ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.467; соли 2005, №12, мод. 650; соли 2007, №7, мод. 687; соли 2008, №12, қисми 2, мод.1006; с.2011, №6, мод. 437. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2018 с., № 1526; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1789)
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 30 июни соли 2003
Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.
Боби I.
Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
-бекорӣ- зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад.(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ - чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар ҷустуҷӯи кор, тайёрӣ ва бозомӯзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
- дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор - хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 - солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ӯ мебошанд; расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд;
- кӯмакпулӣ барои бекорӣ - ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад.
- шуғл - ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад;
- шуғли (кори) муваққатӣ - кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад;
- кори мувофиқ - коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин ( ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳали зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст аз музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақалли расман муқарраршуда кафолат дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- кори фосилавӣ – шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи техналогияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;
- корҳои ҷамъиятӣ - намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иҷтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иҷтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корҷӯянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъҷилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад;
- мақомоти ваколатдлори давдатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ - мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнат буда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои далатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- миёнаравии меҳнатӣ - мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724, аз 25.06.21., №1789)
- вакансия - ҷои кории холӣ дар ташкилотҳо;
- аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) - қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад;
-аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол - қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад.
Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда
Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эҷодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз ҷониби қонунгузорӣ манънашударо иҷро намоянд. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.
Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.
Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:
- кори кирояро бо подош аз рӯи шарти вақти кории пурра ё нопурра иҷро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;
- мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурӯш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд;
- дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;
- дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар бахши рӯзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иҷро менамоянд, аз ҷумла бо роҳхати мақомоти давлатии шугли аҳолй таълим мегиранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
- ба кори фосилавӣ машғуланд ва хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- соҳиби кор мебошанд, лекин дар ҷои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуҷудомада, даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;
- ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;
- муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, ҷамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;
- шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иҷро менамоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
- дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд;
- ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.
Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сугуртаи иҷтимой ва нафақа маблағи суғуртавиро пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор
Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷӯянда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз ҷои кори охирин, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:
- ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба синни нафақа расидаанд, гайр аз шаҳрвандоне, ки аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
- аз иҷора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- дар муддати 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аҳолӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянду касби (ихтисоси) надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корҷӯянда ду бор ба ҳамон як ҷои кор (ё як ҷои таълим) пешниҳод карда намешавад; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- дар давоми 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти воколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолиӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд; (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- ҳуҷҷатҳои маълумоти ошкоро дурӯғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.
Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё воҳиди корӣ озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526).
Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 5. Кори мувофиқ
Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рӯи касби (ихтисоси), коре, ки иваз намудани касби (ихтисоси)-ро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таҷрибаи пешина ва барои ӯ дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад.
Кори музднок, аз он ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои ҷамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҷавобгӯ мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор намекарданд, касби (ихтисоси) надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кӯшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи мешнат ва шуғли аҳолӣ ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориҷ карда шудаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- баланд бардоштани (барқарор намудани) дараҷаи ихтисос аз рӯи касби (ихтисоси) мавҷуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомӯзӣ гузаштанро рад кардаанд;
- дар қайди мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ баъди ба анҷом расидани корҳои мавсимӣ муроҷиат намудаанд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Кор мувофиқ дониста намешавад, агар:
- он бо иваз намудани ҷои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;
- он дар маҳале дода шавад, ки дар он ҷо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроҷиат кардан ба хадамоти шуғл дошт, номусоидтар бошад:
- шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;
- рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.
Бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараҷаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро пурзӯр менамояд.
Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:
- меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;
- таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;
- фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;
- дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эҷодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;
- тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;
- таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан мӯҳтоҷ ва дар ҷустуҷӯи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;
- ҳатмӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
- пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тӯлонӣ;
- ба бекорон додани кафолатҳо ва ҷубронҳои иҷтимоӣ;
- ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
- муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки ҷойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷманданд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;
- иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рӯи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.
Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:
- мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ; (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;
- ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали дигар бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омӯзиш) равон намудан; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
- имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда ҳуқуқ доранд:
- ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда;
- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ ва бозомўзии касбии аҳолии бешуғл;
- ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кўмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳуқуқ доранд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат;
- ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.
Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷўяндаи дар мақомоти давлатии шугли аҳолӣ бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд:
- ба омўзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ ва бозомўзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омўзиш;
- ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;
- ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
- ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кўмакпулиро доранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724,) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он ҷумла ташкилотҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омӯзиш аз рӯи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд.
Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” муқаррар карда мешавад.
Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.
Боби II
Ҳамкории иҷтимоӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.
Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:
- масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
- оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;
- маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;
- амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;
- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;
- доир ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;
- ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодиро мегузаронад.
Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Боби III
Танзими давлатӣ ва ташкили чораҲои мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Моддаи 12. Танзими шуғл
Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:
- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми ӯҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;
- танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва оид ба меҳнат нигаронида шудааст; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
- рушд ва такмили фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ . (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, ) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:
а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;
б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кори мавҷудбуда;
в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ;
г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷ буда, дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.
Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мӯҳлати амали онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.
Барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд.
Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгӯии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
Моддаи 14. Муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо
Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо ҷудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иҷтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.
Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 15. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ аз ҷиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст: (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
- баҳодиҳии ҳолат ва пешгӯии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;
- мусоидат ба шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;
- ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;
- дастгирии иҷтимоии бекорон дар шакли пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, стипендия дар давраи омӯзиш бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл
-хизматрасонии машваратӣ ва кўмаки молиявӣ ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ.
Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Тартиби ташкили мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., № 724,) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;
- маблағҳои суғуртаи иҷтимой, ки аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии аз фонди музди меҳнат вориднамудаи корфармоён ташаккул меёбанд, ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
- маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кӯмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ворид мешаванд;
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
-маблағҳои баргардонидашуда, қарзҳои бефоизе, ки аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекор дода шудаанд. (ҚҶТ аз 238.06.11с., №724)
Маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимои ва нафақа ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, ба истиснои шахсони дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 27 Қонуни мазкур зикргардида (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
- маблағгузории хароҷот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозо мӯзонии шахсони бекор, аз он ҷумла пардохти стипендия барои онҳо;
- додани кӯмаки молиявии беподош барои хароҷоти корҳои ҷамъиятии музднок;
- таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ тавассути расонидани кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
- таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;
- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);
- маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.
Маблағҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқ дорад хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ҷудо карда мешаванд, назорат карда, оид ба истифодаи онҳо ҳисобот талаб намояд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Моддаи 17. ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ
Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ бо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иҷтимоию меҳнатиро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Моддаи 18. Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ
(хориҷ карда шуд тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №325).
Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ
Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла:
- риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандон пешбинӣ шудаанд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кӯмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориҷшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;
- фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;
- риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ;
- бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи ҷойҳои корӣ барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ, шумора ва гурӯҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба мӯҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526,(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Корфармоён бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;
- дар мӯҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуҷудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон. Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рӯз ба хадамоти шуғл варақаи роҳхатро бо нишон додани рӯзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рӯзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Корфармо ҳуқуқ дорад:
- шаҳрвандони бевосита ба ӯ муроҷиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дошта ба кор қабул намояд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- оид ба амали мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Ҷойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ барҳам дода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рӯи натиҷаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд, ӯҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.
Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;
- аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;
- бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд ҷавобгӯ бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;
- аз рӯи ихтисоси пешина қобилияти иҷрои корро гум карда бошад.
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти шуғл дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти хадамоти шуғл ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ басташуда ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор накардаанд) ва касби (ихтисоси) надоранд, доро мебошанд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маъориф ва илм дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёҷ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724.) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789,) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 22. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар асоси шартнома гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мӯҳлати то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кӯмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои ҷустуҷӯи кор дар қайди макомоти хадамоти шуғл буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои ҷамъиятии музднок доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. ҳангоми ба корҳои ҷамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои ҷамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.
Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба шаҳрвандони машғули корҳои ҷамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кӯмаки молиявии беподоши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 23. Тартдоби расошъдани хизматхои машварати ва кумаки молияви ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷироки меҳнати, ки хоҳиши ба фаъолияи соҳибкорӣ машғул шуданро доранд
Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкори машгул шуданро доранд, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи менҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои машваратй ва кӯмаки молиявӣ мерасонанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ, аз 25.06.21., №1789)
БОБИ IV
КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН
Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсони бекор
Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:
- додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
- пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли;
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.
- пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.
Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526,(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Моддаи 25. Шартҳо ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорй
Кӯмакпулӣ барои бекорй ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд.
Қарор дар бораи таъини кӯмакпулӣ барои бекорй аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ на дертар аз ёздаҳ руз аз лаҳзаи бекор дониста шудани шахрьанд кабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Кӯмакпули барои бекорй ба шаҳрвандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхона, муассиса ва ташкилот аз кор озод шудаанд ва дар пн давра музди миёнаи мехнаташон дар ҷои кори охирин нигох, дошта шудааст, аз рӯзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526).
Кӯмакпулй барои бекорй дар давоми сол ба мӯхлати на бештар аз се моҳи тақвими, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбияй намудааст, пардохта мешавад.
Кумакпули барои бекорй моҳе як мароткба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз кайд гузаранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Моддаи 26. Тартиби тамдиди мӯхлати пардохти кӯмакпули барои бекорй ба шаҳрвандони дорой собиқаи меҳнатие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд
Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қокунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кӯмакпули барои бекорй то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Барои гирифтани кўмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Кӯмакпули барои бекорй дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири кори ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724)
Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
Дар сурати хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хӯранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд.
Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ба итмом расонида, дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)
Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иҷтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.
Нигоҳдории маблағ аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.
Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;
- ҳангоми бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
- муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳоли;
- ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
- ба охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;
- ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад;
- мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат;
- ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ;
- дар давраи бекорй аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:
- ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кориаш) кӯтоҳ бе огоҳкунии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ машғул шудани шахси бекор; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)
- аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
- дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
- аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;
- даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.
Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.
Дар мавридҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад:
- бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мӯҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли фиристода (даъват) шудан;
- бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти давлатии шуғли аҳоли ҳозир нашудан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Моддаи29. Андозаи стипендияе, ки ба шаҳрвандони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дода мешавад
Дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзй ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли ахолй дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)
Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан
Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ V
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд
Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Моддаи 32. ҳалли баҳсҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла баҳсҳо бо мақомоти даватии шуғли аҳолӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ”
Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар бораи шуғли аҳолӣ” (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 1 августи соли 2003
№44
Пинҳон кардан