ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2016
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №11, мод. 978; Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., №1321; аз 04.07.2016 с., № 1322)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 18305842 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 13938178 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ - 12522793 ҳазор сомонӣ;
воридоти ғайриандозӣ - 1067385 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии
молиявӣ - 348000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби захираҳои молиявии
берунӣ - 3429512 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
қарзҳо - 2046831 ҳазор сомонӣ;
грантҳо - 1382681 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 938152 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ба маблағи 18594441 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 1035946 ҳазор сомонӣ;
- маориф - 3146229 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1263882 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 3098037 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ - 825316 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 661830 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 4069007 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об - 430204 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, саноати истихроҷи
маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон - 121156 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия - 864484 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ - 38376 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар - 1569069 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 288599 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ - 25000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ - 90000 ҳазор сомонӣ;
- аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет, қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва
Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд - 173599 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 818379 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 409782 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2016 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгиркунонидашуда, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ 408597 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 177645 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 78635 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2016 ҷойгиркунонидашуда, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод 59010 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40000 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2016 аз рӯи даромад ба маблағи 8150977 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 8430489 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи 279512 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2016 воридоти даромад аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 8150977 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда - 4620839 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо - 356000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия - 114008 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои табиӣ - 60450 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида - 240248 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад - 507187 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ - 684670 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 225422 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ - 994153 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ - 348000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2016 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ - 702048 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ - 172118 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ - 104946 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати берунӣ - 188875 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари давлатӣ - 236109 ҳазор сомонӣ.
Маориф - 554685 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ - 117804 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ - 351452 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи маориф - 85429 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ - 215197 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо - 118445 ҳазор сомонӣ;
- марказҳои саломатӣ - 4663 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии аҳолӣ - 22659 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ - 69430 ҳазор сомонӣ.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 437648 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ - 268744 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ - 35339 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 133565 ҳазор сомонӣ.
Фарҳанг ва варзиш - 288683 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш - 4231 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ - 57137 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма - 95539 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш - 131776 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал - 85791 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 2026195 ҳазор сомонӣ.
Кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 124995 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои рушди муносибатҳои лизингӣ ва таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 15000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ - 2500 ҳазор сомонӣ;
- хизматрасониҳои дигар дар соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор - 107495 ҳазор сомонӣ.
Саноат ва сохтмон - 127025 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия - 128417 ҳазор сомонӣ.
Фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо - 38001 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд - 2424922 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ - 758672 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ - 78635 ҳазор сомонӣ;
амалиётҳо бо уҳдадориҳои қарзии берунии давлатӣ - 680037 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт - 11000 ҳазор сомонӣ.
Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 67951 ҳазор сомонӣ.
Хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд - 1587299 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2016 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда шавад:
Хароҷот - 8430489 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
музди меҳнат - 1174758 ҳазор сомонӣ;
маблағҷудокуниҳои андозӣ - 179348 ҳазор сомонӣ;
хариди мол ва хизматрасониҳо - 2016579 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ - 73653 ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии алоқа - 56842 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизот ва хизматрасонӣ - 1886084 ҳазор сомонӣ;
хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна - 758672 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ - 78635 ҳазор сомонӣ;
- пардохти қарзи берунии асосӣ - 409781 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳои қарзи берунии асосӣ - 270256 ҳазор сомонӣ.
Кумаки молиявӣ (субсидия) ва интиқоли маблағҳои дигари ҷорӣ (трансферт) - 1567000 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- кумаки молиявӣ (субсидия) - 84379 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ (трансферт) - 1080262 ҳазор сомонӣ;
- пардохти нафақа - 167333 ҳазор сомонӣ;
- дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 235026 ҳазор сомонӣ.
Амалиётҳо бо дороиҳо ва уҳдадориҳо - 2734132 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- маблағгузории асосии мутамарказ - 2610101 ҳазор сомонӣ;
- хариди мошинҳо ва таҷҳизот - 64596 ҳазор сомонӣ;
- дороиҳои дигари ғайримолиявӣ - 53385 ҳазор сомонӣ;
- хариди дороиҳои молиявии дохилӣ - 6050 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ба маблағи 271804 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявии (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми маблағи мусоидати молиявии (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда ба маблағи 876261 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 168177 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон - 529190 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб - 13504 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт - 36798 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол - 27184 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод - 24815 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара - 15673 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод - 16672 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод - 21544 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав - 15670 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҳисор - 2870 ҳазор сомонӣ;
- шаҳри Турсунзода - 4164 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявии (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мувозинати қисми даромад ва қисми хароҷот, аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2017 ба маблағи 211651 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2016 ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявие (субвенсияе), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 4963462 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 4972550 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 9088 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1130 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 6602 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 160 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 267 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷиргатол 179 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 160 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тавилдара 96 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 108 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 194 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 192 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2016 аз ҳисоби таъмини иҷрои барзиёдии даромад ва маблағҳои озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2016 ба вуҷуд меоянд, пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2016 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ 100 фоиз;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи мақомоти гумрук ворид мешавад 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷи ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялтӣ барои об) аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» - андоз аз арзиши иловашуда 100 фоиз;
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» - андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» - андоз аз фоида 100 фоиз;
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - андоз аз даромад 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои ҶСК «Тоҷиктелеком») - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон - андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз;
- пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобатӣ) 100 фоиз.
