ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 10:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
16
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.02.2004

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №2, мод. 48; 2012 с., №7, мод. 706; с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1116; с. 2016, №11, мод. 887. Қонунҳои ҶТ аз 03.07.12 с., № 856; аз 25.12.15 с., № 1270; аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро, ки бинобар офариниш, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии намунаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883 бо тағйиру иловаҳои минбаъда;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– схемаи эргономӣ – схемае ки таносуби андозаҳои объекти намунаи саноатиро дар системаи «инсон - мошин» инъикос мекунад; 

– харитаи конфексионӣ – намунаи матоъҳои бофтаю трикотажӣ, чарм, маводи ороишӣ ва ғайра, ки барои тайёр намудани маҳсулот тавсия карда мешаванд (дар сурати пешниҳоди ариза оид ба намунаи саноатие, ки ба саноати сабук дахл дорад, тартиб дода мешавад);    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– хабарномаи расмӣ –  нашрияи расмии даврии мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ;    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

– шартҳои патентпазирӣ – шартҳои бо Қонуни мазкур муқарраршудаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба намунаи саноатӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намунаҳои саноатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 3. Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ

 

Мақоми давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – Идораи патентӣ) амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ, аз ҷумла  намунаҳои саноатӣ, таъмин мекунад, аризаҳоро оид ба гирифтани патент барои намунаи саноатӣ қабул мекунад, аз рўи онҳо экспертиза мегузаронад, бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии маълумотро дар бораи намунаҳои саноатӣ ба амал мебарорад, патентҳоро барои намунаҳои саноатӣ медиҳад, ҳамчунин вазифаҳои дигари ба зиммааш гузошташударо иҷро мекунад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он мақоми ҳатмии аввалини маъмурӣ буда, масъалаҳои баҳсталаби марбут ба  ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро ҳал менамояд. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории ҷорӣ ва Низомномаи Шўрои шикоятӣ, ки онро роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 4. Намояндагӣ

 

Шахсони воқеӣ, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо  корро бо Идораи патентӣ ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда ва ваколаташон бо ваколатномаи тасдиқшуда пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ба сифати намояндаи патентӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад ва дараҷаи тахассусиаш ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй аст, фаъолият карда метавонад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Талаботро нисбати дараҷаи тахассуси намояндагони патентӣ, тартиби аттестатсия ва бақайдгирии онҳоро дар Феҳристи давлатии намояндагони патентӣ Идораи патентӣ муқаррар мекунад.

 

БОБИ 2.

НАМУНАИ САНОАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОН

 

Моддаи 5. Шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ

 

Мувофиқи ҳамин Қонун ба сифати намунаи саноатӣ тарҳи бадеию конструктории маҳсулот, ки намуди зоҳирии онро муайян менамояд, ҳифз карда мешавад. Зимнан дар зери мафҳуми маҳсулот ашёҳои (предметҳои) истеҳсолоти саноатӣ ва косибӣ дар назар дошта мешаванд.  

Агар намунаи саноатӣ нав ва аслӣ (оригиналӣ)  бошад, ба он ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад.

Намунаи саноатӣ нав ҳисобида мешавад, агар маҷмўи аломатҳои асосии дар тасвирҳои маҳсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ дар ҷаҳон дастраси умум гардидаанд, маълум  набошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Ҳангоми муқаррар кардани навии намунаи саноатӣ, инчунин ҳамаи намунаҳои саноатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентноккардашуда, аризаҳо ба намунаҳои саноатие, ки барои гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони дигар пешниҳод карда шудаанд (ғайр аз аризаҳои бозхондашуда),  ба ҳисоб гирифта мешаванд, ба шарте ки аввалияти  онҳо пештар бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Намунаи саноатӣ ҳамон вақт оригиналӣ ҳисоб карда мешавад, ки агар аломатҳои асосии он ҷиҳатҳои эҷодкоронаи хусусиятҳои завқии (эстетикии) маҳсулотро муайян намоянд.

Аломатҳое, ки хусусиятҳои эстетикӣ ва (ё) эргономии намуди зоҳирии маҳсулот, тарҳу шакли он, нақшу нигор ва таносуби рангҳоро муайян мекунанд, ба аломатҳои асосии намунаи саноатӣ дохил мешаванд.

Патентпазирии намунаи саноатиро ошкор гардонидани маълумоте, ки дар натиҷаи он моҳияти намунаи саноатӣ дастраси умум гардидааст, коҳиш намедиҳад, агар ин амал аз ҷониби аризадиҳанда, муаллиф ё шахси дигаре, ки аз онҳо мустақиман ё ба тариқи ғайримустақим маълумоти ба намунаи саноатӣ дахлдорро ба даст овардааст, иҷро шуда бошад ва агар ариза барои намунаи саноатӣ на дертар аз  шаш моҳи баъди санаи ошкор шудани ин маълумот ба Идораи патентӣ пешниҳод шуда бошад. Зимнан вазифаи исбот кардани ин ҳолат бар зиммаи аризадиҳанда гузошта мешавад.

