ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 723; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1012; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1485)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни офаридан ва ба тарзи мустақим пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти театрӣ, ҳамчунин шаклҳои дастгирии давлатии онро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №478).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-театр - муассисаест, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба тарзи зинда пешниҳод ва иҷро намудани намоишномаҳои театрӣ, дигар намоишномаҳо мебошад;
-ташкилоти театрӣ - ташкилотест, ки мақсади асосии он таъмини фаъолияти театрҳо ва ё фаъолияти кормандони эҷодии театрҳо мебошад;
-театри ғайритиҷоратӣ, ташкилоти театрии ғайритиҷоратӣ - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-театри тиҷоратӣ, ташкилоти театрии тиҷоратӣ - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои тиҷоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-театри давлатӣ, ташкилоти театрии давлатӣ - театр, ташкилоти театрие, ки онро мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ таъсис додааст;
-театр, ташкилоти театрии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - театр, ташкилоти театрие, ки онро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мустақилона ё бо иштироки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ таъсис додааст. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
-театри ғайридавлатӣ, ташкилоти театрии ғайридавлатӣ - театр, ташкилоти театрие, ки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ бе иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд;
-фаъолияти театрӣ - фаъолият ҷиҳати офаридан, паҳн гардонидан ва нигоҳ доштани асарҳои санъати театрӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-намоишномаи театрӣ - асари санъати театрӣ, ки дар асоси асари драмавӣ ё мусиқӣ-драмавӣ офарида шуда, ғояи умумӣ ва номи мушаххас дорад;
-спектакл - ба тарзи зинда иҷро ва пешниҳоди намоишномаи театрӣ;
-таҳиягар (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар, дирижёр-таҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар) – шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
-продюсер - театр, дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки намоишномаи театриро тайёр ва бо маблағ таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи театрҳо, ташкилотҳои театрии амалкунанда ва театру ташкилотҳои нави театрии таъсисшаванда, инчунин дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро ба ҷо меоваранд, паҳн мегардад.
Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки бо қонунгузории оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он танзим мешаванд, паҳн намегардад. (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бешаҳрванд ба озодии эҷодиёти бадеӣ, иштирок дар фаъолияти театрӣ, истифода аз хизмати театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, дастрас гардонидани асарҳои санъати театрӣ мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- нигоҳдории хусусияти хоси маданияти театрӣ, инкишофи равобити фарҳангии байналмилалӣ;
- фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои нигоҳдории низоми таърихан ташаккулёфтаи театрҳои давлатӣ, инкишоф додани театрҳои шаклҳои дигари ташкилӣ ва шаклҳои моликият, татбиқ кардани лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи фаъолияти театрӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи таҳиягарон ва ҳунарпешагон барои намоишномаи театрӣ, батадриx амалӣ гардонидани сиёсати ҳимояи давлатӣ нисбати санъати театрӣ, кормандони эҷодии театрҳо ва дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро амалӣ мегардонанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
- таъминоти молиявию иқтисодии фаъолияти театрҳо, низоми ҳимояи иҷтимоии кормандони театрҳо, муҳайё сохтани шароит барои нав гардонидани ҳайатҳои эҷодии театрҳо.
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ қисми таркибии сиёсати фарҳангии давлат буда, ба эътирофи нақши нодири театр чун унсури ҷудонашавандаи фарҳанг, воситаи нигоҳдории худогоҳии миллӣ ва забонҳои халқҳо, яке аз муассисаҳои иҷтимоие, ки барои инкишофи ҷомеа аҳамияти калон дорад, асос меёбад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-мусодиранашаванда ва мансубияти ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд дар соҳаи эҷодиёти театрӣ ва ҷалбкунӣ ба санъати театр;
-эътирофи нодир будани истеъдод ва масъулияти давлат баҳри муҳайё намудани шароит барои татбиқ ва дархости он;
-мустақилияти театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, ҳуқуқи онҳо ба дастгирии давлатӣ, ҳамкории театрҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ.
