ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №12, мод.674; соли 2008, №10, мод.813;
соли 2009, №5, мод.317. Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)
Маҷлиси намояндагон 25 июни соли 2003 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 ҷонибдорӣ кардааст
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон гардиданашон, асоси аз тарафи суд муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якҷоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигареро, ки аз қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ кунанд, муқаррар карда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.
Нисбати муносибатҳое, ки Қонуни мазкур иштироки шахсони хориҷиро ба сифати кредиторон танзим менамояд, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосии дар Қонуни мазкур истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст;
- қарздор – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки барои қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қодир нест;
- ӯҳдадориҳои пулӣ – ӯҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблағи муайяни пулӣ, аз рӯи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар асосҳое, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
- пардохтҳои ҳатмӣ – андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети сатҳи дахлдор бо тартиб ва шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда ворид мегарданд;
- роҳбари қарздор – мақоми яккаи иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва инчунин шахсони дигар, ки мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти хешро аз номи шахси ҳуқуқӣ бе боваринома амалӣ мегардонанд;
- кредиторони озмунӣ – кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки қарздор дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, инчунин муассисони (иштирокчиёни) қарздор - шахси ҳуқуқӣ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки аз чунин иштирок пайдо мешаванд;
- санатсияи тосудӣ - чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣ қабул карда мешаванд;
- мушоҳида – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор аз лаҳзаи аз тарафи суд қабул кардани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор то лаҳзае, ки мутобиқи ҳамин Қонун бо мақсади таъмин намудани нигоҳдории амволи қарздор ва гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии он муайян шудааст, татбиқ карда мешавад;
- идоракунии берунӣ (санатсияи судӣ) – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор бо мақсади барқарорсозии қобилияти пардохтии вай бо вогузоштани ваколатҳои идоракунии амволи қарздор ба мудири беруна татбиқ карда мешавад;
- истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздори муфлис эътирофгардида бо мақсади мутаносибан қонеъ намудани талабҳои кредиторон татбиқ карда мешавад;
- мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) – шахсе, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъин карда мешавад;
- моратория – боздоштани амалҳои қарздор оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои пулӣ ва ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ;
- намояндаи кормандони қарздор – шахсе, ки аз тарафи кормандон ваколатдор шудааст ва ҳангоми гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ манфиатҳои онҳоро ифода мекунад
- қарздори ғойиб – қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимӣ, инчунин муассисон ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;
- мудири муваққатӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;
- мудири беруна - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти идоракунии беруна таъин карда мешавад;»
- мудири озмунӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Моддаи 5. Аломатҳои муфлисшавӣ
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ барои қонеъ намудани талабҳои кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳамчунин иҷрои пардохтҳои ҳатмии ба буҷет аз ҳисоби амволи онҳо воридшаванда қодирнабуда ҳисобида мешаванд, агар чунин ӯҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳ аз лаҳзаи эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд ва агар маблағи умумии ӯҳдадориҳояшон аз арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта зиёд бошад.
Моддаи 6. Таркиб ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ
Таркиб ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба вақти пешниҳоди ариза ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муайян карда мешаванд.
Барои муайян намудани мавҷудияти аломатҳои муфлисшавии қарздор ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла ҳаҷми қарз барои молҳои таҳвилгардида, корҳои иҷрошуда ва хизматрасонӣ, маблағи қарзҳо бо назардошти фоизҳо, ки онҳоро қарздор бояд пардохт намояд, ба истиснои ӯҳдадориҳо дар назди шаҳрвандоне, ки қарздор барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, ӯҳдадориҳо оиди пардохти подоши муаллифӣ ва ҳамчунин ӯҳдадориҳо дар назди муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахсони ҳуқуқӣ, ки аз чунин иштирок бармеоянд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.
ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ аз рӯи талабҳои кредиторон дар он ҳолат муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки агар он бо ҳалномаи суд ё ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандае, ки дар онҳо қарздор ин талабҳоро эътироф намудааст, тасдиқ шуда бошад ва ҳамчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст.
Моддаи 7. Қарздор
Қарздор ҳуқуқ дорад бо аризаи худ дар хусуси пешакӣ муқаррар намудани муфлисшавӣ дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои бешубҳа шаҳодатдиҳанда дар бораи он ки вай наметавонад ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) вазифаҳояшро оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро намояд, ба суд муроҷиат кунад.
Қарздор дар ҳамон ҳолат метавонад ба суд ариза диҳад, ки амволи мавҷудбудаи ӯ барои пардохти хароҷоти суд кифоя бошад, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 71. Қарздори ѓойиб
Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ѓойибро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳо барои додани аризаи қарздор ба суд
Роҳбари қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки дар мавридҳои зерин бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат кунад:
- агар қонеъгардонии талабҳои як кредитор ё якчанд кредиторон сабабгори ғайриимкон гаштани иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои пулии қарздор дар назди дигар кредиторон гардад;
- агар мақомоти қарздор, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии қарздор барои барҳамдиҳии он ваколатдор гардидааст, барои муроҷиати қарздор бо ариза ба суд қарор қабул карда бошад;
- агар мақомоти ваколатдори молики амволи қарздор – корхонаи воҳиди давлатӣ дар бораи муроҷиат намудан бо аризаи қарздор ба суд қарор қабул карда бошад;
- дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.
Дар мавридҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда аризаи қарздор новобаста аз мавҷудияти ҳолатҳои муқарраркардаи қисми дуюми моддаи 7 Қонуни мазкур ба суд пешниҳод карда мешавад.
Агар дар вақти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ иҷрои талабҳои кредиторон дар ҳаҷми пурра ғайриимкон муқаррар шуда бошад, роҳбари қарздор, комиссияи барҳамдиҳӣ (барҳамдиҳанда) вазифадоранд бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат намоянд.
Аризаи қарздор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур бояд на дертар аз як моҳи пеш омадани зарурати дахлдор ба суд пешниҳод карда шавад.
Моддаи 9. Масъулияти роҳбари қарздор барои иҷро накардани вазифаҳо оид ба додани аризаи қарздор ба суд
Аз тарафи қарздор пешниҳод нагардидани ариза ба суд дар ҳолатҳое, ки моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, боиси ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани роҳбари қарздор ва аъзои комиссияи барҳамдиҳӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои қарздор, ки дар назди кредиторон баъди гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур ба вуҷуд меоянд, мегардад.
Моддаи 10. Муфлисшавии сохта ва барқасд
Агар аризаи қарздор оид ба муфлис эътироф намуданаш ба суд дар ҳолати мавҷуд будани имконияти қонеъгардонии пурраи талабҳои кредиторон пешниҳод шуда бошад (муфлисшавии сохта), қарздор, ки ҳамин аризаро пешниҳод намудааст, дар назди кредиторон барои зарари бо додани ҳамин ариза расонидааш ҷавобгар мебошад.
Дар ҳолати муфлисшавии қарздор бо айби муассисони (иштирокчиёни) вай ё дигар шахсони мансабдор, аз ҷумла бо айби роҳбари қарздор, ки барои ба қарздор ҳуқуқи додани супоришҳои ҳатман иҷрошавандаро дорад ва ё ҳар гуна имконияти муайянсозии амали ӯро дорад (муфлисшавии барқасд), муассисон (иштирокчиён) – шахсони ҳуқуқӣ ё дигар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 11. Кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ
Кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ (минбаъд-кредиторон) шахсони воқеию ҳуқуқии дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлат ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мебошанд.
Ҳуқуқи додани аризаи кредиторро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор (минбаъд - аризаи кредитор) шахсоне доранд, ки мутобиқи Қонуни мазкур кредиторони озмунӣ эътироф карда мешаванд.
Кредитор аз рӯи ӯҳдадориҳои дар натиҷаи расонидани зарар ва оид ба пардохти алимент ба вуҷудомада он кредитороне ҳисобида мешаванд, ки талабҳои онҳо бо ҳалномаи суд собит шудаанд ё қарздор онҳоро эътироф намудааст.
Ба мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор меъёрҳои барои кредиторон муайяншуда татбиқ карда мешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
ҳангоми гузаронидани расмияти муфлисшавӣ манфиати ҳамаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил карда мешаванд, ифода мекунад. Аз лаҳзаи аз тарафи суд барои баррасӣ қабул гардидани ариза дар бораи муфлис эълон намудани қарздор кредиторон ҳуқуқ надоранд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талабҳои худ бо тартиби инфиродӣ ба қарздор муроҷиат намоянд.
Ҳамаи амалҳо дар муносибат бо қарздор аз номи кредиторон ба воситаи маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон анҷом дода мешавад.
Моддаи 12. Маҷлиси кредиторон ва тартиби даъвати он
Кредиторони озмунӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор иштирокчиёни маҷлиси кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ шуда метавонанд. Дар маҷлиси кредиторон намояндаи кормандони қарздор иштирок менамояд.
Ташкил ва гузаронидани маҷлиси кредиторонро мудир анҷом медиҳад.
Ваколатҳои маҷлиси кредиторон:
қабули қарор дар бораи ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ва дар бораи муроҷиат намудан бо илтимосномаи дахлдор ба суд;
қабули қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа;
қабули қарор дар бораи муроҷиат намудан ба суд бо илтимоснома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
қабули қарор дар бораи интихоби аъзои кумитаи кредиторон, муайян намудани шумораи ҳайати кумитаи кредиторон ва дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои кумитаи кредиторон;
ҳаллу фасли дигар масъалаҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд.
Дар маҷлиси кредиторон кредитори озмунӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ соҳиби шумораи овозҳои мутаносибан баробар ба маблағи талабҳои кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ (ё) пардохтҳои ҳатмӣ ба қарздор, ки мутобиқи Қонуни мазкур эътироф ва ба рӯзи гузаронидани маҷлиси кредиторон муқаррар карда шудааст, мебошанд.
Маҷлиси кредиторон бо ташаббуси мудир, дархости кумитаи кредиторон, кредиторони озмунӣ ва (ё) мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдори дигаре, ки талабҳои онҳо оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) пардохтҳои ҳатмӣ на камтар аз сеяки ҷамъи маблағи талабшудаи ба рӯйхати талабҳои кредиторон дохилшударо ташкил медиҳад, ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи кредиторони озмунӣ даъват карда мешавад.
Маҷлиси кредиторон бо дархости кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ аз ҷониби мудир, дар мӯҳлати ду ҳафта аз лаҳзаи бо дархости дахлдор муроҷиат намудани кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ ба унвони мудир даъват карда мешавад.
Маҷлиси кредиторон дар маҳалли ҷойгиршавии қарздор гузаронида мешавад, агар тартиби дигаре дар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар нашуда бошад.
Дар ҳолати набудани кворуми кредиторон дар мӯҳлати даҳ рӯз маҷлиси такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки сарфи назар аз шумораи кредиторони дар он иштироккунанда салоҳиятдор мебошад, ба шарте ки аз вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси кредиторон онҳо ба таври даркорӣ огоҳ гардида бошанд.
Моддаи 13. Тартиби қабули қарорҳо аз тарафи маҷлиси кредиторон
Қарори маҷлиси кредиторон оиди масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда бо аксари овозҳои кредиторони озмунӣ, ки дар маҷлиси кредиторон иштирок доранд, қабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад.
