Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо | | |
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1690 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 02.04.2020 | Амалкунанда | word pdf zip |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
КОДЕКС | 1688 | КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | Маҷлиси Олии ҶТ | 02.04.2020 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1674 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ | Маҷлиси Олии ҶТ | 02.01.2020 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Феврал 2020
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 607)
Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ношир (муассисаи нашриявӣ, нашриёт) – шахсе, ки интишори маҳсулоти чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари интишори онро ба уҳда дорад;
- худношир - шахси воқеӣ, ки дастнависи маҳсулоти чопиро таҳия ва таҳрир намуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ба чоп месупорад;
- муаллиф – шахси воқеӣ, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст;
- корхонаи полиграфӣ (матбаа, истеҳсолкунандаи маҳсулоти чопӣ) -шахси ҳуқуқӣ, ки теъдоди муайяни маҳсулоти чопиро истеҳсол менамояд;
- маҳсулоти чопӣ– китоб, брошура, албом, матбуоти даврӣ, плакат, буклет ва маҳсулоти дигари корхонаи полиграфӣ, новобаста аз адади чоп ва тарзи истеҳсоли он;
- маводи нашрӣ – маҷмўи маълумот (нусхаи асли дастнавис, мақола, тақриз, шарҳи мухтасар, сарсухан, ҷадвал, тасвир, акс, диаграмма), ки барои таҳияи дастнависи маҳсулоти чопӣ истифода мешавад;
- фаъолияти ноширӣ – фаъолият вобаста ба омодасозии дастнависи маҳсулоти чопӣ барои чоп;
- фаъолияти полиграфӣ– фаъолият вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти чопӣ;
- фармоишгари маҳсулоти чопӣ – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки ҳуҷҷатгузории фармоиши маҳсулоти чопиро ба расмият дароварда, хароҷоти молиявии онро ба зимма мегирад ва соҳиби маҳсулот мегардад;
- фурўшандаи маҳсулоти чопӣ – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурўши маҳсулоти чопӣ машғул мебошанд;
- матбуоти даврӣ– рўзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, моҳнома, солнома ва маҷмўаву буллетенҳое, ки номи доимӣ ва рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба чопмерасанд;
- сензура – аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз ношир ё корхонаи полиграфӣ талаб намудани мувофиқаи пешакии маводи нашрӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ:
- қонеъ намудани талаботи маънавии шахс, ҷомеа ва давлат;
- мусоидат намудан ба рушди фарҳанги миллӣ бо роҳи афзоиши номгўй, адади нашр ва ҳаҷми маҳсулоти чопӣ;
- баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеа тариқи дастрасӣ ба маҳсулоти чопӣ, муаррифии арзишҳои башардўстӣ, дар асл ва тарҷума чоп кардани асарҳои машҳури адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ;
- фароҳамсозии имконот барои худифодасозӣ ҳамчун муаллиф, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ фароҳам овардани шароити баробар ва бозори рақобатпазир ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар соҳа ва мусоидат ба пешрафти он мебошад.
Моддаи 5. Озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
1. Фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, муассисаҳои нашриявӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва фурўшандагони маҳсулоти чопӣ дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзўъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи маҳсулоти чопӣ ва тахфифи он, муқаррар намудани шаклҳои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонаҳо мустақил мебошанд.
2. Ба сензураи дастнависи маҳсулоти ба чоп омодашуда ва инҳисор дар фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопиро вазифадор намояд, ки маҳсулоти чопӣ ва маводи дигари қаблан радкардаи онҳоро чоп намояд ва ба фурўш барорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Маводи нашрие, ки чоп, фурўш ва паҳнкунии онҳо манъ аст
1. Чоп, фурўш ва паҳнкунии маҳсулоти чопии дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
2. Чоп, фурўш ва паҳнкунии маводи нашрӣ ва маҳсулоти чопии дорои маълумоти бардурўғ ё туҳматомезу иғвоангез, ки шаъну эътибори шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, ба ҳаёти шахсии шахсони воқеӣ дахолат мекунанд, манъ аст.
Моддаи 7. Истеҳсол намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ
Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, субъектҳои ба чопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ ва паҳн намудани онҳо бо тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 8. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳангоми истифодаи маводи нашрӣ уҳдадоранд муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд.
