ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №6, мод. 320)
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791, аз 19.07.2022
№ 1903, аз 20.06.2024
№ 2059)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ, истифодабарӣ
ва ҳифзи чарогоҳ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- чарогоҳ - қитъаи замине, ки дар таркиби замини таъиноти кишоварзӣ ва дигар гурӯҳҳои замин мавҷуд буда, дар он растаниҳои худрӯй ё киштшаванда мерӯянд ва барои чаронидани чорво ва мақсадҳои дигар истифода мегардад;
- захираи чарогоҳ - захираҳои алафӣ, буттазор ва набототи дигари қитъаи замини чарогоҳ, ки ҳосилнокии онро муайян мекунанд;
- роҳҳои чорвогузар - қитъаҳои замине, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ барои рондани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигар муайян карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791);
- сервитут - ҳуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замини дар истифодаи шахси дигар қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;
- ғунҷоиши чарогоҳ - миқдори захираи хӯроки қитъаи муайяни замини чарогоҳ бо назардошти саршумори чорво ва муҳлати истифодабарии он, ки боиси бадшавии вазъи экологии чарогоҳ ва ҳосилнокии он намегардад;
- объектҳои инфрасохтории чарогоҳ - роҳу пулҳо, майдонҳои обдиҳӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва қубурҳои обгузар, нуқтаҳои хӯрокдиҳӣ ва дамгирии чорво, ҳавзҳо барои гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпизоотӣ, манзили зисти муваққатии чӯпонҳо, молхонаҳо ва молу мулки дигари ғайриманқул, ки барои чаронидани чорво, нигоҳдорӣ ва истифодабарии чарогоҳ заруранд;
- истифодабарандагони чарогоҳ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳро доранд;
- ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ - иттиҳоди худидора ва ғайритиҷоратӣ, ки дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади истифодабарии босамари чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад;
- нақшаи истифодабарии чарогоҳ - ҳуҷҷате, ки дорои маълумоти зарурӣ барои таъмини истифодабарии устувори чарогоҳ мебошад;
- беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои беҳтаргардонии сифат ва афзун гардондани ҳосилнокии чарогоҳ анҷом дода мешаванд;
- истифодабарии чарогоҳ бо мақсадҳои дигар - истифодабарии чарогоҳ барои шикор, занбӯриасалпарварӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, меваю буттамева, тайёр кардани хӯроки чорво, саёҳат ва истироҳати шаҳрвандон, ки чаронидани чорворо маҳдуд намекунанд;
- мониторинги давлатии чарогоҳ - мушоҳидаҳое, ки ҷиҳати муайян намудани тағйироти дар натиҷаи истифодабарии чарогоҳ ба вуҷудомада, арзёбӣ, пешбинии ҳолати он ва мувофиқати истифодабарӣ ба талаботи экологӣ бо мақсади идоракунии устувори чарогоҳ гузаронида мешаванд;
- баҳисобгирии давлатии чарогоҳ - маълумоте, ки оид ба масоҳат, ҷойгиршавӣ, сарҳади чарогоҳҳо ва тағйироти дар давраи истифодабарии онҳо ба вуҷудомада тартиб дода мешавад;
- комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ - комиссияе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои танзими истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ таъсис дода мешавад;
- ҳифзи чарогоҳ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои истифодабарии босамар, беҳтаргардонӣ ва нигоҳдории иқтидори захиравии чарогоҳ, пешгирии таназзулёбӣ ё таъсири манфии омилҳои дигар ба чарогоҳ равона гардидаанд;
- тадқиқоти геоботаникии чарогоҳ - тадқиқоте, ки бо мақсади муайян намудани ҳосилнокии чарогоҳ, намуд ва таркиби алафҳо, макони сабзиши онҳо, имконияти истифодабарии чарогоҳ барои чаронидани чорво, сифати қабати растаниҳои худрӯй, инчунин мавҷудияти захираҳои об, роҳҳои чорвогузар ва имконияти истифодабарии онҳо гузаронда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ
1. Сарҳади чарогоҳ байни истифодабарандагони чарогоҳи шаҳрак ва деҳоти ноҳия (шаҳр), шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳудуди як вилоят, ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо бо назардошти ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, саршумори чорво, теъдоди аҳолӣ ва хоҷагиҳои дар ҳамин воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ фаъолияткунанда муқаррар карда мешавад.