Тарҳҳои зерин намунаҳои саноатии патентпазир ҳисоб карда намешаванд:

- тарҳҳое ки танҳо аз таъиноти техникии маҳсул бармеоянд;

- тарҳи объектҳои меъморӣ (ғайр аз шаклҳои хурди меъморӣ), иншооти саноатӣ, гидротехникӣ ва иншооти дигари собит;

- маҳсулоти чопӣ дар навъи худаш;

- тарҳи объектҳои шаклашон ноустувори аз моддаҳои моеъ, газмонанд, пошхўранда ва амсоли онҳо сохташуда;

- тарҳи маҳсулоте ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқ мебошад.

 

Моддаи 6. Ҳифзи ҳуқуқии намунаи саноатӣ

 

Ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда шуда, бо патент тасдиқ карда мешавад.

Патент барои намунаи саноатӣ (минбаъд – патент) аввалияти намунаи саноатӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқи истисноии  истифодаи намунаи саноатиро тасдиқ мекунад.

Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқие, ки онро патент медиҳад, аз рўи маҷмўи аломатҳои асосии  намунаи саноатӣ, ки дар тасвирҳои он (макет, сурат) ифода ёфтаанд, муайян карда мешавад. Тавсифи намунаи саноатӣ танҳо ба мақсади маънидод кардани аломатҳо хизмат мекунад.

Патент аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панҷ сол амал мекунад. Мўҳлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз ҷониби Идораи патентӣ ду маротиба ба муддати панҷсолӣ дароз карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Аз рӯи дархости дорандаи патент дар сурати супоридани пардохти ҳатмии дахлдор ба ӯ барои тамдид кардани мӯҳлати амали патент мӯҳлати шашмоҳаи иловагӣ пас аз анҷоми мӯҳлати амали патент дода мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.12 с., № 856)

 

Боби 3.

Субъектҳои ҳуқуқ БА НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 7. Муаллифи намунаи саноатӣ

 

Шахси воқеие, ки бо меҳнати эҷодии вай намунаи саноатӣ офарида шудааст, муаллифи намунаи саноатӣ ҳисобида мешавад.

Агар дар офаридани намунаи саноатӣ якчанд шахси воқеӣ иштирок карда бошад, пас  ҳамаи онҳо муаллифони намунаи саноатӣ ҳисобида мешаванд. Тартиби истифодаи ҳуқуқҳои ба муаллифон тааллуқдоштаро созишномаи байни онҳо муайян мекунад.

Шахсоне, ки дар офаридани намунаи саноатӣ ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузошта, ба муаллиф(он) танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ва моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба намунаи саноатӣ ва истифодаи он мусоидат намудаанд, муаллифони намунаи саноатӣ ҳисоб намешаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ҳуқуқи шахсии мусодиранашаванда буда, бе мўҳлат ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 8. Аризадиҳанда

 

Ҳуқуқи пешниҳоди аризаро оид ба додани патент барои намунаи саноатӣ инҳо доранд:

- муаллиф(он)-и намунаи саноатӣ;

- корфармо, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 9  Қонуни мазкур;

- ворис(он)-и ҳуқуқии муаллиф(он) ва ё корфармо.

 

Моддаи 9. Дорандаи патент

 

Патент  ба шахсе, ки ўро аризадиҳанда дар ариза оид ба додани патент зикр намудааст ва ё ба шахсе, ки ҳуқуқи дахлдорро бо тартиби гузашткунӣ ба даст овардааст, дода мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки онро корманд вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш ё супориши мушаххаси аз корфармо гирифтааш офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро муайян накарда бошад.

Агар корфармо дар давоми чор моҳи баъди санаи аз ҷониби муаллиф дар бораи офаридани намунаи саноатӣ хабардор карда шуданаш ба Идораи патентӣ ариза надиҳад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад ва ё муаллифро дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ огоҳ нанамояд, пас ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани патент ба муаллиф мегузарад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

Ҳуқуқи гирифтани патент барои намунаи саноатие, ки корманд таҷриба, воситаҳои моддӣ, техникӣ ва дигар воситаҳои корфарморо истифода бурда, лекин на дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё супориши муайяни корфармо офаридааст, ба корманд тааллуқ дорад, агар шартномаи байни онҳо ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Корфармо дар ин ҳолат ҳуқуқ дорад ба дорандаи патент  ҷуброни дар асоси шартнома муайяншударо пардохта, намунаи саноатиро дар истеҳсолоти худ истифода барад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллифи намунаи саноатие, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ

                       офарида шудааст

 

Корманде, ки дар қисми дуюми моддаи 9 зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз намунаи саноатӣ ба таври лозимӣ истифода бурда, ба даст дарорад, подош гирад:

- патент гирифтани корфармо;

- ҳуқуқи гирифтани патентро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо;

- аз ҷониби корфармо қабул намудани қарор дар бораи махфӣ нигоҳ доштани намунаи саноатӣ;

- бо сабабҳои аз корфармо вобаста нагирифтани патент аз рўи аризаи аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда.