Моддаи 9. Маълумотномаи маҳсулоти чопӣ
1. Нусхаи китоби чопшуда бояд маълумоти зеринро дошта бошад:
- номи китоб (асосӣ, қиёсӣ, аслӣ, алтернативӣ);
- ном ва суроғаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
- макон ва соли чопи китоб;
- ному суроғаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ;
- рақами фармоиш ва адади чоп;
- индексҳои таснифотӣ, таснифоти фаъолияти универсалии рақами байналмилалии стандартии китоб;
- нарх ё ишораи «нархи озод» ё «ройгон».
2. Нусхаи маҳсулоти чопӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- ном ва суроғаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
- макон ва соли чоп;
- ном ва суроғаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ, санаи ба қайд гирифта шудан ва рақами он;
- рақами фармоиш ва адади чоп.
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти ноширї ва полиграфї
1. Субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ мебошанд.
2. Муносибатҳо байни субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, ҳамчунин муносибатҳои онҳо бо дигар субъектҳои фаъолият дар асоси оиннома ва шартнома (созишнома)-и тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, танзим мешаванд.
Моддаи 11. Фаъолияти худноширї
Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки дастнавис ва ё маводи дигари худро, дар таҳрири бевоситаи худ ва аз ҳисоби маблағи шахсӣ чоп намоянд, агар муҳтавои он хилофи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ
Моддаи 12. Таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.
2. Ба таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ надоранд:
- шахсони то ҳаждаҳсола ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд ё аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти мазкур маҳрум гаштаанд, ё бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;
- ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст.
Моддаи 13. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ
1. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўшимаҳсулоти чопӣ муассисони онҳо мебошанд.
2. Муассис самтҳои фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўшимаҳсулоти чопиро муайян ва оинномаи онҳоро тасдиқ мекунад.
3. Муассис ҳуқуқ дорад ҳамчун ношир, истеҳсолкунанда ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ амал намояд.
4. Муассис вазифадор аст:
- барои фаъолияти муътадили муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ шароит муҳайё созад;
- барнома ва самтҳои асосии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопиро муайян намояд;
- бо роҳбарияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопии таъсисдодааш шартнома бандад;
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот ва маълумотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод намояд.
Моддаи 14. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ
1. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ мегардад.
2. Мақомоти давлатӣ, судӣ, прокуратура, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводҳои расмӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи таъиноти истифодаи хизматиро бе қайди давлатӣ чоп намоянд.
3. Қатъ гардидани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 15. Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ
Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИИ НОШИР, КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӢ
ВА ФУРӮШАНДАИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӢ
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ
1. Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳуқуқ доранд:
- нақшаи чопи маҳсулоти чопиро мустақилона таҳия ва тасдиқ намоянд;
- барои омодасозии маҳсулоти чопӣ ба чоп ва фурўши он аз мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ фармоиш қабул намоянд;
- дар хусуси истифода ва чопи асарҳои муаллифони ватанӣ дар хориҷа ва асарҳои муаллифони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ шартномаҳо банданд;
- аз муаллиф ва ё вориси ў дар мавриди чопи асарҳояш ҳуқуқ ва ваколатҳои дахлдор ба даст оранд;
- асарҳои илмӣ, бадеӣ ва санъатро дар мувофиқа бо муаллиф барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд;
- дар чорабиниҳои байналмилалии нашриявӣ иштирок карда, маҳсулоти чопии худро дар мувофиқа бо муаллиф ба намоишгоҳҳо, озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
2. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсулоти чопиро барои фурўш қабул намояд ва бо онҳо шартнома бандад.
Моддаи 17. Уҳдадориҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ
1. Ношир уҳдадор аст:
- фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
- маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ ба чоп таҳия созад;
- ба воқеият ҷавобгў ва ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани муҳтавои маҳсулоти чопиро риоя намояд;
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
- дастнависи маҳсулоти чопиро ҳатман бо рамзи (грифи) ношир, маълумоти чопӣ ва бо рақами стандарти байналмилалии китоб ба чоп пешниҳод намояд;
- дастнависи маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро танҳо пас аз гирифтани тавсиянома ва иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба чоп омода созад.
2. Корхонаи полиграфӣ уҳдадор аст:
- фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
- маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ чоп намояд;
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
- маҳсулоти чопиро ҳатман бо розигии ношир, фармоишгари маҳсулоти чопӣ ҳамчунин бо рамзи (грифи) ношир ва маълумотномаи маҳсулоти чопӣ чоп намояд;
- бо тавсия ва ё иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро чоп намояд;
- бо иҷозати муаллиф (мураттиб) ва ношир, нусхаи аслии маводи нашриро пурра ё қисман чоп ё нусхабардорӣ намояд;
- нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопиро ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, ки номгўйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, саривақт ва ройгон дастрас намояд.
3. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ уҳдадор аст, ки маҳсулоти чопиеро, ки дар он муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя нашудаанд, бе рамзи (грифи) ношир, маълумотномаи маҳсулоти чопӣ ба чоп расидаанд, инчунин бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба фурўш набарорад.
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ НАШРИЯВӢ,
КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӢ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӢ
Моддаи 18. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
1. Ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.
Моддаи 19. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ
Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ аз ҷониби ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 21. Ҷавобгарӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкурбо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи табъу нашр» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 1, мод. 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1999, № 12, мод. 329; с. 2002, №11, мод.726; с. 2004, №5, мод. 338; с. 2005, №12, мод.656) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
23 июли соли 2016, №1327
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 616)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳоро муайян намуда, ба танзими муносибатҳо вобаста ба фаъолияти мазкур равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба тоза намудан аз минаҳо, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, таблиғоти манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии захираҳои онҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари минаҳо ба ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зист, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва ҷалби кумаки ташкилотҳои башардўстона амалӣ карда мешаванд;
- тоза намудан аз минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба бартараф намудани хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, аз ҷумла робита бо ҷомеа, тадқиқоти техникӣ ва ғайритехникӣ, аломатгузорӣ, безараргардонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ баъд аз тоза намудан ва супоридани ҳудуди тозашуда;
-мина – лавозимоти ҷангие, ки бо мақсади расонидани зарар ба инсон ва техника пешбинӣ гардида, дар зери замин ё болои он гузошта мешавад;
- минаи зиддипиёдагард – минаҳое, ки барои расонидани зарар ба инсон пешбинӣ гардидаанд;
- лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ – лавозимоти таркандаи ҷангие, ки мавриди истифода қарор дода шудаанд, аммо бо сабабҳои гуногуни техникӣ ё дигар сабабҳо натаркидаанд;
- ҳудуди хатарнок – қитъае, ки бинобар мавҷуд будани минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ё эҳтимолияти мавҷуд будани онҳо хатарнок мебошад;
- сапёр – шахси воқеии аз ҷиҳати касбӣ омодагардида, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғул аст;
- стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо – меъёрҳое, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, беҳсозии сифат ва самараи фаъолияти зидди минаҳо бо роҳи таъмини идоракунӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳо, муайян намудани талабот ва шартҳои техникӣ таҳия гардидаанд;
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо –қоидаҳое, ки тавассути онҳо субъектҳо барои тоза намудан аз минаҳо салоҳиятдор мебошанд;
- кафолати сифат – раванди умумии арзёбии тоза намудани майдонҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо;
- кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида – кумаке, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетӣ ба зарардидагон ва аъзои оилаи онҳо бо мақсади барқарор намудани саломатӣ, фарогирӣ бо лоиҳаҳои даромаднок, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- инсондўстӣ ва шафқат;
- таъмини бехатарӣ;
- дастрасии иттилоот;
- риояи ҳатмии талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ
БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо мансубанд:
- таҳия намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- тасдиқи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- муайян намудани мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо (минбаъд – мақоми ваколатдор) дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо ва созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таҳияи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таҳия ва тасдиқи тартибу қоидаҳо ва дастурҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- додани шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- тасдиқи нақшаву барномаҳои омўзишии субъектҳое, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғуланд ва назорати иҷрои онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:
- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- таъмини фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо захираҳои инсонӣ, восита ва таҷҳизоти барои омўзиш зарур;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид бамасъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:
- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО
Моддаи 8. Аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо
1. Барои гузаронидани фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо субъектҳои зерин аккредитатсия карда мешаванд:
- шахсони ҳуқуқӣ;
- ташкилотҳои байналмилалие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расондаанд.
2. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба муҳлати се сол дода мешавад.
3. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи стандартҳо дар рафти фаъолият аккредитатсияи субъектҳои мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор карда мешавад.
Моддаи 9. Сапёрон
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, омўзиш аз рўи барномаи омодасозии сапёрон ва аттестатсия тибқи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба тоза намудан аз минаҳо роҳ дода мешаванд.
