ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА
Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузорӣ, интишори тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи ҳуқуқӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар як сол чор маротиба нашр мегардад.
Маҷаллаи «Қонунгузорӣ» 31 майи соли 2018 ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Маҷалла инчунин дар Базаи маълумотҳои таҳлилии – Шохиси илмии тақризшавандаи Россия шомил аст.
Олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ метавонанд, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва таҳлилии худро доир ба ихтисосҳои зерини соҳаи ҳуқуқ барои нашр ба маҷалла бо риояи талаботи нашр пешниҳод намоянд:
12.00.01 – НАЗАРИЯ ВА ТАЪРИХИ ҲУҚУҚ ВА ДАВЛАТ; ТАЪРИХИ ТАЪЛИМОТ ОИД БА ҲУҚУҚ ВА ДАВЛАТ
12.00.02 – ҲУҚУҚИ КОНСТИТУТСИОНӢ, МУРОФИАИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНӢ; ҲУҚУҚИ МУНИСИПАЛӢ (НИЗОМИ НАМОЯНДАГӢ)
12.00.03 – ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ; ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРӢ; ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ; ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУСУСӢ
12.00.04 – ҲУҚУҚИ МОЛИЯ; ҲУҚУҚИ АНДОЗ; ҲУҚУҚИ БУҶЕТӢ
12.00.05 – ҲУҚУҚИ МЕҲНАТӢ; ҲУҚУҚИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ
12.00.06 – ҲУҚУҚИ ЗАМИН; ҲУҚУҚИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ; ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГӢ; ҲУҚУҚИ КИШОВАРЗӢ
12.00.07 – ҲУҚУҚИ КОРПОРАТИВӢ; ҲУҚУҚИ ЭНЕРГЕТИКӢ
12.00.08 – ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ ВА КРИМИНОЛОГИЯ; ҲУҚУҚИ ИҶРОИ ҶАЗО
12.00.09 – МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
12.00.10 – ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ; ҲУҚУҚИ АВРУПО
12.00.11 – ФАЪОЛИЯТИ СУДӢ; ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРОРӢ; ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚҲИМОЯВӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
12.00.12 – КРИМИНАЛИСТИКА; ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ СУДӢ; ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ
12.00.13 – ҲУҚУҚИ ИТТИЛООТ
12.00.14 – ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ; МУРОФИАИ МАЪМУРӢ
12.00.15 – МУРОФИАИ ГРАЖДАНӢ; МУРОФИАИ ИҚТИСОДӢ
19.00.06 – РАВОНШИНОСИИ ҲУҚУҚӢ
Арзиши чопи як мақола 100 сомониро ташкил медиҳад.
Шумораи маҳдуди маҷалла ба фурӯши чакана бароварда мешавад.
Роҳи дастрас намудани маҷалла обуна мебошад. Обуна ба маҷаллаи «Қонунгузорӣ» тавассути шуъбаҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Индекси обуна: 77710.
Нархи солонаи обуна - 200 сомонӣ.
Реквизитҳои бонкӣ:
Ташкилоти дастраскунанда: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонк: Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Суратҳисоб: 20204972712010100002
С/муросилотӣ: 22402972000002
БИК: 350101800
РМА: 010082702
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13.
Телефон: 227-47-71; 227-45-53; 227-08-07
Суроғаи электронӣ: info@mmk.tj