ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №11, мод. 893; с. 2017, №3-4, мод. 196, №6, қ. 1, мод. 468, №7-8, мод. 566; Қонуни ҶТ аз 09.10.2017 с., №1468; аз 05.12.2017 с., №1470)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 19568614 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 14704100 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ - 13202026 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 1135674 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 366400 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
бо ҷалби захираҳои молиявии
берунӣ - 3492486 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 1707527 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1784959 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои
буҷетӣ - 1372028 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ба маблағи 19863163 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва идоракунии
давлатӣ - 1121235 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 3581017 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1440782 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоӣ - 3249339 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ - 822111 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи
муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 702861 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию
энергетикӣ - 3323512 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ
ва шикор - 583400 ҳазор сомонӣ;
- саноат ва сохтмон - 137098 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 1399626 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва
хизматрасонӣ - 39627 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 1977525 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 294549 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зерин муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи
моликияти давлатӣ - 25300 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои
хазинадорӣ - 95000 ҳазор сомонӣ;
- иҷрои барзиёдии нақшаи даромади
буҷетҳои маҳаллӣ - 10321 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби фоизи депозитҳои буҷети
ҷумҳуриявӣ, қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои
байналмилалии молиявӣ - 163928 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1090276 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 539310 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ 550966 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 221293 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 122283 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2017, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 59010 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40000 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2017 аз рӯи даромад ба маблағи 8649887 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 8934115 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 284228 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2017 воридоти даромад аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 8649887 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 4560016 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 378700 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯш - 19439 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои
табиӣ - 135500 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 225283 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 763930 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ - 800796 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард - 347209 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари
ғайриандозӣ - 1052614 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалии
молиявӣ - 366400 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2017 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ
ва идоракунӣ - 744265 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 192629 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозию
буҷетӣ - 108274 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати
берунӣ - 241713 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 201649 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 662978 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 156824 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ - 418687 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
маориф - 87467 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 242417 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 137390 ҳазор сомонӣ;
- марказҳои саломатӣ - 4754 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 27269 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи
тандурустӣ - 73004 ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи
иҷтимоӣ - 477795 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 315325 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 43537 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 118933 ҳазор сомонӣ.
Фарҳанг ва варзиш - 285272 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ
ва варзиш - 4394 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию
маърифатӣ - 60583 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 107411 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг
ва варзиш - 112884 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ,
муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 70095 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 1776658 ҳазор сомонӣ.
Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 168275 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои рушди соҳаи чорводорӣ - 4200 ҳазор сомонӣ;
- барои рушди соҳаи растанипарварӣ - 3328 ҳазор сомонӣ;
- барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису
мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ
дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 50000 ҳазор сомонӣ;
- хизматрасониҳои дигар дар соҳаи кишоварзӣ,
моҳидорӣ ва шикор - 110747 ҳазор сомонӣ.
Саноат ва сохтмон - 137790 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 212976 ҳазор сомонӣ.
Фаъолияти дигари иқтисодӣ
ва хизматрасониҳо - 39058 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар
дохил карда нашудаанд - 2844873 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 1033775 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии
дохилии давлатӣ - 122282 ҳазор сомонӣ;
амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии
берунаи давлатӣ - 911493 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт - 11000 ҳазор сомонӣ;
- Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 71689 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд - 1728409 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2017 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда шавад:
Хароҷот - 8934115 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
Пардохти музди меҳнат - 1373603 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- музди меҳнати кормандони асосӣ - 1283308 ҳазор сомонӣ;
- музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ
ва хизматрасонӣ - 90295 ҳазор сомонӣ.
Маблағҷудокуниҳои андозӣ - 222291 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ - 192502 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби музди меҳнати кормандони
ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ - 22597 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи тиббӣ ва дигар суғуртаҳо - 7192 ҳазор сомонӣ.
Хариди мол ва хизматрасониҳо - 2153908 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ - 80962 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии алоқа - 65595 ҳазор сомонӣ;
- дигар хариди мол ва хизматрасонӣ - 2007351 ҳазор сомонӣ.
Хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 1033775 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ - 122282 ҳазор сомонӣ;
- пардохти қарзи берунаи асосӣ - 539310 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳои қарзи
берунаи асосӣ - 372183 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) - 111385 ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои трансфертҳо - 1061008 ҳазор сомонӣ.
Кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 126791 ҳазор сомонӣ.
Трансфертҳои дигар - 310057 ҳазор сомонӣ.
Амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо
ва сармоягузорӣ - 2541297 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- маблағгузории асосии мутамарказ - 2408131 ҳазор сомонӣ;
- хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 70304 ҳазор сомонӣ;
- дигар дороиҳои ғайримолиявӣ - 53917 ҳазор сомонӣ;
- хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 8945 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ба маблағи 286754 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз
буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти
Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти музди меҳнат ба маблағи 885624 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 175080 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 525880 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 14530 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 41406 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Лахш - 28707 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 26990 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Сангвор - 13338 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 17735 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 24317 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 17641 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллӣ барои пардохти хароҷоти ҷорӣ ба маблағи 3881 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- ноҳияи Сангвор - 3637 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 244 ҳазор сомонӣ.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва ҷумҳурӣ аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2017 ба маблағи 224970 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2017 ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 5323518 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 5333839 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 10321 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1211 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон – 7108 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ҳисор – 524 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб – 176 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт – 301 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш – 189 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод – 173 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор – 104 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод – 117 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод – 208 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав – 210 ҳазор сомонӣ муайян карда шаванд.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2017 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағҳои озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2017 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2017 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия 100 фоиз;
- боҷҳои гумрукӣ 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ
(инчунин муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷ барои ҳаракати воситаҳои
нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» – андоз
аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои
табиӣ (роялти барои об) аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда –1» 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик»
ва Ҷамъияти саҳомии фаръии «Сохтмонии асосӣ»-и ҶСК «Роғун» – андоз
аз арзиши иловашуда 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши
иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Амонатбонк» – андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои
дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо
баробаркардашуда – андоз аз даромад 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои ҶСК
«Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз
даромад ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз;
- пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои
зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои
фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) 100 фоиз.
