ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
-A A +A

Шанбе, Июн 22, 2024

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОД ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:08
   Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
       Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МЕХАНИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:45
    Бо дарназардошти афзоиши шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун ва ҳалли мушкилоти онҳо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Авҷи муҳоҷират дар ҳама минтақаҳои олам дар солҳои охир ба назар мерасад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 16:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2048
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.06.2024
                                         ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ
                                                ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) маросим - маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд;
2) ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад.
2. Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
3) тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
4) тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
5) тасдиқи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра;
6) қабули қарор дар бораи дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатии дигар, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чораҳои маҳдудкунандаро оид ба гузарондани ҷашну маросим муқаррар намояд.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:
1) амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
2) таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим;
3) тасдиқи тартиби гузарондани маросими дафну азодорӣ;
4) ташкили сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра;
5) шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим;
6) назорати иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷашну маросим;
7) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
8) додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст амалӣ кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ;
9) андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб;
10) андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим;
11) андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ;
12) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;
13) таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
14) дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;
15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим 
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:
1) иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
2) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
3) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ; 
4) иштирок дар таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим
1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
2. Ба ваколатҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим мансубанд:
1) иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
2) шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим;
3) ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои хаттӣ ва электронии шахсони воқеӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;
4) андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
5) расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо ва шахсони ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;
6) додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст сафарбар кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ;
7) андешидани чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб;
8) додани тавсияҳо ҷиҳати пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим; 
9) андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ;
10) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ; 
11) иштирок дар таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
12) дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;
13) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим,  ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия шудааст, аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ карда мешавад.
4. Аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳуқуқ надоранд ба рафти гузарондани ҷашну маросим монеъ гарданд.
Моддаи 8. Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим
1. Дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия ва аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.
3. Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешанд.
4. Дар сурати риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар муҳлати то се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ин бора хабар медиҳанд.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ 
Моддаи 9. Ҷашнҳои расмӣ
1. Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
2. Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
Моддаи 10. Зодрӯз
Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.
Моддаи 11. Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак
1. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
2. Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.
3. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.
4. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.
Моддаи 12. Тӯйи домодию арӯсӣ
1. Тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад. 
2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.
3. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешаванд.
4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, сарф намоянд.
5. Гусели арӯсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронда мешавад.
6. Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари дахлдор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 13. Маросими ҳаҷ ва умра
1. Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.
3. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Моддаи 14. Маросими дафну азодорӣ
1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
2. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронда мешаванд.
3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд.
Моддаи 15. Ҷойи баргузории ҷашну маросим
1. Ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронда мешаванд.
2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.
Моддаи 16. Вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим
1. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд. 
2. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ
Моддаи 17. Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим
1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Маъмурияти тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо уҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.
БОБИ 5. УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ, ИНЧУНИН ҶАЛБИ АҲЛИ ҶОМЕА ҲАНГОМИ ГУЗАРОНДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМ
Моддаи 18. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
2. Оростани зиёфат ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатӣ, гирифтани мукофоти давлатӣ, рутба, унвон, ҷоиза, мукофоти дигар, дараҷа ва унвонҳои илмию тахассусӣ манъ аст.
3. Дар ҷашну маърака пошидан ва часпондани пул манъ аст.
4. Сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳалли истиқомат ва ё фаъолият масъулият доранд.
5. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.
Моддаи 19. Ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз ва гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, хизматчиёни давлатӣ, шахсони мансабдори дигари давлатӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ё фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Моддаи 21. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; с. 2017, №5, қ.1, мод. 285, №7- 9, мод. 580; с.2021, №6, мод.392) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2048
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 499
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 майи соли 2024, № 1302

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 17:31
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2049
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.06.2024
                            ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ
                                                    БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
 
Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) вақти шабона - аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати 06:00;
2) кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
3) марказҳои дилхушӣ - клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок;
4) масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак - уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак;
5) тарбия - раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
6) таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;
7) шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ;
2) таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
3) қонуният;
4) адолат;
5) инсондӯстӣ;
6) муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
7) пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак;
8) иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак;
9) ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак.
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборат мебошад:
1) таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;
2) таҳкими кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшудаи ӯ;
3) ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
4) мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ;
5) таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии кӯдак;
6) роҳ надодан ба табъизи кӯдак, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, ҳолати саломатӣ ва дигар аломатҳо;
7) дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳифз менамоянд.
Моддаи 6. Ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак
Мақомот ва ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигарро дар амалишавии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ҷалб намоянд.
 