Маҷлиси кредиторон қарорҳои зеринро бо аксари овозҳо аз миқдори умумии кредиторони озмунӣ қабул менамояд:
оиди ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ё дар бораи муроҷиат намудан бо илтимоснома ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
дар бораи бо илтимоснома муроҷиат намудан ба суд оиди аз вазифа озод намудани мудир.
Дар ҳолате ки агар дар маҷлиси кредиторон, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда даъват карда шудааст ва миқдори овозҳои барои қабули қарорҳои мазкур зарурии кредиторони озмунӣ ҷамъ нашуда бошанд, маҷлиси такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки барои қабули чунин қарорҳо бо аксари овозҳои кредиторони озмунии дар маҷлис иштироккунанда салоҳиятдор мебошад, ба шарте ки кредиторони озмунӣ аз вақт ва ҷои гузаронидани маҷлис ба тарзи даркорӣ огоҳ гардида бошанд.
Моддаи 14. Кумитаи кредиторон, интихоби кумитаи кредиторон
Кумитаи кредиторон манфиатҳои кредиторони озмуниро ифода намуда, ба фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур назорат менамояд.
Агар миқдори кредиторони озмунӣ аз панҷоҳ нафар камтар бошад, бо қарори маҷлиси кредиторон вазифаи кумитаи кредиторонро ба маҷлиси кредиторон вогузор кардан мумкин аст.
Кумитаи кредиторон барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:
аз мудири беруна пешниҳоди маълумотро оид ба ҳолати молиявии қарздор ва ҷараёни идоракунии беруна талаб намояд;
аз мудири озмунӣ пешниҳоди маълумотро оид ба ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ талаб намояд;
оиди фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба суд шикоят кунад.
Ба ҳайати кумитаи кредиторон мумкин аст намояндагони кредиторони озмунӣ ба миқдори муайяннамудаи маҷлиси кредиторон, вале на бештар аз 11 нафар дохил карда шаванд.
Қарори кумитаи кредиторон бо аксари овозҳои шумораи умумии аъзои кумитаи кредиторон қабул карда мешавад.
Аъзои кумитаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ба муддати гузаронидани идоракунии беруна ва истеҳсолоти озмунӣ интихоб менамояд.
Бо қарори маҷлиси кредиторон мумкин аст ваколатҳои ҳамаи аъзои кумитаи кредиторон пеш аз мӯҳлат қатъ гардонида шаванд.
Талаби кредитор оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) ӯҳдадориҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми панҷсад андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба кредитор ҳуқуқи доштани шумораи овозҳои баробар ба шумораи аъзои кумитаи кредиторонро медиҳад, агар бо қарори маҷлиси кредиторон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Кредитор ҳуқуқ дорад, ки овозҳои ба вай тааллуқдоштаро ба як номзад диҳад ё онҳоро байни чанд номзадҳо ба аъзогии кумитаи кредиторон тақсим намояд.
Ба ҳайати кумитаи кредиторон номзадҳое интихобшуда ҳисоб мешаванд, ки бештари овозҳоро гирифтаанд.
Аъзоёни кумитаи кредиторон метавонанд аз ҳайати худ раиси кумитаи кредиторонро интихоб намоянд.
Агар ҳайати кумитаи кредиторон аз панҷ нафар зиёд бошад, раиси кумитаи кредиторон ба таври ҳатмӣ интихоб карда мешавад.
Моддаи 15. Шахсони манфиатдор
Дар муносибат бо қарздор инҳо шахсони манфиатдор дониста мешаванд:
шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қарздор корхонаи фаръӣ ё тобеъ мебошад;
роҳбари қарздор, инчунин шахсоне, ки ба шӯрои директорони қарздор (шӯрои мушоҳидавӣ), мақомоти иҷроияи машваратии қарздор, сармуҳосиби (муҳосиби) қарздор, аз ҷумла шахсони дар давоми як сол то замони оғозшавии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз ин вазифаҳо озодшуда дохил мешаванд.
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур таҳти мафҳуми шахсони манфиатдор нисбат ба шаҳрванд шавҳараш (завҷааш), фарзандон, бародарон, хоҳарон, падару модар ва бародарону ҳоҳарони онҳо, падару модар, хоҳарон ва бародарони шавҳараш (завҷааш) дохил мешаванд.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони манфиатдор нисбат ба мудир ва кредиторон мутобиқи тартибе, ки бандҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Мудир
Агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, суд метавонад шахси воқеии ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифташударо, ки дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор нест, мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин намояд.
Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин нест:
шахсоне, ки қаблан идоракунии корҳои қарздор - шахси ҳуқуқиро анҷом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз лаҳзаи сабукдӯш гардидани чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;
шахсоне, ки нисбаташон баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар маҳдудият вуҷуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);
шахсоне, ки доғи судӣ доранд.
Моддаи 17. ҳуқуқ ва вазифаҳои мудир
Мудир ҳуқуқ дорад:
маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторонро даъват намояд;
дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба суд муроҷиат намояд;
ба андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, подош гирад;
барои таъмини амалӣ намудани ваколатҳои худ шахсони дигарро дар асоси шартнома ба кор ҷалб намуда, ҳаққи хизмати онҳоро аз ҳисоби қарздор бипардозад, агар Қонуни мазкур ё созишнома бо кредиторон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад;
дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани иҷрои вазифаҳои худ ба суд ариза пешниҳод намояд.
Мудир вазифадор аст:
оид ба ҳифзи моликияти қарздор тадбирҳо андешад;
ҳолати молиявии қарздорро таҳлил кунад;
фаъолияти молиявӣ, хоҷагӣ ва инвеститсионии қарздор ва мавқеи онро дар бозори мол таҳлил намояд;
талаби арзнамудаи кредиторонро баррасӣ намояд;
пешбурди рӯйхати талабҳои кредиторонро анҷом диҳад;
вазифаҳои дигарро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, иҷро намояд.
ҳангоми татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои худ мудир вазифадор аст, ки бо назардошти манфиатҳои қарздор ва кредиторон амал намояд.
Моддаи 18. Масъулияти мудир
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба зиммаи мудир гузошта шудаанд, мумкин аст барои аз ҷониби суд озод намудани ӯ аз иҷрои вазифаҳояш асос гардад.
Қарздор ва кредиторони он ҳуқуқ доранд аз мудир, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, баргардонидани зиёни аз фаъолияти (бефаъолиятии) мудир расонидашударо талаб намоянд.
Моддаи 19. Подоши мудир
Тартиб ва андозаи подоши мудирро маҷлиси кредиторон муайян мекунад ва (ё) суд тасдиқ менамояд ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як моҳ бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудир аз рӯи натиҷаҳои фаъолияташ подоши иловагӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 20. Расмиятҳои муфлисшавӣ
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
- мушоҳида;
- истеҳсолоти озмунӣ;
- созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
- мушоҳида;
- идоракунии беруна;
- истеҳсолоти озмунӣ;
- созишномаи мусолиҳа.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - соҳибкори инфиродӣ расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:
- истеҳсолоти озмунӣ;
- созишномаи мусолиҳа. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Моддаи 21. Худро муфлис эълон намудани қарздор
Дар сурати мавҷуд набудани эътироз аз ҷониби кредиторон қарздор - шахси ҳуқуқӣ метавонад дар бораи муфлисшавии худ ва ихтиёран барҳам хӯрданаш мутобиқи тартиботе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, эълон намояд.
БОБИ II
ПЕШГИРИИ МУФЛИСШАВӢ
Моддаи 22. Тадбирҳо оид ба пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо
Муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки оид ба пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Бо мақсади пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ то замони ба суд додани ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор тадбирҳое меандешанд, ки ба беҳбудии молиявии қарздор нигаронида шуда бошанд. Тадбирҳои барои беҳбудии молиявии қарздор нигаронидашударо кредиторон ё шахсони дигар низ метавонанд дар асоси созишнома бо қарздор пешбинӣ намоянд.
Моддаи 23. Санатсияи тосудӣ
Молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, кредиторони қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирии муфлисшавӣ метавонанд ба қарздор дар ҳаҷме, ки барои пардохт намудани ӯҳдадориҳои пулӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор (санатсияи тосудӣ) кифоягӣ мекунад, кӯмаки молиявӣ расонанд.
Расонидани кӯмакҳои молиявиро ҳамзамон қабули ӯҳдадориҳо аз тарафи қарздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кӯмаки молиявӣ расонида ҳисобидан мумкин аст.
Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар менамояд. Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ III
БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ МУФЛИСШАВӢ ДАР СУД
Моддаи 24. Тартиби баррасии парвандаҳо дар бораи муфлисшавӣ
Парвандаҳо дар бораи муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар судҳо аз рӯи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ бо хусусиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оѓоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон – субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) дар маҷмўъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Моддаи 25. Мансубияти идоравӣ ва судии парвандаҳои муфлисшавӣ
Парвандаҳои муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро суди иқтисодии (минбаъд - судӣ) маҳалли воқеъгардидаи қарздор – шахси ҳукуқӣ ё маҳалли истиқомати шаҳрванд - соҳибкори инфиродӣ баррасӣ менамояд.
Моддаи 26. ҳуқуқи муроҷиат намудан ба суд
Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, шахсони дигар низ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намудан дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор бо сабаби иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулиро доранд.
Қарздор, прокурор, мақомоти андоз, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор бо сабаби иҷро накардани воридоти пардохтҳои ҳатмӣ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намуданро доранд.
Моддаи 27. Шахсоне, ки дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд
Шахсони зерин дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд:
қарздор;
мудир;
кредиторони озмунӣ;
мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ;
прокурор, дар ҳолати бо аризаи ӯ баррасӣ намудани парвандаҳои муфлисшавӣ.
Моддаи 28. Асоси оғоз намудани парванда дар бораи муфлисшавӣ
Парванда оид ба муфлисшавӣ дар асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Қонуни мазкур номбаршуда пешниҳод гардидаанд, оғоз карда мешавад.
Моддаи 29. Якҷоясозии талабҳои кредиторон
Аризаи кредитор мумкин аст ба якҷоясозии қарзҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои гуногун асос ёбад.
Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро нисбати қарздор якҷоя намуда, бо як аризаи кредитор ба суд муроҷиат намоянд.Ба чунин ариза кредитороне, ки талабҳои худро якҷоя намудаанд, имзо мегузоранд.
Моддаи 30. Рад кардани қабули ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор
Агар яке аз шартҳои пешбинигардидаи қисми дуюми моддаи 24 Қонуни мазкур риоя нашуда бошад, суд қабули аризаро оид ба муфлис эътироф намудани қарздор рад мекунад.
Моддаи 31. Чораҳои ҳимоя намудани талабҳои кредиторон
Суд ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи шахсоне, ки дар парвандаи муфлисшавӣ иштирок мекунанд, мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон чораҳо андешад.
Ба ғайр аз чораҳое, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ менамояд, суд метавонад бе розигии мудир амалӣ намудани додугирифтҳоеро, ки қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинӣ накардаст, манъ намояд, қарздорро ӯҳдадор намояд, ки коғазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари қарздорро барои нигоҳ доштан ба шахси сеюм диҳад ва барои таъмини нигоҳдории амволи қарздор чораҳои дигар андешад.
Чораҳо оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон мутобиқан то замони ҷорӣ намудани идоракунии беруна ва таъини мудири беруна ё то замони қабул шудани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то замони аз тарафи суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа ё то замони аз тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи рад намудани муфлис эътироф кардани қарздор амал мекунанд.
Суд ҳуқуқ дорад чораҳои ҳимояи талабҳои кредиторонро то ба миён омадани ҳолатҳое, ки қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, бекор кунад.
Моддаи 32. Изҳори назари қарздор ба ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор
Қарздор дар мӯҳлати 5 рӯз аз санаи гирифтани таъинот дар бораи қабули аризаи кредитор, аризаи мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ё аризаи прокурор дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ӯҳдадор аст, ки ба суд, аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда доир ба чунин ариза изҳори назарашро фиристад ва ҳамчунин ҳамаи кредиторонро, ки дар ин ариза номбар нашудаанд, дар бораи нисбати вай оғоз гардидани парвандаи муфлисшавӣ огоҳ намояд. Ба изҳори назари қарздор, ки ба суд фиристода мешавад, бояд далелҳои исботӣ дар бораи аз тарафи қарздор ба аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда фиристода шудани нусхаҳои изҳори назар илова карда шаванд.
Ба ғайр аз маълумотҳое, ки дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд, дар изҳори назари қарздор маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
эътирози қарздор ба талабҳои аризадиҳанда;
маблағи умумии қарзи қарздор оид ба ӯҳдадориҳо дар назди кредиторон, музди меҳнати кормандони қарздор ва пардохтҳои ҳатмӣ;
маълумот дар бораи амволи мавҷудбудаи қарздор, аз ҷумла маблағҳои пулие, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ ва ташкилотҳои дигари кредитӣ дорад, рақами суратҳисобҳои номбаршудаи бонкӣ, ташкилотҳои дигари кредитӣ ва суроғаи почтавии бонку ташкилотҳои кредитӣ;
далелҳои қонеъ карда тавонистани талабҳои аризадиҳанда дар ҳолате, ки қарздор онҳоро эътироф намояд;
- рўйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, бо нишон додани суроѓаи кредиторон ва қарздорон. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Набудани изҳори назари қарздор набояд барои баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ шавад.
Дар ин ҳолат суд ба мудир супориш медиҳад, ки ҳамаи кредиторонро муқаррар намуда, дар бораи оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба онҳо аз ҳисоби қарздор огоҳинома фиристад.
Моддаи 33. ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ
Ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ дар ҳолатҳои муқаррар гардидани аломатҳои муфлисшавии қарздор, ки моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст ва инчунин набудани асос барои ҷорӣ намудани идоракунии беруна қабул карда мешавад.
Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд чунин нишондодҳо бошанд:
дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор;
дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
дар бораи таъини мудири озмунӣ.
Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – соҳибкори инфиродӣ дар бораи беъэтибор шудани бақайдгирии давлатии қарздор ба сифати соҳибкори инфиродӣ зикр карда мешавад.
ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд фавран иҷро гардад, агар суд тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 34. Аз тарафи суд нашр намудани хабари муфлис эътироф гардидани қарздор
Хабари муфлис эътироф гардидани қарздор аз тарафи суде, ки дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва оиди кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул кардааст, дар воситаҳои ахбори умум аз ҳисоби қарздор ва дар сурати набудани маблағҳои қарздор аз ҳисоби кредиторе, ки бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор муроҷиат кардааст, нашр карда мешавад.
Хабари бекор кардани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор низ ба ҳамин тартиб бояд нашр карда шавад.
Моддаи 35. ҳалномаи суд дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор
Ҳалномаи суд дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:
набудани аломатҳои муфлисшавӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
қонеъ гардидани талабҳои арзшудаи кредиторон то вақти аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ;
муқаррар гардидани муфлисшавии сохта ва барқасд;
дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.
Агар далелҳои маълуме бошанд, ки онҳо оиди дар ихтиёри қарздор мавҷуд будани моликияти бозоргир шаҳодат диҳанд, суд ҳуқуқ дорад бо илтимосномаи қарздор баррасии парвандаи муфлисшавиро мавқуф гузошта, ба қарздор пешниҳод намояд, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд талабҳои кредиторонро қонеъ гардонад.
Моддаи 36. Оқибати қабулшавии ҳалномаи суд дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор
Аз тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор барои қатъ шудани амали ҳолатҳое, ки бар асари қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор пеш омада буданд ва (ё) ҷорӣ намудани мушоҳида асос мешавад.
Моддаи 37. Асосҳои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ
Суд парвандаи муфлисшавиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:
барқарор шудани қобилияти маблағгузаронии қарздор дар ҷараёни идоракунии беруна;
бастани созишномаи мусолиҳа.
Моддаи 38. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши мудир
Тамоми хароҷоти судӣ, аз ҷумла хароҷоти боҷи давлатӣ, ки мӯҳлати пардохташон дароз ё кӯтоҳ карда шуда буданд ва ҳамчунин хароҷоти пардохти подоши мудир ба амволи қарздор мансубият дошта, аз ҳисоби ин амвол бе навбат рӯёнда мешавад.
Бо созишномаи мусолиҳа тартиби дигари тақсими хароҷоти мазкурро пешбинӣ намудан мумкин аст.
Дар ҳолати аз тарафи суд бинобар набудани аломатҳои муфлисшавӣ қабул гардидани ҳалнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор хароҷоти дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба лаҳзаи оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба кредиторони ба суд бо аризаи кредитор муроҷиаткарда мансубият дошта, дар байни онҳо мутаносибан аз рӯи талабҳояшон тақсим карда мешавад.
Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши мудир дар ҳалномаи суд ё таъиноти судӣ, ки аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи муфлисшавӣ қабул шудааст, муайян карда мешавад.
БОБИ IV
МУФЛИСШАВИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ
Моддаи 39. Асосҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Асоси муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ надоштани қобилияти қонеъ кардани талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои вазифаҳо оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 40. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ мумкин аст аз ҷониби қарздор – соҳибкори инфиродӣ, кредитор аз рӯи ӯҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи талабҳои пардохтҳои ҳатмӣ, ҳамчунин аз ҷониби прокурор дода шавад.
Ҳангоми татбиқи расмияти муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ кредиторони вай аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин кредиторон бо талабҳои хусусияти шахсидошта низ ҳуқуқ доранд талабҳои худро пешниҳод намоянд.
Моддаи 41. Оқибатҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ
Аз лаҳзаи аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, бақайдгирии давлатии вай ба сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор гардида, ҳамчунин иҷозатномаи (литсензияи) ба вай додашуда оиди анҷом додани фаъолияти муайяни соҳибкорӣ бекор дониста мешавад.
Соҳибкори инфиродиро, ки муфлис эътироф гардидааст, дар мӯҳлати як сол аз лаҳзаи муфлис эътирофшавиаш ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтан мумкин нест.
Суд нусхаи ҳалномаро дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба мақомоте, ки шаҳрвандро ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтааст, мефиристад.
БОБИ V
МУШОҲИДА
Моддаи 42. Ҷорӣ намудани мушоҳида
Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) – ба мўҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба мўҳлати то ду моҳ амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Моддаи 43. Оқибатҳои аз тарафи суд баровардани таъинот оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор
Аз лаҳзаи аз ҷониби суд баровардани таъинот оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор:
талабҳои амволиро нисбат ба қарздор танҳо бо риояи тартиби пешниҳоди талабҳо ба қарздор, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод намудан мумкин аст;
бо илтимосномаи кредитор пешбурди парвандаҳои вобаста ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ ва дигар амвол аз қарздор боздошта мешавад. Кредитор дар чунин ҳолат ҳуқуқ дорад мутобиқи тартиби дар ҳамин Қонун муқарраршуда талабҳои худро ба қарздор пешниҳод намояд;
иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия оид ба ситонидани амвол, ба истиснои иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ки онҳо дар асоси ҳалномаи суд дар бораи аз қарздор ситонидани қарзи музди меҳнат, додани подоши аз рӯи шартномаи муаллифӣ, алимент, инчунин баргардонидани зиёни ба ҳаёту саломатӣ расондашуда ва зиёни маънавӣ, ки то лаҳзаи аз ҷониби суд қабул шудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор дода шудаанд, боздошта мешавад;
қонеъ гардонидани талабҳои иштирокчии қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар бораи ҷудо карда додани ҳиссааш (пай) аз амволи қарздор бинобар аз ҳайати иштирокчиён баромаданаш манъ аст.
Бо мақсади таъмин намудани амали тадбирҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъиноти судӣ оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ба бонк ва дигар муассисаҳои кредитӣ, ки дар онҳо қарздор суратҳисоби бонкӣ дорад, инчунин ба дигар судҳои дахлдор, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор фиристода мешавад.
Моддаи 44. Оқибатҳои ҷорӣ намудани мушоҳида
Ҷорӣ намудани мушоҳида барои аз вазифа дур намудани роҳбари қарздор ё мақомоти дигари идоракунии қарздор асос нагардида, онҳо иҷрои ваколатҳои худро бо маҳдудиятҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур муқаррарнамуда идома медиҳанд.
Мақомоти идоракунии қарздор аҳдҳои зеринро танҳо бо розигии мудири муваққатӣ анҷом медиҳад:
аҳдҳои вобаста ба иҷора ва гарав додани амволи ғайриманқул, додани амволи номбаршуда ба сифати ҳисса ба сармояи оинномавии ҷамъиятҳо ва ширкатҳои хоҷагидорӣ ё ихтиёрдории тарзи дигари чунин моликият;
аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдории амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон зиёда аз 10 фоизи арзиши баланси дороии қарздорро ташкил медиҳанд;
аҳдҳои вобаста ба қабул ва додани қарзҳо (кредитҳо), додани кафолат, гузашт намудани ҳуқуқи талабкунӣ, гузаронидани қарз, инчунин аҳдҳои вобаста ба таъсиси идоракунии боэътимоди амволи қарздор.
Мақомоти идоракунии қарздор ҳуқуқ надорад қарорҳои зерин қабул намояд:
дар бораи азнавташкилкунӣ (муттаҳид кардан, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдил додан) ва барҳамдиҳии қарздор;
дар бораи таъсиси шахсони ҳуқуқӣ ё дар бораи иштирок намудан дар шахсони ҳуқуқии дигар;
дар бораи таъсиси филиалҳо ва намояндагиҳо;
дар бораи пардохти дивидендҳо;
дар бораи аз тарафи қарздор паҳн намудани вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қимматноки муомилотӣ;
дар бораи баромадан аз ҳайати иштирокчиёни қарздор - шахси ҳуқуқӣ ва аз саҳҳомон харидани саҳмияҳои қаблан баровардашуда.
Мақомоти идоракунии қарздор метавонад бо розигии мудири муваққатӣ дар бораи иштироки қарздор дар иттиҳодияҳои дигари шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намояд.
