ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ НАБОТОТ
Қонуни мазкур принсипҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами наботот таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин соҳаро муайян намуда, ба ҳифз ва барқарор кардани захираҳои олами наботот нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
растаниҳо (чун объектҳои олами наботот)-организмҳое, ки ба воситаи ҷанин, ҳосилаҳо, тухмиҳо ва қисмҳои вегетативи (аз ҷумла занбурӯғҳо, обсабзҳо, ушнаҳо, гулсангҳо, фарншаклҳо) афзуда, қобиланд ба тавассути нуру гармии офтоб, аз пайвастагиҳои ғайриорганики моддаҳои органикиро синтез намоянд;
объектҳои олами наботот ё захираҳои табиии наботот - ҳамаи намудҳои растаниҳои худрӯй: қисмҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии онҳо, аз ҷумла решаву тухмӣ, гул, алафзор, гиёҳҳои доруворӣ ва техникӣ, меваю ҳосили буттаҳои худрӯй, растаниҳои нодир ва таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, дарахтон, гурӯҳи дарахтон, буттаҳо, ниҳолҳои дарахтон ва буттаҳои найшакар, қамишзор, инчунин обсабзҳо, набототи ушнамонанд, занбуруғҳо, гулсангҳо ва ғайра мебошанд.
Объектҳои олами наботот тақсим мешаванд:
- аз рӯи таъинот: ба растаниҳои озуқавӣ, хӯроки чорво, доруворӣ ва техникӣ;
- аз рӯи паҳншавӣ: зиёдпаҳншуда, маҳдудан паҳншуда, нодир, таҳти хатари нестшави қарордошта:
олами наботот (растаниҳо)-гурӯҳи навъҳои табиии аз ҷиҳати таркиб, сохт, мавқеъ ва аҳамияташон гуногуни наботот ё гурӯҳи растаниҳо аст, ки ба таркиби гуногуни фитосеногенез (ҷараёни ташаккулу инкишофи растанӣ) ва замони пайдоиш муттаҳид гардида, замин ё ҳудудҳои алоҳидаи онро пӯшонда, ба миқдор ва вобасташавии гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо, масоҳат, сохт ва ҷараёни инкишофи онҳо, инчунин маҷмӯи шаклҳои фаъолияти организми растаниҳо муайян карда мешаванд;
гурӯҳи растаниҳо-маҷмӯи навъҳои растаниҳое мебошанд, ки дар ҳудуди якхела рӯида, намуди таркиби ва сохти онҳо ба муносибатҳои мураккаби байни ҳамдигар, бо ҳайвонот ва муҳити зист сахт вобастагӣ дорад;
гурӯҳ- маҷмӯи организмҳои дорои аломатҳои кории гуногун дар доираи ҳудуди якхела мебошад;
лимит - миқдори муқарраргардидаи ниҳоии гирифтани объектҳои олами наботот аз муҳити табиӣ, ки бо назардошти вайрон нашудани гуногунии биологи муайян карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
коллексияҳои ботаники - коллексияҳои зиндаи боғҳои ботаникӣ, паркҳои дендрологӣ, чаҳорбоғҳо, гармхонаҳо, ниҳолхонаҳо ва дигар манбаъҳои генетикии тухмиҳо, инчунин гербарийҳо ва дигар қисму маҳсулоти ҷамъовардаи растаниҳо.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 3. Принсипҳои муҳофизат, истифода ва барқарор кардани объектҳои олами наботот
Ҳангоми ба нақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот, инчунин чорабиниҳое, ки ба муҳити сабзиши онҳо ё ҳолати ин объектҳо таъсир мерасонанд, принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058):
- ҷуброни зараре, ки ба объектҳои олами наботот расидааст ва истифодаи ин маблағ барои барқарор намудани зарари расонидашуда;
- дар шароити табиӣ нигоҳ доштани гуногунии биологии растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ба вуҷуд овардаанд;
- муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ташкил медиҳанд;
- барқарор кардан ва нигоҳ доштани пуррагии навъҳои растаниҳои нодири таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯй эндеми (гурӯҳи набототи аз ҷиҳати паҳншавӣ маҳдуд), қадими ва дигар растаниҳо, ки ба муҳофизат эҳтиёҷ доранд;
- истифодаи илман асоснок за барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо;
- эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуҷуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркуни ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва рушди иқтисодиёт (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- муҳофизати объектҳои олами наботот аз сӯхтор, сел, равандҳои бодлеси (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;
- танзими паҳншави ва миқдори намудҳои растаниҳои худрӯй барои пешгирии зараре, ки ба табиати зинда, фаъолияти хоҷагидорӣ ва аҳолӣ мерасад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- истифодаи пулакии объектҳои олами наботот.
