ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1299
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2016

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 3, мод. 152)

 

(ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1547)

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 феврали соли 2016, № 357

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 196

ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сармоягузорӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон муайян менамояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1547).

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

- сармоягузорӣ - аз ҷониби сармоягузор дар шакли дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ гузоштани сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани фоида;

- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамояд;

- фаъолияти сармоягузорӣ - раванди сармоягузорӣ, ки марҳилаҳои таҳия, иҷро ва идоракунии лоиҳаҳои вобаста ба сармоягузориро дар бар мегирад;

- сармоягузории дарозмуҳлат - гузоштани сармоя ба лоиҳаи сармоягузорӣ бо давомнокии зиёда аз даҳ сол;

- сармоягузори хориҷӣ - давлати хориҷӣ, шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, шаҳрванди хориҷӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвари будубоши худ сармоягузорӣ менамояд;

- сармоягузори ватанӣ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, сармоягузориро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- сармоягузори ақаллият - сармоягузоре, ки сармоягузориро дар ҳаҷми камтар аз даҳ фоизи саҳмияҳои овоздор амалӣ менамояд (камтар аз даҳ фоизи овозҳо аз шумораи умумии овоздиҳии иштирокчиён);

- сармоягузориҳои мустақим - аз тарафи сармоягузор соҳибӣ, харидорӣ намудани на камтар аз даҳ фоизи ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилоти тиҷоратӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ё аз нав таъсис дода мешавад, инчунин сармоягузорӣ ба воситаҳои асосии филиали шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбанда (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- сармоягузории такрорӣ - сармоягузориҳо ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромад ё фоидаи сармоягузороне, ки аз сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст;

- баҳси сармоягузорӣ - баҳсе, ки аз уҳдадориҳои шартномавӣ байни сармоягузорон, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) иштирокчиёни дигари фаъолияти сармоягузорӣ, ки вобаста ба фаъолияти сармоягузор ба вуҷуд меояд;

- лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими тиҷоратӣ, ки ҷалби сармоягузориро барои рушди соҳаи муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи сармоягузорӣ татбиқ менамояд;

- грантҳои аслии давлатӣ - молу мулке, ки ба сармоягузор барои истифодаи муваққатӣ ва ройгон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дода мешавад;

- имтиёзҳои сармоягузорӣ - афзалиятҳои хусусияти мақсаднокдошта, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд;

- равзанаи ягона барои сармоягузорон - шакли марказонидашудаи мусоидат ба сармоягузорон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, ки кам намудани иштироки сармоягузоронро дар ҷамъоварӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо ва маҳдуд кардани алоқаи мустақими онҳоро бо мақомоти давлатӣ пешбинӣ менамояд;

- экспроприатсия - азхудкунии маҷбурии муздноки молу мулк аз ҷониби давлат ба манфиати ҷомеа;

- экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим) - тадбирҳои танзимкунандаи давлат, ки мақсади ба таври мустақим маҳрум намудани шахсро аз молу мулк надоранд, вале сармоягузориҳои он арзиши молиявӣ ва самаранокии худро гум мекунанд;

- милликунонӣ - ба моликияти давлат даровардани молу мулк бо пардохти арзиши онҳо ва ҷуброни зараре, ки вобаста ба милликунонӣ ба соҳибмулк расидааст;

- реквизитсия - дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, бемориҳои сироятӣ (эпидемия), талафоти ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои фавқулода тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба манфиати ҷомеа маҷбуран гирифтани молу мулк бо пардохти арзиши он ба молик.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 3. Намудҳои дороиҳо, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ гузошта мешаванд

1. Сармоягузор метавонад ба фаъолияти сармоягузорӣ молу мулк ва ҳуқуқ ба онҳоро, ки ба у ҳамчун моликият ва дигар асоси ҳуқуқӣ мансуб мебошад, гузорад, аз ҷумла:

- молу мулки ғайриманқул;

- воситаҳои пулӣ;

- саҳмияҳо, ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) ва дигар шаклҳои иштирок дар шахси ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- ҳуқуқҳои молумулкӣ;

- моликияти зеҳнӣ ва дигар намудҳои ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;

- дигар объектҳои ҳуқуқҳои граждание, ки дар муомилот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда нашудаанд.

Моддаи 4. Шаклҳои амалӣ намудани сармоягузориҳои хориҷӣ

Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқ доранд сармоягузориро дар шаклҳои зерин амалӣ намоянд:

- ташкили корхонаҳо, ки пурра ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқ доранд, инчунин филиалҳо ва намояндагиҳо, ки ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мансубият доранд ё ба воситаи ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба корхонаҳои мавҷуда (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- таъсиси шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба даст овардани ҳисса дар корхонаҳои мавҷуда;

- ба даст овардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мустақилона ё бо иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани ҳуқуқи консессияҳо барои истифодаи объектҳои моликияти давлатӣ ва захираҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба даст овардани дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ;

- дар дигар шаклҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 5. Маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани сармоягузориҳо

1. Сармоягузорон ҳуқуқ доранд сармоягузориро ба объект ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ба истиснои намудҳои фаъолият, ки барои фаъолияти сармоягузорӣ бинобар зарурати таъмини манфиатҳои миллӣ маҳдуд ва ё манъ карда шудаанд, амалӣ намоянд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Сармоягузорӣ ба молу мулки шахсони ҳуқуқие, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва вазифаҳои он

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- ба сармоягузорон дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои мақомоти давлатии дахлдор ва шахсони ҳуқуқӣ мусоидат менамояд;

- муроҷиати сармоягузорон оид ба масъалаҳои дар ҷараёни фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуҷудомадаро баррасӣ намуда, робитаи байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва сармоягузоронро таъмин менамояд;

- иттилоотро дар хусуси имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва интишор менамояд;

- оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳодҳо таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- ба сармоягузорон дар ҳалли масъалаҳо ва баҳсҳои бамиёномада, аз ҷумла бо тартиби то судӣ мусоидат менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузориро ба имзо мерасонад;

- вазифаҳои дигареро, ки ба ҷалби сармояи мустақим, пешбурди сармоягузорӣ, дастгирӣ ва ҳимояи сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд.

БОБИ 2 . НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ САРМОЯГУЗОРӢ

Моддаи 7. Кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор

Давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии ҳуқуқи сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ намедиҳад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 8. Кафолати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор

1. Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва устувории қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузориро кафолат медиҳад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Сармоягузор ба ҷуброни зарари мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул намудани санадҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф, инчунин амалҳои ғайриқонунии (беамалии) шахсони мансабдори онҳо расонидашуда, ҳуқуқ дорад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳоро, ки байни сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, қафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо дар шартнома бо созиши тарафҳо ворид карда шудаанд.

4. Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки боиси бадшавии шартҳои амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмуҳлат мекунанд, дар давоми даҳ сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани ин қонунҳо барои интихоби шароити ба онҳо мусоид ҳуқуқ доранд.

5. Бадшавии шароити сармоягузорӣ ин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамоянд:

- афзоиши - гаронии андоз нисбат ба гаронии андоз аз рӯзи оғози маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;

- ҷорӣ намудани маҳдудияти миқдорӣ ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва дигар талаботи иловагӣ вобаста ба андозаи сармоя, муқаррар намудани дигар ҳолатҳои маҳдудкунӣ ё манъкунӣ;

- ҷорӣ намудани маҳдудият нисбат ба ҳиссаи саҳми сармоягузори хориҷӣ дар сармояҳои оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

6. Низоми мазкур нисбат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои амнияти миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маънавиёт ва ахлоқ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 9. Кафолатҳо ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорон

1. Дар баробари кафолатҳо ва тадбирҳои умумии ҳимояи сармоягузорон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузориро пешбинӣ намояд.

2. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорӣ метавонанд ҳангоми амалисозии сармоягузорӣ, ки ҳаҷми умумии онҳо на камтар аз маблағи ҳамарзиши панҷ миллион доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо пулли миллиро ташкил медиҳад, пешниҳод шаванд.

3. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузории дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба сармоягузорон дар доираи созишнома ва шартномаҳои дахлдор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ", "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ", "Дар бораи консессияҳо" ва "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 10. Кафолати ҳуқуқи истифодаи даромадҳо

1. Сармоягузорон ҳуқуқ доранд:

- дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушоянд;

- бо салоҳдиди худ даромади аз фаъолият бадастовардаро баъди супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ истифода намоянд.

2. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади онҳо бо асъори хориҷӣ, ки бо роҳи қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ ба даст омадаанд, кафолат дода мешавад.

Моддаи 11. Муомилоти асъорӣ

1. Сармоягузорон дар доираи фаъолияти сармоягузорӣ ҳуқуқи мубодилаи озоди пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори дигари озодона мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хориҷӣ ва дигар амалиёти асъориро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" доранд.

2. Маҳдудиятҳо оид ба интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ барои сармоягузорон метавонанд танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада ҷорӣ карда шаванд.

Моддаи 12. Кафолати иштироки сармоягузор дар хусусигардонии моликияти давлатӣ

1. Сармоягузор метавонад дар хусусигардонии объекти моликияти давлатӣ тавассути ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатӣ ё ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти хусусигардондашаванда иштирок намояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Тартиб ва шартҳои хусусигардонии моликияти давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" муайян менамояд.

Моддаи 13. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ нисбат ба сармоягузорои ва дастрасӣ ба иттилооти марбут ба татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ

1. Давлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои сармоягузорон дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр, инчунин дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷойгир карда мешаванд.

3. Иттилооти дигари марбут ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи кафолат, афзалиятҳо ва имтиёзҳои сармоягузорӣ, грантҳои аслии давлатӣ, равзанаи ягона барои сармоягузорон, имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, ҳисобот оид ба амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ, созишномаҳои сармоягузории имзошуда дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ иштирок мекунанд, ҷойгир карда мешаванд.

4. Сармоягузорон, аз ҷумла сармоягузорони ақаллият, бо дастрасии озоди ройгон ба маълумот дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳо ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда инчунин ба дигар маълумоти пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ алоқаманданд ва дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошанд, таъмин карда мешаванд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 14. Кафолати ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми экспроприатсия ва реквизитсия

1. Молу мулки сармоягузор миллӣ гардонида намешавад.

2. Экспроприатсия, аз ҷумла экспроприатсияи бавоситаи (ғайримустақим) сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули чораҳои баробар ба экспроприатсияи сармоя манъ аст, ба истиснои экспроприатсия ба манфиати давлат ё ҷомеа, дар асоси поймол нагаштани ҳуқуқ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пардохти саривақтӣ, муносиб ва самарабахши ҷуброн.

3. Сармоягузорӣ ва дигар дороиҳои сармоягузорон, ба ғайр аз ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ (эпидемия), талафоти ҳайвонот (эпизоотия), таҳти реквизитсия қарор намегиранд.

4. Қарор дар бораи реквизитсия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

5. Экспроприатсия, экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим) ва реквизитсияи молу мулки сармоягузор, бо пардохти арзиши молу мулк анҷом дода мешавад.

6. Арзиши молу мулк аз рӯзи қабули қарор дар бораи экспроприатсия ё реквизитсия дар асоси нархҳои ҷории бозорӣ ё ба усули дигари нархгузорӣ аз тарафи нархгузорони мустақил бо асъоре, ки сармоягузорӣ шудааст, ё дигар асъори қобили қабули сармоягузор муайян карда мешавад.

7. Аз лаҳзаи пайдоиши ҳуқуқ ба ҷуброн ва то лаҳзаи пардохти он ба маблағи ҷубронпулӣ дар ҳаҷми меъёри миёнаи солонаи тиҷоратӣ дар рӯзи пардохти ҷубронпулӣ фоизҳо бо асъоре, ки бо он сармоягузорӣ анҷом дода шудааст ва ё бо ягон асъори дигари ба сармоягузор қобили қабул ҳисоб карда мешаванд.

8. Шахсе, ки молу мулкаш реквизитсия карда шудааст, ҳуқуқ дорад пас аз қатъ гардидани амали ҳолатҳое, ки боиси реквизитсия гардидаанд, баргардонидани молу мулки нигоҳдошташударо талаб намояд ва дар сурати барнагардонидани он ба суд муроҷиат намояд.

9. Сармоягузор метавонад қонунӣ будани мақсади истифодаи экспроприатсия ва реквизитсия, арзёбии арзиши молу мулки экспроприатсия ва ё реквизитсиягардида ва расмиётеро, ки мақомоти давлатӣ ҳангоми татбиқи экспроприатсия ва реквизитсия риоя намудаанд, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди байналмилалии арбитражӣ ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ мавриди баҳс қарор диҳад.

Моддаи 15. Додани ҳуқуқи сармоягузор ба шахси дигар

1. Сармоягузор метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои (гузаронидани қарз) худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси дигар диҳад (гузашт кунад). Додани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ё фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунад, баъди мувофиқа бо мақоме, ки барои амалӣ кардани ин намуди фаъолият иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ додааст, анҷом дода мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Додани ҳисса дар молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд, инчунин бо розигии мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи давлати хориҷӣ, мақоми ваколатдори он ё агентии суғуртаро аз рӯи шартномаи суғуртавӣ вобаста ба сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд, ки сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориҳоро воқеан амалӣ карда ва (ё) уҳдадориҳои шартномавиро дар ҳаҷми пурра ба иҷро расонида бошад.

Моддаи 16. Кафолати ҳуқуқи сармоягузор барои ба хориҷ баровардани молу мулк ва иттилоот

Сармоягузоре, ки дар ибтидо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулк ва иттилоотро дар шакли ҳуҷҷат ё дар шакли сабтҳои электронӣ ба сифати сармоягузорӣ ворид кардааст, ҳуқуқ дорад бе мамоният (бе гирифтани иҷозатнома, квотакунонӣ ва истифодаи тадбирҳои дигари танзими ғайритарифии фаъолияти савдои хориҷӣ) молу мулк ва иттилооти мазкурро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ баъди анҷоми муҳлати сармоягузорӣ мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барорад.