Агар роҳбари қарздор барои таъмини ҳифзи амволи қарздор чораҳои зарурӣ наандешад, ба мудири муваққатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳояш монеъ шавад ё дигар талабҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накунад, суд ҳуқуқ дорад вайро аз иҷрои вазифааш дур намояд. Дар чунин ҳолатҳо иҷрои вазифаҳои роҳбари қарздор ба зиммаи мудири муваққатӣ гузошта мешавад.
Аз лаҳзаи ҷорӣ намудани мушоҳида ҳабси амволи қарздор ва дигар маҳдудсозии қарздор оиди ихтиёрдории амволи ба вай мансуббуда танҳо дар доираи раванди муфлисшавӣ бояд сурат гирад.
Моддаи 45. Мудири муваққатӣ
Мудири муваққатӣ аз ҷониби суд аз ҳисоби номзадҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ва дар сурати набудани чунин пешниҳодот аз ҳисоби шахсоне, ки суд ба сифати мудир ба қайд гирифтааст, таъин карда мешавад.
Мудири муваққатӣ аз лаҳзаи аз ҷониби суд таъин шуданаш то ҷорӣ намудани идоракунии беруна ва таъини мудири беруна ё то аз ҷониби суд қабул шудани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то аз ҷониби суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа, ё то аз ҷониби суд қабул намудани ҳалнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор фаъолият мекунад.
Дар ҳолати муваққатан ғайри қобили меҳнат будани мудири муваққатӣ суд ҳуқуқ дорад, ки муовини мудири муваққатиро иҷрокунандаи вазифаи ӯ таъин намояд.
Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок бо ариза ба суд дар бораи аз иҷрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намуданаш муроҷиат намояд.
Дар ҳолати қонеъ гардонидани аризаи мудири муваққатӣ оиди аз иҷрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намудани вай суд мудири муваққатии навро таъин менамояд. То таъиншавии мудири муваққатии нав мудири муваққатӣ иҷрои вазифаҳояшро давом медиҳад.
Моддаи 46. ҳуқуқ ва вазифаҳои мудири муваққатӣ
Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад:
аз номи худ оид ба беэътибор донистани аҳдҳо, инчунин дар бораи татбиқи оқибатҳои беэътибории аҳдҳои камарзиши аз тарафи қарздор бе риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун басташуда ё иҷрогардида ба суд талаб пешниҳод намояд;
бо ариза дар бораи қабули чораҳои иловагӣ оид ба таъмини ҳифзи амволи қарздор, аз ҷумла дар бораи бе розигии мудири муваққатӣ манъ намудани бастани аҳдҳои дар қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин дар бораи додани коғазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари барои нигоҳдорӣ ба шахсони сеюм додашуда, инчунин дар бораи бекор намудани ҳамин гуна чораҳо ба суд муроҷиат намояд;
дар бораи аз вазифа дур кардани роҳбари қарздор бо дархост ба суд муроҷиат намояд;
ҳама гуна иттилоот ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти қарздор вобастаро гирад;
ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи ҳамин Қонунро анҷом диҳад.
Мақомоти идоракунии қарздор вазифадор аст, ки бо дархости мудири муваққатӣ ба вай ҳама гуна маълумотҳои ба фаъолияти қарздор дахлдорро пешниҳод намояд.
Мудири муваққатӣ вазифадор аст:
баҳри таъмини нигоҳдории моликияти қарздор тадбирҳо андешад;
ҳолати молиявии қарздорро таҳлил намояд;
мавҷудияти аломатҳои муфлисшавии сохта ва барқасдро муайян созад;
кредиторони қарздорро муқаррар намуда, андозаи талабҳои онҳоро муайян созад, ба кредиторон оиди оғоз шудани парванда дар бораи муфлисшавӣ хабар диҳад;
маҷлиси аввали кредиторонро даъват намояд.
Баъди анҷоми мушоҳида мудири муваққатӣ ба суд дар бораи фаъолияти худ ҳисобот, оид ба ҳолати молиявии қарздор маълумот ва дар бораи имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор таклифҳо пешниҳод менамояд.
Моддаи 47. Таҳлили ҳолати молиявии қарздор
Таҳлили ҳолати молиявии қарздор бо мақсади муайян намудани кифоягии амволи ба қарздор тааллуқдошта барои пардохти хароҷоти судӣ, хароҷоти подоши мудир ва ҳамчунин имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор гузаронида мешавад.
Агар дар натиҷаи таҳлили ҳолати молиявии қарздор амволи ба қарздор тааллуқдошта барои пӯшонидани хароҷоти судӣ нокифоя муқаррар карда шавад, кредиторон ҳуқуқ доранд дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна танҳо дар сурати муайян сохтани манбаъҳои пӯшонидани хароҷоти судӣ қарор қабул намоянд.
Агар кредиторон манбаи пӯшонидани хароҷоти судиро муайян накарда бошанд, кредиторони ба тарафдории ҷорӣ намудани идоракунии беруна овоздода барои пӯшонидани хароҷоти зикршуда ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои якҷоя мегиранд.
Моддаи 48. Муқаррар намудани ҳаҷми талабҳои кредиторон
Бо мақсади иштирок дар маҷлиси якуми худ кредиторон ҳуқуқ доранд талабҳояшонро дар мӯҳлати 1 моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мудири муваққатӣ дар бобати аз тарафи суд қабул кардани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун талабҳои муқарраршуда ҳисобида мешаванд, ба суд ва қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон, ки мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда дониста мешаванд, бо иловаи ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян намудани онҳо ҳамчун талабҳои муқарраршуда шаҳодат медиҳанд, ба мудири муваққатӣ фиристода мешаванд.
Оид ба он талабҳои кредиторон, ки мутобиқи ҳамин Қонун муқарраргардида эътироф нашудаанд, қарздор метавонад дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани талаби дахлдор ба суд, кредитор ва ҳамчунин мудири муваққатӣ эътироз пешниҳод намояд.
Талаби кредитор, ки аз рӯи он дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда қарздор эътироз пешниҳод накардааст, ба андозаи арзнамудаи кредитор эътироф карда мешавад.
Талабҳои кредиторон, ки аз рӯи онҳо қарздор эътироз пешниҳод намудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 49. Даъвати маҷлиси якуми кредиторон ва масъалаҳои дар он муҳокимашаванда
Мудири муваққатӣ санаи гузаронидани маҷлиси якуми кредиторонро муайян карда, ҳамаи кредиторонро дар бораи он огоҳ месозад. Маҷлиси якуми кредиторон бояд дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории маҷлиси суд, ки бо таъиноти судӣ оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муқаррар гардидааст, баргузор шавад.
Иштирокчиёни маҷлиси якуми кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор мебошанд, ки:
талабҳояшон мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда эътироф гардида, ба мудири муваққатӣ фиристода шудаанд;
ҳаҷми талабҳояшон аз тарафи суд бо эътирози қарздор ба талабҳои кредиторон то гузаронидани маҷлиси якуми кредиторон муқаррар шудааст.
Дар маҷлиси якуми кредиторон бе ҳуқуқи овоздиҳӣ мудири муваққатӣ, роҳбари қарздор ва намояндаи кормандони қарздор иштирок мекунанд.
Салоҳияти маҷлиси якуми кредиторон:
қабули қарор оид ба ҷорӣ кардани идоракунии беруна ва бо илтимосномаи дахлдор ба суд муроҷиат намудан;
қабули қарор дар бораи бо илтимоснома ба суд муроҷиат намудан оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
муайян намудани шумораи ҳайати кумитаи кредиторон ва интихоби аъзои он;
ҳаллу фасли масъалаҳои дигар, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст.
Мудири муваққатӣ протоколи маҷлиси якуми кредиторонро дар мӯҳлати на дертар аз як ҳафтаи рӯзи баргузории маҷлиси якуми кредиторон ба суд пешниҳод менамояд.
Моддаи 50. Қарори маҷлиси якуми кредиторон дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна
Қарори маҷлиси якуми кредиторон дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна бояд мӯҳлати пешниҳодшудаи идоракунии беруна, номзад ба мудири беруна ва ҳамчунин маълумотро дар бораи вай дар бар гирад.
БОБИ VI
ИДОРАКУНИИ БЕРУНА
Моддаи 51. Тартиби ҷорӣ намудани идоракунии беруна
Идоракунии беруна аз тарафи суд дар асоси қарори маҷлиси кредиторон ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ҷорӣ карда мешавад.
Таъиноти судӣ дар хусуси ҷорӣ намудани идоракунии беруна бояд бетаъхир ба иҷро расонда шавад.
Аз болои таъиноти судӣ дар хусуси ҷорӣ намудани идоракунии беруна шикоят кардан мумкин аст.
Идоракунии беруна ба муддати на бештар аз 10 моҳ, ки мумкин аст на бештар аз 1 моҳи дигар дароз карда шавад, ҷорӣ карда мешавад, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Бо илтимосномаи маҷлиси кредиторон ё мудири беруна мӯҳлати идоракунии беруна аз тарафи суд мумкин аст дар доираи мӯҳлатҳое, ки қисми чоруми ҳамин модда муқаррар намудааст, кам ё зиёд карда шавад.
Моддаи 52. Оқибатҳои ҷорӣ намудани идоракунии беруна
Аз рӯзи ҷорӣ намудани идоракунии беруна:
роҳбари қарздор аз иҷрои вазифааш дур карда шуда, идоракунии корҳои қарздор ба мудири беруна вогузор карда мешавад;
ваколатҳои мақомоти идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор - шахси ҳуқуқӣ қатъ гардида, ваколатҳои роҳбари қарздор ва мақомоти дигари идоракунии қарздор ба истиснои ваколатҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба шахсони (мақомоти) дигар мегузаранд, ба мудири беруна вогузор мегарданд. Мақомоти идоракунии қарздор дар муддати 3 рӯз аз рӯзи таъин шудани мудири беруна вазифадор аст, ки ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ, мӯҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва арзишҳои дигарро ба мудири беруна супорад;
чораҳои қаблан андешидашуда оиди ҳимояи талабҳои кредиторон бекор карда мешаванд;
ба қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, моратория ҷорӣ карда мешавад.
Дар интиҳои идоракунии беруна маблағҳои ноустуворона (ҷаримаҳо, пеняҳо) ва ҳамчунин маблағҳои зарари расондашуда, ки қарздор вазифадор аст аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба кредиторон пардохт намояд, мумкин аст барои пардохт намудан дар ҳамон ҳаҷме, ки дар рӯзи ҷорӣ намудани идоракунии беруна мавҷуд будаанд, пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 53. Моратория ба қонеъгардонии талабҳои кредиторон
Моратория ба қонеъгардонии талабҳои кредиторон ба ҳамон ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мӯҳлати иҷрояшон то ҷорӣ намудани идоракунии беруна расидааст, дахл дорад.
Дар давоми амали мораторияи қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст:
ба рӯёнда гирифтан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин ба ситониданҳои бебаҳс амалишаванда роҳ дода намешавад;
иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ оид ба ҷаримаҳои амволӣ, ба истиснои иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ, ки дар асоси ҳалномаи суд дар хусуси ситонидани қарздории музди кор, додани подоши аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин баргардонидани зарари ба ҳаёт ва саломатӣ расонидашуда ва зарари маънавӣ, ки то лаҳзаи аз тарафи суд қабул гардидани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, боздошта мешавад;
маблағи ноустуворона, (ҷаримаҳо, пеняҳо) ва муҷозоти молиявии (иқтисодии) дигари иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамчунин фоизҳои пардохтшаванда ҳисоб карда намешаванд.