Моддаи 6. Мақсад ва намудҳои асосии фаъолияти театр
Мақсади фаъолияти театр инкишофи санъати театрӣ, ташаккул додан ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санъати саҳнавӣ мебошад.
Намудҳои асосии фаъолияти театрӣ инҳоянд:
-офаридан ва намоиш додани намоишномаҳои театрӣ, дигар асарҳои санъати театрӣ дар саҳнаи (саҳнаҳои) асосӣ, гастролҳо ва сафарҳои ҳунарӣ, фурeши чиптаҳо барои чорабиниҳои мазкур;
-тайёр намудани намоишномаҳои театрӣ, консертҳо дар асоси шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои намоиш додан дар саҳнаҳои хусусӣ ё ба иҷора гирифтаи онҳо, тавассути телевизион, радио, ба наворгирии кино, видео ва дигар маводи сабт дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-ташкили дигар чорабиниҳои дорои хусусияти бадеӣ-эҷодӣ, ки бо имкониятҳои худ ё имкониятҳои коллективҳои даъватшуда ва иҷрокунандагони даъватшуда гузаронида мешаванд;
-гузаронидани таҷрибаомeзии кормандони касбҳои эҷодии театрӣ бо устодон ва ходимони намоёни театр;
-дар асоси шартномаҳо расонидани хизмат ба ташкилотҳо оиди басаҳнагузорӣ, воситаҳои басаҳнагузорӣ барои гузаронидани спектаклҳо, консертҳо, намоишномаҳо;
-аз рӯи фармоиши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тайёр кардани ашёи ороиши бадеии намоишҳои театрӣ, консертҳо ва намоишномаҳо;
-ба театрҳои дигар пешниҳод намудани саҳнаҳои худ барои гузаронидани гастролҳою сафарҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳои якҷояи театрӣ;
-омода кардан, муайян намудани адади нашр ва фурӯши маводи иттилоотӣ-маълумотӣ ва рекламавӣ, нусхаҳои маводи видео ва сабти овоз, ки ба фаъолияти бадеӣ-эҷодии театр вобаста аст, дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он.
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ
Моддаи 7. Мазмун, шакл ва тарзҳои дастгирии фаъолияти театрӣ аз ҷониби мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Тарзҳои асосии дастгирии давлатии фаъолияти театрӣ инҳо мебошанд:
-фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти театрӣ, васеъ шудани шабакаи театрҳо, пеш аз ҳама театрҳо барои кӯдакон;
-ҷудо кардани маблағҳо барои сохтан, аз нав сохтан ва таъмири асосии биноҳо ва иншооти театрҳо, навсозии таxҳизот, пурра ё қисман маблағгузорӣ кардани театрҳои давлатӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-дар асоси озмун барои аз ҷониби театрҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявӣ иҷро намудани фармоишҳои эҷодии мақсаднок, лоиҳаҳои алоҳида ва ҷорабиниҳое, ки дигар барномаҳои мақсаднок низ дар соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ кардаанд, инчунин ҷудо намудани субвенсияҳо ба театрҳое, ки нисбати табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ сиёсати имтиёзноки нархиро ба амал мегузаронанд;
-иштирок дар ташкил ва маблағгузории фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва минтақавии театрҳо, мубодилаи байналмилалии театрҳо; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
-ҳар сол ҷудо кардани маблағгузорӣ аз буҷет барои офаридан ва харидани асарҳои драмавӣ ва мусиқӣ-драмавӣ, аз рӯи ин асарҳо намоиш додани спектаклҳо, амалӣ гардонидани фаъолияти гастролӣ;
-таъсис додани стипендияҳо ва мукофотҳои давлатӣ барои ходимони барҷастаи театр, муаллифон ва иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод, ки барои офаридани асарҳои нави санъати театрӣ мусоидат менамоянд;
-мусоидат кардан ба тарғиботи санъати театрӣ дар воситаҳои давлатии ахбори омма. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ва олии касбӣ тайёр кардани ҳунарпешагон, режиссёрҳо, балетмейстерҳо, мунаққидони театр, дигар мутахассисони касбҳои театрӣ, дар пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ гузаронидани таҳқиқоти соҳаи санъати театрӣ аз буҷет маблағи зарурӣ ҷудо мекунанд.