Моддаи 4. Истифодаи олами наботот
Олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон истифода бурда шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.
Моддаи 5. Ҳуқуқу вазифаҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
- ба мавзеи гурӯҳи растаниҳои моликияти давлатӣ, ба истиснои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда озодона равуо кунанд;
- объектҳои олами набототро истифода баранд;
- маҳсулоти олами набототро, ки дар ихтиёрашон аст ва тайёр (ҷамъовари) карда шудааст, инчунин даромади аз фурӯши онҳо ба даст омадаро аз рӯи салоҳияти худ истифода ва харҷ кунанд;
- ҷуброни зараре (аз ҷумла фоидаи аз даст рафтае)- ро, ки дар натаҷаи поймол кардани ҳуқуқи истифодабарандагон расонда шудааст, талаб намоянд;
- дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба мелиоратсияи заминҳое, ки бо объектҳои олами наботот ҳамҳудуд ҳастанд, иштирок кунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд:
- талаботро оид ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намоянд;
- ба бадшавии муҳити нашъунамои объектҳои олами наботот, ба нобудшавӣ ва осеб расонидан ба растаниҳои худрӯй, ифлос кардани маҳалли нашъунамои онҳо, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор роҳ надиҳанд, ҳангоми ҷамъоварӣ ва тайёр кардани ашёи хоми растаниҳои худрӯй технологияи муҳофизати табиатро риоя кунанд;
- пуррагии гурӯҳи растаниҳои табииро вайрон накунанд, барои нигоҳ доштани гуногунии намудҳои онҳо, афзоиши маҳсулнокии марғзорҳо (дарахтзорҳо), тухмию меваҳо ва дигар маҳсулот мусоидат намоянд:
- ба мақомоти ваколатдоре, ки кадастр ва мониторинги объектҳои олами набототро ба роҳ монда, ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот назорат мебаранд. ёрии ҳамаҷониба расонанд;
- дар бобати мубориза бо намудҳои карантиншавандаи наботот, растаниҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растаниҳои худрӯй, оид ба пешгирии бодлесии (эрозияи) хок, ботлоқшавӣ, обзеркунӣ, шӯршавӣ, ифлосшавӣ, пастравии ҳосилнокии замин ва дигар омилҳо кор баранд;
- ҳаққи истифодаи захираҳои табиии растаниҳоро саривақт пардохт намоянд:
- ба бадшавии ҳолати дигари захираҳои табиӣ роҳ надиҳанд;
- ҳуқуқи иҷоракорон, дигар истифодабарандагон, инчунин истифодабарандагони ҳамсояи объектҳои олами набототро поймол накунанд;
- дигар талаботи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами набототро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намоянд.
Моддаи 6. Пардохти истифодаи объектҳои олами наботот
Истифодаи объектҳои олами наботот (ба ғайр аз намудҳои истифода, ки дар сархатҳои якум, дуюм, чорум ва шашуми моддаи 13 ҳамин Қонун нишон дода шудааст) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Андозаи пардохти музд вобаста ба намуд, мақсад ва ҳаҷми истифодаи объектҳои олами наботот бо назардошти маҳалли ҷойгиршави, маҳсулнокии биологии ҳудуд ва дигар омилҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.
Тартиби ҳисобкуни ва ҳаҷми меъёрҳои пардохти муздро барои истифодаи объектҳои олами наботот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот, муҳити нашъунамои онҳо ва ҷуброни зарари расонидашуда озод намекунад.
Маблағи пардохти истифодаи объектҳои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани объектҳои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва мониторинги олами наботот харҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 353).
