You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1650 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020 Маҷлиси Олии ҶТ 26.11.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1648 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ Маҷлиси Олии ҶТ 25.10.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни ҶТ 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word Package icon ZIP PDF icon PDF

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НОМҲОИ ОБЪЕКТҲОИ ҶУҒРОФӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
185
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Шанбе, 29 Апрел, 2006

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НОМҲОИ ОБЪЕКТҲОИ ҶУҒРОФӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №4, мод. 198, ҚҶТ аз 19.03.2013с. №945)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2006, № 287 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 3, моддаи 177) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми апрели соли 2006, № 205 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 4, моддаи 213) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин муқаррарсозӣ, танзим, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, ҳифз ва нигоҳдории номҳои объектҳои ҷуғрофиро ҳамчун қисми таркибии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

-объектҳои ҷуғрофии устувори мавҷудаи замин – кўҳҳо, қаторкўҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар объектҳо; фурудгоҳҳо ва объектҳои амсоли онҳо;

-номгузории объектҳои ҷуғрофӣ – номҳои ба объектҳои ҷуғрофӣ додашаванда, ки барои аз якдигар фарқ кардану шинохтани онҳо хизмат мекунанд;

-муқаррар намудани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ – муайян намудани номҳои объектҳои ҷуғрофии мавҷуда, номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ;

-танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ – интихоби номҳои бештар истифодашавандаи объектҳои ҷуғрофӣ ва муайян намудани тарзи навишти номҳои объектҳои мазкур ба забони давлатӣ ва ба он забоне, ки истифода мегарданд;

-Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ - рўйхат ё номгўй, ба қайд ва ба ҳисоб гирифтану нигоҳ доштани номҳои мавҷуда ва номҳои ба обьектҳои ҷуғрофӣ гузошташаванда.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ инҳо дохил мешаванд:

-муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;

-номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-муайян намудани талабот, меъёр ва қоидаҳои ягона оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин тартиб додан ва ҷорӣ намудани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;

-таҳия ва қабули барномаи давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;

-муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ва салоҳияти он;

-муайян намудани тартиби маблағгузории фаъолият оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;

-ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ.

 

Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти ваколатдор оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Салоҳияти мақомоти ваколатдор оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ аз инҳо иборат аст:

-тартиби ошкор намудани номҳои объектҳои ҷуғрофии мавҷударо муқаррар месозад;

-талабот, меъёр ва қоидаҳои ягонаро оид ба номҳои объектҳои ҷуғофӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

-пешниҳодҳоро оид ба номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебарояд;

-номҳои объектҳои ҷуғрофиро ба қайд ва ба ҳисоб мегирад;

-корҳоро оид ба тартиб додани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ва амалӣ намудани он ба анҷом мерасонад;

-фаъолиятро оид ба номгузори ва номивазкуни объектҳои ҷуғрофӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои онҳо амалӣ мегардонад.(ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)

Дигар салоҳияти мақомоти ваколатдорро оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 5. Муқаррар намудани номҳои мавҷудаи объектҳои ҷуғрофӣ

Номҳои мавҷудаи объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқи маълумоти нашрияҳои расмии харитасозӣ ва иттилоотӣ, дигар сарчашмаҳо, инчунин тавассути пурсиши олимон, мутахассисон, кишваршиносон ва аҳолии минтақаҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Танзим ва истифодаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқи қоида ва анъанаҳои истифодаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Номҳои танзимгардидаи объектҳои ҷуғрофӣ дар маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.

Номҳои объектҳои ҷуғрофии дар ҳуҷҷатҳо, нашрияҳои харитасозӣ ва дигар нашрияҳои ба забони хориҷӣ тартибёфта, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он истифода мегарданд, бо алифбои лотинӣ навишта мешаванд.

Тартиби дигари танзими номҳои объектҳои ҷуғрофиро Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ муайян менамоянд.

Номҳои танзимгардидаи объектҳои ҷуғрофӣ дар ҳуҷҷатҳо, нашрияҳои харитасозӣ ва дигар нашрияҳо ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд.

Навиштани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ бо тартиби муқарраршуда дар асоси номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, ки ба танзим дароварда шудаанд, ба забони давлатӣ амалӣ мегардад. Номҳои объектҳои ҷуғофӣ дар аломатҳои роҳ ва дигар аломатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Ҳангоми зарурат номҳои объектҳои ҷуғрофӣ бо дарназардошти манфиатҳои аҳолии минтақаҳои дахлдор ба дигар забонҳо навишта шуда, метавонанд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ низ такрор ёбанд.

 

Моддаи 7. Тартиби номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ

Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ метавонанд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ амалӣ гарданд.

Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ирсол мегарданд.

Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ аз ҳуҷҷатҳои асосноки замимагардида, ҳисоби хароҷот оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ иборат буда, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ тартиб дода мешаванд.

Номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос намуда, чун қоида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи муқаррарӣ ба низоми амалкунандаи номҳои  объектҳои ҷуғрофӣ дохил шавад.

Ба объектҳои ҷуғрофӣ номи шахсоне дода мешаванд, ки бевосита дар кашф, омўзиш, азхудкунӣ ё бунёди объектҳои ҷуғрофӣ иштирок намудаанд. Номи ходимони барҷастаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва давлатӣ, арбобони илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ба объектҳои ҷуғрофие, ки ном надоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар доираи як воҳиди марзиву маъмурӣ манъ аст.

Номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ фақат дар ҳолатҳои зерин мумкин аст, агар:

-номи объекти ҷуғрофӣ бо аббревиатура (навишти мухтасари номи объекти чуғрофӣ), рақам ё ибора ишора шуда, вазифаи номҳои ҷуғрофиро иҷро намояд, аммо номи аслии объекти ҷуғрофӣ набошад;

-ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон номи якхела дошта бошанд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)

Номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ҳамчунин бо мақсади баргардонидани номи баъзе объектҳои ҷуғрофӣ, ки ба таври васеъ дар гузашта ва имрўза маълуму машҳуранд, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 8. Бақайдгирӣ ва бахисобгирии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Номҳои мавҷуда ва номҳои ба объектҳои ҷуғрофӣ гузошташаванда бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд.

Бо мақсади таъмини истифодаи ягона ва доимии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нигоҳ доштани номҳои зикршуда Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ тартиб дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ таҳия ва нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин харита ва атласҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.

Матни маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ пеш аз нашри онҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқа карда мешавад.

Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба тартиб додан ва амалӣ намудани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, тартиби истифодаи онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ муқаррар менамояд.

Номгузори ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалаҳои аҳолинишин бо тартиби муқарарнамудаи Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)

 

Моддаи 9. Маблағгузории корҳо оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ 

Маблағгузории корҳо оид ба муқаррарсозӣ ва танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, таҳия ва нашри маълумотнома ва луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ба забонҳои дигар аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, ки барои фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ бо ҳамин мақсад ҷудо карда мешавад, амалӣ мегардад.

Маблағгузории корҳо оид ба номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, ворид намудани тағйирот ва нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба забонҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти давлатии дахлдор амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 10. Ҳифз намудани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ

Номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ҳамчун қисми таркибии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд. Худсарона иваз намудан ва истифодаи ғалати номҳои объектҳои ҷуғрофӣ манъ аст.

 

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 12. Тартиби мавриди амал карор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э.Раҳмонов

 

          ш. Душанбе  29 апрели соли 2006

         № 185

                                                               _______________________________

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
178
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 3 Март, 2006

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №3, мод. 168; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1015; (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1429)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2006, № 251 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 71) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 194 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 56) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсадҳои  Қонуни мазкур

Мақсадҳои  Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- танзими ҳуқуқии таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, рушди минбаъдаи онҳо ба манфиати ҷомеа;

- муайян намудани низоми ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун намуди хоси молу мулки ғайриманқул ва сарвати умумимиллӣ;

- муқаррар намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- ҳимояи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муайян намудани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муҳайё кардани шароити мусоид барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян намудани ҷавобгарӣ барои амал ё беамалие, ки дар натиҷаи он ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ зарари мустақим ё ғайримустақим расонида мешавад .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - объектҳо ё ашёи таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, ки аҳамияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии умумибашарӣ, умумидавлатӣ ё маҳаллӣ доранд;

- ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - низоми чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва ғайраи аз тарафи давлат амалишаванда, ки барои дарёфт, баҳисобгирӣ, омӯзиш, пешгирии вайроншавӣ ва нобудшавӣ, назорати нигаҳдорӣ, истифода ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидаанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- экспертизаи таърихию фарҳангӣ - тадбирҳои ташкилӣ, илмӣ ва техникӣ барои муайянкунӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - номгӯи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки барои таҳияи махзани маълумот ё низомҳои иттилоотӣ дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи онҳо манбаи асосии иттилоот ба ҳисоб меравад; 

- минтақаҳои ҳифзи объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ - ҳудуди тибқи қонунгузорӣ муайяншудае, ки дар онҳо объектҳои мазкур ҷойгиранд ё корҳо оид ба дарёфт ва муайянкунӣ ҷараён доранд;

- барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омода намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои истифода, аз ҷумла омӯзиш, ҳифз, консерватсия ва таъмири онҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 3. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ объектҳои манқул ва ғайриманқул, осори рассомӣ, муҷассамасозӣ, санъати амалии ороишии ба онҳо марбут, инчунин дигар ашёи фарҳанги моддӣ, ки аз назари таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъат, эстетика арзиши муайян доранд, дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 4. Навъҳои объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ шомили ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул мебошанд.

Ёдгориҳои манқул иборатанд аз:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- объектҳои алоҳида - бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи қадимӣ, унсурҳои ба ҷузъҳо тақсимшавандаи ёдгориҳои ғайриманқул, маводи антропологӣ ва этнологӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеии (мусаввараҳо, қаламкориҳо, санъати амалӣ, синамо ва суратҳо) маҳфуз дар осорхонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фондҳо, китобхонаҳо, ганҷинаҳо, коллексияҳо, асноди шомили фонди миллии бойгонӣ - дастнависҳо, чопи мошинӣ, осори қаламӣ, асноди филмбардорӣ ва аккосишуда, осори тасвирию савтӣ, нашрияҳои нодир, ҳамчунин забонҳо ва номҳои ҷуғрофии  таърихӣ;

- объектҳои маҷмаавӣ - маҷмааҳои  таърихан ташаккулёфта, фондҳо ва коллексияҳои объектҳои алоҳидаи мазкур ба сифати таркиби ягонаи кул,  ҳамчунин маҷмааҳо, фондҳо ва коллексияҳои дорои арзишҳои илмию  табиатшиносӣ, ки  дар маҷмўъ арзиши  таърихӣ доранд.

Ёдгориҳои ғайриманқул иборатанд аз:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- ёдгориҳои таърихӣ - биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, дахмаҳои таърихӣ, муҷассамаҳо ва ёдгориҳое, ки ба муҳимтарин рўйдодҳои таърихи ҳаёти халқ, рушди ҷомеа, давлат ва зисту рўзгори халқҳо,  ҳамчунин ба ҳаёту фаъолияти  ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг алоқаманданд;

- ёдгориҳои бостоншиносӣ - ғорҳо, бошишгоҳҳо, димнаҳо, теппаҳо, бозмондаҳои ҷойгоҳҳои бостонӣ, истеҳкомҳо, иншооти мудофиавӣ, конҳои қадимӣ, корезҳо ва шабакаҳои обёрӣ, роҳҳо ва пулҳо, қўрғонҳо ва  дахмаҳои ҷудогона,  тасвирҳои рўи  санг ва катибаҳо:

- ёдгориҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ - ансамблҳо ва маҷмааҳои меъморӣ, марказҳои таърихӣ, маҳаллаҳо, майдонҳо, кўчаҳо, осори тарҳу сохтмонҳои қадимӣ, шаҳрҳо ва дигар маҳалоти маскунӣ, иншооти меъмории мулкӣ, низомӣ, саноатӣ, парастишгоҳҳо, ҳунарҳои меъмории халқӣ, ҳамчунин осори тасвирӣ, ороишию амалӣ, гулбоғҳо ва дигар навъҳои ба онҳо алоқаманди санъат ва ҳунарро дар бар мегиранд;       

- манзараҳо - офаридаҳои муштараки инсон ва табиат, ҳамчунин мавзеъҳо, аз ҷумла макони бостоние, ки аз нигоҳи таърихӣ, эстетикӣ, этнологӣ ва антропологӣ арзиш ва аҳамияти бузург доранд.

 

Моддаи 5. Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дорои чунин дараҷаҳо мебошанд:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти умумидавлатӣ, ки дорои арзиши баланди таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд, аз он ҷумла объектҳои бостоншиносӣ;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди маҳал (шаҳр, ноҳия) дорои арзиши муайяни таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти байналмилалӣ, ки ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ дохил шудаанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 51. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қитъаи замине ҳисобида мешавад, ки аз ҷиҳати функсионалӣ, банақшагирии меъморӣ, сохтори хатҳои муҳандисӣ ва марзҳои қаблан муқарраршуда ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбут аст. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қисми таркибии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ буда, қитъаи замини он тақсимнашаванда мебошад.

Тарҳи ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти санадҳои таърихию ҳуқуқӣ (лоиҳаҳои меъморӣ, тасвирҳо, ҳуҷҷатҳои расман тасдиқшудае, ки ба истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳуқуқ медиҳанд) муайян карда мешавад.

Дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ сохтмони объектҳои нав, ба истиснои объектҳое, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, манъ аст. Сохтмони объектҳои наве, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморию сохтмон анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Эътирофи объектҳо, ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ, бо ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки  нашрашон ҳатмӣ мебошад, муайян карда мешавад.

Номгўи объектҳои манқули мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти хусусӣ мебошанд, бо ризоияти молики онҳо нашр мешавад.

Ҳама гуна ёдгориҳои бостоншиносӣ, ки дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ва илмӣ мебошанд, дар мақоми ёдгориҳои таъриху фарҳанг қарор  мегиранд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба таври ҳатмӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд, дорои низоми махсуси ҳуқуқи истифода, тағйири ҳуқуқи моликият ба онҳо ва маҳрум намудан аз вазъи ҳуқуқӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  2. Идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи

объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 7. Мақомоти идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

 

Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардонад;

- тартиби маблағгузорӣ, сабт, кашф, таҳқиқ, ҳифзу нигаҳдорӣ, тармиму таҷдид, тарғиб ва ба осорхонаҳо табдил додани объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва байналмилалиро муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- барномаҳои ҳифзу нигаҳдорӣ, таҳқиқ, тарғиб ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангиро тасдиқ мекунад;

- тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро муайян менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

-  низоми истифодаи ҳудуд ва мавзеъҳои муҳофизати объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла объектҳои ба номгўи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шомилро тасдиқ мекунад;

- тартиби ташкил ва низоми нигаҳдории мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳо-мамнўъгоҳҳо ва макони таърихиро муайян менамояд;

- тартиби анҷоми экспертизаи таърихию фарҳангии объектҳои мероси фарҳангиро муқаррар менамояд;

- дигар салоҳиятро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардонад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

 

 

Моддаи 9. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ:

- назорати давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони  воқеӣ  ва ҳуқуқӣ  таъмин менамояд;

- дар мувофиқа бо дигар шахсони манфиатдоре, ки объектҳои мероси таърихию фарҳангиро дар ихтиёр доранд, ҳифз ва истифодаи онҳоро ба роҳ мемонад;

- вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии  дахлдорро барои ҳифз, тармим ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷалб менамояд;

- барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  низоми қонунгузориро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ вайрон кардаанд,  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора меандешад;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байниҳукуматиро ба имзо мерасонад ва ба созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи  ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамроҳ мешавад;

- барномаҳои давлатиро таҳия ва дар ташаккулу татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ иштирок менамояд;

- дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони мақомоти маҳаллиро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- экспертизаи таърихию фарҳангии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро ташкил ва дар амал татбиқ мекунад;

- ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон, муҳайё намудани шароит барои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мунтазам чораҳо меандешад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангиро кашф ва сабт намуда, ҳифз, тармим  ва истифодаи онҳоро таъмин мекунад;

- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъмин менамояд;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар баргузории корҳои тадорукотӣ оид ба ҳифз, нигаҳдорӣ, тарғиб ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷалб менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мегардонад.

Мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот барои нигоҳдорӣ, истифодаи мақсадноку босамар, пешгирӣ намудан аз вайроншавӣ ва нобудшавӣ, тарғиботи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа чораҳо меандешанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Боби 3. Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 11. Таъмини ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз маҷмўи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад, иборат аст.

Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

- сабти давлатии объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ва танзими Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- анҷом додани  экспертизаи таърихию фарҳангӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои минтақаҳои ҳифзшавандаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- иҷозатномадиҳӣ  барои фаъолияти барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»;

- иҷозат додан барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ дар объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- гузоштани нишонаҳои ҳифозатӣ;

- анҷом додани мониторинги ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ.

 

Моддаи 12. Феҳристи  давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ маълумоти аввалияро дар бораи ном, макон, сана, дараҷаи таҳқиқ, ҳолат, ҳаҷм, шакли моликияти объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ  дар бар мегирад.

Барои объектҳои манқули мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчунин дар  назар гирифтани навъ, мавод, усули истеҳсол ва хусусиятҳои услуби истеҳсолкунанда  зарур аст.

 

Моддаи 13. Ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ворид карда мешаванд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангии манқул, ки дар осорхонаҳо, хазинаҳо ва дигар ҷойҳои махсуси нигаҳдошти давлатӣ қарор доранд, тибқи феҳристи тартибдодаи ин муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда мешаванд.

Объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ аз лаҳзаи додани хулосаи  экспертизаи таърихию фарҳангӣ дар бораи зарурати ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои кашфшудаи мероси таърихию фарҳангӣ ҳисобида мешаванд.

Ёдгориҳои бостоншиносӣ аз замони кашфашон ба объектҳои кашфшудаи мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда мешаванд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки молики объекти мероси таърихию фарҳангиро дар давоми даҳ рўзи пас аз қабули қарор дар бораи ворид намудани объекти зикршуда ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 14. Шиносномаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ

Ба объекти мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшуда шиноснома дода мешавад, ки дар он  акс ва маълумоти асосӣ дар бораи ҳифзи объекти мазкур сабт карда мешавад. Барои соҳибмулкони хусусӣ ба шиноснома ҳамчунин ўҳдадориҳои муҳофизатӣ замима мегардад.

 

Моддаи 15. Хориҷ намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ ҳангоме хориҷ карда мешавад, ки агар объект воқеан пурра нобуд гардида ва ё арзиши он ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз байн рафта бошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Қарор дар бораи хориҷ кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар воситаҳои  ахбори омма нашр мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшударо назорат кунанд ва дар панҷ сол як маротиба бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдории объектҳои мазкур ҳолати онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 17. Ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгўи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ

Расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарурӣ вобаста ба ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор омода карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 18. Экспертизаи таърихию фарҳангӣ

Экспертизаи таърихию фарҳангӣ бо мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:

- муайян намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзиши он;

- овардани далелу асосҳо барои ворид кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба  Феҳристи  давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян  намудани дараҷаи объекти  мероси  таърихию  фарҳангӣ;

- овардани далелу асосҳо барои тағйир додани дараҷаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ;

- овардани далелу асосҳо барои хориҷ кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян намудани мутобиқати лоиҳаҳои мавзеъҳои муҳофизати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ва лоиҳакашӣ, ҳамчунин корҳои заминсозӣ, сохтмонӣ, обёрӣ, хоҷагӣ ва корҳои дигари вобаста ба ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

"- пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои дохил намудан ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 19. Мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ

Низоми ҳифз ва нигаҳдории объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои муҳофизатӣ, мавзеъҳои танзими бунёди сохтмонҳо, мавзеъҳои муҳофизати объектҳои табиӣ ё манзараҳои таърихӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Лоиҳаҳои мавзеъҳои муҳофизатӣ бо супориши мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегарданд. .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Ҳудудҳои мавзеъҳои муҳофизатӣ ва низоми нигаҳдории онҳоро, тибқи пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Анҷом додани ҳама гуна корҳои сохтмонӣ ва хоҷагӣ дар ҳудуди мавзеъҳои зикршуда манъ аст.

Мавзеъҳои муҳофизатӣ ба нақшаҳои асосӣ, лоиҳаҳои муфассали банақшагирӣ, обёрӣ, сохтмони роҳҳо, пулҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дохил карда мешаванд. 

Объекти ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ якҷо бо мавзеи ҳифзшаванда дар ҳолате дода мешавад, ки агар кафолати риояи низоми нигаҳдории он мавҷуд бошад.

Агар хатти ҳаракати нақлиёт аз мавзеъҳои муҳофизатӣ гузарад ва он барои ёдгориҳо хатарнок бошад, бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаракати нақлиёт дар ин мавзеъҳо маҳдуд ё манъ карда мешавад.

 

Боби 4. Маблағгузории ҳифзи  объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 20. Маблағгузории ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси  таърихию фарҳангӣ

Манбаҳои маблағгузории ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ маблағҳои буҷетӣ ва  ғайрибуҷетӣ мебошанд.

Маблағгузории  ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошанд, аз ҳисоби моликон ва истифодабарандагони онҳо сурат мегирад.

Маблағе, ки аз ҳисоби истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии давлатӣ, хизматрасонии онҳо, маблағгузориҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даст меояд, дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти мақомоти ваколатдори давлвтӣ пешбинӣ шуда, дар ҳисоби буҷети давлатӣ инъикос меёбад. .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 21. Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо

Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо чунинанд:  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- таҳқиқи муқаддимавии объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ оид ба ошкор ва ташхис намудани сифат ва хусусияти объектҳо;

- ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади нигаҳдории ҳолати кунунии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва пешгирии вайроншавии ҳолати он анҷом дода мешавад;

- таъмири объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ бо мақсади ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангии дар ҳолати истифода бо дарназардошти ҳифзи хусусиятҳои аслии он;

- тармими объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади ошкор ва ҳифзи арзиши эстетикӣ ва таърихии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва таъмини нигаҳдории он иҷро мешавад;

- таҷдиди объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи тадбирҳое, ки барои барқарор намудани умумият ва тарҳи гумшудаи сохт ва таркиби объектҳо, асосан объектҳои маҷмаавӣ, нигаронида шудаанд;

- бозсозии мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати техникӣ ва арзиши амалии  объектҳо, бо дарназардошти ворид кардани дигаргуниҳои ҷузъӣ дар сохти он, ки хусусияти объектро чандон тағйир намедиҳанд, ба амал бароварда мешавад;

- барои истифодаи кунунӣ мутобиқнамоии объекти мероси таърихию фарҳангӣ– маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити истифодаи кунунии объекти мероси таърихию фарҳангӣ, бидуни тағйир додани арзиш ва ҳифзи таърихию бадеии он, дар асоси тармими унсурҳои он, ки арзиши фарҳангию таърихиро моликанд, ба ҷо оварда мешавад.

Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси анҷоми корҳо дар ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар мувофиқа бо идораҳои дахлдор, меъёрҳои муваққатӣ ва арзиши ин корҳо муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)  

 

Моддаи 22. Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангӣ

Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, аз роҳи тармим вобаста ба арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ, шаҳрсозӣ ва дигар арзиши ҷамъиятии объекти мазкур сурат мегирад.

Қарори бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои ёдгориҳои ғайриманқул ҳатман дар ҷои пештараашон) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ, дар мувофиқа бо мақомот ва ташкилотҳои манфиатдор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 23. Таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносӣ

Корҳои таҳқиқотии (ҳафриёт ва ҷустуҷўи) ёдгории бостоншиносӣ танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар асоси пешниҳоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳолати соҳибӣ кардани ҳудудҳо (сохтмони манзилгоҳ ва объектҳои саноатӣ, сохтмони канал ва роҳҳо, зери об монондани ҳудуд ва ғ.) ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст ба мақомои ваколатдор давлатӣ барои таҳқиқи ҳудуди номбурда ҷиҳати ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ муроҷиат намояд.

Шахсоне, ки таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносиро анҷом медиҳанд,  вазифадоранд ҳифз ва нигаҳдошти аввалияи  онҳоро таъмин намоянд.

Баъди анҷоми корҳои таҳқиқотӣ (ҳафриёт ва ҷустуҷў), вале на дертар аз замони ба поён расидани мўҳлати иҷозат, шахсоне, ки таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносиро анҷом медиҳанд, вазифадоранд аз натиҷаи кори худ ба мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд ва тибқи муқаррарот ашёи дар натиҷаи ҳафриёт ва ҷустуҷў ёфтшударо, ки дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ё арзиши дигар мебошад, баъди бақайдгирӣ барои истифодаи минбаъда дар осорхонаҳои давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  5. Ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи моликият ба объектҳои  мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ метавонанд моликияти  давлатӣ ва хусусӣ бошанд.

Хусусӣ кардани объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, манъ аст.

Шахсе, ки ашёи пурқиматро пайдо кардааст, ӯҳдадор аст онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорад. Подош барои бозёфт ва нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба мақсади низомӣ манъ аст.

 

Моддаи 25. Ӯҳдадориҳои молик

Моликони объектҳои таърихию фарҳангӣ ўҳдадоранд аз мақомои ваколатдори давлатӣ шиносномаҳои муқарраршударо роҷеъ ба ҳифзи ёдгориҳо дарёфт намоянд.

Дар санади муҳофизатии шиноснома  чунин ўҳдадориҳои молик ҳатман бояд зикр гардад:

- таъмини ҳифзи пурраи ёдгориҳо;

- тармими ёдгориҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ: ёдгориҳои манқул - дар ҷойи зисти молик, ёдгориҳои ғайриманқул - дар макони ҷойгиршавии онҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- сари вақт огоҳонидани мақомоти ваколатдори  давлатӣ:

- эҳтимоли ворид гардидани тағйирот дар ҳуқуқи молик, аз ҷумла дар шароити нигаҳдорӣ ва истифодаи ёдгориҳо;

- анҷом додани корҳо дар бозсозии ёдгориҳо.

 

Моддаи 26. Маҳдудияти ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси  таърихию фарҳангӣ

Шарти истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ метавонад аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳамон андозае маҳдуд карда шавад, ки он барои таъмини ҳифз, нигаҳдорӣ, тарғиб ва истифодаи объекти мазкур, муҳити табиӣ, риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва ҳамчунин давлат зарур бошад.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Ҳуқуқи истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти хусусӣ мебошанд, дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ ва бо қарори суд маҳдуд  карда мешавад.

Дар сурати бартараф намудани вазъият ё шароите, ки сабаби маҳдудияти истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ гардидааст, ҳуқуқи пурраи истифодаи объекти мазкур барқарор карда мешавад.

 

Моддаи 27. Қатъ гардидани ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад қатъ гардад.

 

Моддаи 28. Баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти  мероси таърихию фарҳангӣ

Тартиби баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти мероси таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби  6. Ҳудудҳои таърихию фарҳангии  махсус ҳифзшаванда

 

Моддаи 29. Ташкили ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда

Дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва дигар арзишҳо мебошанд ва ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, метавонанд ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда ташкил дода шаванд.

Ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда дар шакли мамнўъгоҳҳо, маконҳои таърихӣ ва дигар шаклҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ташкил карда мешаванд.

Тартиби ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 30. Мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ

Мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ҳудуд ва ё як қисми ҳудудест, ки дар он ёдгориҳо ва манзараҳо ҷойгир буда, дар он ҷо  реҷаи махсуси ҳифзи  объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо муҳити таърихии атроф ва тамомияти  ҳудуди мамнўъгоҳи таърихию фарҳангӣ муқаррар карда мешавад.

Дар мавриди таъсиси осорхонаҳо дар объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки ба мамнўъгоҳи таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои табиии ба он алоқаманд тааллуқ доранд, ҳамчунин ҳангоми зарурати  ташкил намудани  истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар навъи фаъолият дар ҳудуди мамнўъгоҳи мазкур, вай ба худ мақоми осорхона-мамнўъгоҳро мегирад.

 

Моддаи 31. Макони таърихӣ

Макони таърихӣ ҷоест, ки дар ҳудуди он объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои арзиши таърихӣ, эстетикӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бостоншиносӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ мавҷуд буда, дар ҳифзи арзишҳои суннатии мардум аҳамияти  муҳим ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муайян дорад.

Дар макони таърихӣ тамоми объектҳои  арзишманди шаҳрсозӣ  ҳифз карда мешаванд: тарҳрезӣ, иморатсозӣ, композитсия, манзараи табиӣ, қабати бостонӣ, таносуби байни фазоҳои гуногуни шаҳр (кушод, кабудизоршуда), сохтори ҳаҷму фазо, мероси ҷузъиёти харобаҳои шаҳрсозӣ, шакл ва намуди берунии биноҳову иншоот, андоза, хаҷм, сохтор, услуб, масолеҳ ва рангу унсурҳои ороишӣ.

Дар макони таърихӣ таносуби муҳити табиӣ бо муҳити офаридаи инсон, мақоми гуногуни макони таърихӣ, ки дар ҷараёни пешрафт ба даст омадаанд, ҳамчунин дигар унсурҳои арзишманд нигоҳдорӣ мешаванд.

 

Боби 7. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 32. Ҳаллу фасли баҳсҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Баҳсҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл  мешаванд.

 

Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 34. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи  ёдгориҳои таърих ва маданият»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 1978 «Дар бораи  муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1978, № 14, моддаи 138; соли 1984, № 3, қисми 1 моддаи 31) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э.Раҳмонов

 

 ш. Душанбе  3 марти соли 2006

№178

 

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
172
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 3 Март, 2006

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006, №3, мод. 162; соли 2008, №12,

қисми 2, мод.1008)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 207 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, моддаи 730) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 188 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 50) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ муқаррар менамояд ва баҳри фароҳам намудани шароит барои қонеъгардонии талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ нигаронида шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

   Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  -геодезия –илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот;

  -харитасозӣ – фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст;

  -фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ –фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-корҳои геодезӣ ва харитасозӣ – ҷараёни офариниши маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, ҳуҷҷат ва маълумотҳо;

  -фонди геодезӣ ва харитасозӣ –маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд;

  -маҳсулоти харитасозӣ –мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-маҳсулоти геодезӣ – натиҷаи ченакҳои геодезӣ, геодезияи астрономӣ, гравиметрӣ ва тарозасанҷӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-нуқтаҳои геодезӣ – нуқтаи сатҳи замин, ки мавқеи он дар системаи маълуми координатҳои нақшавӣ бо ченаки  геодезӣ муайян карда мешавад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-нуқтаҳои геодезияи астрономӣ– нуқтаи сатҳи замин, ки координатҳои он бо ченакҳои геодезӣ ва мушоҳидоти астрономӣ муайян карда мешавад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-нуқтаи гравиметрӣ – нуқтаи  ченаки  қувваи ҷозибаи Замин; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-шабакаи тарозавӣ – системаи нуқтаҳои сатҳи замин, ки баландии онҳо аз сатҳи баҳр бо тароза муайян шудааст;

-гравиметрия –  ченаки қувваи ҷозибаи Замин ва тағйирёбии маконии вай бо мақсади муайян намудани шакли Замин; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

 -топография- қисми геодезия, ки омӯзиши ҷуғрофӣ ва геометрии маҳал, инчунин усулҳои тасвири онро дар бар мегирад; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

-гидрография – тасвири дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва қитъаҳои ҷудогонаи онҳо бо тавсифи сифатӣ ва миқдорӣ;

-делимитатсия – муайяннамоии мавқеъ ва самти сарҳади давлатӣ бо тасвири ҷадвалӣ;

-демаркатсия – муқаррарнамоии хатти сарҳади давлатӣ дар маҳал;

-зонд – тадқиқоти қаблии боигариҳои табиӣ ба воситаи маводи наворҳои кайҳонӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз рӯи таъиноти корҳои иҷрошаванда амалҳои зеринро дар бар мегирад:

- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ, ки натиҷаҳои онҳо аҳамияти умумидавлатӣ, байнисоҳавӣ доранд;

- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ), ки зарурати гузаронидани онҳо аз рӯи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои алоҳида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.

2. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ дохил мешаванд:

- муайянсозии параметрҳои шакли Замин ва майдони берунаи гравитатсионӣ;

 -таҳия, навсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурӣ, мудофиавӣ, тадқиқоти илмӣ, таҳқиқот ва дигар масъалаҳои давлатӣ мусоидат мекунанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

- сохтан, тараққӣ додан ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои давлатии тарозавӣ ва геодезӣ, аз ҷумла шабакаҳои гравиметрии устувор ва дараҷаи якум, ки зичӣ ва дақиқии онҳо тартибдиҳии харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо, ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ, марзӣ, маъмурӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва дигарҳоро таъмин менамоянд;

- тадқиқи фосилавии замин бо зонд бо мақсади таъмини фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;

- тадқиқоти геодинамикӣ дар асоси ченкуниҳои геодезӣ ва кайҳонӣ;

- ташкил кардан ва пешбурди фондҳои давлатӣ ва минтақавии харитасозию геодезӣ;

- ташкил кардан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти давлатӣ ва минтақавӣ;

- тарҳрезӣ, тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои умумиҷуғрофӣ, сиёсию маъмурӣ, илмию маълумотӣ ва дигар харитаҳои мавзӯӣ ва атласҳои таъиноти байнисоҳавӣ, китобҳои таълимии харитасозӣ;

- гузаронидани корҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ бо мақсади таъминоти мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографии делимитатсия, демаркатсия ва тафтиши гузариши хатти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини метрологии корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ;

-стандартикунонии маҳсулоти топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин баҳисобгирӣ номгӯйҳои ҷуғрофӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

- тадқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи тадқиқи фосилавии Замин бо зонд;

- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструктории самтҳое, ки дар банди мазкур нишон дода шудаанд;

- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, биною иншоотҳо;

- ташкили истеҳсоли силсилавии техникаи геодезӣ ва харитасозӣ.

3. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) дохил мешаванд:

- тартиб додан ва таҷдид намудани нақшаҳои топографӣ, ки барои таҳияи нақшаҳои генералии, қитъаҳои сохтмони иншоотҳои мухталиф, шабакаҳои зеризаминӣ ва иншоотҳо, васли бино ва иморатҳо ба қитъаҳои сохтмон, инчунин барои иҷрои корҳои дигари махсус нигаронида шудаанд;

- тартиб додан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти махсус;

- сохтани харитаҳои мавзӯӣ, нақша ва атласҳои таъиноти махсус дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, нашри ин харита, нақша ва атласҳо; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

- корҳои геодезӣ, топографӣ, аэроаксбардорӣ ва дигар корҳои махсус ҳангоми кофтуковҳои муҳандисӣ, сохтмон ва истифодаи бино ва иншоотҳо, ҳадгузории заминҳо, заминсозӣ ва ба тартиб андохтани кадастри замин, дигар кофтуков ва корҳои махсус.