Маблағ барои мақсадҳое, ки қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур ва қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳар сол дар буҷетҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буҷет пешбинӣ карда мешавад.
Моддаи 8. Танзими зиддимонополии фаъолияти театрӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии зиддимонополӣ ва фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар соҳаи фаъолияти театрӣ тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
-барои татбиқи лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи санъати театрӣ грантҳои махсус ҷудо мекунанд;
-барои барпо кардани системаи майдончаҳои озоди намоишӣ ва дар асоси озмун ба мӯҳлати маҳдуд ба театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлатӣ додани онҳо мусоидат менамоянд;
-дастгирии эҷодкорони ҷавон, коллективҳои навташкили эҷодиро таъмин мекунанд.
Моддаи 9. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ:
-ба фаъолияти Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, инчунин иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) онҳо мусоидат менамоянд;
-ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо имконият фароҳам меоваранд, ки дар таҳияи сиёсати давлатии соҳаи фарҳанг иштирок намоянд, ҳангоми таҳияи чорабиниҳои соҳаи шуғл, тайёрии касбӣ, шароити меҳнат ва муҳофизати он, ҳимояи иҷтимоии кормандони театр бо онҳо маслиҳат мекунанд;
Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳоро бо роҳи маблағгузории мақсадноки барномаҳои алоҳида, дар асоси озмунҳо ҷойгиркунии дархостҳо аз ҷониби театрҳо барои иҷро кардани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои алоҳидае, ки ба барномаҳои мақсадноки соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ шудаанд, дастгирӣ менамоянд.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТЕАТР ВА ТАШКИЛОТИ ТЕАТРӢ
Моддаи 10. Ҳуқуқи театр ва ташкилоти театрӣ дар соҳаи фаъолияти бадеӣ-эҷодӣ,
ташкилию иқтисодӣ ва ба рамзҳои худӣ
Театр дар интихоби равияи эҷодӣ ва барнома мустақил аст. (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)
Маҳдуд гардонидани фаъолияти бадеӣ-эҷодии театр манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Иҷрои оммавии намоишҳои театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Театр, ташкилоти театрӣ фаъолияти худро мустақилона ба нақша гирифта, пешомаздои тараққиётро дар асоси мақсадҳои пешбиникардаи оинномаҳои онҳо, мавҷудияти захираҳои эҷодию хоҷагии худӣ ва зарурияти инкишофи эҷодию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ муайян менамоянд.
Театр, ташкилоти театрӣ нархи чиптаро мустақилона муқаррар мекунанд. Нархҳо (тарифҳо) ба хизмати пулакӣ ва маҳсулоте, ки театр, ташкилоти театрӣ мефурушанд, бо тарғиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Театр, ташкилоти театрӣ бо тарғиби пешбиникардаи қонунгузорӣ дар доираи маблағи мавҷуда музди меҳнати штатҳо, шаклҳои музди меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, ҳаҷми маоши вазифаҳои кормандони худ, намуд ва ҳаҷми иловапулӣ, иҷорапулӣ ва дигар пардохти дорои хусусияти ҳавасмандиро мустақилона муқаррар мекунанд.
Театр, ташкилоти театрӣ низоми кори худро мустақилона муқаррар менамоянд, агар ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Театр, ташкилоти театрӣ ба рамзи худӣ (номи расмӣ, нишон, аломати молӣ, дигар мусаввара) ҳуқуқ доранд.
Театр, ташкилоти театрӣ, ки рамзи онҳо бо тарғиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно доранд.