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ‚ ДАР СОҲАИ МУҲОФИЗАТ, ИСТИФОДА ВА БАРҚАРОРКУНИИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот инҳо мансубанд:
- таҳия ва якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро намудани барномаҳои давлатӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардондани маҳсулнокӣ, устувории объектҳои олами наботот дар маҷмӯъ бо дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифодаи оқилона ва
барқароркунии объектҳои олами наботот, маблағгузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи мазкур;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот;
- тасдиқи тартиби бурдани кадастр ва мониторинги ҳолати олами набототи ҷумҳурӣ;
- муқаррар намудани системаи чорабиниҳо оид ба истифода ва нигоҳубини оқилонаи марғзорҳо барои минтақаҳои табиии ҷуғрофӣ;
- муқаррар намудани тартиби гузаронидани назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами наботот;
- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот (минбаъд мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:
- амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот, муайян кардани андозаю меъёрҳои истифодаи захираҳои наботот;
- назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- таҳияи Низомномаи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои манфиатдор;
- таҳия ва тасдиқи стандартҳо, қоида ва меъёрҳо дар соҳаи муҳофизат, истифода ва аз нав барқароркунии минтақаҳои олами наботот;
- пешниҳоди таклиф оид ба ворид намудани объектҳои олами наботот ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
Моддаи 9. Мақсад ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои олами наботот
Таъмини риояи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар чораҳое, ки барои нигоҳдории муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи ташкилкунандаи онҳо, истифодаи оқилона ва муҳофизати онҳо аз таъсири манфии антропогенӣ барои зиёд кардани қобилияти барқароршавӣ, маҳсулнокӣ ва устувории онҳо мақсади асосӣ ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои олами наботот мебошад.
Муҳофизати гурӯҳи табиии растаниҳо бояд дар асоси муносибати комплексӣ ба онҳо, чун ба ташаккули мураккаби системаҳои экологӣ сурат гирад.
Моддаи 10. Талаботи асосии муҳофизати объектҳои олами наботот
Истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади муҳофизати ин объектҳо бояд талаботи зеринро иҷро намоянд:
- муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи онҳо;
- истифодаи оқилонаи ҳудудҳое, ки гурӯҳи растаниҳои табииро фаро гирифтаанд;
- муҳофизати объектҳои ба онҳо вобасташуда аз истифодаи худсарона ва дигар қонуншиканиҳо;
- ҳимояи объектҳои марғзори ба онҳо вобасташуда аз таъсири антропогенӣ;
- пешгири намудани вайронкунии қоидаҳою меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- пешгирии пайдоиш ва барҳам додани сӯхторҳо дар гурӯҳи растаниҳо;
- аз нобудшавӣ пешгирӣ кардани объектҳои марғзорҳо ҳангоми амалӣ гаштани ҷараёни истеҳсолот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт;
- барқарор кардан, баланд бардоштани устуворӣ ва маҳсулнокии объектҳои олами наботот;
- риояи низоми муҳофизати намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндеми, қадима ва зери хатари нестшави қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
- муҳофизати растаниҳои худрӯй ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо дар ҳолати таҳдид кардани хатари нобудшави ҳангоми офатҳои табий ва дигар сабабҳо;
- муҳофизати хоки дорои растаниҳои нашъунамокунанда аз бодлесӣ (эрозия), сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, шӯршавӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, ифлосшавӣ аз партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ҷоришавии об, моддаҳои химиявию радиоактивӣ ва дигар омилҳои харобшавӣ;
- муваққатан боздоштани (консерватсия кардан) кори объектҳои харобшудаи олами наботот, агар бо тарзи дигар онҳоро барқарор кардан ва маҳсулнокиашонро зиёд кардан аз имкон берун бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- гузарондани тадқиқотҳои илми барои асоснок намудани чораҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот ва мусоидат намудан барои гузарондани ин тадқиқотҳо.
Мақомоти ваколатдор дар доираи барномаҳои дахлдор барои муҳофизати объектҳои олами наботот чораҳои зарурӣ меандешад.
Муҳофизати объектҳои олами наботот бо роҳҳои зерин таъмин карда мешаванд:
- муқаррар кардани қоидаҳо ва меъёрҳои муҳофизату истифодаи объектҳои олами наботот;
- муқаррар кардани маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот;
- бо тартиби муқарраршуда ташкил кардани мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо, ҷудо кардани дигар ҳудудҳо ва объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- муқаррар намудани низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нестшави қарордошта;
- ташкили тадқиқотҳои илмӣ барои таъмини чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- бақайдгирии дарахтон ва буттазорҳои сарсабз;
- тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати эҳтиёткорона, ғамхорона ва сарфакорона ба объектҳои олами наботот, тарғибот тавассути воситаҳои ахбори умум дар бораи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи онҳо;
- гузаронидани мониторинг ва назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи марғзорҳо.