 

Моддаи 4. Субъект ва объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ (минбаъд субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

2. Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, обҳои дохилӣ ва фазои кайҳонӣ, аз ҷумла ҷирмҳои табиии осмонӣ ба ҳисоб мераванд.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА АМАЛӣ НАМУДАНИ

ФАЪОЛИЯТИ  ГЕОДЕЗӣ ВА ХАРИТАСОЗӣ

 

Моддаи 5. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ салоҳият дорад, ки шартномаҳои байналмилалиро оид ба делимитатсия ва демаркатсия вобаста ба масъалаҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:

- таҳияи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба муайян намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо доир ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маблағгузории иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозии аҳамияти давлатӣ, инчунин корҳои геодезӣ ва харитасозии аҳамияти махсус (соҳавӣ) дошта; (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

- муқаррар намудани системаҳои ягонаи давлатии координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравиметрӣ, инчунин силсилаи миқёсии харитаҳо ва нақшаҳои давлатии топографӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ

Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:

- таъмин намудан бо маводҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ барои тайёр намудани шартномаҳои байналмилалӣ доир ба муайян сохтан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани корҳо ва тайёр намудани маълумотҳои геодезӣ ва ҳуҷҷатҳои харитасозӣ роҷеъ ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалисозии функсияҳои иҷроиявӣ, тақсимотӣ, иҷозатдиҳӣ ва назоратӣ;

- гузаронидани мониторинги иншоотҳои дорои аҳамияти давлатӣ;

- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, бино ва иншоотҳо;

- таҳқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи таҳқиқи фосилавии замин бо зонд;

- ба ҳисоб гирифтани нуқтаҳои давлатии геодезӣ ва таҳти назорат гирифтани амнияти онҳо;

- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо доир ба ошкоргардонии сирри маводҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;

- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои муқаррар сохтани системаҳои ягонаи давлатӣ, координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравометрӣ, инчунин силсилаи миқёсии нақша ва харитаҳои давлатии топографӣ;

- ҳалли баҳсҳо ҳангоми гузаронидани корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;

- таҳти назорат гирифтани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;

- таҳия ва бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ пешниҳод намудани андозаи ҷаримаҳо ҷиҳати қонуншиканиҳо дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.

 

Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ стандартикунонии маҳсулотро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, инчунин тартиби ташкили корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, талаботи техникӣ ба онҳо, меъёру қоидаҳои иҷрои онҳоро муқаррар намуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ тасдиқ мегардад.

2. Риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳатмӣ буда, баҳри стандартикунонӣ, танзими давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ муқаррар карда шуда ва барои гузаронидани санҷишҳо, амалӣ намудани назорати давлатии геодезӣ оид ба фаъолияти геодезию харитасозӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои баҳснок асос ба ҳисоб мераванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти метрологии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

Таъминоти ягонагии ченкуниҳои геодезӣ, амалисозии фаъолият оид ба озмоиши воситаҳои ченкунии геодезӣ, иштирок дар корҳои стандартикунонии воситаҳои мазкур, ташкил ва иҷрои корҳои сертификатсиякунонии ҳатмии маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ, муқаррар кардани назорати метрологӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд ва аз ҷониби он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартикунонӣ, метрология ва сертификатсия дар доираи салоҳияташ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 10. Маблағгузории фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои эҳтиёҷоти давлат зарурӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

2. Фармоишгари давлатии корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, вале фармоишгари корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.

3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои дигар талаботи зарурӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фармоишгари маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.

4. Субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ, ки фармоишгар ва (ё) иҷрокунандаи корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқан аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, вазифадоранд ҳуҷҷат ва маълумотҳои геодезию харитасозии пештар гирдовардашударо истифода баранд.

 

Моддаи 11. Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ, гравиметрӣ, аз ҷумла дар шакли рақамӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба даст омадаанд ва дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва ташкилотҳои тобеи ин мақоми давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

2. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби амволи ташкилотҳои хусусишаванда ворид карда намешаванд.

3. Дар таркиби фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатӣ, фондҳои геодезӣ ва харитасозии соҳавӣ дохиланд.

4. Фондҳои давлатии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои аҳамияти умумидавлатӣ ва байнисоҳавии дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд. Фондҳои геодезӣ ва харитасозии мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа дар ихтиёри ӯ мебошанд.

5. Фондҳои соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои таъиноти махсуси (соҳавии) дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.

6. Низомномаҳои фондҳои давлатӣ ва соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ, феҳрасти маводу маълумотҳои ба он воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

7. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқарраргашта ба таркиби Фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб дониста шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

8. Барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон музд ситонида мешавад, ки он хароҷоти ташкилу нигоҳдорӣ ва расонидани ин маводу маълумотҳо, инчунин хизматонаи ҷудо карда гирифтани маводу маълумотҳои мазкур ва тайёр намудани нусхаҳои онҳоро дар бар мегирад.

9. Маблағи барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидашуда, барои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ истифода мешавад.

10. Ба шахсони сеюм додани мавод ва маълумотҳои аз фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва нусхабардорӣ намудани онҳо бе иҷозати мақоми дахлдор, ки ин маводу маълумотҳоро ихтиёрдорӣ менамоянд, манъ аст.

11. Дастрасӣ барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти сирри давлатианд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ сурат мегирад.

12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд як нусха аз маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозии таҳиянамудаи худро беподош ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ бо нигоҳдории ҳуқуқҳои муаллифӣ супоранд.

13. Назорати давлатии геодезии ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ супоридани маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ин маводу маълумотҳо, инчунин тартиб додани номгӯи давлатии фондҳои сохтории геодезӣ ва харитасозӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошад.

14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - истифодабарандагони маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:

  - ҳуҷҷату маълумотҳои барои истифодаи муваққатӣ гирифтаашонро эҳтиёт намоянд ва дар мӯҳлати муайяншуда баргардонанд;

- ахбороти сирри давлатидоштаи ҳуҷҷату маълумотҳои мазкурро фош накунанд.

15. Корҳои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағи буҷети дахлдор ва пардохтҳо барои истифодаи маводу маълумотҳои ин фондҳо маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ

Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ, аз ҷумла топографӣ, гидрографӣ ва наворҳои аэрокайҳонӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

 

Моддаи 13. Моликияти давлатӣ ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ

Маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, аз ҷумла маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ ва гравиметрии дар натиҷаи фаъолияти геодезию харитасозӣ ба даст овардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ амалӣ гардидааст, инчунин маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ҳисобида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.

 

Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.

2. Иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

Моддаи 15. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ анҷом дода мешавад.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ ҳангоми назорати давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки:

- рафъи қонуншиканиҳоро дар ташкил ва иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин ҷамъ овардан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, истифода намудани маводу маълумотҳои дар рафти иҷрои корҳои номбаршуда ё наворҳои аэрокайҳонӣ ба даст овардашударо талаб намояд;

- дар мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, инчунин дар дигар ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима доир ба масъалаҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо тартиби муайяншуда шинос шавад;

- бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон барои амалӣ гардонидани вазифаҳои аз тарафи Қонуни мазкур пешбинишуда маълумот гирад.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ вазифадор аст, ки ба субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ доир ба маҳалли таҳқиқшудаи қитъаҳои корҳои ба нақша гирифташуда маълумоти дахлдор диҳад.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати асоснокии додани иҷозатномаҳои дахлдор масъулият ба зимма дорад.

5. Низомнома оид ба назорати давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмин намудани мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти дахлдор дар доираи салоҳияти онҳо амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 17. Додани иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии молики иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд дар харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо инъикос ёбанд, бо талаби таҳиягарони харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ нусхаҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки чунин иттилоотро доранд, ба онҳо медиҳанд.

Мақомоти дар моддаи мазкур номбаршуда ва таҳиягарон арзиши нусхабардорӣ ва оварда расонидани ҳуҷҷатҳои мазкурро пардохт менамоянд.

 

Моддаи 18. Ҳифзи нуқтаҳои шабакаҳои давлатии геодезӣ

1. Нуқтаҳои геодезияи астрономӣ, геодезӣ, тарозавӣ ва нуқтаҳои гравиметрӣ, аломатҳои рӯизаминӣ ва марказҳои ин нуқтаҳо (минбаъд нуқтаҳои геодезӣ) ва дигар иншоотҳои муҳандисии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сохташуда моликияти давлатианд ва таҳти муҳофизати давлатӣ мебошанд.

2. Кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозӣ амалӣ карда мешавад.

3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар онҳо нуқтаҳои геодезӣ ҷойгиранд, бояд мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозиро аз ҳамаи ҳолатҳои осеб дидан ё барҳам додани нуқтаҳои геодезӣ огоҳ намоянд, инчунин имконияти ба нуқтаҳои геодезӣ роҳ ёфтанро ҳангоми иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам созанд.

4. Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои дар онҳо ҷойгир кардани нуқтаҳои геодезӣ мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

5. Қоидаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ ва ҳифзи нуқтаҳои геодезӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои  риоя накардати талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ  кашида мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №474).

 

Моддаи 20. Ҷуброни зарари дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва   харитасозӣ расида

Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз амали (беамалии) ғайриқонунӣ ба моликияти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ расидааст, аз тарафи шахси гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷуброн карда мешавад.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Э.Раҳмонов

 

           ш. Душанбе  3 марти соли 2006

           №172

 

​ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:02
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
168
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Ҷумъа, 3 Март, 2006

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №3, мод. 158; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли 2006, № 255 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 74) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 184 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 46) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро муайян намуда, расмиёти ягонаи вобаста ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблақҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, муқаррар менамояд.

Қонуни мазкур фазои ягонаи иқтисодӣ дар хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, истифодаи мақсадноки маблақҳои давлатӣ, васеъ намудани доираи иштирокчиён, тавсиаи рақобати бовиҷдонона ва инчунин такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ танзим менамояд.

 

БОБИ 1. Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи хариди давлатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба истиснои хариди давлатӣ ҷиҳати таъмини мудофиаи миллӣ, амнияти миллӣ, сирри давлатӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин барои рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 2. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

- таъмини сарфакорӣ ва самарабахшии хариди давлатӣ;

- тавсиаи доираи иштирок ва рушди рақобат байни  молрасонҳо (пудратчиён) дар соҳаи хариди давлатӣ;

- таъмини шаффофият ва беқаразии расмиёти хариди давлатӣ;

- такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, корхонаҳои (муассисаҳои) давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи хариди давлатӣ;

- рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар соҳаи хариди давлатӣ.

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1. Хариди давлатӣ – аз ҷониби ташкилоти харидор бо усулҳои муайяннамудаи Қонуни мазкур ба даст овардани мол, кор ва хизматрасонӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағи давлатӣ маблақгузорӣ мегардад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Маблақҳои давлатӣ – манбаъҳои маблақгузории хариди давлатӣ, ки аз инҳо иборатанд:

- маблақҳои буҷети давлатии ҳамаи сатҳҳо;

-  маблақҳои корхонаҳои давлатӣ;

- маблағи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- маблақҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳо бо инвеститсияҳои хориҷӣ, ки дар онҳо ҳиссаи давлат зиёда аз 50 фоиз мебошад;

- маблақҳои бонкҳои давлатӣ, ки барои эҳтиёҷоти дохилӣ сарф мешаванд;

- маблақҳои мақсадноки фондҳои давлатӣ;

- маблақҳои қарзие, ки аз ҷониби давлат ё корхонаҳои давлатӣ кафолат дода ё таъмин карда шудаанд, грантҳо.

3. Эҳтиёҷоти давлатӣ – пурра ё қисман аз ҳисоби маблақҳои давлатӣ қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурию сиёсӣ.

Эҳтиёҷоти давлатӣ, аз он ҷумла номгўи барномаҳои мақсадноки давлатие, ки ҳаҷми маблақгузории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» барои давраи банақшагирӣ пешбинӣ мегардад.

4. Қарордоди харид – қарордоде, ки дар анҷоми расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ баста шудааст.  

5. Молрасон (пудратчӣ) – ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо ташкилоти харидор ҳамчун тарафи эҳтимолӣ ё мушаххаси қарордоди харид вориди робита мегардад.

6. Шахси бонуфузи молрасон (пудратчӣ) – шахси ҳуқуқие, ки метавонад ба фаъолияти хоҷагидории молрасони (пудратчии) эҳтимолӣ вобаста ба назорати сармояи он ё узвият дар мақомоти роҳбарикунандаи он мустақиман таъсир расонад.

7. Мол – маҳсули фаъолият (корҳо, хизматрасонӣ), ки барои мубодила ва фурўш дар бозор муқаррар шудааст.

8. Кор – ҳар гуна кори вобаста ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, кўчонидан, таъмир ё таҷдиди биноҳо, иморатҳо ва иншоот, аз ҷумла тайёр намудани майдончаи сохтмон, кофта баровардани хок, васл кардан ва омода намудани дастгоҳҳо, корҳои пардоздиҳӣ, инчунин хизматрасониҳои иловагии сохтмонӣ, монанди пармакунӣ, корҳои геодезӣ, аксбардории кайҳонӣ, тадқиқоти сейсмологӣ ва дигар хизматрасониҳое, ки тибқи шартнома дар бораи  харид пешниҳод мешаванд.

9. Хизматрасонӣ – натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва корҳое, ки ба дигаргуншавии хусусияти объектҳои моддӣ вобаста намебошанд.

10. Хизматрасонии машваратӣ – фароҳам овардани хизматрасонии зеҳнӣ (интеллектуалӣ), ки аз ҷониби мушовирони инфиродӣ ё ташкилотҳои машваратии дорои дониш ва таҷрибаи махсуси касбӣ ва тахассуси мувофиқ анҷом дода мешавад.

11. Тендер – озмуне (конкурсе) мебошад, ки дар байни довталабон барои иҷрои муассир ва самараноки кору хизматрасонӣ ва ё таҳвили намуди муайяни мол бо мақсади интихоби яке (ё якчанд) аз онҳо ва барояш (барояшон) супоридани иҷрои ин кор ё хизматрасонӣ гузаронида мешавад.

12. Дархости тендерӣ – пешниҳод дар хусуси молрасонӣ, иҷрои кор ё анҷоми хизматрасонӣ  ҳангоми баргузор кардани озмуни харид.

13. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ – лифофаи ҳуҷҷатҳо, ки дорои шартҳо ва тартиби гузаронидани тендер буда, аз ҷониби ташкилоти харидор ба молрасон (пудратчӣ) барои таҳияи дархости тендерӣ пешниҳод карда мешавад.

14. Ҳадди камтарини маблағи харид - нишондиҳандаест, ки барои  моддаи хароҷоти гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои як семоҳа муқаррар шуда, то расидан ба он ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад харидро бо тартиби содакардашуда анҷом диҳад. Ҳадди  камтарини маблағи харид барои хариди мол ба дусаду панҷоҳ, барои кор ва хизматрасонӣ ба сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

15. Лот – ҷузъи ҷудонопазири як предмети харид.

16. Расмиёти хариди давлатӣ – маҷмўи муқаррароте, ки тартиби анҷом додан ва барасмиятдарории хариди давлатиро муайян месозад.

17. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба харид – мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблақҳои давлатӣ татбиқ менамояд.

18. Комиссияи тахассусӣ – мақоме, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ташкилотҳои харидор мақоми “ташкилоти харидори соҳибихтисос”-ро раво медонад.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Забони расмиёти хариди давлатӣ

Расмиёти хариди давлатӣ бо забони давлатӣ анҷом дода мешавад. Ҳангоми зарурат расмиёти зикргардида метавонад ба забонҳои русӣ ва ё англисӣ анҷом дода шавад.

 

Моддаи 6. Шакли муросилот

Бо мақсади  татбиқи  муқаррароти Қонуни мазкур  ҳангоми иҷрои расмиёти хариди давлатӣ огоҳнома ва (ё) хабардиҳие эътироф карда мешаванд, ки дар шакли хаттӣ  таҳия  гардидаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми 1 моддаи 45 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815). Ҳамчунин истифодаи усули факсимиалӣ ва электронӣ иҷозат дода мешавад, ба шарте ки агар сабт ва  қайди муросилот таъмин гардад. Ҳангоми истифодаи усули факсимиалӣ муросилот бояд дар шакли хаттӣ тасдиқ гардад, ки ин имконият медиҳад саҳеҳ муқаррар карда шавад, ки ҳуҷҷатро маҳз шахси дархостнамуда ё огоҳиномаро ирсолнамуда тибқи мўҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқарраргардида фиристодааст.

 

Моддаи 7. Принсипи махфият

1. Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ бояд принсипи махфияти маълумоти пешниҳодкарда ва истифодашавандаи дорои сирри давлатӣ ё сирри тиҷоратиро  риоя кунанд.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқи ошкор намудани чунин маълумотро надорад:

- маълумотеро, ки ошкор намудани он ба манфиати давлат намебошад ё ба манфиати тиҷоратии иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ ва ё принсипҳои рақобати одилона зарар мерасонад;

- маълумотро доир ба омўзиш, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерии пешниҳодшуда ва мўҳтавои он то анҷоми озмуни харид.

3. Шахсоне, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратиро  ошкор менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Мухолифати манфиатҳо

1. Ба шахсоне, ки ҷиҳати намояндагӣ кардани ташкилоти харидор ваколатдор карда шудаанд, манъ аст: (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- таъсир расонидан ба расмиёти хариди давлатӣ ба манфиати ҳар гуна тарафҳои харид;

- иштирок ба сифати молрасон (пудратчӣ) ва ё ба сифати намояндаи ҳуқуқии он ҳангоми хариде, ки мутобиқи Қонуни мазкур танзим мегардад;

- иштирок дар қабули қарорҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ, агар онҳо бо ин ё он иштирокчии озмуни харид робитаи хешутаборӣ ё корӣ дошта бошанд, мустақим ё қайримустақим ба натиҷаҳои харид манфиатдор бошанд.

2. Ҳангоми аз ҷониби шахсоне, ки ҷиҳати намояндагӣ кардани ташкилоти харидор ваколатдор карда шудаанд вайрон кардани муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур онҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, расмиёти хариди давлатӣ боздошта мешавад ва ё бо қарори ташкилоти харидор ё мақоми ваколатдор қатъ мегардад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

3. Шахс наметавонад ташкилоти харидорро намояндагӣ кунад, дигар ўҳдадориҳои вобаста ба расмиёти хариди давлатиро иҷро кунад ё вазифаи мушовирро оид ба расмиёти хариди давлатӣ анҷом диҳад, агар:

- бо молрасон (пудратчӣ) ҳамсар бошад ё робитаи мустақими хешутаборӣ, муносибатҳои фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ дошта бошад;

- дар ҷараёни ду соли охири қабл аз расмиёти хариди давлатӣ хизматчӣ ё шахси мансабдори молрасоне (пудратчие) бошад, ки дар расмиёти хариди давлатӣ иштирок менамояд.

4. Рад кардани дархости тендерӣ, пешниҳод ва нархнома дар натиҷаи риоя накардани талаботи моддаи мазкур бо зикри мушаххаси сабабҳо дар ҳисоботи расмиёти харид инъикос гардида, фавран ба молрасони (пудратчии) манфиатдор хабар дода мешавад.

 

БОБИ 2. Иштирокчиёни хариди давлатӣ

 

Моддаи 9.  Иштирокчиёни хариди давлатӣ

1. Иштирокчиёни хариди давлатӣ мутобиқи Қонуни мазкур  инҳоянд:

- ташкилотҳои харидор;

- молрасонҳо (пудратчиён);

- мақомоти ваколатдор.

2. Ташкилотҳои харидор - иштирокчиёни хариди давлатӣ дар ҳолати қонеъгардонии талаботи тахассусии муқаррарнамудаи моддаи 10 Қонуни мазкур метавонанд инҳо бошанд:

- ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- ташкилотҳои коммуналие, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблақгузорӣ мешаванд;

- мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;

- фондҳои мақсадноке, ки аз ҳисоби маблақҳои давлатӣ таъсис дода шудаанд;

- ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои муштарак, ки дар онҳо зиёда аз 50 фоизи саҳмия ё ҳиссаи фонди оинномавӣ ба давлат тааллуқ дорад;

- филиалҳо ва ё  намояндагиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии номбаршуда;

- бонкҳои давлатӣ, ки барои эҳтиёҷоти дохилӣ харид мекунанд.

 

Моддаи 10. Талаботи тахассусӣ нисбати ташкилотҳои харидор

1. Ташкилоти харидоре, ки ҳуқуқ дорад мустақилона ҳамаи харидро анҷом диҳад, бояд талаботи тахассусии зеринро қонеъ гардонад:

- дорои захираҳои молиявӣ, таҷҳизот, дигар имконоти моддӣ ва техникие бошад, ки барои харид мутобиқи талаботи Қонуни мазкур зарур аст;

- дар сохтори худ воҳиди махсус (минбаъд - воҳиди харид) ё шахсони мансабдори дорои Сертификати мутахассис оид ба харид дошта бошад, ки барои харид масъуланд; Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- барои соҳаҳои гуногуни харид ҷиҳати ташкили комиссияҳои тендерӣ дар ҳар як тендер мутахассисони соҳибихтисос дошта бошад;

- қайри қобили пардохт набошад, дар ҷараёни муфлисшавӣ қарор надошта бошад, амволи он таҳти гарав, фаъолияти он дар ихтиёрдории судӣ ё шахси аз ҷониби суд таъингардида, фаъолияти тиҷоратии ў боздошташуда ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор нагирифта бошад;

- ўҳдадориҳои он вобаста ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда бошанд;

- аз расмиёти харид барканор ва ё барои дақалона вайрон кардани расмиёти харид ва расонидани зарар ба молрасон (пудратчӣ), инчунин барои сари вақт  анҷом надодани пардохт номи он ба феҳристи (реестри) мақомоти ваколатдор оид ба ташкилоти харидори беэътимод (бевиҷдон)  дохил  нашуда бошад;

- пеш аз оқози харид дорои тасдиқномаи хазинадорӣ ва ё бонки хизматрасон бошад, ки мавҷудияти маблақи заруриро барои анҷом додани хариди давлатӣ тасдиқ менамояд;

- барои бастани қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.

2. Мутобиқи дархости ташкилоти харидор ҳуҷҷатҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро мақомоти молиявӣ ва ё бонкҳо бояд дар мўҳлати се рўз пешниҳод намоянд.

3. Қарор дар хусуси додани мақоми (статуси) “ташкилоти харидори соҳибихтисос”-ро комиссияи тахассусӣ ҳангоми аз ҷониби ташкилоти харидор пешниҳод намудани ҳамаи далелҳои  дар моддаи мазкур зикргардида қабул мекунад ва аз лаҳзаи ба феҳристи (реестри) ташкилоти харидор дохил намудани он эътибор пайдо мекунад. Дохил намудани ташкилоти харидор ба феҳрист (реестр) аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи тартибе, ки худи он муқаррар намудааст, дар давоми як рўзи баъди гирифтани  огоҳиномаи  комиссияи тахассусӣ анҷом дода мешавад. Ворид намудан ба феҳрист (реестр) ва додани маълумот оид ба мақоми ташкилоти харидор ройгон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11.  Воҳиди харид

1. Воҳиди хариди ташкилоти харидор бояд мутахассисонеро дар бар гирад, ки ақаллан яке аз онҳо дорои сертификати мутахассиси харид буда, он аз ҷониби мақомоти ваколатдор дода шуда бошад.

2. Роҳбари ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад ба ҳайати воҳиди   харид дохил шавад.

3. Воҳиди харид ройгон фаъолият мебарад ва наметавонад ба ҳайси тараф дар қарордоди харид амал  кунад.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои воҳиди харид

1. Воҳиди харид дар мўҳлати даҳ рўзи баъди мувофиқаи сметаи хароҷот бо мақомоти молиявӣ ба мақомоти ваколатдор нақшаи хариди давлатии ташкилоти худро барои соли навбатии молиявӣ мутобиқи намунаҳои тасдиқкардаи мақомоти ваколатдор пешниҳод менамояд.

2. Ба зиммаи воҳиди харид вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

- таҳияи барномаи ҳарсолаи хароҷоти ба мақсади харид пешбинишуда;

- таҳияи нақшаи ҳар як хариди алоҳида;

- таъмини риояи расмиёти харид, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур мувофиқа намудани усули интихобкардаи харид бо мақомоти ваколатдор;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо истифодаи ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ, ки мақомоти ваколатдор таҳия намудааст;

- ташкил намудани нашри эълонҳо оид ба харид дар бюллетени хариди давлатӣ ё мустақиман ирсол намудани даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид ба молрасонҳои (пудратчиёни) эҳтимолӣ;

- ба роҳбари ташкилоти харидор манзур доштани пешниҳод оид ба ҳайати шахсии аъзои комиссияи тендерӣ ва номзад ба мансаби раиси он;

- дар асоси тавсияи комиссияи тендерӣ баровардани қарор дар бораи  эътирофи қолиби озмуни харид ва  ҷиҳати тасдиқ ба роҳбари ташкилоти харидор пешниҳод намудани он;

- аз номи ташкилоти харидор чоп намудани маълумоти марбут ба натиҷаҳои озмуни харид дар Бюллетени хариди давлатӣ;

- таъмини ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба расмиёти харид дар давоми се сол;

- таҳияи ҳисоботи семоҳа дар бораи расмиёти хариди иҷрошуда ва тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳбари ташкилоти харидор ва мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани он. Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 13.  Комиссияи тендерӣ

1. Комиссияи тендериро роҳбари ташкилоти харидор бо пешниҳоди воҳиди харид барои ҳар як хариди алоҳида таъсис медиҳад.

2. Комиссияи тендерӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисоси соҳаҳое, ки ба мавзўи (предмети) харид мувофиқанд ва мутахассис оид ба харид ташкил гардида, бояд шумораи тоқ, вале на камтар аз се нафарро дар бар гирад.

3. Роҳбари ташкилоти харидор наметавонад ба ҳайати комиссияи тендерӣ дохил шавад.

4. Комиссияи тендерии ташкилоти харидор наметавонад ба сифати тарафи қарордод баромад намояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 14.  Вазифаҳои комиссияи тендерӣ

Комиссияи тендерии ташкилоти харидор:

- дархостҳои тендериро дар мўҳлати дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида мекушояд, протоколи дахлдори кушодани дархостҳои тендериро тартиб медиҳад;

- баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендериро анҷом медиҳад, расмиёт ва меъёрҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои тендериро мутобиқи Қонуни мазкур иҷро мекунад ва ҳисобот оид ба натиҷаҳои тендер таҳия менамояд;

- оид ба муайян намудани қолиби озмуни харид ё дар мавриди қабул намудани қарори дигар оид ба натиҷаҳои расмиёти харид, тавсия медиҳад.

 

Моддаи 15. Довталаб

1. Молрасон (пудратчӣ) аз лаҳзаи ба ташкилоти харидор пешниҳод намудани дархости тендерӣ мақоми довталабро соҳиб мешавад.

2. Мақоми довталаб дар ҳолатҳои зерин аз эътибор соқит дониста мешавад:

- бо хоҳиши довталаб -дар ҳар лаҳзаи давраи омодагирӣ;

- ҳангоми нагузаштан аз давраи якуми озмуни думарҳилавии харид;

- ворид накардани кафолати дархости тендерӣ ҳангоми пешниҳоди дархости тендерӣ, агар он дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ шуда бошад;

- дар натиҷаи аз ҷониби довталаб вайрон кардани Қонуни мазкур.

3. Довталаб ҳуқуқ дорад аз ташкилоти харидор оид ба шарт ва тартиби гузаронидани расмиёти харид маълумоти дахлдор ба даст орад.

 

Моддаи 16. Талаботи тахассусӣ нисбати молрасонҳо (пудратчиён)

1. Барои ноил шудан ба мақоми тарафи эҳтимолии қарордоди харид молрасон (пудратчӣ) бояд ҷавобгўи талаботи тахассусии зерин бошад:

- дорои салоҳияти кофии касбӣ ва техникӣ, таҷриба ва шўҳрати корӣ, захираҳои молиявӣ, таҷҳизот ва дигар имкониятҳои моддию техникӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои худ оид ба қарордоди харид бошад;

- қайри қобили пардохт ё муфлис ва ё дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дошта набошад, амволи он таҳти гарав, бо манъи ҳуқуқи истифода бурдан қарор надошта бошад фаъолияти он дар ихтиёрдории судӣ ё шахси аз ҷониби он таъингардида набошад, фаъолияти тиҷоратии ў боздошта нашуда ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор нагирифта бошад; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- барои содир намудани ҷиноятҳои қаразнок бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадӣ суд аз машқул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум нашуда бошад;

- оид ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарздор набошад;

- барои пешниҳоди маълумоти бардурўқ, далелҳои таҳрифӣ ё гумроҳ сохтан нисбати маълумоти тахассусӣ бо мақсади бастани қарордод оид ба хариди давлатӣ аз расмиёти харид барканор нашуда бошад ва ном ё номгўи ў ба феҳристи (реестри) молрасони (пудратчии) беэътимод (бевиҷдон) аз ҷониби мақомоти ваколатдор дохил карда нашуда бошад;

- барои имзои қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад аз молрасонҳо (пудратчиён), ки дар расмиёти хариди давлатӣ иштирок мекунанд, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё дигар маълумотеро, ки мутобиқати онҳоро ба талаботи тахассусии пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур тасдиқ мекунад, талаб намояд.

3. Талаботи тахассусии пешбининамудаи моддаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ (агар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ анҷом дода шавад) ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҷалби пешниҳодот ва нархномаҳо инъикос мегардад. Ин талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳамаи молрасонҳо (пудратчиён) баробар татбиқ мегардад.

4. Ташкилоти харидор маълумоти тахассусии молрасонҳо (пудратчиён) - ро мутобиқи меъёрҳои тахассусии дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ (агар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ анҷом дода шавад) ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ инъикосёфта арзёбӣ мекунад.

5. Ташкилоти харидор ба истиснои меъёрҳо, расмиёт ва талаботи тахассусии муайяннамудаи моддаи мазкур наметавонад дигар меъёрҳо, расмиёт ва талаботи тахассусиро, ки сабаби тафриқа дар байни молрасонҳо (пудратчиён) мешавад, муқаррар кунад.

 

Моддаи 17. Расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ

1. То оқози расмиёти озмуни харид оид ба хариди давлатӣ ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад барои муайян намудани молрасонҳо (пудратчиён), ки ҷавобгўи талаботи тахассусии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мебошанд, расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ доир намояд.

2. Оид ба таъини расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ ташкилоти харидор ўҳдадор аст ҳамаи молрасонҳои (пудратчиёни) эҳтимолиро дар мўҳлати на дертар аз як моҳи тақвимӣ то эълони расмии озмуни харид бо роҳи нашр намудани маълумот дар воситаҳои ахбори омма ва Бюллетени хариди давлатӣ ва ҳангоми зарурат дар нашрияҳои байналмилалӣ огоҳ намояд.

3. Маълумот оид ба таъини расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ ҳадди ақал бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- ном ва суроқаи ташкилоти харидор;

- хусусият ва сифати молҳое, ки бояд расонида шавад ва мўҳлати расонидани он, хусусият, ҳаҷм ва маҳалли иҷрои кор  ва мўҳлати иҷрои он, мўҳлат, хусусият ва маҳалли хизматрасонӣ;

- манбаи маблақгузории хариди давлатӣ;

- усул ва маҳалли пешниҳоди дархост барои интихоб ҳангоми баррасии пешакии тахассусӣ;

- усул ва маҳалли ба даст овардани ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ;

- андоза, тартиб ва мўҳлати пардохте, ки аз ҷониби ташкилоти харидор барои фароҳам кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ ситонида мешавад.

4. Ташкилоти харидор бо гузашти се рўзи баъди эълони расмӣ дар хусуси таъини расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ ва на дертар аз даҳ рӯз то эълони расмӣ оид ба оқози расмиёти озмуни харид вазифадор аст ба ҳамаи молрасонҳои (пудратчиёни) манфиатдор ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусиро фароҳам орад, ки аз инҳо иборатанд: (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- маълумоти пешбининамудаи қисми 3  моддаи мазкур;

- дастур оид ба тартиби омодасозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ;

- инъикоси меъёрҳо ва расмиёти арзёбии маълумоти тахассусии молрасонҳо (пудратчиён);

- номгўи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати молрасонҳоро (пудратчиёнро) ба маълумоти тахассусӣ тибқи қисми 1 моддаи 16  Қонуни мазкур тасдиқ менамояд;

- ном ва мансаби кормандони ташкилотҳои харидор, ки ваколатдоранд бо молрасонҳо (пудратчиён) дар хусуси анҷом додани расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ дар тамос бошанд ва роҳҳои тамоси байни онҳо.

5. Ташкилоти харидор вазифадор аст ба ҳама гуна дархости молрасон (пудратчӣ) вобаста ба тавзеҳи ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ, ки дар доираи мўҳлатҳои барои пешниҳоди дархост  ҷиҳати иштирок дар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ ирсол гардидаанд, ҷавоб диҳад.

6. Ташкилоти харидор вазифадор аст нисбат ба маълумоти тахассусии ҳар як молрасон (пудратчӣ), ки барои иштирок дар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ дархост додааст, қарор қабул кунад. Ҳангоми қабули қарор ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад танҳо он меъёрҳоеро истифода барад, ки дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ муқаррар гардидаанд.

7. Барои иштироки минбаъда дар расмиёти хариди давлатӣ танҳо ба он молрасонҳое (пудратчиёне) иҷозат дода мешавад, ки ҳангоми баррасии пешакии тахассусӣ интихоб шудаанд.

8. Ташкилоти харидор дар мўҳлати на дертар аз ду рўзи кории баъди қабули қарор дар бораи  расмиёти интихоб тариқи баррасии пешакии тахассусӣ ҳар як молрасони (пудратчии) барои иштирок дар расмиёти баррасии пешакии тахассусӣ дархостдодаро оид ба натиҷаи баррасии пешакии тахассусӣ огоҳ месозад.

9. Рўйхати молрасонҳо (пудратчиён), ки дар асоси натиҷаҳои баррасии пешакии тахассусӣ  барои иштирок дар расмиёти минбаъдаи хариди давлатӣ иҷозат дода шудаанд, бояд дар воситаҳои ахбори омма ва ё Бюллетени хариди давлатӣ чоп карда шавад.

