ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Сшб, 19/01/2021 - 10:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
28
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.05.2004
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ"
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 268, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 1)
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 21.11.2006 № 211, аз 3.12.2009 № 576, аз 29.12.2010 № 653, аз 19.03.2013 № 960, аз 22.07.2013 № 1012, аз 30.05.2017 № 1411, аз 19.07.2019 № 1641, аз 2.01.2020 № 1670, аз 17.12.2020 № 1748, аз 25.01.2021 № 1800, аз 08.06.2022 № 1872)
Қонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411, аз 2.01.2020 № 1670).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411):
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунанд;
- мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз тарафи интихобкунандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия интихоб шуда, дар доираи ваколати худ масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро ҳал мекунанд;
- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - шакли асосии фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи он ваколати ин мақомот амалӣ мегардад;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - мақомоте, ки дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ  дахлдор иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
- Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мақоме, ки ҳокимияти иҷроияро дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дахлдор амалӣ гардонида, ба мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарӣ менамояд (Қоуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис мебошад;
- сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия - воҳиди мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар ҳудуди маъмурию ҳудудӣ дахлдор дар доираи ваколати худ вазифаҳои мақомоти иҷроияи марказиро амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллие, ки дар сохтор ё нақшаи идоракунии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия қарор надошта, роҳбарони онҳо бевосита аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия - мақоми машваратии ташкили кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки барои баррасии масъалаҳои дахлдор даъват карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- вазифа - самти масъулияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад;
- ваколати вогузоршаванда - ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии болоӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар асоси шартномаи тарафҳо ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор вогузошта мешавад;
- ваколати муштарак - ваколате, ки барои иҷрои он ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз як тараф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор аз тарафи дигар масъулияти муштарак доранд;
- ваколати истисноӣ - ваколате, ки тибқи қонун ба мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад ва барои иҷрои он танҳо ин мақомот масъул мебошанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Моддаи 3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат мебошанд.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Моддаи 4. Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро ташкил медиҳанд:
- буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия;
- моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия;
- манбаъҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.
Моддаи 5.Принсипҳои фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411):
- қонуният ва адолати иҷтимоӣ;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;
- ба таври демократӣ, ошкоро ва бо назардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал намудани масъалаҳо;
- масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ;
- изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;
- мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ваколати худ;
- ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколаташон қабул шудаанд;
- дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.
Моддаи 6. Муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амалӣ гаштани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузоранд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкилу амалисозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат менамоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800).
БОБИ 2. ТАШКИЛ, ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 7.Тартиби ташкили Маҷлиси вакилони халқ
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 18 қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи меъёрҳои зерин муайян мекунад:
- барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе - то 70 нафар;
- барои шаҳр ва ноҳия - то 40 нафар;
Маҷлиси вакилони халқ дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии муқарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.
Тартиби интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" танзим менамояд.
Ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии ё ҷудошавии) воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ин воҳиди маъмурию ҳудудӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи азнавташкилшудае мебошад, ки ба ҳайати он аксарияти интихобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то оғози фаъолияти иҷлосияи даъвати нав ваколати худро нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Моддаи 8.Ваколати Маҷлиси вакилони халқ
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия чунин ваколат дорад:
- буҷети маҳаллиро қабул мекунад, ҳангоми зарурат ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд, иҷрои онро назорат намуда, ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;
- роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳалро муайян намуда, барномаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаи дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад;
- дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии ҳудуди маъмурию ҳудудии дахлдорро муайян менамояд ва истифодаи самараноки онро назорат мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- дар доираи ваколати худ барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- дар доираи ваколати худ барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- дар доираи ваколати худ муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табииро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;
- Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудааст, тасдиқ мекунад;
- ба Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз мансаб озод намудани ӯ масъала мегузорад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- ҳисоботи роҳбарони сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои дахлдорро оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ мансубанд, баррасӣ менамояд ва ҳангоми зарурат ба мақомоти дахлдор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори онҳо пешниҳод ирсол медорад;
- Дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқро таъсис медиҳад, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад, ҳайати комиссияҳоро интихоб менамояд ва ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад(Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат қатъ менамояд;
- санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдори поёниро дар сурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ ё бекор мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тадбирҳои зарурӣ меандешад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- дар доираи ваколати худ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳоеро муайян менамояд, ки барои вайрон намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- масъалаҳои тағйир додани сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ намуда, қарори худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 960, аз 30.05.2017 № 1411);
- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ менамояд, ки он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- шартномаҳо оид ба ваколатҳои вогузоршаванда (шартномаи маъмурӣ) ва муштарак, созишномаҳо доир ба муқаррар намудани муносибатҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳрҳои давлатҳои хориҷиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ нашрияи расмӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъсис дода, тартиб, номгӯйи маълумот ва масъалаҳое, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, роҳбарони дахлдори сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- дигар ваколатҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Моддаи 9.Санадҳои Маҷлиси вакилони халқ
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.
Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар ҳудуди дахлдор дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ фиристода мешаванд.
Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Маҷлиси вакилони халқро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколатҳояш қабул шудаанд, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, новобаста ба тобеияти идоравӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Маҷлиси вакилони халқ метавонад қарорҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад.
Дар сурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқ онҳо аз тарафи худи Маҷлиси вакилони халқ, мақомоти болоӣ ва ё суд бекор карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411).
Маҷлиси вакилони халқ метавонад муроҷиатнома ва изҳорот қабул намояд.
Моддаи 10.Дастури Маҷлиси вакилони халқ
Тартиби гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ҷаласаҳои мақомоти онҳо, пешниҳод ва баррасии масъалаҳо, ташкил ва интихоби мақомоти Маҷлиси вакилони халқ, шунидани ҳисоботи онҳо, баррасии дархости вакилон, тартиби овоздиҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти онҳоро дастури Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муайян менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800).
Моддаи 11. Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ
Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.
Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.
Моддаи 12. Тартиби даъвати иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи аз нав интихобшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия на дертар аз як моҳи баъди интихоботи Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия даъват карда мешавад.
Иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар як сол на камтар аз чор маротиба даъват карда мешаванд ва ҳангоми набудани онҳо иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо аз тарафи яке аз муовииони онҳо, ки вакили ин Маҷлиси вакилони халқ мебошад, даъват карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ метавонад бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват карда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Қарор дар бораи даъвати иҷлосия на дертар аз 10 рӯзи то оғози баргузоршавии иҷлосия ва дар ҳолатҳои зарурӣ фавран қабул карда шуда, ба маълумоти вакилон расонида мешавад.
Моддаи 13. Тартиби гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мекушояд ва ба он раисӣ мекунад. Ҳангоми набудани раис ба иҷлосия яке аз муовинони ӯ, ки вакили Маҷлиси вакилони халқ мебошад, раисӣ мекунад. Дар ҳолати вакил набудани иҷрокунандаи вазифаи раис ва муовинони ӯ иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлиси вакилони халқ ба кори он раисӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Дар иҷлосия аз ҳисоби вакилон котибот интихоб карда мешавад.
Аз рӯи масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, Маҷлиси вакилони халқ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ, бо тарафдории аз нисф зиёди шумораи умумии вакилон қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи муқарраршудаи вакилон иштирок дошта бошанд.
Иҷлосия ба таври ошкоро гузаронида мешавад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқ мумкин аст иҷлосияи пӯшида низ гузаронида шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилотҳое, ки дар ҳудуди маъмурию ҳудудии дахлдор ҷойгиранд, бо даъвати раиси Маҷлиси вакилони халқ ба иҷлосия ҳозир мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд, ахборот медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Моддаи 14. Таъсис ва фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ
Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.
Маҷлиси вакилони халқ бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ номгӯй ва шумораи ҳайати комиссияҳои доимӣ ва муваққатиро муқаррар намуда, аз ҳисоби вакилон раис ва аъзои онҳоро интихоб менамояд. Вакили Маҷлиси вакилони халқ метавонад танҳо узви як комиссияи доимӣ бошад.
