ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Парки технологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян менамояд ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ нигаронида шудааст.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- барнома ва лоиҳаи инноватсионӣ - маҳсули нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои ғояҳои нав буда, бо мақсади татбиқу рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияи муосир таҳия мегарданд;
- парки технологӣ - шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмӯи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд;
- бизнес-инкубатор - шахси ҳуқуқӣ, ки барои дастгирии субъектҳои хурди соҳибкорӣ дар марҳилаи ташакулли рушди онҳо бо роҳи пешниҳод намудани биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, хизматрасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, машваратӣ ва иттилоотӣ ташкил карда мешавад;
- инфрасохтори Парки технологӣ - маҷмӯи биноҳои идоравӣ, иншооти истеҳсолӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва иҷтимоии дар ҳудуди Парк ҷойгирбуда, ки аз он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода менамоянд;
- субъекти Парки технологӣ - шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба феҳристи субъектҳои Парки технологӣ дохил карда шудааст ва дар ҳудуди Парки технологӣ фаъолияти инноватсионӣ-технологиро ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010);
- феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) - пайдарпайии блокҳо бо маълумот оид ба амалиёте, ки дар низоми иттилоотии ғайримарказии тақсимшуда бо истифода аз усулҳои криптографии ҳифзи иттилоот дар асоси алгоритмҳои ба низоми мазкур воридшуда сохта шудаанд;
- тамғаи рақамӣ (токен) - сабт дар феҳристи блокҳои муомилот ва ё низоми дигари иттилоотии тақсимшуда, ки барои тасдиқи ҳуқуқи соҳиби тамғаи рақамӣ (токен) ба объектҳои ҳуқуқи маданӣ ва (ё) ҳамчун дороии рақамӣ истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010);
- натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти илмӣ - натиҷаи таҳқиқоти илмие, ки онро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан имконпазир аст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
Моддаи 3. Таъсис ва фаъолияти Парки технологӣ
1. Парки технологӣ (минбаъд - Парк) шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ (ба истиснои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)" (минбаъд - парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ) буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
2. Дар ҳудуди Парк ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои лоиҳакашию конструкторӣ, биноҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба мақсади истифода аз технологияи аълосифат ва амалӣ гардонидани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда мешаванд.
3. Парк метавонад аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳамкориро байни онҳо ба роҳ монад.
4. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, мусоидат ба ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ ва ҷалби шарикони рушд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Субъекти Парк, ки дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
5. Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
- Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010);
- Парки инноватсионию технологӣ;
- Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);
- Технополис;
- Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).
2. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз намудҳои парк мебошад, ки дар ҳудуди он таҳияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти барномавӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънабуда машғуланд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
3. Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо дар назар доштани хусусияти фаъолияти он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ шароитҳо барои ҷорӣ намудани технологияи феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва низоми дигаре, ки ба принсипҳои тақсимшуда, ғайримарказонидашуда ва бехатарии амалиётҳои бо истифодаи онҳо анҷомдодашаванда асос ёфтаанд, ба истиснои фаъолияти истихроҷ (майнинг)-и тамғаи рақамӣ (токен), фароҳам оварда мешаванд.
5. Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ метавонад ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ (ғайрирезидент)-ро барои ба даст овардан, соҳиб шудан, ихтиёрдорӣ намудан ва анҷом додани дигар амалиёти дахлдор бо тамғаи рақамӣ (токен) пешбинӣ намояд.
6. Амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор, бозори коғазҳои қиматнок, талабот оид ба иҷозатномадиҳии фаъолияти касбӣ ва биржавии коғазҳои қиматнок ва фаъолияти дигар, баҳисобгирии муҳосибӣ, талабот оид ба гирифтани иҷозати махсус (иҷозатнома) барои анҷом додани фаъолият оид ба ҳифзи техникӣ ва ё криптографии маълумот ё дигар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ оид ба ҳифзи маълумот, тасдиқи мутобиқат, гузаштани экспертизаи давлатии таҷҳизоти техникӣ ва криптографии ҳифзи маълумот, истифодаи шабакаҳои иттилоотӣ, низом ва захираҳои қисмати миллии шабакаи компютерии ҷаҳонии Интернет, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, бақайдгирии онҳо, инчунин меъёрҳои қонунгузории маданӣ нисбат ба субъектҳои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо дар назар доштани истисноҳои ҳатмӣ ва махсусияти истифодабарии феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва низоми дигари тақсимоти иттилоот бармеоянд ва дар Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ пешбинӣ карда шудаанд, амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010)
7. Парки инноватсионию технологӣ яке аз намудҳои Парк буда, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.
8. Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ) яке аз намудҳои Парк мебошад, ки илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда, метавонад бо як ё якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ё дар алоҳидагӣ барои рушди истеҳсолот фаъолият намояд. Дар муқоиса бо дигар намудҳои Парк, ба он бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои зиёди илмталаб кадрҳои баландихтисос ҷалб карда мешаванд.
9. Технополис - ҳудуде мебошад, ки дар он муассисаҳои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ё дар алоҳидагӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
10. Инкубатори технологӣ (бизнес-инкубатор) муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тиҷорати хурду миёна маблағгузорӣ гардида, барои ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2010).
Моддаи 5. Мақсадҳои таъсиси Парк
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
- ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;
- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;
- муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;
- ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;
- рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна;
- ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;
- ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ.
Моддаи 6. Вазифаҳои асосии Парк
Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад:
- ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;
- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;
- омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;
- такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.
Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Парк
Парк дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:
- ҷорӣ намудани технологияи аълосифат вобаста ба талаботи бозор;
- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои ҳамгироии илмҳои амалӣ ва истеҳсолот мусоидат менамоянд;
- фароҳам овардани шароит барои таҳия намудани махзани маълумот ҷиҳати пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- омӯзиши технологияҳои муосири илмталаби хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами лоиҳаҳои инноватсионии хориҷӣ ба хотири ҷалби технологияи нав ба истеҳсолот;
- фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори Парк ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- бо сифати баланд анҷом додани таҷриба, ташхис ва дигар корҳои илмию технологӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмини татбиқи онҳо;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва афзун гардонидани буҷети онҳо;
- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна;
- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;
- тайёр намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар барои фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи барномаҳои инноватсионию технологӣ;
- таълими мақсадноки мутахассисон барои татбиқи барнома оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.
Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии Парк
1. Парк бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Парк аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.
3. Парк бе маҳдуд намудани мӯҳлати фаъолияти он таъсис дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.
Моддаи 9. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Парк
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Парк тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 10. Назорати фаъолияти Парк
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти Паркро мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати масъалаҳои назорати фаъолияти Парк қарор қабул менамояд ва оид ба фаъолияти онҳо тавсияҳои методӣ пешниҳод мекунад.
Моддаи 11. Анҷом додани ташхис
1. Парк бо тартиби ихтиёрӣ дар доираи салоҳияти худ вобаста ба мувофиқати соҳаи илмию истеҳсолӣ ба технологияи инноватсионӣ ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро анҷом медиҳад.
2. Тартиби аз ҷониби Парк анҷом додани ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
Моддаи 12. Ҳамкории Парк бо дигар иштирокчиёни соҳаи илм ва технологияи инноватсионӣ
1. Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки таҳқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ мегузаронанд, ҳамкориро ба роҳ мемонад ё таҳқиқот ва ё лоиҳаи илмии онҳоро амалӣ мегардонад.
2. Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи барномаю лоиҳаҳои инноватсионӣ шартнома мебандад.
Моддаи 13. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Парк бо ташкилотҳои байналмилалии илмӣ, инноватсионӣ ва технологӣ ҳамкорӣ намуда, метавонад дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.
2. Ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба фаъолияти Парк мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Парк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, дарёфти грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ба институтҳои молиявии байналмилалӣ доир ба амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва ворид кардани технологияи аълосифат лоиҳаҳо пешниҳод менамояд.
Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
21 июли соли 2010 № 629
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Парки технологӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
8 июли соли 2010 № 59