 

Моддаи 18. Реҷаи мусоид барои истеҳсолкунандагони дохилӣ 

Бо мақсади дастгирии соҳаи истеҳсолот барои истеҳсолкунандагони дохилӣ реҷаи мусоид татбиқ мегардад, ки қоидаҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 19. Маҳрум намудани  молрасонҳо (пудратчиён) аз  иштирок дар хариди давлатӣ

1. Молрасонҳо (пудратчиён) бо қарори ташкилоти харидор аз иштирок дар расмиёти хариди давлатӣ дар ҳолатҳои зерин маҳрум  карда мешаванд:

- ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро нагардидани ўҳдадориҳои худ ҳатто нисбат ба як қарордоди хариди давлатӣ дар ҷараёни ду соли охири қабл аз оқози расмиёти харид;

- ҳангоми муфлис эълон кардани онҳо ё дар ҷараёни муфлисшавӣ қарор доштани онҳо;

- пешниҳоди иттилооти бардурўқ, далелҳои таҳрифкунанда, гумроҳсозанда оид ба маълумоти тахассусии худ; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- пешниҳоди маълумоти моҳиятан носаҳеҳ ё моҳиятан нопурра оид ба тахассуси худ.

2. Ҳангоми ошкор намудани вазъи пешбининамудаи сархати сеюми қисми 1 моддаи мазкур ташкилоти харидор ўҳдадор аст  бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мақомоти ваколатдор барои ҳалли масъалаҳои дохил кардани молрасон (пудратчӣ) ба феҳристи (реестри) молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон) муроҷиат намояд.

3. Ташкилоти харидор наметавонад молрасонро (пудратчиро) аз иштирок дар хариди давлатӣ маҳрум намояд, агар маълумоти тахассусии пешниҳоднамудаи ў ба таври назаррас носаҳеҳ ё нопурра набошад, ба шарте ки агар молрасон (пудратчӣ) бо хоҳиши ташкилоти харидор фавран ин норасоиҳоро бартараф кунад.

4. Далели маҳрум намудани молрасон (пудратчӣ) аз расмиёти харид ва сабабҳои он дар ҳисобот оид ба расмиёти харид инъикос гардида, дар ин хусус ба молрасон (пудратчӣ) фавран хабар дода мешавад.

 

Моддаи 20. Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ

1. Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи Қонуни мазкур барои фаъолияти соҳаи хариди давлатӣ, ки тартиб ва расмиёти харид, бастани қарордодҳо ва пардохтҳои марбутаи онҳоро дар бар мегирад;

- ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти ташкилотҳои харидор ҷиҳати анҷом додани хариди давлатӣ аз ҳисоби маблақҳои давлатӣ;

- назорати ташкилотҳои харидор оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ;

- баррасии шикоят ва эътирозҳо оид ба масъалаҳои риояи қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ ва дар доираи салоҳияти худ баровардани қарор, ки қисми 1 моддаи 81 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;

- таҳия ва нашри ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ, ки бояд аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои харидор ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерии худ барои хариди дахлдор ҳатман истифода карда шаванд;

- додани маслиҳат оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ;

- ташкили такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисон оид ба хариди давлатӣ;

- нисбат ба вайронкунандагони расмиёти хариди давлатӣ, ташкилотҳои харидоре, ки қарори мақоми ваколатдорро иҷро накардаанд, чораҳои пешбинишудаи ҷавобгарии маъмуриро татбиқ намояд; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- анҷом додани хариди давлатӣ ба маблақи бештар аз ҳадди камтарини маблақи харид аз номи ташкилоти харидор, ки  ба талаботи тахассусии пешбининамудаи  Қонуни мазкур мувофиқ намебошад.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва ё Бюллетени хариди давлатӣ чоп карда шаванд.

3. Дар ҳолати анҷом додани хариди давлатӣ аз номи ташкилоти харидоре, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқат намекунад, мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ барои тамоми ҷараёни харид пурра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Ҳамзамон ба ташкилоти харидор дар комиссияи тендерӣ бояд аксарияти ҷойҳо ҷудо карда шавад.

 

Моддаи 21. Феҳристи (реестри) молрасонҳои  (пудратчиёни)  беэътимод (бевиҷдон)

1. Пешбурди феҳристи (реестри) молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон) ба зиммаи мақомоти ваколатдор гузошта мешавад.

2. Мақомоти ваколатдор бояд муроҷиати ташкилоти харидорро, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 19 Қонуни мазкур пешниҳод гардидааст баррасӣ намуда ҳангоми муайян намудани далелҳои кофии пешниҳодшуда ном ё номгўйи довталаби молрасон (пудратчӣ) гунаҳкорро ба феҳристи (реестри) молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон) дохил намояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

3. Ном ва номгўйи довталабон, сабаби дохил кардани онҳо ба феҳрист (реестр) ва мўҳлати маҳрум намудан аз иштирок дар  хариди давлатӣ бояд дар Бюллетени хариди давлатӣ ва веб-сайти мақомоти ваколатдор чоп карда шавад.

4. Хориҷ кардани довталаб аз феҳристи (реестри) молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон) мутобиқи пешниҳоди довталаби марбута баъди мўҳлати хориҷ шудани онҳо аз иштирок дар хариди давлатӣ бо фармони роҳбари мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 22. Комиссияи тахассусӣ

1. Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати на камтар аз нўҳ нафар таъсис дода мешавад.

2. Аъзои комиссияи тахассусӣ фаъолияти худро ройгон анҷом медиҳанд.

3. Комиссияи тахассусӣ дархостҳои ташкилоти харидорро ҷиҳати ба он додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос дар мўҳлати даҳ рўз баррасӣ намуда, оид ба қарори қабулнамудааш хулосаи хаттӣ медиҳад.

4. Хулосаи комиссияи тахассусӣ барои дохил намудани ташкилоти харидор ба феҳристи (реестри) ташкилотҳои харидори соҳибихтисос асос мебошад.

 

Моддаи 23. Анҷом додани хариди муштараки мутамарказ

Дар ҳолатҳое, ки якчанд ташкилоти харидор мақсади хариди як ё якчанд маводи (предмети) истифодаи умумиро дошта бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мақомоти мушаххаси идораи давлатиро таъин намояд, ки расмиёт ва анҷом додани хариди муштаракро ба тариқи мутамарказ аз номи ташкилотҳои мазкур анҷом диҳад.

 

БОБИ 3. Усулҳои хариди давлатӣ

 

Моддаи 24. Усулҳои хариди давлатӣ

1. Хариди давлатӣ бо усулҳои зерин  анҷом дода мешавад:

- озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд;

- озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд;

- усули “рўйхати мухтасар” (озмуни махсуси харид бо иштироки маҳдуд барои хариди хизматрасонии машваратӣ);

- дархости нархномаҳо;

- харид аз як манбаъ;

- хариди электронӣ.

2. Усули асосии хариди давлатӣ озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд мебошад. Ин усул аз ҷониби ташкилотҳои харидор  бояд ҳамеша истифода карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки  Қонуни мазкур махсус истифодаи дигар усулро иҷозат медиҳад. Интихоби усули дигари хариди давлатӣ танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

3. Хариди давлатӣ, ки арзиши он аз ҳадди камтарини маблағи харид зиёд нест, метавонад тибқи муқаррароти моддаи 29 Қонуни мазкур сурат гирад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 25. Озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд

Озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд озмуни хариде эътироф мегардад, ки бо иштироки теъдоди номаҳдуди молрасонҳои (пудратчиёни) ҷиҳати иштирок дар расмиёти хариди давлатӣ даъватгардида баргузор мешавад.

 

Моддаи 26. Озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд

1. Озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд дар ҳолатҳои зерин баргузор карда мешавад, агар:

- хароҷоте, ки барои баррасӣ ва арзёбии шумораи зиёди дархостҳои тендерӣ зарур аст, аз се як қисми арзиши мол, кор ва хизматрасонии мавриди харидро ташкил диҳад. Ҳамзамон ташкилоти харидор барои таъмини рақобат дархостҳои тендерии шумораи лозимии молрасонҳо (пудратчиён), вале на камтар аз се нафарро ҷалб менамояд;

- мол, кор ё хизматрасонӣ ба сабаби мураккабии  сохти техникӣ ё табиати махсуси худ, вазъи баамаломада дар бозори мол, кор ва хизматрасонии мушаххас танҳо дар ихтиёри доираи маҳдуди молрасонҳо (пудратчиён) мавҷуд бошад. Дар ин ҳолат ташкилоти харидор дархостҳои тендерии ҳамаи молрасонҳоро (пудратчиёнро), ки метавонанд чунин навъи мол, кор ва хизматрасониро фароҳам оранд, ҷалб менамояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Дар бораи доир кардани расмиёти хариди давлатӣ бо истифодаи озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд ташкилоти харидор дар  бюллетени хариди давлатӣ огоҳинома чоп менамояд.

 

Моддаи 27. Дархости нархномаҳо

1. Ташкилоти харидор усули дархости нархномаҳоро барои хариди мол ё хизматрасонии дастрасбудае истифода менамояд, ки вобаста аз мушаххасоти таснифотии ташкилоти харидор истеҳсол ва ё фароҳам карда намешаванд, балки барои онҳо бозоре вуҷуд дорад, ки нархи хариди онҳо аз ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо поёнтар аст. Дар ҳолатҳои махсус дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор ташкилоти харидор метавонад хариди давлатии молро ба маблақе, ки аз дувоздаҳ ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест, аз тариқи дархости нархномаҳо анҷом диҳад. Номгӯи ҳолатҳои махсус аз тарафи мақоми ваколатдор бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Ташкилоти харидор аз он теъдоди молрасонҳо (пудратчиён), ки амалан мувофиқи мақсад меҳисобад, вале на камтар аз се нафар, нархнома дархост менамояд. Ба ҳар як молрасон (пудратчӣ), ки аз ў нархнома талаб карда мешавад, иттилоъ дода мешавад, ки оё ба нарх, ба қайр аз хароҷоти марбут ба худи мол, кор ё хизматрасонӣ, ин ё он унсури арзиш (аз ҷумла  хароҷоти марбут ба ҳамлу нақл, суқурта, пардохтҳои гумрукӣ ва андоз) дохил карда мешавад ё на.

3. Иҷозат дода мешавад, ки аз ҷониби ҳар як молрасон (пудратчӣ) танҳо як нархнома пешниҳод карда шавад ва тақйир додани нархномаи худ номақбул аст. Байни ташкилоти харидор ва молрасон (пудратчӣ) дар хусуси нархномае, ки ҳамин молрасон (пудратчӣ) пешниҳод кардааст, ҳеҷ гуна гуфтушунид гузаронида намешавад.

4. Қарор дар хусуси бастани қарордоди харид ба манфиати он молрасоне (пудратчие) қабул карда мешавад, ки нархномаи дорои  арзиши  камтаринро пешниҳод кардааст ва эҳтиёҷи ташкилоти харидорро қонеъ мегардонад.

5. Тақсими гурўҳи молҳо ё лифофаи хизматрасониҳо мавриди харид бо мақсади истифодаи усули дархости нархномаҳо барои ба таври сунъӣ паст кардани ҳадди арзиши  пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

6. Мақомоти ваколатдор метавонад тибқи санади худ шакли намунавии дархости нархномаҳоро муқаррар намояд.

 

Моддаи 28. Харид аз як манбаъ

1. Харид аз як манбаъ – расмиёти хариди давлатӣ мебошад, ки ҳангоми он ташкилоти харидор қарордоди харидро баъди гуфтушунид танҳо бо як молрасон (пудратчӣ) ба имзо мерасонад.

2. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор метавонад дар бораи харид аз як манбаъ танҳо дар ҳолатҳои зерин қарор қабул кунад:

-  агар он дар давоми шаш моҳи баъди лаҳзаи бастани қарордод фармоишҳои иловагӣ диҳад, ки аз 15 фоизи арзиши хариди пешина зиёд нест, инчунин меъёр, сатҳ ва стандартҳои собиқаро риоя мекунад;

- имзои қарордод ҳангоми гузаронидани тадқиқот, озмоиш ё таҳияи хулосаи илмӣ;

- агар мол, кор ё хизматрасонии мазкур танҳо дар ихтиёри ин ё он молрасони (пудратчии) мушаххас мавҷуд бошад ё ин ё он молрасон (пудратчӣ) нисбат ба ҳамин мол, кор ё хизматрасонӣ дорои ҳуқуқҳои истисноӣ бошад;

- ҳангоми анҷом додани харид ҷиҳати иҷрои лоиҳаи эҷодӣ ё фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи санъат ё фарҳанг;

- ҳангоми ба миён омадани зарурати фаврӣ ҷиҳати харид дар робита бо ҳолатҳое, ки ташкилоти харидор наметавонист онро пешбинӣ намояд.

 

Моддаи 29. Тартиби соддаи  хариди давлатӣ

1. Бо мақсади таъмини самаранокӣ ва фаврияти қонеъгардонии эҳтиёҷоти худ ташкилоти харидор метавонанд хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро тибқи тартиби содда ба маблақи на болотар аз ҳадди камтарини маблақи харид анҷом диҳанд.

2. Расмиёти анҷом додани хариди давлатӣ тибқи тартиби соддаи харид аз ҷониби мақомоти ваколатдор  муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 30. Хариди электронӣ

1. Хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ метавонад бо истифодаи мубодилаи электронии маълумот байни ташкилоти харидор ва молрасон (пудратчӣ) анҷом дода шавад. Истифодаи ин усули хариди давлатӣ танҳо ҳангоми таъмини аслият, эътимоднокӣ ва махфияти маълумот иҷозат дода мешавад.

2. Усули хариди электронӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. Расмиёти хариди давлатӣ

§ 1. Расмиёти озмуни харид

 

Моддаи 31. Даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид

Ташкилоти харидор нияти худро ҷиҳати хариди давлатӣ бо роҳи дар воситаҳои дастраси умумии ахбори оммаи миллӣ ва (ё) байналмилалӣ ва Бюллетени хариди давлатӣ чоп намудани даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид изҳор менамояд.

 

Моддаи 32. Мўҳтавои даъватнома  ҷиҳати  иштирок  дар озмуни харид

1. Даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид ҳадди ақал бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- ном ва суроқаи ташкилоти харидор;

- хусусият, миқдори мол ва маҳалли расонидани он, хусусият ва маҳалли коре, ки бояд иҷро гардад ё хусусияти хизматрасонӣ ва маҳалле, ки дар он хизматрасонӣ амалӣ мегардад;

- мўҳлатҳои матлуб ё талабшавандаи молрасонӣ, анҷоми кор ё хизматрасонӣ;

- маълумоти тахассусие, ки молрасонҳо (пудратчиён) бояд ба он мувофиқ бошанд;

- мўҳлат, маҳал ва усули ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тендерӣ;

- ҳаҷми пардохт барои фароҳам овардани ҳуҷҷати тендерӣ (агар он муқаррар карда шуда бошад);

-  маҳал ва мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад ба даъватнома барои иштирок дар озмуни харид нисбати озмуни хариди дар пешистода дар доирае, ки Қонуни мазкур иҷозат медиҳад, маълумоти иловагӣ дохил намояд.

3. Шакли намунавии даъватномаро ҷиҳати иштирок дар озмуни харид мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 33. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тендерӣ

1. Ташкилоти харидор ба молрасонҳо (пудратчиён), ки хоҳиш кардаанд дар озмуни харид иштирок намоянд, лифофаи пурраи ҳуҷҷатҳои тендериро дар мўҳлати на дертар аз як рӯзи аз онҳо гирифтани дархости дахлдор дастрас мекунад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Ҳангоми баргузор кардани озмуни харид бо иштироки маҳдуд ҳуҷҷатҳои тендерӣ ҳамзамон бо даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид дастрас карда мешавад.

3. Ҳангоми амалӣ кардани расмиёти озмуни думарҳилавии харид ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба ҳар як молрасон (пудратчӣ), ки  аз марҳилаи якум гузаштааст, фароҳам оварда мешавад.

4. Барои фароҳам овардани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ташкилоти харидор метавонад дар ҳаҷми маблақе, ки барои ҷуброни хароҷоти таҳияи он, ирсол ва нашри эълон дар воситаҳои ахбори омма заруранд, маблақ ситонад ва ин маблақ баргардонида намешавад.

 

Моддаи 34. Мўҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ

1. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ бояд ҳадди ақал дорои маълумоти зерин бошанд: (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- дастур оид ба таҳияи дархостҳои тендерӣ, ки мақомоти ваколатдор тасдиқ намудааст;

- меъёрҳо ва усули арзёбии мутобиқати молрасонҳо (пудратчиён) ба талаботи тахассусӣ мутобиқи моддаи 16 Қонуни мазкур;

- талаботи далелҳои ҳуҷҷатӣ ё дигар маълумоте, ки молрасонҳо (пудратчиён) бояд барои тасдиқи маълумоти тахассусии худ пешниҳод намоянд;

- тавсифот ва хусусиятҳои зарурии техникӣ ва сифатии мол, кор ва хизматрасонӣ мавриди харид, аз ҷумла мушаххасоти техникӣ, нақшаҳо, ҷадвал ва ангораҳо (эскизҳо); миқдори мол; хизматрасонии иловагӣ мутобиқи қарордод; маҳалле, ки дар он бояд кор ё хизматрасонӣ анҷом дода шавад;

-  мўҳлатҳои матлуб ё зарурии иҷрои қарордод;

- тавсифоти ҳамаи меъёрҳо, ба истиснои нарх, ки ҳангоми арзёбии дархостҳои тендерии ташкилоти харидор истифода мешаванд, аз ҷумла аҳамияти нисбии чунин меъёрҳо, ки бояд дар ифодаи пулӣ ва ё баҳо (балҳо) арзёбӣ шаванд;

- муқаррароте, ки ташкилоти харидор муҳим донистааст ва он ба қарордоди хаттӣ ворид карда мешавад;

- тавсифоти як қисм ё якчанд қисми молҳои мавриди харид, ки ба онҳо дархостҳои тендерӣ пешниҳод мешаванд, агар ба молрасонҳо (пудратчиён) иҷозат дода шуда бошад, ки танҳо ба як қисми мол, кор ё хизматрасонӣ мавриди харид дархости тендерӣ пешниҳод намоянд;

- усули ҳисоб ва ифодаи арзиши дархости тендерӣ, аз ҷумла дастур дар мавриди он  ки оё нарх, ба қайр аз арзишҳои худи мол, кор ё хизматрасонӣ (хароҷот барои ҳамлу нақл ва суқурта, пардохтҳои гумрукӣ ва андоз ва қайра)  бояд дигар унсурҳоро дар бар гирад;

- ҳангоми пешниҳоди дархости тендерӣ бо асъори хориҷӣ – усули муқоисаи нархҳои дархостҳои тендерӣ, ки бо асъори хориҷӣ ифода ёфтаанд;

- талабот нисбат ба шакл, маблақ ва дигар шартҳои асосии кафолати дархости тендерӣ ва иҷрои қарордод ва инчунин мўҳлати эътибори чунин кафолатҳо;

- маҳалли аниқ ва  мўҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ;

- тавсифи расмиёт барои фароҳам овардани тавзеҳот оид ба ҳуҷҷатҳои тендерие, ки молрасон (пудратчӣ) талаб кардааст, инчунин баёния дар мавриди он ки оё ташкилоти харидор ният дорад дар ҳамин давра бо молрасон (пудратчӣ) вохўрӣ гузаронад;

- бо нишон додани мўҳлате, ки дар ҷараёни он дархостҳои тендерӣ эътибор доранд; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- тавсифи дақиқи маҳал, сана ва вақти кушодани дархостҳои тендерӣ;

- расмиёте, ки ҳангоми кушодан ва баррасии дархостҳои тендерӣ истифода карда мешавад;

- забоне, ки бо он дархостҳои тендерӣ бояд таҳия карда шаванд;

- ном, номи хонавода, мансаб ва суроқаи як ё якчанд шахсони мансабдор ё хизматчиёни ташкилоти харидор, ки ваколатдоранд мустақиман бо молрасонҳо (пудратчиён) дар тамос бошанд ва роҳҳои ингуна тамос;

- огоҳинома оид ба ҳуқуқи молрасонҳо (пудратчиён) ҷиҳати шикоят нисбати амал ё қарори қайриқонунии комиссияи тендерии ташкилоти харидор дар ҷараёни анҷом додани расмиёти харид;

- шартҳои умумии қарордоди харид ва шакли намунавии  қарордод, агар комиссияи тендерии ташкилоти харидор аз молрасон (пудратчӣ) имзои қарордодро талаб намояд.

2. Ҳангоми хариди давлатии кор ва хизматрасонӣ ташкилоти харидор бояд дорои ҳуҷҷате бошад, ки маводи  харид, смета ва ведомости ҳаҷми корро дар бар гирад.

3. Мақомоти ваколатдор метавонад бо санади худ маълумоти иловагиро муайян намояд, ки ба ин ҳуҷҷатҳо барои категорияҳои муайяни харид дохил карда мешавад, инчунин шакли намунавии ҳуҷҷатҳои тендериро муқаррар созад.

 

Моддаи 35. Тавзеҳот  ва  ворид кардани тақйирот ба дархости тендерӣ

1. Молрасон (пудратчӣ) ҳуқуқ дорад то гузашти мўҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ аз ташкилоти харидор ҳар гуна тавзеҳи масъалаҳоеро, ки вобаста ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба амал меояд, талаб кунад.

2. Ташкилоти харидор вазифадор аст дар мўҳлати на дертар аз се рўзи кории вале то гузаштани мӯҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ тавзеҳоти хаттӣ диҳад ва онро ба молрасони (пудратчии) дархостнамуда, инчунин бе ошкор кардани манбаи дархост ба ҳамаи молрасонҳо (пудратчиён), ки барои онҳо ҳуҷҷати тендерӣ дода шудааст, дастрас намояд.

3. Ташкилоти харидор дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ то гузаштани мўҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ бо ташаббуси худ ё дар асоси дархости тавзеҳот метавонад ба ҳуҷҷати гуфтушунид аз тариқи иловаҳо тақйирот дохил намояд. Иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои тендерӣ фавран ба иттилои молрасонҳо (пудратчиён), ки ҳуҷҷатҳои тендерӣ гирифтаанд, расонида мешавад ва барои онҳо эътибори ҳатмӣ дорад.

4. Агар ташкилоти харидор бо молрасон (пудратчӣ) дар натиҷаи ворид шудани дархост ҷиҳати тавзеҳи ҳуҷҷатҳои тендерӣ кунад, пас  протокол тартиб дода мешавад, ки савол  ва ҷавобҳоро бе зикри манбаи ирсолнамудаи дархост  дар бар мегирад. Протокол фавран ба ҳамаи молрасонҳое (пудратчиёне), ки ҳуҷҷати тендерӣ гирифтаанд, пешниҳод карда мешавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

Моддаи 36. Пешниҳоди дархости тендерӣ

1. Дархости тендерӣ дар шакли хаттӣ таҳия гардида, дар лифофаи мўҳргузошта  мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо риояи шартҳои таъмини аслият ва махфияти дархости тендерӣ ва ташхиси саҳеҳи шахсе, ки онро додааст, пешниҳод карда мешавад.

2. Ташкилоти харидор дар асоси дархости молрасон (пудратчӣ) бо зикри сана ва вақти гирифтани дархости тендерӣ забонхат медиҳад.

 

Моддаи 37. Мўҳлати  пешниҳоди  дархости  тендерӣ, тақйирот  ва  бозхонди  он

1. Ташкилоти харидор санаи дақиқ ва мўҳлати охирини пешниҳоди дархости тендериро муқаррар менамояд.

2. Дар ин ҳолат мўҳлати пешниҳоди дархости тендерӣ бояд чунин бошад:

- ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ аз тариқи озмуни харид бо иштироки номаҳдуд на камтар аз се ҳафта аз лаҳзаи эълони озмуни харид;

- ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ бо усули озмуни харид аз тариқи иштироки маҳдуд на камтар аз як ҳафта аз рўзи ирсоли даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид.

3. Агар ташкилоти харидор тавзеҳот диҳад ва ё ҳуҷҷатҳои тендериро тақйир диҳад, метавонад мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендериро аз рўзи ба молрасон (пудратчӣ) додани тавзеҳот ва ё тақйирот ба мўҳлати даҳ рўзи корӣ тамдид намояд.

4. Огоҳинома оид ба тамдиди мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ фавран ба ҳамаи молрасонҳо (пудратчиён), ки барои онҳо ҳуҷҷати тендерӣ дода шудааст, ирсол гардида, ҳамзамон дар ҳамон воситаҳои ахбори омма ва (ё) Бюллетени хариди давлатӣ нашр мегардад.

5. Ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ бо усули озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад мўҳлати пешниҳоди дархости тендериро маҳдуд намояд. Татбиқи ҳуқуқи маҳдуд намудани мӯҳлат танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки ягон довталаби эҳтимолӣ тамдиди мӯҳлати маҳдудшударо талаб накарда бошад. Дар мавриди изҳори чунин талабот, мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ ба мӯҳлати иловагии талабшуда тамдид карда мешавад, вале наметавонад аз мӯҳлати дар сархати якуми қисми 2 моддаи мазкур муқарраршуда зиёд бошад. Талаботи тамдиди мӯҳлати маҳдудшуда бояд на дертар аз 3 рӯз то оғози кушодани лифофаҳои дорои дархостҳои тендерӣ пешниҳод гардад. Оид ба тамдид намудани мӯҳлати маҳдудшуда довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои тендериро дастрас намудаанд, огоҳ карда, ҳамзамон дар ҳамон воситаҳои ахбори омма тағйири дахлдор нашр карда мешавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

6. Дар ҳолати татбиқи ҳуқуқи пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ наметавонад аз рӯзи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид камтар аз даҳ рӯз бошад. Дар асоси дархости ташкилоти харидор ҳангоми ба миён омадани зарурати хариди фаврӣ, мӯҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ метавонад аз рӯзи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар озмуни харид камтар аз даҳ рӯз бошад.

7. Молрасон (пудратчӣ) ҳуқуқ дорад дархости тендерии худро то гузашти мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ тақйир диҳад ва ё бозхонад.

 

Моддаи 38. Мўҳлати эътибори дархости тендерӣ

1. Дархост дар мўҳлати дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида эътибор дорад.

2. То гузашти мўҳлати эътибори дархости тендерӣ ташкилоти харидор метавонад аз молрасонҳо (пудратчиён) тамдиди ин мўҳлатро барои давраи муайяни иловагӣ дархост кунад. Молрасон (пудратчӣ) метавонад чунин дархостро рад кунад ва ҳуқуқашро ҷиҳати кафолати дархости тендерии худ аз даст надиҳад ва мўҳлати эътибори дархости тендерии ў бо гузашти мўҳлате, ки тамдид нагардидааст, хотима меёбад.

3. Молрасон (пудратчӣ) метавонад дархости тендерии худро то гузашти мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ тақйир диҳад ё  бозхонад ва ҳуқуқи худро ҷиҳати таъмини кафолати дархости тендерӣ аз даст надиҳад. Чунин тақйирот ё огоҳинома дар мавриди бозхондани дархост  эътибор дорад, агар он аз ҷониби ташкилоти харидор то гузашти мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерӣ гирифта шуда бошад.

 

Моддаи 39. Таъмини кафолати дархости тендерӣ

1. Молрасон (пудратчӣ) бо дархости тендерӣ тибқи дархости ташкилоти харидор ба ин ташкилот кафолати дархостҳои тендериро таъмин  мекунад.

2. Андозаи таъмини кафолати дархости тендерӣ бо фоиз аз тарафи ташкилоти харидор дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқаррар мегардад, вале набояд аз арзиши мол, кор ё хизматрасоние, ки молрасонҳо (пудратчиён) дар дархостҳои тендерии худ пешниҳод намудаанд, аз се фоиз зиёд бошад.

3. Таъмини кафолати дархости тендерӣ метавонад дар шакли вомбарг, кафолати бонкӣ, векселҳо, сертификатҳои депозитӣ ё саҳмияҳо, ки барои муомилоти озод истифода мешаванд, пешниҳод карда шавад. Шакли мушаххаси таъмини кафолати дархости тендерӣ аз тарафи ташкилоти харидор муайян гардида, дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр карда мешавад.

4. Воситаҳои таъмини кафолати дархостҳои тендерӣ ба молрасони (пудратчии) пешниҳодкардаи онҳо дар ҳолатҳои зайл баргардонида мешавад:

- гузаштани мўҳлати эътибори кафолатномаи дархости тендерӣ;

- эътибор пайдо кардани қарордоди харид ва пешниҳоди кафолатномаи иҷрои қарордоди харид, агар чунин кафолат дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ шуда бошад;

- бозхондани дархости тендерӣ то гузашти мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ;

- аз ҷониби ташкилоти харидор қатъ намудани расмиёти харид то  бастани қарордоди харид.

5. Молрасон (пудратчӣ) ҳуқуқи худро барои баргардонидани кафолатномаи дархости тендерӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин аз даст медиҳад:

- рад кардани имзои қарордоди харид тибқи шартҳое, ки дар дархостҳои тендерӣ пешбинӣ шудааст;

- рад кардани пешниҳоди кафолатномаи иҷрои қарордоди харид, агар чунин кафолат дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод шуда бошад;

- бозхондани дархости тендерӣ баъди гузашти мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости тендерӣ;

- рад кардани қабули  ислоҳи қалати арифметикӣ.

 

Моддаи 40. Манъи гуфтушунид бо молрасонҳо (пудратчиён)

Гузаронидани гуфтушунид байни ташкилоти харидор ва молрасон (пудратчӣ) оид ба дархости тендерии пешниҳодшуда қатъиян манъ аст, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре  пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 41. Кушодани дархости тендерӣ

1. Дархостҳои тендерӣ тибқи мўҳлат ва дар маҳалли муайяни дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикршуда кушода мешаванд. Ҳангоми тамдиди мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерӣ онҳо дар рўзи дахлдор кушода мешаванд. Вақт ва санаи кушодани дархостҳои тендерӣ бояд ба мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерӣ мувофиқ бошад.

2. Ҳангоми кушодани дархостҳои тендерӣ иштироки ҳамаи довталабон ё намояндагони онҳо иҷозат дода мешавад.

3. Ном ва суроқаи ҳар як довталабе, ки дархости он кушода шудааст, инчунин нархи дархости тендерӣ, шакл, андозаи таъмини кафолат фавран ба шахсони ҳангоми кушодани дархостҳои тендерӣ иштирокдошта эълон ва дар протоколи кушодани дархостҳои тендерӣ сабт мегарданд. Ҳар як аъзои комиссияи тендерӣ ба ҳар як саҳифаи дархости тендерии кушодашуда имзо мегузорад. Протоколи кушодани дархостҳои тендериро ҳар як аъзои комиссияи тендерӣ ва иштирокчиёни озмуни харид имзо мегузоранд. Нусхаи протокол дар рўзи кушодани дархостҳои тендерӣ ба молрасонҳои (пудратчиёни) иштирокдошта супорида шуда, дар як рўзи корӣ ба молрасонҳои (пудратчиёни) ҳузурнадошта ва мақомоти ваколатдор пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 42. Баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерӣ

1. Комиссияи тендерӣ метавонад аз молрасонҳо (пудратчиён) хоҳиш намояд, ки ҷиҳати  осон гардидани баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерӣ вобаста ба дархостҳои тендерии худ тавзеҳот диҳанд. Ҳеҷ гуна дархост, пешниҳод ё тавзеҳот бо мақсади тақйир додани моҳияти дархости тендерӣ, аз ҷумла тақйир додани нарх ва ё тақйироте, ки барои ҷавобгўи талабот сохтани ҳуҷҷатҳои тендерии ҷавобгўи талабот набуда нигаронида шудааст, иҷозат дода намешавад. Ҳамаи дархостҳо барои тавзеҳот дар шакли хаттӣ тайёр карда мешаванд.

2. Ташкилоти харидор танҳо қалатҳои арифметикиеро, ки дар ҷараёни баррасии дархостҳои тендерӣ ошкор шудаанд, ислоҳ менамояд. Ташкилоти харидор оид ба ҳама гуна чунин тақйирот молрасон (пудратчӣ) - ро, ки дархости тендерӣ пешниҳод кардааст, фавран огоҳ менамояд.

3. Бо мақсади арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерӣ, агар нархи дархостҳои тендерӣ бо ду ва ё якчанд асъор ифода ёфта бошад, нархи ҳамаи дархостҳои тендерӣ тибқи арзиши дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида бо як асъор ҳисоб карда мешавад.

4. Комиссияи тендерӣ метавонад дархости тендериро ҳамчун ҳуҷҷати ҷавобгўи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ баррасӣ намояд, ҳатто агар дар он гузашти ночиз мавҷуд бошад, ки моҳиятан хусусият, шарт ва дигар талаботи дар ҳуҷҷати тендерӣ инъикосгардидаро  тақйир намедиҳад ва ё дар он иштибоҳ ва ё носаҳеҳиҳое мавҷуд бошанд, ки бе дахолат  ба моҳияти дархости тендерӣ ислоҳ карда мешаванд. Ҳар гуна чунин гузашт қадри имкон  миқдоран ифода гардида, ҳангоми арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерӣ мутобиқан  ба инобат гирифта мешавад.

5. Ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои дар моддаи 19 Қонуни мазкур зикргардида комиссияи тендерӣ дархости тендерии молрасон (пудратчӣ) - ро баррасӣ намуда, онро маҳрум менамояд ва воҳиди хариди ташкилоти харидор дар мўҳлати се рўз маводи дахлдорро бо далелҳое, ки барои дохил намудани ном ё номгўйи молрасон (пудратчӣ) ба феҳристи (реестри) молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон) асос мебошад, ба мақомоти ваколатдор пешниҳод мекунад.

6. Комиссияи тендерӣ дархости тендериро дар чунин ҳолатҳо баъди баррасӣ рад менамояд:

- агар довталаб кафолатномаи дархости тендериро тибқи шакли намунавӣ, ҳаҷм ва шартҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод накарда бошад;

- ҳангоми ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур;

- агар дархости тендерӣ  ҷавобгўи талаботи тахассусии муқаррарнамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур набошад;

- агар нархи дархости тендерии довталаб аз маблақи барои хариди ҳамин мавод (предмет) ҷудогардида зиёд бошад;

- агар нархи дархости тендерии довталаб аз маблағи барои хариди иҷрои корҳои сохтмон ҷудогардида зиёда аз 10 фоиз камтар бошад; (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

- агар довталаб ба ислоҳи қалати арифметикӣ дар дархости тендерӣ розӣ набошад;

- агар ҳамин дархости тендерӣ моҳиятан ҷавобгўи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ набошад.