2. Барои муайян намудани сарҳади чарогоҳ ва ҳалли баҳсҳои байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад. Комиссияи давлатӣ ҳуқуқ дорад гурӯҳҳои корӣ ташкил намояд, ки онҳо масъалаҳои вобаста ба сарҳади чарогоҳ, аз ҷумла чарогоҳи мавсимӣ ва ҳалли баҳсҳои байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо ба вуҷудомадаро баррасӣ намуда, ба комиссияи давлатӣ маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд.
3. Дар асоси пешниҳоди комиссияи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади чарогоҳҳоро байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо тасдиқ менамояд.
4. Сарҳади истифодабарии чарогоҳҳоро дар ҳудуди ноҳия (шаҳр) ва вилоят комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) ва вилоят таъсис дода мешаванд, муайян менамоянд.
5. Баҳсҳо оид ба сарҳади чарогоҳ дар ҳудуди ноҳия (шаҳр) байни истифодабарандагони чарогоҳ аз ҷониби комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳ баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 4. Принсипҳои истифодабарии чарогоҳ
Принсипҳои истифодабарии чарогоҳ инҳоянд:
- таъмини истифодабарии босамар ва маҷмӯии чарогоҳ;
- дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба чарогоҳ(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791);
- назорати истифодабарӣ, ҳифзи чарогоҳ ва муҳити зист барои таъмини манфиатҳои давлат ва ҷомеа;
- иштироки васеи аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар амалигардонии чорабиниҳо оид ба ҳифзи чарогоҳ;
- шаффофият дар гузарондани чорабиниҳо оид ба истифодабарии чарогоҳ;
- ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодабарии босамари чарогоҳ;
- бамеъёрдарории чаронидани чорво дар чарогоҳ;
- ҷуброни зарари дар натиҷаи таъсири манфӣ ба чарогоҳ расондашуда;
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба истифодабарии босамар ва ҳифзи чарогоҳ.
Моддаи 5. Тартиби идоракунии чарогоҳ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чарогоҳро идора менамоянд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо назардошти саршумори чорво ва иқлими минтақаҳои кишвар ҳудуди чарогоҳи мавсимиро муайян менамояд ва нақшаи тақсимоти онро байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
3. Чарогоҳи ба сифати чарогоҳи мавсимӣ ҷудогардидаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои фонди давлатии ҷангалро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳудуди худ идора мекунанд.
4. Барои таъмини идоракунии чарогоҳ чорабиниҳои зерин гузаронда мешаванд:
- мониторинги давлатии чарогоҳ;
- беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ;
- баҳисобгирии давлатии чарогоҳ;
- экспертизаи экологии чарогоҳ.
Моддаи 6. Намудҳои чарогоҳ
Чарогоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъинот, мавсими истифодабарӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- чарогоҳ барои рондан, дамгирӣ ва гузарондани чорабиниҳои санитарию зиддиэпизоотӣ;
- чарогоҳи зимистона;
- чарогоҳи баҳорию тирамоҳӣ;
- чарогоҳи тобистона;
- чарогоҳи доимӣ;
- чарогоҳи минтақаҳои наздикӯҳӣ;
- чарогоҳи минтақаҳои кӯҳӣ;
- чарогоҳи минтақаҳои баландкӯҳ.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА ҲИФЗИ ЧАРОГОҲ
Моддаи 7. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
1. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо мақсади таъмини манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат ва ҷомеа анҷом дода мешаванд.