Моддаи 17. Ҳуқуқи сармоягузор барои истифодаи захираҳои табиӣ

1. Ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва захираҳои дигари табиӣ аз тарафи сармоягузор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

2. Ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба бино ва иншоот, якҷоя бо ин объектҳо ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин низ мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузор мегузарад.

Моддаи 18. Кафолатҳо барои сармоягузоре, ки сармоягузории такрориро анҷом медиҳад

1. Сармоягузор метавонад бо салоҳдиди худ фоидаи пас аз пардохти андозҳо бадастомадаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран сармоягузорӣ намояд.

2. Ҳангоми амалӣ кардани сармоягузории такрорӣ сармоягузор ба пуррагӣ аз ҳимояи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода менамояд.

Моддаи 19. Шартномаҳои консессионӣ

Ҳуқуқ ба сармоягузорон нисбати объектҳои консессионӣ дар асоси шартномаҳои консессионие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" баста шудаанд, дода мешавад.

Моддаи 20. Сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Барои амалӣ намудани сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ татбиқ карда мешаванд.

БОБИ 3. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОР ВА САРМОЯГУЗОРӢ

Моддаи 21. Имтиёзҳои сармоягузорӣ

Имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо ба сармоягузорон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 22. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ

(Қонуни ҶТ 3.08.2018 № 1547)

1. Давлат дастгирии иттилоотӣ, молиявӣ ва молумулкӣ, аз ҷумла пешниҳоди грантҳои аслии давлатиро ба сармоягузорон, субъектҳои дигари фаъолияти сармоягузорӣ, ташкилотҳое, ки суғуртаи қарзҳо ва сармоягузориро аз хавф анҷом медиҳанд, амалӣ менамояд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои дигар метавонад тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба сармоягузорон грантҳои аслии давлатиро пешниҳод намояд.

3. Андозаи грантҳои аслии давлатӣ, шартҳои истифода ва ба моликият додани он, инчунин баргардонидани гранти аслӣ дар сурати пеш аз муҳлат қатъ намудани шартнома тибқи созишномаи байни сармоягузор ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ муайян карда мешаванд (ҚҶТ 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 23. Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон

1. Бо мақсади мусоидат ба сармоягузорон ҳангоми хизматрасонии давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ равзанаи ягонаро барои сармоягузорон таъсис медиҳад.

2. Равзанаи ягона вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- қабул ва машваратдиҳии сармоягузорон оид ба масъалаҳои хизматрасонии давлатӣ;

- қабули аризаи сармоягузорон барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ, мусоидат дар омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои хизматрасонии давлатӣ;

- ҳамроҳӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ дар мақомоти давлатӣ ҳангоми гирифтани хизматрасонии давлатӣ;

- мусоидат дар ҳалли масъалаҳои сармоягузорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;

- мониторинги ҷараёни пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, инчунин баррасии дархост ва муроҷиатҳои сармоягузорон дар мақомоти давлатӣ.

3. Тартиби ташкил ва фаъолияти равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТ НИСБАТИ САРМОЯГУЗОР

Моддаи 24. Уҳдадориҳои сармоягузорон

1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад.

2. Бо мақсади мониторинги иҷрои уҳдадориҳо дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ сармоягузор ҳисоботи семоҳаро бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳод менамояд.

3. Сармоягузор набояд амалеро содир намояд, ки боиси рақобати бевиҷдонона гардад, ё амалеро (беамалиеро) анҷом диҳад, ки ба роҳ надодан, аз байн бурдан ё маҳдуд намудани рақобат, расонидани зарар ба ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар равона шудааст.

4. Сармоягузор ҳангоми амалӣ намудани сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тайёр кардани кормандони баландихтисос аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Моддаи 25. Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва кормандон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 26. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Сармоягузорон барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд.

2. Музди меҳнат, мукофотпулӣ ва дигар шаклҳои ҷуброн, ки аз тарафи сармоягузор ба корманди хориҷӣ пардохт карда мешаванд, инчунин даромадҳои дигари ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ

Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 28. Ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ

1. Баҳсҳои байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи шартҳои пешбининамудаи созишнома ва шартномаҳои басташудаи байни тарафҳо ҳал карда мешаванд. Дар сурати мавҷуд набудани чунин созишнома ва шартномаҳо, баҳсҳои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ аз рӯи имкон ба воситаи машварати байни тарафҳо ҳал карда мешаванд.

2. Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳо мувофиқи созишнома ва шартномаҳои басташуда, баҳсҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди байналмилалии арбитражӣ, ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки бо розигии тарафҳо муқаррар гардидааст, ҳал мегарданд.

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод. 365) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 31. тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

15 марти соли 2016, № 1299