Яке аз соҳаҳои муҳимтарини қонунгузорӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт қонунгузории гумрук мебошад.
Қобили зикр аст, ки то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои гумрукӣ бо қонунгузории умумииттифоқии гумрук амалӣ карда мешуд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод ва гузариш ба иқтисоди бозоргониро пеша намуд, ки чунин раванд боиси ташаккулёбӣ ва рушди давраи нави қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Махсусан бо қабул гардидани аввалин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 давраи нави рушди қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дере нагузашта, яъне пас аз се сол - 4 ноябри соли 1995 дуюмин маротиба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки дар танзими муносибатҳои гумрукӣ нақши муҳим дошта, нуҳ сол мавриди амал қарор гирифт.
Бодарназардошти ташаккулёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва зарурияти танзими онҳо зарурат ба амал омад, ки Кодекси гумрук дар таҳрири нав қабул карда шавад, зеро Кодекси гумрук аз 4 ноябри соли 1995 дигар он муносибатҳои нави ҷамъиятиро танзим карда наметавонист. Аз ҳамин лиҳоз, 3-юми декабри соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда мешавад, ки аз он давра марҳилаи сеюми рушди қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Гуфтан мумкин аст, ки бо қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав соҳаҳои қонунгузории гумрук ташаккул ёфта, марҳалаи нав, яъне такмили меъёрҳои он оғоз гардид.
Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 аз 7 фасл, 62 боб ва 508 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукиро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорию мақомоти давлатӣ ва инчунин аз ҷониби онҳо риоя намудани уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст.
Дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 дар муқоиса бо Кодексҳои қаблии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 ва 4 ноябри 1995 дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ як қатор муқарраротҳои нав ворид карда шудаанд. Аз ҷумла:
1. Иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти мақомоти гумрук қарор доранд;
2. Андешидани чораҳо нисбати моли алоҳида аз тарафи мақомоти гумрук;
3. Тартиб ва муҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
4. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
5. Интиқоли мол аз ҷониби шахсони воқеӣ, инчунин меъёрҳо оиди ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётро амалӣ мекунанд;
6. Декларатсияи пешакии мол;
7. Таъин ва гузаронидани экспертиза ҳангоми амалисозии назорати гумрукӣ;
8. Системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти гумрукӣ.
Ҳамзамон, муқарраротҳои нав оид ба тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, аз ҷумла номгўи шаклҳое, ки дар онҳо назорати гумрукӣ метавонад анҷом дода шавад, пешбинӣ карда шудаанд, аз қабили санҷиши ҳуҷҷатҳо ва маълумот, пурсишҳои шифоҳӣ, гирифтани тавзеҳот, додани тавзеҳот, назорати гумрукӣ, азназаргузаронии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, муоинаи шахсӣ, тафтиши тамғагузории мол бо штампҳои махсус, мавҷудияти аломатҳои ҳаммонандкунӣ дар онҳо, азназаргузаронии бино ва ҳудудҳо бо мақсадҳои назорати гумрукӣ ва санҷиши гумрукӣ.
Вобаста ба низоми гумрукӣ дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ ба мушоҳида мерасад. Чунончи, агар дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 15 намуди низоми гумрукӣ муайян шуда буд, пас дар Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 - 18 намуди низоми гумрукӣ муайян карда шудааст. Ғайр аз ин, дар Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмун, шартҳо ва тартиби татбиқи онҳо нисбати молњо ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, ба таври возеҳ муайян карда шудааст.
Аслан, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 низомҳои гумрукиро дар шакли умумӣ муайян карда буд, ба таври мушаххас онҳоро дигар санадҳҳои зерқонунӣ танзим менамуданд. Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 бошад, се низоми нави гумрукиро муқаррар менамояд, ки қаблан дар қонунгузории гумрук вуҷуд надоштанд. Инҳо, пеш аз ҳама, транзити гумрукии байналмилалӣ, интиқоли мавод ва низомҳои махсуси гумрукӣ мебошанд.
Умуман дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 10 боби нав (бобњои 20, 34, 35, 40, 51, 52, 54, 57, 60, 61) ворид карда шуда, як қатор муқаррарот оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо ва ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки қаблан дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1995 мукаррар шуда буданд, хориҷ карда шуданд.
Ҳамин тариқ, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 меъёрҳои бевоситаи амал дошта, тавсифи муфассали расмиёти гумрукӣ, пардохти гумрукӣ, назорати гумрукӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти гумрук ва фаъолияти онҳоро дар бар гирифта, инчунин самтҳои асосии фаъолияти гумрукиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Шеров Шералӣ Зафарович,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