2. Тартиб, қоида ва меъёрҳои танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар мувофиқа бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ва ҳифзи он;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791);
- танзими муносибатҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои баҳсноки истифодабарии чарогоҳ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- гирифтани чарогоҳ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1791)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ;
- таҳлили иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ;
- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба истифодабарии чарогоҳ;
- таъмини ба роҳ мондани истифодабарии босамар ва маҷмӯии чарогоҳ, нигоҳдории объектҳои инфрасохтории он;
- муайян намудани тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ; амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:
- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба ҳифзи чарогоҳ ва арзёбии натиҷаҳои он;
- назорати истифодабарии объектҳои инфрасохтории чарогоҳ ва тартиби истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ;
- ташкили таҳқиқоти геоботаникии чарогоҳ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- тасдиқ ва назорати иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- таъмини назорати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- баррасии дархост ва пешниҳодҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба истифодабарии чарогоҳ;
- муқаррар намудани сервитути оммавӣ (маҷбурӣ) барои обгирию обдиҳии чорво ва аз як ҷой ба ҷойи дигар рондани чорво;
- таъсиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ;
- баррасӣ намудани пешниҳоди комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ оид ба азнавтақсимкунии чарогоҳ ва қабул намудани қарор оид ба он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:
- мусоидат ба гузарондани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ ва тадбирҳои пешгирии сӯхтор;
- анҷом додани баҳисобгирии ҳарсолаи саршумори чорво дар чарогоҳи дар ҳудуди онҳо ҷойгирбуда ва дохил намудани рӯйхати истифодабарандагони чарогоҳ ва саршумори чорво аз рӯи намудҳои он ба китоби хоҷагидорӣ;
- пешниҳод намудани маълумот оид ба ҳолати воқеии чарогоҳ ба истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ;
- иштирок дар танзими муносибатҳои вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, аз ҷумла таъмини ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ;
- намояндагӣ дар комиссияи ноҳиявии (шаҳрии) танзими истифодабарии чарогоҳ;
- пешниҳод намудани дархост ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои чарогоҳ;
- аз қайди баҳисобгирӣ гузаронидани ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Мониторинги давлатии чарогоҳ
Мониторинги давлатии чарогоҳ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
Моддаи 13. Дастгирии давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
Дастгирии давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таҳия ва амалӣ намудани барнома ва стратегияҳои давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ барои беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ ва рушди инфрасохтори он;
- мусоидат барои ташкил ва гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашӣ;
- таҳия ва пешниҳоди дастуру тавсияҳо оид ба истифодаи технология ва дастовардҳои таҷрибаи пешқадами истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- мусоидат ба воридот ва истеҳсоли навъҳои тухмии хушсифати алафҳои табиӣ;
- шаклҳои дигари дастгирие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
БОБИ 3. ИСТИФОДАБАРӢ ВА ИҶОРАИ ЧАРОГОҲ
Моддаи 14. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ
1. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истифодабарии чарогоҳ ва бақайдгирии давлатии он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
2. Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии чарогоҳ(сервитут) метавонад бо розигии тарафҳо муқаррар карда шавад. Дар мавриди зарурат ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии чарогоҳ дар асоси қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ё суд муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
Моддаи 15. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони чарогоҳ
1. Истифодабарандагони чарогоҳ ҳуқуқ доранд:
- чарогоҳи ба онҳо вобасташударо мустақилона истифода намуда, фаъолияти хоҷагидориро дар он ба роҳ монанд;
- корҳои иҷрошавандаро дар қитъаи чарогоҳ назорат намоянд;
- барои ба иҷора додани чарогоҳ шартнома банданд;
- дар муқаррар намудани сервитути хусусӣ иштирок намоянд;
- аз ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ даст кашанд;
- дар давраи гулкунии манбаъҳои асалғундорӣ ба ҷойгиронии қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал иҷозат диҳанд;
- дар таъсиси ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ва фаъолияти он иштирок намоянд;
- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
2. Истифодабарандагони чарогоҳ уҳдадоранд:
- чарогоҳи ба онҳо вобасташударо мақсаднок истифода баранд;
- ба пастшавии ҳосилнокии чарогоҳ, камшавии захираҳои растаниҳои худрӯй ва коҳишёбии таркиби онҳо, бадшавии вазъи экологӣ ва таназзулёбии чарогоҳ роҳ надиҳанд;
- чаронидани чорворо бо назардошти меъёрҳои ғунҷоиши чарогоҳ ба роҳ монда, барои пешгирии сӯхтор, паҳншавии касалиҳо ва ҳашароти зараррасон сари вақт чораҳо андешанд;
- корҳоро оид ба беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ, рушди инфрасохтор ва обтаъминкунии чарогоҳ ба роҳ монанд;
- дар баҳисобгирии давлатии чарогоҳ иштирок намоянд;
- андози замин барои истифодабарии чарогоҳро пардохт намоянд;
- ҷуброни зарари аз ҷониби онҳо ба чарогоҳ расондашударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд;
- барои обгирӣ ва обдиҳии чорво, аз як ҷой ба ҷойи дигар рондани чорво аз тариқи чарогоҳи ба онҳо вобасташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд;
- талаботи байторию санитарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- ба истифодабарии ғайриқонунии (худсаронаи) чарогоҳи ба онҳо вобасташударо аз ҷониби дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ надиҳанд;
- ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва объектҳои мероси фарҳангии дар ҳудуди чарогоҳ ҷойгиргардидаро таъмин намоянд;
- иҷрои уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Моддаи 16. Тартиби ба истифодабарӣ додани чарогоҳ
1. Чарогоҳ барои истифодабарӣ аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
2. Чарогоҳ барои истифодабарии бемуҳлат, муҳлатнок ва (ё) якумраи меросӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022
№ 1903).