7. Комиссияи тендерӣ дархостҳои тендерии боқимондаро (ки дар ҷараёни баррасӣ маҳрум карда нашудаанд) барои муайян намудани дархости тендерии қолиб, чуноне ки дар зербанди (б) ҳамин қисм муайян гардидааст, мутобиқи расмиёт ва меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида арзёбӣ ва муқоиса мекунад. Ба истиснои меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида ҳеҷ гуна омилҳои дигар истифода карда намешаванд:

а) ҳамчун дархости тендерии қолиб чунин дархостҳо ба ҳисоб мераванд:

- дархости тендерӣ ё нархнома бо нархи пасттарин;

- агар ташкилоти харидор дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ карда бошад, дархост бо арзиши таҳқиқшудаи камтарин, ки дар асоси меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикргардида муайян карда мешавад, ва онҳо то дараҷаи имконпазир объективӣ буда, метавонанд миқдоран муқаррар карда шавад ва дар асоси расмиёти арзёбӣ бояд дар ифодаи пулӣ ё  фоиз баён карда шаванд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

б) ҳангоми муайян намудани дархост бо арзиши таҳқиқшудаи  камтарин комиссияи тендерӣ бояд мутобиқи сархати дуюми зербанди (б) ҳамин қисм танҳо омилҳои зеринро ба инобат гирад:

- нархи дархости тендерӣ;

- хароҷот барои истифода, хадамоти техникӣ ва таъмири вобаста ба молҳо (корҳо);

- мўҳлати молрасонӣ, анҷоми кор ё хизматрасонӣ;

- тавсифи функсионалӣ, техникӣ ва сифатии молҳо ва корҳо;

- шартҳои пардохт;

- шартҳои кафолат барои мол, кор ё хизматрасонӣ.

 

Моддаи 43. Баррасии минбаъдаи тахассусӣ

1. То огоҳсозии хаттии қолиби тендер ва то нашри эълон оид ба интихоби баамаломада, сарфи назар аз он, ки оё ташкилоти харидор расмиёти баррасии пешакии тахассусиро мутобиқи моддаи 17  Қонуни мазкур гузаронидааст, метавонад, аз молрасони (пудратчии) пешниҳоднамудаи дархости тендерӣ, ки қолиб дониста шудааст, талаб намояд, ки маълумоти тахассусии худро мутобиқи меъёр ва расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур  аз нав тасдиқ намояд, зеро чунин меъёр ва расмиёт дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқаррар гардидаанд. Ҳеҷ гуна дигар меъёр ва расмиёт, ба қайр аз онҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқаррар гардидаанд, истифода карда намешаванд.

2. Агар ташкилоти харидор аз молрасони (пудратчии) пешниҳоднамудаи дархости тендерии қолиб талаб намояд, ки маълумоти тахассусии худро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур аз нав тасдиқ кунад ва агар ў ин корро анҷом надиҳад, комиссияи тендерии ташкилоти харидор чунин дархости тендериро рад мекунад ва дархости тендериро, ки ҷойи дуюмро ишқол кардааст, қолиб эълон менамояд.

 

Моддаи 44. Бекор кардани озмуни харид

1. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор озмуни харидро дар ҳолатҳои зерин бекор мекунад:

- агар ҳамаи дархостҳо мутобиқи қисмҳои 5 ва 6  моддаи 42 маҳрум ва ё рад карда шуда бошанд;

- агар анҷом додани харид дар натиҷаи тақйирёбии ҷиддии қайричашмдошти вазъ дигар ба манфиатҳои давлат мувофиқ набошад.

2. Дар огоҳинома оид ба бекор кардани озмуни харид ташкилоти харидор сабабҳоеро, ки боиси бекор кардани озмуни харид гардидаанд, бе пешниҳоди далелҳо зикр менамояд.

3. Ташкилоти харидор бетаъхир ба ҳамаи довталабон огоҳиномаро, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, ирсол менамояд.

4. Дар ҳолати рад кардани ҳамаи дархостҳо ташкилоти харидор дар назди довталабон ҳеҷ  масъулият надорад.

5. Ҳангоми бекор кардани озмуни харид тибқи асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи мазкур ташкилоти харидор бояд баъди ба ҳуҷҷатҳои тендерӣ ворид намудани ҳар гуна ислоҳоти зарурӣ такроран озмуни харидро аз тариқи иштироки номаҳдуд доир кунад.

 

Моддаи 45. Огоҳинома оид ба интихоби қолиби озмуни харид

11. Ташкилоти харидор ӯҳдадор аст на дертар аз  се  рӯзи баъд аз интихоби ғолиби озмун ҳамаи молрасонҳои (пудратчиёни) иштирокдоштаро дар ин хусус бо ҳар роҳи мақбул, ки метавонад дар мавриди зарурат ва минбаъд тасдиқи худро ёбад,  огоҳ созад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Ташкилоти харидор дар Бюллетени хариди давлатӣ дар бораи  қолиби озмуни харид бо зикри ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва нархи дархости тендерии пешниҳоднамудааш эълон чоп мекунад.

3. Ташкилоти  харидор  ва ғолиби озмун ҳуқуқ доранд дар сурати оғоз нагардидани расмиёти пешниҳоди шикоят тибқи моддаҳои 79-81 Қонуни мазкур қарордоди харидро баъд аз 3 рӯзи огоҳ сохтани иштирокчиёни озмун дар бораи интихоби ғолиби озмун ба имзо расонанд. Дар сурати гузаштани мӯҳлати амали дархости тендерии ғолиби озмун то лаҳзаи бастани қарордод, аз ҷониби ғолиби озмун ба имзо расонидани қарордод тасдиқи розигии ӯ барои дароз намудани мӯҳлати дархости тендерӣ маҳсуб меёбад. Ҳангоми истифодаи усулҳои "Дархости нархнома" ва "Харид аз як манбаъ" қарордоди харид метавонад дар ҳар вақти баъд аз  хотима ёфтани расмиёти интихоби ғолиби озмун, молрасон (пудратчӣ) ба имзо расонида шавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

4. Бо молрасоне (пудратчие), ки дархости тендериаш қолиб эътироф шудааст, мутобиқи шартҳои дархости тендерӣ қарордоди харид баста мешавад.

5. Дар ҳолате, ки агар молрасони (пудратчии) интихобшуда қарордодро имзо накунад ё кафолати иҷрои қарордоди харидро фароҳам наоварад, комиссияи тендерии ташкилоти харидор дархости тендерии қолибро мутобиқи қисми 7 моддаи 42 Қонуни мазкур аз ҳисоби дархостҳои боқимондаи дорои эътибори тендерӣ бо назардошти ҳуқуқи ташкилоти харидор ҷиҳати бекор кардани озмуни харид мутобиқи моддаи 43  Қонуни мазкур интихоб менамояд.

 

Моддаи 46. Ҳисобот оид ба расмиёти харид

1. Ҳангоми анҷом додани расмиёти харид ташкилоти харидор оид ба расмиёти харид ҳисобот таҳия менамояд, ки ҳадди ақал дорои маълумоти зерин мебошад:

- тавсифи маводи (предмети) харид оид ба ҳар як лот;

- ном ва суроқаи молрасонҳо (пудратчиён), ки дархостҳои тендерӣ ва ё нархнома пешниҳод кардаанд;

- талаботе, ки нисбат ба молрасонҳо (пудратчиён) ҳангоми бастани қарордоди харид пешниҳод мегардад;

- нарх ва дигар шартҳои асосии ҳар як дархости тендерӣ ва ё пешниҳод;

- баёни арзёбӣ, муқоиса ва асосҳо барои интихоби дархостҳои тендерӣ ва ё пешниҳодҳои ирсолгардида;

- дар ҳолати рад намудани ҳамаи дархостҳои тендерӣ ва ё пешниҳодҳо – асосҳо барои рад намудани онҳо;

- дар ҳолате, ки дар натиҷаи расмиёти харид қарордоди харид баста нашуда бошад, баёния дар ин хусус бо зикри асосҳои дахлдор;

- ҳангоми истифодаи дигар расмиёт, ба қайр аз озмуни харид аз тариқи иштироки номаҳдуд – асосҳо барои чунин интихоб;

- асосҳо барои истифодаи расмиёти баррасии пешакии тахассусии молрасонҳо (пудратчиён);

- баёни ҷамъбастии дархостҳои барои тавзеҳи ҳуҷҷатҳои марбут ба баррасии пешакии тахассусӣ ё ҳуҷҷатҳои тендерӣ воридшуда ва ҷавоб ба онҳо;

- иттилоот оид ба шикоят ва даъвоҳои пешниҳодшуда ва роҳҳои ҳалли онҳо;

- иттилоот дар бораи  боздоштани расмиёт;

- иттилоот дар бораи   ҷалби коршиносон;

- номи (номгўйи) молрасон (ҳое) (пудратчӣ (ён)-е, ки қолиб эътироф шудаанд.

2. Ҳангоми хариде, ки аз ҳадди камтарини маблақи харид пасттар аст, протокол оид ба расмиёти харид тартиб дода намешавад. Ташкилоти харидор дар бораи ин ё он харид ба мақоми ваколатдор  ҳар  семоҳа ҳисоботи ҷамъбастиро тибқи шакли аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда пешниҳод менамояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

3. Ҳангоми харид аз як манбаъ ҳисобот таҳия менамояд, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

-  асоснок намудани  татбиқи чунин усули харид;

-  номи молрасон (пудратчӣ), ки бо он шартнома баста мешавад;

-  нарх ва дигар шартҳои асосии харид;

-  маълумот дар бораи ҷалби коршиносон.

4. Маълумоти пешбининамудаи сархатҳои дуюм, дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи мазкур дар асоси талаботи молрасонҳое (пудратчиёне), ки дархостҳои тендерӣ ё нархнома пешниҳод кардаанд,  баъди интихоби дархостҳои тендерӣ ва ё нархномаҳо ё баъди анҷоми расмиёти харид, ки дар натиҷа қарордод баста нашудааст, пешниҳод карда мешаванд.

5. Мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд  муқаррар кунад:

-  шаклҳои намунавии ҳисобот оид ба расмиёти харид;

- талаботи иловагӣ нисбати расмиёти харид, ки дар протокол пешниҳод мегардад.

6. Ҳисобот оид ба расмиёти харид ба мақоми ваколатдор дар мўҳлати се рўзи баъди ба имзо расонидани қарордод пешниҳод карда мешавад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

§ 2.  Озмунҳои думарҳилавии харид

 

Моддаи 47.  Мафҳуми озмуни думарҳилавии харид

1. Расмиёти озмунҳои думарҳилавии харид аз ду марҳилаи пайдарҳами озмуни харид иборат аст, ки ҳангоми он:

- дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба молрасонҳо (пудратчиён) пешниҳод мегардад, ки дар марҳилаи якум дархостҳои тендерии ибтидоиро бе зикри нархи онҳо, бо маълумот оид ба хусусиятҳои техникӣ, сифатӣ ва дигар хусусиятҳои мол, кор ва хизматрасонии  мавриди харид, шартҳои расонидани он, инчунин ҳангоми зарурат бо зикри маълумоти касбӣ, салоҳияти техникӣ ва тахассусии молрасонҳо (пудратчиён) ирсол намоянд;

- дар марҳилаи дуюм ба молрасонҳо (пудратчиён) пешниҳод мегардад, ки дархостҳои тендерии ниҳоиро мутобиқи мушаххасоти дар ҷараёни марҳилаи якум дақиқ намудаи ташкилоти харидор бо зикри нархи дархости тендерӣ ирсол намоянд.

2. Дар марҳилаи якуми расмиёти озмуни думарҳилавии харид ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад бо ҳама гуна молрасонҳо (пудратчиён), ки дархости тендериашон рад нашуда буд, гуфтушунид доир намояд.

3. Дар марҳилаи якуми расмиёти озмуни думарҳилавии харид кафолати дархости тендерӣ пешниҳод намегардад.

4. Пешниҳод дар хусуси супоридани дархости ниҳоии тендерӣ дар марҳилаи дуюм метавонад хориҷ кардан ё тақйир додани ҳар гуна ҷанбаҳои техникӣ ё хусусиятҳои сифатии аввалан дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нисбати мол, кор ва хизматрасонии мавриди харид муқарраргардидаро ва инчунин хориҷ кардан ё тақйир додани ҳар гуна меъёрҳои муқоиса ва арзёбии дархостҳои тендерӣ, муайянкунии дархости тендерии қолиб ва ё ба ҳуҷҷати тендерӣ ворид намудани иловаҳоро мутобиқи Қонуни мазкур дар бар гирад.  Ташкилоти харидор вазифадор аст оид ба ҳар гуна чунин хориҷкунӣ, тақйирот ё иловаҳо ба ҳуҷҷати тендерӣ дар даъватнома ҷиҳати пешниҳоди дархостҳои ниҳоии тендерӣ, ки ба молрасонҳо (пудратчиён) ирсол мегардад ва дархостҳои тендерии онҳо дар марҳилаи якуми расмиёти озмуни думарҳилавии харид рад нашудааст, зикр намояд.

5. Агар дар параграфи мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми анҷом додани расмиёти озмуни думарҳилавии харид, инчунин расмиёти пешбининамудаи параграфи 1 боби 4 Қонуни мазкур истифода карда мешавад.

 

Моддаи 48. Шартҳои истифодаи озмуни думарҳилавии харид

Озмуни думарҳилавии харид дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегардад, агар:

- ташкилоти харидор натавонад қаблан хусусиятҳои хоси техникӣ ва аломатҳои сифатии мол, кор ва хизматрасонии мавриди  харидро муайян намояд;

- агар зарурати гуфтушунид бо молрасонҳо (пудратчиён) ба сабаби хусусияти мол, кор ва хизматрасонии мавриди харид ба миён ояд;

- маводи (предмети) харид, тадқиқот, озмоиш, таҳияи хулосаи илмӣ ё пешниҳоди дигар хизматрасонии махсус бошад.

 

Моддаи 49. Даъватнома оид ба иштирок дар расмиёти озмуни думарҳилавии харид

1. Даъватнома ҷиҳати иштирок дар расмиёти озмуни думарҳилавии харид дар марҳилаи якум бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

-  ном ва суроқаи ҳуқуқии ташкилоти харидор;

- инъикоси маводи (предмети) харид ва ҳангоми хариди кор – маҳалли ҷойгиршавӣ ва навъи корҳо;

- усул ва маҳали гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, андозаи пардохт барои онҳо;

- маҳал, мўҳлати пешниҳод ва кушодани дархостҳои тендерӣ.

2. Даъватнома ҷиҳати иштирок дар марҳилаи дуюми расмиёти озмуни думарҳилавии харид  бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- ном ва суроқаи ҳуқуқии ташкилоти харидор;

- талаботи ниҳоие, ки нисбат ба молрасонҳо (пудратчиён) пешниҳод мегардад, шарти харид бо зикри нарх, инчунин ҳама гуна тавсифоти мол, кор ва хизматрасонии мавриди харид;

- хусусият, миқдор ва маҳалли молрасонӣ, хусусият ва маҳали иҷрои кор ё хусусияти хизматрасонӣ ва ҷое, ки бояд хизматрасонӣ анҷом дода шавад;

- мўҳлати матлуб ё зарурии молрасонӣ, анҷоми кор ё нақшаи расонидани хизматрасонӣ;

- усул ва маҳалли гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ;

- маҳал ва мўҳлати кушодани дархостҳои тендерӣ.

 

Моддаи 50. Мўҳлати пешниҳоди дархостҳои ибтидоии тендерӣ

1. Мўҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои ибтидоии тендерӣ дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муқаррар мегардад, аммо наметавонад аз рўзи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар расмиёти озмуни думарҳилавии харид камтар аз се ҳафта бошад.

2. Ташкилоти харидор ҳангоми зарурати хариди фаврӣ ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ нисбат ба мўҳлати пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мўҳлати кўтоҳтари пешниҳоди дархостҳои ибтидоии тендериро муайян намояд, вале он набояд аз лаҳзаи нашри даъватнома ҷиҳати иштирок дар расмиёти озмуни думарҳилавии харид камтар аз даҳ рўз бошад.

 

Моддаи 51. Расмиёти харид аз як манбаъ

1. Ҳангоми истифодаи усули хариди давлатӣ аз як манбаъ ташкилоти харидор ба як молрасони (пудратчии) мушаххас дар хусуси гузаронидани гуфтушунид даъватнома ирсол менамояд.

2. Қарордоди харид ҳангоме баста мешавад, ки пешниҳоди молрасон (пудратчӣ) шартҳои ташкилоти харидорро қонеъ гардонад.

 

БОБИ  5. Хариди хизматрасонии машваратӣ

 

Моддаи 52. Хизматрасонии машваратӣ

1. Хизматрасонии машваратӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, резидент ва қайрирезидент, ки дорои касб ва тахассуси зарурӣ мебошанд, анҷом дода мешавад.

2. Хизматрасонии машваратӣ метавонад ҳам аз ҷониби мушовирони инфиродӣ, ҳам аз ҷониби ташкилотҳои машваратӣ анҷом дода шавад.

 

Моддаи 53. Усулҳои хариди хизматрасонии машваратӣ

1. Барои анҷом додани хариди хизматрасонии машваратӣ усули иштироки маҳдуд (рўйхати мухтасар), инчунин харид аз як манбаъ истифода карда мешавад.

2. Усули рўйхати мухтасар аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

- таҳияи супоришҳои техникӣ;

- таҳияи сметаи хароҷот;

- интишори эълон ё (ва) реклама;

- таҳияи рўйхати мухтасари мушовирон;

- таҳияи даъватнома ҷиҳати манзур кардани пешниҳод ва ирсоли он;

- мактуб - даъватнома;

- иттилоот барои мушовирон;

- супориши техникӣ;

- шакли тавсияшавандаи қарордод;

- қабули пешниҳодҳо;

- интихоби пешниҳоди беҳтарини озмун;

- анҷом додани гуфтушунид ва бастани қарордод.

 

Моддаи 54. Усулҳои интихоби пешниҳодҳои озмунӣ

Хариди хизматрасонии машваратӣ барои ташкилотҳо бо усулҳои зерини интихоби пешниҳодҳои озмун, ки қисми таркибии  усули рўйихати мухтасар дар қисми 2 моддаи 53 Қонуни мазкур мебошад, амалӣ мегардад:

-  аз рўи сифат ва арзиш;

- аз рўи сифат;

- интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда;

- аз рўи нархи пасттарин;

- дар асоси тахассуси мушовирон.

 

Моддаи 55. Усулҳои интихоб дар асоси сифат ва арзиш

Усулҳои асосии интихоби пешниҳодоти озмунӣ интихоб аз рўи сифат ва арзиш маҳсуб меёбад, ки аз марҳилаҳои зерин иборат аст:

- арзёбии пешниҳодҳои техникӣ;

- арзёбии пешниҳодҳои молиявӣ;

- арзёбии ниҳоии сифат ва арзиш.

 

Моддаи 56. Таҳияи супориши техникӣ

1. Ташкилоти харидор супориши техникиро мураттаб месозад ва барои таҳияи он масъул мебошад. Дар супориши техникӣ мақсад, супориш, ҳаҷми супориш, тавсифи талабот ва мўҳлатҳои пешниҳоди ҳисобот зикр гардида, маводи (предмети) маълумотӣ, аз ҷумла номгўи таҳқиқоти дар айни замон доиршуда ва маълумоти аввалия пешниҳод карда мешавад.

2. Агар мақсад аз таҳвили дониш ё тарбияи мутахассисон иборат бошад, бояд алоҳида, дар баробари маълумоти муфассал оид ба шумораи кормандон, ки бояд таълим гиранд, зикр карда шавад, то ин ки мушовирон ҳаҷми зарурии хизматрасониро арзёбӣ карда  тавонанд.

3. Дар супориши техникӣ бояд хизматрасонӣ ва таҳқиқоти барои иҷрои супориш зарурӣ, ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии пешбинишаванда номбар гардида, инчунин ўҳдадориҳои ташкилоти харидор ва мушовирон ба таври дақиқ муайян карда шавад.

 

Моддаи 57. Таҳияи сметаи хароҷот

1. Ташкилоти харидор сметаи хароҷотро тартиб медиҳад, ки он хароҷоти барои иҷрои супоришҳо зарурро дар бар мегирад: вақти мушаххас, кўмаки ташкилию техникӣ ва захираҳои моддию техникӣ.

2. Сметаи хароҷот аз се фасл иборат аст:

- пардохти музди хизматрасонӣ ё подош;

- хароҷоти ҷуброншаванда;

- хароҷоти кўмаки моддию техникӣ.

 

Моддаи 58. Эълон оид ба хариди хизматрасонии машваратӣ

1. Барои гирифтани изҳори манфиатдорӣ аз мушовирони эҳтимолӣ ташкилоти харидор бояд номгўи супоришҳои пешбинишавандаи машваратиро дар воситаҳои ахбори омма, Бюллетени хариди давлатӣ, ҳангоми баргузории тендери байналмилалӣ - дар воситаҳои байналмилалии ахбори омма чоп намояд.

2. Ташкилоти харидор барои аз мушовирон гирифтани гувоҳнома дар хусуси манфиатдории онҳо бо  мақсади таҳияи рўйхати мухтасари мушовирон мўҳлат муайян мекунад, ки аз лаҳзаи нашри эълон дар  воситаҳои ахбори омма набояд камтар аз 14 рўз бошад.

 

Моддаи 59. Таҳияи рўйхати мухтасари мушовирон

1. Ташкилоти харидор бояд рўйхати мухтасари мушовиронро таҳия намояд, ки ба он мушовирони гувоҳномаи манфиатдории худро ирсолнамуда ва ҷавобгўи талаботи тахассусӣ буда дохил карда шудаанд. Ба рўйхати мухтасар бояд аз се то шаш мушовир дохил карда мешавад.

2. Агар ҳаҷми  супориш хурд бошад ва дар кишвар теъдоди кофии ташкилоти соҳибихтисос (на камтар аз се ташкилот) мавҷуд бошад, ки нархҳои рақобатпазирро пешниҳод менамоянд  ва агар рақобат бо иштироки мушовирони хориҷӣ натиҷаи дилхоҳ надиҳад, рўйхати мухтасар метавонад танҳо аз ташкилотҳои ватанӣ ва дохилии машваратӣ тартиб дода шавад. Вале агар ташкилотҳои хориҷӣ манфиатдории худро изҳор намоянд, бояд онҳо ба инобат гирифта шаванд.

 

Моддаи 60. Даъватнома оид ба ирсоли пешниҳод

Даъватнома оид ба ирсоли пешниҳод бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- мактуб-даъватнома, ки нияти ташкилоти харидорро ҷиҳати бастани қарордод барои иҷрои хизматрасонии машваратӣ, манбаи маблақгузорӣ, маълумоти муфассал дар хусуси ташкилоти харидор, инчунин сана, вақт ва суроқаро барои ирсоли пешниҳод дар бар мегирад;

- иттилоот барои мушовирон;

- супориши техникӣ;

- матни қарордоде, ки дар назар аст.

 

Моддаи 61. Иттилоот барои мушовирон

1. Иттилоот барои мушовирон бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- тавсифи мухтасари супориш, шаклҳои намунавии пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ;

- ному насаб ва суроқаи кормандоне, ки ҳангоми зарурат намояндагони мушовирон метавонанд барои тавзеҳот муроҷиат намоянд;

- тавсифи муфассали расмиёти маъмули интихоб, аз ҷумла: зикри меъёрҳои арзёбии техникӣ, тавсифи муфассали арзёбии молиявӣ, балли ҳадди ақали қобили қабул аз рўи сифат ва маълумот дар бораи ошкоро кушодани пешниҳоди молиявӣ;

- масрафи вақти кории кормандони асосӣ, ки барои мушовирон лозим аст;

- мўҳлати ниҳоии ирсоли пешниҳод;

- баёния дар бораи он ки мушовир ва ҳар кадоме аз корхонаҳои фаръии он баъди бастани қарордод барои хизматрасонӣ бинобар ихтилофи манфиатҳо тибқи моддаи 8 Қонуни мазкур ҳуқуқ  надоранд дар расмиёти харид иштирок намоянд;

- тарзи ирсоли пешниҳод, аз ҷумла талаботи ирсол намудани пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ дар лифофаҳои алоҳидаи  мўҳршуда;

- хоҳиш аз  мушовирони даъватшуда ҷиҳати тасдиқи гирифтани даъватнома барои ирсоли пешниҳод ва иттилооти ташкилоти харидор дар хусуси он  ки  оё он пешниҳоди худро манзур медорад;

- баёния дар хусуси он ки дар давоми мўҳлати эътибори пешниҳод мушовирон ҳуқуқ  надоранд ба ҳайати асосии кормандон тақйирот ворид намоянд ва онҳо бояд меъёрҳо ва нархҳои умумии пешниҳодгардидаро риоя кунанд;

- санаи тахминие, ки мушовир ба иҷрои супориш шурўъ менамояд;

- маълумоти муфассал дар бораи хизматрасонӣ, бино, таҷҳизот ва кормандоне, ки бояд аз тарафи ташкилоти харидор пешниҳод карда шаванд;

- тавсифи марҳилаҳои иҷрои супориш, агар зарур бошад, эҳтимолияти идомаи супориш;

- тартиби пешниҳоди дархост оид ба тавзеҳи иттилоот, ки дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод оварда шудааст;

- шартҳои бастани қарордоди зерпудратӣ барои як қисми супориш.

2. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор метавонад ба иттилоот барои гурўҳи муайяни мушовирон маълумоти иловагиро дохил намояд.

 

Моддаи 62. Ирсол ва  кушодани пешниҳодҳо

1. Ташкилоти харидор санаи аниқ ва мўҳлати ниҳоиро барои ирсоли пешниҳод муқаррар менамояд, ки аз рўзи фиристодани даъватнома барои ирсоли пешниҳод на камтар аз 4 ҳафта мебошад.

2. Даҳ рўз пештар аз мўҳлати ниҳоии ирсоли пешниҳод мушовир метавонад аз ташкилоти харидор шарҳи  маълумоти дар даъватнома барои ирсоли пешниҳод зикршударо талаб намояд. Ташкилоти харидор дар мўҳлати на дертар аз 3 рўзи корӣ бояд ба чунин дархост ҷавоб гардонад ва нусхаи ин шарҳро ба ҳамаи мушовирони дар рўйхат дохилшуда фиристад. Ҳангоми зарурат ташкилоти харидор метавонад мўҳлати ниҳоии ирсоли пешниҳодро тамдид намояд.

3. Баъди ба охир расидани мўҳлати ирсоли пешниҳод ислоҳ ба пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ қабул карда намешавад. Пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ бояд ҳамзамон дар лифофаҳои мўҳршуда манзур  гарданд.

4. Баъди ба охир расидани мўҳлати ирсоли пешниҳод лифофаҳо бо  пешниҳоди техникӣ аз тарафи комиссияи тендерӣ фавран кушода шуда, тамоми маълумоти асосӣ ба протоколи кушодани пешниҳод дохил карда мешавад.

5. Пешниҳоди молиявӣ ба воҳиди харид супорида мешавад, ки то лаҳзаи кушодан махфӣ дар шакли мўҳршуда нигоҳ дошта мешавад.

6. Пешниҳоди баъди ба охир расидани мўҳлати ниҳоӣ гирифташуда кушода намешавад ва ба мушовир баргардонида мешавад.

 

Моддаи 63. Арзёбии пешниҳод

1. Арзёбии пешниҳод дар ду марҳила гузаронида мешавад; дар аввал пешниҳоди техникӣ бе дастрасии  пешниҳоди  молиявӣ ва баъд пешниҳоди  молиявӣ.

2. Баъди арзёбии пешниҳоди техникӣ ташкилоти харидор мутобиқи моддаи 62 Қонуни мазкур пешниҳоди молиявиро, ки арзёбии  он бояд тибқи муқаррароти даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод гузаронида шавад, ба таври ошкоро мекушояд.

 

Моддаи 64. Арзёбии сифат

1. Ташкилоти харидор пешниҳоди техникии мушовиронро тибқи меъёрҳои зерин арзёбӣ мекунад:

- таҷрибаи мушовир, ки барои иҷрои вазифа муҳим аст;

- сифати усулҳои пешниҳодшаванда;

- тахассуси ҳайати асосии кормандони пешниҳодшаванда;

- таҳвили дониш;

- дараҷаи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати асосии кормандон дохил карда шудаанд, дар иҷрои супоришҳо.

2. Ташкилоти харидор ҳар як пешниҳодро барои мутобиқат ба талаботи тахассусӣ ва супориши техникӣ арзёбӣ мекунад. Пешниҳод дар ин марҳила ҳангоме рад карда мешавад, ки агар ба талаботи тахассусӣ ва талаботи асосии супориши техникӣ мутобиқ набошад ва ё балли ҳадди ақалли қобили қабулро, ки дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод зикр ёфтааст,  нагирифта бошад.

3. Баъди анҷоми арзёбии техникӣ ташкилоти харидор ҳисоботи арзёбиро нисбат ба  сифати пешниҳод таҳия менамояд.

 

Моддаи 65. Арзёбии  арзиш

1. Аз рўи натиҷаҳои арзёбии  сифат ташкилоти харидор пешниҳоди молиявии нокушодаи мушовиронеро, ки пешниҳодашон балли ҳадди ақалли қобили қабулро нагирифтааст ё ба талаботи тахассусӣ, инчунин ба талаботи асосии супоришҳои техникии дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод зикрёфта ҷавобгў намебошад, бармегардонад.

2. Ҳамзамон ташкилоти харидор ба мушовироне, ки пешниҳоди онҳо балли ҳадди ақалли қобили қабулро гирифтааст, огоҳинома фиристода, мўҳлати (сана ва вақти) барои кушодани пешниҳоди молиявӣ муайянгардидаро, ки бояд аз рўзи фиристодани огоҳинома на камтар аз як ҳафтаро ташкил диҳад, зикр менамояд.

3. Пешниҳоди молиявӣ тибқи мўҳлат ва дар маҳалли муайянгардида, ки дар огоҳиномаи ташкилоти харидор зикр шудааст, бо иштироки намояндагии мушовирон, ки ба маросими кушодани пешниҳод омадаанд, ба таври ошкоро  кушода мешавад.

4. Ном ва суроқаи мушовир, балли барои сифат бадастоварда ва нархи дархости тендерӣ бо овози баланд эълон карда шуда, ба протоколи кушодани пешниҳоди  молиявӣ дохил карда мешавад. Нусхаи протокол фавран ба мақомоти ваколатдор ирсол мегардад.

5. Ташкилоти харидор тафтиши пешниҳоди  молиявиро  вобаста ба мукаммалӣ ва ҷой надоштани қалати арифметикӣ анҷом медиҳад, инчунин бо мақсади муқоисаи пешниҳодот арзиши онҳо ба асъори ягона, ки дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод зикр гардидааст,  гузаронида мешавад.

 

Моддаи 66. Арзёбии муштараки сифат ва арзиш

1. Бо мақсади ба даст овардани балли умумӣ ташкилоти харидор баллҳои аз ҷониби мушовирон барои арзёбии техникӣ ва арзёбии  молиявӣ бадастовардаро бо назардошти аҳамияти ҳар як пешниҳоди  дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод зикргардида ҷамъ менамояд.

2. Мушовире, ки балли бештарро соҳиб гардидааст, барои гуфтушунид даъват карда мешавад.

 

Моддаи 67. Гуфтушунид ва бастани шартнома

1. Дар давоми 3 рўзи тақвимии баъди ба охир расидани ҷараёни арзёбӣ ташкилоти харидор мушовиреро, ки балли бештарро соҳиб шудааст, барои гуфтушунид ҷиҳати бастани шартнома даъват менамояд.

2. Дар ҷараёни гуфтушунид супоришҳои техникӣ, методика, ҳайати кормандон, захираҳои моддию техникӣ, ки аз тарафи ташкилоти харидор фароҳам оварда мешаванд ва шартҳои махсуси шартнома баррасӣ мегарданд. Нархи пешниҳодшаванда, инчунин хароҷоти пардохтшаванда мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

3. Баррасиҳо набояд боиси моҳиятан тақйир додани шакли ибтидоии супоришҳои техникӣ ва шартҳои шартнома гарданд  ва ин набояд ба сифати хизматрасонӣ, арзиш ва мўҳтавои арзёбии ибтидоӣ таъсир расонад. Шакли ниҳоии супориши техникӣ ва методикаи мувофиқагардида ба “Тавсифи хизматрасонӣ”, ки ҷузъи шартнома мебошад, дохил карда мешавад.

4. Дар ҷараёни гуфтушунид то ба охир расидани мўҳлати амали пешниҳод ташкилоти харидор метавонад аз мушовир хоҳиш кунад, ки ин мўҳлатро барои давраи мушаххас тамдид намояд. Мушовире, ки ба тамдиди мўҳлати амали пешниҳоди  худ розигӣ медиҳад, дар мувофиқа бо ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад ҳайати асосии кормандонро бо кормандони аз ҷиҳати тахассусӣ баробар иваз намояд.

5. Агар ивази кормандон, ки ба сифати ҳайати асосӣ пешниҳод гардидаанд, вобаста ба таҷриба ва тахассус мутобиқ набошанд, мушовир метавонад  аз тарафи ташкилоти харидор дар мувофиқа бо Мақомоти ваколатдор аз иҷрои ваколат маҳрум гардад ва худи ҷараёни интихоб бояд бо ҷалби мушовир, ки тибқи рейтинг мавқеи дуюмро ишқол менамояд, давом дода шавад ё интихоби такрории мушовирон гузаронида мешавад.

6. Агар дар ҷараёни гуфтушунид тарафҳо  дар хусуси бастани шартнома ба созиш наоянд, ташкилоти харидор дар мувофиқа бо  Мақомоти ваколатдор чунин гуфтушунидро қатъ менамояд ва ба гуфтушунид мушовиреро, ки тибқи  рейтинг  мавқеи минбаъдаро ишқол менамояд, даъват мекунад ё интихоби такрории мушовиронро мегузаронад.

7. Бастани шартнома баъди муваффақона анҷом ёфтани гуфтушунид ба зиммаи мушовир вогузошта шуда, ташкилоти харидор бояд фавран дигар иштирокчиёнро дар хусуси он ки пешниҳоди  онҳо ҳамчун пешниҳоди қолиб интихоб нашудаанд, огоҳ намояд.