2. Кормандони мақоми ваколатдор, аз ҷумла кормандони оперативӣ, нозирони кафолат ва назорати сифат, ки ба идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати тоза намудан аз минаҳо ҷалб гардидаанд, сапёр шуда метавонанд.
3. Ҳаёт ва саломатии сапёрон аз ҷониби субъектҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур номбар шудаанд, бояд суғурта карда шаванд.
4. Субъектҳои аккредитатсияшуда уҳдадоранд сапёронро бо либоси расмӣ ва таҷҳизот мувофиқи стандартҳо таъмин намоянд.
5. Реҷаи кори сапёрон бо назардошти шароити маҳал аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.
6. Ҳифзи иҷтимоии сапёрон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Моддаи 10. Тоза намудани ҳудудҳои хатарнок аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ
1. Ҳудудҳои хатарнок бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян гардида, зери назорат гирифта шаванд.
2. Субъектҳои аккредитатсияшуда бояд ҳудудҳои хатарнокро то сатҳи муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза намоянд.
Моддаи 11. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ
1. Ҳудудҳои хатарнок бо тавора ва аломатҳои огоҳкунанда нишонагузорӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадӣ барои таъмини нигоҳдории аломатҳои огоҳкунандаи хатар дар маҳалҳо ва минтақаҳои сарҳадӣ мусоидат менамоянд.
3. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян ва дар мувофиқа бо мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегарданд.
4. Мақоми ваколатдор бо мақсади омодасозӣ бо волонтёрон, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ҷалб мегарданд, курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос мегузаронад.
Моддаи 12. Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида
Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия гардида, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Супоридани ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашуда
1. Субъектҳои аккредитатсияшуда ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашударо ба мақоми ваколатдор тибқи санади дахлдор месупоранд. Мақоми ваколатдор пас аз назорат ва кафолати сифат ҳудуди тозашударо мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ месупорад.
2. Агар ҳудуди тозашуда дар минтақаи назорати сарҳадӣ ҷойгир шуда бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳудуди тозашуда ба мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ супорида мешавад.
Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ
1. Мақоми ваколатдор бо тартиби муқарраргардида бо мақсади мубодилаи таҷриба, иттилоот, таҷҳизот ва дастовардҳои илмию техникӣ, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад.
2. Мақоми ваколатдор ва субъектҳои аккредитатсияшуда дар тоза намудан аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар кишварҳои эҳтиёҷманд бо тартиби муқарраргардида иштирок карда метавонанд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳо дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ
Мақоми ваколатдор татбиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои чорабиниҳо дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ҳисобот пешниҳод менамояд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амалқарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
23 июли соли 2016, №1338
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 19)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонидани кумакҳои пулӣ ё моддӣ;
- меъёри эҳтиёҷот - аз ҳадди ниҳоии муқарраршуда паст будани индекси сатҳи некуаҳволии шаҳрванд (оила);
- шаҳрвандон (оилаҳо) -и камбизоат - шаҳрвандон (оилаҳо) - е, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд;
- вазъияти душвори зиндагӣ - ҳолате, ки вазъи зиндагии муқаррарии шаҳрванд (оила)-ро халалдор намуда, ҳалли мушкилоти онро душвор гардонидааст;
- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - махзани маълумоти автоматонидашуда дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби воҳиди сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешавад, дорои иттилоот дар бораи аризаҳо, таъйини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва маълумоти дигар дар бораи кумакҳои иҷтимоӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ иборат аст аз:
- мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад;
- муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад;
- таҳкими дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;
- истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ инҳоянд:
- дастрасии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- ба эътибор гирифтани муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;
- давра ба давра баровардани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат аз сатҳи камбизоатӣ;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида бо роҳи тақсимоти онҳо ба манфиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат.
Моддаи 5. Маблағгузории кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Маблағгузории хароҷот оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 6. Ҳуқуқ ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
2. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:
- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;
- шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;
- шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.
БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ РАСОНИДАНИ КУМАКҲОИ
УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои
унвонии иҷтимоӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ:
- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян менамояд;
- тартиби баррасии муроҷиатҳо, андоза, таъйин ва расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро муайян менамояд;
- меъёри эҳтиёҷот ва тартиби муайян намудани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, инчунин рӯйхати шахсонеро, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, муқаррар мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул ва тасдиқ менамояд;
- дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои
унвонии иҷтимоӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ татбиқ менамояд;
- шакл ва намудҳои ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муқаррар мекунад;
- қарорҳои дахлдорро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул мекунад;
- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоиро пеш мебарад;
- дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти
худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти расонидани кумакҳои
унвонии иҷтимоӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамоянд.