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои дигари кишоварзӣ ва ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ бо назардошти саршумор ва намудҳои чорво ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани чарогоҳ бо дархост муроҷиат менамоянд.
4. Чарогоҳ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳал тибқи хулосаи комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.
Моддаи 17. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
1. Истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлат ба роҳ монда мешавад.
2. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ самтҳои зеринро дар бар мегиранд:
- харитаҳо, ки дар онҳо сарҳади чарогоҳ ва истифодабарандагони он замини фонди давлатии ҷангал, замини захираи давлатӣ, роҳҳои чорвогузар, майдонҳои обдиҳӣ ва объектҳои дигари инфрасохтории чарогоҳ, ҳолат ва сифати қитъаҳои чарогоҳ муайян карда шудаанд;
- иқтидори ғунҷоишии чарогоҳ;
- таҷдид ва рушди иншооти чарогоҳ;
- истифодабарии мавсимии чарогоҳ ва ивазкунии ҷойҳои чаронидани чорво, чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии вазъи чарогоҳ, нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, пешгирӣ намудани таназзули алафзор, бодлесшавии хок ва олудашавии ҳавзҳои об;
- таъмини дастрасии чарогоҳ ба истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ;
- истифодабарии чарогоҳ бо мақсадҳои дигар.
3. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ аз ҷониби комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таҳия гардида, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 18. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ
1. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- истифодабарии ғайримақсадноки чарогоҳ ва расондани таъсири манфӣ ба иқтидор ва ҳосилнокии чарогоҳ;
- ба охир расидани муҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- мунтазам риоя накардани қоидаҳои муқарраргардида аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ;
- пешниҳоди аризаи истифодабарандаи чарогоҳ дар бораи ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ;
- гирифтани қитъаи замини чарогоҳ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- барҳам хӯрдани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои дигари кишоварзӣ, ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо барои истифодабарӣ чарогоҳ дода шудаанд;
- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
2. Қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
3. Баҳсҳое, ки дар натиҷаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ба миён меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ
1. Истифодабарандагони чарогоҳ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба истифодабарии чарогоҳ метавонанд ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳро ташкил намоянд.
2. Ба ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ аъзо шуда метавонанд.
3. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроҷиат намуда, чарогоҳро тибқи шартнома ба иҷора мегирад ва истифодабарии оқилонаи онро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
4. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар асоси оиннома ва шартномаи аъзои он, нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ фаъолият менамояд. Роҳбари ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ аз ҷониби аъзои он интихоб карда мешавад.
5. Роҳбари ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- роҳбарии умумӣ ба фаъолияти ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ;
- намояндагии ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- аз номи ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ имзо кардани шартномаҳо ва аҳдҳои ҳуқуқӣ - граждании дигар;
- ба роҳ мондани баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ дар ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ;
- амалисозии ваколатҳои дигар дар доираи қарорҳои маҷлиси аъзои ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ.
Моддаи 20. Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ
1. Бо мақсади таъмини истифодабарии оқилона ва ҳифзи чарогоҳ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) ва вилоят комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таъсис дода мешавад.
2. Ба ҳайати комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ намояндагони ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи чарогоҳ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
3. Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:
- муқаррар намудани сарҳади чарогоҳи ҳудуди шаҳрак ва деҳот дар ноҳия (шаҳр), ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар вилоят;
- муайян намудани муҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- ҳалли баҳсҳо вобаста ба тақсимот ва истифодабарии чарогоҳ дар ҳудуди дахлдор;
- назорати истифодабарии босамари чарогоҳ;
- таҳия намудани нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ бо ҷалби мутахассисони соҳа;
- ҷалби мутахассисон барои гузарондани мониторинги вазъи чарогоҳ ва ҳолати истифодабарии он.
Моддаи 21. Ба иҷора додани чарогоҳ
1. Чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора дода мешавад.
2. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби иҷорагирандагони чарогоҳ баъд аз бастани шартномаи иҷора ва ба қайди давлатӣ гирифтани он ба миён меояд.