 

Моддаи 68. Интихоб аз рўи сифат

1. Интихоб аз рўи сифат ҳангоми зарурати иҷрои супоришҳои зерин истифода карда мешавад:

- супоришҳои мураккаб ё маҳдуд ихтисос, ки барои онҳо таҳияи  супоришҳои техникии дақиқ ё муайянсозии аниқи хароҷоти захираҳои моддию техникӣ, ки аз мушовирон талаб карда мешавад, душвор аст;

- супоришҳое, ки метавонанд аз нуқтаи назари фаъолияти минбаъда дорои натиҷаҳои муҳим бошанд ва мақсади онҳо аз  ҷалби коршиносони соҳибихтисос иборат аст;

- супоришҳое, ки метавонанд бо роҳҳои гуногун иҷро карда шаванд ва ин муқоиса пешниҳодро имконнопазир мегардонад.

2. Дар доираи интихоб аз рўи сифат дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод ташкилоти харидор аз мушовирон  метавонад танҳо пешниҳоди техникӣ (бе пешниҳоди  молиявӣ) ё ҳамзамон пешниҳоди техникӣ ва молиявиро, вале дар лифофаҳои алоҳида талаб намояд.

3. Дар даъватнома ҷиҳати ирсоли пешниҳод буҷети тахминӣ зикр карда намешавад, вале масрафи хароҷоти вақти корӣ барои ҳайати асосии кормандон, бо тавзеҳи он ки ин иттилоот танҳо ба сифати раҳнамо оварда мешавад, мушовирон ҳуқуқ доранд ҳисобҳои шахсии худро оид ба масрафи вақти корӣ пешниҳод намоянд.

4. Агар танҳо пешниҳоди техникӣ талаб карда шавад, арзёбии пешниҳоди техникӣ мутобиқи моддаи 63 Қонуни мазкур анҷом дода шуда,  ташкилоти харидор аз мушовире, ки пешниҳоди техникии ў дорои балли бештар мебошад, ирсоли пешниҳоди  муфассали молиявиро хоҳиш менамояд ва сипас ташкилоти харидор ва мушовир оид ба пешниҳоди молиявӣ ва қарордод гуфтушунид  доир менамоянд.

5. Ҳангоми  дархост ҷиҳати  ирсол доштани пешниҳоди техникӣ ва молиявӣ арзёбии пешниҳоди  техникӣ мутобиқи моддаи 62 Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

6. Агар дар ҷараёни гуфтушунид  тарафҳо дар хусуси  бастани шартнома ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми 5 моддаи 65  Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 69. Интихоб дар шароити буҷети муқарраргардида 

1. Усули интихоб дар шароити буҷети муқарраргардида ҳангоме истифода карда мешавад, ки супориш аниқ муайян шудааст ва буҷети муқарраргардида вуҷуд дорад.

2. Дар даъватнома барои ирсоли пешниҳод буҷети вазифаҳо зикр ёфта, барои мушовирон тавсия дода мешавад, ки пешниҳоди  техникӣ ва молиявиро дар доираи буҷет дар лифофаҳои алоҳида таъмин намоянд. Супориши техникӣ бояд мулоҳизакорона анҷом дода шавад ва кофӣ будани буҷет барои иҷрои супоришҳо кафолат диҳад.

3. Арзёбии тамоми пешниҳоди техникӣ аз рўи методикаи “арзёбии сифат” мутобиқи моддаи 62 Қонуни мазкур амалӣ мегардад. Баъдан пешниҳоди молиявӣ кушода шуда, он пешниҳоде, ки аз доираи буҷети мазкур зиёд аст, баргардонида мешавад.

4. Барои гузаронидани гуфтушунидҳо аз рўи қарордод он мушовире даъват карда мешавад, ки пешниҳоди техникии ў балли аз ҳама зиёд гирифтааст.

 

Моддаи 70. Интихоб аз рўи нархи пасттарин

1. Усули интихоб аз рўи нархи пасттарин ҳангоми интихоби мушовирон бо маблақи аз ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо поёнтар барои супоришҳои намунавӣ ва стандартӣ  истифода карда мешавад, агар таҷриба ва меъёрҳои муқарраршуда мавҷуд бошад. Ташкилоти харидор балли ҳадди ақалли қобили қабулро аз рўи пешниҳоди техникӣ муайян мекунад ва онро дар даъватнома барои ирсоли пешниҳод зикр менамояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Пешниҳод дар ду лифофа аз мушовироне талаб карда мешавад, ки ба рўйхати мухтасар ворид гардидаанд. Дар аввал ҳамаи пешниҳоди техникии кушодашуда, арзёбӣ карда мешаванд. Пешниҳодоти техникие, ки балли ҳадди ақалро соҳиб нагаштааст, қабул карда намешавад. Баъдан пешниҳоди молиявии боқимонда ба таври ошкоро кушода мешавад. 

3. Ба гуфтушунид оид ба шартнома мушовире, ки тибқи пешниҳоди техникӣ балли аз ҳадди ақалли бештарро гирифта, оид ба пешниҳоди молиявӣ нархи камтар гузоштааст, даъват карда мешавад.

 

Моддаи 71. Интихоб дар асоси тахассуси мушовирон

Усули мазкур барои супоришҳои на он қадар калоне, ки барои онҳо зарурати таҳия ва арзёбии пешниҳоди озмунӣ ба амал намеояд, истифода карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо ташкилоти харидор супориши техникиро таҳия намуда, изҳори манфиатдорӣ ва маълумотро дар бораи таҷрибаи кории мушовир ва тахассуси ў, ки барои иҷрои супоришҳо муҳиманд, талаб менамояд. Сипас расмиёти интихоб тибқи рўйихати мухтасар, ки аз он ташкилоти дорои тахассуси нисбатан мувофиқ ва тавсияҳои беҳтарин интихоб карда мешавад, баргузор мегардад. Ба ташкилоти интихобгардида тавсия дода мешавад, ки пешниҳоди техникию молиявиро ирсол намояд ва баъдан ба гуфтушунидҳо  аз рўи қарордод шурўъ намояд.

 

Моддаи 72. Усули харид аз як манбаъ

1. Бо сабаби он ки усули харид аз як манбаъ афзалиятҳои рақобатро нисбати сифат ва арзиш таъмин наменамояд, инчунин шаффоф намебошад, бинобар ин метавонад ба истифодаи амалияи номақбул мусоидат намояд, истифодаи он танҳо дар ҳолатҳои истисноии зерин иҷозат дода мешавад:

- иҷрои супоришҳое, ки идомаи бевоситаи корҳои пештараи аз ҷониби ҳамон ташкилот гузаронидашуда аст;

- зарурати интихоб намудан дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин (ҳангоми иҷрои корҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба таҳдид ба амнияти миллӣ, рафъи офатҳои табиӣ, заҳролудшавии маҳал ва қайра);

- ҳангоме ки танҳо як ташкилот дорои дараҷаи тахассусӣ ё таҷрибаи зарурӣ буда, он барои супориши мушаххас арзиши истисноӣ дорад.

2. Ҳангоми таъмини муттасилӣ (сархати якуми қисми 1 моддаи мазкур) бояд муносибати техникӣ, таҷрибаи андўхта ва масъулияти касбии мушовир барои иҷрои корҳои худ, бо шарти иҷрои қаноатбахши супориши аввал ба инобат гирифта шавад. Дар чунин ҳолатҳо ташкилоти харидор дар аввал аз мушовири интихобгардида хоҳиш менамояд, ки супориши техникӣ ва молиявиро дар асоси супориши техникии аз тарафи ташкилоти харидор таҳиягардида  тайёр намояд ва баъдан ин пешниҳодот  дар гуфтушунидҳо  баррасӣ карда мешаванд.

3. Агар қарордод оид ба супориши аввал дар асоси озмун дода нашуда ва ё бо шартҳои вобаста ба маблақгузорӣ ва ё харид тибқи пудрати эҳтиёҷотӣ супорида шуда бошад ва ё агар супорише, ки идомаи кори пештара аст, аз рўи арзиш аз он зиёдтар бошад, расмиёти муқаррарии озмуни харид истифода карда шуда, зимнан мушовире, ки кори авваларо иҷро намудааст, аз баррасӣ хориҷ намегардад ва метавонад дар озмун дар асосҳои умумӣ иштирок кунад.

 

Моддаи 73. Интихоби мушовирони инфиродӣ

1. Мушовирони инфиродӣ барои иҷрои супоришҳо ҷалб карда мешаванд, агар:

- барои кирои гурўҳи мутахассисон зарурат набошад;

- барои кўмаки иловагии касбӣ аз хориҷ  зарурат набошад;

- таҷриба ва тахассуси шахси алоҳида талаботи муҳимтарин бошад.

2. Ташкилоти харидор  ду ҳафта пеш аз мўҳлати пешниҳоди изҳори манфиатдорӣ  дар воситаҳои ахбори омма ва ё дар Бюллетени хариди давлатӣ, инчунин ҳангоми зарурат дар воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ барои мушовирони инфиродӣ оид ба иҷрои супоришҳо даъватнома интишор менамояд.

3. Ба мушовироне, ки бо усули рўйхати мухтасар интихоб гардидаанд, даъватномае ирсол мешавад, ки намунаи баёни тарҷимаи ҳол (минбаъд – хулоса (резюме) номида мешавад), намунаи шакли ифодаи нархи хизматрасонӣ, инчунин меъёрҳои нархгузорӣ, супориши техникӣ ва намунаи қарордоди истифодашавандаро дар бар мегирад.  Инчунин дар даъватнома меъёрҳои арзёбии тахассус ва таҷрибаи мушовир дар асоси хулоса (резюме) ва муносибат ба талаботи супоришҳои техникӣ ва мўҳлати ниҳоии  изҳори манфиатдорӣ инъикос мегардад.

4. Агар маблақи супориш зиёд буда, он метавонад аз нуқтаи назари фаъолияти минбаъда оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, дар даъватнома  хоҳиш карда мешавад, ки  изҳори манфиатдорӣ дар шакли хулоса (резюме), ки он ҳангоми арзёбӣ мутобиқи меъёрҳои дар қисми 6  моддаи мазкур зикршуда муқоиса карда мешавад, ирсол гардад.

5. Изҳори манфиатдорӣ метавонад тариқи факс, почтаи электронӣ ё муқаррарӣ ирсол гардад.

6. Интихоби мушовирони инфиродӣ бо назардошти ҷиҳати иҷрои вазифаи мушаххас қобили қабул будани тахассуси онҳо анҷом дода мешаванд. Мушовирон бо усули қиёси  тахассуси ҳадди ақал се номзад  аз байни онҳое, ки ба иҷрои супориш  манфиатдоранд, ва ё аз байни онҳое, ки ташкилоти харидор мустақиман ба вай муроҷиат кардааст, интихоб мегарданд. Имкониятҳои онҳо дар асоси маълумоти гирифта, таҷрибаи андўхта ва донистани шароити маҳал (забон ва фарҳанги маҳаллӣ, системаи маъмурӣ ва сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) арзёбӣ мегарданд.

7. Номзаде, ки балли бештар гирифтааст, ҳангоми арзёбии хулоса (резюме) ҷиҳати бастани қарордод ба гуфтушунид  даъват карда мешавад. Гуфтушунид оид ба қарордод метавонад тариқи телефон ё почтаи электронӣ амалӣ гардад. Ҳангоми таъхир кардан ва кашол додани гуфтушунид аз ҷониби мушовир, инчунин ҳангоми ба даст наомадани созиш оид ба қарордод ташкилоти харидор ҷиҳати қатъ ё оқоз кардани гуфтушунид  бо номзади навбатӣ вобаста ба миқдори балли номзад мутобиқи қисми 6 моддаи 67 ҳуқуқи худро нигоҳ медорад. Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад бо номзад қабл аз  киро кардани ў низ гуфтушунид доир намояд.

8. Ба сифати мушовирони инфиродӣ кормандони доимӣ ё муваққатии ташкилотҳои машваратиро низ ҷалб намудан мумкин аст. Дар чунин ҳолат нисбати худи ташкилотҳо муқаррарот дар бораи  ихтилофи манфиатҳо, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур зикр гардидааст, татбиқ карда мешавад.

9. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор мушовирони инфиродиро метавонад бе озмун (бо усули интихоб аз як манбаъ) танҳо дар чунин ҳолатҳо интихоб намояд:

- агар супориш идомаи кори пештара маҳсуб ёбад, ки мушовир иҷро кардааст ва барои ҳамин кор ў дар асоси озмун киро гардидааст;

- агар муддати иҷрои супориш камтар аз 3 моҳро ташкил диҳад;

- агар вазъият бинобар сабаби мавҷуд будани ҳолати рафънопазир (форс – мажор) хусусияти фавқулодда дошта бошад;

- агар шахси воқеӣ ягона мушовири дорои тахассус ва таҷриба барои иҷрои супориши мазкур бошад.

 

БОБИ 6. Қарордод оид ба хариди давлатӣ

 

Моддаи 74. Қарордод оид ба хариди давлатӣ

1. Қарордодҳо оид ба хариди давлатӣ аз рўи натиҷаҳои озмуни харид бо риояи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби хариди давлатӣ баста мешаванд.

2. Қарордодҳо оид ба хариди давлатӣ дар шакли хаттӣ баста мешаванд. Қарордод оид ба хариди давлатӣ аз лаҳзаи аз ҷониби тарафҳо ба имзо расонидани он  эътибор пайдо мекунад.

3. Огоҳинома дар хусуси бастани қарордод оид ба  хариди давлатӣ бо зикри ном ва суроқаи  молрасон (пудратчӣ), ки бо ў қарордод баста шудааст ва нархҳои қарордод дар мўҳлати се рўзи ба имзо расидани он ба маълумоти ҳамаи молрасонҳо (пудратчиён), ки дар расмиёти хариди давлатӣ иштирок намудаанд, расонида мешавад.

4. Ташкилоти харидор дар мўҳлати се рўзи бастани қарордод оид ба хариди давлатӣ ба мақомоти ваколатдор оид ба хариди ҳисобот оид ба расмиёти хариди давлатӣ тибқи моддаи 46 Қонуни мазкур пешниҳод менамояд. Ҳангоми хариди мол, кор ва хизматрасоние, ки арзиши онҳо аз ҳадди камтарини маблақи харид  пасттар мебошад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хароҷоти ташкилоти харидор оид ба харид (супоришномаҳои пулӣ, созишномаҳои меҳнатӣ, санадҳо дар хусуси харид ва қ.) дар ташкилоти харидор нигоҳ дошта шуда, бо талаби мақоми ваколатдор оид ба хариди давлатӣ  ба он пешниҳод мегардад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

 

 

Моддаи 75. Таъмини кафолати иҷрои қарордод

1. Ташкилоти харидор метавонад аз молрасон (пудратчӣ) таъмини кафолати иҷрои қарордоди харидро талаб намояд.

2. Таъмини кафолати иҷрои қарордоди харид мутобиқи қонунгузории амалкунанда метавонад дар шакли депозитҳо, вомбаргҳои хазинадорӣ,  замонатҳои бонкӣ, коқазҳои қимматноки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ё таъмингардида, дар шакли саҳмияҳои барои муомилаҳо қобили қабул, сертификатҳои депозитии ба пешниҳодкунанда, векселҳо, кафолатҳо ва таъмини замонати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додашуда  пешкаш гардад.

3. Андозаи кафолати иҷрои қарордоди харид наметавонад аз 10 фоизи арзиши қарордод зиёд бошад.

 

Моддаи 76. Манъи тақйир додани қарордоди харид

1. Баъди аз ҷониби тарафҳо  имзо намудани қарордоди харид ба он ворид намудани дигар шартҳо манъ аст, агар онҳо боиси тақйири  мўҳтавои дархости тендерӣ гарданд.

2. Тақйирот ва иловаҳои ба қарордоди харид вориднамудаи тарафҳо, ки хилофи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур мебошанд, беэътибор дониста мешаванд.

3. Мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ метавонад  нисбат ба тақйироту иловаҳои ба қарордоди харид аз ҷониби тарафҳо воридгардида тибқи тартиби судӣ даъво пешниҳод намояд.

 

Моддаи 77. Бекор кардани қарордоди харид

1. Ташкилоти харидор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми тақйирёбии ҷиддии ҳолатҳо, ки тарафҳо зимни бастани қарордоди харид дар назар доштанд  ва тақйироте, ки пешбиниашон дар лаҳзаи бастани қарордоди харид имконнопазир буд ва ҳамзамон агар иҷрои қарордод метавонад хилофи манфиатҳои давлат бошад, бо тартиби яктарафа қарордоди басташударо бекор кунад.

2. Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад қарордоди харидро дар давоми як моҳи  фарорасии  ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур, ки ба ў маълум гардидааст, бекор намояд.

3. Агар қарордод тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шавад, барқарор намудани ҳуқуқҳои тарафҳо аз рўи принсипи барқароркунии (реститутсияи) дутарафа ва ҷуброни зиёни расонидашуда анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 78. Шикоят оид ба қарордоди харид

1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳсҳо ва ихтилофи назар оид ба иҷрои қарордоди басташудаи харид ва пешниҳоди норозигӣ   тарафҳо вазифадоранд ҷиҳати ҳалли онҳо  расмиёти дар поён муайянгардидаро риоя намоянд.

2. Тарафе, ки эътирози тарафи дигарро қабул намудааст, вазифадор аст онро баррасӣ намуда, ҷавобро дар давоми понздаҳ рўзи пешниҳоди эътироз дар шакли хаттӣ ирсол намояд.

3. Ҳангоми рад намудани эътироз ё дар давоми мўҳлати пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур пешниҳод накардани ҷавоб, тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд  муроҷиат намояд.

 

БОБИ 7. Тартиби пешниҳоди шикоят

 

Моддаи 79. Ҳуқуқ ба шикоят

1. Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ ҳуқуқ доранд то бастани қарордоди харид ба ташкилоти харидор ва (ё) мақоми ваколатдор шикоят пешниҳод намоянд. Бастани қарордоди харид ҳуқуқи минбаъд ба мақоми ваколатдор пешниҳод намудани шикоятро  маҳдуд намесозад. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Бо назардошти қисми 3 моддаи мазкур иштирокчиёни расмиёти харид метавонанд нисбат ба ҳар гуна қарори дигари ташкилоти харидор ба ташкилоти харидор ё ба мақомоти ваколатдор эътироз пешниҳод намоянд.

3. Мақсадҳои зерин наметавонанд мавзўи эътироз бошанд:

- интихоби усули харид;

- интихоби расмиёти хостагирии пешниҳоди озмунӣ мутобиқи талаботи Боби 5 Қонуни мазкур;

- қарори ташкилоти харидор, ки мутобиқи моддаи 42 Қонуни мазкур қабул шудааст.

4. Молрасон (пудратчӣ) ё ҳар як иштирокчии расмиёти харид, ки манфиатҳояш риоя нагардидаанд ё дар натиҷаи шикоят метавонанд вайрон карда шаванд, ҳуқуқ дорад дар расмиёти арзи шикоят иштирок намояд. Молрасоне (пудратчие), ки дар чунин расмиёт иштирок накардааст, минбаъд тибқи тартиби қисми 1  моддаи мазкур аз ҳуқуқи пешниҳоди чунин шикоят маҳрум мегардад.

 

Моддаи 80. Расмиёти баррасии шикоят дар ташкилоти харидор

1. То вақти бастани қарордод молрасон (пудратчӣ) ба ташкилоти харидор ба таври хаттӣ, бо зикри сабабҳои супоридани он ҳуқуқ дорад  шикоят пешниҳод намояд. (Қ ҶТ аз 16.04.2012с., №815)

2. Ташкилоти харидор шикоятро дар давоми 3 рўзи пешниҳоди он баррасӣ менамояд ва дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор ба ҳамин мўҳлат расмиёти харид боздошта мешавад.

3. Аз рўи натиҷаҳои баррасии шикоятҳо ташкилоти харидор қарори хаттӣ интишор намуда, матлабҳои зеринро зикр мекунад:

- сабабҳои асосноки қабули қарор;

- чораҳое, ки ҳангоми пурра ё қисман қонеъгардонии шикоят ба қонеъ гардонидани талаботи баёнгардида равона гардидаанд.

4. Ҳангоми дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкур интишор нагардидани қарори ташкилоти харидор ё қонеъ нагардидани молрасон (пудратчӣ) аз қарори қабулшуда ў ҳуқуқ дорад ба мақомоти ваколатдор ва ё суд мутобиқи моддаҳои 79 ё 80  Қонуни мазкур шикоят пешниҳод намояд.  Аз лаҳзаи пешниҳоди чунин шикоят баррасии баҳс таҳти салоҳияти ташкилоти харидор қарор намегирад.

5. Қарори ташкилоти харидор  ниҳоӣ ҳисобида мешавад, агар мутобиқи моддаҳои 80 ё 81 Қонуни мазкур  муҳокима оқоз нагардида бошад.

 

Моддаи 81. Расмиёти баррасии шикоят дар мақомоти  ваколатдор

1. Ҳангоми рад кардани шикояти молрасон (пудратчӣ)  Мақомоти ваколатдор ҳуқуқ  дорад як ё якчанд воситаҳои зерини ҳимояи ҳуқуқиро фароҳам орад:

- иҷрои амалиёти қайриқонунии ташкилоти харидор ё қабули қарорҳои қайриқонунӣ  ё истифодаи расмиёти қайриқонуниро манъ намояд;

- қарори қайриқонунии ташкилоти харидорро, ки шартҳои расмиёти озмуни харидро вайрон мекунад, пурра ё қисман бекор намояд;

- дар бораи қатъи расмиёти харид қарор барорад.

2. Мақомоти ваколатдор  ташкилоти харидорро фавран дар хусуси қабули шикоят огоҳ менамояд. 

3. Ҳангоми ворид гардидани шикоят мақомоти ваколатдор расмиёти харидро то 10 рўз бозмедорад ва дар ин муддат аз рўи шикоят қарори асосноки хаттӣ интишор менамояд. Қарор инҳоро дар бар мегирад:

- сабабҳои асоснокии қабули қарор;

- чораҳое, ки ҳангоми пурра ё қисман қонеъгардонии шикоят ба қонеъгардонии талаботи баёншуда равона гардидаанд.

4. Қарор оид ба шикоят барои иҷро аз ҷониби ташкилоти харидор ҳангоме ҳатмӣ ва ниҳоӣ ҳисобида мешавад, ки агар нисбати он мутобиқи моддаи 80 Қонуни мазкур тибқи тартиби судӣ  шикоят пешниҳод нашуда бошад.

5. Шикоятро мақомоти ваколатдор баъди гузашти мўҳлати пешниҳоди он ва бастани қарордод баррасӣ наменамояд.

 

Моддаи 82. Шикоят аз тариқи суд

1. Нисбати баҳсҳо байни молрасонҳо (пудратчиён) ва ташкилоти харидор, ки ҳангоми анҷом додани расмиёти харид ба миён омадааст, инчунин қарори ташкилоти харидор ва мақомоти ваколатдор, ки мутобиқи моддаҳои 78, 79 Қонуни мазкур қабул гардидааст, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд  шикоят пешниҳод мегардад.

2. Муқаррароти моддаи мазкур наметавонад ҳамчун маҳдудсозии ҳуқуқи молрасонҳо (пудратчиён) ҷиҳати муроҷиат ба суд бе ҳалли пешакии ихтилофи назар мутобиқи Қонуни мазкур баррасӣ гардад.

 

БОБИ 8. Муқаррароти хотимавӢ

 

Моддаи 83.  Ҷавобгарӣ  барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳо»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 «Дар бораи хариди давлатии молу маҳсулот ва  кору хизматрасониҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23 – 24, моддаи 344) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 85. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э.Раҳмонов

 

            ш. Душанбе  3 марти соли 2006

            №168

_________________________

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НАҚЛИЁТИЮ ЭКСПЕДИТСИОНӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
165
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Date: 
Ҷумъа, 3 Март, 2006

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НАҚЛИЁТИЮ ЭКСПЕДИТСИОНӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006, №3, мод. 155)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 205 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, моддаи 729) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 181 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 43) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии танзими фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва усулҳои амалӣ гардонидани онро бо мақсади муҳайё сохтани шароит  барои таъмини талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёт ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ–шакли махсусгардонида-шудаи фаъолият оид ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ мебошад, ки экспедитор тавассути шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ амалӣ мегардонад;

- хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ- шакли хизматрасонӣ оид ба ташкили расонидани бор, иҷрои амалиётҳои вобаста ба расонидани бор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мебошад;

-экспедитор – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ анҷом медиҳад;

 -мизоҷ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи шартномаи бо экспедитор басташуда хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро  истифода мебаранд;

-боринтиқолдиҳанда –шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки вазифадор аст борро ба ҷои таъиншуда расонад ва онро ба борқабулкунанда ё намояндаи вай супорад;

-терминал-маҷмўи воситаҳои техникию муҳандисие мебошад, ки барои ҳамоҳангсозии кори намудҳои гуногуни нақлиёт ҳангоми амалисозии интиқоли бор, амалиётҳои расонидани бор ва идоракунии он пешбинӣ шудааст;

- боркашонии интермодалӣ- як намуди боркашонии байналмилалӣ, ки он бе ивази зарф бо намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол додани борро ифода менамояд;

- санади умумии суғурта –  санадест, ки мувофиқи шартҳои он ҳамаи борҳои қабулшаванда ва ё интиқолшаванда дар давоми вақти муайян ва дар ҳаҷми муайян таҳти масъулияти суғуртакунанда қарор дорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборат аст:

-таъмини сатҳи кафолатноки сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-ҳавасмандгардонии инкишофи фаъолияти нақлиётию экспедитсионии миллӣ бо мақсади таъмини фаъолияти устувори комплекси хоҷагии кишвар, воридшавии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳайси шарики баробарҳуқуқ.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Вазифаҳои асосии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини баробарии ҳуқуқу масъулияти  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

-муҳайё кардани  шароит барои инкишофи соҳибкорӣ ва   рақобати солим дар  соҳаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

- рақобатпазир гардондани ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионии маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ;

-ташкил намудани фазои ягонаи экспедитсияи нақлиётӣ дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва меъёри ягонаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

 -ҳавасмандгардонӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ, боркашонии контейнерӣ ва контрейлерӣ;

-таъмини мутобиқсозӣ ва ҳамгироии  кори намудҳои мухталифи нақлиёт, пеш аз ҳама дар марказҳои умумишабакавии нақлиётӣ;

-муҳайё намудани шароит барои ташкили боркашонии мустақими омехта, инкишофи интиқоли интермодалӣ дар гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ;

-зиёд намудани номгўи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба мизоҷон;

-барои мизоҷон муҳайё намудани шароити интихоби озоди экспедитор ва инчунин ба экспедитор муҳайё намудани шароит барои интихоби озоди боринтиқолдиҳанда;

-таъмини бехатарии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар асоси ҷорӣ кардани меъёри ягонаи стандартҳо ва системаи сертификатсиякунонӣ.

 

Моддаи 5. Аккредитатсияи давлатии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Аккредитатсияи давлатии фаъолияти ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ аз тарафи мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Сертификатсияи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Воситаҳои нақлиёт, терминалҳо ва дигар ҷузъҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва ҳамчунин хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ сертификатсия  карда мешаванд.

Иншоотҳои ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ ва хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешаванд. 

 

Моддаи 7. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

1. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсиониро мақоми ваколатдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Дар қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ талаботи зерин муайян карда мешаванд:

- рўйхати ҳуҷҷатҳои экспедитор (ҳуҷҷатҳое, ки баста шудани шартномаи экспедитсияи нақлиётиро тасдиқ мекунанд);

- талабот нисбати сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ;

- тартиби хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои экспедитор ва мизоҷ

1. Экспедитор ҳуқуқ дорад бори дар ихтиёраш бударо то пардохтани музд ва ҷуброни маблағи ба манфиати мизоҷ харҷкардааш ё то замони    ўҳдадориашро оид ба пардохти музд ва ҷуброни хароҷот ба таври бояду шояд   иҷро кардани мизоҷ боздорад. Дар ин ҳолат мизоҷ хароҷоти нигоҳ доштани амволро низ мепардозад. Ҷавобгарии боре, ки бинобар дар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин қисм барои онро нигоҳ доштан экспедитор  зарар дидааст, ба зиммаи мизоҷ аст.

2. .Экспедитор метавонад то пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла маълумот  дар бораи хусусиятҳои бор, дар бораи шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор барои иҷрои вазифаҳояш заруранд, ба иҷрои ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи   экспедитсияи нақлиётӣ шурўъ накунад.

Экспедитор ҳамчунин ҳуқуқ дорад дурустии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва   маълумоти пешниҳодкардаи мизоҷро дар бораи хусусияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоти барои иҷрои вазифаҳояш зарурро, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ гардидааст, тафтиш намояд.

3. Агар дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, экспедитор метавонад бо назардошти манфиати мизоҷ намуди нақлиёт, хатти сайри боркашонӣ, навбати боркашониро бо навъҳои гуногуни нақлиёт интихоб намояд ё тағйир диҳад. Дар ин маврид экспедитор вазифадор аст,ки мизоҷро бо тартиби муайянкардаи шартнома аз тағйироти дар қисми 6 моддаи мазкур  зикршуда фавран огоҳ гардонад.

4. Экспедитор ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин бо назардошти манфиати мизоҷ аз риояи дастури ў даст кашад:

- агар   дар ҳолатҳои ба ў новобаста розигии мизоҷро дар бораи риоя накардани тартиботи муайянкардаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешакӣ напурсида бошад  ё худ дар давоми як шабонарўз ҷавоби дархосташро гирифта натавониста бошад;

- агар дастурҳои мизоҷ носаҳеҳ ё худ ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ номувофиқ бошанд ва экспедитор дар ҳолатҳои ба вай новобаста имконияти аниқ кардани дастури мизоҷро надошта бошад.

5. Экспедитор  ҳуқуқ надорад аз номи мизоҷ, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ  пешбинӣ нашуда бошад, дар бораи суғуртаи бор шартнома бандад.

6. Мизоҷ ҳуқуқ дорад, ки:

- хатти сайри боркашонӣ ва навъи нақлиётро интихоб намояд;

- аз экспедитор, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад, пешниҳод кардани  маълумотро дар бораи рафти боркашонӣ талаб кунад;

- ба экспедитор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дастур диҳад.

 

Моддаи 9. Ўҳдадориҳои экспедитор

Экспедитор ўҳдадор аст:

- мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ хизмат расонад;

- оид ба риоя накардани дастури мизоҷ ва ё дар давоми як шабонарўз нагирифтани ҷавоби  дархосташ мизоҷро аз риоя нашудани дастураш  бо тартиби муайянкардаи шартнома огоҳ намояд;

- ба мизоҷ ҳуҷҷати экспедиторӣ ва ҳамчунин нусхаҳои асли шартномаҳоеро диҳад, ки мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз номи  мизоҷ  дар асоси ваколатномаи ў бастааст.

 

Моддаи 10. Ўҳдадориҳои  мизоҷ

Мизоҷ ўҳдадор аст:

- ба экспедитор барои иҷрои ўҳдадориҳои дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинигардидаи ў, ки ҷиҳати назорати гумрукӣ, санитарӣ ва дигар намудҳои назорати давлатӣ заруранд, дар бораи хусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақли он маълумоти пурра, аниқ ва дуруст пешниҳод намояд;

- ба экспедитор аз рўи тартиби пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ музд диҳад ва ҳамчунин хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ўро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 11. Асосҳои умумии ҷавобгарӣ

1. Экспедитор ва мизоҷ барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва Қонуни мазкур  дар асоси боби 24 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба андозаи муайянкардаи он ҷавобгаранд.

2. Дар боркашонии равобити байналмилалӣ ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз 666,7 (ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардани шартнома аз ҳисоби 1000 воҳиди шартӣ) воҳиди ҳисобкунии як ҷой ё воҳиди дигари борбардорӣ, ба истиснои ҷавобгарии экспедитор, ки дар қисми 2 моддаи 14 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, зиёд буда наметавонад.

3. Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳангоми хизматрасонии экспедитсионие, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ алоқаманд аст, таҳти мафҳуми воҳиди ҳисобкунӣ воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муайянкардаи Фонди байналмилалии асъор ҳисобида мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ аз рўи тарзу усули муайян намудани арзише, ки Фонди байналмилалии асъор ба санаи дахлдор барои аҳдҳо ва муомилоти худ татбиқ менамояд, ҳисоб карда мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар рўзи қабул гардидани қарори суд ё дар рўзи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ба арзиши воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ мутобиқ  гардонида мешавад.

4. Агар экспедитор исбот карда натавонад, ки бори барои экспедитсияшавӣ қабул карда гирифтааш ба сабаби амал ё беамалии ў қасдан ва ё бинобар беэҳтиётии дағалона гум ё камомад шудааст ва ё зарар дидааст (вайрон шудааст), қоидаҳои маҳдудкунии ҷавобгарӣ, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда намешаванд.

5. Дар сурати яктарафа даст кашидан аз иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мизоҷ ё экспедитор ба ҷониби дигар товони зарари бекор кардани шартномаро медиҳад ва ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома  ҷарима месупорад.

 

Моддаи 12. Асос ва андозаи ҷавобгарии экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор

1. Экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор дар асоси шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ба андозаи зерин ҷавобгар мебошад:

- бо зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор- ба андозаи қимати зикршуда ё як қисми қимати зикргардида мутаносиби қисми камомади бор;

- бе зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор - ба андозаи қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ё қисми камомади он;

- бо зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор- ба андозаи паст фуромадани қимати зикршуда ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида, ба андозаи қимати зикршуда;

- бе зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор - ба андозаи паст фуромадани қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида ба андозаи  қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор.

Экспедитор музди пешпардохтаи мизоҷро, ки ба қимати бор дохил нашудааст, мутаносиби қимати бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда) тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ бармегардонад, ҳамчунин  дар баробари ҷуброни зарари воқеӣ ба мизоҷ ба андозаи муқаррарнамудаи ҳамин модда товони фоидаи аз дастрафтаро медиҳад.

2. Ҳангоми хизматрасонии экспедитсионӣ, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ  алоқаманд аст, андозаи ҷавобгарии зерин муаяйн карда мешавад:

- ҷавобгарии экспедитор барои  ҳар килограмми вазни умумии бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда), аз ду воҳиди ҳисобкунӣ (воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муаяйнкардаи Фонди байналмилалии асъор) зиёдтар буда наметавонад;

- фоидаи аз дастрафта пурра, вале на бештар аз андозаи ҷавобгарии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.

