ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Нигористон

-A A +A

МИЗИ МУДАВВАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ»

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Ҷум, 21/05/2021 - 14:08
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, 25 майи соли 2021 Мизи мудаввари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» баргузор намояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ТАЗИМИ ҲУҚУҚИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРД, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Чшб, 19/05/2021 - 14:15

19 майи соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, аз қабилӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идор

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Сшб, 18/05/2021 - 16:15
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
    18 майи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Чшб, 12/05/2021 - 10:58

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Ҷум, 07/05/2021 - 17:05

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИ 77-УМИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БАРОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ ОИД БА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Дшб, 26/04/2021 - 16:33
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАШРИ КИТОБИ ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Пшб, 22/04/2021 - 15:55
   Соҳибзода М.М. Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон: китоби дарсӣ: нашри аввал // Зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: ЭР-граф, 2021. – 589 с.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.3 (7 овоз)

МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Пшб, 22/04/2021 - 14:13
21 апрели соли 2021 Маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома шаш масъалаи дохилииҳизбӣ дар он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРОИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ИННОВАТСИЯИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Дшб, 19/04/2021 - 15:51

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Шнб, 10/04/2021 - 11:00
Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди шаҳри бостонии
Исфара ва деҳоти Ворух!

Сафари навбатии мо ба шаҳри Исфара ва мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ ва соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне 30 – солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Шнб, 10/04/2021 - 10:26
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ-парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ИШТИРОК ДАР НУҲУМИН КОНФРОНСИ ВАЗИРОНИ “ҚАЛБИ ОСИЁ - РАВАНДИ ИСТАМБУЛ”

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Чшб, 31/03/2021 - 14:53

30 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ҲУНАРМАНДӢ»

Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович... Санаи интишор: Чшб, 31/03/2021 - 11:49

30 марти соли 2021 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои ҳунармандӣ» баргузор гардид, ки дар кори он як зумра олимон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАВРӮЗ МУБОРАК!

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 19/03/2021 - 11:01

   Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати иди баҳор – ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният мегӯянд!

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГИИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ (КБСС) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 18/03/2021 - 16:24

   17 марти соли 2021 вохӯрии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло Ҳабибулло бо намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ байни Маркази миллии қонунгузорӣ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Нигористон