Истифодаи рамзҳои бақайдгирифташудаи театр, ташкилоти театрӣ аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо дар асоси шартнома бо театр, ташкилоти театрӣ роҳ дода мешавад.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки рамзҳои театр, ташкилоти театриро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, бо талаби театр, ташкилоти театрӣ ӯҳдадоранд истифодаи онро қатъ кунанд ва зарари расидаро ҷуброн намоянд.
Моддаи 11. Вазифаи театр, ташкилоти театрӣ
Театр, ташкилоти театрӣ вазифадоранд:
-музди меҳнати кормандони худро сари вақт пардохт намоянд, барои онҳо ҳадди ақалли музди меҳнати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдода, шароити меҳнат ва муҳофизати он, чораҳои ҳифзи иҷтимоиро таъмин намуда, барои зарари ба ҳаёт ва саломатии онҳо расида ҷавобгар бошанд;
-пардохти саривақтии мукофотпулиҳоро ба шахсоне, ки бо театр, ташкилоти театрӣ шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ бастаанд, инчунин чораҳои ҳифзи иҷтимоии ин шахсонро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ ва шартнома таъмин кунанд;
-суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои суғургаи ҳатмии кормандони худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонанд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи бухгалтерӣ ва оморӣ баранд.
Театр, ташкилоти театрӣ, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро амалӣ мегардонанд вазифадоранд:
-ҳангоми намоиш додани намоишнома муҳофизати ҳаёт ва саломатии тамошобинон, инчунин ҳифзи амволи онҳоро, ки барои маҳфуздорӣ қабул шудааст, таъмин намоянд;
-дар ҷойҳои чиптафурӯшӣ ва намоиши оммавии намоишномаи театрӣ барои тамошои умумӣ эълонномаро бо нишон додани номи пурраи театр, номи намоишномаи театрӣ, номи муаллифи (муаллифон) асар ва номи асаре, ки асоси онро ташкил медиҳад, номҳои басаҳнагузорандагон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), инчунин дигар маълумотҳоро бо салоҳдиди театр овехта монанд;
-ба тамошобинон дар бораи ҷойи намоиш, вақти оғоз ва анҷоми намоишнома, нархи чипта, шароити харидан ва баргардондани он, имтиёзҳое, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи тамошобинон пешбинӣ шудааст, маҳдудиятҳои синнусолӣ барои тамошои намоишнома ахбор пешниҳод намоянд;
-дар чиптаи театр нархи он, номи театр, номи намоишномаи театрӣ, ҷой, сана, вақти намоиш ва ҷойро дар толори тамошо нишон диҳанд;
-дар ҳолатҳои иваз ё бекор кардани намоишномаи пешакӣ эълоншуда, иваз шудани иҷрокунандаи нақши асосии пешакӣ эълоншуда, инчунин дар ҳолати аз тамошои намоишнома саркашӣ кардани тамошобин бо сабаби надодани ахбор дар бораи маҳдудияти синнусолии муайяннамудаи тамошои он, пули чиптаи пешакӣ харидашударо баргардонанд ё бо хоҳиши шахсони чиптаи пешакӣ харида онҳоро то оғози спектакл иваз намоянд.
Меъёрҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба дигар ташкилотҳое, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро ба амал мебароранд, паҳн мегардад.
БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МУСТАСНОИ БА САҲНА ГУЗОШТАНИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ
БАРОИ НАМОИШИ ИҶРОИ ЗИНДА
Моддаи 12. Субьектҳои дорои ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иҷрои зинда
Субъектҳои дорои ҳуқуқи басаҳнагузории намоишномаҳои театрӣ барои намоиши иҷрои зинда басаҳнагузоранда, ҳунарпешагон, иҷрокунандаҳои нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаҳои театрӣ ва продюсер мебошанд.
Ҳуқуқи мустаснои ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иҷрои зинда (минбаъд – ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ) аз вақти қабули қарор дар бораи намоиши оммавии он ба миён меояд, агар дар шартномаи байни субъектҳои дорои ҳуқуқӣ ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ пештар ба миён омадани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад.