Андозаи подош ва шартҳои пардохти он дар асоси шартномаи байни муаллиф ва корфармо муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

АРИЗА ДАР БОРАИ ДОДАНИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 11. Пешниҳоди ариза

 

Аризаро дар бораи додани патент (минбаъд–ариза) аризадиҳанда ба Идораи патентӣ пешниҳод мекунад.

Ариза ба воситаи намояндаи аризадиҳанда ва ё намояндаи патентие, ки дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод шуда метавонад.

Ариза бояд ба як намунаи саноатӣ дахл дошта бошад ва метавонад вариантҳои ин намунаро дар бар гирад (талаботи ягонагии намунаи саноатӣ).

Ариза  бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

- дархост (ба забони давлатӣ) дар бораи додани патент бо нишон додани номи намунаи саноатӣ, муаллиф(он)и намунаи саноатӣ ва шахс(он)е, ки ба номи ў (онҳо) патент дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- маҷмўи тасвирҳо ки дар бораи намуди зоҳирии маҳсулот тасаввуроти пурраю мукаммал медиҳанд;

- тавсифи намунаи саноатӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

- нақшаи намуди умумии маҳсулот, схемаи эргономӣ, харитаи конфексионӣ, агар онҳо барои ошкор намудани моҳияти намунаи саноатӣ зарур бошанд.

Ба ариза  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои насупурдани боҷ ё кам кардани андозаи он илова карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкурро якҷоя бо ариза ва ё  дар муддати се моҳи баъд аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ супоридан мумкин аст.

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

 

Моддаи 12. Санаи пешниҳоди ариза

 

Санаи пешниҳоди ариза  аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани маҷмўи  ҳуҷҷатҳое, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми  қисми чоруми моддаи 11 ҳамин Қонун номбар шудаанд, муқаррар карда мешавад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

(Кисми 2 хорич шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 11 ин Қонун ариза пешниҳоднашуда ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 13. Бо ташаббуси аризадиҳанда ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳои ариза 

 

Аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад, ки бе тағйир додани моҳияти намунаи саноатии арзшуда ба маводҳои он ислоҳу тасҳеҳ дохил намояд.

Ислоҳот ва тасҳеҳотро дар сурати пардохтани боҷи дахлдор баъди гузаштани мўҳлати семоҳа, лекин на дертар аз баровардани қарор аз рўи натиҷаҳои экспертизаи моҳиятӣ, низ дохил кардан мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 14. Бозхондани ариза

 

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки аризаро  то санаи бақайдгирии намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонад.   (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 15. Махфӣ будани коргузорӣ аз рўи ариза

 

Идораи патентӣ дар доираи коргузорӣ аз рўи ариза то нашр шудани маълумот дар бораи патент барои намунаи саноатӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ин бора хоҳиш ва ё иҷозати аризадиҳанда  бошад, ба ҳеҷ кадом шахс иҷозати дастрас намудани аризаро намедиҳад. Ҳар як амале, аз ҷумла хабари шахсӣ, ки дар натиҷаи он шахсони сеюм метавонанд дар бораи ариза маълумот гиранд, дастрас намудани ариза ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 5.

АВВАЛИЯТИ НАМУНАИ САНОАТӢ

 

Моддаи 16. Шартҳои муқаррар намудани аввалият

 

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи пешниҳоди ариза, ки мувофиқи моддаи 12  Қонуни мазкур муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.

Аввалият аз рўи санаи воридшавии маводҳои иловагӣ низ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводҳоро аризадиҳанда то гузаштани мўҳлати семоҳа аз санаи гирифтани огоҳиномаи Идораи патентӣ дар бораи имконнопазирии баэътиборгирии маводҳои иловагӣ, бинобар моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйирдиҳанда дониста шуданашон, ба сифати аризаи мустақил пешниҳод карда бошад.

Аввалият аз рўи санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани аризаи қаблии худи ҳамин аризадиҳанда, ки дар он намунаи саноатии пешниҳодшаванда маънидод шудааст,  муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз рўи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз шаш моҳи баъди санаи пешниҳоди аризаи қаблӣ ворид шуда бошад. Дар ин ҳол аризаи қаблӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.

Аввалият дар асоси якчанд аризаи қаблӣ, ки барои ҳар кадоми онҳо  шартҳои дар қисми сеюми ҳамин модда овардашуда риоя мегарданд, метавонад  муқаррар шавад.

Муқаррар намудани аввалият аз рўи санаи пешниҳоди аризае, ки аз рўи он  аллакай мувофиқи қисмҳои сеюм ва чоруми ин модда аввалияти пештар дархост шудааст,  мумкин нест.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи аризаи ҷудокардашуда аз рўи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани аризаи нахустини ошкоркунандаи намунаи саноатии ҳамон як аризадиҳанда муқаррар карда мешавад, агар аризаи ҷудокардашуда то аз рўи аризаи нахустин қабул шудани қарор дар бораи надодани патент, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст, ворид шуда бошад ва дар ҳолати гирифтани қарор оид ба додани патент аз рўи аризаи зикршуда, агар  аризаи ҷудокардашуда то санаи дар Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар дар рафти экспертиза муқаррар карда шавад, ки намунаҳои саноатии ҳаммонанд  санаи аввалияти якхела доранд, пас патент аз рўи аризае, ки ба Идораи патентӣ пештар фиристода шудани он исбот карда шудааст, дода мешавад. Ҳангоми мувофиқ омадани ин санаҳо  (агар созишномаи байни аризадиҳандагон ҳолати дигареро дар назар надошта бошад), патент аз рўи аризае дода мешавад, ки он рақами бақайдгирии пештар додашудаи  Идораи патентиро дорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 17. Аввалияти конвенсионӣ

    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Аввалият аз рўи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж пешниҳод шудани аризаи якум барои намунаи саноатӣ муқаррар шуданаш мумкин аст (аввалияти конвенсионӣ) , агар ариза оид ба ҳамин намунаи саноатӣ  ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳ аз санаи  зикршуда ворид шуда бошад. Агар бо сабабҳои аз аризадиҳанда новобаста ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нашуда бошад, ин мўҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз ду моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аризадиҳандае, ки хоҳиши истифода намудани ҳуқуқи аввалияти конвенсиониро дорад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро илова кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад.

Аввалияти намунаи саноатӣ аз рўи санаи дар намоишгоҳи расмӣ ва ё расман шинохташудаи байналмилалӣ гузошта шудани намунаи саноатӣ муқаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аввалият аз рўи он дархост карда мешавад, ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи баъди санаи дар намоишгоҳ ҷойгиронидани намунаи саноатӣ ворид шуда бошад.

 

БОБИ 6.

ЭКСПЕРТИЗАИ АРИЗА ВА ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ

(ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 18. Экспертизаи расмии ариза

                    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Идораи патентӣ баъди гузаштани се моҳ аз санаи пешниҳоди ариза  аз рўи он экспертизаи расмӣ мегузаронад. Мувофиқи дархости хаттии аризадиҳанда  экспертизаи расмӣ то гузаштани мўҳлати зикршуда оғоз шуда метавонад. Дар ин ҳолат аризадиҳанда аз лаҳзаи пешниҳод кардани дархост аз ҳуқуқи бе пардохти боҷ бо ташаббуси худ ислоҳ ва саҳеҳ кардани ҳуҷҷатҳои ариза, ки моддаи 13  ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, маҳрум мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмии ариза мувофиқи моддаи 11  Қонуни мазкур мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи нисбати онҳо муқарраршуда тафтиш карда шуда, масъала дар бораи он ки тарҳи бадеию конструктории арзшуда ба намунаҳои саноатии ба онҳо мувофиқи моддаи 5 ҳамин Қонун ҳифзи ҳуқуқӣ додашаванда дахл дорад ё не, баррасӣ мешавад.

Агар аризадиҳанда мувофиқи моддаи 13 ҳамин Қонун аз рўи ариза маводи иловагӣ пешниҳод намояд, дар рафти экспертиза моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир надодани онҳо тафтиш карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Маводи иловагӣ моҳияти намунаи саноатии арзшударо тағйир медиҳанд, агар онҳо аломатҳои дар маводҳои ибтидоии ариза мавҷуд набударо дар бар гиранд. Маводи иловагӣ дар қисми тағйирдиҳандаи моҳияти намунаи саноатии арзшуда ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд ва метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Агар ариза бо риояи ҳамаи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ хабардор карда мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Аз рўи аризае, ки бо вайрон намудани талабот ба ҳуҷҷатҳои он тартиб дода шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар муддати се моҳи баъди гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ё набударо пешниҳод кунад. Агар аризадиҳанда дар мўҳлати зикргардида маводи дархостшуда ва ё дархостро дар бораи дароз кардани мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда ҳисоб  мегардад.

Аз рўи аризаи бо вайрон намудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ пешниҳодшуда ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани огоҳиномаи дахлдор хабар диҳад, ки кадоме аз таклифҳо бояд баррасӣ шаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба ҳуҷҷатҳои ариза тасҳеҳ дарорад. Барои намунаҳои саноатии дигари, ба маводи аризаи нахустин дохилшуда, аризадиҳанда ҳуқуқи ба расмият даровардани аризаҳои ҷудо кардашударо дорад.

Агар аризадиҳанда дар давоми се моҳи баъди гирифтани огоҳинома оид ба вайрон шудани талаботи ягонагии намунаи саноатӣ дар бораи он ки кадоме аз тарҳҳои бадеию конструкторӣ бояд баррасӣ шаванд, хабар надиҳад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешниҳод накунад, баррасии тарҳи бадеию конструктории якуме, ки дар ариза нишон дода шудааст, ҳамчунин вариантҳои он, агар ин гуна вариантҳо бошанд, гузаронида мешавад.

Аризадиҳанда ҳангоми бо қарори экспертиза норозӣ буданаш ҳуқуқ дорад, ки дар муддати чор моҳи баъди санаи баровардани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътироз пешниҳод намояд. Эътироз бояд дар давоми шаш моҳ баррасӣ шавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 19. Экспертизаи моҳиятии ариза

                         (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Экспертизаи моҳиятии ариза дар натиҷаи мусбат анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

(Қисми 2 хориҷ шуд бо ҚҶТ аз 14.11.16 с., № 1371)

Дар рафти экспертизаи моҳиятии ариза аввалияти намунаи саноатӣ муқаррар карда шуда, шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ мувофиқи моддаи 5  Қонуни мазкур тафтиш карда мешаванд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагӣ дархост намояд. Маводҳои иловагие, ки маҷмўи аломатҳои асосии намунаи саноатиро тағйир медиҳанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд. Онҳо метавонанд аз ҷониби аризадиҳанда ҳамчун аризаи мустақил, ки аввалияташ аз санаи воридшавии маводи иловагӣ муқаррар мегардад, пешниҳод шаванд.

Агар Идораи патентӣ дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза  муқаррар намояд, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми аз ҷониби аризадиҳанда дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирии намунаи саноатӣ, ки моддаи 5 Қонуни мазкур муайян намудааанд, мувофиқат мекунад, дар бораи додани патент қарор мебарорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар муқаррар карда шавад, ки намунаи саноатии арзшуда дар ҳаҷми дархостшудаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқат намекунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.

Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад бо маводҳои дар дархости экспертиза, дар қарори экспертизава ё дар ҳисобот оид ба ҷустуҷў нишондодашуда шинос гардад. Нусхаҳои маводҳои патентии дархостшударо Идораи патентӣ дар давоми ду моҳ, аз рўзи гирифтани дархост ба аризадиҳанда, мефиристад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳангоми норозӣ будан бо қарор дар бораи радди додани патент аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки дар давоми чор моҳи баъди санаи фиристонидани қарор ба Шўрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шўрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳ аз рўзи ворид шудани он дида барояд.

Агар аризадиҳанда бо қарори Шўрои шикоятӣ розӣ набошад, метавонад дар муддати шаш моҳ аз рўзи гирифтани қарор ба суд муроҷиат намояд.

Мўҳлатҳои пешниҳодкунии маводҳоро аз рўи дархости экспертиза ва пешниҳод кардани эътирозро ба Шўрои шикоятӣ, ки аризадиҳанда  гузаронидааст, Идораи патентӣ метавонад аз рўи дархости пешниҳоднамудаи аризадиҳанда, ки на дертар аз дувоздаҳ моҳ аз рўзи гузаштани мўҳлати гузаронидашуда фиристода шудааст, дар сурати пардохта шудани боҷи дахлдор барқарор намояд.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 20. Нашри маълумот оид ба додани патент

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Идораи патентӣ баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр мекунад, ки номи муаллиф(он) (дар ҳолати розӣ будан) ва доранда(гон)-и патент, ном, санаи аввалият, тасвири намунаи саноатӣ ва дигар маълумотеро, ки Идораи патентӣ лозим медонад, дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

Моддаи 21. Бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент

 

Идораи патентӣ дар муддати се моҳи баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент намунаи саноатиро ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекунад ва  патентро ба соҳиби патент  медиҳад.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент ба намунаи саноатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба патенти мазкур ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Таркиби маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии намунаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад ва таркиби маълумоте, ки дар  патент  нишон дода мешавад, аз ҷониби Идораи патентӣ муқаррар мегардад.

Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шахсе, ки ба номашон патент дархост карда мешавад, ба онҳо як патент дода мешавад. Идораи патентӣ ба  муаллиф (муаллифон)-и намунаи саноатӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи муаллифии онҳоро медиҳад.

Ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда, пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани патент тасдиқ мекунад, бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор бозхондашуда ба ҳисоб меравад.

 

БОБИ 7.

ҲУҚУҚИ ИСТИСНОИИ ИСТИФОДАИ намунаи саноатӢ

 

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои дорандаи патент

 

Ба дорандаи патент ҳуқуқи истисноии мувофиқи ихтиёри худ истифода бурдани намунаи саноатии бо патент ҳифзшаванда, агар ин истифодабарӣ ҳуқуқҳои дорандагони патентҳои дигарро халалдор накунад, аз ҷумла, ҳуқуқи манъ кардани истифодаи намунаи саноатӣ аз ҷониби дигарон, ғайр аз ҳолатҳое, ки ин гуна истифодабарӣ тибқи Қонуни мазкур вайронкунии ҳуқуқи дорандаи патент маҳсуб намешавад, тааллуқ дорад.

Муносибатҳои тарафҳоро оид ба истифодаи намунаи саноатӣ, ки патент барои он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, шартномаи байни онҳо муайян мекунад. Ҳангоми набудани ин гуна шартнома ҳар як дорандаи патент намунаи саноатии ҳифзшавандаро бо ихтиёри худ истифода бурда метавонад, вале бе розигии дорандагони дигари патенти мазкур ҳуқуқи ба шахси дигар додани иҷозатнома (литсензия) ва ё гузашт кардани патентро надорад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Агар дорандаи патент намунаи саноатиро бе вайронкунии ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар истифода бурда натавонад, ў ҳақ дорад аз охирин бастани шартномаро дар бораи додани иҷозатнома (шартномаи литсензионӣ) талаб кунад.

Дорандаи патент ҳуқуқ дорад патенти гирифтаашро ба шахси дилхоҳи воқеӣ  ё ҳуқуқӣ гузашт кунад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Шартнома дар бораи ба шахси дигар гузашт кардани патент бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе ин гуна бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

Ҳуқуқи истисноии дорандаи патент аз санаи дар хабарномаи расмӣ нашр шудани маълумот оид ба додани патент амал мекунад.

Патент ба намунаи саноатӣ ва ҳуқуқи гирифтани он ба мерос мегузарад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270)

 

Моддаи 23. Додани ҳуқуқ ба истифодаи намунаи саноатӣ

 

Ҳар як шахсе, ки дорандаи патент ба ҳисоб намеравад, ба истифодаи намунаи саноатии бо патент ҳифзшуда танҳо бо иҷозати дорандаи патент дар асоси шартномаи литсензионӣ ҳуқуқ дорад.

Мувофиқи шартномаи литсензионӣ дорандаи патент (иҷозатномадеҳ) ўҳдадор мешавад, ки ҳуқуқро барои истифодаи намунаи саноатии ҳифзшуда дар ҳаҷми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (иҷозатномагир), ки ў ўҳдадории иҷро намудани ҳамаи амалҳои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, диҳад.

Дар ҳолати додани иҷозатномаи истисноӣ ҳуқуқи истисноии истифодаи намунаи саноатӣ дар ҳудуди дар шартнома зикршуда ба иҷозатномагир мегузарад. Ҳуқуқи истифодаи намунаи саноатӣ дар қисми ба иҷозатномагир доданашаванда дар ҷониби иҷозатномадеҳ мемонад.

Дар ҳолати додани иҷозатномаи ғайриистисноӣ иҷозатномадеҳ ба иҷозатномагир ҳуқуқи истифодаи намунаи саноатиро дода, дар айни замон ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки патент тасдиқ мекунад, аз ҷумла ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани иҷозатномаҳоро, нигоҳ медорад.

Шартномаи литсензионӣ бояд ҳатман дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шавад ва бе чунин бақайдгирӣ он беэътибор дониста мешавад.

Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентӣ дар бораи ба шахси дилхоҳ дода шудани ҳуқуқ барои истифодаи намунаи саноатӣ ариза (иҷозатномаи кушода)  диҳад. Дар ин ҳолат боҷ барои нигоҳ доштани эътибори патент аз соли баъди нашри маълумот оид ба мавҷудияти чунин ариза 50 фоиз кам карда мешавад.

Ҳангоми бозхондани иҷозатномаи кушода боҷ барои нигоҳ доштани эътибори патент дар давоми вақти амали иҷозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боҷ ба андозаи пуррааш пардохта мешавад.

Шахсе, ки хоҳиши гирифтани иҷозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент оид ба пардохтҳо шартнома бандад.

  

Моддаи 24. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ

 

Ҳар як шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки намунаи саноатиро бар хилофи   Қонуни мазкур истифода мебарад, вайронкунандаи ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунандаи патент) ҳисобида мешавад.

Бе иҷозати дорандаи патент сохтан, татбиқ намудан, овардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, бо роҳи дигар ба гардиши хоҷагӣ даровардан ва ё бо ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоте, ки  намунаи саноатии патентнокшударо дар бар мегирад, вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент (вайронкунии патент) ҳисобида мешавад.

Агар маснуот ҳамаи аломатҳои асосии намунаи саноатиро, ки дар нақшаҳо тасвир ёфтаанд ва дар тавсифи намунаи саноатӣ оварда шудаанд, дар бар гирад, он гоҳ ин маснуот ҳамчун дарбаргирандаи намунаи саноатии ҳифзшаванда эътироф мегардад.

Дорандаи патент ҳуқуқи талабҳои зеринро дорад:

- қатъ намудани вайронкунии патент;

- аз ҷониби шахси ба вайронкунии патент айбдоркардашуда додани подоши зарарҳои расонидашуда, аз ҷумла фоидаи аз даст додашуда ва ҷуброни зарари маънавӣ;

- ситонидани фоидае, ки аз истифодаи ғайриқонунии намунаи саноатӣ ба даст омадааст;

- ба фоидаи худ мусодира намудани маҳсулоте, ки ба гардиши хоҷагидорӣ дароварда мешавад ва ё бо ин мақсад нигоҳ дошта мешаваду вайронкунандаи патент маҳсуб мегардад, ҳамчунин мусодираи воситаҳои барои вайрон кардани патент пешбинишуда;

- бо мақсади барқарор намудани обрўи кории худ дар нашрияҳои расмии Идораи патентӣ нашр намудани қарори суд.

Талаботро ба вайронкунандаи патент дорандаи литсензияи истисноӣ, агар дар шартномаи литсензионӣ ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ё дорандаи литсензияи ғайриистисноӣ, агар ин дар шартномаи литсензионӣ пешбинӣ шуда бошад, низ арз карда метавонад.

 

Моддаи 25. Амалҳое ки  вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ҳисоб намешаванд

 

Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд:

- дар сохтор ва ё ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти (рўизаминӣ, ҳавоӣ ва обӣ) мамлакатҳои дигар татбиқ намудани василаҳое, ки намунаҳои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд, ба шарте ки воситаҳои нақлиёти номбаршуда муваққатан ва ё тасодуфан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ва барои эҳтиёҷоти нақлиёт истифода бурда шаванд. Ин гуна амалҳо дар он сурат вайронкунии ҳуқуқи истисноии дорандаи патент ҳисоб намешаванд, ки агар воситаҳои нақлиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии мамлакатҳое, ки ба дорандагони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин гуна ҳуқуқҳоро медиҳанд, тааллуқ дошта бошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- гузаронидани тадқиқоту таҷрибаи илмӣ аз болои воситаҳое, ки  намунаҳои саноатии патентнокшударо дар бар мегиранд;

- ҳангоми рўй додани ҳодисаҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон) истифода намудани воситаҳое, ки намунаҳои саноатии бо патент ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, бо пардохтани ҷуброни   андозааш мувофиқ ба дорандаи патент;

- на барои ба даст овардани фоида истифода намудани воситаҳои намунаҳои саноатиро дарбаргиранда;

- татбиқ намудан, барои фурўш пешниҳод намудан, фурўхтан, ворид кардан ва бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ доштани маҳсулоте, ки намунаҳои саноатии бо патент ҳифзшударо дар бар мегирад, агар ин маҳсулот бо роҳи қонунӣ ба гардиши хоҷагӣ дароварда шуда бошад.

 

Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодаи пешина

 

Ҳар кадом шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ, новобаста аз муаллифи он, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи саноатии ҳаммонандро офарида, истифода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёриҳои зарурӣ дида бошад, ҳуқуқи минбаъд ройгон истифода бурдани намунаи саноатиро бе васеъ кардани ҳаҷми ин гуна истифодабарӣ  нигоҳ медорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ҳуқуқи истифодаи пешин ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноатии ҳаммонанд ҷой дошт ва ё тайёриҳои зарурӣ барои он дида шудаанд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 8.

ҚАТЪ НАМУДАНИ АМАЛИ ПАТЕНТ

 

Моддаи 27.  Мавриди баҳс қарор гирифтани патент

 

Мувофиқи эътирозномаи шахси дилхоҳ патент дар давоми амали худ дар мавридҳои зерин метавонад пурра ё қисман беэътибор дониста шавад:

- ошкор кардани номувофиқатии намунаи саноатӣ ба шартҳои патентпазирии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;

- мавҷуд будани аломатҳои асосие ки дар маводҳои пешинаи ариза вуҷуд надоштанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583);

- дар патент нодуруст нишон дода шудани муаллиф(он) ва ё доранда(гон) - и патент.