Мораторияи қонеъгардонии талабҳои кредиторон ҳамчунин ба талабҳои кредиторон дар хусуси ҷуброни зараре, ки бо сабаби аз тарафи мудири беруна рад карда шудани иҷрои шартномаҳои қарздор ба миён омадаанд, дахл мекунад.
Қоидаҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мӯҳлати иҷрояшон баъди ҷорӣ намудани идоракунии беруна расидаанд, татбиқ намешаванд.
Мораторияи қонеъгардонии талабҳои кредиторон ба талабҳо оиди ситонидани қарзи музди меҳнат, пардохти подоши шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин ҷуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расондашуда дахл намекунад.
Бо дархости кредитор суд метавонад таъинот дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулиро, ки дар асоси онҳо таъминот ба фоидаи кредитори зикргардида пешниҳод шудааст, қабул намояд, агар:
- мавзӯи таъминот барои гузарондани идоракунии беруна зарур набошад;
- ба кредитори таъминшуда кафолатҳои ҷуброни товони зарар дар ҳолатҳои паст шудани арзиши мавзӯи таъминот дода нашуда бошанд:
- нақшаи идоракунии беруна дар мӯҳлати муқарраршуда тасдиқ нашуда бошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).
Моддаи 54. ҳуқуқ ва вазифаҳои мудири беруна
Мудири беруна ҳуқуқ дорад:
амволи қарздорро мустақилона бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ихтиёрдорӣ намояд;
аз номи қарздор созишномаи мусолиҳа бандад;
оид ба рад намудани иҷрои шартномаҳои қарздор арз кунад;
маҷлиси кредиторонро даъват намояд.
Мудири беруна вазифадор аст:
амволи қарздорро барои ихтиёрдорӣ қабул намуда, инвентаризатсияи онро гузаронад;
барои идоракунии беруна ва ҳисобӣ намудан бо кредиторон суратҳисоби махсус кушояд;
нақшаи идоракунии берунаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба маҷлиси кредиторон пешниҳод намояд;
корҳои муҳосибӣ, молиявӣ ва омориро анҷом диҳад;
оид ба талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ба қарздор бо тартиби муқарраргардида эътироз баён намояд;
барои ситонидани қарзҳои дар назди қарздорбуда чораҳо андешад;
талабҳои кредиторонро баррасӣ намояд;
рӯйхати талабҳои кредиторонро барад;
ба маҷлиси кредиторон оид ба натиҷаҳои иҷрои нақшаи идоракунии беруна ҳисобот пешниҳод намояд;
ваколатҳои дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ба ҷо орад.
Моддаи 55. Муқаррар намудани ҳаҷми талабҳои кредиторон
Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро ба қарздор дар ҳар лаҳзаи ҷараёни идоракунии беруна пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба мудири беруна бо суроғаи почтавии қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон, ки мутобиқи Қонуни мазкур муқарраргашта эътироф шудаанд, бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки имконияти муқарраршавии ин талабҳоро муайян месозад, ба мудири беруна фиристода мешаванд.
Мудири беруна талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторонро баррасӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои баррасии онҳо дар рӯйхати талабҳои кредиторон на дертар аз ду ҳафтаи баъди қабули талаби дахлдор сабт мегузорад. Оиди натиҷаҳои баррасии талаби кредитор мудири беруна кредитори дахлдорро дар мӯҳлати на бештар аз як моҳи баъди қабули талаби зикршуда огоҳ менамояд.
Кредиторон эътирозҳои худро аз рӯи натиҷаҳои баррасии талабҳояшон, ки аз тарафи мудири беруна анҷом дода шудааст, метавонанд ба суде, ки парвандаи муфлисшавиро баррасӣ менамояд, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани онҳо пешниҳод намоянд.
Талабҳои кредиторон, ки аз рӯи онҳо дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда эътироз пешниҳод нагардидааст, ба андоза, таркиб ва навбати қонеъгардоние, ки мудири беруна муайян намудааст, муқарраргашта ҳисоб меёбанд.
Талабҳои кредиторон, ки нисбати онҳо эътироз пешниҳод шудааст, аз тарафи суд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баррасӣ мешаванд.
Моддаи 56. Ихтиёрдории моликияти қарздор
Молики амволи қарздор ё мақоми идоракунии қарздор ҳуқуқ надорад, ки ваколатҳои мудири берунаро оид ба ихтиёрдории амволи қарздор бо роҳи қабули қарор ё тарзи дигар маҳдуд созад.
Аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки дар баста шудани онҳо манфиатҳо дида мешаванд, онҳоро мудири беруна танҳо бо розигии маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мебандад, агар ҳамин Қонун ва нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Ба аҳдҳои калон аҳдҳое дохил мешаванд, ки бастани онҳо сабабгори ихтиёрдории амволи ғайриманқул ё амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон дар лаҳзаи бастани чунин аҳдҳо зиёда аз 20 фоизи арзиши балансии активҳои қарздорро ташкил медиҳад, мегардад.
Аҳдҳои дар бастанашон манфиатҷӯӣ мавҷудбуда он аҳдҳое дониста мешаванд, ки яке аз тарафи онҳо дар муносибат ба мудири беруна ё кредиторони озмунӣ шахси манфиатдор аст.
Моддаи 57. Рад намудани иҷрои шартномаи қарздор
Мудири беруна дар муддати се моҳ аз рӯзи ҷоришавии идоракунии беруна ҳуқуқ дорад иҷрои шартномаҳои қарздорро рад намояд.
Радкунии иҷроиши шартномаҳои қарздорро танҳо нисбати ҳамон шартномаҳое арз намудан мумкин аст, ки онҳо аз ҷониби тарафҳо пурра ё қисман иҷро нашудаанд ва яке аз ҳолатҳои зерин мавҷуд бошад:
агар иҷрошавии шартномаи қарздор дар муқоиса бо ҳамин гуна шартномаҳои дар ҳолатҳои муқоисавӣ басташуда барои қарздор зарар оварад;
агар шартнома дарозмӯҳлат бошад (ба мӯҳлати зиёда аз як сол баста шуда бошад) ё дар он гирифтани натиҷаҳои мусбӣ барои қарздор дар ояндаи дарозмуддат ба нақша гирифта шуда бошад;
агар ҳолатҳои дигаре бошанд, ки ба барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор монеъ шаванд.
Тарафи дигари шартномаи қарздор ҳуқуқ дорад аз қарздор ҷуброни зарари воқеиро, ки аз рад кардани иҷрои шартномаи қарздор пайдо шудааст, талаб намояд.
Моддаи 58. Ваколатҳои кумитаи кредиторон
Кумитаи кредиторон ҳуқуқ дорад қарорҳои зерин қабул намояд:
дар бораи даъвати маҷлиси кредиторон;
дар бораи тавсияҳо ба маҷлиси кредиторон оид ба озод намудани мудири беруна аз иҷрои вазифаҳои идоракунии беруна;
дар бораи тасдиқ ё рад намудани аҳдҳои калони қарздор ва аҳдҳое, ки дар бастани онҳо манфиатҷӯӣ мавҷуд мебошад;
дар бораи ба суд пешниҳод намудани номзад ба вазифаи муовини мудири беруна.
Моддаи 59. Дароз намудани мӯҳлати идоракунии беруна
Дар ҳолате, ки агар маҷлиси кредиторон дар бораи тасдиқи нақшаи идоракунии беруна қарор қабул карда бошад, ки дар он мӯҳлати идоракунии беруна аз мӯҳлати дар ибтидо муқарраршуда зиёд бошад ва ҳамчунин мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки дароз кардани мӯҳлати идоракунии беруна ё иҷрои нақшаи тасдиқшудаи идоракунӣ ба барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор мусоидат мекунад, суд мӯҳлати идоракунии берунаро дароз менамояд.
Моддаи 60. Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор
Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор инҳо шуда метавонанд:
тағйир додани фаъолияти истеҳсолӣ;
бастани истеҳсолоти фоиданоовар;
пӯшондани қарзҳои дебиторӣ;
фурӯши қисми амволи қарздор;
гузашт кардан аз ҳуқуқи талаби қарздор;
иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз ҷониби молики амволи қарздор - шахси ҳуқуқӣ ё шахси (шахсони) сеюм;
воситаҳои дигари барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор.
Моддаи 61. Фурӯши қисми амволи қарздор
Баъди инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор мудири беруна ҳуқуқ дорад амволи қарздорро дар савдои озод ба фурӯш монад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Савдо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар шакли музояда гузаронида мешавад.
Амволи қарздор, ки ба амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудкардашуда мансуб мебошад, мумкин аст дар савдои пӯшида фурӯхта шавад.
Дар савдои пӯшида шахсоне иштирок мекунанд, ки мутобиқи қонун метавонанд дар ихтиёри худ ё тибқи дигар ҳуқуқҳои амволӣ чунин амволро дошта бошанд.
Мудири беруна метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо амал намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба ташкилоти махсусгардонидашуда вогузор намояд. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки савдо мегузаронад, наметавонад нисбати қарздор ва мудири беруна шахси манфиатдор бошад.
Нархи ибтидоии амволи қарздор, ки ба савдо гузошта мешавад, аз тарафи мудири беруна муайян карда мешавад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Ғолиби савдо вазифадор аст, ки нархи фурӯши амволи қарздорро дар мӯҳлати пешбининамудаи протокол ё шартномаи хариду фурӯш, ки аз рӯи натиҷаҳои озмун баста шудаанд, вале на дертар аз як моҳ аз рӯзи гузаронидани савдо пардохт намояд.
Амволи қарздор, ки дар савдои аввал фурӯхта нашудааст, ба савдои такрорӣ бароварда мешавад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Амволи қарздор, ки дар савдои такрорӣ фурӯхта нашудааст, мумкин аст аз тарафи мудири беруна дар асоси шартномаи хариду фурӯш бе гузаронидани савдо фурӯхта шавад.
Моддаи 62. Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор
Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор мумкин аст аз тарафи мудири беруна бо роҳи фурӯши талаб дар савдои кушод бо розигии кумитаи кредиторон ё маҷлиси кредиторон анҷом дода шавад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 63. Иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз ҷониби молики амволи қарздор ё шахси (шахсони) сеюм
Молики амволи қарздор ҳуқуқ дорад, ки ҳар замон то анҷомёбии идоракунии беруна талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мувофиқи рӯйхати талабҳои кредиторон яку якбора қонеъ гардонад.
Ба иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахси (шахсони) сеюм ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар чунин амал якбора талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мутобиқи рӯйхати талабҳои кредиторон қонеъ гардонад.
Моддаи 64. Ҳисоботи мудири беруна аз рӯи натиҷаҳои идоракунии беруна ва баррасии он
На дертар аз панҷ рўзи корӣ то анҷомёбии мӯҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна ва ҳамчунин ҳангоми мавҷудияти асосҳо барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани он мудири беруна вазифадор аст, ки ба маҷлиси кредиторон ҳисоботи мудири берунаро пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Ҳисоботи мудири беруна бояд инҳоро дар бар гирад:
баланси қарздорро ба санаи охирини ҳисоботӣ;
ҳисоби фоида ва зарари қарздорро;
маълумотро дар бораи маблағҳои озоди пулии қарздор, ки мумкин аст барои қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор равона карда шаванд;
шарҳи қарзҳои боқимондаи дебитории қарздор ва маълумотро дар бораи он ҳуқуқҳои истифоданашудаи талабҳои қарздор, ки боқӣ мондаанд;
маълумоти дигарро оид ба имкониятҳои пӯшонидани қарзҳои кредитории қарздор.
Ба ҳисоботи мудири беруна бояд рӯйхати талабҳои кредиторон замима карда шавад.
Дар баробари пешниҳод кардани ҳисоботи зикршуда мудири беруна ба маҷлиси кредиторон яке аз масъалаҳои зеринро пешниҳод менамояд:
дар бораи қатъ кардани идоракунии беруна бо сабаби барқарор гардидани қобилияти пардохтии қарздор;
дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа;
дар бобати дароз кардани мӯҳлати муқарраршудаи идоракунии беруна;
дар бораи қатъ намудани идоракунии беруна ва бо илтимоснома ба суд оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроҷиат кардан.
Ҳисоботи мудири берунаро маҷлиси кредиторон, ки дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи гузаштани мӯҳлати муайяншудаи идоракунии беруна ё на дертар аз як моҳ пас аз пайдо шудани асос барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани идоракунии беруна даъват карда мешавад, баррасӣ менамояд.
Мудири беруна на дертар аз понздаҳ рӯз то анҷомёбии мӯҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна вазифадор аст ба ҳамаи кредиторон дар бобати гузаронидани маҷлиси кредиторон огоҳинома фиристад.
Огоҳиномаи гузаронидани маҷлиси кредиторон бояд маълумотҳоро дар бораи вақт, сана ва ҷои гузаронидани маҷлиси кредиторон, ҳамчунин тартиби шинос шуданро бо ҳисоботи мудири беруна дар бар гирад.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ҳисоботи мудири беруна маҷлиси кредиторон ҳуқуқ дорад яке аз чунин қарорҳоро қабул намояд:
дар бораи қатъ намудани идоракунии беруна бо сабаби барқарор шудани қобилияти пардохтии қарздор ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон;
дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси дароз намудани мӯҳлати муқарраршудаи идоракунии беруна муроҷиат намудан;
дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроҷиат намудан;
дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа.
Дар ҳолате, ки маҷлиси кредиторон яке аз қарорҳои дар қисми ҳаштуми ҳамин модда пешбинишударо қабул накунад, ё ҳамин гуна қарор дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлатҳои дар қисми панҷуми ҳамин модда пешбинишуда ба суд пешниҳод нагардад, суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома мебарорад.
Моддаи 65. Тасдиқи ҳисоботи мудири беруна аз тарафи суд
Ҳисоботи дар маҷлиси кредиторон баррасишудаи мудири беруна ва протоколи маҷлиси кредиторон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи баъди баргузории маҷлиси кредиторон ба суд фиристода мешавад.
Ба ҳисоботи мудири беруна бояд рӯйхати талабҳо ва шикоятҳои кредитороне, ки дар маҷлиси кредиторон муқобили қабули қарори маҷлиси кредиторон овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, замима карда шавад.
Ҳисоботи мудири беруна ва шикоятҳои кредиторон дар маҷлиси суд баррасӣ карда мешаванд.
Дар бораи вақт, сана ва ҷои баргузории маҷлиси суд мудири беруна ва кредитороне, ки шикоят кардаанд, огоҳ карда мешаванд.
Агар маҷлиси кредиторон дар бобати қатъ намудани идоракунии беруна бо сабаби барқарор гардидани қобилияти пардохтии қарздор ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қарор қабул намуда бошад, он гоҳ ҳисоботи мудири беруна, ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, аз тарафи суд тасдиқ карда мешавад.
Агар суд асоснок будани шикоятҳои кредиторон ё мавҷуд набудани аломатҳои барқароргардии қобилияти пардохтии қарздорро муқаррар кунад, тасдиқи ҳисоботи мудири берунаро рад менамояд.
Дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ва ё рад кардани тасдиқи ҳисоботи мазкур, ё дароз кардани мӯҳлати идоракунии беруна ё оиди тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъиноти судӣ бароварда мешавад, ки аз болои вай шикоят кардан мумкин аст.
Ҳангоми мавҷуд будани илтимосномаи маҷлиси кредиторон оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дар ҳолати аз тарафи суд рад гардидани тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ё пешниҳод накардани ҳамин ҳисобот дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи ба охиррасии мӯҳлати муқарраршудаи идоракунии беруна суд метавонад дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул намояд.
Моддаи 66. Оқибатҳои тасдиқи ҳисоботи мудири беруна
Аз тарафи суд тасдиқ шудани ҳисоботи мудири беруна асоси қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ мегардад.
Ҳангоми мавҷуд будани илтимосномаи қабулкардаи маҷлиси кредиторон суд ҳуқуқ дорад мӯҳлати анҷомдиҳии ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон муқаррар намояд.
Суд дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири беруна таъинот бароварда, мӯҳлати ба охиррасонии ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон муқаррар менамояд, ки он набояд аз рӯзи баровардани таъиноти мазкур аз шаш моҳ зиёд бошад. Дар чунин ҳолат парвандаи муфлисшавӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қатъ карда мешавад.
Агар дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон ба анҷом расонида нашавад, суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул менамояд.
Моддаи 67. ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 65 Қонуни мазкур мудири беруна ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мутобиқи рӯйхати талабҳои кредиторон аз рӯзи тасдиқшавии ҳисоботи мудири беруна аз тарафи суд оғоз менамояд.
Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 78 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад. Аз лаҳзаи иҷрошавии ӯҳдадориҳои қарздор мудири беруна ба рӯйхати талабҳои кредиторон қайди дахлдор мегузорад.
Моддаи 68. Пардохти талабҳои кредиторон
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳамон талабҳои қонеъкардаи кредиторон талабҳои пардохтшуда ҳисобида мешаванд, ки оиди даст кашидан аз онҳо ё иҷрошавияшон созиш ба даст омадааст ё тарзи дигари қатъгардии ӯҳдадориҳо, ки он мутобиқи ҳамин Қонун пардохтшуда дониста мешавад.
Моддаи 69. Тартиби қатъ гардидани ваколатҳои мудири беруна
Қатъ намудани идоракунии беруна боиси қатъшавии ваколатҳои мудири беруна мегардад.
Агар идоракунии беруна бо созишномаи мусолиҳа ё пардохти талабҳои кредиторон ба анҷом расад, мудири беруна иҷрои вазифаи худро дар доираи ҳуқуқҳои роҳбари қарздор то рӯзи таъини (интихоби) роҳбари нави қарздор давом медиҳад.
Ваколатҳои мақомоти дигари идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ барқарор карда мешаванд.
Агар суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ қарор қабул намояд ва мудири озмунӣ шахси дигар таъин шуда бошад, мудири беруна иҷрои вазифаҳояшро то рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳо ба мудири озмунӣ давом медиҳад.
БОБИ VII
ИСТЕҳСОЛОТИ ОЗМУНӢ
Моддаи 70. Муқаррароти умумӣ
Аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор боиси кушодани истеҳсолоти озмунӣ мегардад.
Мўҳлати истеҳсолоти озмунӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) то панҷ моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон то 12 моҳ буда метавонад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Ҳангоми зарурат мӯҳлати истеҳсолоти озмуниро суд метавонад аз мӯҳлати дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба мўҳлати на зиёда аз як моҳ тамдид намояд. Аз болои таъиноти судӣ дар бораи аз мӯҳлати пешбинишудаи қисми дуюми моддаи мазкур зиёдтар дароз кардани мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 71. Оқибатҳои кушодани истеҳсолоти озмунӣ
Аз лаҳзаи аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ:
мӯҳлати иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои пулии қарздор, ҳамчунин пардохтҳои ҳатмии мӯҳлаташон гузаштаи қарздор фарорасида ҳисоб мешавад;
ҳисоб кардани ноустуворона (ҷаримаҳо, пеняҳо), фоизҳо ва дигар намуди муҷозоти молиявӣ (иқтисодӣ) нисбати ҳамаи намудҳои қарздориҳои қарздор қатъ мегардад;
мансубияти маълумот дар бораи вазъи молиявии қарздор, ки баробари категорияҳои маълумоти сирри тиҷоратӣ ҳисоб мешуданд, қатъ мегардад;
ба амалбарории аҳдҳое, ки ба ҷудо карда додани амволи қарздор ё додани амволи қарздор барои истифода ба шахсони сеюм вобастаанд, танҳо бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боби Қонун иҷозат дода мешавад;
ҳабсҳои пештар ба амволи қарздор гузошта ва дигар маҳдудиятҳо оид ба ихтиёрдории амволи қарздор бардошта мешаванд. Гузоштани ҳабсҳои нав ба амволи қарздор ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба ихтиёрдории амволи қарздор иҷозат дода намешавад;
ҳама гуна талабҳо нисбати қарздор танҳо дар доираи истеҳсолоти озмунӣ пешниҳод мегарданд;
иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки ҳамин боби Қонун муқаррар намудааст, иҷозат дода мешавад.
Аз рӯзи аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мақомоти идоракунии қарздор аз иҷрои вазифаҳояшон оид ба идоракунӣ ва ихтиёрдории амволи қарздор дар ҳолате дур карда мешаванд, ки агар қаблан ин гуна дур кардан ҷой надошта бошад ва ҳамчунин ваколатҳои молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ қатъ мегарданд.
Моддаи 72. Мудири озмунӣ
Ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ суд бо тартиби барои таъини мудири беруна пешбинишуда мудири озмуниро таъин мекунад.
Бо илтимосномаи мудири озмунӣ, ки маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул донистааст, суд метавонад якчанд мудирони озмуниро таъин намояд. Суд вазифаҳоро байни мудирони озмунӣ вобаста ба мураккабии вазифаҳои иҷрошаванда, хусусият ва миқдори амволи қарздор тақсим мекунад ва доираи масъулияти ҳар кадоми онҳоро муайян месозад.
Мудири озмунӣ то рӯзи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ фаъолият мекунад.
Моддаи 73. Нашр кардани маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ
Маълумотро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мудири озмунӣ аз ҳисоби маблағҳои қарздор дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.
Маълумоти нашршаванда дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд инҳоро дар бар гирад:
ном ва дигар реквизитҳои қарздор, ки муфлис эътироф шудааст;
номи суде, ки пешбурди парвандаи муфлисшавӣ дар ихтиёри он мебошад;
санаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;
мӯҳлати муқарраршуда барои пешниҳоди талабҳои кредиторон, ки аз рӯзи нашри ин маълумот набояд аз ду моҳ кам бошад;
маълумот дар бораи мудири озмунӣ.
Маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба мудирони озмунӣ на дертар аз панҷ рӯзи таъин шуданашон фиристода мешавад.
Моддаи 74. Ваколатҳои мудири озмунӣ
Аз рӯзи таъин шудани мудири озмунӣ ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии корҳои қарздор, аз ҷумла ваколати ихтиёрдории амволи қарздор ба ӯ вогузор мегардад.
Дар ҳолате, ки агар ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ баъди ба охир расидани мушоҳида қабул карда шавад, ваколатҳои мақомоти идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор аз рӯзи таъин шудани мудири озмунӣ қатъ мегарданд. Мақомоти идоракунии қарздор дар давоми се рӯзи баъди таъин шудани мудири озмунӣ супоридани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари қарздор, мӯҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва дигар арзишҳои қарздорро ба мудири озмунӣ таъмин менамоянд. Дар ҳолати аз вазифаҳои зикршуда саркашӣ намудан мақомоти идоракунии қарздор, аз ҷумла роҳбари қарздор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мудири озмунӣ аз рӯзи таъин шуданаш вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
амволи қарздорро ба ихтиёрдорӣ қабул мекунад, инвентаризатсия намуда, арзиши амволи қарздорро муайян мекунад ва оид ба нигоҳдории онҳо тадбирҳо меандешад;
ҳолати молиявии қарздорро бевосита таҳлил менамояд ва агар дорои донишҳои махсус набошад, барои ин амал бо мувофиқаи кредиторон мутахассис – таҳлилгарро ҷалб менамояд; (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
ба шахсони сеюме, ки аз қарздор қарздоранд, оиди рӯёнидани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб пешниҳод мекунад;
кормандони қарздорро дар бораи аз кор озодшавии дар пешистода мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор мекунад;
мутобиқи тартиби муқарраршуда ба талабҳои пешниҳодшудаи кредиторон ба қарздор эътироз менамояд;
дар бораи рад намудани иҷрои шартномаҳои қарздор арз менамояд. Рад намудани иҷрои шартномаҳои қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 57 ҳамин Қонун арз карда мешавад;
дар бораи ҷустуҷӯ, пайдо намудан ва баргардонидани амволи қарздор, ки дар ихтиёри шахсони сеюм ҳастанд, чораҳо меандешад;
ҳуҷҷатҳои қарздорро, ки мутобиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нигоҳдорӣ шаванд, барои нигоҳдорӣ месупорад;
тадбирҳои дигареро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, меандешад.
Ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ мудири озмунӣ дар бораи эътироф накардани аҳдҳои бастаи қарздор, талаб кардани амволи қарздор аз шахсони сеюм ва бекор кардани шартномаҳои бастаи қарздор даъво пешниҳод карда, амалҳои дигари пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба баргардонидани амволи қарздор нигаронида шудаанд, анҷом медиҳад.
Мудири озмунӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад ба шахсони сеюм, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои қарздор бинобар оварда расонидани қарздор то ҳолати муфлисшавӣ масъулияти субсидиарӣ доранд, талабҳо пешниҳод намояд.
Ҳаҷми талабҳои номбаршуда бо назардошти фарқияти байни маблағи умумии талабҳои кредиторон ва молу мулки озмунӣ муайян карда мешавад.
Маблағҳои рӯёндашуда ба молу мулки озмунӣ ҳамроҳ карда мешаванд ва мумкин аст танҳо барои қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон аз рӯи навбат, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, истифода бурда шаванд.
Моддаи 75. Муайян кардани нархи амволи қарздор
Мудири озмунӣ дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ амволи қарздорро инвентаризатсия намуда, нархи онро муайян мекунад.
Барои анҷом додани ин кор мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро бо пардохти музди меҳнаташон аз ҳисоби амволи қарздор ба кор ҷалб намояд, агар тартиби дигареро маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар накарда бошад.
Дар ҳолатҳое, ки агар амволи ба фурӯшмондаи қарздор дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ амволи ғайриманқул бошад, он гоҳ амволи номбаршуда то фурӯш, бо ҷалби нархгузорони мустақил нархгузорӣ карда мешавад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 76. Молу мулки озмунӣ
Ҳамаи амволи дар лаҳзаи кушодани истеҳсолоти озмунӣ мавҷудбуда ва дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ошкоршудаи қарздор молу мулки озмуниро ташкил медиҳад.
Аз амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил додааст, амволи аз муомилот баровардашуда, ҳуқуқҳои амволии ба шахсияти қарздор алоқамандбуда, аз ҷумла ҳуқуқҳои бо иҷозатнома (литсензия) машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият асосёфта, ҳамчунин амволи дигари дар ҳамин Қонун пешбинишуда бароварда мешаванд.
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медиҳад, мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад муҳосибон, аудиторҳо ва дигар мутахассисонро ҷалб намояд.
Моддаи 77. Амволи қарздор, ки ба молу мулки озмунӣ дохил карда намешавад
Ҳангоми дар таркиби амволи қарздор мавҷуд будани амволе, ки аз муомилот бароварда шудааст, мудири озмунӣ молики амволи номбаршударо дар ин бора огоҳ менамояд.
Молики амволи аз муомилот баровардашуда вазифадор аст, ки дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ин амволро қабул намояд ё онро ба шахси дигар вобаста кунад.
Дар ҳолати аз ҷониби молики амволи аз муомилот бароварда – шуда иҷро накардани вазифаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар муддати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ҳамаи хароҷоти нигоҳдории амволи аз муомилот баровардашуда ба зиммаи молики амволи номбаршуда гузошта мешавад.
Фонди манзилии таъиноти иҷтимоидошта, муассисаҳои бачагонаи томактабӣ ва иншоотҳои моликияти коммуналии барои минтақа ҳаётан зарурбуда бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии дахлдор бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин модда супорида шаванд. Вазифаҳо оиди нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти иншоотҳои номбаршуда ва истифодаи мақсадноки онҳо пас аз як моҳи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ гузошта мешаванд.
Иншоотҳои дар қисми чоруми ҳамин модда номбаршуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳолатҳои воқеияшон бидуни ҳеҷ гуна шартҳои иловагӣ супорида мешаванд. Манбаи маблағгузорӣ барои нигоҳдории иншоотҳои зерин буҷетҳои дахлдор мебошанд.
Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ барои иҷро накардани муқаррароти бандҳои чорум ва панҷуми ҳамин модда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистион ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 771. Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниход шудааст
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)
Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва дигар усули таъминот), аз молу мулки озмунӣ ҷудо карда мешавад ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
Кредитори таъминшуда ӯхдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона шуда, маблағҳои аз фурӯш боқимонда ба идоракунандаи озмун барои пардохт намудани талаботи дигари кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур равона мегарданд.
Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурухташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).
Моддаи 78. Навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)
Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он ба навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:
- дар навбати аввал - талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши таъминот бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
- дар навбати дуюм - пардохти кумакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
- дар навбати сеюм - пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- дар навбати чорум - ҳисобу китоб бо кредиторони дигар тибқи қонун.
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).
Моддаи 79. Фурӯши амволи қарздор
Баъди гузаронидани инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор мудири озмунӣ ба фурӯхтани амволи номбаршуда дар савдои озод шурӯъ мекунад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурӯши амволи қарздорро муқаррар накарда бошад.
Тартиб ва мӯҳлати фурӯши амволи қарздор бояд аз тарафи маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул дониста шавад.
Амволи қарздор, ки ба амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудшуда мансуб аст, танҳо дар савдои пӯшида фурӯхта мешавад.
Мудири озмунӣ метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо баромад намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба ташкилоти махсусгардонидашуда супорад. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки савдоро ба роҳ мемонад, наметавонад нисбати қарздор ё мудири озмунӣ шахси манфиатдор бошад.
Амволи қарздор, ки дар савдои аввал фурӯхта нашудааст, дар савдоҳои минбаъда гузошта мешавад ё аз тарафи мудири озмунӣ дар асоси шартномаи хариду фурӯш, ки бе гузаронидани савдо баста мешавад, фурӯхта мешавад.
Моддаи 80. Гузашт намудан аз ҳуқуқи талаби қарздор
Мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талабҳои қарздорро дар савдои озод гузорад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурӯши (гузашт намудани) талабҳои қарздорро муқаррар накарда бошад.
Фурӯши (гузашт намудани) ҳуқуқҳои талабҳои қарздор дар савдои озод бо риояи қоидаҳои дар моддаи 62 Қонуни мазкур пешбинигардида ба амал бароварда мешавад, агар қонунҳои дигар тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд ё аз моҳияти талабҳо тартиби дигаре барнаояд.
Моддаи 81. Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон
Ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мудири озмунӣ мутобиқи рӯйхати талабҳои кредиторон амалӣ менамояд.
Талабҳои кредиторон бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Талаби ҳар як навбат баъди комилан қонеъ гардидани талаби навбати пештара қонеъ гардонида мешавад.
Маблағҳои пулии қарздор ҳангоми нокифоя буданашон байни кредиторони навбати дахлдор мутаносибан ба ҳаҷми маблағҳои талабкардашуда, ки бояд қонеъ карда шаванд, тақсим карда мешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Талабҳои кредитороне, ки баъди бастани рӯйхати талабҳои кредиторон изҳор гардидаанд, аз ҷумла талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ, ки баъди кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ҳисоби амволи қарздор баъди қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони дар мӯҳлати муқарраршуда муроҷиаткарда қонеъ гардонида мешаванд.
Талабҳои кредиторони навбати якум ва дуюм, ки то анҷомдиҳии ҳисоббаробаркунӣ бо ҳамаи кредиторон, аз ҷумла баъди бастани рӯйхати талабҳои кредиторон изҳор шудаанд, воҷиби қонеъгардонӣ мебошанд. То комилан қонеъ гаштани талабҳои зикршуда, қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони навбати дахлдор боздошта мешавад. Бо ҳамин тартиб талабҳои кредиторони навбатҳои дигар, ки дар мӯҳлати муқарраршуда муроҷиат намудаанд, вале аз тарафи мудири озмунӣ онҳо эътироф нашудаанд ва нисбати онҳо ҳалномаи суд дар бораи қонеъ гардониданашон қувваи қонунӣ пайдо намудааст, қонеъ гардонида мешаванд.
Талабҳои кредитороне, ки бо сабаби нокифоягии амволи қарздор қонеъ нагардидаанд, пардохтшуда дониста мешаванд. Талабҳои кредитороне, ки мудири озмунӣ онҳоро эътироф накардааст ва кредитор оиди онҳо ба суд бо даъво муроҷиат накардааст, инчунин талабҳое, ки қонеъ гардонидани онҳо бо ҳалномаи суд рад карда шудааст, ҳамчунин пардохтшуда дониста мешаванд.
Мудири озмунӣ ба рӯйхати талабҳои кредиторон дар бораи пардохт шуданашон қайдҳо мегузорад.
Кредитороне, ки талабҳои онҳо дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ба таври пурра қонеъ гардонида нашудаанд, ҳуқуқи талабпешниҳодкунӣ ба шахсони сеюм, ки амволи қарздорро ғайриқонунӣ гирифтаанд, доранд. Баъди пӯшида шудани парвандаи муфлисшавӣ чунин талабро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан мумкин аст.
Моддаи 82. Назорат аз болои фаъолияти мудири озмунӣ
Мудири озмунӣ на кам аз як маротиба дар як моҳ ба кумитаи кредиторон ё маҷлиси кредиторон ҳисоботро дар бораи фаъолияти худ, иттилоотро дар бораи вазъи молиявии қарздор ва амволи вай то рӯзи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дигар иттилооти даркориро пешниҳод мекунад.