3. Арзиши воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор бо нархе муайян карда мешавад, ки дар шартнома ё суратҳисоби фурўшанда зикр ёфтааст ва дар сурати набудани ин гуна нарх он бо нархи миёнаи ҳамин гуна моли дар он ҷо мавҷудбуда, ки бор бояд дар рўзи қонеъгардонии ихтиёрии чунин талаб ё, агар талаб ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, дар рўзи қабул гардидани қарори суд дода мешуд, муайян карда мешавад.

4. Баъди сӣ рўзи гузаштани мўҳлати боррасонӣ, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ муайян карда шудааст ва ё агар чунин мўҳлат дар шартнома муайян карда нашуда бошад, дар давоми мўҳлати маъқули барои расонидани бор зарурӣ ва аз рўзи барои ҳамлу нақл борро қабул карда гирифтани экспедитор гумшуда ҳисоб меёбад. Агар экспедитор мизоҷро аз тартиби муайяннамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ сари вақт огоҳ гардонида бошад, боре, ки расонида шудааст, вале ба ихтиёри боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикргардида ё ба шахси ваколатдори ў ба сабаби напардохтани музди экспедитор супурда нашудааст, гумшуда ҳисоб намеёбад.

 

Моддаи 13. Огоҳ кардан аз гум шудан, камомад ё зарар дидани  (вайрон шудани) бор

1. Боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикршуда ё шахси ваколатдори ў экспедиторро  аз гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор хаттӣ огоҳ менамояд.

2. Дар сурати бо усули маъмулӣ қабул карда гирифтани бор, агар муқаррар намудани гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) онро муайянкардан имконнопазир бошад, экспедитор  на дертар аз сӣ рўзи тақвимии қабул карда гирифтани бор огоҳ карда мешавад. Рўзи чунин огоҳномаро гирифтани экспедитор рўзи огоҳ гаштани ў ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 14. Асос ва ҳадди ҷавобгарии экспедитор  барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ аз рўи  шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ

1. Экспедитор зарареро, ки ба мизоҷ барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ расидааст, ба истиснои ҳолатҳои рафънопазир, ҷуброн мекунад.

2. Барои риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, экспедитор ба мизоҷ барои ҳар шабонарўз (зимнан шабонарўзҳои нопурра ҳамчун шабонарўзҳои пурра ҳисоб мешаванд) ё соати (агар мўҳлат бо соат зикр шуда бошад) гузаронидани мўҳлат ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на зиёдтар аз ҳаштод фоизи музди (хизматонаи) экспедитор ноустуворона (ҷарима) месупорад ва ҳамчунин агар бар асари қувваи рафънопазир ё бо айби мизоҷ риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномавиро исбот карда натавонад, зарари аз ин ба мизоҷ расидаро ҷуброн менамояд.

 

Моддаи 15. Асос ва ҳадди ҷавобгарии мизоҷ дар назди  экспедитор

1. Мизоҷ дар назди экспедитор дар ҳолатҳои зерин ҷавобгар мебошад:

- барои зараре, ки бинобар иҷро нашудани ўҳдадорӣ оид ба пешниҳоди маълумоти дар Қонуни мазкур зикрёфта ба экспедитор расидааст;

- барои даст кашидан аз пардохти  хароҷоти экспедитор ба мақсади иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва супоридани ҷарима ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома.

2. Мизоҷ барои сари вақт напардохтани хизматонаи экспедитор ва дер ҷуброн кардани хароҷоте, ки экспедитор ба нафъи мизоҷ кардааст,   барои ҳар рўзи гузарондани мўҳлати пардохт ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на бештар аз хизматонаи  экспедитор ва хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ў ноустуворона месупорад.

 

Моддаи 16. Иддао  ва даъво 

Ҳангоми вайрон шудани шартҳои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тарафҳо ҳуқуқи пешниҳод намудани иддао ва даъворо тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

 

Моддаи 17. Суғурта кардан

Хизматрасониро оид ба бастани шартномаи суғуртаи бор экспедитор амалӣ мекунад, агар он бевосита дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад.

Экспедиторе, ки санади умумии суғурта дорад, барои ба расмият даровардани шартномаи суғурта барои ҳар як гурўҳи борҳо ўҳдадор намебошад.

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби  мавриди амал қарор  додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас  аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Э.Раҳмонов

             ш. Душанбе  3 марти соли 2006

             №165

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
149
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Чоршанбе, 28 Декабр, 2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 12, мод.661;  с. 2011, № 6, мод. 448;

Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1162)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии марбут ба таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии фондҳои ғайридавлатии нафақаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, татбиқи ҳуқуқҳои   шаҳрвандонро барои таъминоти ихтиёрии иловагӣ бо нафақа таъмин менамояд.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки ҳангоми анҷом додани таъминоти нафақаи давлатӣ ба миён меоянд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур барои маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  суғуртаи ихтиёрии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода бурда намешавад.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Фондҳои ғайридавлатии  нафақа

 

Фонди ғайридавлатии нафақа (минбаъд–Фонд) шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа ба тарзи ихтиёрӣ мебошад.

Фонд новобаста аз системаи давлатии таъминоти нафақа ва илова ба он фаъолият менамояд.

Намуди истисноии фаъолияти Фонд аз таъмини ғайридавлатии ихтиёрии  шахсони воқеӣ бо нафақа дар асоси шартномаҳои нафақа иборат мебошад.

Фаъолияти Фонд аз ҷамъоварии саҳмҳои нафақа, ҷамъоварии активҳои нафақа ва баҳисобгирии ўҳдадориҳои нафақавӣ, ҷойгиркунонии активҳои нафақа бо мақсади гирифтани даромад аз сармоя, таъин ва пардохти нафақаҳои ғайридавлатӣ ба гирандагон ба тарзи ихтиёрӣ  иборат аст.

Шахсони ҳуқуқие, ки ба талаботи Қонуни мазкур нисбати фондҳо  ба истифодаи калимаҳои «фонди ғайридавлатии нафақа» мувофиқат намекунанд   дар номи худ дар ҳама ҳолатҳо ҳуқуқ надоранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода шудаанд

 

Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

cаҳмгузор – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки саҳмгузории  нафақаро ба манфиати гиранда дар асоси шартномаи нафақа анҷом медиҳад;

маблағи гарав- маблағи пулие, ки Фонд ба саҳмгузор - гиранда мепардозад ё бо супориши саҳмгузор ҳангоми бекор кардани шартномаи нафақа ба дигар фонд мегузаронад;

диверсификатсия - талаботи ҳатмӣ оид ба ҳифзи активҳои Фонд ҷиҳати маҳдудсозии ҷойгиркунонии онҳо бо мақсади муҳофизат аз хатари аз ҳад зиёд ва беасос;

шахсони мансабдори Фонд- шахсоне, ки сиёсати Фондро муайян мекунанд ё ваколатдоранд дар амалиёти асосии Фонд иштирок намоянд ё воқеан иштирок мекунанд, сиёсати Фондро ташаккул медиҳанд, сарфи назар аз он, ки онҳо ройгон кор мекунанд ё барои он подош мегиранд;

даромади сармоягузорӣ - даромаде мебошад, ки дар натиҷаи сармоягузории активҳои нафақавӣ ба даст меояд;

активҳои нафақа -  шакли активҳои пулии (маблағҳои пулии) Фонд, ки аз ҳисоби саҳмҳои нафақа ва қисми даромад аз ҷойгиркунонии онҳо ташаккул ёфта, дар ҳисобномаҳои нафақа  ба ҳисоб гирифта шудаанд;

саҳми нафақа - маблағи пулие, ки саҳмгузор мутобиқи шартҳои шартномаи нафақа ба манфиати гиранда мегузаронад;

шартномаи нафақа - созишнома байни Фонд ва саҳмгузор ба манфиати гиранда, ки мутобиқи он саҳмгузор ўҳдадор мешавад, ки саҳми нафақавиро гузаронад ва Фонд ўҳдадор мешавад, ки ба гиранда нафақаи ғайридавлатиро мутобиқи нақшаи интихобнамудаи нафақа пардозад;

маблағи ҷамъшудаи нафақа – маблағи умумии саҳмҳои нафақавӣ ва даромаде,  ки ба манфиати гиранда дар ҳисобномаи нафақаи ў ҷамъ шудааст ва андозаи ўҳдадориҳои пулии Фондро дар назди гиранда муайян менамояд;

қоидаҳои Фонд – ҳуҷҷате, ки муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияти Фонд, саҳмгузор ва  нафақагирро муайян менамояд;

ҳисобномаи нафақа – усули баҳисобгирии таҳлилии муомилоти саҳмҳои нафақа ва пардохти нафақа;

нақшаи нафақа – маҷмўи шартҳое, ки тартиби ташаккули маблағи ҷамъшудаи нафақавӣ  ва пардохти нафақаро муайян менамояд;

нафақаи ғайридавлатӣ – маблағи пулие, ки ба гиранда мутобиқи шартҳои шартномаи нафақа таъин ва пардохт карда мешавад;

гиранда – шахси воқеие, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд буда, ба ў мутобиқи шартномаи басташудаи нафақа нафақаҳои ғайридавлатӣ бояд пардохта шаванд ё пардохта мешаванд;

ширкати идоракунанда (минбаъд-идоракунанда) – шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома (литсензия) буда, идоракунии активҳои Фондро дар асоси шартномаи бо Фонд баста шуда  амалӣ мегардонад.

 

БОБИ 2.

ТАЪСИС ВА ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНД,

ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БАРОИ  ФАЪОЛИЯТИ ОН

 

Моддаи 4. Таъсиси Фонд

 

Фонд аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳангоми мавҷудияти маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис) тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Фонд шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи Фонд амал намуда, ҳуқуқ дорад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои худро кушояд.

Маблағҳои пулии аз тарафи муассисон ҳамчун маҷмўи саҳмҳо гузошташуда, ки барои фаъолияти оиномавии Фонд пешбинӣ шудааст, моликияти Фонд  мебошад.

Фонд вобаста ба ўҳдадориҳои худ бо ҳама маблағҳои пулӣ ва амволи марбутааш ҷавобгў буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро ба зимма дорад. Фонд вобаста ба ўҳдадориҳои давлат, муассисон, саҳмгузорон ва гирандагон ҷавобгў намебошад.

Муассисон, саҳмгузорон ва гирандагон, инчунин давлат вобаста ба ўҳдадориҳои Фонд ҷавобгар намебошанд.

 

Моддаи 5. Маҷмўи саҳмҳои муассисони  (саҳми муассиси) Фонд

 

Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои саҳмгузорон ва гирандагон муассисони Фонд маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис)-ро ташаккул медиҳанд, ки он набояд аз андозаи панҷоҳ ҳазоркаратаи   ҳадди ақали музди меҳнат камтар бошад.

Ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият оид ба таъмини ғайридавлатии нафақа маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис) бояд пурра пардохта шавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии Фонд ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият

 

Бақайдгирии давлаатии Фонд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақаидгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амали карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №737)

Фонд аз рўзи гирифтани иҷозатнома ба иҷрои фаъолияти оинномавӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

Моддаи 7. Ҳуҷҷатҳои таъсисии Фонд

 

Ҳуҷҷатҳои таъсисии Фонд  аз инҳо  иборатанд:

- оинномае, ки  муассисони (муассиси) Фонд тасдиқ намудааст;

- шартномаи таъсисӣ, ки байни муассисони Фонд баста шудааст ва тартиби таъсиси Фондро муайян менамояд (дар ҳолати зиёда аз як нафар будани муассис).

Дар оинномаи Фонд бояд инҳо инъикос гарданд:

- номи пурра ва мухтасари Фонд бо ҳатман ворид намудани калимаҳои «Фонди ғайридавлатии нафақа» ва суроғаи ҳуқуқии он;

- мавзўъ (предмет) ва мақсади фаъолияти Фонд, тартиби идоракунии он;

- мақомоти идора, назорат, тафтиш ва салоҳияти онҳо, тартиби интихоб, бозхонд, инчунин масъулияти шахсони мансабдор;

- сохтор ва ваколати мақомоти идоракунандаи Фонд, меъёри намояндагӣ дар мақомоти идоракунанда;

- тартиби қабули қарор;

- тартиби анҷом додани назорати фаъолияти Фонд;

- тартиби ҳисоботдиҳии Фонд;

- тартиби нашри ҳисобот;

- тартиби тақсими даромад аз ҷойгиркунонии активҳои нафақа;

- тартиби азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Фонд ва тақсими амволи  он;

- тартиби ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.

Шартномаи таъсисӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

- номи Фонд;

- суроғаи  ҳуқуқии Фонд;

- мавзўи (предмети) фаъолияти Фонд;

- маълумот оид ба муассисони Фонд;

- андозаи саҳми муассисон ҳангоми таъсиси Фонд, инчунин тартиб ва шартҳои интиқоли он ба Фонд;

- дар бораи  мақомоти идоракунандаи Фонд ва номгўйи ўҳдадориҳои муассисон оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти Фонд.

 

БОБИ 3.

ФАЪОЛИЯТИ ФОНД

 

Моддаи 8. Вазифаҳои Фонд

 

Фонд вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- нақшаҳои нафақаро таҳия менамояд;

- барои таъмини   нафақа шартномаҳо мебандад;

- саҳмҳои нафақаро ҷамъ мекунад ва ҳисобномаҳои нафақаро пеш мебарад;

- бо мақсади анҷом додани фаъолияти оинномавӣ амволи худро ташаккул медиҳад, инчунин маблағҳои пулии онҳоро ҷойгир менамояд;

- бо  идоракунанда шартномаҳо мебандад;

- тавассути идоракунанда активҳои Фондро ҷойгир менамояд;

- ба Фонд пурра ва сари вақт ворид гардидани саҳмҳои нафақа ва иҷрои ўҳдадориҳои худро дар назди гирандагон назорат менамояд;

- таъин ва пардохти нафақаро анҷом медиҳад;

- даромадро аз фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи талаботи Қонуни мазкур тақсим мекунад;

- дар ҳолати қатъ гардидани шартномаи нафақавӣ маблағҳои дар ҳисобномаи  нафақавӣ бударо (маблағи гаравро) ба саҳмгузор-гиранда пардохт менамояд ё ба дигар Фонд интиқол медиҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии муҳосибавиро анҷом медиҳад;

- оид ба фаъолияти худ ба мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд;

-  ба саҳмгузорон ва гирандагон оид ба  ҳолати ҳисобномаҳои нафақавиашон, инчунин лоиҳаҳое, ки бо активҳои нафақа сармоягузорӣ мешаванд, маълумот медиҳад.

 

Моддаи 9. Қоидаҳои Фонд

 

Қоидаҳои Фонд бояд инҳоро дар бар гирад:

- номгўйи шакли нақшаҳои нафақа, ки Фонд истифода мебарад ва сабти онҳо;

- шарт ва тартиби бастани шартномаи нафақа, тағйир додан ва қатъи амали шартнома;

- тартиби ба Фонд гузаронидани саҳмҳои нафақа;

- тартиби ташаккул ва ҷойгиркунонии активҳои нафақа;

- тартиб ва шарти пардохти нафақа;

-  ҳуқуқу ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон;

- шартҳои масъулияти Фонд дар назди саҳмгузорон ва гирандагон;

- шартҳои ба миён омадан ва қатъ гардидани ўҳдадориҳои Фонд;

- тартиби ба дигар фондҳои ғайридавлатии нафақа гузаронидани маблағҳое, ки дар ҳисобномаҳои нафақавӣ мавҷуданд;

-тартиби баргардонидани маблағҳо, ки дар ҳисобномаҳои нафақавӣ мавҷуданд (пардохти маблағи гарав) дар ҳолати қатъ гардидани шартномаи нафақавӣ;

-меъёрҳои муайян намудани ҳаҷми пардохти хизматрасонии Фонд, идоракунанда ва маҳфуздоранда (депозитарий) ва тартиби дар мавриди онҳо фароҳам овардани иттилоот ба саҳмгузорон ва гирандагон;

- шарт ва тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қоидаҳои Фонд.

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қоидаҳои Фонд, ки ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон дахл дорад, танҳо ҳангоми розигии шахсони зикргардида иҷозат дода мешавад.

Қоидаҳои Фонд метавонанд дорои дигар муқаррароте бошанд, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун нестанд.

Қоидаҳои Фонд бояд мутобиқи ҳамин Қонун таҳия гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор ба қайд гирифта шаванд.

Қоидаҳои Фондро Шўрои Фонд тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 10. Шартномаи нафақа

 

Шартномаи нафақа бояд  инҳоро  дар бар гирад:

- номи тарафҳо;

- мавзўи (предмети) шартнома;

- ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо;

- шакли нақшаи нафақа;

- шарт ва тартиби гузарондани саҳм;

- шарт ва тартиби пардохти даромади сармоягузорӣ;

- тартиби пардохти нафақа;

- мўҳлати амал ва қатъи шартнома, тартиб ва шартҳои бекор кардан ё тағйир додани шартнома;

- реквизити тарафҳо;

- тартиби танзими баҳсҳо ва дигар муқаррароте, ки хилофи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.

 

Моддаи 11. Ўҳдадориҳои Фонд

 

Фонд ўҳдадор аст:

- фаъолияти худро мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи Фонд анҷом диҳад;

- ҳангоми аз ҷониби саҳмгузор вайрон кардани шартҳои нақшаи интихобнамудаи нафақа ё қатъи гузаронидани саҳмҳои нафақа ҳисоби фоизҳоро ба маблағе, ки дар ҳисобномаи нафақа ҷамъ шудааст, то гузаштани мўҳлати шартномаи нафақа идома диҳад;

– тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

- нигоҳдории нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, на камтар аз панҷ соли баъди анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ таъмин намояд; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

- баҳисобгирии алоҳидаи саҳмҳои нафақавии гирандагон, баҳисобгирии активҳои нафақа ва даромадро вобаста ба сармояҳо анҷом диҳад.

Фонд ҳуқуқ надорад бо тартиби яктарафа қароре қабул кунад, ки ҳуқуқи саҳмгузорон ё гирандагонро вайрон ё маҳдуд намояд.

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои гирандагон ба Фонд манъ аст:

-  намуди фаъолияти худро тағйир диҳад;

- қарз диҳад, оид ба иҷрои ўҳдадориҳои пулии шахсони сеюм кафолат диҳад ва амволи Фондро ба гарав гузорад;

- ба истиснои саҳмҳои нафақа қарз ё дигар навъи воситаҳои қарзӣ гирад;

- ҳамчун муассиси ташкилот бо масъулияти пурраи амволӣ баромад кунад;

- вомбаргҳо ва билетҳои лотерея барорад;

- эмиссияи (баровардани) коғазҳои қиматноки худро анҷом диҳад.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқу  ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон

 

Ҳуқуқу  ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагони Фонд мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳои Фонд, шартномаҳои нафақа танзим мегардад.

Саҳмгузорон ҳуқуқ доранд:

- аз Фонд мутобиқи шартномаи нафақа дар ҳаҷми пурра иҷро намудани ўҳдадориҳояшонро талаб намоянд;

- ҳамзамон ба сифати гиранда баромад кунанд;

- шартномаи нафақаро бекор кунанд, маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа мавҷударо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи шартнома ба дигар фондҳо гузаронанд ва ҷиҳати ворид намудаи тағйирот ба шартнома ташаббус зоҳир кунанд;

- нақшаи нафақаро интихоб намоянд;

- ҳангоми барҳамдиҳии Фонд як қисми амволро мутаносибан ба маблағе, ки дар ҳисобномаи нафақа ҷамъ шудааст, гиранд;

- оид ба ҳолати ҳисобномаҳои нафақа ва фаъолияти Фонд иттилооти пурра гиранд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати амали Фонд шикоят пешниҳод кунанд.

Гирандагон ҳуқуқ доранд:

- нафақа гиранд;

- ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби Фонд иҷро накардани ўҳдадориҳои худ маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшударо на бештар аз як маротиба дар се сол ба дигар фондҳои нафақа гузаронанд;

- маблағҳои дар ҳисобномаҳо ҷамъшударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос васият намоянд ё ба дигар кас диҳанд;

- ҳамзамон ба сифати саҳмгузор баромад кунанд;

- шартномаи нафақаро бекор кунанд ва ҳангоми  барои зисти доимӣ хориҷ шудан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳангоми барҳамдиҳии Фонд ё ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи раднашаванда маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшударо гиранд;

- оид ба ҳолати ҳисобномаҳои нафақа ва фаъолияти Фонд маълумоти пурра ба даст оранд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали Фонд шикоят пешниҳод кунанд.

Саҳмгузорон ва гирандагон вазифадоранд:

- сари вақт, тибқи ҳаҷм ва мўҳлатҳои пешбининамудаи шартномаи нафақа саҳмҳоро гузаронанд;

- ҳангоми қатъи пардохти саҳмҳои нафақа маблағҳои ҷамъшударо то ба охир расидани мўҳлати шартномаи нафақа дар активҳои Фонд нигоҳ доранд;

- сари вақт Фондро дар хусуси тағйироте, ки ба иҷрои ўҳдадориҳояшон дар назди Фонд таъсир мерасонад, огоҳ намоянд.

 

Моддаи 13. Сирри тиҷоратӣ

 

Маълумот оид ба андозаи саҳмҳои нафақа дар ҳисобномаҳои нафақа ва пардохтҳои нафақа сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.

Фонд ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри тиҷоратиро ба шахсони сеюм диҳад. Маълумоти зикргардида метавонад, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шахс дода шавад.

Пешниҳод намудани маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

Кормандони мақоми ваколатдор ҳуқуқ надоранд маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар маълумоти марбут ба Фонд ва мизоҷони онро, ки вобаста ба мансаби ишғолнамуда барояшон маълум гардидааст, ошкор созанд.

 

Моддаи 14. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ

 

Фонд мутобиқи санадҳои меъёрӣ дар бораи  баҳисобгирии муҳосибавӣ, ки мақоми ваколатдор тасдиқ намудааст, бо назардошти хусусиятҳои хоси фаъолияти вобаста ба таъмини ғайридавлатии нафақа баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро анҷом медиҳад.

Баҳисобгирии муҳосибавӣ бояд гирифтани ҳисоботро тибқи мўҳтаво ва шакле, ки ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалии  баҳисобгирии муҳосибавӣ мебошанд, таъмин намояд.

Ҳангоми баҳисобгирии муҳосибавӣ Фонд набояд амволи барои таъмини фаъолияти оинномавӣ таъингардида ва активҳои нафақаро омехта намояд.

Фонд вобаста ба ҳар як нақшаи нафақа бо ҳаҷми саҳмҳои муайянгардидаи нафақа баҳисобгирии маблағҳои нафақаи ҷамъшуда ва пардохтшударо алоҳида пеш мебарад.

Соли ҳисоботдиҳӣ соли тақвимӣ буда, аз 1 январ то 31 декабрро дар бар мегирад.

Ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва мувозинаҳо вобаста ба амволи барои анҷом додани фаъолияти оинномавӣ таъингардида ва активҳои нафақа алоҳида таҳия мегардад.

Ҳисоботдиҳии муҳосибавии Фонд дар қисми активҳои нафақа вобаста ба натиҷаи соли ҳисоботӣ бо хулосаи аудити мустақил тасдиқ мегардад, ки қисми ҷудонопазири ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Фонд мебошад.

Фонд ба мақоми ваколатдори анҷомдиҳандаи вазифаҳои назоратӣ ва мақоми дахлдори давлатӣ тибқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд. Фонд ўҳдадор аст на камтар аз як маротиба дар як сол ҳисоботи молиявиро нашр кунад.

Фонд ҳифзи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобномаҳои нафақаи саҳмгузорон ва гирандагонро аз санаи ба охир расидани   ўҳдадории Фонд дар ҷараёни се сол таъмин менамояд.

 

БОБИ 4.

АМВОЛИ ФОНД

 

Моддаи 15. Амволи Фонд

 

Амволи Фонд иборат аст аз:

- амволи худӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти оинномавӣ таъин гардидааст;

- активҳои нафақа;

- фонди эҳтиётӣ.

Даромадҳои аз истифодаи маблағҳои худии Фонд ба дастомада дар ҳаҷми пурра ба Фонд марбутанд.

 
Моддаи 16. Активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа аз ҳисоби саҳмҳои нафақа ва қисми даромад аз ҷойгиркунонии онҳо, ки дар ҳисобномаҳои нафақа ба ҳисоб гирифта шудаанд, ташаккул меёбад.

Маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшуда барои пардохти ўҳдадориҳои қарзӣ ва дигар ўҳдадориҳои саҳмгузорону гирандагон истифода намегарданд ва аз ҷониби  мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври баҳснопазир ситонида намешаванд.

Ситонидан танҳо бо қарори суд сурат гирифта метавонад.

 
Моддаи 17. Фонди эҳтиётӣ

 

Фонд барои таъмини кафолати иҷрои ўҳдадориҳо дар назди гирандагон вобаста ба пардохти нафақа фонди эҳтиётӣ таъсис медиҳад.

Фонди эҳтиётӣ аз ҳисоби зайл ташаккул меёбад:

- саҳми даромади ҳарсолаи сармоягузорӣ;

- сарфаи маблағе, ки барои таъмини фаъолияти оинномавии Фонд нигаронида шудааст. Фонди эҳтиётӣ дар Фонд алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи он дар шакли бозоргир нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 5.

ҶОЙГИРКУНОНИИ АКТИВҲОИ  НАФАҚА

 

Моддаи 18. Принсипҳои ҷойгиркунонии активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа бояд мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи принсипҳои эътимоднокӣ, ҳифз, бозоргирӣ ва диверсификатсия ҷойгир карда  шаванд.

 
Моддаи 19. Ҷойгиркунонии активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа ба манфиати гирандагон танҳо бо мақсади ҳифз ва афзоиши онҳо ҷойгир карда  мешаванд.

Активҳои нафақа чунин ҷойгир карда мешаванд:

- ба коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба коғазҳои қиматноки ташкилоте, ки дар биржаи сармояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиш дорад;

- ба депозитҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба амволи ғайриманқул ва дигар навъи активҳое, ки ба принсипҳои ҷойгиркунонии дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда мутобиқ мебошанд.

Фаъолияти Фонд оиди ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои нафақа ва сармоягузории онҳо фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида намешавад.

 

Моддаи 20. Идоракунии активҳои нафақа

 

Фонд вазифаҳои идоракунии активҳои нафақавиро мустақилона анҷом медиҳад ё вазифаҳои идоракунии активҳои худро ба ширкати идоракунанда, ки барои идораи активҳои нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иҷозатнома   мебошад, вомегузорад.

Фонд ҳуқуқ дорад барои идоракунии активҳои нафақа ҳамзамон бо як ё якчанд ширкати идоракунанда шартнома бандад.

Идоракунанда  ҳуқуқ дорад барои идоракунии активҳои нафақа ҳамзамон бо ду  ё якчанд  фондҳо шартнома бандад.

Идоракунанда барои ҳифз, баргардонидашаванда будани активҳои Фонд ва афзоиши он дар асоси шартномаи гарав ба маблағи на камтар аз 120 фоиз аз арзиши активҳои додашудаи Фонд масъулияти пурраи моддӣ ва молиявӣ дорад.

Барои иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ширкати идоракунанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои гарав ва сармоягузории дуҷонибаи байни идоракунанда ва Фонд басташуда масъулият дорад.

Идоракунанда иҷрои талаботро оид ба диверсификатсияи активҳои нафақа, нигоҳ доштани қобилияти харидории онҳо аз ҳисоби интиқоли сармоя ба лоиҳаҳое, ки даромадро кафолат медиҳанд, таъмин менамояд.

Идоракунанда активҳои нафақа ва даромадро алоҳида ба ҳисоб гирифта, аз рўи онҳо дар мўҳлати  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шўрои Фонд ва мақоми танзимкунанда ҳисобот пешниҳод менамояд.

Идоракунанда ҳуқуқ надорад вазифаи идоракунии активҳои Фондро ба шахси сеюм интиқол диҳад.

Аз активҳои нафақа ситонидани қарзҳои идоракунанда иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 21. Ҳифзи активҳои нафақа, ки дар коғазҳои қиматнок ҷойгир карда шудаанд

 

Баҳисобгирӣ ва интиқоли ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок, ки ба активҳои нафақа ҷойгир карда шудаанд, дар асоси шартнома барои хизматрасонии маҳфуздоранда (депозитарий) сурат мегирад.

Маҳфуздоранда метавонад танҳо шахси ҳуқуқие бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти касбӣ вобаста ба коғазҳои қиматнок иҷозатнома дорад.

Маҳфуздоранда баҳисобгирии ҳуқуқ ба коғази  қиматнокро, ки дар он активҳои нафақаи Фонд ҷойгир карда шудааст, бояд алоҳида аз баҳисобгирии ҳуқуқ ба амволи марбут ба маҳфуздоранда ё дигар шахсон, бо роҳи кушодани ҳисобномаи алоҳида пеш барад.

Маҳфуздоранда наметавонад коғазҳои қиматноки Фондро барои дигар мақсадҳо, аз ҷумла барои амалиёти кредитӣ ва асъорӣ, инчунин  пардохти қарзҳои худ ва дигар ўҳдадориҳо истифода барад.

Барои вайрон кардани шартҳои шартномаи бо Фонд басташуда маҳфуздоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 22. Тақсими даромади сармоягузорӣ

 

Даромади сармоягузорӣ аз ҷойгиркунонии активҳои нафақа  тақсим  мешавад:

- барои афзоиши активҳои нафақа – 70 фоиз;

- барои Фонди эҳтиётӣ – 10 фоиз;

- барои пўшонидани хароҷоти Фонд ҷиҳати таъмини фаъолияти оинномавӣ ва молиявию хоҷагӣ – на бештар аз 20 фоиз.

 

БОБИ 6.

МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ФОНД ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

 

Моддаи 23. Мақомоти идоракунии Фонд

 

Ҳайат ва сохтори мақомоти идоракунии Фонд тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи  Фонд муайян карда мешавад.

Сохтори мақомоти идоракунии Фонд бояд ҳатман мақоми дастаҷамъӣ– Шўрои Фондро дар бар гирад, ки бо тартиби  муаяйнкардаи  оинномаи Фонд  созмон дода мешавад.

Оинномаи Фонд бояд таъсиси Шўрои сарпарастон-мақоми дастаҷамъиро, ки вазифаҳои назоратӣ ва таъмини назорати ҷамъиятии фаъолияти Фондро ба ўҳда дошта бошад, пешбинӣ намояд.

Бо мақсади назорати фаврии фаъолияти мақомоти иҷроияи Фонд тибқи оиннома комиссияи тафтишотии Фонд таъсис дода мешавад.

Муассиси (муассисони) Фонд:

- оинномаи Фондро тасдиқ менамояд;

- ҳайати Шўрои Фондро ташкил ва низомномаи  Шўрои Фондро тасдиқ менамояд.

 
Моддаи 24. Шўрои Фонд

 

Мақоми доимоамалкунандаи идоракунии Фонд – Шўрои Фонд мебошад. Шўрои Фонд роҳбарии умумии фаъолияти Фондро амалӣ менамояд. Сохтор, тартиби таъсис, салоҳият ва мўҳлати ваколати Шўрои Фонд, тартиби қабули қарорҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи Фонд муайян менамояд.

Аъзои Шўрои Фонд барои иҷрои вазифаҳояшон метавонанд мукофотонида шаванд, ба шарте, ки ин дар оинномаи Фонд дар назар дошта шуда бошад. Маблағи мукофоти аъзои Шўрои Фонд  дар ҳаҷми  муайян муқаррар карда мешавад.

Ба салоҳияти Шўрои Фонд дохил мешаванд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Фонд;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директори генералии Фонд, муовинони ў ва сармуҳосиб;

- интихоб ва муайян намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷойгиркунонии активҳои нафақа ва маблағҳои худии Фонд;

- бастани шартнома бо идоракунанда ва бозхондани шартномаҳо;

- бастани шартнома бо маҳфуздоранда (депозитарий);

- ҷалби аудиторҳо ва баҳодиҳандагони мустақил;

- тасдиқи қоидаҳои Фонд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

- тасдиқи низомнома оид ба мақоми иҷроия, Шўрои сарпарастон ва комиссияи тафтишот;

- тасдиқи тартиби тақсими даромадҳои сармоягузорӣ;

- тасдиқи сметаи хароҷот оид ба таъмини фаъолияти оинномавии Фонд ва барои рушди он;

- тасдиқи ҳисоботи солона ва мувозинаи муҳосибавӣ бо назардошти хулосаи аудит;

- қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳии Фонд ё муроҷиат ба суд ҷиҳати барҳамдиҳии он;

- вогузории қисми ваколатҳои худ ба зиммаи  Раиси Шўрои Фонд;

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки мутобиқи муқаррароти оиннома тахти салоҳияти он карор дорад.

Ба Шўрои Фонд Раиси Шўро роҳбарӣ менамояд.

 
Моддаи 25. Мақоми иҷроияи Фонд

 

Бо мақсади амалӣ намудани роҳбарии фаврии фаъолияти Фонд оинномаи Фонд метавонад мақоми ягонаи иҷроия (директори генералӣ, раис) ва ё мақоми дастаҷамъии иҷроияи Фондро (дирексияи иҷроияро) пешбинӣ намояд.

Мақоми иҷроияи Фонд фаъолияти худро дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни мазкур ва оинномаи Фонд муайян намудааст, анҷом медиҳад ва тибқи оинномаи Фонд ва низомнома дар бораи мақоми иҷроияи Фонд, ки Шўрои Фонд тасдиқ мекунад, амалӣ мегардонад.

Шахсони мансабдори Фонд ўҳдадоранд, ҷавобгўи  талаботи  ҳадди ақали муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор бошанд. Шахсони мансабдори Фонд, ки интихоб (ё таъин) гардидаанд, тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати мутобиқат ба талаботи ҳадди ақали муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор аз мувофиқаи ҳатмии мақоми ваколатдор мегузаранд.

Шахс наметавонад аъзои Шўрои Фонд, роҳбар  (директори генералӣ) ё сармуҳосиби Фонд бошад, агар:

- дорои маълумоти олии  соҳавӣ  набошад;

- доғи судӣ дошта бошад, ки  он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳамхўрда  ё бардошта нашуда бошад;

- агар ў роҳбари (сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ бошад, ки бо роҳи барҳамдиҳӣ таҳти расмиёти муфлисӣ қарор дорад;

- агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи дохил шудан ба ҳайати мақомоти идоракунандаи  шахси ҳуқуқӣ ё машғул шудан бо фаъолияти касбӣ маҳрум гардида бошад.