Комиссияҳои доимӣ дар назди Маҷлиси вакилони халқ масъул буда, ба он ҳисобот медиҳанд.
Ба ҳайати комиссияҳои доимӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия интихоб шуда наметавонад.
Комиссияҳои доимӣ ҳуқуқ доранд:
- ба Маҷлиси вакилони халқ ва раис оид ба рӯзномаи маҷлис ва дигар масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, пешниҳод ирсол намоянд;
- оид ба масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, хулоса диҳанд;
- дар иҷлосия мувофиқи ваколаташон маърӯза ва маърӯзаи иловагӣ кунанд;
- дар доираи ваколаташон ба иҷлосия оид ба шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод манзур намоянд.
Комиссияҳои доимӣ метавонанд дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва инчунин шаҳрвандонро ба кори худ ҷалб намоянд.
Шахсони мансабдори сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди дахлдор бо тартиби муқарраргардида ӯҳдадоранд бо дархости комиссияҳои доимӣ, ки дар доираи ваколаташон дода мешаванд, маълумоти заруриро пешниҳод намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Комиссияҳои доимӣ қарорҳои протоколӣ қабул менамоянд.
Ҷаласаҳои комиссияҳои доимӣ ҳангоми ҳозир будани аз нисф зиёди шумораи умумии аъзои он ваколатдор ҳисобида мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800).
Қарори протоколии комиссияҳои доимӣ бо тарафдории аксарияти аъзои ҳозирбудаи комиссия қабул карда мешавад.
Протоколи ҷаласаи комиссияҳои доимӣ аз ҷониби раиси комиссия ба имзо мерасад(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800).
Фаъолияти комиссияҳои доимиро низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.
Ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи якчанд комиссияҳои доимӣ протоколи онҳо аз ҷониби раисони комиссияҳои дахлдор имзо карда мешавад(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800).
Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мӯҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.
Комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои вобаста ба ваколати худ хулоса медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Моддаи 15. Вакили Маҷлиси вакилони халқ
(Қонуни конст.ҶТ аз 2.01.2020 № 1670)
Вакили Маҷлиси вакилони халқ намояндаи ваколатдори аҳолии ҳудуди дахлдор буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб шудааст.
Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар асоси санадҳои қонунгузорӣ, дастури Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои пешазинтихоботӣ фаъолият карда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, зимни баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳо мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқ, инчунин ҳолатҳои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати ӯро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" муайян менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 2.01.2020 № 1670).
Моддаи 16. Асосҳои қатъи ваколати Маҷлиси вакилони халқ
Ваколати Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи даъвати нав қатъ мегардад.
Маҷлиси вакилони халқ пеш аз мӯҳлат аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин пароканда карда мешавад:
- мунтазам, яъне дар давоми як сол зиёда аз як маротиба иҷро накардани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
- агар Маҷлиси вакилони халқи аз нав интихобшуда дар давоми як моҳи баъди ифтитоҳи иҷлосияи якумаш мақомоти худро ташкил карда натавонад;
- баргузор нашудани иҷлосия дар давоми ду моҳ, бинобар ҳозир нашудани шумораи зарурии вакилон;
- ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии, ҷудошавии) воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Ваколати Маҷлиси вакилони халқ пеш аз мӯҳлат дар сурати ихтиёран пароканда шудани он низ қатъ мегардад, агар қарор оид ба ин масъала бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқ қабул шуда бошад.
Моддаи 17. Таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддию техникии Маҷлиси вакилони халқ
Хизматрасонии ташкилӣ, моддию техникӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ ба фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он, мусоидат ба вакилони халқ дар иҷрои ваколатҳои худ аз ҷониби дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия сурат мегирад.
Хароҷот барои таъмини Маҷлиси вакилони халқ дар буҷети маҳаллии дахлдор дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.
БОБИ 3. ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ
Моддаи 18. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳокимияти иҷроияро дар маҳал амалӣ менамояд, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор сарварӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576, аз 30.05.2017 № 1411).