Чораҳоро ҷиҳати муҳофизати объектҳои олами наботот мақомоти ваколатдор, инчунин мақомоти идоракунии хоҷагӣ, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ихтиёри онҳо қарор доранд ва объектҳои олами набототро истифода мебаранд, аз ҷумла иҷоракорон, дар асоси барномаҳои давлатӣ, инчунин меъёру қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот амали мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 11. Муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ, пешгирии нобудшавии онҳо дар ҷараёни истеҳсолот
Ҳама гуна фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати онҳо амалӣ гардонда шавад.
Ба намудҳои фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонанд, инҳо шомиланд: ҷойгиркунонии объектҳои хоҷагидорӣ ва иншоотҳо, сохтмони шоҳроҳҳои нақлиёт, маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла иҷрои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, ҷудо кардани чарогоҳ ва гузаронидани чорво, таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, мелиоратсияи замин, ҷойҳои истифодаи ҷангал ва об, ба муомилоти хоҷаги додани заминҳои нав. Ҳангоми ҷойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин бояд чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот низ пешбинӣ ва амалӣ гардонида, дахлнопазирии қитъаҳое, ки ба сифати муҳити сабзиши растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои нодир аз ҷиҳати илми арзиши махсус доранд, таъмин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Ба истифода додани объектҳо ва татбиқи технологияе, ки чораҳои ҳимояи олами набототро бинобар тағйир ёфтани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳҳои табиӣ таъмин намекунад, манъ аст.
Маҳалли ҷойгиркунонӣ, лоиҳакаши, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо, тағйир ёфтани равандҳои технологӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот ва молҳо дар корхонаҳои амалкунанда, системаи тозакунии партовҳо, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот бинобар вайрон шудани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдор бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.
Ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда, иншоотҳо ва дигар объектҳо, ҷори намудани технологияҳои нав ва амали гардондан ё тағйир додани технологияҳои коркунанда ё иҷрои дигар корҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, истифодаи воситаҳои нақлиёт, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирии нобудшавӣ ва расонидани зарари дигар ба объектҳои олами наботот чораҳо андешанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд бо партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафтӣ ва кимиёвӣ ба ифлосшавии ҳудудҳое, ки растаниҳо ишғол кардаанд, роҳ надиҳанд. Рехтани хокрубаҳо, партовҳои маишӣ ва истеҳсоли берун аз ҷойҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба ин мақсад ҷудо карда шудаанд, манъ аст.
Дар гурӯҳҳои растаниҳои табиӣ сӯзонидани растаниҳои хушк манъ аст.
То оғози сохтмон дар ҳудудҳое, ки барои сохтмон, обпуркунӣ ё роҳи нақлиёт ҷудо карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида бояд растаниҳои аз ҷиҳати хоҷаги пурқимати худрӯй ҷамъовари карда шаванд, растаниҳои нодире, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, дар сурати имконнопазир будани нигоҳдории ҷои нашъунамои онҳо бояд ба ҳудуди дигар, ки мақомоти ваколатдор муайян менамоянд, кӯчонида шаванд.
Ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва ангезандаҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ, дигар воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ба кор бурда мешаванд, талаботи муҳофизати растаниҳои худрӯй, гурӯҳи растаниҳое, ки онҳо ташкил мекунанд ва муҳити нашъунамои онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари онҳо ба олами наботот ва муҳити зист бояд бо чорабиниҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва дигар чорабиниҳо якҷоя сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Ҳангоми тайёр намудан ва аз хориҷа харидори кардани воситаҳои нави кимиёвӣ ва биологӣ бояд меъёрҳои ҳадди ниҳоии ғуншавии онҳо дар муҳити зист, ки муҳофизати растаниҳои худрӯй, гурӯҳи ташкилдодаи онҳо ва муҳити нашъунамои онҳоро таъмин менамоянд, таҳия карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Ба манфиати муҳофизати объектҳои олами наботот мумкин аст ба истифодабарандагони онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории дахлдор вогузор карда шавад.
Моддаи 12. Муҳофизати растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти хатари нестшави қарордошта ва гурӯҳҳои табиии растаниҳо
Растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти хатари нестшави қарордошта ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба таври махсус муҳофизат карда мешаванд.
Ба амалҳое, ки боиси нобудшавӣ, коҳиши захираҳо ё вайрон шудани муҳити нашъунамои намудҳои растаниҳои нодир, зери хатари нестшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои онҳо мегардад, роҳ дода намешавад.
