Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз ҷониби давлат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таъмини вазъи хуби манзил ва ғизо, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, музди муносиби меҳнат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон тамоми тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ мегарданд.
Яке аз чораҳои муассир дар ин самт бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ба шумор меравад.
Дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат иброз гардид: “Мақсади Роҳбари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар ва хонаву дари ободу зебо умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста талош намояд”. Ҳамин аст, ки Президенти кишвар ба номи поки Худо, шири сафеди модар, нону намаки дастурхони пиру ҷавон ва обу хоки муқаддаси Ватан қасам ёд карда, масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро ба дӯш гирифтанд, ки самимияту садоқат ва қатъияту устувории Пешвои миллатро ба қавлу сухан вақт тасдиқу таърих дар саҳифаҳои худ ҷовидон дарҷ намудааст.
Воқеият ва марҳилаи сипаришуда собит намуд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат ва ба ин васила қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар самтҳои зерин нақши барҷаста гузоштааст:
-
Боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ, эҳё ва ба фазои фарҳангӣ ворид гардидани ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада.
-
Ба низом даровардани суннатҳои диниву мардумӣ ва мушаххасу дақиқ намудани анъана ва ҷашну маросим, зеро Қонун номгӯйи маросими хусусияти сирф миллӣ ва диниро нигоҳ дошта, маросими хусусияти хурофотӣ ва барои фарҳанги мо бегонаро истисно намуд.
-
Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ.
-
Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зуҳуроти бегонапарастиву тақлид, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд.
-
Аз байн рафтани норизоият миёни қишрҳои мухталифи кишвар ва ба эътидол овардани адолати иҷтимоӣ миёни шахсони сарватманд ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва азодорӣ.
-
Ба таври шоиста муаррифӣ гардидани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён.
-
Кам шудани ҳодисаҳои бетартибӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, ҳуқуқвайронкуниву авбошӣ дар ҷашну маъракаҳо, аз байн рафтани садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод.
-
Болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо.
-
То андозае кам гардидани одати гирифтани қарз барои баргузории маросиму маъракаҳо, беҳтар шудани вазъи молиявии хонаводаҳо ва зиёд гардидани пасандози аҳолӣ дар бонкҳо.
-
Ба ҳукми анъана даромадани эҳсонкорӣ ва баргузории маъракаҳои хайриявӣ, дар ин замина озод гардидани оилаҳои камбизоат аз ташвишу хароҷоти баргузории ҷашну маросим.
-
Беҳбудии муносибати байниҳамдигарии одамон, зеро Қонун ба принсипи инсондӯстӣ асос ёфтааст.
-
Боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум ва арҷи бештар гузоштан ба забону фарҳанги миллӣ.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Қонун марому мақсад ва орзуву омоли чандинсолаи шаҳрвандонро дар худ таҷассум намудааст, зеро барои таъмини зиндагӣ ободу осуда ва саодати халқ равона гардидааст.
Айни замон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайванд шудани низоми ҳуқуқи миллӣ ба байналмилалӣ, ки дар натиҷа марзи миллию фарҳангӣ таҳти таъсири осебпазир қарор дорад, риояи қатъии Қонун аҳамияти дучанд касб менамоянд.
Аз ҷониби давлату ҳукумат ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти Қонун як қатор чораҳо амалӣ гардидааст, аз ҷумла:
- бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007, №253 Шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент таъсис дода шуд;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, №321 дар сохтори дастгоҳҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “Бахши танзими анъана ва ҷашну маросим” таъсис ва дар сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1 воҳиди басти кории сармутахассис оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷудо гардид;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 226 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, низомномаи он тасдиқ карда шуд;
- бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 ва №96 низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ гардиданд;
- ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вайрон намудани тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардид;
- дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.
Дар баробари тадбирҳои аз ҷониби давлат амалишуда, ҳар як шаҳрванди соҳибватан ва бонангро зарур аст муқаррароти қонунгузориро бечунучаро риоя намуда, фарҳангу таърих, забону маънавиёт ва дигар мероси бебаҳои ниёгони худро пос дорад ва дар даврони тазоди манфиатҳо гирифтору побанди равияҳои гуногуни манфӣ нагардад. Зеро, пӯшида нест, ки халқи тоҷик дар тӯли таърих бо имтиҳону санҷишҳои сахту сангини аз байн бурдани миллат, забону адабиёт, фарҳангу санъат, илму маориф ва умуман ҳуввияту худшиносӣ рӯ ба рӯ гардида, тӯфонҳои пуршиддату харобкори зиндагиро бо эҳсоси баланди худогоҳиву худшиносӣ, озодандешиву ободкорӣ ва неруи созанда паси сар намуд.
Новобаста ба мушкиливу монеаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо ҳазорсолаҳо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд ва ба мо мерос гузоштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор менамоянд. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллат, расму анъана, хотираи таърихии халқ, инчунин, таҳкимбахши пояи маънавиёт ва рукни давлатдорӣ ба шумор рафта, дорои арзиши беназиру ниҳоят бузург аст.
Маҳз дастовардҳои моддиву маънавӣ, ақлу хиради азалӣ, маданияти баланди шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, тамаддунсозиву маърифатбунёдии миллати тоҷик боиси шуҳратёбии он дар арсаи ҷаҳон гардида, комёбиҳои дирӯзу имрӯз аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар масъулияти баландро дар назди наслҳои гузашта ва оянда тақозо менамояд.
Сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузорӣ Шарифзода Ф.Ш.