Моддаи 22. Шартномаи иҷораи чарогоҳ
1. Шартномаи иҷораи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
2. Дар шартномаи иҷораи чарогоҳ ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- ҳудуди майдон, ҷойгиршавӣ, сарҳади чарогоҳ ва объектҳои инфрасохтории чарогоҳ;
- намуд ва саршумори чорвои дар чарогоҳ чаронидашаванда;
- муҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- андозаи маблағи иҷора ва тартиби пардохти он;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ;
- ҷавобгарии тарафҳо дар ҳолати риоя накардани шартнома;
- тартиби ҳалли баҳсҳо ва қатъ кардани шартнома;
- дигар шартҳои дар асоси созиши тарафҳо мувофиқашуда.
3. Муҳлати ба иҷора додани чарогоҳ дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷорагирандагони чарогоҳ
1. Иҷорагирандагони чарогоҳ ҳуқуқ доранд:
- чарогоҳро мувофиқи мақсад ва шартҳои дар шартномаи иҷора муайяншуда истифода баранд;
- дар асоси шартномаи иҷора бо дигар истифодабарандагони чарогоҳ дар ҳудуди чарогоҳи онҳо ё ҳудуди воҳидҳои дигари маъмурию ҳудудӣ дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ чаронидани чорворо ба роҳ монанд;
- чарогоҳи ба иҷора гирифташударо бо розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа ба иҷораи фаръӣ диҳанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
2. Иҷорагирандагони чарогоҳ уҳдадоранд:
- тартиби истифодабарӣ ва меъёри ғунҷоиши чарогоҳро риоя намоянд;
- истифодабарии оқилона ва ҳифзи чарогоҳи ба онҳо вобасташударо таъмин намуда, ба таназзули он роҳ надиҳанд;
- ба истифодабарии ғайриқонунии (худсаронаи) чарогоҳ аз ҷониби дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ надиҳанд;
- маҷмӯи чорабиниҳоро барои ҳифз ва беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ ба роҳ монанд;
- сари вақт маблағи иҷораи чарогоҳро пардохт намоянд;
- маблағи зарари аз ҷониби онҳо расондашударо ба истифодабарандагони чарогоҳ ва иҷорадиҳандагони фаръии чарогоҳ ҷуброн намоянд;
- шартномаи ба иҷораи фаръӣ додани чарогоҳро аз қайди давлатӣ гузаронанд;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
3. Иҷорагирандагони чарогоҳ истифодабарии чарогоҳро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 24. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ
1. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ аз пардохти андози замин ва маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ иборат мебошад.
2. Истифодабарандагони чарогоҳ вобаста ба истифодабарии намуди чарогоҳ тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупоранд.
3. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки чарогоҳро ба иҷора гирифтаанд, инчунин истифодабарандагони фаръии чарогоҳ маблағи иҷораро барои истифодабарии чарогоҳ мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи шартномаи иҷора пардохт менамоянд.
4. Маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ вобаста ба намуди чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво муқаррар ва тағйир дода мешавад.
5. Андозаи пардохти маблағи иҷораи чарогоҳ ҳар сол аз тарафи комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти намуди чарогоҳ, меъёрҳои ғунҷоиши чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво, инчунин меъёри заминавии андози замин муайян ва барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад. Андозаи ҳадди ақали пардохти маблағи истифодабарии чарогоҳ аз андозаи меъёри дукаратаи заминавии андоз зиёд буда наметавонад.
6. Андозаи пардохти маблағи истифодабарии чарогоҳ барои мақсадҳои дигар вобаста ба намуд ва арзиши иқтисодии захираи чарогоҳ тибқи шартнома муайян карда мешавад.
7. Маблағи иҷораи чарогоҳ ба буҷетҳои маҳаллӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт гардида, дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ барои беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2059).
БОБИ 4. ҲИФЗ ВА БЕҲТАРГАРДОНИИ ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲ
Моддаи 25. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи чарогоҳ
1. Ҳифзи чарогоҳ аз низоми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва тадбирҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ба таъмини истифодабарии босамар, беҳтаргардонии ҳолат, нигоҳ доштани иқтидор ва афзун намудани ҳосилнокии он равона мегардад.
