ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ
ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1956 - 1957 ҚАБУЛ ШУДААНД
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №12, мод. 888)
Моддаи 1. Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 29 феврали соли 1956 «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаи Байрақи Давлатии РСС Тоҷикистон» (Протоколи №13, §3);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30 августи соли 1956 «Дар бораи васеъ намудани ҳудуди шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1956, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1956 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба сарҳади маъмурии территориявии ноҳияҳои шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №1);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1956 «Дар бораи муайян намудани номҳои фахрии «Устои хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон» ва «Муаллими хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №2);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1957 «Дар бораи ба Университети давлатии Тоҷикистон додани номи В. И. Ленин» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1957 «Дар бораи ба ихтиёри комитетҳои иҷроияи Советҳои депутатҳои меҳнаткашони вилоятҳои РСС Тоҷикистон додани ҳалли масъалаҳои оид ба даровардани тағьирот ба сарҳадҳои Советҳои қишлоқҳо» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №11);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 маи соли 1957 «Дар бораи ба Вазорати транспорт ва хоҷагии роҳҳои РСС Тоҷикистон табдил додани Вазорати транспорти автомобилӣ ва роҳҳои сангфарши РСС Тоҷикистон» (Протоколи №33, §4).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2013,
№ 1044