2. Дар соли 2016 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андозҳо ва даромадҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун) 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 45 фоиз ба буҷети шаҳр ва 55 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 55 фоиз ба буҷети шаҳр ва 45 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 53 фоиз ба буҷети шаҳр ва 47 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Душанбе) - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз даромад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ) - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 70 фоиз ба буҷети вилоят ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 87 фоиз ба буҷети ноҳия ва 13 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 57 фоиз ба буҷети вилоят ва 43 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 39 фоиз ба буҷети шаҳр ва 61 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз;
- низомҳои махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, пардохтҳои дигари ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари ғайриандозии маҳаллӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 100 фоиз.
3. Воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2016 аз рӯи даромад ба маблағи 2634367 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 2569367 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2634367 ҳазор сомонӣ, мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
2. Дар соли 2016 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
3. Дар соли 2016 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:
- аз Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Душанбе 32 фоиз ба суратҳисоби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 68 фоиз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар шаҳри Роғун 22 фоиз ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 78 фоиз ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2016
1. Дар соли 2016 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), таҳвили гандум, инчунин фурўши маҳсулоти аз гандум коркардшуда андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳои) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фурўши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
2. Дар соли 2016 воридоти нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва ёрии таъҷилӣ, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе равона мегарданд, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
4. Дар соли 2016 қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъйингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
5. Дар соли 2016 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимӣ: барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи 104, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Дашт»-и ноҳияи Файзобод, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи «Данғараи боло»-и ноҳияи Данғара, сохтмон ва азнавтаъмиркунии 20 км. роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншоотҳои мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Дар соли 2016 иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу масолеҳ барои сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат - Ёвон, азнавсозии фосилаҳои Роҳатӣ - Ваҳдат - Ёвон) аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молу маводи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
7. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (пойгоҳи вагонҳои боркашонии шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди «Мусофирбар»-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳани Ҳошадӣ - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб тааллуқ дорад, аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз воситаҳои нақлиёт, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
8. Дар соли 2016 воридоти ангишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
9. Дар соли 2016 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
10. Дар соли 2016 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳое, ки тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳисоб карда нашаванд.
11. Ҳисоб ва пардохти андоз аз фурўши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
12. Барои корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои давлатии дар банди 6) қисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда) ва корхонаҳои хўроки умумӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба авдозаи 5 фоиз (ба истиснои воридоти андозбандишаванда) муқаррар карда шуда, ҳисобкунӣ ва пардохти он мутобиқи муқаррароти моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
13. (На барои нашр) (Қонуни ҶТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
14. Воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
-
барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 сомонӣ;
-
барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3,06 сомонӣ (Қонуни ҶТ аз 04.07.2016 с., № 1322).
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2016 аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигар ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонкҳо
Дар соли 2016 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба 1 январи соли 2016 ба вуҷуд омадаанд, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун депозитҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳ дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда шаванд.
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2016 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокуниҳои андозӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, идрорпулӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 35 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дастгоҳҳои марказӣ ва сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, ҳар семоҳа ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ мутаносибан дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ метавонад тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Дар соли 2016 дар сурати иҷро нагардидани даромади Буҷети давлатӣ маблағгузории хароҷот, аз ҷумла пардохти музди меҳнати дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад.
5. Дар соли 2016 дар сурати норасоии маблағҳои дар буҷет пешбинигардида барои пардохти хизматрасониҳо аз рӯи истифодабарии қувваи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ вазорату идораҳо ва ташкилотҳо маблағҳои махсусро барои пардохти ин хароҷотҳо равона менамоянд.
6. Дар соли 2016 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағ аз истифодабарии захираҳои рақамгузории бадастовардаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 50 фоизи боқимондаи маблағ дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
7. Дар соли 2016 маблағе, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ворид мегардад, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмони биноҳои маъмурӣ равона карда мешавад.
8. Бақияи маблағи буҷетӣ ва маблағи махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки ба 1 январи соли 2016 ба вуҷуд омадааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешавад ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2016 пешбинишуда равона карда мешавад.
9. Дар соли 2016 дар сурати норасоии маблағҳои дар буҷет пешбинигардида барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки метавонад дар натиҷаи тағйирёбии қурби асъор ба миён ояд, пӯшонидани фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Дар соли 2016 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз иҷрои барзиёдии қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағи махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муқаррар карда шавад. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
2. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳали гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои дигар, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохт карда мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигар, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои хароҷотии вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 1 январи соли 2016 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағҳои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2016 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои суд ва ба буҷет ворид
намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми риоя накардани қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти давлатӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағи аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ, воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расондашуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014
1. Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 аз рӯи даромад ба маблағи 14427387 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 13190396 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 1236991 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 472290 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2016, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобҳои байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе чунин ҳисоби байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 ноябри соли 2015
№ 1257
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2016»
ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2018
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» қабул карда шавад.
2. Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2017 аз рӯи даромад ба маблағи 19514008 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 19841069 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 327061 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 20464260 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 20830404 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 366144 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тасдиқ карда шаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 -2018 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2018-2019 аниқ намояд.
3. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 18305842 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 18594441 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 288599 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2016 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бетағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 маълумот диҳад.
5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки:
- пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 90,0 млн. сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- барои сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2015,
№ 224
Пинҳон кардан