Роҳбари (директори генералӣ) Фонд бояд дар мансабҳои роҳбарикунанда дар фондҳо, ширкатҳои суғурта ё дигар ташкилотҳои молиявӣ на камтар аз панҷ сол   таҷрибаи  корӣ дошта бошад.

Сармуҳосиби Фонд бояд вобаста ба ихтисос на камтар аз панҷ сол  ва ба сифати сармуҳосиб на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.

 

Моддаи 26. Шўрои сарпарастон

 

Бо мақсади назорати фаъолияти Фонд ва ҳифзи манфиатҳои саҳмгузорон ва гирандагон Фонд Шўрои сарпарастон таъсис медиҳад.

Тартиби таъсис ва ваколатҳои Шўрои сарпарастонро оиннома ва низомнома оид ба   Шўрои сарпарастон, ки бо қарори Шўрои Фонд тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

Ба Шўрои сарпарастони Фонд намояндагони ваколатдори муассисон, саҳмдорон ва гирандагон дохил карда мешаванд. Ҳангоми овоздиҳӣ саҳмдорон ва гирандагон бояд на камтар аз нисфи овозҳоро дошта бошанд.

Аъзои Шўрои сарпарастон вазифаҳои худро беподош иҷро мекунанд.

Аъзои Шўрои сарпарастон наметавонанд дар як вақт аъзои Шўрои Фонд бошанд.

Ҳайати Шўрои сарпарастон бояд аз се нафар кам набошад.

 

Моддаи 27. Комиссияи тафтишот

 

Бо мақсади таъмини назорати фаъолияти молиявии Фонд комиссияи тафтишот таъсис дода мешавад. Тартиби фаъолият ва ҳайати комиссияи тафтишот мутобиқи низомномаи комиссияи тафтишот ва оинномаи Фонд муайян карда мешавад.

 

БОБИ 7. 

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТ

ОИД БА ТАЪМИНИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

 

Моддаи 28. Назорати фаъолияти Фонд

 

Назорати давлатӣ ва тафтиши фаъолияти Фонд аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, анҷом дода мешавад.

Мақоми ваколатдор:

  • назорат ва тафтишро ҷиҳати риоя шудани талабот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳо оид ба таъмини ғайридавлатии нафақа, таъсис ва ҷобаҷокунии маблағҳои эҳтиётии нафақа, таъсис ва сармоягузории маблағҳои ҷамъшудаи нафақа тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
  • дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати масъалаҳои танзими фаъолияти Фонд, аз ҷумла тартиб ва тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани меъёрҳои иттилоотӣ ва намудҳои ҳисобот, инчунин оид ба масъалаҳои назорат нисбати фаъолият қарор қабул мекунад;
  • қоидаҳои Фондро ба қайд мегирад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат карда наметавонад.

Низомнома, сохтор ва вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Хароҷоти нигоҳдории мақоми ваколатдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

 

Моддаи 29. Комиссияи давлатӣ оид ба дараҷабандии хатар

 

Барои дараҷабандии хатар ба активҳои молиявии Фонд, ки ширкатҳои идоракунанда истифода мебаранд ва маҳдудиятҳои вобаста ба он барои фаъолияти сармоягузорӣ дар назди мақоми ваколатдор аз ҳисоби намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва намояндагони фондҳои ғайридавлатии нафақа комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад.

Комиссияи давлатӣ тадбирҳои диверсификатсиониро оид ба ҳифзи активҳои нафақаи Фонд таҳия менамояд, ки маҳдудсозии сармоягузориҳоро барои ҳамон як манбаъ, инчунин маҳдудиятҳоро вобаста ба навъи актив дар бар мегирад.

Ширкати идоракунанда, ки бо он Фонд шартнома бастааст, бояд  талаботи диверсификатсияро қатъиян риоя намояд.

 

Моддаи 30. Муносибати байниҳамдигарии Фонд бо мақомотҳои  давлатӣ

 

Дахолати мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақавӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи фондҳо, ки барои онҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 31. Андозбандии Фонд

 

Фонд мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда  мешавад.

 

БОБИ 8.

АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ  ВА  БАРҲАМДИҲИИ ФОНД

 

Моддаи 32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Фонд

 

Фаъолияти Фонд метавонад бо роҳи зайл қатъ карда  шавад:

- азнавташкилдиҳӣ (муттаҳидшавӣ, тақсимшавӣ,  ҳамроҳшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилёбӣ);

- барҳамдиҳӣ.

Азнавташкилдиҳии Фонд дар асоси қарори Шўрои Фонд бо мувофиқаи мақоми ваколатдор мутобиқи хулосаи аудитори мустақил анҷом дода мешавад.

Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ бояд ҳуқуқҳои амволӣ ва дигар ҳуқуқҳои Фонд таъмин карда шаванд.

Фондҳое, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ аз нав таъсис меёбанд, бояд мувофиқи Қонуни мазкур аз қайди давлатӣ гузаранд ва иҷозатнома   гиранд.

Барҳамдиҳии Фонд бо қарори суд анҷом дода мешавад.

Ҳангоми барҳамдиҳии Фонд активҳои нафақа танҳо барои қонеъгардонии талаботи саҳмгузорон ва гирандагон равона карда мешавад.

Маблағҳо аз фурўши амволе, ки моликияти Фонд мебошад ва барои таъмини фаъолияти оинномавии он таъин гардидааст, ҳангоми нокифоягии активҳои нафақа ва ҳама гуна кредитҳо мутобиқи навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи тартибе, ки барои ташкилотҳои қарздиҳанда пешбинӣ шудааст)  барои қонеъгардонии талаботи саҳмгузорон ва гирандагон  равона карда мешавад.

Маблағҳои пулии дар Фонд боқимонда, аз ҷумла фоида аз фурўши амволи он, баъди иҷрои ҳамаи ўҳдадориҳо барои мақсадҳое, ки дар оинномаи Фонд зикр гардидаанд, равона карда мешаванд.

Ҳангоми барҳамдиҳии Фонд ваколати идоракунандаи корҳои Фонд ба зиммаи комиссияи барҳамдиҳӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, мегузарад.

Аз лаҳзаи дар мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии Фонд ворид намудани сабт дар хусуси қатъ гардидани фаъолият  барҳамдиҳии Фонд хотима ёфта ва  Фонд барҳамхўрда ба ҳисоб меравад.

Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст саҳмгузорон ва гирандагонро дар хусуси барҳамдиҳии Фонд тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ созад.

 

БОБИ 9.

Муқаррароти хотимавЇ

 

Моддаи 33. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳои саҳмгузорон ва гирандагон бо Фонд бо роҳи гуфтушунид ва машварати байни онҳо ё тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода  шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2005,

№ 149

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
102
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 25 Июл, 2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18-уми майи соли 2005, № 60

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 5, моддаи 339)

қабул гардидааст

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 15-уми июли соли 2005, № 97

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 6, моддаи 418) ҷонибдорӣ гардидааст

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7,  мод. 404; с.2007, №3, мод.160;

с.2012, №4, мод. 254; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1144)

 

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ

 

Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ муайян кардани ҳолатҳое мебошад, ки онҳо бо қарорҳои судҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба воситаи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд исбот карда шаванд.

 

БОБИ 2.

ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

 

Моддаи 4. Мафҳуми фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ

 

Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ – фаъолиятест оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯи таъиноти суд, қарорҳои судя, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст, бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ тавассути донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё ҳунар муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд.

 

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ

 

Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ ба принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустақилияти коршиноси (эксперти) судӣ (минбаъд – коршиноси судӣ), мустақилии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертиза, асоснокии илмии воситаҳо ва тарзу усулҳои гузаронидани тадқиқот, риояи одоби касбӣ асос меёбад.

 

Моддаи 6. Риояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти

                      экспертизаи давлатии судӣ

 

1. Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ дар ҳудуд ва шаклҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ карда мешавад.

2. Экспертизае, ки муваққатан маҳдуд кардани озодии шахс ё дахлнопазирии ӯро тақозо мекунад, дар асос ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, гузаронида мешавад.

3. Шахсе, ки гумон дорад амалиёти муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ё коршиноси судӣ боиси махдуд шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонад.

 

Моддаи 7. Салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертизаи давлатии судӣ

 

1. Коршиноси судӣ экспертизаро дар асоси илмӣ ва амалӣ, дар ҳудуди ихтисоси дахлдор, мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника мегузаронад.

2. Хулосаи коршиноси судӣ бояд ба муқаррарот ва сатҳи муосири рушди илм асос ёфта, имконият диҳад, ки он дар заминаи маълумоти мақбули умум санҷида шавад.

 

Моддаи 8. Объектҳои экспертиза ва таъмини нигаҳдории онҳо

 

1. Далелҳои шайъӣ, намунаҳо барои экспертиза, ҳуҷҷатҳо, ашё, ҳайвон, ҷасадҳо ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи парванда, ки аз рӯи он экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, объектҳои экспертиза буда метавонанд.

2. Экспертиза нисбати шахс низ гузаронида мешавад.

3. Объектҳое, ки хусусиятҳои одам, ҷасад, ҳайвон, ашё, мавод ё модда, ҳолати ҷои воқеа, намунаҳо барои муқоиса ва ғайраро инъикос мекунанд ва ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса лозиманд, намунаҳои экспертиза мебошанд.

4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои давлатии судӣ он объектҳои экспертизаро, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд, бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, танҳо ба андозае, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса зарур аст, осебдор ё сарф кардан мумкин аст. Иҷозати мазкур бояд дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ё дар дархости дахлдор мавҷуд бошад.

5. Агар экспертизаи давлатии судиро дар ҷои воқеа гузаронидан зарур бошад, ё объекти экспертизаро ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ интиқол додан ғайриимкон бошад, мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардаанд, бояд ба коршиноси судӣ дастрасии бемамониати объект ва имконпазирии экспертизаи онро таъмин  намоянд.

6. Таъмини нигоҳдории объектҳои экспертизаи давлатии судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)

 

Моддаи 9. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вобаста ба экспертизаи судии тиббӣ ва судии равонпизишкӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии соҳаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии маводи нашъаовар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба экспертизаи судии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)

2. Фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судиро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.

3. Ғайр аз муассисаи экспертизаи давлатии судии равонпизишкии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил кардан ва гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ мумкин нест. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)

4. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил ва гузаро-нидани экспертизаи давлатии судиро дар асоси муносибати ягонаи илмию методӣ ба амалияи экспертиза, омодагии касбӣ ва ихтисоси коршиносони судӣ ба амал мебароранд.

5. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи давлатии судиро мувофиқи соҳае мегузаронанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муайян кардаанд.

6. Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ оид ба ташкил ва гуза-ронидани экспертизаи давлатии судӣ барои дигар давлатҳо мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 10. Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ

 

Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ аз инҳо иборат аст:

1)  ташкили фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;

2) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)

3)  тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;

4)  таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;

5)  интихоб, тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ.

 

Моддаи 11. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ

 

Экспертизаи давлатии судиро бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси судӣ мегузаронад.

 

Моддаи 12. Намудҳои экспертизаи давлатии судӣ

 

1. Ба намудҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи ибтидоӣ, иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ мансубанд.

2. Экспертизаи ибтидоӣ – экспертизаи судие мебошад, ки аввалин бор аз рӯи парванда барои ҳалли масъалаи мавриди назари суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида шудааст.

3. Экспертизаи иловагӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи пештара ба таври кофӣ равшан намебошад ё коршиноси судӣ масъалаҳои дар наздаш гузошташударо пурра ҳал накардааст, ё ҳал кардани масъалаҳои иловагӣ бо экспертизаи пештара алоқаманданд, ки ба ҳамон ё дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.

4. Экспертизаи такрорӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии пештара ба қадри кофӣ асоснок нест ё дурустии он боиси шакку шубҳа мегардад, ё меъёрҳои мурофиавии гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷиддан вайрон карда шудаанд, ки ба дигар коршиноси судӣ ё коршиносони судӣ супорида мешавад.

5. Экспертизаи комиссионӣ - экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии як ихтисос мегузаронанд.

6. Экспертизаи комплексӣ - экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии ихтисосҳои гуногун дар мавридҳое мегузаронанд, ки агар барои муқаррар кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок тадқиқот дар асоси соҳаҳои мухталифи донишҳо зарур бошад.

 

Моддаи 13. Таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи  давлатии судӣ

 

1. Ташкили таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи дав-латии судӣ ба зиммаи вазоратҳо ва идораҳое гузошта мешавад, ки ба системаи онҳо муассисаҳои махсусгардонидашуда ва хадамоти идоравии экспертизаи давлатии судӣ дохил мешаванд.

2. Масъалаҳои муҳимтарини рушди экспертизаи давлатии судии дорои хусусияти байниидоравиро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва амалӣ менамояд, ки  Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ РОҲБАРИ МУАССИСАИ

ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ  ВА КОРШИНОСИ СУДӢ

 

Моддаи 14. Ҳуқуқҳои роҳбари муассисаи экспертизаи  давлатии  судӣ

 

1. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ дорад:

1) қарор ё таъинот, инчунин дархостро дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, объектҳои таҳқиқ ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани он пешниҳод шудаанд, иҷро накарда баргардонад, агар дар ин муассиса коршиноси ихтисоси мушаххас, асоси моддию техникии зарурӣ ё шароити махсуси гузаронидани экспертиза мавҷуд набошанд;

2) ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст дар бораи ба ҳайати комиссияи коршиносон дохил намудани шахсонеро дархост намояд, ки дар ин муассиса кор намекунанд, агар донишҳои махсуси онҳо барои додани хулоса зарур бошанд;

3) гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо иштироки дигар муассисаҳое, ки дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода шудаанд, ташкил намояд.

2. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад:

1) бе қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ объекти экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ заруранд, талаб намояд;

2) мустақилона, бе мувофиқаи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба гузаронидани экспертиза шахсонеро ҷалб намояд, ки онҳо дар ин муассиса кор намекунанд;

3) ба коршинос чунин дастур диҳад, ки ҷараёни экспертизаро пешакӣ ҳал кунад ва мазмуни хулосаро оид ба экспертизаи давлатии судии мушаххас муайян намояд.

3. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳақ дорад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҷуброни хароҷотеро талаб намояд, ки бо амалҳои зерин алоқаманд мебошад:

1) подоши нигоҳдошти объектҳои экспертиза, ки барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод шудаанд;

2) ҳамлу нақли объектҳо баъд аз экспертизаи онҳо;

3) нигоҳ доштани объектҳои экспертиза дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ баъди анҷоми экспертизаи давлатии судӣ ва нигоҳ доштани онҳо зиёда аз мӯҳлатҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;

4) барҳам додани оқибатҳои таркиш, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи ба ин муассиса овардани объектҳои дорои хавфи зиёд сар задааст, агар мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, дар бораи қоидаҳои махсуси муомила бо объектҳои мазкур хабар надода бошад ё онҳо ба таври бояду шояд бастабандӣ  нашуда бошанд.

 
Моддаи 15. Вазифаҳои  роҳбари муассисаи экспертизаи  давлатии судӣ

 

1. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст:

1) дар баробари гирифтани қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаро ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судии мушаххас, аз ҷумлаи  кормандони ҳамин муассиса супорад, ки доир ба саволҳои гузошташуда донишҳои махсус доранд;

2) ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ ҳангоми ба вазифа таъин шудан ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро фаҳмонда диҳад;

3) коршиноси судиро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, саркашӣ ё даст кашидан аз додани хулоса огоҳ намояд ва аз ӯ забонхати дахлдор гирад, ки он якҷоя бо хулосаи коршинос ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад;

4) мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо тар-тиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд ва риояи онро назорат кунад;

5) назорати пуррагӣ ва босифати экспертизаи давлатии судии гузаронидаро, бо риояи принсипи мустақилияти коршиноси судӣ, таъмин намояд;

6) баъди анҷоми экспертиза хулосаи коршиноси судӣ, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин ё дархост кардааст, равон намояд.

7) иштироки коршиноси судиро дар маҷлиси судӣ, амалиётҳои судӣ ва тафтишотӣ таъмин намояд.

2. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои гузарони-дани экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст мавҷудияти таҷҳизот, асбоб, мавод ва воситаҳои таъминоти иттилоотӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарии истеҳсолӣ, нигоҳ доштани объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро таъмин намояд.

3. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун ва иҷро накардани вазифаҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда нишондодашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 16. Коршиноси судӣ

 

Коршиноси судӣ корманди муассисаи экспертизаи давлатии судӣ мебошад, ки экспертизаи давлатии судиро бо тартиби иҷрои вазифаҳои хидматии худ мегузаронад.

 

Моддаи 17. Талаботи касбӣ ва тахассусӣ ба коршиноси судӣ

 

1. Вазифаи коршиноси судиро дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ шахсе ишғол карда метавонад, ки таҳсилоти олӣ ё махсус дошта бошад ва тайёрии минбаъдаро аз рӯи ихтисоси мушаххаси коршиносӣ бо тартиби дар муассисаи экспертизаи давлатии судии муқарраршуда гузашта бошад.

2. Дараҷаи тайёрии касбии коршиноси судӣ ва ба ӯ додани ҳуқуқи мустақилона гузаронидани экспертизаи давлатии судиро комиссияи  тахассусӣ муайян мекунад, ки онро роҳбари вазорат ё идорае, ки муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ба сохтори он дохил мешавад, таъсис додааст.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои коршиноси судӣ

 

1. Коршиноси судӣ ҳуқуқ дорад:

1) объектҳо, аз ҷумла намунаҳоеро барои экспертиза гирад, ки ҳангоми додани хулоса заруранд;

2) дар бораи додани объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки барои додани хулоса заруранд, дархост диҳад;

3) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, бо маводи парванда, ки ба мавзӯи экспертиза мансуб аст, шинос шавад, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорӣ намояд;

4) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷалб намудани дигар коршиносон ва мутахассисонро дархост намояд;

5) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, дар гузаронидани амалиётҳои мурофиавӣ иштирок намояд ва ба иштирокчиёни онҳо вобаста ба мавзӯи экспертизаи давлатии судӣ савол диҳад;

6) бо мувофиқаи мақоме (шахсе), ки экспертизаро таъин кар-дааст, оид ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, инчунин дигар ҳолатҳое, ки бо ташаббуси коршиноси судӣ дар ҳудуди салоҳияти вай муқаррар карда шудааст, хулоса диҳад;

7) диққати мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаро ба ҳолатҳое, ки бо мавзӯи экспертиза, аз ҷумла бо ташаккули саволҳои барои коршиноси судӣ алоқаманд, ҷалб намояд;

8) бо протоколи амалиёти мурофиавӣ, ки дар он иштирок кардааст, инчунин бо қисми дахлдори протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва дар хусуси пуррагӣ ва дурустии дар протокол дохил кардани амалиётҳои ӯ эродҳое баён намояд, ки онҳо бояд ба протокол дохил карда шаванд;

9) товони хароҷотеро, ки ҳангоми истеҳсолот аз рӯи парванда ба вуҷуд омадааст ва товони зарареро гирад, ки бо амалиётҳои ғайриқонунии мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, расонида шудаанд;

10) аз гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ даст кашад, агар:

- тартиби мурофиавии таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ вайрон карда шуда бошад, агар ин ҳолат гузаронидани экспертизаи давлатии судиро мушкил гардонад ё гузаронидани онро ғайриимкон гардонад;

- объектҳои экспертиза ва маводи парванда барои додани хулоса корношоям ё нокифоя бошанд ва ба коршиноси судӣ дар пурра кардани онҳо рад карда шуда бошад;

- шароит, воситаҳои методӣ ва таҷҳизоте, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса заруранд, мавҷуд набошад;

- барои ҳаёт ва саломатии коршиноси судӣ хатари воқеӣ мавҷуд бошад.

2. Коршиноси  судӣ  ҳуқуқ надорад:

1) супоришро дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ба истиснои роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, бевосита аз ягон мақом ё шахс гирад;

2) бо иштирокчиёни мурофиа оид ба масъалаҳое, ки бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқаманд мебошанд, алоқаю робитаи шахсӣ ба роҳ монад, агар асос бошад, ки коршиноси судӣ ба натиҷаи кор манфиатдор аст;

3) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ мустақилона мавод ҷамъ намояд;

4) ба истиснои шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба ягон кас дар бораи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судӣ хабар диҳад;

5) объектҳои экспертизаро нобуд кунад ё хусусиятҳои онҳоро бе иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, тағйир диҳад.

 

Моддаи 19. Вазифаҳои коршиноси судӣ

 

Коршиноси  судӣ вазифадор аст:

1) экспертизаи пурра гузаронад ва оид ба масъалаҳои дар назди ӯ гузоштаи мақоме (шахсе), ки ӯро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардааст, хулосаи хаттии илман асоснок ва холисона диҳад;

2) аз додани хулоса даст кашад, агар масъалаҳои гузошташуда берун аз доираи донишҳои махсуси ӯ бошанд;

3) ҳангоми интихоби тарзу усули экспертиза талаботи ҳаддалимкон беосеб нигоҳ доштани объектҳои экспертизашавандаро ба назар гирад;

4) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад хароҷотнома ва ҳисоботи хароҷоти суратгирифтаро пешниҳод намояд;

5) бо даъвати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, барои ба иштирокчиёни мурофиа нишон додани хулоса ҳозир шавад, ба саволҳои онҳо посух диҳад, инчунин мазмуни хулосаро фаҳмонда диҳад;

6) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси худро нишон диҳад;

7) бо талаби мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, инчунин бо талаби тарафҳои иштироккунандаи маҷлиси судӣ, дар бораи таҷрибаи касбӣ ва муносибати худ бо иштирокчиёни мурофиа маълумот диҳад, дар сурате ки агар ӯ бо шахсони мазкур ягон муносибат дошта бошад, аз гузаронидани экспертиза ва додани хулоса даст кашад;

8) маълумотро дар бораи амалиёти тафтишотии бо иштироки ӯ гузаронидашуда ва ҳолатҳои дар ин маврид ошкор гардида, маълумоти маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин маълумоти ба ӯ маълумшудаи холатҳоеро, ки ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда дохил мешавад, ошкор накунад.

 

Моддаи 20. Кафолатҳои мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ӯ

 

1. Коршиноси судӣ ҳангоми гузаронидани фаъолияти экспер-тизаи давлатии судӣ мустақил аст ва наметавонад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба тарафҳо ва дигар шахсони ба натиҷаи кор манфиатдор ягон вобастагӣ дошта бошад.

2. Мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ӯ таъмин мегардад:

1) бо тартиби таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавии гражданӣ, қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд;

2) бо тартиби мурофиавӣ таъин кардани коршиноси судӣ;

3) бо мавҷудияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, ки аз суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вобастагӣ надоранд;

4) бо фароҳам овардани шароити моддию техникӣ барои фаъолияти коршиноси судӣ;

5) бо пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноии коршиноси судӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ва бе сабабҳои узрнок саркашӣ кардан ё даст кашидан аз додани хулоса;

6) бо имконпазирии таъини экспертизаи давлатии судии иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ;

7) бо ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;

8) бо бавуҷуд овардани низоми интихоб, тайёрии касбӣ, такмили ихтисоси коршиноси судӣ.

3. Аз тарафи судҳо, судяҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, муфаттишон ва прокурорҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бо мақсади гирифтани хулоса ба нафъи яке аз иштирокчиёни мурофиа ё ба манфиати дигар шахсон ба фаъолияти коршинос дахолат кардан мумкин нест.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти коршиноси судӣ дахолат мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ 4.

ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

 

Моддаи 21. Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ

 

1. Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ таъиноти суд, қарорҳои судя, шахси таҳқиқкунанда, муфаттиш ё прокурор, инчунин дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи ворид гардидани қарор ё дархости дахлдор  таъиншуда ҳисоб карда мешавад.

2. Дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ бояд санаи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ном, насаб, вазифаи шахс ё номи мақоме, ки экспертизаро таъин кардааст, номи муассисаи экспертизаи судие, ки ба он экспертизаи давлатии судӣ супорида мешавад, асосҳои таъин кардани экспертиза нишон дода шуда, саволҳои дар назди коршиноси судӣ гузошташуда, рӯйхати ашё ва маводе, ки ба ӯ барои экспертиза дода шудаанд, оварда шаванд; дар мавридҳои зарурӣ шартҳои махсуси сару кор бо объектҳои экспертиза, инчунин дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд.

3. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи коршиноси судӣ заруранд, медиҳад.

4. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, барои экспертиза намунаҳоро мегирад ва онҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парванда ҳамроҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ намунаҳо бо иштироки коршиноси судӣ, ки ба вай гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст ё мутахассис гирифта мешаванд.

5. Дар сурате, ки агар гирифтани намунаҳо як қисми экспертиза буда, аз тарафи коршиноси судӣ бо истифодаи объектҳои барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳодшуда ба ҷо оварда шавад, намунаҳо баъд аз тамом шудани экспертизаи давлатии судӣ ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристонида мешаванд ё як вақти муайян дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ нигоҳ дошта мешаванд.

6. Экспертизаи давлатии судӣ метавонад бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо барои муқаррар кардани ҳолатҳое гузаронида шавад, ки ба ақидаи шахсони мазкур, барои ҳифзи манфиатҳои онҳо истифода шуда метавонанд. Дархости шахсони мазкур дар бораи гузаронидани экспертиза бояд маълумотеро дар бар гирад, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудаанд.

7. Хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеиро боби 5 ҳамин Қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 22. Маҳдудиятҳо ҳангоми ташкил ва гузаронидани  экспертизаи давлатии  судӣ

 

1. Ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида намешавад ва дар мавридҳое, ки гузаронидани экспертизаи давлатии судии мазкур оғоз карда шудааст, он фавран қатъ карда мешавад, агар ҳолатҳои тасдиқкунандаи ба натиҷаи кор манфиатдор будани роҳбари ҳамин муассиса муқаррар карда шавад.

2. Коршиноси судӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд рад карда шавад, агар экспертиза ба ӯ супорида шуда бошад, вазифадор аст гузаронидани онро фавран қатъ намояд.

3. Экспертизаи давлатии судӣ иҷронашуда ҳисобида мешавад ва хулосаи коршинос ба сифати исбот истифода карда намешавад, агар экспертизаи давлатии судӣ бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда ташкил ва гузаронида шуда бошад. Дар ин маврид масъалаи таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ ҳал карда  мешавад.

4. Дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ духтуре, ки то таъин кардани экспертиза ба шахси номбаршуда ёрии тиббӣ расонидааст, иштирок карда наметавонад.

 

Моддаи 23. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаҳои коршиноси судӣ зери шубҳа гузошта нашаванд, вале онҳоро чун хулосаҳои басо равшан ё комил ҳисобидан мумкин набошад ё аз сабаби нопуррагии экспертиза саволҳои наве пайдо шаванд, ки барои муқаррар кардани ҳақиқат аҳамият дошта бошанд. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ба шахсе, ки экспертизаи асосиро гузаронидааст ё ба дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.

2. Экспертизаи давлатии судии такрорӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад ё дар дурустӣ, аниқӣ ва асоснокии хулосаи ӯ шубҳа ба вуҷуд омада бошад, инчунин экспертизаи такрорӣ ҳангоми ошкор кардани зиддияти байни хулосаҳои якчанд коршиноси судӣ гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии судии такрорӣ ба дигар коршиноси судӣ ё гурӯҳи дигари коршиносони судӣ супорида мешавад.

3. Агар натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ ва такрорӣ ба ҳам мувофиқат накунанд, коршиноси судие, ки экспертизаи такрориро гузаронидааст, вазифадор аст, ки дар хулосаи худ сабабҳои ин ихтилофро нишон диҳад.

4. Дар сурати таъин кардани экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ асосҳои таъин кардани онҳо нишон дода мешаванд. Дар вақти таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ хулосае, ки баъди тамом шудани экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ тартиб дода шудааст, ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса, инчунин тамоми маводи иловагие, ки дар ихтиёри шахс ё мақоми экспертизаи давлатии судии навро таъинкарда мавҷуд аст, пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи 24. Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ метавонад аз тарафи комиссияе, ки мутахассисони салоҳиятдори ҳамон як соҳаро дар бар мегиранд, гузаронида шавад.

2. Хусусияти комиссиявии экспертизаи давлатии судиро мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ё роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ муайян менамояд.

3. Комиссияи коршиносони судӣ бо назардошти зарурат барои ҳал кардани масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, мақсад, пайдарҳамӣ ва ҳаҷми экспертизаи дарпешистодаро мувофиқа мекунад.

4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комис-сионӣ, ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар ҳаҷми пурра мегузаронад ва онҳо натиҷаҳои ба даст овардашударо якҷоя таҳлил мекунанд.

5. Коршиносони судӣ ба як фикру ақидаи умумӣ омада, хулосаи якҷоя ё маълумотномаро дар бораи имконнопазирии додани хулоса таҳия карда, имзо мекунанд. Дар сурати байни коршиносони судӣ ба вуҷуд омадани ихтилофот, ҳар яке аз онҳо аз рӯи масъалаҳое, ки боиси ихтилофот гардидаанд, хулосаи алоҳида медиҳанд.

 

Моддаи 25. Экспертизаи  давлатии  судии  комплексӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии комплексӣ – экспертизаи давла-тии судие, ки онро комиссияи коршиносони судии дорои ихтисосҳои мухталиф дар сурате мегузаронад, ки агар барои муқаррар намудани ҳолате, ки барои парванда аҳамият дорад, гузаронидани экспертиза дар асоси донишҳои соҳаҳои гуногун зарур бошад.

2. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар доираи салоҳияти худ мегузаронад ва дар ифодаи посухҳо танҳо дар соҳаи фаъолияти ӯ, ки донишҳои махсусро тақозо мекунад, иштирок менамоянд.

3. Дар хулосаи коршиносони судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунанд, нишон дода мешавад, ки ҳар як коршиноси судӣ кадом экспертизаро ва дар кадом ҳаҷм гузаронидааст, ӯ кадом ҳолатҳоро муайян кардааст ва ба кадом хулоса омадааст. Ҳар як коршиноси судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунад, он қисми хулосаро имзо менамояд, ки дар он тавсифи экспертизаи гузаронидаи ӯ мавҷуд аст ва  барои он ҷавобгар мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)

4. Хулосаи умумиро коршиносони судие мебароранд, ки дар арзёбии натиҷаҳои ҳосилшуда ва ифодаи ҳамин хулоса салоҳиятноканд. Агар асоси хулосаи умумӣ далелҳое бошанд, ки онҳоро як ё якчанд коршиноси судӣ муқаррар кардаанд, он бояд дар хулоса нишон дода шавад. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни коршиносони судӣ, ҳар яке аз онҳо мувофиқи қисми 2 ҳамин модда хулосаи алоҳида медиҳад.

5. Ташкили экспертизаи давлатии судии комплексӣ ба зиммаи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузошта мешавад.

 

Моддаи 26. Ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи

                       давлатии судӣ дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ

 

1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқро додааст.

2. Иштирокчиёни мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд, ҳақ надоранд ба ҷараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд шарҳу эзоҳҳо ва ба коршиноси судӣ саволҳои ба мавзӯи экспертизаи давлатии судӣ дахлдоштаро диҳанд.

3. Ҳангоми аз тарафи коршиноси судӣ тартиб додани хулоса, инчунин дар давраи маҷлиси машваратии коршиносони судӣ ва тавсияи хулосаҳо, агар экспертизаи давлатии судиро комиссияи коршиносони судӣ гузаронад, ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа мумкин нест.

4. Агар иштирокчии мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ иштирок дошт, ба коршиноси судӣ халал расонад, коршиноси судӣ ҳақ дорад экспертизаро боздорад ва аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, бекор кардани иҷозати дар экспертизаи давлатии судӣ ҳозир будани ин иштирокчии мурофиаро дархост намояд.

5. Хусусиятҳои ҳозир будани иштирокчии мурофиаро дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ боби 5 ҳамин Қонун муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ

 

Мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судиро дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дастурамалҳо дар бораи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ки вазорату идораҳои дар қисми якуми моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда қабул менамоянд, муайян мекунанд.

 

Моддаи 28. Хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони   судӣ  ва  санад  дар  бораи

                       имконнопазирии  додани  хулоса

 

1. Дар асоси экспертизаи гузаронидашуда, бо назардошти натиҷаҳои он ва мувофиқи донишҳои махсус коршиноси судӣ аз номи худ (комиссия аз номи коршиносони судӣ) хулосаи хаттӣ медиҳад ва барои хулосаи додашуда шахсан ҷавобгар мебошад. Хулосаро коршиноси (коршиносони) судӣ имзо мекунад ва он бо мӯҳри муассисаи экспертизаи давлатии судӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Дар хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ бояд нишон дода шавад:

1) вақт ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;

2) асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;

3) маълумот дар бораи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст;

4) маълумот дар бораи муассисаи давлатии судӣ, дар бораи коршиноси судӣ (насаб, ном, номи падар, таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор аз рӯи ихтисос, унвони илмӣ, рутба, вазифаи ишғолнамуда), ки ба он гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст;

5) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ кардани коршиноси судӣ дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, саркашӣ ё рад кардан аз додани хулоса;

6) саволҳое, ки дар назди коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ гузошта шудаанд;

7) объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод карда шудаанд;

8) маълумот дар бораи иштирокчиёни мурофиа, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд;

9) мазмун ва натиҷаҳои экспертиза, асосноксозӣ ва ифодаи хулосаҳо оид ба саволҳои гузошташуда.

3. Маводе, ки хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршино-сони судиро шарҳ медиҳад, ба хулоса замима карда мешавад ва қисми таркибии он мебошад. Ҳуҷҷатҳое, ки ҷараён, шароит ва натиҷаҳои экспертизаро нишон медиҳанд, дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ маҳфуз дошта мешаванд. Бо талаби мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҳуҷҷатҳои зикршуда барои ҳамроҳ кардан ба парванда дода мешаванд. Агар то оғози экспертиза коршиноси судӣ боварӣ ҳосил кунад, ки саволҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ӯ берун мебароянд ва комёбиҳои илм, техника, таҷрибаи амалӣ имкон намедиҳанд, ки ба ин саволҳо посух дода шавад, ё маълумоти ибтидоии мавҷуда барои додани хулосаи экспертизаи давлатии судӣ кофӣ нестанд ё корношоям мебошанд, ӯ дар бораи имконнопазирии додани хулоса санад тартиб медиҳад.