2. Ҳифзи чарогоҳ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳ ва сохторҳои маҳаллии он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ амалӣ гардонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
3. Ҳифзи чарогоҳ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
- ба роҳ мондани истифодабарии босамар, маҷмӯии чарогоҳ ва нигоҳдории объектҳои инфрасохтории он;
- муайян намудани тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва мавсими истифодабарии чарогоҳ;
- гузарондани мониторинги давлатӣ, экспертизаи экологӣ ва тадқиқи геоботаникии чарогоҳ;
- ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ва (ё) манъ кардани истифодабарии чарогоҳ;
- пешгирии ифлосшавӣ, зериобмонӣ, сӯхтор, омилҳои дигари таназзулёбии чарогоҳ ва ҷамъшавии партов дар майдончаҳои дамгирию обдиҳии чорво;
- риояи талаботи байторию санитарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани тадбирҳои дигар оид ба ҳифзи чарогоҳ.
4. Дар ҳудуди чарогоҳ анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, хок, санг, манбаъҳои об), кушодани роҳҳои алоқа, ки ба истифодабарии чарогоҳ ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманд намебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 26. Беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ
1. Беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ бо роҳи зиёд кардани ҳосилхезии замин, обёрӣ, кишт ва парвариши растаниҳои бисёрсолаи серҳосил дар чарогоҳ, ташкили корҳо оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда мешавад.
2. Гузарондани чорабиниҳоро оид ба беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021
№ 1791).
Моддаи 27. Тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ
1. Тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои табиию хоҷагидорӣ, баҳисобгирии нишондиҳандаҳои миқдорию сифатӣ, арзёбии ҳолати воқеии чарогоҳ барои истифодабарӣ, амалигардонии тадбирҳои беҳтаргардонии ҳолат ва ҳифзи он гузаронда мешаванд. Дар ҷараёни тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологӣ хусусиятҳои зерини чарогоҳ барои истифодабарӣ муайян карда мешаванд:
- тартиби истифодабарии чарогоҳ;
- намудҳои растанӣ аз рӯи шакл, сохт ва таркиби онҳо вобаста ба шароити табиӣ ва маҳалли сабзиш;
- таъсири тағйирёбии муҳити сабзиши растаниҳои худрӯй ба ҳосилнокӣ;
- захира, зичӣ ва сифати алаф вобаста ба масоҳат, мавсими истифодабарӣ ва ҷойгиршавии чарогоҳ;
- мавҷудияти дарахту буттаҳо, сатҳи санглохии чарогоҳ ва паҳншавии алафҳои заҳрнок;
- мавҷудияти захираҳои об;
- имконияти ҷорӣ намудани киштгардон, обёрикунӣ ва пешгирии бодлесшавии хок;
- имконияти истифодабарии чарогоҳ барои зироаткорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ.
2. Маводи тадқиқоти геоботиникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ барои амалӣ намудани тадбирҳои зерин истифода мешаванд:
- додани қитъаи чарогоҳ барои истифодабарӣ;
- таҳияи дастуру тавсияҳо барои анҷом додани корҳои беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ вобаста ба ҳолати воқеии он ва тағйирёбии иқлим;
- танзими саршумори чорво барои чаронидан, аз нав дида баромадани меъёри ғунҷоиши чарогоҳ ва мавсими истифодабарии чарогоҳ;
- баҳисобгирии чарогоҳ ва пешбурди кадастри давлатии замин, таҳияи нақша ва лоиҳаҳои заминсозӣ;
- таъмин намудани истифодабарандагони чарогоҳ бо маълумот оид ба сифати сабзиши растаниҳо дар чарогоҳ;
- гузаронидани корҳои барқароркунӣ, пешгирии таназзулёбии чарогоҳ ва ҳифзи муҳити зист;
- тартибдиҳии харитаҳои геоботаникии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо;
- қабули қарор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани рекултиватсияи замин ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои истифодабарии чарогоҳ.
Моддаи 28. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳифзи чарогоҳ
1. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳифзи чарогоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
2. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бевосита ва (ё) ба воситаи намояндагони худ оид ба ҳолати воқеии чарогоҳ маълумот гиранд.
3. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд бевосита ва (ё) ба воситаи намояндагони худ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар омода ва қабул намудани қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои ҳифзи чарогоҳ иштирок намуда, иҷрои онро назорат кунанд.
4. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки дар қисмҳои 1 - 3 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, таъмин кунанд.
5. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мақомоти судӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо ариза, дархосту пешниҳодҳо муроҷиат намоянд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ
Ҳамкории байналмилалӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, № 951 "
Дар бораи чарогоҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, с. 2013, №3, мод. 194) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1618