Қарор дар бораи тайёр будани намоишномаи театрӣ барои намоиши оммавӣ аз ҷониби таҳиягар ва продюсер якҷоя қабул карда мешавад, агар дар шартномаи аз ҷониби онҳо басташуда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 13. Ҳуқуқи таҳиягар ва ҳунарпешагон барои ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ
Таҳиягар ва ҳунарпешагон, иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаи театрӣ, ба ном-ифодаи номи худ дар нашрияҳои рекламавӣ, эълонномаҳо, дигар маводҳои иттилоотӣ, ки бо намоишномаи театрӣ алоқаманданд, ҳуқуқ доранд.
Таҳиягар барои аз таҳриф муҳофизат кардани намоишномаи театрӣ ҳуқуқ дорад. Бидуни огоҳӣ ё иҷозати таҳиягар тағйир додани ҳайати иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), мизанстсенаҳо, хореография, ороиши саҳна, партигураи равшанидиҳӣ, костюмҳои театрӣ, асбобу анҷоме, ки ҳунарпешагон истифода мебаранд, мусиқии намоиши театрӣ ҳамчун аломати таҳриф дониста мешаванд. Дар шартномаи байни таҳиягар ва продюсер муқаррар кардани дигар аломатҳое, ки боиси таҳрифи намоишномаи театрӣ мегарданд имкон дорад.
Дар шартномаи байни продюсер, таҳиягар ва ҳунарпешагон мумкин аст ба ғайр аз ҳуқуқҳои муқарраркардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда дигар ҳуқуқҳо низ пешбинӣ карда шаванд.
Ҳуқуқи ҳунарпеша ба ифодаи номи худ дар давоми тамоми давраи иштироки вай дар намоишномаи театрӣ амал мекунад.
Ҳуқуқи таҳиягар ба намоишномаи театрӣ дар давоми тамоми давраи намоиши оммавии ин намоишнома амал менамояд.
Моддаи 14. Ҳуқуқи продюсер ба намоиши оммавии намоишномаи театрӣ
Бастани шартномаи байни таҳиягар ва продюсер барои иштирок дар офаридан ё намоиш додани намоишномаи театрӣ боиси ба продюсер додани ҳуқуқи ба амал баровардани намоиши оммавии намоишномаи театрӣ мегардад. Дар ин ҳолат продюсер ҳуқуқ дорад:
-ҷой ва вақти намоиши оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, ин намоишро аз номи худ амалӣ гардонад, нархи чиптаҳоро муқаррар кунад;
-шумораи намоишҳои оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, намоиши оммавии намоишномаи театриро қатъ ва барқарор созад;
-шартҳои истифодаи намоишномаи театрӣ, қисмҳои он дар намоишномаҳои дигар, шартҳои дар эфир бо ёрии воситаҳои техникӣ (намоиши телевизонӣ, телевизиони кабелӣ ва дигар воситаҳои техникӣ) истифода бурдани намоишномаи театрӣ, бо ҳар гуна маводи техникӣ сабт кардан ва таҳдиди намоишномаи театриро муайян кунад;
-ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ нусха бардоштани намоишномаи театриро бо ҳуқуқи намоиши оммавии он дар сурати риояи меъёрҳои пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда иҷозат диҳад, агар дар шартномаи байни продюсер ва шахсони мазкур шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 15. Вазифаи продюсер оид ба нигоҳдории ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ
Продюсер вазифадор аст, ки агар дар шартномаи байни e ва таҳиягар шартҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд, таҳиягарро огоҳ намояд:
-дар бораи зарурати дохил кардани тағйирот ба намоишномаи театрӣ ва шартҳое, ки дар асоси он амалӣ гардонидани онҳо ба таҳиягар пешниҳод мешавад;
-дар бораи тағйиротҳои фаврии дар шартнома муқарраршуда, бидуни иштироки таҳиягар ба намоишномаи театрӣ ворид карда шуда ва дар бораи сабабҳои ин тағйиротҳо;
-дар бораи қатъи намоиши оммавии намоишномаи театрӣ то ба охир расидани мӯҳлат ё дар бораи ихтисори шумораи намоишномаҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати ниҳоии намоиши оммавӣ ё шумораи намоишномаҳо дар шартнома муайян гардидаанд.