4. Хулосаи коршиноси судӣ ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса аз тарафи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ  ба шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад.

 

Моддаи 29. Арзёбии хулосаи коршиноси судӣ

 

Хулосаи коршиноси судӣ мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дақиқӣ, беғаразӣ ва пуррагии экспертизаи гузаронидашуда, инчунин самарабахшӣ ва бунёдии усулҳои истифодашудаи экспертиза арзёбӣ карда мешавад. Хулосаи коршиноси судӣ барои суд, прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки таҳқиқ мебарад, ҳатмӣ намебошад, вале бо хулоса розӣ набудани онҳо бояд асоснок карда шавад.

 

БОБИ 5.

ХУСУСИЯТҲОИ   ГУЗАРОНИДАНИ  ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИИ

ШАХСИ ВОҚЕӢ

 

Моддаи 30. Гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар сурати мавҷуд будани шароите, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор зарур аст, инчунин дар сурати таъмини риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки мавриди экспертиза қарор мегиранд, гузаронида мешавад.

2. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 31. Шароит ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ ё дигар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, инчунин дар ҷои дигаре гузаронида шуда метавонад, ки дар он ҷо шароитҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсе, ки нисбати ӯ экспертиза гузаронида мешавад, мавҷуданд.

2. Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ зарурати хобондани шахс дар беморхона ба миён ояд, онро бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 32-35 ҳамин Қонун ва талаботи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхона ҷойгир кардан мумкин аст.

3. Ба муассисаи тиббӣ ё дигар муассиса бурдани шахсеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шудааст, мақом ё шахсе таъмин мекунад, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст.

 

Моддаи 32. Ихтиёрӣ ва маҷбурӣ гузаронидани экспертизаи  давлатии судии шахси воқеӣ

 

1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ метавонад ба таври ихтиёрӣ ё маҷбурӣ гузаронида шавад.

2. Агар экспертизаи давлатии судӣ ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад, ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бояд розигии хаттии шахсе дода шавад, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.

3. Агар шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ таъин карда шудааст, ба синни 16 солагӣ нарасида бошад ва ё аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шуда бошад, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ розигии хаттиро намояндаи қонунии ин шахс медиҳад.

4. Доираи шахсонеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шуда метавонанд, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Агар дар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазирии ба экспертизаи давлатии судӣ маҷбуран равона кардани шахс дастури мустақим набошад, муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад, ки нисбати ин шахс экспертизаи давлатии судиро ба таври маҷбурӣ гузаронад.

 

Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби дар беморхона ҷой додани шахс

 

1. Агар ҳангоми таъин ё гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ зарурияти хобонидани шахс дар беморхона ба миён ояд, шахс дар беморхонаи дахлдор дар асоси қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ҷой дода мешавад. Тартиби дар беморхона ҷой додани шахсро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Шахсоне, ки дар ҳабсанд, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ дар беморхонаҳое ҷой дода мешаванд, ки махсус барои нигоҳ доштани шахсони мазкур мувофиқ карда шудаанд.

3. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпи-зишкӣ шахс дар беморхонаи равонпизишкӣ танҳо дар асоси таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин қарори муфаттиш, мақоми таҳқиқ бо розигии прокурор ҷойгир карда мешавад. Беморхонаҳои равонпизишкӣ барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс мебошанд ё барои дар онҳо ҷойгир кардани  шахсони дар ҳабс набуда таъин карда мешавад.

4. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсро дар беморхона ба таври маҷбурӣ ҷойгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 24 соат дар ин бора ба яке аз аъзои оилаи шахси ҷойгиркардашуда, хешу табори ӯ ё бо дастури вай ба дигар шахсон ва дар сурати набудани шахсони мазкур, ба мақоми корҳои дохилии ҷои зисти шахси мазкур хабар диҳад.

 

Моддаи 34. Мӯҳлатҳои дар беморхона будани шахс

 

1. Шахс дар беморхона барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба мӯҳлати то 30 рӯз метавонад ҷойгир карда шавад.

2. Дар сурати зарурат бо дархости асосноки коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ мӯҳлати дар беморхона будани шахс бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин муфаттиш ва таҳқиқкунанда бо розигии прокурор дароз карда мешавад.

3. Дархости коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс бояд ба суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунандае, ки парванда дар истеҳсолоти ӯ мебошад, на дертар аз 10 шабонарӯз пеш аз тамом шудани мӯҳлати муқарраркардаи нигоҳдорӣ пешниҳод гардад.

4. Суд (судя), прокурор, муфаттиш ва таҳқиқкунанда дар мӯҳлати 3 шабонарӯз аз рӯзи гирифтани дархост қарори дахлдор қабул менамояд ва оид ба он коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судиро хабар медиҳад.

5. Дар сурати аз тарафи суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда рад кардани дароз намудани мӯҳлати дар беморхона будани шахс, вай аз он ҷо фавран озод карда мешавад.

6. Роҳбари беморхона дар бораи таъиноти суд (судя), қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда оид ба дароз кардани мӯҳлат ба шахсе, ки дар беморхонаи зикршуда мебошад, хабар медиҳад.

7. Дар мавридҳои истисноӣ бо худи ҳамон тартиб дарозкунии такрории мӯҳлати дар беморхона будани шахс мумкин аст. Зимнан мӯҳлати умумии дар беморхона будани шахс ҳангоми гузаронидани як экспертизаи давлатии судӣ аз 90 шабонарӯз зиёд шуда наметавонад.

8. Барои вайрон кардани мӯҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, шахс, ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони вай, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, инчунин роҳбари беморхона бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонанд.

 

Моддаи 35. Ҳифзи ҳуқуқ  ва  манфиатҳои  қонунии  шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи

                       давлатии судӣ гузаронида  мешавад

 

1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ манъ аст:

1) маҳдуд кардани ҳуқуқ, фиреб додан, ба кор бурдани зӯрӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ бо мақсади гирифтани маълумот аз шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад;

2) озмудани воситаҳои нави доруворӣ, тарзу усулҳои тадқиқот, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо, инчунин гузаронидани тадқиқоти таҷрибавии биотиббӣ ва ба сифати объект истифода кардани шахси воқеие, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.

2. Шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад ба коршиноси судӣ шарҳу эзоҳе диҳад, ки он ба мавзӯи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансуб мебошад.

3. Коршиноси судӣ дар хусуси маълумотҳои гирифтааш аз шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида шудааст ва ба мавзӯи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансубият надоранд, пурсиш карда намешавад.

4. Вохӯрии шахси дар беморхона ҷойдодашуда бо ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони ӯ, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, дар шароите ташкил карда мешавад, ки имконияти аз тарафи шахси сеюм гирифтани маълумотро истисно менамояд.

5. Ба шахси дар беморхона ҷойдодашуда бояд имконияти воқеии пешниҳод кардани арзу шикоятҳо ва дархостҳо дода шавад. Шикоятҳое, ки мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахси дар беморхона ҷойгиргардида пешниҳод шудаанд, набояд тафтиш шаванд ва дар давоми 24 соат ба шахсе, ки ба суроғаи ӯ навишта шудааст, фиристода шавад.

6. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, ҳуқуқ доранд ҷуброни хароҷоти бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқамандро дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

 

Моддаи 36. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ  нисбати шахсоне, ки дар ҳабс

                       ва дар беморхонаҳои  равонпизишкӣ нигоҳ дошта намешаванд

 

1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкии дорои бахши экспертизаи судӣ ва дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ гузаронида мешавад. Дар беморхонаҳои мазкур ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, мумкин нест.

2. Дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, гузаронидани экспертизаи давлатии судиро набояд душвор гардонад.

3. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар давраи гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ аз ҳуқуқҳои беморони беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нигоҳдории тандурустӣ муқаррар кардааст, истифода мекунанд.

4. Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё судии равонпизишкӣ зарурати мушоҳида ба хобонидани шахс пайдо шавад, суд, прокурор, инчунин муфаттиш, таҳқиқкунанда бо розигии прокурор шахсро дар муассисаи тиббии дахлдор ҷойгир мекунад ва оид ба ин дар қарори таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад.

5. Шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешавад, дар муассисаи муолиҷавию равонпизишкӣ бо розигии прокурор ё муовини ӯ, ё бо таъиноти суд ҷойгир карда мешавад.

6. Дар ҳолати аз тарафи шахси дар ҳабс нигоҳ доштанашаванда ва ба иллати вазнини рӯҳӣ гирифтор набуда содир кардани амалиётҳои ба ҳаёт ва саломатии атрофиён таҳдидкунанда ё кори беморхонаҳои равонпизишкиро ҷиддан вайронкунанда маъмурияти беморхона дар ин бора ба мақоми корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавӣ фавран хабар медиҳад, ки он бояд нисбати вайронкунанда чораҳое андешад, ки онҳо ба қатъ кардани амалиётҳои мазкур равона карда шуда бошанд.

 

Моддаи 37. Шароити гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ нисбати шахсоне, ки дар

                       беморхонаҳои равонпизишкӣ дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд

 

1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсони мазкур таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад.

2. Таъмини амният ва посбонии беморхонаҳои мазкурро мақо-моте ба амал мебароранд, ки ба зиммаи онҳо таъмини амният ва посбонии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан гузошта шудааст.

3. Ба шахсони дар ҳабс нигоҳ дошташаванда, ки дар беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда ҷойгир карда шудаанд, меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Зимнан меъёрҳое, ки ба кор бурдани чораҳои ҷазо ва ҷавобгарии моддии шахсони мазкурро пешбинӣ менамоянд, инчунин асосҳои истифода бурдани силоҳ нисбат ба шахсоне дахл надорад, ки онҳо дорои аломатҳои ошкорои иллати вазнини рӯҳӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)

4. Тартиби амалиёти ҳамкории шахсоне, ки амният ва посбонии беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишударо таъмин менамоянд, бо кормандони тиббии беморхонаҳои мазкур якҷоя аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)

 

Моддаи 38. Маҳдудият дар татбиқи тарзу усулҳои тадқиқот  ҳангоми   гузаронидани  

                        экспертизаи   давлатии  судии  шахси  воқеӣ

 

1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ ба кор бурдани тарзу усулҳои тадқиқот, ки бо расонидани ҳисси дарди сахт алоқаманданд, ё ба саломатии шахс таъсири манфӣ расонида метавонанд, тарзу усулҳои ҷарроҳӣ, инчунин тарзу усулҳои истифодаашон дар амалияи ҳифзи саломатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, мумкин нест.

2. Шахсе, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, бояд дар шакли барои ӯ дастрас дар бораи он тарзу усулҳои тадқиқот, ки нисбати ӯ ба кор бурда мешаванд, аз он ҷумла тарзу усулҳои алтернативӣ дар бораи эҳтимолияти дарднокӣ ва ҳолатҳои иловагӣ огоҳ карда шавад. Ахбори мазкур инчунин ба шахсе, ки ба намояндаи қонунии шахси таҳти экспертизаи давлатии судӣ қарордошта дархости дахлдорро изҳор кардааст, расонида мешавад.

3. Расонидани ёрии тиббӣ ба шахсе, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ аз онҳо намунаҳо гирифта мешаванд, ки онҳо барои гузаронидани экспертиза заруранд ва дар ин бора дар хулосаи коршиноси судӣ нишон дода мешавад. Намунаҳоро духтур ё дигар мутахассис дар ҳузури ду коркуни тиббии ҳамин муассисаи тиббӣ мегирад. Аз шахсоне, ки ба таври ихтиёрӣ барои экспертизаи давлатии судӣ равон карда шудаанд, маҷбуран гирифтани намунаҳо манъ аст.

 

Моддаи 39. Ҳозир   будани   иштирокчиёни   мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи

                      давлатии судии шахси воқеӣ

 

1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо ин гуна ҳуқуқро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст. Ҳозир будани дигар иштирокчиёни мурофиа бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад ё намояндаи қонунии ӯ роҳ дода мешавад.

2. Ҳангоми гузаронидани экспертиза, ки дар рафти он бараҳна кардани шахсе сурат мегирад, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо шахсони ҳамҷинс иштирок карда метавонанд. Маҳдудиятҳои мазкур ба духтурон ва дигар коркунони тиббие, ки дар гузаронидани экспертизаи номбаршуда иштирок мекунанд, дахл надорад.

 

 

БОБИ 6.

ТАЪМИНОТИ  МОЛИЯВӢ ВА МОДДИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

 

Моддаи 40. Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи  давлатии  судӣ

 

1. Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки музди гузаронидани экспертизаҳои судӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар корҳои бо онҳо алоқамандро пардохт менамоянд, сурат мегирад. Тартиби пардохти маблағро аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Пардохти музди экспертизаи давлатии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад, оид ба ин дар қарор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)

3. Маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)

 

Моддаи 41. Таъминоти моддии фаъолияти коршиноси судӣ

 

Пардохти музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти дигари моддии коршиноси судӣ мувофиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

 

БОБИ 7.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

 

Моддаи 42. Гузаронидани экспертизаи давлатии  судӣ бо хоҳиши   мақомоти салоҳиятноки

                       дигар давлатҳо

 

Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо хоҳиши мақомоти салоҳиятноки дигар давлатҳо қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд.

 

Моддаи 43. Ҷалб намудани мутахассисони дигар давлатҳо барои якҷоя гузаронидани

                         экспертизаҳои давлатии судӣ

 

Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад бо розигии шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин мекунад, ба ҳайати комиссияи экспертиза мутахассисони ихтисосманди дигар давлатҳоро дохил намояд. Ин гуна комиссияҳои муштарак экспертизаҳои давлатии судиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.

 

Моддаи 44. Ҳамкории байналмилалии илмӣ дар соҳаи фаъолияти   экспертизаи давлатии

                       судӣ

 

Муассисаҳои экспертизаи давлатии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ва криминалистии дигар давлатҳо робитаҳои байналмилалии илмӣ муқаррар намоянд, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои якҷояи илмӣ гузаронанд, бо таҷриба, иттилооти илмӣ ва нашрияҳои чопӣ мубодила намоянд ва дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ нашрияҳои муштарак  созмон диҳанд.

 

БОБИ 8.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 46.  Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 25 июли соли 2005

№ 102

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
100
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Душанбе, 25 Июл, 2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; Қонунҳои ҶТ аз 24.02.2017 с., №1385; аз 24.02.2017 с., №1386; аз 30.05.2017 с., №1440; аз 02.01.2019 с., № 1564; аз 04.04.2019 с., № 1588)

 

Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои  ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– коррупсиякирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- муқовимат ба коррупсия – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

– истифодаи мақом ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки  барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ  ва ҷиноӣ мегарданд;

- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ў қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

(сархати 6 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

- шахсони ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд баробаркардашуда – шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

вазифаҳои давлатӣ – вазифаҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, мансуб донистаанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

– хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҷиянҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

- бархӯрди манфиатҳо - ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки метавонад ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳангоми қабули қарор таъсир карда, боиси расондани зарар ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ё давлат гардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564);

  • манфиати давлатӣ - манфиатдории давлат ва ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564);

манфиати шахсӣ - ҳама гуна манфиати моддӣ ва гайримоддӣ, ки субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии худ ё шахсони сеюм дар натиҷаи содир намудани амал ё беамалӣ дар муносибат бо шахсони наздик, дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ мегиранд ё кӯшиши гирифтан мекунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564).

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

 

Моддаи 3.  Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амал мекунад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

2. Қонуни мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд, амал мекунад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

3. Ҳамин Қонун нисбати шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ё бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, амал мекунад.

4. Мамониатҳои дохил шудан ба хизмати давлатӣ, маҳдудиятҳо, ўҳдадориҳо, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо ин Қонун барои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор  пешбинишуда дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ба шахсоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.

5. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба манъи хизмати якҷояи хешовандони наздики дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, шашум, ҳафтум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои панҷум, шашум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 11, сархатҳои ҳафтум, дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинишуда нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои ба моликияти инфиродӣ ва оилавии шаҳрвандон таъсисгардида татбиқ намегарданд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

6. Нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои соҳаи кооператсияи матлубот, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо), корхонаҳои иҷоравӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, фондҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои ба моликияти дастаҷамъии ғайриоилавӣ асосёфта, ки дар онҳо роҳбари ташкилот молик, муассис ё сармоягузори асосӣ намебошад. Қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 10 татбиқ мегардад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

 

Моддаи 4 . Принсипҳои  асосии мубориза бар зидди коррупсия

 

Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати чоруми моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният, шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;

- эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои  вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

- аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;

- манъи вогузор намудани ваколатҳо оид ба танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

 

Моддаи 5. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия

 

1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори таҳлилӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта мешавад.

3. Иҷрои талаботи моддаҳои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбиқи ҷавобгарии интизомии дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраршударо роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

4. Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.

5. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1440)

 

Моддаи 51. Субъектҳои муқовимат ба коррупсия

 

1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

2. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектони муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.

3. Талабот, мамониат, маҳдудият ва ӯҳдадориҳои иловагӣ оид ба пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, нисбати шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, татбиқ карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)

 

Моддаи 52. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.

2. Ҳайат ва Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян ва тасдиқ карда мешавад.

(ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)

 

Моддаи 6. Кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд

 

1. Шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.

3. Дар ҳолати зарурӣ мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсии онҳоеро, ки ба муборизаи  зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.

4. Муқаррароти ин модда ба шахсоне, ки дидаю дониста хабари бардурўғ расонидаанд ва мутобиқи қонун барои он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 61. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

 

БОБИ 2.

ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ

 

Моддаи 7. Талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор

 

1. Бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ё нуфузи он ба манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва дигар манфиатҳои ғайрихизматӣ бо Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда, маҳдудият ва ўҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.

2. Таъин намудан ба (ишғоли) мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин ўҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.

3. Маҳдудият ва ўҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунҳо дар бораи интихобот ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564)

 

1. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда (минбаъд - эъломиякунанда) ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол ӯҳдадоранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба роҳбари мақоми давлатии ҷойи кор оид ба вазъи молумулкии худ эъломия пешниҳод намоянд.

2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи молумулкии худ мувофиқан ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шахр ё ноҳияи дахлдор эъломия пешниҳод намоянд.

3. Хадамоти кадрии мақоми давлатии ҷойи кор ӯҳдадор аст:

- эъломиякунандагонро бо варақаҳои эъломия оид ба вазъи

молумулкӣ таъмин намояд;                                  

- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба вазъи молумулкии эъломиякунандагонро пеш барад.

4. Аз ҷониби эъломиякунанда пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ бо мақсади пинҳон доштани маълумот оид ба вазъи молумулкии худ барои ба мансаб таъин (интихоб) накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.

5. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.

6. Шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда бо номгӯи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик карда мешаванд.

7. Эъломиякунонии даромадҳои шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564).

 

Моддаи 9. Мамониатҳо барои таъин (интихоб) намудан ба  мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда

 

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад:

- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1588);

- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1588);

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мавҷудияти онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазифаи мазкур ҳатмӣ мебошанд;

- бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишғол кардаанд;

- дар сурати шаҳрванди давлати хориҷӣ  ё шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар роҳ додани чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;

- дар дигар мавридҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.

2. Дар сурати риоя накардани мамониатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда қарори ба мансаб таъин (интихоб) шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё бо ташаббуси худи мақоми қарорро қабулкарда ё мақоми болоӣ бекор карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

3. Ҳангоми ба миён омадани мамониатҳои номбурда дар давоми иҷрои мансаби давлатӣ ё мансаби ба он баробар кардашуда бо пешниҳоди ҳамин мақомот дар мўҳлати на дертар аз се моҳ корманд ба мансаби дигари мувофиқ гузаронида мешавад.

4. Дар ҳолати мавҷуд набудани имконияти ба дигар мансаб гузаронидани корманд ё аз гузаштан ба мансаби дигар норозӣ будани ў ё ба миён омадани дигар мамониати хизмати давлатиро истиснокунанда корманд  аз мансаб озод карда мешавад.

 

Моддаи 10. Маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробар кардашуда

 

1. Ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда манъ аст:

- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машғул шавад;

- аз рўи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақоми давлатие, ки дар он ҷо хизмат мекунад ё бевосита тобеъ ё бевосита таҳти назорати он мақом қарор дорад, вакили шахсони сеюм бошад;

- шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- воситаҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, дигар захираҳои давлатӣ ё коллективӣ ва ахбороти хизматиро ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;

- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳояш, аз ҷумла барои хизмате, ки ҳангоми иҷрои ваколаташ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш) анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, мукофот (қарз, мукофоти пулӣ ва мукофоти дигар, хизматрасонӣ, пардохти вақтхушӣ, истироҳат, хароҷоти нақлиёт) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тӯҳфа диҳад ё хизмат расонад. Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва хориҷии муолиҷавӣ - табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар сафарҳо равад, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандони наздик ва аз ҳисоби онҳо ва сафарҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҳисоби мақомоти давлатии дахлдор ё ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегиранд;

- супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба хизмати мақомоти давлатӣ дахл доранд, ба ҷо оварад ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;

- бар хилофи манфиати кор бюрократизм, идорабозӣ  ва маҳалгароӣ зоҳир намояд, нисбати ягон ташкилот, мақомот, иттиҳодияҳои шаҳрвандон ё шахси мушаххас бадхоҳ ё хайрхоҳ бошад;

- барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатӣ баёнкарда, ки таҳияи онҳо ба ўҳдадории хизматиаш дохил мешавад, ҳақи қалам гирад.

2. Иҷро накардани маҳдудиятҳои номбурда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс мутобиқи боби 3 ҳамин Қонун асос мегардад.

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОНҲО

 

Моддаи 11. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд ва ҷавобгарӣ барои онҳо

 

1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда ҳуқуқвайронкунии барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда ҳисобида  мешаванд:

- истифодаи мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандони наздик ё шахсони сеюм дахл доранд;

- монеъ шудан ё ғайриқонунӣ дахолат кардан ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар ҳудуди муайян, ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- иштирок ба сифати намояндаи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи корҳои мақоме, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё зердасти вай мебошанд ё фаъолияти онҳоро назорат мекунад, аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ё парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари характери молумулкӣ дошта бо шахсони мансабдори болоӣ ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳати корӣ ё хизматӣ ба онҳо тобеъ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, иштирок дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- узвият дар мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи онҳо, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- пешбарӣ ва (ё) таъин намудан ба мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун дар мавриди хизмати якҷояи хешовандони наздик, дидаву дониста, ғайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;

- пешниҳоди бартариятҳои бо қонун пешбининагардида (протексионизм) зимни таъин ва (ё) пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;

- вайрон кардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ба назар нагирифтани бартарият, имтиёзҳо ва навбати бо қонунгузорӣ ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ё аз ҳолатҳои мушаххас бармеомада дар мавриди ҳалли онҳо;

- ғайриқонунӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани дигар монеаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дар мавриди амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мансабӣ аз рӯи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул намудани қарорҳо ва дигар санадҳои ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла оиди ба кор қабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- пешниҳод намудани (гузашт кардани) ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машғуланд.

2. Аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда содир намудани яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, агар он таркиби ҷиноятро надошта бошад, боиси ҷазои интизомӣ дар шакли сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ ё озод намудан аз мансаб мегардад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

3. Содир кардани ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии дар боло зикргардида ё такроран дар давоми сол баъди татбиқи ҷазои интизомӣ содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ асос барои озод намудан аз мансаб мегардад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

 

Моддаи 12. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия  алоқаманд

 

1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, агар дар онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд:

- барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли пул, хизматрасонӣ ва дигар шаклҳо гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд;

- қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда аз шахсони аз рўи вазифа тобеъ (ба истиснои армуғонҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тўҳфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болоӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- истифодаи бартариятҳои бо қонун пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва қарзи бонкӣ ва дигар ташкилотҳо, харидани коғазҳои қиматнок, молу мулки ғайриманқул, дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои дигар ўҳдадориҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- додани бартарият ва имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият маблағгузоришаванда, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо ва баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ўҳдадориҳои молиявию моддӣ;

- бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани захираҳои молиявӣ ва моддии ба фондҳои давлатӣ, субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдоштае, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад;

- бо мақсадҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои адои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, агар он бо қонунҳо пешбинӣ нагардида бошад, ба манфиатҳои давлат зарар расонад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- таъсис додан (ташкил кардан) ё аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба муассис (буҷети давлатӣ, ташкилотҳои мазкур) ҳисса ҷудо намекунанд;

- восита ва захираҳои молиявию моддии давлатиро ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидан;

- беасос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва дигар санадҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- ба манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омада, паҳнкунии он манъ карда шудааст;

- ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин (интихоб) ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои  хоҷагидори ғайридавлатӣ, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- ғайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан, вайрон кардани тартиби нархгузорӣ ва ба фурўш баровардани молу мулк, гузаронидани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурўхтани амволи давлатӣ, беасос вайрон намудани молу мулки ғайриманқули давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- ғайриқонунӣ ё бо шартҳои ба манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо ошкоро номувофиқ ба истифода, киро ё иҷора додани воситаҳои асосӣ, замин ва дигар сарватҳои моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ рад намудани додан ё кашида гирифтани онҳо;

- пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба вазнинии кирдор номувофиқ, инчунин надидани чораҳои барқароркунии зарари бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ расонидашуда;

- тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва шартномаҳо эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавӣ оид ба хариду фурўш, ҳадя кардан, иваз намудан, гарав, молтаъминкунӣ, киро, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар аҳдҳо оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои амвол (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳодкунии онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад, ё рад кардани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, кашол додани пешниҳодкунии маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос кашида гирифтан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи ҳуқуқ;

- ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моилкунии онҳо ба кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) дахлдор ба манфиати шахси пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматҳо. Шахсоне, ки неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, тўҳфа ва хизматрасониро ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда дар натиҷаи  тамаъҷўии онҳо пешниҳод намуда, дар ин бора ихтиёрӣ ба мақомоти мубориза бар зидди коррупсия  хабар додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мавҷуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;

- ба мақомоти барои баррасӣ ва қабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд аст, сарфи назар аз натиҷаҳои он; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

- иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи ин барномаҳо(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)

- саркашии бадқасдонаи шахси ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ваколатдор ё роҳбари ташкилот аз барасмиятдарории амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, ки қонун пешбинӣ кардааст, ё ба асноду ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибавӣ ва оморӣ даровардани маълумотҳои таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ.

2. Содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи зикршуда аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда, агар дар кирдорҳои онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои кашидан ба ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)

3. Содиркунии ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё дар давоми сол, баъди додани ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ, барои дар асоси даъвои прокурор бо қарори суд барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ асос мегардад.

4. Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд онҳоро аз ҷавобгарии интизомӣ озод намекунад.

 

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ

 

1. Ҷавобгарии бо Қонуни мазкур муқарраршуда барои қабули қарори хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул шудааст, дар сурате, ки он бевосита ба манфиати роҳбари ин мақом ё хешовандони наздики ў ё ба манфиати шахсони сеюм равона шуда, роҳбари мақоми мазкур ба қабули ин қарор фаъолона мусоидат намуда бошад, ё ба қабули он фаъолона мамониат накарда бошад, пурра ба ўҳдаи роҳбари ин мақом гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

2. Дар ташкилотҳое, ки роҳбарии мақоми дастаҷамъӣ аз тариқи ҷамъиятӣ, роҳбарии маъмурӣ аз ҷониби мақоми иҷроия пеш бурда мешавад, ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби мақоми коллегиалӣ, дар ҳолати ҷой доштани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба ўҳдаи роҳбари мақоми иҷроия гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

 

Моддаи 14. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии онҳо

 

1. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, кирдорҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидае ҳисоб мешаванд, ки аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудаанд ё ба ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар ба онҳо вобастаанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

2. Ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии омории онҳо бо дастурамале, ки аз тарафи мақомоти ҳамоҳангсоз таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4.

БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД

 

Моддаи 15. Ситонидани молу мулкиғайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматрасонии ғайриқонунӣ

 

Молу мулки ва арзиши хизматрасоние, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ба даст оварда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)

 

Моддаи 16. Беэътибор донистани санадҳои ба коррупсия алоқаманд

 

Санадҳое, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд қабул гардидаанд, аз тарафи мақомоти ба қабули он ваколатдор ё мақомоти болоӣ бо ташаббуси худ ё бо эътирози прокурор ё аз тарафи суд бо даъвои прокурор ё шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешаванд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999,  №12, моддаи 314) аз эътибор соқит дониста шавад.

 
Моддаи 18. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 25 июли соли 2005

№ 100

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
89
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 1 Март, 2005

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 129)

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2004, № 1277 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қисми 3), соли 2004, моддаи 712) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 603 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 79) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

         Қонуни мазкур муносибатҳои оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим медарорад, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ  УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

         Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

         - гендер, гендерӣ –муносибатҳои иҷтимоии байни мардону занон, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, идеология, фарҳанг зоҳир мегардад;

         - сиёсати гендерӣ – фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст;

         - баробарҳуқуқӣ  - ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари  мардон ва занон дар назди қонун;

         - баробарии гендерӣ – баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, ки ба ҳарду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад;

         - имконияти баробар – таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;

         - поймолкунии ҳуқуқ (дискриминатсия) – ҳар гуна тафовут, истисно ё маҳдудгардонӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ, ки ба паст кардан ё эътироф накардани ҳуқуқу озодиҳои мардону занон дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо равона карда шудааст.

 

         Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

         Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

         Моддаи 3. Манъи поймолкунии ҳуқуқ

         Поймол кардани ҳуқуқи мардону занон манъ аст.

         Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), поймолкунии ҳуқуқ  шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур бартараф карда шавад.

         Чораҳои зерин поймолкунии ҳуқуқ намебошанд;

         - чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;

         - муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак;

         - чораҳои амалӣ гардонидани нуқтаҳои Қонуни мазкур.

 

         Моддаи 4. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ)

         Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:

         - омӯзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд;

         - барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;

         - барномаҳои махсуси рафъи поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯи ҷинс таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ намоянд;

         - ба барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани пойдории ҷомеа ва нақшаҳои минтақавии амалиёт оид ба инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дар баробари дигар чораҳо, инчунин чораҳои таъмини баробарии гендериро ҳамроҳ кунанд.

         Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ

         Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

 

         Моддаи 6. Кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм

         Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:

         - ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;

         - курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;

         - барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби поймолкунии ҳуқуқро аз рӯи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд;

         - барои духтарони ноҳияҳои кӯҳистон, деҳот ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд.

         Амали ин модда ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.

 

         Моддаи 7. Баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ

         Ҳангоми қабул ба кор, болоравӣ дар хизмат, таълими касбӣ, муқаррар намудани низоми меҳнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва кафолатҳои мардону занон ва вазъияти оилавӣ бояд ба назар гирифта шавад.

         Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл, адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват, иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.

 

БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ҲАНГОМИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТ

 

         Моддаи 8. Таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот

         Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.

 

         Моддаи 9. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми ташкили комиссияҳои интихобот

         Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ

МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 10. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат

Ҳангоми қабул ба  хизмати давлатӣ, инчунин адои  он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.

Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.

Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.

Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон  дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ

Озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд.

Ба зиммаи хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ вазифаи ба комиссияҳои озмунҳо ба ғайр аз ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниҳод намудани дигар маълумоте, ки қонун талаб мекунад, инчунин далелҳо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифаҳои дахлдори мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.

Чунин маълумот аз ҷониби ҳадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои аттестатсияи  хизматчиёни давлатӣ, болоравӣ дар хизмат, зиёд кардани маош пешниҳод карда мешаванд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР БАРОИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӢ - ИҚТИСОДӢ

         Моддаи 12. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.

 

Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) корҳои зайлро ба ҷо меоварад:

- барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамояд;

- ба мардону занон ҷойҳои (вазифаҳои) холии корро баробар дастрас мегардонад;

- барои мардону занон  ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнати (мукофоти) баробар медиҳад;

- барои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;

- шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.

 

 Моддаи 14. Исботи қасдан поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинсият

Дар сурати баррасии баҳси  меҳнатӣ бинобар поймолкунии эҳтимолии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс дар суд ё мақоми дигар тибқи даъвои корманд ё иттифоқи касаба ва иттиҳодияи дигари ҷамъиятӣ, ки манфиати кормандро ҳимоя мекунад, гаронии исботи набудани қасди поймолкунии ҳуқуқ ба зиммаи корфармо меафтад.

 

Моддаи 15. Кафолати баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон

Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рӯи ҷинсҳо риоя карда шавад.

Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ворид кардани чораҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон

Ҳангоми танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ тавассути шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба онҳо ворид кардани нуктаҳое ҳатмист, ки баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон, беҳтар намудани шароитро барои мутобиқ гардондани ӯҳдадориҳои касбӣ ва оилавии онҳо таъмин намояд.

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд рафти иҷрои ин шартномаю созишномаҳоро назорат намоянд.

 

Моддаи 17. Мушоҳидаҳои назоратӣ  (мониторинг) оид ба риояи  баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили системаноки вазъи таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ -иқтисодӣ, пешгӯии  тағйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои таҳияи чораҳои пешгирӣ ва рафъи далелҳои поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс, инчунин барои тайёр намудани таклифҳо оид ба ташкили барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ин соҳа мушоҳидаи (мониторинги) доимӣ ташкил менамояд.

Натиҷаи мушоҳидаҳои назоратӣ дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.

 

БОБИ 5. МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

 

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии  мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар доираи салоҳияти худ:

- мақомоти ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати ноил шудан ба баробарии иҷтимоии мардону занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;

- барномаҳои мақсадноки (соҳавии) ҷумҳуриявиро дар бобати таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бобати ҳимоя ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, масъалаҳои интихоб кардан ва ба мансабҳои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрҳои роҳбарикунандаро, аз ҷумлаи занону духтарон ба роҳ мемонад ва назорат мекунад.

 

Моддаи 19. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ риояи Қонуни мазкурро мушоҳида менамояд ва ҳисоботи ҳарсоларо оид ба риояи Қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.

Моддаи 20. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон  ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бо мақсади амалигардонии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ иштирок намоянд;

- дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ аз номи мардону занон намояндагӣ ва ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд.

 

Моддаи 21. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба баробарҳуқуқии мардону занон  ва имкониятҳои баробари   амалигардонии  онҳо

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо равона гардидаанд, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

 

            ш. Душанбе  1 марти соли 2005

            № 89                                             _____________________

 

 

Pages