наандешад, чунин маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовҳо, нобуд кардани маҳсулоти хатарнок
1. Барои маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, молшиносӣ ва ғ.) аз ҷониби мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ бо мақсади муайян кардани имконияти истифодаи партовҳои онҳо ё нобуд кардан анҷом дода мешавад.
2. Маҳсулоти хӯрокворие, ки соҳиби онҳо баромади онҳоро тасдиқ карда наметавонад ва онҳо нишонаҳои вайроншавӣ дошта, аз ҳамин сабаб ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
3. То фиристодан барои коркард ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок соҳиби онҳо ӯҳдадор аст, дар ҳузури намояндаи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ хусусиятҳои чунин маҳсулоти хӯроквориро бо ҳама гуна усулҳои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онҳоро аз рӯи таъинот истисно менамояд, тағйир диҳад.
4. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба нигоҳдории муваққатӣ фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин маҳсулоти хӯрокворӣ дар мӯҳлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.
5. Маҳсулоти хӯроквории дар нигоҳдории муваққатӣ ҷойгирбуда ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Барои нигоҳдории чунин маҳсулоти хӯрокворӣ соҳиби онҳо масъул мебошад.
6. Дар асоси натиҷаи ташхиси маҳсулоти хӯроквории хатарнок мақомоти дахлдори назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳо қарор қабул мекунад.
7. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок интихоби усулҳо ва шароити коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникӣ бо мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯрокворӣ усулҳо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он қарор қабул намудааст, мувофиқа мекунад.
8. Имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба сифати хӯроки ҳайвонот бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
9. Хароҷоти ташхис, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнокро соҳиби онҳо пардохт мекунад.
10. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок ӯҳдадор аст ба мақоми назорат ва санҷиши давлатӣ, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онҳо қарор қабул кардааст, ҳуҷҷат ё тибқи тартиби муқарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки воқеияти истифодаи партовҳо ё нобуд карда шудани чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
11. Мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок қарор қабул намудаанд, ӯҳдадоранд назорати истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо мақсади пешгирии эҳтимолияти заҳролудшавии одамон ва ҳайвонот, паҳншавии бемориҳо, инчунин ифлосшавии муҳити зист анҷом диҳанд.
12. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки дар таркибашон ифлоскунандаҳои муҳити зист доранд, пеш аз нобудсозӣ ё дар раванди нобудсозӣ безарар гардонда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021
№ 1827).
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 37. Арзиши хизматрасонӣ
Тамоми пардохтҳо вобаста ба ҳама гуна амалҳои маъмурӣ, таҳқиқоти озмоишӣ, ташхисҳо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аз арзиши аслии онҳо зиёд набошанд.
Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882)
Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо қарордошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022
№ 1882).
Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "
Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 41.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 890
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ва мавриди амал қарор додани он аз 31 октябри соли 2001, №426 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, к.2, мод. 319; с. 2006, №2, мод. 64; с. 2007, №6 мод. 481; с. 2011, №1, мод. 4) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 29 июни соли2012, № 894
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 389