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод мекунад.
Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ накунад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ӯро такроран ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд.
Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ накунад, масъала такроран барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
Агар шахс вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор набошад, ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия таъин карда мешавад ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда ба ин вазифа таъин ва барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 19. Санадҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ қарор ва амр қабул мекунад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар шакли қарор қабул карда мешаванд.
Қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилии амрдиҳӣ дошта, инчунин амрҳои раис санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бояд ба вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ фиристода шаванд.
Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои раисро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Иҷрои санадҳои дар доираи ваколати худ қабулкардаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди маъмурию ҳудудии дахлдор ҳатмӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411).
Раис метавонад санадҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад.
Санадҳои раис аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси болоӣ, худи раис, Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, инчунин аз тарафи суд дар сурати ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани он пурра ё қисман бекор карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411).
Моддаи 20. Ваколати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия чунин ваколат дорад:
- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;
- ба корҳои тайёрии гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ роҳбарӣ мекунад, рӯзномаи иҷлосияро тартиб медиҳад;
- риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро таъмин менамояд;
- фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад;
- ба қарорҳо, протоколҳо ва санадҳои дигари Маҷлиси вакилони халқ имзо мегузорад;
- лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин менамояд, оид ба он ҳисобот медиҳад;
- барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа ва барномаҳои мақсадноки минтақавиро пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- дар доираи ваколати худ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва дигар ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешад;
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар доираи салоҳиятҳои худ дар хориҷа, дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;
- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишин, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- ба баррасии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар бораи фаъолияти сохтори маҳаллии онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар сурати иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия пешниҳод манзур менамояд. Агар сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия камбудиҳоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидан бо тартиби муқарраркардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбари дастгоҳи раис ва кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро, ки ба моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1012);
- хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1012);
- моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар доираи ваколати худ идора менамояд;
- дар давоми сол на камтар аз як маротиба ба Маҷлиси вакилони халқ дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуди дахлдор,барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи объектҳои моликияти коммуналии дахлдор ҳисобот медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар бораи бекор кардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, пешниҳод манзур менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
- иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
-  дар доираи ваколатҳои худ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдор ва бақайдгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба заминро ҳал менамояд;
- назорати истифодаи табиат, сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои ҳифзи табиатро таъмин менамояд;
- ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналии дахлдор асос ёфтаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад;
- тартиби ташкил ва фаъолияти машварати назди Раисро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- дар доираи ваколати худ барои пешбурди фаъолият, ҳамчунин омода намудани масъалаҳо барои баррасӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳоро таъсис дода, ҳайат ва мӯҳлати фаъолияти онҳоро тасдиқ ва ваколати онҳоро муайян менамояд;
- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро, инчунин муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- дигар ваколатҳоеро, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия оид ба масъалаҳои ваколати худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.
Моддаи 20(1). Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1012)
Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, ба истиснои соҳаи маориф, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 17.12.2020 № 1748).
Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо тартиби дигарро муайян намудааст, татбиқ намегардад.
Тартиби баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1012).
Моддаи 21. Ваколати дигари Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе ҳамчунин ваколатҳои зерин дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411):
- ба фаъолияти раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамояд;
- санадҳои раисони шаҳр ва ноҳияи дахлдорро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653, аз 30.05.2017 № 1411);
- татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба раисони шаҳрҳо ва ноҳияи дахлдор вогузор менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Моддаи 22. Асосҳои аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:
- дар асоси аризаи ӯ оид ба истеъфо рафтан;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- мунтазам иҷро накардани ӯҳдадориҳои хизматӣ;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
- риоя накардани талаботи ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон дар бораи муѕовимат ба коррупсия, танзими анъана ва їашну маросим (Қонуни конст. ҶТ аз 8 июни соли 2022, № 1872);
- дидаю дониста ѕабул намудани ѕароріои љайриѕонунњ оид ба додан, гирифтан ва вобаста кардани ѕитъаи замин; (Қонуни конст. ҶТ аз 8 июни соли 2022, № 1872);
- дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар дигар ҳолатҳо низ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро аз вазифа озод намояд.