2. Дар соли 2017 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои
Душанбе ва Роғун) – 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун – 60 фоиз ба буҷети шаҳр ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе – 79 фоиз ба буҷети шаҳр ва 21 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз даромад:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои
Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Рудакӣ) – 100 фоиз;
аз вилояти Суғд – 58 фоиз ба буҷети вилоят ва 42 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе – 30 фоиз ба буҷети шаҳр ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат – 23 фоиз ба буҷети шаҳр ва 77 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун – 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рудакӣ – 87 фоиз ба буҷети ноҳия ва 13 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷети ҷумҳуриявӣ (ғайр аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода) – 100 фоиз;
аз шаҳри Ҳисор –100 фоиз ба буҷети шаҳр;
аз шаҳри Турсунзода – 100 фоиз ба буҷети шаҳр;
- аксизҳо:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- низомҳои махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти
дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 фоиз.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2017 аз рӯи даромад ба маблағи 2657331 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 2592331 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2657331 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, ки агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро қонеъ карда натавонад.
3. Дар соли 2017 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
4. Дар соли 2017 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Душанбе 31 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 69 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Роғун 20 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 80 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2017
1. Андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2017 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), таҳвили он ба корхонаҳои коркарди гандум, инчунин фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
2. Дар соли 2017 воридоти техника ва нақлиёти махсуси коммуналию мусофиркашонӣ, қисмҳои эҳтиётии он, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабукрави назоратӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, харидории онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. (Тағйироти ҚҶТ аз 22.06.17 с., №1442 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)
3. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
4. Дар соли 2017 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи «Данғараи боло»-и ноҳияи Данғара, сохтмон ва таҷдиди 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара, хизматрасонии машваратии Консорсиуми байналмилалии «COYENE ET BELLIER» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои мазкур тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
5. Дар соли 2017 воридоти ангишт ба ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Дар соли 2017 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
7. Дар соли 2017 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳое, ки тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳисоб карда намешаванд.
8. (на барои нашр)
9. Воридоти маснуоти заргарӣ то 31 декабри соли 2017 аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин муқаррар карда шавад: (ҚҶТ аз 01.07.17 с., №1443)
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз метали тилло – 18,0 сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз метали нуқра – 3,06 сомонӣ.
10. Дар соли 2017 барои воридоти автомашинаҳои нави (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 29.03.17 с., №1408)
11. Дар соли 2017 воридоти дастгоҳи универсалии ангиографӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати васл намудан дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. (Тағйироти ҚҶТ аз 22.06.17 с., №1442 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)
12. Дар соли 2017 фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад. (Тағйироти ҚҶТ аз 22.06.17 с., №1442 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)
13. Дар соли 2017 воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, ки номгўй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" харидорӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. (ҚҶТ аз 09.10.17 с., №1468)
14. Дар соли 2017 таҷҳизоти зарурии барои амалигардонии лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе” воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шавад. (ҚҶТ аз 05.12.17 с., №1470)
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2017 аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Дар соли 2017 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба 1 январи соли 2017 ба вуҷуд омадаанд, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун депозитҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда шаванд. Тартиби ҷойгиркунии депозитҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2017 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокуниҳои андозӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, идрорпулӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти муассисаю ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон, 35 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ ва мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҳар семоҳа ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани низоми мазкур маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
3. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Дар соли 2017:
- дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ ва норасоии маблағҳои дар буҷет пешбинигардида, маблағгузории хароҷот, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, хизматрасониҳо аз рӯи истифодабарии қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналии вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад;
- 50 фоизи маблағҳои аз ҳисоби додани сертификат ба дастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ бадастовардаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. 50 фоизи маблағҳои боқимонда дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мононда шуда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд;
- маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта шуда, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд;
- 50 фоизи маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоотӣ ба дастовардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 50 фоизи маблағҳои боқимонда дар ихтиёри Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мононда шуда, тартиби пешбинигардидаи қисми 1 ҳамин модда нисбат ба он татбиқ намегардад;
- дар ҳолати норасоии маблағҳои дар буҷет барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
5. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2017 ба вуҷуд омадаанд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешаванд ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2017 пешбинишуда равона карда мешаванд.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Дар соли 2017 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз ҳисоби иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаю ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда шавад. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, дар як сол як маротиба, дар доираи маблағҳои пешбинигардида, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
2. (на барои нашр)
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷотии вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аз 1 январи соли 2017 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд.
2. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2017 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои суд ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми адои уҳдадориҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расондашуда, ба истиснои маблағҳое, ки аз ҳисоби шахсони вайронкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ситонида мешаванд, ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронда шаванд.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 аз рӯи даромад ба маблағи 16586484 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 16277408 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 309076 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии беруна ба маблағи 779728 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2017, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтори муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобҳои байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе чунин ҳисоби байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 ноябри соли 2016
№ 1377
Пинҳон кардан