Қ
ОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти љайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқи амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хўроки умуми, хариди маҳсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабиниҳои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқони (фермери), хоҷагиҳои шахси, афзоиши захираҳои хўроквори ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасони ба аҳоли фаъолона мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иҷтимоӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Системаи кооператсияи матлуботро ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эҷоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иҷтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоят анҷуманҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Мақоми олии роҳбарикунанда ҷамъияти матлубот маҷлиси умумии саҳмдорон, (маҷлиси намояндаҳо) мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Анҷуманҳою конференсияҳо Шўроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анҷуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иҷро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо), конференсия ва анҷуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рўи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои ҷамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон - Иттифоқи Тоҷикматлуботро ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Ба ҳайати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар ҷамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348):
- манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;
- стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;
- бо максади татбиқи барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблаљгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;
- иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;
- бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;
- барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ, пардохти музди меҳнат, таъсис ва истифодаи фондҳо, ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;
- назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад, фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кўмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кўмакҳои дигар мерасонад;
- дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;
- омўзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;
- омўзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
БОБИ II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995
№ 126, аз 02.12.2002
№ 73).
2. Давлат ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:
-барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;
ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;
бо истифодаи асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ баромад кунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73);
бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348);
дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис додани бозорҳо, фурўшгоҳҳо, ва иншоотҳои дигари савдо ва хўроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
3. Ба маҳдудиятҳо дар ҷудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани ҳаҷми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот ҷалб мегарданд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
4. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
5. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии ҷамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот ҷазои интизомӣ дода шавад.
Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар кори тараққии комплексии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, ки Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ширкат меварзанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995
№ 126, аз 02.12.2002
№ 73).
Мақомоти давлати ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоҷаги, молияви ва дигар фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба љайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маҷлисҳои вакилони халқ ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995
№ 126, аз 02.12.2002
№ 73).
2. Давлат барои ўҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои ўҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиҷаи дахолати љайриқонуниашон ба фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348);
ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348);
дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;
дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд. Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348);
аз рўи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348);
ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро, ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
БОБИ III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 10. Моликияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо
1. Моликияти кооператсияи матлубот аз моликияти ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқи ҷумҳуриявии онҳо бо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
2. Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
3. Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблаљҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995
№ 126, аз 02.12.2002
№ 73).
Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоҷагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар ҷамъиятҳои (ширкатҳои) хоҷагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси таљйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқи онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
БОБИ IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иҷтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фурўши он, ҳамчунин хизматрасониро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоҷагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассоциацияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои ҷамъиятию хоҷагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якҷоя бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995
№ 126, аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
Бо қарори маҷлисҳои умумӣ (маҷлисҳои намояндагон) ҷамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва ҷамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурўши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоҷ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ
1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, истеҳсоли молҳои хўрокворӣ ва љайрихўрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеҷ як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмарка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди захираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар савдои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузори, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳисоббаробаркунӣ
1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиҷаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст ташкил мегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
2. Раёсати ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақилона ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурўшанд ва кору хизматҳои онҳоро иҷро менамоянд, муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
3. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буҷети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни ҷории ҷумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
4. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иҷрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоҷагии кооперативӣ ташкил намоянд. Ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ўҳдадориҳои пулии ҷамъиятҳои матлубот дар назди буҷет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоҷагии кооператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Моддаи 16. Фаъолияти амонатгузорӣ ва суљурта
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метавонанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблаљҳои ҷалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иҷро шудани ўҳдадориҳоро кафолат медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
2. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иҷозатномаҳои мақомоти давлатӣ суљуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суљуртаро ривоҷ диҳанд ҷамъиятҳои кооперативии суљурта таъсис кунанд, шароити суљуртапулиро муайян созанд.
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот, корхонаҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суљуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суљурта намоянд.
3. Ба мақсади сафарбар намудани маблаљҳои озоде, ки аъзои ҷамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рўи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
Моддаи 17. Дастгирии иҷтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуљли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷойҳои кор, васеъ намудани шабакаи корхонаҳои хурд, татбиқи реҷаи ўҳдабароёнаи меҳнат, омўзиш ва бозомўзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои ҷамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахасисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кўтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.
Сохтори омўзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, хаҷми омўзиш дар муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008
№ 348).
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми ҷо ба ҷо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоҷагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
БОБИ V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 18. Алоқаҳои байналмилалии кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348)
Иттифоқи Тоҷикматлубот кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мустақилона намояндагӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73, аз 05.01.2008
№ 348).
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷии кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои тиҷоратӣ дар шакли асъори хориҷӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблаљҳои асъории аз фурўши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблаљҳои худӣ истифода мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
Маблаљҳо дар шакли асъори хориҷӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воҷиби ситондан намебошанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002
№ 73).
2. Ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориҷӣ фурўшанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе,
аз 13 марти соли 1992, № 583
ҚАРОРИ ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз лаҳзаи чоп шуданаш амалӣ гардонда шавад.
2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои нормативии идоравиро бо Қонун "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқ кунонанд.
Раиси
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Кенҷаев
13 марти соли 1992, шаҳри Душанбе № 584
Пинҳон кардан