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО ДАР САМТИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Моддаи 7. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
1. Мақомоте, ки барои таълиму тарбияи кӯдак масъуланд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақомоти дигаре мебошанд, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) тасдиқ ва назорати барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
4) тасдиқ намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
4) таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) таҳия ва пешниҳод намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
7) гузаронидани мониторинг дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
8) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
9) андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
10) ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ;
11) дархости маълумот аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
12) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 10. Мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд
1. Ба мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, дохил мешаванд:
1) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
2) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
3) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) таъмини амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) андешидани тадбирҳо оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
4) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) иштирок дар таъмини амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) андешидани тадбирҳо оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
4) назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
4. Ваколатҳои мақомоти дигар, ки дар банди 3) қисми 1 ҳамин модда номбар шудаанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 3. КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР САМТИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Моддаи 11. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
1. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мақоми ҳамоҳангсози ҷамъиятӣ буда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.
2. Низомнома ва ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ тасдиқ карда мешаванд.
3. Шумораи умумии аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак набояд аз 7 нафар кам бошад.
4. Ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд кормандони милитсия, ходимони иттиҳодияҳои динӣ ва аъзои шурои занон дохил карда шаванд.
Моддаи 12. Вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
1. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба амалисозии Қонуни мазкур мусоидат менамоянд.
2. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор ва шахсони дигар талаб намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ШАХСОНИ ОНҲОРО ИВАЗКУНАНДА ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Моддаи 13. Баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар
Падару модаре, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд:
1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд;
2) муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд;
3) дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок ва мусоидат намоянд;
4) дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;
5) аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд;
6) ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд;
7) азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд;
8) ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;
9) ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд;
10) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд;
11) нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд;
12) аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;
13) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак
Падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:
1) таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд;
2) барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд;
3) ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд;
4) кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд;
5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд;
6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд;
7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; 
8) ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд;
9) дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;
10) талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд;
11) дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд;
12) ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд;
13) гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд;
14) таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;
15) уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 16. Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак
Падару модар дар тарбияи кӯдак  уҳдадориҳои зеринро доранд:
1) ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;
4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;
6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;
7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;
8) дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;
9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;
11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;
12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;
13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;
15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;
16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;
18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;
19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;
20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;
21) ба кӯдак мутолаа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;
22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;
24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;
26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;
27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;
28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;
29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;
30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;
31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд;
32) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 17. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд
Шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошанд, ки дар моддаҳои 14, 15 ва 16 Қонуни мазкур нисбат ба падару модар пешбинӣ шудаанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад. 
 
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ОМӮЗГОР
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро дорад:
1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намояд;
2) ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдак ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор бо пешниҳод муроҷиат кунад;
3) бо падару модар ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузорӣ шартнома бандад;
4) падару модарро ба ҷаласаҳо вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак даъват намояд;
5) иҷрои талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро аз ҷониби падару модар талаб намояд;
6) ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;
7) нисбат ба шахсони воқеӣ ва мансабдор ҳангоми монеа эҷод кардани онҳо ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;
8) ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд.
Моддаи 19. Уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зерин дорад:
1) ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳад;
2) омодагии кӯдакро ба таҳсилоти умумӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд;
3) талаботи таълимии кӯдакро бо дар назар гирифтани хоҳишу қобилият қонеъ гардонад;
4) барои таълими кӯдак шароит фароҳам оварда, воситаҳои зарурии таълимиро таъмин намояд;
5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бидуни зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намояд;
6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил шароит муҳайё намояд;
7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо падару модар ҳамкорӣ намояд;
8) бо тартиби муқарраршуда ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимиро ташкил ва баргузор намояд;
9) ба кормандони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кӯдак пардохти ҳама гуна маблағро иҷозат надиҳад;
10) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак тадбирҳо андешад;
11) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд;
12) оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа ва муоширатро ба ӯ омӯзонад;
13) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, роҳ надиҳад;
14) ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан, истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон) дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад ва дар сурати вайрон кардани ин талабот чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла ба мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳад;
15) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намояд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор
Омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои зеринро дорад:
1) қоидаҳои одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намояд;
2) дар муассисаи таълимӣ либоси дахлдор пӯшад;
3) аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд;
4) дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад;
5) ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад;
6) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонад ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намояд;
7) азхудкунии барномаҳои таълимиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгиранда талаб намояд;
8) новобаста ба нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, ҳолати саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар, нисбат ба кӯдакон муносибати баробар дошта бошад;
9) бо падару модар дар масъалаҳои давомот, дониш ва интизоми кӯдак ҳамкорӣ намояд;
10) бо тартиби муқарраршуда дарсҳои кушода ташкил карда, падару модарони таълимгирандагонро ба онҳо ҷалб намояд;
11) нисбат ба таълимгирандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва шакли зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ нест, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модарро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
12) оид ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ карда, аз хондан дур мемонанд, падару модар ва роҳбарияти муассисаи таълимиро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
13) аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳама гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзуи дарс берунанд, худдорӣ намояд;
14) барои инкишофи маҳорат, малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намояд;
15) барои дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои монанди онҳо иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намояд;
16) аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намояд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ карда, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешад;
17) иштироки таълимгирандагонро дар маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва маҳфилҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои хонандагон таъмин карда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намояд;
18) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия кунад;
19) ҳуқуқу уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
 
БОБИ 6. ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО ДАР САМТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Моддаи 21. Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак
1. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадоранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва тавонбахширо бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, инчунин ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунандаро амалӣ намоянд.
2. Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва содир шудани амали номатлуб нисбат ба кӯдак, инчунин дар мавриди муайян шудани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.
Моддаи 22. Чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак
Чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) гузарондани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак;
2) баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак;
3) ташкил намудани «Рӯзҳои падару модар» дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расондани кумаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модарон;
4) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондани падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак  муваффақона иҷро менамоянд;
5) андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи кӯдакон;
6) доир намудани суҳбатҳои пешгирикунанда;
7) роҳандозии корҳои инфиродӣ бо падару модар;
8) бо тартиби муқарраргардида муваққатан гирифтани кӯдак аз падару модаре, ки уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани хатар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак;
9) андешидани чораҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ кардааст.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, №762 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 616; с. 2016, №3, мод. 147; с. 2018, №5, мод. 283; с. 2019, №4-5, мод. 222; с. 2022, №6, мод. 353, №12, қ. 2, мод. 778) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2049
 
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 500
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 майи соли 2024, № 1304