Мудири озмунӣ вазифадор аст бо талаби суд ҳама гуна маълумоти ба истеҳсолоти озмунӣ тааллуқдоштаро ба вай пешниҳод намояд.
Моддаи 83. Аз вазифа дур намудани мудири озмунӣ
Суд мудири озмуниро дар ҳолати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо илтимосномаи маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон аз вазифа дур намуда, мудири нави озмуниро таъин мекунад.
Моддаи 84. ҳисоботи мудири озмунӣ
Мудири озмунӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натиҷаҳои гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ ба суд ҳисобот диҳад.
Ба ҳисоботи мудири озмунӣ замимаҳои зерин илова мегарданд:
ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фурӯши амволи қарздор;
рӯйхати талабҳои кредиторон бо нишон додани ҳаҷми пардохтшудаи талабҳои кредиторон;
ҳуҷҷатҳое, ки пардохт шудани талабҳои кредиторонро тасдиқ менамоянд.
Моддаи 85. Амволи қарздор, ки пас аз пардохти талабҳои кредиторон боқӣ мондааст
Мудири озмунӣ дар бораи амволи қарздор, ки ба фурӯш пешниҳод шуда буд, вале дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ба фурӯш нарафтааст ва ҳангоми мавҷуд набудани муроҷиати молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ оиди ҳуқуқҳои амволиашон ба ин амвол ба мақомоти ваколатдори дахлдор хабар мерасонад.
Мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хабарномаи дахлдор амволи дар қисми якуми ҳамин модда зикргаштаро ба баланс ва хароҷоти нигоҳдории онро ба ӯҳда мегирад.
Моддаи 86. Ба итмомрасонии истеҳсолоти озмунӣ
Суд баъди баррасии ҳисоботи мудири озмунӣ оиди натиҷаҳои истеҳсолоти озмунӣ дар хусуси ба итмом расидани истеҳсолоти озмунӣ таъинот мебарорад.
Мудири озмунӣ бояд дар мӯҳлати 5 рўзи корӣ аз лаҳзаи баровардани таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ таъиноти зикргардидаро ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро анҷом медиҳад, пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)
Таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор асос мешавад.
Аз рӯзи дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор ваколатҳои мудири озмунӣ қатъ мегарданд, истеҳсолоти озмунӣ ба итмом расида ва қарздор барҳамхӯрда ҳисобида мешавад.
БОБИ VIII
СОЗИШНОМАИ МУСОЛИҲА
Моддаи 87. Муқаррароти умумӣ
Қарздор ва кредиторон дар ҳама марҳилаҳои баррасии парвандаи муфлисшавӣ ҳуқуқ доранд созишномаи мусолиҳа банданд.
Қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳаро аз номи кредиторони озмунӣ маҷлиси кредиторон қабул менамояд. Қарори маҷлиси кредиторон дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа бо аксарияти овозҳо аз миқдори умумии кредиторони озмунӣ қабул карда мешавад ва дар ҳолате қабулшуда ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории он ҳамаи кредитороне, ки ӯҳдадориҳояшон бо гаравмонии амволии қарздор таъминанд, овоз дода бошанд.
Қарори бастани созишномаи мусолиҳаро аз тарафи қарздор шаҳрванд – қарздор ё роҳбари қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ қабул менамоянд.
Дар созишномаи мусолиҳа иштироки шахсони сеюм, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дар созишномаи мусолиҳа пешбинишударо ба зимма мегиранд, иҷозат дода мешавад.
Созишномаи мусолиҳаро бояд суд тасдиқ намояд ва дар ин бора дар таъиноти судӣ оид ба қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ таъкид карда шавад. Агар созишномаи мусолиҳа дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ баста шавад, суд дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад.
Созишномаи мусолиҳа барои қарздор ва кредиторони озмунӣ, ҳамчунин шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа иштироккунанда аз рӯзи тасдиқи суд эътибор дорад ва барои қарздор, кредиторони озмунӣ ва шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа ширкаткунанда ҳатмӣ мебошад.
Саркашии яктарафа аз иҷрои созишномаи мусолиҳа, ки эътибор пайдо кардааст, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 88. Шакли созишномаи мусолиҳа
Созишномаи мусолиҳа дар шакли хаттӣ баста мешавад.
Аз тарафи қарздор созишномаи мусолиҳаро соҳибкори инфиродӣ – қарздор ё роҳбари қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ имзо мекунанд.
Аз номи кредиторон созишномаи мусолиҳаро шахси аз тарафи маҷлиси кредиторон ваколатдоршуда имзо мекунад.
Агар дар созишномаи мусолиҳа шахсони сеюм иштирок намоянд, созишномаи мусолиҳаро аз тарафи онҳо ҳамин шахсҳо ё намояндаи онҳо имзо мекунанд.
Моддаи 89. Мазмуни созишномаи мусолиҳа
Созишномаи мусолиҳа бояд муқарраротро дар бораи ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор ва (ё) дар бораи қатъи ӯҳдадориҳои қарздор бо роҳи гузашт намудан, азнавкунии ӯҳдадориҳо, бахшидани қарз ё роҳҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар бар гирад.
Созишномаи мусолиҳа метавонад шартҳои зеринро дар бар гирад:
дар бобати дароз ё кӯтоҳ намудани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор;
дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талабҳои қарздор;
дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахсони сеюм;
дар бораи кам кардани қарз;
дар бораи иваз намудани талабҳо ба саҳмияҳо;
дар бораи қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон бо дигар воситаҳое, ки ба қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
Шартҳои созишномаи мусолиҳа барои кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди масъалаи бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ва инчунин муқобили бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд, набояд аз шартҳои кредиторони озмунии ҳамон навбат, ки ба тарафдории бастани он овоз додаанд, бадтар бошад.
Моддаи 90. Шартҳои тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд
Қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ бояд дар давоми панҷ рӯз аз вақти бастани созишномаи мусолиҳа ба суд дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа ариза пешниҳод намоянд.
Ба ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа иловаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
матни созишномаи мусолиҳа;
протоколи маҷлиси кредиторон, ки оиди бастани созишномаи мусолиҳа қарор қабул намудааст;
рӯйхати ҳамаи кредиторони озмунӣ бо нишон додани суроғаҳои онҳо ва маблағи қарзҳояшон;
эътирози хаттии кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ё муқобили бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд.
Суд тарафҳои манфиатдорро оиди санаи баррасии ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа хабар медиҳад. Иштирок накардани шахсони хабардоршуда ба баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ намешавад.
Моддаи 91. Оқибати тасдиқи созишномаи мусолиҳа
Тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар ҷараёни мушоҳида ё идоракунии беруна барои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ асос мегардад.
Тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар ҷараёни идоракунии беруна барои қатъ намудани мораторияи қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон асос мешавад.
Дар ҳолате, ки созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ тасдиқ шудааст, ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ иҷро карда намешавад.
Аз лаҳзаи тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд ваколатҳои мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ ба охир мерасанд.
Мудири берунӣ, мудири озмунии қарздор – шахси ҳуқуқӣ вазифаи роҳбари қарздорро то лаҳзаи таъини (интихоби) роҳбари қарздор иҷро мекунад.
Аз рӯзи тасдиқи созишномаи мусолиҳа мувофиқан шаҳрванд – қарздор ё роҳбари қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ ба пардохти қарзҳои кредиторон шурӯъ мекунанд.
Моддаи 92. Аз тарафи суд рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа
Суд дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад тасдиқи созишномаи мусолиҳаро рад намояд:
вайрон кардани тартиби бастани созишномаи мусолиҳа, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст;
риоя накардани шаклҳои созишномаи мусолиҳа;
вайрон кардани ҳуқуқи шахсони сеюм;
мухолифати шартҳои созишномаи мусолиҳа ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад, ки аз болои он шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 93. Оқибатҳои рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа
Дар ҳолати баромадани таъиноти судӣ дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа созишномаи мусолиҳа бастанашуда ҳисоб карда мешавад.
Таъиноти баровардаи суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа барои бастани созишномаи мусолиҳаи нав монеъ шуда наметавонад.
Моддаи 94. Беъэтибор донистани созишномаи мусолиҳа
Дар чунин ҳолатҳо бо аризаи қарздор, кредитор ё прокурор суд метавонад созишномаи мусолиҳаро беъэтибор гардонад:
агар созишномаи мусолиҳа шартҳое дошта бошад, ки манфиати кредиторони алоҳидаро ҳимоя ё манфиатҳо ва ҳуқуқҳои қонунии кредиторони дигарро поймол намояд;
агар иҷрои созишномаи мусолиҳа қарздорро ба муфлисшавӣ расонад;
Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дигари беэътибор донистани аҳдҳо, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 95. Оқибатҳои беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа
Беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа барои аз нав шурӯъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ асос мегардад. Дар бораи аз нав шурӯъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ суд таъинот мебарорад, ки аз болои он шикоят кардан мумкин аст.
Дар ҳолати беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа талабҳои кредитороне, ки барои онҳо мӯҳлати пардохташон зиёд ё кам карда шуда буд, маблағи ҳақдорӣ ё маблағи камкардашудаи қарзҳои онҳо дар қисми қонеъ нагардидаашон барқарор карда мешаванд.
Дар қисмате, ки ҳамин модда танзим накардааст, оқибатҳои беэътибории аҳдҳо, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ карда мешавад.
Дар ҳолати беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа хабар оиди аз нав пеш бурдани парвандаи муфлисшавии қарздор аз тарафи суд дар воситаҳои ахбори умум аз ҳисоби қарздор нашр карда мешавад.
Моддаи 96. Бекоркунии созишномаи мусолиҳа
Бекор кардани созишномаи мусолиҳаи тасдиқнамудаи суд бо маслиҳати кредиторони алоҳида ва қарздор иҷозат дода намешавад.
Бо ҳалномаи суд бекор кардани созишномаи мусолиҳа нисбат ба кредитори алоҳида боиси қатъ гардидани созишномаи мусолиҳа нисбати кредиторони дигар намегардад.
Созишномаи мусолиҳаро бо ҳалномаи суд дар ҳолате бекор кардан мумкин аст, ки қарздор шартҳои созишро нисбати талаби на кам аз се як ҳиссаи кредиторон адо накарда бошад. Дар ин ҳолат оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 95 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 97. Оқибатҳои иҷро накардани созишномаи мусолиҳа
Дар ҳолати аз тарафи қарздор иҷро нагардидани созишномаи мусолиҳа кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро дар ҳаҷми пешбининамудаи созишномаи мусолиҳа пешниҳод намоянд.
Дар ҳолати оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ҳаҷми талабҳои кредитороне, ки нисбаташон созишномаи мусолиҳа имзо шуда буд, аз рӯи шартҳои муайяннамудаи созишномаи мусолиҳа муайян карда мешаванд.
Моддаи 98. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 99. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо”
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо” аз 10 марти соли 1992 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 8, мод. 116; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10. мод. 121) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 100. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 8 декабри соли 2003
№ 46
Пинҳон кардан