Барои ҳифз кардани намудҳои растаниҳое, ки барқароркунии онҳо дар шароити табиӣ душвор аст, бо қарори мақомоти ваколатдор барои дар шароити дигар барқарор кардани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 13. Намудҳои истифодаи объектҳои олами наботот
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузори ба истифодаи намудҳои зерини объектҳои олами наботот роҳ дода мешавад:
- тайёр кардани хӯрок барои эҳтиёҷоти чорводорӣ;
- истифодаи объектҳои олами наботот барои чаронидани чорво, занбури асалпарварӣ ва пиллапарварӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- ҷамъовари ва тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва ғизоии гиёҳҳои худрӯй;
- истифодаи олами наботот барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои ҷангал, шикор ва моҳидорӣ;
- истифодаи хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати хок, ба вуҷуд овардани қабати хосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои он;
- истифодаи олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи табиат, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ;
- истифодаи олами наботот ба мақсадҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 14. Тартиби истифодаи объектҳои олами наботот
Объектҳои олами наботот бояд дар маҷмӯъ бо системаи чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо, нигоҳдории муҳити нашъунамои онҳо ва риояи қоидаҳо, мӯҳлатҳо, лимит ва меъёрҳои муқарраргардида мавриди истифода қарор гиранд.
Истифодабарандагони замин ҳамзамон истифодабарандагони объектҳои олами набототе мебошанд, ки дар заминҳои ба онҳо вобасташуда мерӯянд.
Феҳристи намуди растаниҳои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин феҳристи намуди растаниҳоро, ки аз муҳити табиӣ гирифтани онҳо манъ аст ё бо мақсади муҳофизат ва барқароркунии онҳо маҳдуд карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Тартиби истифодаи ин намудҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар мекунанд.
Истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами наботот дар асоси иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Иҷозатномадиҳӣ ва додани иҷозат барои истифодаи объектҳои олами наботот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад. (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 15. Истифодаи объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, занбуриасалпарварӣ ва дигар мақсадҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, пиллапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва мақсадҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои махсуси барои ин мақсадҳо ҷудогардида ва (ё) дар қитъаҳои ба мақсадҳои дигар таъиншуда метавонанд мавриди истифода қарор дода шаванд. (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодабарандагони алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо мебошанд, вазифадоранд мутобиқи Қонуни мазкур талаботро оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва афзун гардондани маҳсулнокии онҳо риоя намоянд.
Моддаи 16. Тайёркунӣ, ҷамъоварӣ, коркард, қабул ва фурӯши ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва хӯроквории растаниҳои худрӯй ва маҳсулоти онҳо
Шахсони воқеӣ (ҷудогона ё якҷоя) метавонанд дар тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯй ва маҳсулот барои хӯрокворӣ, аз рӯи шартномаҳо бо истифодабарандагонн асосии объектҳои олами наботот иштирок намоянд.
Тайёркунӣ ва ҷамъоварии ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯй дар ҷойҳои табиии наботот, ки он метавонад ба олами наботот ё ҳайвонот, инчунин ба саломатии аҳолӣ зарар расонад, мумкин аст бо тартиби муқарраргардида манъ ё маҳдуд карда шавад.
Моддаи 17. Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳати ва сайёҳӣ, солимгардони ва истифодаи хусусиятҳои муҳитофарии объектҳои олами наботот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, солимгардонӣ (тавассути шаклҳои гуногуни таҳқиқ, ченкуни, суратгирӣ ва ғайра) бо ҷамъоварӣ кардан ва накардани растанихои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо аз муҳити табиӣ дар сурате роҳ дода мешавад, ки агар он ба олами наботот зарар нарасонад ва ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои олами набототро поймол накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Барои ташкили истироҳати оммавии аҳолӣ ва дигар мақсадҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, инчунин солимгардонӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодабарандагони доимии объектҳои олами наботот, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бо мувофиқаи онҳо оид ба ободони ва хизматрасонии фарҳангию маишӣ ба аҳолӣ бо назардошти зарурати нигоҳ доштани манзараҳои табиӣ, муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй бо риояи тарҳи меъмории паркҳои табиии миллӣ, истироҳатгоҳҳо, дигар минтақаҳои истироҳатӣ ва туристӣ, солимгардонӣ, наздишаҳрӣ ва талаботи санитарӣ чорабиниҳо мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 353, аз 20.06.2024,
№ 2058).