Моддаи 23. Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи дастгоҳи раис амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи раис ташкил ва тағйир дода мешавад.
Низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва ҷадвали воҳидҳои кории онро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мувофиқи низомнома ва сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576).
Маблағгузории дастгоҳ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.
БОБИ 4. АСОСҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 24. Манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангал, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор воқеанд, ҳамчунин моликияти коммуналӣ ва дигар шаклҳои моликият низ, ки сарчашмаи даромади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии аҳолии воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор мебошанд, ташкил медиҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Моддаи 25. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Ба моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия объектҳое дохил мешаванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дода шудаанд. Ба моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳамчунин маблағҳои буҷетӣ, объектҳои инфрасохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг ва объектҳои дигар, ки аз ҳисоби маблағҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, аз ҷумла дар асоси саҳмгузорӣ сохта ва харида шудаанд, ё аз сарчашмаҳои дигар ройгон дода шудаанд, дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411);
Номгӯи объектҳои моликияти коммуналиро Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ менамояд, ба он тағйирот ворид намуда, ҳисоботи роҳбарони корхонаҳоеро, ки ба моликияти коммуналӣ асос ёфтаанд, оид ба истифодаи онҳо мешунавад.
Моддаи 26. Идораи объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Маҷлиси вакилони халқ ва раиси дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд.
Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидани молу мулкро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.
Маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд молу мулке, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, ба моликияти шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ройгон диҳанд, агар тартиби дигарро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Моддаи 27.Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ин мақомот барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ҷойгиранд, инкишофи иқтидори содиротӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ дар ин самт ҳуқуқ доранд:
- бо шарикони хориҷии худ барои хариду фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома банданд;
- ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намоянд;
- мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил намоянд;
- дигар намудҳои фаъолиятро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ амалӣ намоянд.
Моддаи 28. Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ
Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ба ҷойгиркунии мақсадноки объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси инфрасохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411).
Моддаи 29. Моликияти муштараки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои моликияти муштарак бошанд ва дар идоракунии он иштирок намоянд.
Моддаи 30. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз инҳо иборатанд:
- маблағҳои буҷети маҳаллӣ;
- маблағҳои ғайриандоз ва фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- даромад аз буҷети болоӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия);
- мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети болоӣ;
- қарзи буҷетӣ аз буҷети болоӣ;
- маблағҳои хайрия;
- қоғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;
- даромад аз чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва фарҳангӣ;
- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.
Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро дар асоси шартномавӣ бо манбаъҳои молиявии дигар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маблағҷудокунӣ ба барномаҳои муштарак, аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои тараққиёти байниҳудудӣ муттаҳид кардан мумкин аст.
Мақомоти маҳаллии хокимияти давлатии наздисарҳадӣ метавонанд бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии минтақаҳои наздисарҳадии давлатҳои ҳаммарз тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани барномаҳои муштарак, аз ҷумла барномаҳои тараққиёти байнисарҳадӣ манбаъҳои молиявиашонро муттаҳид гардонанд.
Моддаи 31. Даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби даромадҳои андоз ва ғайриандоз, инчунин аз воридоти маблағ аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошад.
Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:
- андозҳои маҳаллӣ, ки номгӯи онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.12.2009 № 576);
- даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда мувофиқи тартибе, ки қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муқаррар кардааст;
- боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад;
- дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.
Ба даромадҳои ғайриандоз дохил мешаванд:
- даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзи буҷетӣ ё дар шакли дигар;
- даромад аз хизмати пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасонанд;
- воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ, аз ҷумла ҷарима, пушаймона (пения), ҷубронпулӣ ва ғайра;
- даромад аз рекламаи беруна(Қонуни конститутсионии ҶТ аз 25.01.2021 № 1800);
- хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- даромад аз гузаронидани ҳашарҳо;
- даромад аз қоғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;
- даромад аз молу мулке, ки моликияти коммуналии ноҳия ва шаҳр мебошад ё дар идораи хоҷагии онҳо қарор дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия ҳуқуқ дорад ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон барои супоридани андоз, боҷ ва пардохтҳои маҳаллие, ки ба буҷети маҳаллии дахлдор ворид мегарданд, тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар намояд.