Таҳиягар ҳуқуқи аз таҳриф ҳимоя намудани намоишномаи театриро татбиқ намуда, метавонад боздошти намоиши оммавиро бо мақсади барқарорсозии ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ талаб намояд.
Моддаи 16. Ҳимояи ҳуқуқи гузоштани намоишномаи театрӣ
Субъектҳои дорои ҳуқуқи мустасно ба намоишномаи театрӣ ҳуқуқ доранд аз вайронкунандаи ин ҳуқуқ барқарор сохтани муқаррароти то вақти вайронкунӣ ҷойдоштаро талаб намоянд.
Дар шартномаи байни продюсер ва субъектҳои дигари дорои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театрӣ, мумкин аст барои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театриро вайрон кардани яке аз тарафҳо, ҷавобгарии моддӣ ё дигар намуди ҷавобгарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шавад.
БОБИ 5. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ИҚТСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРҲО
ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӢ
Моддаи 17. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии театрҳо
Театрҳои давлатӣ метавонанд дар шакли муассиса ё шакли ширкати ғайритиҷоратӣ таъсис ёбанд.
Театрҳои ғайридавлатӣ метавонанд дар ҳар гуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, таъсис ёбанд.
Моддаи 18. Амволи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ
Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо бо амволи зарурии фаъолияти театрӣ (биноҳо, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои саҳнавию басаҳнагузорӣ, дигар амволи истеъмолшаванда, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар) таъмин мешаванд.
Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ амвол барои ҳуқуқи идораи фаврӣ вобаста карда мешавад.
Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ муассисон амволро тибқи шартномаи идораи эътимоднок таҳвил медиҳанд.
Амволи ғайриманқули ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ вобасташуда ба онҳо ройгон бо ҳуқуқи истифодаи доимӣ (бемӯҳлат) вогузошта мешавад.
Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва саҳмгузори ширкатҳои тибқи боварӣ танҳо бо иҷозати мақоми ба он ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта шудааст, нисбати амволи театрҳои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсисёфта, аз номи давлат ҳуқуқ ва вазифаи амволӣ, инчунин назорати давлатиро амалӣ мегардонад.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои амволӣ, инчунин назорат нисбати амволи театрҳои ғайритиҷоратӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Дар сурати барҳам хурдани театри давлатӣ ё ғайритиҷоратӣ амволи он, ки баъди қонеъ гардидани талаботи қарздиҳандаҳо боқи мондааст, аз ҷумла амволи ғайриманқул, ба мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот мегузарад ва метавонад танҳо бо мақсадҳои фаъолияти театрӣ истифода гардад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Моддаи 19. Маблағгузории театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ
Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз буҷетҳои дахлдор ва инчунин аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Даромадҳои театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз иҷорадиҳии амволӣ дар моликияти давлати қарордошта аз ҷониби ин театрҳо ба сифати манбаи маблағгузории фаъолияти оинномавии онҳо пурра истифода мегарданд.
Маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда, ҳаҷми маблағгузории буҷетии театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратиро кам намекунанд.
Маблағҳои молиявии дар давраи ҳисоботӣ истифоданашуда аз театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ гирифта намешаванд ё аз ҷониби муассисон (моликон) ба ҳаҷми маблағгузории соли оянда дохил карда намешаванд.
Маблағгузории театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор дар асоси беподош ва бебозгашт барои амалӣ гардидани хароҷотҳои муайяни мақсаднок ё бо шартҳои маблағгузории саҳомии ин хароҷотҳо бо тартиби қонунгузории буҷетӣ сурат мегирад.