Истифодаи хусусиятҳои объектҳои олами наботот оид ба муҳофизати хок, ба вуҷуд овардани қабати ҳосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои муҳитофарӣ, мубориза барои пешгирии тармафуроӣ, эрозияи замин, шустабарии соҳилҳо, ҳангоми рекултиватсияи замин, амалӣ гардондани дигар корҳои мелиоративӣ, бидуни аз муҳити табиӣ ҷамъовари кардани растаниҳои худрӯй дар ҳама ҷо роҳ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Истифодаи хусусиятҳои муайяншудаи объектҳои олами наботот бо роҳи аз муҳити табиӣ ҷамъовари кардани растаниҳои худрӯй (тавассути тайёр кардани мева, тухмӣ, узвҳои зеризаминии онҳо ва ғайра) бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 18. Коллексияҳои ботаникӣ
Тартиб додан ва пурра гардондани коллексияҳои ботаникӣ бо роҳи аз муҳити табиӣ ҷамъоварӣ кардани растаниҳои худрӯй аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати риояи талаботи ҳамин Қонун бо тартибе, ки мақомоти ваколатдор муқаррар кардааст, иҷозат дода мешавад.
Коллексияҳои ботаникӣ, ки арзиши илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё эстетикӣ доранд, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибони чунин коллексияҳо мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳдорӣ, ба ҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникиро риоя намоянд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникӣ, инчунин хариду фурӯш, фиристодан ва ба берун аз марзи ҷумҳурӣ баровардани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 19. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ ва таърихию фарҳангӣ
Объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, истироҳатӣ, солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.
Ба истифода ё иҷораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо хилофи таъиноти мақсад ва низоми муқарраргардида мебошад, додани объектҳои олами наботот, ки дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ ва таърихию фарҳангӣ воқеъ гаштаанд, манъ аст.
Моддаи 20. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои захиравӣ
Объектҳои олами наботот дар заминҳои захирави мумкин аст ба истифода, иҷора ва дигар намудҳои истифодаи муваққати пеш аз ҳама барои мақсадҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.
Моддаи 21. Истифодаи оқилона чун асоси сермаҳсулӣ ва нигоҳдории объектҳои олами наботот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Барои таъмини истифодабарии устувор ва мунтазами объектҳои олами наботот, ки ба захираҳои табиии барқароршаванда мансубанд, чунин шароитҳо муҳайё карда мешаванд:
- объектҳои олами наботот дар ҳар маврид бо назардошти имкониятҳои экологию биологии растаниҳо, ки сабзиши мӯътадили минбаъда ва қобилияти барқароршавии онҳоро халалдор намесозад, ҷамъовари карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058);
- объектҳои олами наботот, ки дар натиҷаи истифодаи нодуруст ё таъсири офатҳои табиӣ осеб дидаанд ва маҳсулнокиашон паст шудааст, тавассути реҷаи муносиби истифодабарӣ ва нигоҳубин барқарор карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 22. Муқаррар намудани манъкунӣ ва маҳдудиятҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот истифодаи намудҳои алоҳидаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд ё муваққатан боздошта шавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Манъкунӣ ва маҳдудиятҳои истифодаи объектҳои олами наботот ҳам бо роҳи танзими фаъолият дар ҳудуди аз ҷиҳати хоҷагидори истифодашаванда, ҳам бо роҳи пурра ё қисман хориҷ намудани ҳудуди муайян аз истифодаи хоҷагидорӣ (ташкил кардани мамнуъгоҳҳо, қитъаҳои мамнуъгоҳҳо дар парки табиии миллӣ, парваришгоҳҳо, эълон кардани ёдгориҳои табиӣ, ҷудо кардани дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) метавонанд муқаррар гарданд.
Мақомоти ваколатдор бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот, метавонад аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ ва тайёр кардани намудҳои алоҳидаи растаниҳои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳоро дар намуди истеҳсоли ва коркарди нав ба мӯҳлати муайян манъ ё маҳдуд кунад.