Эътирозномае, ки дар асоси шартҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи мазкур зикршуда зидди додани патент ба Шўрои шикоятӣ дода мешавад, бояд дар давоми се моҳи баъди санаи ворид гардидани он баррасӣ шавад. Дар ин сурат дорандаи патент бояд бо эътирознома шинос карда шавад.    (ҚҶТ аз 25.12.15 с., № 1270; аз 02.01.2019 с.,№ 1583)

Дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шўрои шикоятӣ нисбати эътирознома ҳар як тараф метавонад дар муддати як моҳ аз санаи қабул карда шудани қарор ба суд муроҷиат намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

 

Моддаи 28. Пеш аз мўҳлат қатъ намудани амали патент

 

Амали патент дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ карда мешавад:

- ҳангоми пурра беэътибор донистани патент мувофиқи моддаи 27 Қонуни мазкур;

- дар асоси аризаи ба Идораи патентӣ додаи дорандаи патент;

- ҳангоми дар муддати муқарраршуда напардохтани боҷ барои нигаҳдории эътибори патент.

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани амали патент маълумот нашр менамояд.

 

Моддаи 29. Барқарор кардани амали патент. Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ

 

Амали патент, ки дар асоси сархати сеюми қисми якуми моддаи 28  Қонуни мазкур қатъ гардидаст, аз рўи дархости дорандаи патент, дар давоми ҳаждаҳ моҳ аз рўзи ба охир расидани мўҳлати пардохти боҷ, барои нигаҳдории эътибори патент дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок ва пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи пардохта шудани боҷи барқароркунии амали патент, барқарор карда шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 03.07.2012г., №856)

Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ маълумотро оид ба барқарор карда шудани амали патент  нашр мекунад.

Шахсе, ки дар давраи байни санаи қатъ гардидан ва санаи барқарор карда шудани амали патент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи намунаи саноатии ҳифзшаванда сар кардааст ва ё барои он тайёрии зарурӣ дидааст, ҳуқуқи минбаъд ройгон истифода намудани онро, бе васеъкунии ҳаҷми истифодабарӣ, нигоҳ медорад (ҳуқуқи истифодаи баъдӣ) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с.,№ 1583).

Ҳуқуқи истифодаи баъдӣ ба шахси дигар танҳо якҷоя бо истеҳсолоте, ки дар он истифодаи намунаи саноатӣ ҷой дошт ва ё барои он тайёрии зарурӣ дида шуда буд, дода шуданаш мумкин аст.

 

БОБИ 9.

ҲИМОЯИ  ҲУҚУҚҲОИ ДОРАНДАГОНИ  ПАТЕНТ  ВА МУАЛЛИФОН

 

Моддаи 30. Ба тариқи судӣ баррасӣ намудани баҳсҳо

 

Ба тариқи судӣ баҳсҳои зерин баррасӣ мешаванд:

- оид ба муаллифии намунаи саноатӣ;

- оид ба муқаррар намудани дорандаи патент;

- оид ба вайрон карда шудани ҳуқуқи истисноӣ ба намунаи саноатӣ;

- оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои вогузории ҳуқуқ ва шартномаҳои литсензионӣ дар бораи истифодаи намунаи саноатӣ;

- оид ба ҳуқуқи истифодаи пешин ва баъдӣ;

- оид ба андоза, мўҳлат ва тартиби пардохти подоше, ки бояд ба муаллифи намунаи саноатӣ тибқи  Қонуни мазкур дода шавад;

- оид ба андоза, мўҳлат ва тартиби пардохти ҷубронҳое, ки  Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

- баҳсҳои дигаре ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои бо патент тасдиқшаванда вобастаанд.

 

Моддаи 31. Масъулият барои вайронкунии  Қонуни мазкур

 

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вайронкунандаи он ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ-гражданӣ, маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида мешавад.

 

БОБИ 10.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Боҷҳо ва пардохтҳои корбарӣ

 

Барои иҷрои амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ доштаи марбут ба патент боҷҳо ва пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд. Номгўи амалҳое, ки барои иҷрояшон боҷҳо ё пардохтҳои корбарӣ пешбинӣ шудаанд, андоза, тартиб ва мўҳлатҳои пардохти онҳо, инчунин асосҳо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андозаи пардохт ва ё бозгардонидани пардохт бо тартибе, ки қонунгузорӣ муайян намудааст,  муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобил баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2004

№ 16