БОБИ 3. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ва шаклҳои
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 10. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.
2. Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 11. Шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои зерин расонида мешаванд:
- кумаки пулӣ;
- кумаки моддӣ.
2. Кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешавад.
3. Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъйин карда мешавад.
4. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ расонида мешавад.
5. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд кумакҳои моддии дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинигардидаро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонанд.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ТАЪЙИН ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 12. Таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешаванд.
Моддаи 13. Индикаторҳое, ки ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон
(оилаҳо)-и камбизоат ба ҳисоб гирифта мешаванд
1. Барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат индикаторҳои асосии зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:
- ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;
- даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- моликияти шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- ҳолати манзили истиқоматӣ;
- қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;
- шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.
2. Индикаторҳои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир ёфта метавонанд.
Моддаи 14. Давраҳои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Кумаки пулӣ аз рӯзи муроҷиат барои гирифтани кумаки мазкур таъйин карда мешавад, агар дар муддати як моҳ ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида бошанд.
2. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ метавонанд дар тамоми давраи ҷорӣ гардидани низоми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъйин карда шаванд.
Моддаи 15. Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ
Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:
- тағйир ёфтани даромади оила;
- тағйир ёфтани ҳайати оила;
- зиёдшавии меъёри эҳтиёҷот;
- дигар ҳолатҳое, ки барои азнавҳисобкунии андозаи кумак асос шуда метавонанд.
Моддаи 16. Асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешаванд:
- аз ҷониби шаҳрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;
- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниҳодшуда дар бораи даромадҳо, молу мулк, ҳайати оила ва маълумотҳои дигаре, ки барои пешниҳод намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ зарур мебошанд;
- вафоти шахси танҳои гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;
- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати
қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:
- ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ талаб намоянд;
- бо аризадиҳанда суҳбату вохӯриҳо гузаронанд;
- барои муайян кардани ҳайат ва дараҷаи эҳтиёҷоти оилавӣ бо роҳи пурсиши аризадиҳанда, хешовандон, дигар аъзои оила, ки якҷоя зиндагонӣ мекунанд ва ҳамсояҳо таҳқиқот гузаронанд;
- иттилоот ва маълумотномаҳои заруриро аз мақомоти дахлдор талаб намоянд;
- дурустӣ ва асоснокии маълумотнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, санҷанд.
2. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо уҳдадоранд:
- дурустии ба расмият даровардани ариза, мутобиқати мундариҷаи маълумоти он бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ санҷанд;
- аризадиҳандаро дар бораи оқибатҳои пинҳонкунии пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ, ки ҳуқуқ ба пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва (ё) андозаи он аз онҳо вобаста аст, инчунин мақоми таъйинкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар бораи тағйироти ҳайати оила ва маҳалли бақайдгирӣ огоҳ намоянд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ ҷавоб ирсол намояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои
унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд
1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ маслиҳати ройгон гиранд.
2. Гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ уҳдадоранд:
- мақоми ваколатдори давлатиро дар бораи тағйироте, ки барои тағйирёбӣ, идомадиҳӣ ва қатъи пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба онҳо (оилаи онҳо) асос шуда метавонанд (маълумот дар бораи ҳайати оила, бекор кардани маъюбӣ, даромадҳо, дигар маълумоте, ки ба андозаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсир мерасонанд), дар муддати ду ҳафта пас аз санаи тағйироти мазкур хабардор намоянд;
- ҷиҳати мустақилона бартараф намудани вазъи душвори зиндагӣ имкониятҳоро истифода баранд.
БОБИ 5. ФЕҲРИСТИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 19. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
1. Бо мақсади баҳисобгирӣ, назорат оид ба дуруст ва сари вақт ба шаҳрвандон (оилаҳо) пешниҳод кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсис дода мешавад.
2. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» ташаккул ва истифода бурда мешавад.
3. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз иттилооти инфиродии аз аризадиҳандагон ва гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин аз маълумот ва махзани маълумоти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ гирифташуда ташаккул дода мешавад.
4. Таркиби иттилооти инфиродӣ дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо) дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби пешбурди феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, муҳлат ва шакли ба он пешниҳод намудани маълумот ва истифода бурдани иттилоот дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нигоҳдошташуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
24 феврали соли 2017
№1396