Моддаи 23. Қать гардидани ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот ва аз истифодабари гирифтани объектҳои олами наботот
Ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот мумкин аст дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад:
- аз истифодабарӣ гирифтани замин;
- ихтиёрӣ даст кашидан аз истифодабарии объектҳои олами наботот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058):
- ба охир расидани мӯҳлати муқарраркардаи истифода;
- аз байн рафтани зарурати истифодабарии объектҳои олами наботот;
- қатъ шудани фаъолияти субъектҳои истифодабаранда;
- мунтазам иҷро накардани қоидаю меъёрҳо ва дигар талаботи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
- мунтазам дар мӯҳлатҳои муқаррар гардида напардохтани ҳаққи истифодабарии захираҳои табиии растаниҳо, вайрон кардани шартҳои шартномаи иҷораи онҳо;
- риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезандаҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои дигари кимиёвӣ ва биологӣ, ки ба олами наботот зарар мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 353, аз 20.06.2024,
№ 2058);
- риоя накардани қоидаҳои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан ва ба хориҷ фиристодани коллексияҳои ботаникӣ (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 353);
- амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудҳои набототе, ки ба онҳо хатари нобуд шудан таҳдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008
№ 353);
- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот ё як қисми онҳоро мақомоте, ки қитъаи заминро ба истифода додааст ё мақомоти ваколатдор қатъ мекунанд.
Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Моддаи 24. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади гузарондани чорабиниҳои иловагӣ оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои мазкур ба роҳ монда мешавад.
Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот аз ҳисоби манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 25. Карантини молҳои аз растаниҳо ҳосилшуда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058)
Тавассути сарҳади давлатӣ воридот, содирот ва интиқол додани молҳои аз растаниҳо ҳосилшуда, ки таҳти реҷаи карантинӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Кӯчондан, ба иқлим мутобиқ намудан ва пайванд кардани растаниҳо
Ба ҷойҳои нави нашъунамо кӯчонидани растаниҳо, мутобиқ намудани навъҳои нави растаниҳо, чорабиниҳо оид ба пайвандкунии растаниҳои худрӯй дар шароити табиӣ бо мақсадҳои илмию тадқиқотӣ ва хоҷагӣ дар асоси хулосаҳои ташкилотҳои дахлдори илмӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба карантини растаниҳо дар ҷумҳурӣ ва бо қарори мақомоти ваколатдор иҷозат дода мешавад.
Қоидаҳои кӯчондан, ба иқлим мутобиқ ва пайванд кардани растаниҳоро мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд.
БОБИ 4. ПЕШБУРДИ КАДАСТР ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
Моддаи 27. Мониторинги ҳолати олами наботот
Мониторинги олами наботот маҷмӯи таҳқиқҳои ҳолати объектҳои олами наботот барои саривақт ошкор сохтани тағйирот, арзёбии онҳо, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои равандҳои манфӣ дар объектҳои олами наботот мебошад.
Моддаи 28. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот
Кадастри давлатии объектҳои олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи низоми ҳуқуқии объектҳои олами наботот, тақсими онҳо аз рӯи гурӯҳҳои истифодабарандагон, ҷойгиршавии ҷуғрофи ва маъмурию ҳудудӣ, майдонҳо, захираҳо, тавсифи миқдорӣ ва сифатӣ, арзишмандӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва илм, арзёбии иқтисодии захираҳои табиии растаниҳои техникӣ, хӯроки чорво, доруворӣ, ғизоӣ ва дигар захираҳои табиии растаниҳо, истифодаи онҳо дар миқёси ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки барои таъмини муҳофизати самаранок, истифодаи оқилона ва барқароркунӣ заруранд, дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Пешбурди кадастри давлатии объектҳои олами наботот бо гузаронидани таҳқиқи топографию геодезӣ, геоботаникӣ, заминсозию ҷангалсозӣ ва дигар таҳқиқҳо, бақайдгирӣ ва арзёбии ҳолати истифодаи объектҳои олами наботот таъмин карда мешавад.
Кадастри давлатии объектҳои олами наботот аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз рӯи тартиби ягона, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ бурда мешавад.
Истифодабарандагони объектҳои олами наботот, муассисаҳои давлатии илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ашёи хоми худрӯйи набототро ҷамъоварӣ мекунанд, ӯҳдадоранд ба мақомоти ваколатдор, ки кадастри давлатии объектҳои олами набототро мебаранд, маълумоти худро дар бораи паҳншавӣ, майдонҳо, захираҳо, ҳосилнокӣ, арзёбии миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои табиии растаниҳо, муҳофизат ва истифодаи онҳо пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 29. Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот
Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот аз таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами наботот иборат мебошад.
Назорати давлатии объектҳои олами набототро мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот
Баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулки аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,
№ 2058).
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
17 майи соли 2004 № 31
Пинҳон кардан