Моддаи 32. Хароҷоти буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ танҳо хароҷоти зерин маблағгузорӣ мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.05.2017 № 1411)
- таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ташаккули моликияти коммуналии воҳиди маъмурию ҳудудӣ дахлдор ва идоракунии он;
- таъсис, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
- инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;
- ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳал;
- ташкили истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;
- таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
- ҳифзи муҳити зист дар маҳал;
- амалигардонии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653);
- хизматрасонии қарзии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти онҳо;
- кӯмаки молиявии беподош ба аҳолӣ;
- барои иҷро намудани вазифаҳои дигар, аз ҷумла вазифаҳои умумидавлатие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641);
- гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Маблағгузории фаъолияти дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки ба масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта мансубанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии намояндагии хокимияти давлатӣ мутобиқи гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар давраи байни иҷлосияҳо ба захираҳои озоди молиявии буҷет, ки нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи на зиёда аз даҳ фоизро ташкил медиҳад, ихтиёрдорӣ намуда, қарорҳои худро ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Агар захираҳои озоди молиявии буҷет зиёда аз даҳ фоизи буҷети тасдиқшударо ташкил диҳанд, дар он сурат ба Маҷлиси вакилони халқ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба буҷети маҳаллиро пешниҳод менамояд.
Хароҷоти якҷояи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои соли навбатии молиявӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 33. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия метавонад дар доираи буҷети тасдиқкардашуда фонди захиравии раисро дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади умумии буҷети дахлдори маҳаллӣ таъсис диҳад ва ба таркиби хароҷоти он дохил намояд.
Раис ба фонди захиравӣ ихтиёрдорӣ намуда, дар бораи хароҷоти он ба Маҷлиси вакилони халқ ҳисобот медиҳад.
Истифодаи маблағҳои фонди захиравии раис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 34. Ҳуқуқҳои буҷетии Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар шакли қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор таҳия ва дар иҷлосияи он қабул карда мешавад.
Таҳияи лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мутаносибан аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ташкил карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 653).
Лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия имкон дорад бо барзиёдӣ (профитсид) таҳия ва тасдиқ карда шавад.
Маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷме, ки буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ муқаррар намудаанд, сурат мегирад.
Хароҷотро барои нигоҳдории мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муқаррар менамояд.
Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ ҳангоми иҷрои буҷет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Шикоят намудан ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шикоят намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Моддаи 36. Баррасии эътирози прокурор оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, дар иҷлосияи он баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътирози прокурор аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ прокурор метавонад ба мақомоти намояндагии болоӣ ё суд муроҷиат намояд.
Санадҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, аз ҷониби раиси дахлдор баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз прокурор метавонад ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии болоӣ, ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё суд муроҷиат намояд.
Моддаи 37. Мӯҳлати баррасии пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқ ва раис нисбат ба роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия
Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия нисбат ба роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия оид ба иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ мегардад.
Агар мақомоти болоӣ ё марказии ҳокимияти иҷроия дар мӯҳлати як моҳ пешниҳоди мазкурро баррасӣ накунад, Маҷлиси вакилони халқ ё раис метавонанд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Моддаи 37(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
(Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1641).
Моддаи 38. Аз эътибор соқит донистани санадҳои қонунгузорӣ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи худидораи маҳаллӣ ва хоҷагии маҳаллӣ" аз 23 феврали соли 1991 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 8, мод. 144; №15, мод. 254; соли 1992, №5, мод. 71; №10, мод. 152; соли 1993, №17 , 18, мод. 373), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" аз 1 декабри соли 1994 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23,24, мод. 448; соли 1998, №10, мод. 113) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов
ш. Душанбе  
17 майи соли 2004 № 28