Моддаи 20. Идораи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар қатори дигар муассисон дар идораи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Роҳбарии бевосита ба фаъолияти театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ба амал бароварда мешавад:
-дар асоси яккасардории директор ё роҳбари бадеии театр, муассис бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад;
-дар асоси тақсимоти ваколатҳои соҳавӣ байни директор ва роҳбарони бадеии театр муассис ба ҳар кадоми онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад.
Моддаи 21. Театрҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои театрӣ
Театрҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин ташкилотҳои театрӣ дар баробари театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ва ташкилотҳои театрӣ ҳуқуқ доранд дар озмунҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълон мекунанд, иштирок намоянд, инчунин барои гузаронидани сиёсати имтиёзноки нархӣ нисбати табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ, барои мақсадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, субвенсия гиранд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Идораи театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ва қонунгузории гражданӣ сурат мегирад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ КАСБӢ. ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТЕАТР
Моддаи 22. Тартиби тасдиқи феҳристи касбҳои эҷодии театрӣ ва феҳристи вазифаҳои кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ
Феҳристи касбҳои эҷодии театрӣ (ихтисосҳо) ва феҳристи вазифаҳои (ихтисосҳои) кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театрӣ мувофиқа гардидааст, тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 23. Шартномаҳо бо кормандони эҷодии театрӣ
Фаъолияти кормандони эҷодии касбҳои театрӣ дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ сурат мегирад.
Ишғоли вазифаҳо дар театр аз ҷониби кормандони эҷодии касбҳои театрӣ, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, сурат мегирад.
Низомномаро дар бораи ишғоли вазифаҳои кормандони эҷодии касбҳои театрӣ дар театр мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театр мувофиқа шудааст, тасдиқ мекунад.
Дар шартномаи (қарордоди) корманди эҷодии касбҳои театрӣ бо маъмурияти театр ба ғайр аз шартҳои ҳатмӣ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, шароит ва тартиби ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳуқуқ ба иҷрои зиндаи намоишномаи театрӣ муайян карда мешавад.
Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ мутобиқи талаботи қонунгузории гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.
Моддаи 24. Шароит ва муҳофизати меҳнати кормандони театрҳо
Шароити меҳнат ва талаботҳои меъёрии муҳофизати меҳнати кормандони театрҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият бо Низомнома оид ба шароит ва ҳифзи меҳнати кормандони театрҳо бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки корҳоро дар асоси шартномаи ҳуқуқи гражданӣ иҷро менамоянд, баробари кормандоне, ки корро тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро мекунанд, аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ карда мешаванд.
Моддаи 25. Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ
Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки бекор мондаанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 26. Таъмини иҷтимоии кормандони эҷодии касбҳои театрӣ
Кормандони эҷодии касбҳои театрӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои кормандони театрҳо, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми калон гузоштаанд, нафақаи давлатӣ, иловапулӣ барои унвонҳои давлатӣ, таъминоти иловагии моддии ҳармоҳаи якумрӣ, хизматрасонии имтиёзноки тиббӣ ва санаторию курортӣ, таъмини бепули манзил ва истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин чораҳои дигари ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда метавонанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Ба ходимони театр, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми барxаста гузоштаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки танзими давлатии соҳаи фарҳанг ба зиммаи он вогузошта шудааст, таъминоти ҳармоҳаи иловагии якумра ва дигар чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ муқаррар шуда метавонанд.
БОБИ 7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ТЕАТРҲО
ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӢ
Моддаи 27. Фаъолияти байналмилалии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба инкишофи робитаҳои байналхалқии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ кӯмак мерасонанд, иштироки мустақилонаи бевоситаи ходимони театрро дар мубодилаҳои байналмилалии театрӣ ҳавасманд мегардонанд, иштироки театрҳо ва ташкилотҳои театриро дар фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалии театрӣ дастгирӣ менамоянд, барои гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар мамлакатҳо мусоидат мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №478; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон театр, ташкилоти театрӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои мустақим муқаррар намуда, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ карда, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобҳои асъорӣ дошта бошад.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002
№80
Пинҳон кардан