ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ЧОРАҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 04/10/2022 - 16:46
ЧОРАҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ВА ПЕШГИРИИ
ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
 
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
 Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. 
 
   Дар ҷомеаи имрӯза яке аз праблемаҳое ки барои пешрафти шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва дигар муносибатҳои давлативу ҷамъиятӣ ва инчунин, роҳи муваффақона дар амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд халал мерасонад, коррупсия ба шумор рафта, монеаҳои асосиро ба вуҷуд меорад. Дар адабиётҳои илмиву ҳуқуқӣ мафҳуми коррупсияро сӯистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба маќсадњои шахсӣ баён намудаанд. Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмњои худ ба Маҷлиси Олӣ ба тамоми самтҳои қишри ҷомеа муроҷиат карда, масъалаи коррупсияро низ таъкид менамоянд.
   Дар шароити имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул гардида, 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати ҷаҳон қабул гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон пазируфта шуд.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Бо назардошти хавфнокии зидди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
    Дар сарсухани конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора омадааст, ки “коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷойи рушди манфиатҳои умумимиллӣ, ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Боварии мардум ба ҳокимият коҳиш меёбад ба болоравии эхтимолияти дур мондани онро аз ҷомеа замина гузошта, дар натиҷа асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳокимиятро зери хатар мегузорад. Обрӯю нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ коҳиш дода, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан, бештар коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд.
   Дар натиҷа ба манфиатҳои ҷомеа ва кишвар зарари калони талофинашаванда расонида мешавад, самаранокии иқтисоди бозорӣ якбора паст рафта, ахлоқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрвандон коста гашта, сатҳи камбизоатӣ афзун ва шиддати иҷтимоӣ баланд мегардад. Аксарияти иштирокдорони муносибатҳои коррупсионӣ сарчашма ва ҳатто фармоишгари ҷиноятҳои нисбатан хатарнок ба мисли кушторҳои фармоишӣ ва терроризм мебошанд ва мақомоти ба коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, гурӯҳи мансабдорони фасодкорро бо соҳибкорон муттаҳид менамояд, ки дар натиҷа имконияти воридшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ ва ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада шароит фароҳам меорад”.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи ҳуқуқӣ мавҷуд буда, он бо суръати тез мукаммал мегардад.
   Санадҳои меъёрии ҳуқуқии махсус ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 7 августи соли 2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 03 марти соли 2021 ва дигар санадњои меъёрии ҳуқуқӣ.
   Мафҳуми коррупсия дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» дар чунин шакл муќаррар шудааст: «коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
    Фаъолияти давлат дар соҳаи муқовимат бо коррупсия дар шароитҳои ҳозира ба самти мустакили сиёсати давлатӣ табдил меёбад. Сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитҳоест, ки ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.
  Тадбирҳои амаликунандаи имрӯза, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем. Дар ин самт баҳри пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ҳиссагузор бошем.
    Албатта, фаъолияти як мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона, мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.
 Воқеан ҳам, ҳар як фарди бо нангу номуси Ватан бояд муборизаи беамони зидди коррупсияро дар ҷумҳурӣ сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумӯи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
 
 
Суҳробзода Ҷонона Суҳроб
Мутахассисии пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад